Xurshid Davron she’rlari tojik tilida / Ашъори Хуршед Даврон

Ashampoo_Snap_2017.07.15_17h21m04s_003_c.png   Хуршед Даврон яке аз номдортарин шоъирон ва нависандагони муъосири ўзбек аст. Соли 1952 дар Самарқанд таваллуд шудааст. Аввалин китоби шеърҳояш соли 1979 чоп шудааст. То имрӯз зиёда аз 15 маҷмӯаи ӯ табъ расидаанд.  Хуршед Даврон дар канори Рауф Парфи,Шавкат Раҳмон ва Усмон Азим аз бунёнгузорони шеъри нави Ўзбекистон маҳсӯб мешавад. Хуршед Даврон Шоири халқии Ӯзбекистон (1999).

Намунаи ашъори Хуршед Даврон
Тарҷумаи Камол Насрулло (1986)
09

* * *

Дастаи нур аз дари бикшодаам
Пош хӯрду рехт бар оғӯши шаб…
По ниҳодам аз пасаш бар кӯчаҳо,
Моҳро дидам, ки рақсад бо тараб.

Роҳ мегирам ба сӯи даштҳо,
Шом андар даштҳо овора аст.
Майсаҳои абролуд аз насим
Мехӯранд алвонҷу месозанд маст.

Шаҳр дар оғӯши шаб.
Занҳои шод
Интизори қиссаи ногуфтаанд.
Лолаҳо дар бистари сабзи замин
Гурбаҳои бофароғат хуфтаанд.

Лек дар полезҳои дури шаб
Духтари абрӯсиёҳи нозанин
Сар намонда бар сари китфи ҷавон,
Сар ниҳода бар сари воти замин…

* * *

Деҳи дурафтодаро бинам ба хоб
Шири маҳро мекашад осуда дам.
Маҳ-панири нимгазида, ҳар дарахт
Даст ёзонад ба сӯяш бо алам.

Зӯҳра дар чашмони ман аз дурҳо
Ҳамчу мурғи парфишон пар мефишонд.
Моҳ бар бому дару паскӯчаҳо
Нури тиллоии худро мечаконд.

Хобам осуда таҳи чархи баланд,
Дил даруни синаам гардад карахт.
Бинам андар хоби худ пӯдинаро
Хоби манро посбонй кун, дарахт.

АФСОНАИ ДУХТАР ВА НАСИМ

Кӯча чун дарди дарозу пои ту
Гирад аз ӯ бӯсаи беор.
Ин шаби маҳтобии хуфта
3-атри мӯям мешавад бедор.

Бод ошиқ гашта бар ҳуснат
Аз пасат овора меояд,
Бод зорй мекунад: сабре!
Майса ҳам роҳи ту мепояд.

Маҳ ба чашмат серӣ чашм андохт,
Чашми ту чун нури маҳ пок аст.
Омадй, ин кӯҳнадарвоза
Бурд бар комаш туро бо шаст.

Бод ҳайрон монд дар кӯча
Шуд чу мурғи бепаре ором.
Шодии овардаи худро
Дод аз каф, монд худ ноком.

Ӯ зи атри бӯсаи лабхо
Монд масту волаву ҳайрон,
Бар дарахтон сина молида
То саҳар бигрист боармон.

* * *

Шеър гуфтан кори мушкил нест, нест,
Гар нависй, карда дилро эҳтиёт.
Лек Машраб баҳри ҳар як мисра шеър
Хӯрд шабҳо хуни дил бо печу тоб.

Шеър гуфтан кори мушкил нест, нест,
Кофй, гар қофия ёбӣ «роз»—«соз».
Лек бошад гоҳи дигар ногузир
Баҳри «ишқ» орӣ пасованди «гудоз».

Ҳар қадар ту тарсро дорӣ ниҳон,
Аздусар шеърат кунад онро аён.
Шеъри буздил низ буздил мешавад,
Лофи мардй карданат беҳуда, дон.

…Мисраҳои шеърҳои дафтарам
Иззи хунин монда андар синаам.
Ончунон к-аз чоки дасти Томарис
Шуд равон хунобила чун ашки ғам.

Нест он бозигаре шоир, ки ӯ
Дод ҷону пушти саҳна зинда шуд.
Зинда гар шоир бувад бо шеъри тар,
Мирад ӯ боист пеш аз шеъри худ.

Шеър—ногаҳ сер аз ҷон гаштан аст,
Ҳар гаҳе гирӣ ба каф нон, ёд дор.
Хуну ашки бар заминҳо рехтаро
Ҳамраҳаш гандум барорад чун шиор.

БА ЁДБУДИ БОБУР

Дар ғарибӣ ҷон ба ғурбат дод ӯ,
Гарчи дар тан хилъати шоҳона дошт.
Дидааш то марг буд сӯи Ватан,
Моҳи нав охир ба таъзимаш шитофт.

Чун бибурдандаш ба роҳи охирин
Рӯшноӣ рӯи ӯро сила кард.
Гармии дилро дар он бегонаҷо
Баъди маргаш дод бар дилҳои сард.

Дар шаби хомӯш санги қабри ӯ
Бар сукути Деҳлӣ ово медиҳад.
Ҳамватанҳо қабри ӯро баъди ӯ
Ҳар яке дар синааш ҷо медиҳад.

Солҳо бераҳмату бешафқатанд,
Чакмани заррини ӯ пӯсидааст.
Вай фақат фаҳмиданист: ӯ дар куҷост,
Дар Ватан ё кишвари бегонааст?

Мерасад овои ӯ аз зери санг:
«Бурдаед оё маро сӯи Ватан,
То насими рӯҳбахши Аидиҷон
Бӯи тифлӣ оварад шабҳо ба ман?»

Кист ногаҳ асп тозонду гузашт,
Устухони мурда ларзид дар кафан:
«Ин савор аз ҷанг ё аз бузкашист,
Шояд ӯяст аз ҷавонмардони ман?»

Реша ронда сабзаҳо аз синааш
Шояд ин як майли ӯ бар зиндагист.
Реша молад хокро чун дасти ӯ,
То ки донад хуфта андар хоки кист.

Медиҳад таскин варо танҳо хамин:
«Дар амон сарбозҳоям мондаанд.
Рӯҳи манро дар Ватан — дар Андиҷон,
Наслҳоям посбонӣ мекунанд».

* * *

Дар канори уқьёнус қад кашида,
Дар канори сабзаҳо Паблои Неруда
Гӯӣ берун омада аз баҳр мисли Эстебан*
Хуфтааст афтоб хӯрда.

Мезанад бар пойҳояш мавҷҳо
Моҳихоре хуфта дар мӯяш.
Нур бозӣ мекунад чун мурғаке
Дар кафи дасти самарҷӯяш.

Ҳар гаҳе ман ёди Чилй мекунам,
Дар нигоҳи чашми ман ин лавҳа пайдо мешавад.
Қисми дар чашмам нағунҷида
Дар дилам ҷо мешавад.

Аз канори об, аз дурии дур
Акси Неруда расад бар чашми ман.
Ҳасрату уммеди ноғунҷида дар
Зиндон Ёбад андар ӯ Ватан.

* Э ст е 6 а н — қаҳрамони ҳикояҳои Гобриэль Гарсиа Маркес.

* * *

Дар туст давоми ман, табиат,
Дар синаи ман алангаи туст.
Вобастаи моҳу меҳр умрам,
Фардо хоҳам чу сабзае руст.

Оғӯш кашад дили маро ишк,
Чун сина ба ҳулбаҳо бимолам.
Бар мурғи фазо нигаҳ куну бин
Ӯяст идомаи хаёлам.

Шаб хоб равам, нафас нагирам,
Шодию алам фузуда дар ҷон.
Ман дида басо дарахти хандон,
Ҳам дида басо дарахти гирьён.

* * *

Ба хотираи падарам Даврони Ҳасан

Осмон бар осмонам чарх зад
Чун назар андохтам бар осмон.
Дашт гардид он замон ҳамрози ман
Чун назар кардам ба сӯи бекарон.

Боғи ҳосилкардаро дидам чу ман,
Тирамаҳ бар синаи ман сар гузошт.
Субҳ бо анвори худ ба синаам
Ахтарони осмонро низ кошт.

Даркашидам бодҳои сардро,
Шуд насим андар дилам ҷо чун суруд.
Ман ба гулҳову занони нозанин
Аз муҳаббат гуфтаам умре дуруд.

Ҳар кй ҳам соҳиб шавад бар осмон
Сабзаву гул рӯяд андар синааш.
Бар мисоли Ӯзбекистони азиз
Бекаронй сар ниҳад бар синааш.

* * *

Ёди ширине дарамро куфт,
Дардро шуд сина пойандоз.
Чашми ман оинаро меҷуст,
То ки бинад дарди худро боз.

Дар нигоҳам як алам: «Оё»
Имшаб ӯ шамъи ягон хонаст?»
…Акси ман хандид бар ман талх,
Баъд аз ин оинаро бишкаст.

ЧЮРЛЁНИС*

Баҳр бошад… баҳр…
Ними шаб бошад,
Дастрас тобанд ахтарҳо,
Сабрро аз дил кану парто,

Бо тарона рӯй кун бар моҳ,
Дод гӯён гирья кардан хоҳ,
Субҳидам хуршедро бар даст гир
Рост ба чашмат нигар в-онгаҳ, дуо кун,
Ҳамчу номи дӯст номашро садо кун,

Баъд дилро ҳамраҳи хуршед
Аз барои оббозиҳо ба баҳр афкан,
Чашмаҳои лоҷварди осмон
Мӯи тиллоии худро пойандозат кунанд…

…Ман туро бовар надорам, марг!
Дидаи дидан надорам, марг!

Чюрлёнис (1875-1911) — мусаввир (Литва)
09

(Tashriflar: umumiy 200, bugungi 2)

Izoh qoldiring