Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ. Маснавӣ. Дафтари якум (3)

002     «Маснавии маънавӣ» аз бузургтарин осори адабиёти форсу тоҷик ба ҳисоб рафта, андешаҳои фалсафиву ирфонии Мавлавиро фаро мегирад. Аз оғоз то анҷоми маснавӣ, ҳам ҳикмат, ҳам сужет ва ҳам образҳои бадеи ба ҳамдигар иртибот дошта, дар маҷмӯъ як кохи бузурги маърифатро таҷассум мекунад.

rumiyМавлоно Ҷалолиддини Румӣ
МАСНАВЙ
Дафтари якум (3)
067

Дар маънии он ки «мараҷа-л-баҳрайни ялтақиёни байнаҳумо барзахун ло ябғиён»

Аҳли нору хулдро бин ҳамдукон,
Дар миёншон «барзахун ло ябғиён».
Аҳли нору аҳли нур омехта,
Дар миёншон кӯҳи Қоф ангехта.
Ҳамчу дар кон хоку зар кард ихтилот,
Дар миёншон сад биёбону работ.
Ҳамчунон ки иқд дар дурру шаба
Мухталиф, чун меҳмони якшаба.
Баҳрро нимеш ширин чун шакар,
Таъм ширин, ранг равшан чун қамар.
Ними дигар талх ҳамчун заҳри мор,
Таъм талху ранг музлим ҳамчу қор.
Ҳар ду бар ҳам мезананд аз таҳту авҷ,
Бар мисоли оби дарё мавҷ-мавҷ.
Сурати барҳам задан аз ҷисми танг,
Ихтилоти ҷонҳо дар сулҳу ҷанг.
Мавҷҳои сулҳ бар ҳам мезанад,
Кинаҳо аз синаҳо бармеканад.
Мавҷҳои ҷанг бар шакли дигар
Меҳрҳоро мекунад зеру забар.
Меҳр талхонро ба ширин мекашад,
З-он ки асли меҳрҳо бошад рашад.
Қаҳр ширинро ба талхӣ мебарад,
Талх бо ширин куҷо андарх(в)арад?
Талху ширин з-ин назар н-ояд падид,
Аз дарича оқибат донанд дид.
Чашми охирбин тавонад дид рост,
Чашми охурбин ғурур асту хатост.
Эй басо ширин, ки чун шаккар бувад,
Лек заҳр андар шакар музмар бувад.
Он кӣ зирактар, ба бӯ бишносадаш
В-он дигар чун бар лабу дандон задаш.
Пас лабаш раддаш кунад пеш аз гулӯ,
Гарчи наъра мезанад шайтон: «Кулу».
В-он дигарро дар гулӯ пайдо кунад
В-он дигарро дар бадан расво кунад.
В-он дигарро дар ҳадас сӯзаш диҳад,
Завқи он захми ҷигардӯзаш диҳад.
В-он дигарро баъди айёму шуҳур
В-он дигарро баъди марг аз қаъри гӯр.
В-ар диҳандаш мӯҳлат андар қаъри гӯр,
Лобуд он пайдо шавад явманнушур.
Ҳар наботу шаккареро дар ҷаҳон
Мӯҳлате пайдост аз даври замон.
Солҳо бояд ки андар офтоб,
Лаъл ёбад рангу рахшониву тоб.
Боз тарра дар ду моҳ андаррасад,
Боз то соле гули аҳмар расад.
Баҳри ин фармуд Ҳақ, азза ва ҷал,
«Сурат-ул-анъом» дар зикри аҷал.
Ин шунидӣ, мӯ ба мӯят гӯш бод,
Оби ҳайвон аст, хӯрдӣ, нӯш бод.
Оби ҳайвон хон, махон инро сухан,
Рӯҳи нав бин дар тани ҳарфи куҳан.
Нуктаи дигар ту бишнав, эй рафиқ!
Ҳамчу ҷон ӯ сахт пайдову дақиқ.
Дар мақоме ҳаст ҳам, ин заҳри мор,
Аз тасорифи худойӣ хушгувор.
Дар мақоме заҳру дар ҷойе даво,
Дар мақоме куфру дар ҷойе раво.
Гарчи он ҷо ӯ газанди ҷон бувад,
Чун бад-ин ҷо даррасад, дармон бувад.
Об дар ғӯра туруш бошад, валек
Чун ба ангурӣ расад, ширину нек.
Боз дар хум ӯ шавад талху ҳаром,
Дар мақоми сиркагӣ неъма-л-адом.

Дар маънии он ки он чӣ валӣ кунад, муридро нашояд густохӣ кардан ва ҳамон феъл кардан, ки ҳалво табибро зиён надорад, аммо беморонро зиён дорад ва сармову барф ангурро зиён надорад, аммо ғӯраро зиён дорад, ки дар раҳ аст, ки «лияғфира лакаллоҳу мо тақаддама мин занбика ва мо таъаххар»

Гар валӣ заҳре хурад, нӯше шавад
В-ар хурад толиб, сияҳҳуше шавад.
«Рабби ҳиб лӣ» аз Сулаймон омадаст,
Ки мадеҳ ғайри маро ин мулку даст.
«Ту макун бо ғайри ман ин лутфу ҷуд»,
Ин ҳасадро монад, аммо он набуд.
Нуктаи «ло янбағӣ» мехон ба ҷон,
Сирри «мин баъдӣ» зи бухли ӯ мадон.
Балки андар мулк дид ӯ сад хатар,
Мӯ ба мӯ мулки ҷаҳон буд бими сар.
Бими сар бо бими сир бо бими дин,
Имтиҳоне нест моро мисли ин.
Пас сулаймонҳиммате бояд, ки ӯ
Бигзарад з-ин садҳазорон рангу бӯ.
Бо чунон қувват, ки ӯро буд, ҳам
Мавҷи он мулкаш фурӯ мебаст дам.
Чун бар ӯ биншаст з-ин андӯҳ гард,
Бар ҳама шоҳони олам раҳм кард,
Шуд шафеъу гуфт: «Ин мулку ливо
Бо камоле деҳ, ки додӣ мар маро.
Ҳар киро бидҳиву бикнӣ он карам,
ӯ Сулаймон асту он кас ҳам манам.
ӯ набошад баъдӣ, ӯ бошад маъӣ,
Худ маъӣ чӣ бвад? Манам бе муддаъӣ».
Шарҳи ин фарз аст гуфтан, лек ман
Боз мегардам ба қиссай марду зан.

Махласи моҷарои араб ва ҷуфти ӯ

Моҷарои марду занро махласе,
Бозмеҷӯяд даруни мухлисе.
Моҷарои марду зан афтод нақл,
Он мисоли нафси худ медону ақл.
Ин зану марде, ки нафс асту хирад,
Нек боистаст баҳри неку бад.
В-ин ду боиста дар ин хокисаро
Рӯзу шаб дар ҷангу андар моҷаро.
Зан ҳамехоҳад ҳавиҷи хонгоҳ,
Яъне оби рӯву нону хону ҷоҳ.
Нафс ҳамчун зан пайи чорагарӣ
Гоҳ хокӣ, гоҳ ҷӯяд сарварӣ.
Ақл худ з-ин фикрҳо огоҳ нест,
Дар димоғаш ҷуз ғами Аллоҳ нест.
Гарчи сирри қисса ин дон асту дом.
Сурати қисса шунав акнун тамом.
Гар баёни маънавӣ кофӣ шудӣ,
Халқи олам отилу ботил будӣ.
Гар муҳаббат фикрату маънистӣ,
Сурати рӯза-в намозат нестӣ.
Ҳадяҳои дӯстон бо ҳамдигар
Нест андар дӯстӣ илло сувар.
То гувоҳӣ дода бошад ҳадяҳо
Бар муҳаббатҳои музмар дар хафо.
З-он ки эҳсонҳои зоҳир шоҳиданд,
Бар муҳаббатҳои сирр, эй арҷманд.
Шоҳидат гаҳ рост бошад, гаҳ дурӯғ,
Маст гоҳе аз маю гоҳе зи дӯғ.
Дӯғ хӯрда мастие пайдо кунад,
Ҳойҳую саргарониҳо кунад.
Он муроъӣ дар сиёму дар салост,
То гумон ояд, ки ӯ масти валост.
Ҳосил афъоли бурунӣ дигар аст,
То нишон бошад, бар он чӣ музмар аст.
Ё раб, ин тамйиз деҳ моро ба хост,
То шиносем он нишони каж зи рост.
Ҳиссро тамйиз донӣ, чун шавад?
Он кӣ ҳис «янзур бинуриллаҳ» бувад.
В-ар асар набвад, сабаб ҳам музҳир аст,
Ҳамчу хеше, к-аз маҳаббат мухбир аст.
Набвад он ки нури Ҳаққаш шуд имом
Мар асарро ё сабабҳоро ғулом.
Ё маҳаббат дар дарун шӯъла занад,
Зафт гардад в-аз асар фориғ кунад.
Ҳоҷаташ набвад пайи эъломи меҳр,
Чун маҳаббат нури худ зад бар сипеҳр.
Ҳаст тафсилот то гардад тамом,
Ин сухан лекин биҷӯ ту, вассалом.
Гарчи шуд маънӣ дар ин сурат падид,
Сурат аз маънӣ фиреб асту баъид.
Дар далолат ҳамчу обанду дарахт,
Чун ба моҳийят равӣ, дуранд сахт.
Тарки моҳийёту хосийёт гӯ
Шарҳ кун аҳволи он ду моҳрӯ.

Дил ниҳодани араб бар илтимоси дилбари хеш ва савганд хӯрдан, ки дар ин таслим маро ҳилате ва имтиҳоне нест

Мард гуфт: «Акнун гузаштам аз хилоф,
Ҳукм дорӣ, теғ баркаш аз ғилоф.
Ҳар чӣ гӯйӣ, ман туро фармон барам,
Дар баду некомади он нангарам.
Дар вуҷуди ту шавам ман мунъадим,
Чун муҳиббам, ҳуббу юъмӣ ва юсим».
Гуфт зан: «Оҳанги биррам мекунӣ,
Ё ба ҳилат кашфи сиррам мекунӣ?»
Гуфт: «Валлаҳ олими-с-сирри-л-хафӣ,
К-офарид аз хок Одамро сафӣ.
Дар се газ қолаб, ки додаш вонамуд
Ҳар чӣ дар алвоҳу дар арвоҳ буд.
То абад ҳар чӣ бувад ӯ пеш-пеш
Дарс кард аз аллама-л-асмои хеш.
То малак бехуд шуд аз тадриси ӯ,
Қудси дигар ёфт аз тақдиси ӯ.
Он гушодишон, к-аз Одам рӯ намуд,
Дар гушоди осмонҳошон набуд.
Дар фарохӣ арсаи он покҷон
Танг омад арсаи ҳафт осмон».
Гуфт пайғамбар, ки Ҳақ фармудааст:
Ман нагунҷам ҳеч дар болову паст.
Дар замину осмону арш низ,
Ман нагунҷам, ин яқин дор, эй азиз!
Дар дили мӯъмин бигунҷам, эй аҷаб!
Гар маро ҷӯйӣ, дар он дилҳо талаб.
Гуфт: «Удхул фӣ ибоди, талтақӣ,
Ҷаннатан мин руъяти ё муттақӣ».
Арш бо он нури бопаҳнои хеш
Чун бидид онро, бирафт аз ҷойи хеш.
Худ бузургий арш бошад бас мадид,
Лек сурат кист, чун маънӣ расид?
Ҳар малак мегуфт моро пеш аз ин,
Улфате мебуд бар рӯйи замин.
Тухми хидмат бар замин мекоштем,
З-он тааллуқ мо аҷаб медоштем.
К-ин тааллуқ чист бо ин хокамон?
Чун сиришти мо будаст аз осмон.
Улфи мо анвор бо зулмот чист?
Чун тавонад нур бо зулмот зист?
Одамо! Он улф аз бӯйи ту буд,
З-он ки ҷисматро замин буд тору пуд.
Ҷисми хокатро аз ин ҷо бофтанд,
Нури покатро дар ин ҷо ёфтанд.
Ин ки ҷони мо зи рӯҳат ёфтаст,
Пеш-пеш аз хок он метофтаст.
Дар замин будему ғофил аз замин,
Ғофил аз ганҷе, ки дар вай буд дафин,
Чун сафар фармуд моро з-он мақом,
Талх шуд моро аз он таҳвил ком.
То ки ҳуҷҷатҳо ҳамегуфтем мо,
Ки ба ҷойи мо кӣ ояд, эй Худо?
Нури ин тасбеҳ в-ин таҳлилро
Мефурӯшӣ баҳри қолу қилро?
Ҳукми Ҳақ густард баҳри мо бисот,
Ки бигӯед аз тариқи инбисот.
Ҳар чӣ ояд бар забонтон беҳазар
Ҳамчу тифлони ягона бо падар.
З-он ки ин дамҳо чӣ гар нолоиқ аст,
Раҳмати ман бар ғазаб ҳам соиқ аст.
Аз пайи изҳори ин сабқ, эй малак,
Дар ту бинҳам доъийай ишколу шак.
То бигӯйиву нагирам бар ту ман,
Мункири ҳилмам наёрад дам задан.
Сад падар, сад модар андар ҳилми мо
Ҳар нафас зояд, дарафтад дар фано.
Ҳилми эшон каффи баҳри ҳилми мост,
Каф равад, ояд, вале дарё баҷост.
Худ чӣ гӯям? Пеши он дурр ин садаф
Нест илло каффи каффи каффи каф.
Ҳаққи он каф, ҳаққи он дарёи соф,
К-имтиҳоне нест ин гуфту на лоф.
Аз сари меҳру сафо асту хузӯъ,
Ҳаққи он кас, ки бад-ӯ дорам руҷӯъ.
Гар ба пешат имтиҳон аст ин ҳавас,
Имтиҳонро имтиҳон кун як нафас.
Сир мапӯшон, то падид ояд сирам,
Амр кун ту, ҳар чӣ бар вай қодирам.
Дил мапӯшон, то падид ояд дилам,
То қабул орам ҳар он чӣ қобилам.
Чун кунам? Дар дасти ман чӣ чора аст?
Дарнигар, то ҷони ман чикора аст?

Таъйин кардани зан тариқи талаби рӯзӣ кадхудои худро ва қабул кардани ӯ

Гуфт зан: «Як офтобе тофтаст,
Оламе з-ӯ рӯшноӣ ёфтаст.
Ноиби раҳмон, халифай кирдгор,
Шаҳри Бағдод аст аз вай чун баҳор.
Гар бипайвандӣ бад-он шаҳ, шаҳ шавӣ,
Сӯйи ҳар идбир то кай меравӣ?
Ҳамнишинӣ бо шаҳон чун кимиёст,
Чун назаршон кимиёе худ куҷост?
Чашми Аҳмад бар Абӯбакре зада,
ӯ зи як тасдиқ сиддиқ омада».
Гуфт: «Ман шаҳро пазиро чун шавам?
Бе баҳона сӯйи ӯ ман чун равам?
Нисбате бояд маро ё ҳилате,
Ҳеч пеша рост шуд бе олате?»
Ҳамчу Маҷнуне, ки бишнид аз яке,
Ки мараз омад ба Лайлӣ андаке.
Гуфт: «О ваҳ, бе баҳона чун равам?
В-ар бимонам аз ибодат, чун шавам?
«Лайтанӣ кунту табибан ҳозиқан,
Кунту амшӣ наҳва лайло собиқан».
«Қул таъолав» гуфт Ҳақ моро бад-он,
То бувад шармишкане моро нишон.
Шабпаронро гар назар в-олат будӣ,
Рӯзашон ҷавлону хушҳолат будӣ.
Гуфт: «Чун шоҳи карам майдон равад,
Айни ҳар беолате олат шавад.
З-он ки олат даъвӣ асту ҳастӣ аст,
Кор дар беолативу пастӣ аст».
Гуфт: «Кай беолатӣ савдо кунам,
То на ман беолате пайдо кунам?
Пас гувоҳӣ боядам бар муфлисе,
То шаҳе раҳмам кунад бо мӯнисе.
Ту гувоҳе ғайри гуфтугӯву ранг
Вонамо, то раҳм орад шоҳи шанг.
К-ин гувоҳӣ, ки зи гуфту ранг буд,
Назди он қозилқузот он ҷарҳ шуд.
Сидқ мехоҳад гувоҳи ҳоли ӯ,
То битобад нури ӯ бе қоли ӯ».

Ҳадя бурдани араб сабӯи оби борон аз миёни бодия сӯйи Бағдод ба амирулмӯъминин бар пиндошти он ки он ҷо ҳам қаҳти об аст

Гуфт зан: «Сидқ он бувад, к-аз буди хеш,
Пок бархезӣ ту аз маҷҳуди хеш.
Оби борон аст моро дар сабӯ,
Мулкату сармояву асбоби ту.
Ин сабӯи обро бардору рав,
Ҳадя созу пеши шоҳаншоҳ шав.
Гӯ, ки моро ғайри ин асбоб нест,
Дар мафоза ҳеч беҳ з-ин об нест.
Гар хазинаш пур матоъи фохир аст,
Инчунин обаш набошад, нодир аст».
Чист он кӯза? Тани маҳсури мо,
Андар он оби ҳавоси шӯри мо.
Эй Худованд, ин хуму кӯзай маро
Дарпазир аз фазли «Аллаҳ аштаро».
Кӯзае бо панҷ лӯлай панҷ ҳис,
Пок дор ин обро аз ҳар наҷис.
То шавад з-ин кӯза манфаз сӯйи баҳр,
То бигирад кӯзаи ман хӯйи баҳр.
То чу ҳадя пеши султонаш барӣ,
Пок бинад, бошадаш шаҳ муштарӣ.
Бениҳоят гардад обаш баъд аз он,
Пур шавад аз кӯзаи ман сад ҷаҳон.
Лӯлаҳо барбанду пур дораш зи хум,
Гуфт: «Ғуззу ъан ҳаво абсоракум».
Риши ӯ пур бод, к-ин ҳадя кирост?
Лоиқи чун ӯ шаҳе, ин аст рост.
Зан намедонист, к-он ҷо бар гузар,
Ҳаст ҷорӣ Даҷлае ҳамчун шакар.
Дар миёни шаҳр чун дарё равон,
Пур зи киштиҳову шасти моҳиён.
Рав бари султону кору бор бин,
Ҳисси «таҷрӣ таҳтаҳа-л-анҳор» бин.
Инчунин ҳисҳову идрокоти мо
Қатрае бошад дар он наҳри сафо.

Дар намад дӯхтани зани араб сабӯи оби боронро ва мӯҳр ниҳодан бар вай аз ғояти эътиқоди араб

Мард гуфт: «Оре, сабӯро сар бибанд,
Ҳин, ки ин ҳадяст моро судманд.
Дар намад дардӯз ту ин кӯзаро,
То гушояд шаҳ, ба ҳадя рӯзаро.
К-ин чунин андар ҳама офоқ нест,
Ҷуз раҳиқу мояи азвоқ нест.
З-он ки эшон з-обҳои талху шӯр
Доимо пуриллатанду нимкӯр».
Мурғ, к-оби шӯр бошад масканаш,
ӯ чӣ донад ҷойи оби рӯшанаш?
Эй ки андар чашмаи шӯр аст ҷот,
Ту чӣ донӣ Шатту Ҷайҳуну Фурот?
Эй ту нораста аз ин фонӣ работ,
Ту чӣ донӣ маҳву сукру инбисот?
В-ар бидонӣ, нақлат аз аббу ҷад аст,
Пеши ту ин номҳо чун абҷад аст.
«Абҷаду ҳавваз» чӣ фош асту падид
Бар ҳама тифлону маънӣ бас баъид.
Пас сабӯ бардошт он марди араб,
Дар сафар шуд, мекашидаш рӯзу шаб.
Бар сабӯ ларзон буд аз офоти даҳр,
Ҳам кашидаш аз биёбон то ба шаҳр.
Зан мусалло боз карда аз ниёз,
«Рабби саллим» вирд карда дар намоз.
Ки нигаҳ дор оби моро аз хасон,
Ё раб, он гавҳар бад-он дарё расон.
Гарчи шӯям огаҳ асту пурфан аст,
Лек гавҳарро ҳазорон душман аст.
Худ чӣ бошад гавҳар, оби Кавсар аст,
Қатрае з-ин аст, к-асли гавҳар аст.
Аз дуъоҳои зану зории ӯ
В-аз ғами марду гаронбории ӯ
Солим аз дуздону аз осеби санг
Бурд то дорулхилофа бедиранг.
Дид даргоҳе пур аз инъомҳо,
Аҳли ҳоҷат густарида домҳо.
Дам ба дам ҳар сӯй соҳибҳоҷате,
Ёфта з-он дар атову хилъате.
Баҳри габру мӯъмину зебову зишт,
Ҳамчу хуршеду матар, не чун биҳишт.
Дид қавме дар назар ороста,
Қавми дигар мунтазир бархоста.
Хосу ома аз Сулаймон то ба мӯр
Зинда гашта чун ҷаҳон аз нафхи сур.
Аҳли сурат дар ҷавоҳир бофта,
Аҳли маънӣ баҳри маънӣ ёфта.
Он ки беҳиммат, чӣ боҳиммат шуда
В-он ки боҳиммат, чӣ бонеъмат шуда.

Дар баёни он ки чунон ки гадо ошиқи карам аст ва ошиқи карим, карами карим ҳам ошиқи гадост. Агар гадоро сабр беш бувад, карим бари ӯ ояд. Аммо сабри гадо камоли гадост ва сабри карим нуқсони ӯ

Бонг меомад, ки эй толиб, биё,
Ҷуди мӯҳтоҷи гадоён чун гадо.
Ҷуд меҷӯяд гадоёну зиъоф,
Ҳамчу хубон, к-оина ҷӯянд соф.
Рӯйи хубон з-оина зебо шавад,
Рӯйи эҳсон аз гадо пайдо шавад.
Пас аз ин фармуд Ҳақ дар «ва-з-зуҳо»:
Бонг кам зан, эй Муҳаммад бар гадо.
Чун гадо ойинаи ҷуд аст, ҳон!
Дам бувад бар рӯйи ойина зиён.
Он яке ҷудаш гадо орад падид
В-он дигар бахшад гадоёнро мазид.
Пас гадоён оинай ҷуди ҳақанд
В-он ки бо ҳаққанд, ҷуди мутлақанд.
В-он ки ҷуз ин дӯст, ӯ худ мурдаест,
ӯ бар ин дар нест, нақши пардаест.

Фарқ миёни он ки дарвеш аст ба Худо ва ташнаи Худо ва миёни он ки дарвеш аст аз Худо ва ташнаи ғайр аст

Нақши дарвеш аст ӯ, на аҳли нон,
Нақши сагро ту маяндоз устухон.
Фақри луқма дорад ӯ, на фақри Ҳақ,
Пеши нақши мурдае кам неҳ табақ.
Моҳии хокӣ бувад дарвеши нон,
Шакл моҳӣ, лек аз дарё рамон.
Мурғи хона-ст ӯ, на симурғи ҳаво,
Лут нӯшад ӯ, нанӯшад аз Худо.
Ошиқи Ҳаққ аст ӯ баҳри навол,
Нест ҷонаш ошиқи ҳусну ҷамол.
Гар таваҳҳум мекунад ӯ ишқи зот,
Зот набвад ваҳми асмову сифот.
Ваҳм махлуқ асту мавлуд омадаст,
Ҳақ назойидаст, ӯ «лам юлад» аст.
Ошиқи тасвиру ваҳми хештан,
Кай бувад аз ошиқони зулминан?
Ошиқи он ваҳм агар содиқ бувад,
Он маҷози ӯ ҳақиқаткаш шавад.
Шарҳ мехоҳад баёни ин сухан,
Лек метарсам зи афҳоми куҳан.
Фаҳмҳои кӯҳнаи кӯтаҳназар
Сад хаёли бад дарорад дар фикар.
Бар самоъи рост ҳар кас чир нест,
Луқмаи ҳар мурғаке анҷир нест.
Хоса мурғе, мурдае, пӯсидае,
Пурхаёле, аъмие, бедидае.
Нақши моҳиро чи дарёву чи хок,
Ранги ҳиндуро чи собуну чи зок.
Нақш агар ғамгин нигорӣ бар варақ,
ӯ надорад аз ғаму шодӣ сабақ.
Сураташ ғамгину ӯ фориғ аз он,
Сураташ хандону ӯ з-он бенишон.
В-ин ғаму шодӣ, ки андар дил хатест,
Пеши он шодиву ғам ҷуз нақш нест.
Сурати хандони нақш аз баҳри туст,
То аз он сурат шавад маънӣ дуруст.
Нақшҳое, к-андар ин ҳаммомҳост,
Аз буруни ҷома кун чун ҷомаҳост.
То бурунӣ, ҷомаҳо биниву бас,
Ҷома берун кун, даро, эй ҳамнафас.
З-он ки бо ҷома дарунсӯ роҳ нест,
Тан зи ҷон, ҷома зи тан огоҳ нест.

Пеш омадани нақибон ва дарбонони халифа аз баҳри икроми аъробӣ ва пазируфтан ҳадяи ӯро

Он аробӣ аз биёбони баъид
Бар дари дорулхилофа чун расид,
Пас нақибон пеши ӯ бозомаданд,
Бас гулоби лутф бар ҷайбаш заданд.
Ҳоҷати ӯ фаҳмашон шуд бе мақол,
Кори эшон буд ато пеш аз суол.
Пас бад-ӯ гуфтанд: «Ё ваҷҳа-л-араб!
Аз куҷоӣ? Чунӣ аз роҳу таъаб?»
Гуфт: «Ваҷҳам, гар маро ваҷҳе диҳед,
Бевуҷуҳам, чун паси пуштам ниҳед.
Эй ки дар рӯтон нишони меҳтарӣ,
Фарратон хуштар зи зарри ҷаъфарӣ.
Эй ки як дидоратон дидорҳо,
Эй нисори динатон динорҳо.
Эй ҳама «янзур бинуриллаҳ» шуда,
Баҳри бахшиш аз бари шаҳ омада.
То занед он кимиёҳои назар
Бар сари мисҳои ашхоси башар.
Ман ғарибам, аз биёбон омадам,
Бар умеди лутфи султон омадам.
Бӯйи лутфи ӯ биёбонҳо гирифт,
Зарраҳои рег ҳам ҷонҳо гирифт.
То бад-ин ҷо баҳри динор омадам,
Чун расидам, масти дидор омадам».
Баҳри нон шахсе суйи нонбо давид,
Дод ҷон, чун ҳусни нонборо бидид.
Баҳри фурҷа шуд яке то гулситон,
Фурҷаи ӯ шуд ҷамоли боғбон.
Ҳамчу аъробӣ, ки об аз чаҳ кашид,
Оби ҳайвон аз рухи Юсуф чашид.
Рафт Мӯсо, к-оташ орад ӯ ба даст,
Оташе дид ӯ, ки аз оташ бираст.
Ҷаст Исо, то раҳад аз душманон,
Бурдаш он ҷастан ба чорум осмон.
Доми Одам хӯшаи гандум шуда,
То вуҷудаш хӯшаи мардум шуда.
Боз ояд сӯйи дом аз баҳри х(в)ар,
Соиди шаҳ ёбаду иқболу фар.
Тифл шуд мактаб пайи касби ҳунар,
Бар умеди мурғи болутфи падар.
Пас зи мактаб он яке садре шуда,
Моҳгона додаву бадре шуда.
Омада Аббос ҳарб аз баҳри кин,
Баҳри қамъи Аҳмаду истези дин.
Гашта динро то қиёмат пушту рӯ
Дар хилофат ӯву фарзандони ӯ.
Ман бар ин дар толиби чиз омадам,
Садр гаштам, чун ба даҳлез омадам.
Об овардам ба тӯҳфа баҳри нон,
Бӯйи нонам бурд то садри ҷинон.
Нон бурун бурд одамиро аз биҳишт,
Нон маро андар биҳиште дарсиришт.
Растам аз обу зи нон ҳамчун малак,
Беғараз гардам бар ин дар чун фалак.
Беғараз набвад ба гардиш дар ҷаҳон,
Ғайри ҷисму ғайри ҷони ошиқон.

Дар баёни он ки ошиқи дунё бар мисоли ошиқи деворест, ки бар ӯ тоби офтоб занад ва ҷаҳду ҷиҳод накард, то фаҳм кунад, ки он тобу равнақ аз девор нест, аз қурси офтоб аст дар осмони чаҳорум. Лоҷарам куллӣ дил бар девор ниҳод, чун партави офтоб ба офтоб пайваст, ӯ маҳрум монд абадан ва «ҳила байнаҳум байна мо яштаҳуна»

Ошиқони кулл, на ушшоқи ҷузв,
Монд аз кулл, он ки шуд муштоқи ҷузв.
Чунки ҷузве ошиқи ҷузве шавад,
Зуд маъшуқаш ба кулли худ равад.
Риши гови бандаи ғайр омад ӯ,
Ғарқа шуд, каф дар заъифӣ дарзад ӯ.
Нест ҳоким то кунад тимори ӯ,
Кори хоҷай худ кунад ё кори ӯ?

Масали араб: «Изо занайта фазни би-л-ҳуррати ва изо сарақта фасриқи-д-дуррата»

«Фазни билҳурра» пайи ин шуд масал,
«Фасриқи-д-дурра» бад-ин шуд мунтақал.
Банда сӯйи хоҷа шуд, ӯ монд зор,
Бӯйи гул шуд сӯйи гул, ӯ монд хор.
ӯ бимонда дур аз матлуби хеш,
Саъй зоеъ, ранҷ ботил, пой реш.
Ҳамчу сайёде, ки гирад сояе,
Соя кай гардад варо сармояе?
Сояи мурғе гирифта мард сахт,
Мурғ ҳайрон гашта бар шохи дарахт.
К-ин мудаммағ бар кӣ механдад аҷаб?
Ин-т ботил, ин-т пӯсида сабаб.
В-ар ту гӯйӣ, ҷузв пайвастай кул аст,
Хор мехур, хор мақруни гул аст.
Ҷуз зи як рӯ нест пайваста ба кул
В-арна худ ботил будӣ баъси русул.
Чун расулон аз пайи пайвастананд,
Пас чӣ пайвандандашон? Чун як тананд.
Ин сухан поён надорад, эй ғулом,
Рӯз бегаҳ шуд, ҳикоят кун тамом.

Супурдани араб ҳадяро, яъне сабӯро ба ғуломони халифа

Он сабӯи обро дар пеш дошт,
Тухми хидматро дар он ҳазрат бикошт.
Гуфт: «Ин ҳадя бад-он султон баред,
Соили шаҳро зи ҳоҷат вохаред.
Оби ширину сабӯи сабзу нав,
З-оби бороне, ки ҷамъ омад ба гав».
Ханда меомад нақибонро аз он,
Лек пазруфтанд онро ҳамчу ҷон.
З-он ки лутфи шоҳи хуби бохабар
Карда буд андар ҳама аркон асар.
Хӯйи шоҳон дар раъият ҷо кунад,
Чархи ахзар хокро хазро кунад.
Шаҳ чу ҳавзе дон, ҳашам чун лӯлаҳо,
Об аз лӯла равон дар гӯлаҳо.
Чунки оби ҷумла аз ҳавзест пок,
Ҳар яке обе диҳад хуш, завқнок.
В-ар дар он ҳавз оби шӯр асту палид,
Ҳар яке лӯла ҳамон орад падид.
З-он ки пайвастаст ҳар лӯла ба ҳавз,
Хавз кун дар маънии ин ҳарф, хавз.
Лутфи шоҳаншоҳи ҷони беватан,
Чун асар кардаст андар кулли тан?
Лутфи ақли хушниҳоди хушнасаб
Чун ҳама танро дарорад дар адаб?
Ишқи шанги беқарори бесукун
Чун дарорад кулли танро дар ҷунун?
Лутфи оби баҳр, к-ӯ чун Кавсар аст,
Сангрезаш ҷумла дурру гавҳар аст.
Ҳар ҳунар, к-усто бад-он маъруф шуд,
Ҷони шогирдон бад-он мавсуф шуд.
Пеши устоди усулӣ ҳам усул
Хонад он шогирди чусти боҳусул.
Пеши устоди фақеҳ, он фиқҳхон
Фиқҳ хонад, на усул андар баён.
Пеши устоде, ки ӯ наҳвӣ бувад,
Ҷони шогирдаш аз ӯ наҳвӣ шавад.
Боз устоде, ки ӯ маҳви раҳ аст,
Ҷони шогирдаш аз ӯ маҳви шаҳ аст.
З-ин ҳама анвоъи дониш рӯзи марг,
Дониши фақр аст сози роҳу барг.

Ҳикояти моҷарои наҳвӣ ва киштибон

Он яке наҳвӣ ба киштӣ дарнишаст,
Рӯ ба киштибон ниҳод он худпараст.
Гуфт: «Ҳеч аз наҳв хондӣ?» Гуфт: «Ло»,
Гуфт: «Ними умри ту шуд дар фано».
Дилшикаста гашт киштибон зи тоб,
Лек он дам кард хомуш аз ҷавоб.
Бод киштиро ба гирдобе фиканд,
Гуфт киштибон бад-он наҳвӣ баланд:
«Ҳеч донӣ ошино кардан? Бигӯ»,
Гуфт: «Не, эй хушҷавоби хубрӯ!»
Гуфт: «Кулли умрат, эй наҳвӣ фаност,
З-он ки киштӣ ғарқи ин гирдобҳост».
Маҳв мебояд, на наҳв ин ҷо, бидон,
Гар ту маҳвӣ, бехатар дар об рон.
Оби дарё мурдаро бар сар ниҳад
В-ар бувад зинда, зи дарё кай раҳад?
Чун бимурдӣ ту зи авсофи башар,
Баҳри асрорат ниҳад бар фарқи сар.
Эй ки халқонро ту хар мехондаӣ!
Ин замон чун хар бар ин ях мондаӣ.
Гар ту алломай замонӣ дар ҷаҳон,
Нак фанои ин ҷаҳон бин в-ин замон.
Марди наҳвиро аз он дардӯхтем,
То шуморо наҳви маҳв омӯхтем.
Фиқҳи фиқҳу наҳви наҳву сарфи сарф
Дар камомад ёбӣ, эй ёри шигарф.
Он сабӯи об донишҳои мост
В-ин халифа Даҷлаи илми Худост.
Мо сабӯҳо пур ба Даҷла мебарем,
Гар на хар донем худро, мо харем.
Бори аъробӣ бад-он маъзур буд,
К-ӯ зи Даҷла ғофилу бас дур буд.
Гар зи Даҷла бохабар будӣ чу мо,
ӯ набурдӣ он сабӯро ҷо ба ҷо.
Балки аз Даҷла чу воқиф омадӣ,
Он сабӯро бар сари санге задӣ.

Қабул кардани халифа ҳадяро ва ато фармудан бо камоли бениёзӣ аз он ҳадя ва аз он сабӯ

Чун халифа диду аҳволаш шунид,
Он сабӯро пур зи зар карду мазид.
Он арабро кард аз фоқа халос,
Дод бахшишҳову хилъатҳои хос.
Пас нақиберо бифармуд он қубод
Он ҷаҳони бахшишу он баҳри дод,
К-ин сабӯ пурзар ба дасти ӯ диҳед,
Чунки вогардад, сӯйи Даҷлаш баред.
Аз раҳи хушк омадасту аз сафар,
Аз раҳи Даҷлаш бувад наздиктар.
Чун ба киштӣ дарнишасту Даҷла дид,
Саҷда мекард аз ҳаёву мехамид.
К-эй аҷаб лутф, ин шаҳи ваҳҳобро!
В-он аҷабтар, к-ӯ ситад он обро.
Чун пазируфт аз ман он дарёи ҷуд
Ончунон нақди дағалро зуд-зуд?»
Кулли оламро сабӯ дон, эй писар,
К-ӯ бувад аз илму хубӣ то ба сар.
Қатрае аз Даҷлаи хубии ӯст,
К-он намегунҷад зи пуррӣ зери пӯст.
Ганҷ махфӣ буд, зи пуррӣ чок кард,
Хокро тобонтар аз афлок кард.
Ганҷи махфӣ буд, зи пуррӣ ҷӯш кард,
Хокро султони атласпӯш кард.
В-ар бидидӣ шохе аз Даҷлай Худо,
Он сабӯро ӯ фано кардӣ, фано.
Он кӣ дидандаш, ҳамеша бехуданд,
Бехудона бар сабӯ санге заданд.
Эй зи ғайрат бар сабӯ санге зада
В-он шикастат худ дурустӣ омада.
Хум шикаста, об аз ӯ норехта,
Сад дурустӣ з-ин шикаст ангехта.
Ҷузв-ҷузви хум ба рақс асту ба ҳол,
Ақли ҷузвиро намудӣ ин муҳол.
На сабӯ пайдо дар ин ҳолат, на об,
Хуш бибин, «валлоҳу аълам би-с-савоб».
Чун дари маънӣ занӣ, бозат кунанд,
Парри фикрат зан, ки шаҳбозат кунанд.
Парри фикрат шуд гилолуду гарон,
З-он ки гилхорӣ, туро гил шуд чу нон.
Нон гил асту гӯшт, камтар хур аз ин,
То намонӣ ҳамчу гил андар замин.
Чун гурусна мешавӣ, саг мешавӣ,
Тунду бадпайванду бадраг мешавӣ.
Чун шудӣ ту сер, мурдоре шудӣ,
Бехабар, бепо, чу деворе шудӣ.
Пас даме мурдору дигар дам сагӣ,
Чун кунӣ дар роҳи шерон хуштагӣ?
Олати ишкори худ ҷуз саг мадон,
Камтарак андоз сагро устухон.
З-он ки саг чун сер шуд, саркаш шавад,
Кай суйи сайду шикори х(в)аш давад?
Он арабро бенавоӣ мекашид,
То бад-он даргоҳу он давлат расид.
Дар ҳикоят гуфтаем эҳсони шоҳ,
Дар ҳақи он бенавои бепаноҳ.
Ҳар чӣ гӯяд марди ошиқ, бӯйи ишқ
Аз даҳонаш меҷаҳад дар кӯйи ишқ.
Гар бигӯяд фиқҳ, фақр ояд ҳама,
Бӯйи фақр ояд аз он хуш дамдама.
В-ар бигӯяд куфр, дорад бӯйи дин,
Ояд аз гуфти шакаш бӯйи яқин.
Каффи каж, к-аз баҳри сидқе хостаст,
Асли соф он фаръро оростаст.
Он кафашро софиву маҳқуқ дон,
Ҳамчу дашноми лаби маъшуқ дон.
Гашта он дашноми номатлуби ӯ,
Хуш зи баҳри орази маҳбуби ӯ.
Гар бигӯяд каж, намояд ростӣ,
Эй каже, ки ростро оростӣ.
Аз шакар гар шакли ноне мепазӣ,
Таъми қанд ояд на нон, чун мемазӣ.
В-ар биёбад мӯъмине зарринвасан,
Кай ҳилад онро барои ҳар шаман?
Балки гирад, андар оташ афганад,
Сурати орияташро бишканад.
То намонад бар заҳаб шакли васан,
З-он ки сурат монеъ асту роҳзан.
Зоти зарраш доди раббонийят аст,
Нақши бут бар нақди зар орийят аст.
Баҳри кайке ту гилемеро масӯз
В-аз судоъи ҳар магас магзор рӯз.
Бутпарастӣ, чун бимонӣ дар сувар,
Сураташ бигзору дар маънӣ нигар.
Марди ҳаҷҷӣ, ҳамраҳи ҳоҷӣ талаб,
Хоҳ ҳинду, хоҳ турку ё араб.
Мангар андар нақшу андар ранги ӯ,
Бингар андар азму дар оҳанги ӯ.
Гар сиёҳ аст ӯ, ҳамоҳанги ту аст,
Ту сапедаш хон, ки ҳамранги ту аст.
Ин ҳикоят гуфта шуд зеру забар,
Ҳамчу фикри ошиқон бепову сар.
Сар надорад, чун з-азал будаст пеш,
По надорад, бо абад будаст хеш.
Балки чун об аст, ҳар қатра аз он
Ҳам сар асту пову ҳам бе ҳардувон.
Ҳошалиллаҳ, ин ҳикоят нест, ҳин!
Нақди ҳоли мову туст ин, хуш бибин.
З-он ки сӯфӣ бокару бофар бувад,
Ҳар чӣ он мозист, «ло юзкар» бувад.
Ҳам араб мо, ҳам сабӯ мо, ҳам малик,
Ҷумлаи мо «юъфак анҳу ман уфик».
Ақлро шӯ дону зан ин нафсу тамъ,
Ин ду зулмониву мункир, ақл шамъ.
Бишнав акнун асли инкор аз чӣ хост,
З-он ки кулро гуна-гуна ҷузвҳост.
Ҷузви кул, не ҷузвҳо нисбат ба кул,
Не чу бӯйи гул, ки бошад ҷузви гул.
Лутфи сабза ҷузви лутфи гул бувад,
Бонги қумрӣ ҷузви он булбул бувад.
Гар шавам машғули ишколу ҷавоб,
Ташнагонро кай тавонам дод об?
Гар ту ишколе ба кулливу ҳараҷ,
Сабр кун, «ассабру мифтоҳу-л-фараҷ».
Эҳтимо кун, эҳтимо з-андешаҳо,
Фикр шеру гӯру дилҳо бешаҳо.
Эҳтимоҳо бар давоҳо сарвар аст,
З-он ки хоридан фузунии гар аст.
Эҳтимо асли даво омад яқин,
Эҳтимо кун, қуввати ҷонат бибин.
Қобили ин гуфтаҳо шав гӯшвор,
То ки аз зар созамат ман гӯшвор.
Ҳалқа дар гӯши маҳи заргар шавӣ,
То ба моҳу то Сурайё баршавӣ.
Аввало бишнав, ки халқи мухталиф,
Мухталифҷонанд то «ё» аз «алиф».
Дар ҳуруфи мухталиф шӯру шакест,
Гарчӣ аз як рӯ, зи сар то по якест.
Аз яке рӯ зидду як рӯ муттаҳид,
Аз яке рӯ ҳазлу аз як рӯй ҷид.
Пас қиёмат рӯзи арзи акбар аст,
Арз ӯ хоҳад, ки бо зебу фар аст.
Ҳар кӣ чун ҳиндуи бадсавдоӣ аст,
Рӯзи арзаш навбати расвоӣ аст.
Чун надорад рӯйи ҳамчун офтоб,
ӯ нахоҳад ҷуз шабе ҳамчун ниқоб.
Барги як гул чун надорад хори ӯ,
Шуд баҳорон душмани асрори ӯ.
В-он ки сар то по гул асту савсан аст,
Пас баҳор ӯро ду чашми равшан аст.
Хори бемаънӣ хазон хоҳад, хазон,
То занад паҳлӯй худ бо гулситон.
То бипӯшад ҳусни ону нанги ин,
То набинӣ ранги ону занги ин.
Пас, хазон ӯро баҳор асту ҳаёт,
Як намояд сангу ёқути закот.
Боғбон ҳам донад онро дар хазон,
Лек диди як беҳ аз диди ҷаҳон.
Худ ҷаҳон он як кас аст, ӯ аблаҳ аст,
Ҳар ситора бар фалак ҷузви маҳ аст.
Пас ҳамегӯянд ҳар нақшу нигор
Мужда — мужда, нак ҳамеояд баҳор.
То бувад тобон шукуфа чун зиреҳ,
Кай кунанд он меваҳо пайдо гиреҳ?
Чун шукуфа рехт, мева сар кунад,
Чунки тан бишкаст, ҷон сар барзанад.
Мева маъниву шукуфа сураташ,
Он шукуфа мужда, мева неъматаш.
Чун шукуфа рехт, мева шуд падид,
Чунки он кам шуд, шуд ин андар мазид.
То ки нон нашкаст, қувват кай диҳад,
Ношикаста хӯшаҳо кай май диҳад?
То ҳалила нашканад бо адвия,
Кай шавад худ сиҳҳатафзо адвия?

Дар сифати пиру мутовиати вай

Эй Зиёулҳақ Ҳусомуддин, бигир
Як-ду коғаз, барфизо дар васфи пир.
Гарчи ҷисми нозукатро зӯр нест,
Лек бе хуршед моро нур нест.
Гарчи мисбоҳу зуҷоҷа гаштаӣ,
Лек сархайли дилӣ, сарриштаӣ.
Чун сари ришта ба дасту коми туст,
Дурраҳои иқди дил з-инъоми туст.
Барнавис аҳволи пири роҳдон:
Пирро бигзину айни роҳ дон.
Пир тобистону халқон тирмоҳ,
Халқ монанди шабанду пир моҳ.
Кардаам бахти ҷавонро ном пир,
К-ӯ зи Ҳақ пир аст, н-аз айём пир.
ӯ чунон пир аст, к-иш оғоз нест,
Бо чунон дурри ятим анбоз нест.
Худ қавитар мешавад хамри куҳун,
Хоса он хамре, ки бошад «мин ладун».
Пирро бигзин, ки бепир ин сафар,
Ҳаст бас пурофату хавфу хатар.
Он раҳе, ки борҳо ту рафтаӣ
Бе қаловуз, андар он ошуфтаӣ.
Пас раҳеро, ки надидастӣ ту ҳеч,
Ҳин, марав танҳо, зи раҳбар сар мапеч.
Гар набошад сояи ӯ бар ту гӯл,
Пас туро саргашта дорад бонги ғул.
Ғулат аз раҳ афганад андар газанд,
Аз ту доҳитар дар ин раҳ бас буданд.
Аз нубӣ бишнав залоли раҳравон,
Ки чишон кард он Билиси бадравон.
Садҳазоронсола роҳ аз ҷода дур,
Бурдашону кардашон идбиру ур.
Устухонҳошон бибину мӯяшон,
Ибрате гиру марон хар сӯяшон.
Гардани хар гиру сӯйи роҳ каш,
Сӯйи раҳбонону раҳдонони х(в)аш.
Ҳин, маҳил харрову даст аз вай мадор,
З-он ки ишқи ӯст сӯйи сабзазор.
Гар яке дам ту ба ғафлат воҳилиш,
ӯ равад фарсангҳо сӯйи ҳашиш.
Душмани роҳ аст хар, масти алаф,
Эй ки бас харбандаро кард ӯ талаф.
Гар надонӣ раҳ, ҳар он чӣ хар бихост,
Акси он кун, худ бувад он роҳи рост.
«Шовиру ҳунна» ва он гаҳ «холифу»,
«Инна ман лам яъсиҳинна толифу».
Бо ҳавову орзу кам бош дӯст,
Чун «юзиллук ан сабилиллоҳ» ӯст.
Ин ҳаворо нашканад андар ҷаҳон,
Ҳеч чизе ҳамчу сояй ҳамраҳон.

Васият кардани расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам мар Алиро каррамаллоҳу ваҷҳаҳу, ки чун ҳар касе ба навъи тоате тақарруб ҷӯяд ба Ҳақ, ту тақарруб ҷӯй ба сӯҳбати оқил ва бандаи хос, то аз ҳама пешқадамтар бошӣ

Гуфт пайғамбар Алиро, к-эй Алӣ,
Шери Ҳаққӣ, паҳлавони пурдилӣ.
Лек бар шерӣ макун ҳам эътимед,
Андаро дар сояи нахли умед.
Андаро дар сояи он оқиле,
К-иш надонад бурд аз раҳ ноқиле.
Зилли ӯ андар замин чун кӯҳи Қоф,
Рӯҳи ӯ симурғи бас олитавоф.
Гар бигӯям то қиёмат наъти ӯ,
Ҳеч онро мақтаъу ғоят маҷӯ.
Дар башар рӯпӯш кардаст офтоб,
Фаҳм кун, «валлоҳу аълам би-с-савоб».
Ё Алӣ, аз ҷумлаи тоъоти роҳ
Баргузин ту сояи хоси Илоҳ.
Ҳар касе дар тоъате бигрехтанд,
Хештанро махласе ангехтанд.
Ту бирав, дар сояи оқил гурез,
То раҳӣ з-он душмани пинҳонситез.
Аз ҳама тоъот инат беҳтар аст,
Сабқ ёбӣ бар ҳар он собиқ, ки ҳаст.
Чун гирифтат пир, ҳин, таслим шав,
Ҳамчу Мӯсо зери ҳукми Хизр рав.
Сабр кун бар кори Хизре бенифоқ,
То нагӯяд Хизр: «Рав, ҳозо фироқ».
Гарчи киштӣ бишканад, ту дам мазан,
Гарчи тифлеро кушад, ту мӯ макан.
Дасти ӯро Ҳақ чу дасти хеш хонд,
То «ядуллаҳ фавқа айдиҳим» биронд.
Дасти Ҳақ миронадаш, зинда-ш кунад,
Зинда чӣ бвад? Ҷони поянда-ш кунад.
Ҳар кӣ танҳо, нодиро, ин раҳ бурид,
Ҳам ба авни ҳиммати пирон расид.
Дасти пир аз ғоибон кӯтоҳ нест,
Даст ӯ ҷуз қабзаи Аллоҳ нест.
Ғоибонро чун чунин хилъат диҳанд,
Ҳозирон аз ғолибон лошак беҳанд.
Ғоибонро чун навола медиҳанд,
Пеши меҳмон то чӣ неъматҳо ниҳанд.
Ку касе, к-ӯ пеши шаҳ бандад камар,
То касе, к-ӯ ҳаст берунсӯйи дар?
Чун гузидӣ пир, нозукдил мабош,
Сусту резида чу обу гил мабош.
В-ар ба ҳар захме ту пуркина шавӣ,
Пас куҷо бесайқал ойина шавӣ?

Кабудӣ задани қазвинӣ бар шонагоҳ сурати шер ва пушаймон шудани ӯ ба сабаби захми сӯзан

Ин ҳикоят бишнав аз соҳиббаён
Дар тариқу одати қазвиниён,
Бар тану дасту катифҳо бегазанд
Аз сари сӯзан кабудиҳо зананд.
Сӯйи даллоке бишуд қазвиние,
Ки кабудам зан, бикун шириние.
Гуфт: «Чӣ сурат занам, эй паҳлавон?»
Гуфт: «Барзан сурати шери жаён,
Толеам шер аст, нақши шер зан,
Ҷаҳд кун, ранги кабудӣ сер зан».
Гуфт: «Бар чи мавзеат сурат занам?»
Гуфт: «Бар шонагаҳам зан он рақам».
Чунки ӯ сӯзан фурӯ бурдан гирифт,
Дарди он дар шонагаҳ маскан гирифт.
Паҳлавон дар нола омад, к-эй санӣ!
Мар маро куштӣ; чӣ сурат мезанӣ?»
Гуфт: «Охир шер фармудӣ маро».
Гуфт: «Аз чӣ узв кардӣ ибтидо?»
Гуфт: «Аз думгоҳ оғозидаам».
Гуфт: «Дум бигзор, эй ду дидаам!
Аз думу думгоҳи шерам дам гирифт,
Думгаҳи ӯ дамгаҳам мӯҳкам гирифт.
Шер бедум бош, гӯ, эй шерсоз!
Ки дилам сустӣ гирифт аз захми гоз».
Ҷониби дигар гирифт он шахс захм,
Бемуҳобо, бемувосоеву раҳм.
Бонг кард ӯ, к-ин чӣ андом аст аз ӯ?
Гуфт: «Ин гӯш аст, эй марди накӯ».
Гуфт: «То гӯшаш набошад, эй ҳаким,
Гӯшро бигзору кӯтаҳ кун гилем».
Ҷониби дигар халиш оғоз кард,
Боз қазвинӣ фиғонро соз кард.
К-ин севум ҷониб чӣ андом аст низ?
Гуфт: «Ин аст ишками шери азиз».
Гуфт: «То ишкам набошад шерро,
Гашт афзун дард, кам зан захмҳо».
Хира шуд даллоку бас ҳайрон бимонд,
То ба дер ангушт дар дандон бимонд.
Бар замин зад сӯзан аз хашм устод,
Гуфт: «Дар олам касеро ин фитод?
Шери бедумму сару ишкам кӣ дид?
Инчунин шере Худо худ н-офарид».
Эй бародар, сабр кун бар дарди неш,
То раҳӣ аз неши нафси габри хеш.
К-он гурӯҳе, ки раҳиданд аз вуҷуд,
Чарху меҳру моҳашон орад суҷуд.
Ҳар кӣ мурд андар тани ӯ нафси габр,
Мар варо фармон барад хуршеду абр.
Чун дилаш омӯхт шамъ афрӯхтан,
Офтоб ӯро наёрад сӯхтан.
Гуфт Ҳақ дар офтоби мунтаҷим,
Зикри «Таззовар казо ан каҳфиҳим».
Хор, ҷумла лутф чун гул мешавад,
Пеши ҷузве, к-ӯ суйи кул меравад.
Чист таъзими Худо афроштан?
Хештанро хору хокӣ доштан.
Чист тавҳиди Худо омӯхтан?
Хештанро пеши воҳид сӯхтан.
Гар ҳамехоҳӣ, ки бифрӯзӣ чу рӯз,
Ҳастии ҳамчун шаби худро бисӯз.
Ҳастият дар ҳасти он ҳастӣ навоз,
Ҳамчу мис дар кимиё андаргудоз.
Дар ману мо сахт кардастӣ ду даст,
Ҳаст ин ҷумла харобӣ аз ду ҳаст.

Рафтани гург ва рӯбоҳ дар хидмати шер ба шикор

Шеру гургу рӯбаҳе баҳри шикор
Рафта буданд аз талаб дар кӯҳсор.
То ба пушти ҳамдигар бар сайдҳо,
Сахт барбанданд бори қайдҳо.
Ҳар се бо ҳам андар он саҳрои жарф
Сайдҳо гиранд бисёру шигарф.
Гарчи з-эшон шери нарро нанг буд,
Лек кард икрому ҳамроҳӣ намуд.
Инчунин шаҳро зи лашкар заҳмат аст,
Лек ҳамраҳ шуд ҷамоат, раҳмат аст.
Инчунин маҳро зи ахтар нангҳост,
ӯ миёни ахтарон баҳри сахост.
Амри «шовирҳум» паямбарро расид,
Гарчи ройе нест рояшро надид.
Дар тарозу ҷав рафиқи зар шудаст,
На аз он ки ҷав чу зар гавҳар шудаст.
Рӯҳ қолабро кунун ҳамраҳ шудаст,
Муддате саг ҳориси даргаҳ шудаст.
Чунки рафтанд ин ҷамоат сӯйи кӯҳ,
Дар рикоби шер бо фарру шукӯҳ.
Гови кӯҳиву бузу харгӯши зафт
Ёфтанду кори эшон пеш рафт.
Ҳар кӣ бошад дар пайи шери ҳироб,
Кам наёяд рӯзу шаб ӯро кабоб.
Чун зи кӯҳ дар беша овардандашон,
Куштаву маҷрӯҳу андар хун кашон.
Гургу рӯбаҳро тамаъ буд андар он,
Ки равад қисмат ба адли хусравон.
Акси тамъи ҳардушон бар шер зад,
Шер донист он тамаъҳоро санад.
Ҳар кӣ бошад шери асрору амир,
ӯ бидонад, ҳар чӣ андешад замир.
Ҳин, нигаҳ дор, эй дили андешахӯ,
Дил зи андешай баде дар пеши ӯ.
Донаду харро ҳамеронад хамӯш,
Дар рухат хандад барои рӯйпӯш.
Шер чун донист он васвосашон,
Во нагуфту дошт он дам посашон.
Лек бо худ гуфт: «Бинмоям сазо,
Мар шуморо, эй хасисони гадо!
Мар шуморо бас наёмад рои ман?
Заннатон ин аст дар иътои ман?
Эй уқулу роятон аз рои ман,
Аз атоҳои ҷаҳон орои ман.
Нақш бо наққош чӣ-с-голад дигар?
Чун сиголиш ӯ-ш бахшиду хабар.
Инчунин занни хасисона ба ман,
Мар шуморо буд? Нангони заман!
Зонини биллоҳи занна-с-суъро
Гар набуррам сар, бувад айни хато.
Вораҳонам чархро аз нангатон,
То бимонад дар ҷаҳон ин достон».
Шер бо ин фикр мезад ханда фош,
Бар табассумҳои шер эмин мабош.
Моли дунё шуд табассумҳои Ҳақ,
Кард моро масту мағруру халақ.
Фақру ранҷурӣ беҳ астат, эй санад,
К-он табассум доми худро барканад.

Имтиҳон кардани шер гургро ва гуфтан, ки пеш ой, эй гург, бахш кун сайдҳоро миёни мо

Гуфт шер: «Эй гург, инро бахш кун,
Маъдилатро нав кун, эй гурги куҳун!
Ноиби ман бош дар қисматгарӣ,
То падид ояд, ки ту чӣ гавҳарӣ?
Гуфт: «Эй шаҳ, гови ваҳшӣ бахши туст,
Он бузургу ту бузургу зафту чуст.
Буз маро, ки буз миёнасту васат,
Рӯбаҳо, харгӯш бистон беғалат».
Шер гуфт: «Эй гург, чун гуфтӣ? Бигӯ:
Чунки ман бошам, ту гӯйӣ мову ту?
Гург худ чӣ саг бувад, ки хеш дид,
Пеши чун ман, шери бемислу надид?»
Гуфт: «Пеш о, эй харе, к-ӯ худ харид».
Пеш омад, панҷа зад, ӯро дарид.
Чун надидаш мағзу тадбири рашид,
Дар сиёсат пӯсташ аз сар кашид.
Гуфт: «Чун диди манат аз худ набурд,
Инчунин ҷонро бибояд зор мурд.
Чун набудӣ фонӣ андар пеши ман,
Фазл омад мар туро гардан задан».
«Куллу шайъин ҳоликун» ҷуз ваҷҳи ӯ,
Чун найӣ дар ваҷҳи ӯ, ҳастӣ маҷӯ.
Ҳар кӣ андар ваҷҳи мо бошад фано,
«Куллу шайъин ҳоликун» набвад ҷазо.
З-он ки дар «илло»-ст ӯ, аз «ло» гузашт,
Ҳар кӣ дар «илло»-ст, ӯ фонӣ нагашт.
Ҳар кӣ бар дар ӯ ману мо мезанад,
Радди боб аст ӯву бар «ло» метанад.

Қиссаи он кас, ки дари ёре бикӯфт. Аз дарун гуфт: Кист он? Гуфт: Манам. Гуфт: Чун ту туӣ дар намегушоям, ҳеч касро аз ёрон намешиносам, ки ӯ «ман» бошад, бирав.

Он яке омад дари ёре бизад,
Гуфт ёраш: «Кистӣ, эй мӯътамад?»
Гуфт: «Ман». Гуфташ: «Бирав, ҳангом нест,
Бар чунин хоне мақоми хом нест.
Хомро ҷуз оташи ҳаҷру фироқ
Кай пазад? Кай вораҳонад аз нифоқ?»
Рафт он мискину соле дар сафар,
Дар фироқи дӯст сӯзид аз шарар.
Пухта гашт он сӯхта, пас бозгашт,
Боз гирди хонаи ҳамбоз гашт.
Ҳалқа зад бар дар ба сад тарсу адаб,
То бинаҷҳад беадаб лафзе зи лаб.
Бонг зад ёраш, ки бар дар кист он?
Гуфт: «Бар дар ҳам туӣ, эй дилситон!»
Гуфт: «Акнун, чун манӣ, эй ман, даро,
Нест гунҷое ду манро дар саро».
Нест сӯзанро сари ришта ду то,
Чунки яктоӣ, дар ин сӯзан даро.
Риштаро бо сӯзан омад иртибот,
Нест дархур бо ҷамал самму-л-хиёт.
Кай шавад борик ҳастии ҷамал?
Ҷуз ба миқрози риёзоту амал.
Дасти Ҳақ бояд мар онро, эй фалон,
К-ӯ бувад бар ҳар муҳоле «кун факон».
Ҳар муҳол аз дасти ӯ мумкин шавад,
Ҳар ҳарун аз бими ӯ сокин шавад.
Акмаву абрас чӣ бошад? Мурда низ,
Зинда гардад аз фусуни он азиз.
В-он адам, к-аз мурда мурдатар бувад,
Дар кафи эҷоди ӯ музтар бувад.
«Кулла явмин ҳува фӣ шаънин» бихон,
Мар варо бекору бе феъле мадон.
Камтарин кореш ҳар рӯз аст он,
К-ӯ се лашкарро кунад ин сӯ равон:
Лашкаре з-аслоб сӯйи уммаҳот,
Баҳри он то дар раҳим рӯяд набот.
Лашкаре з-арҳом сӯйи хокдон,
То зи нарру мода пур гардад ҷаҳон.
Лашкаре аз хок, з-он сӯйи аҷал,
То бибинад ҳар касе ҳусни амал.
Ин сухан поён надорад, ҳин, битоз,
Сӯйи он ду ёри поки покбоз.
Гуфт ёраш, к-андаро, эй ҷумла ман,
Не мухолиф чун гулу хору чаман.
Ришта якто шуд, ғалат кам шав кунун,
Гар дуто бинӣ ҳуруфи «кофу нун».
«Кофу нун» ҳамчун каманд омад ҷазуб,
То кашонад мар адамро дар хутуб.
Пас ду то бояд каманд андар сувар,
Гарчи якто бошад он ду дар асар.
Гар ду по, гар чор по, раҳро бурад,
Ҳамчу миқрози дуто, якто бурад.
Он ду ҳамбозони гозурро бибин,
Ҳаст дар зоҳир хилофе з-ону з-ин:
Он яке карбосро дар об зад
В-он дигар ҳамбоз хушкаш мекунад.
Боз ӯ он хушкро тар мекунад,
Гӯиё з-истеза зид барметанад.
Лек ин ду зидди истезанамо
Якдилу яккор бошад дар ризо.
Ҳар набиву ҳар валиро маслакест,
Лек то Ҳақ мебурад, ҷумла якест.
Чунки ҷамъи мустамеъро хоб бурд,
Сангҳои осиёро об бурд.
Рафтани ин об фавқи осиёст,
Рафтанаш дар осиё баҳри шумост.
Чун шуморо ҳоҷати тоҳун намонд,
Обро дар ҷӯйи аслӣ бозронд.
Нотиқа сӯйи даҳон таълимрост
В-арна худ он нутқро ҷӯйе ҷудост.
Меравад бебонгу бе такрорҳо
Таҳтаҳа-л-анҳор то гулзорҳо.
Эй Худо, ҷонро ту бинмо он мақом,
К-андар ӯ беҳарф мерӯяд калом.
То ки созад ҷони пок аз сарқадам,
Сӯйи арсай дур паҳнои адам.
Арсае бас богушоду бофазо
В-ин хаёлу ҳаст ёбад з-ӯ наво.
Тангтар омад хаёлот аз адам,
З-он сабаб бошад хаёл асбоби ғам.
Боз ҳастӣ тангтар буд аз хаёл,
З-он шавад дар вай қамар ҳамчун ҳилол.
Боз ҳастии ҷаҳони ҳиссу ранг
Тангтар омад, ки зиндонест танг.
Иллати тангист таркибу адад,
Ҷониби таркиб ҳисҳо мекашад.
З-он суйи ҳис олами тавҳид дон,
Гар «яке» хоҳӣ, бад-он ҷониб бирон.
Амри «кун», як феъл буду «нуну коф»,
Дар сухан афтоду маънӣ буд соф.
Ин сухан поён надорад, бозгард,
То чӣ шуд аҳволи гург андар набард?

Адаб кардани шер гургро, ки дар қисмат беадабӣ карда буд

Гургро барканд сар он сарфароз,
То намонад дусариву имтиёз.
«Фантақамно минҳум» аст, эй гурги пир,
Чун набудӣ мурда дар пеши амир.
Баъд аз он рӯ шер бо рӯбоҳ кард,
Гуфт: «Инро бахш кун аз баҳри х(в)ард».
Саҷда карду гуфт, к-ин гови самин
Чоштхурдат бошад, эй шоҳи гузин.
В-он буз аз баҳри миёни рӯзро
Яхние бошад шаҳи пирӯзро.
В-он дигар харгӯш баҳри шом ҳам,
Шабчарай ин шоҳи болутфу карам».
Гуфт: «Эй рӯбаҳ, ту адл афрӯхтӣ,
Инчунин қисмат зи кӣ омӯхтӣ?
Аз куҷо омӯхтӣ ин, эй бузург?»
Гуфт: «Эй шоҳи ҷаҳон, аз ҳоли гург».
Гуфт: «Чун дар ишқи мо гаштӣ гарав,
Ҳар серо баргиру бистону бирав.
Рӯбаҳо, чун ҷумлагӣ моро шудӣ,
Чунат озорем? Чун ту мо шудӣ.
Мо турову ҷумла ишкорон туро,
Пой бар гардуни ҳафтум неҳ, баро.
Чун гирифтӣ ибрат аз гурги данӣ,
Пас ту рӯбаҳ нестӣ, шери манӣ.
Оқил он бошад, ки гирад ибрат аз
Марги ёрон дар балои мӯҳтараз».
Рӯбаҳ он дам бар забон сад шукр ронд,
Ки маро шер, аз пайи он гург хонд.
Гар маро аввал бифармудӣ, ки ту,
Бахш кун инро, кӣ бурдӣ ҷон аз ӯ?
Пас сипос ӯро, ки моро дар ҷаҳон,
Кард пайдо аз паси пешиниён.
То шунидем он сиёсатҳои Ҳақ,
Бар қуруни мозия, андар сабақ.
То ки мо аз ҳоли он гургони пеш,
Ҳамчу рӯбаҳ поси худ дорем беш.
Уммати марҳума з-ин рӯ хондамон,
Он расули Ҳаққу содиқ дар баён.
Устухону пашми он гургон аён
Бингареду панд гиред, эй меҳон.
Оқил аз сар бинҳад ин ҳастиву бод,
Чун шунид анҷоми Фиръавнону Од.
В-ар бинанҳад дигарон аз ҳоли ӯ,
Ибрате гиранд аз излоли ӯ.

Таҳдид кардани Нӯҳ алайҳиссалом мар қавмро, ки бо ман мапечед, ки бо Худой мепечед дар миёни ин ба ҳақиқат, эй махзулон!

Гуфт Нӯҳ: «Эй саркашон, ман ман наям,
Ман зи ҷон мурдам, ба ҷонон мезиям.
Чун бимурдам аз ҳавоси булбашар,
Ҳақ маро шуд самъу идроку басар.
Чунки ман ман нестам, ин дам зи ҳуст,
Пеши ин дам ҳар кӣ дам зад, кофир ӯст».
Ҳаст андар нақши ин рӯбоҳ шер,
Сӯйи ин рӯбаҳ нашояд шуд далер.
Гар зи рӯйи сураташ менагравӣ,
Ғурраи шерон аз ӯ менашнавӣ?
Гар набудӣ Нӯҳро аз Ҳақ яде,
Пас ҷаҳонеро чаро барҳам задӣ?
Садҳазорон шер буд ӯ дар тане,
ӯ чу оташ буду олам хирмане.
Чунки хирман поси ушри ӯ надошт,
ӯ чунон шӯъла бар он хирман гумошт.
Ҳар кӣ ӯ дар пеши ин шери ниҳон
Беадаб чун гург бигшояд даҳон,
Ҳамчу гург он шер бардарронадаш,
«Фантақамно минҳуму» бархонадаш.
Захм ёбад ҳамчу гург аз дасти шер,
Пеши шер аблаҳ бувад, к-ӯ шуд далер.
Кошкӣ он захм бар тан омадӣ,
То будӣ, к-имону дил солим будӣ.
Қувватам бугсаст, чун ин ҷо расид,
Чун тавонам кард ин сирро падид?
Ҳамчу он рӯбаҳ каме ишкам кунед,
Пеши ӯ рӯбоҳбозӣ кам кунед.
Ҷумла мову ман ба пеши ӯ ниҳед,
Мулк мулки ӯст, мулк ӯро диҳед.
Чун фақир оед андар роҳ рост,
Шеру сайди шер, худ они шумост.
З-он ки ӯ пок асту субҳон васфи ӯст,
Бениёз аст ӯ зи нағзу мағзу пӯст.
Ҳар шикору ҳар каромоте, ки ҳаст,
Аз барои бандагони он шаҳ аст.
Нест шаҳро тамъ, баҳри халқ сохт
Ин ҳама давлат, хунук он к-ӯ шинохт.
Он кӣ давлат офариду ду саро,
Мулку давлатҳо чӣ кор ояд варо?
Пеши субҳон пас нигаҳ доред дил,
То нагардед аз гумони бад хиҷил.
К-ӯ бибинад сирру фикру ҷустуҷӯ,
Ҳамчу андар шири холис тори мӯ.
Он кӣ ӯ бенақши сода сина шуд,
Нақшҳои ғайбро ойина шуд.
Сирри моро бегумон муқин шавад,
З-он ки мӯъмин ойинай мӯъмин бувад.
Чун занад ӯ нақди моро бар миҳакк,
Пас яқинро боздорад ӯ зи шакк.
Чун шавад ҷонаш миҳакки нақдҳо,
Пас бибинад қалброву қалбро.

Нишондани подшоҳон сӯфиёни орифро пеши рӯйи хеш, то чашмашон бад-эшон равшан шавад

Подшоҳонро чунон одат бувад,
Ин шунида бошӣ, ар ёдат бувад:
Дасти чапшон паҳлавонон истанд,
З-он ки дил паҳлӯйи чап бошад ба банд.
Мушрифу аҳли қалам бар дасти рост,
З-он ки илми хатту сабт он дастрост.
Сӯфиёнро пеши рӯ мавзеъ диҳанд,
К-ойинай ҷонанду з-ойина беҳанд.
Сина сайқалҳо зада дар зикру фикр,
То пазирад ойинай дил нақши бикр.
Ҳар кӣ ӯ аз сулби фитрат хуб зод,
Ойина дар пеши ӯ бояд ниҳод.
Ошиқи ойина бошад рӯйи хуб,
Сайқали ҷон омаду «тақва-л-қулуб».

Омадани меҳмон пеши Юсуф алайҳиссалом ва тақозо кардани Юсуф алайҳиссалом аз ӯ тӯҳфаву арғумон

Омад аз офоқ ёри меҳрубон,
Юсуфи сиддиқро шуд меҳмон.
К-ошно буданд вақти кӯдакӣ,
Бар висодай ошноӣ муттакӣ.
Ёд додаш ҷаври ихвону ҳасад,
Гуфт, к-он занҷир буду мо асад.
Ор набвад шерро аз силсила,
Нест моро аз қазои Ҳақ гила.
Шерро бар гардан ар занҷир буд,
Бар ҳама занҷирсозон мир буд».
Гуфт: «Чун будӣ зи зиндону зи чоҳ?»
Гуфт: «Ҳамчун дар муҳоқу кост моҳ».
Дар муҳоқ ар моҳи нав гардад дуто,
Не ба охир бадр гардад бар само?
Гарчи дурдона ба ҳован кӯфтанд,
Нури чашму дил шуду бинад баланд.
Гандумеро зери хок андохтанд,
Пас зи хокаш хӯшаҳо барсохтанд.
Бори дигар кӯфтандаш з-осийо,
Қиматаш афзуду нон шуд ҷонфизо.
Боз нонро зери дандон кӯфтанд,
Гашт ақлу ҷону фаҳми ҳушманд.
Боз он ҷон, чунки маҳви ишқ гашт,
«Юъҷибуззурроъ» омад баъди кашт.
Ин сухан поён надорад, бозгард,
То ки бо Юсуф чӣ гуфт он некмард?
Баъди қисса гуфтанаш гуфт: «Эй фалон!
Ҳин, чӣ овардӣ ту моро армуғон?»
Бар дари ёре тиҳидаст, эй фато,
Ҳаст чун бегандуме дар осийо.
Ҳақ таоло халқро гӯяд ба ҳашр:
«Армуғон ку аз барои рӯзи нашр?
«Ҷиътумуно ва фуродо» бенаво,
Ҳам бад-он сон, ки «халақнокум казо?»
Ҳин, чӣ овардед дастовезро,
Армуғоне рӯзи растохезро?
Ё умеди бозгаштантон набуд?
Ваъдаи имрӯз ботилтон намуд?»
Мункири меҳмонияшро аз харӣ,
Пас зи матбах хоку хокистар барӣ.
В-ар найӣ мункир, чунин дасти тиҳӣ,
Дар дари он дӯст чун по мениҳӣ?
Андаке сарфа бикун аз хобу х(в)ар,
Армуғон баҳри мулоқоташ бибар.
Шав «қалилу-н-навми миммо яҳҷаъун»,
Бош дар асҳор аз «ястағфирун».
Андаке ҷунбиш бикун ҳамчун ҷанин,
То бибахшандат ҳавоси нурбин.
В-аз ҷаҳони чун раҳим берун равӣ,
Аз замин дар арсаи восеъ шавӣ.
Он кӣ арзуллоҳи восеъ гуфтаанд,
Арсае дон анбиёро бас баланд.
Дил нагардад танг з-он арсай фарох,
Нахли тан он ҷо нагардад хушкшох.
Ҳомилӣ ту мар ҳавосатро кунун,
Кунду монда мешавиву сариагун.
Чунки маҳмулӣ, на ҳомил, вақти хоб,
Мондагӣ рафту шудӣ беранҷу тоб.
Чошние дон ту ҳоли хобро
Пеши маҳмулии ҳоли авлиё.
Авлиё асҳоби Каҳфанд, эй ануд!
Дар қиёму дар тақаллуб, «ҳум руқуд».
Мекашадшон бетакаллуф дар фиъол,
Бехабар, зотулямин, зотушшимол.
Чист он зотулямин? Феъли ҳасан,
Чист он зотушшимол? Ашғоли тан.
Меравад ин ҳар ду кор аз анбиё,
Бехабар з-ин ҳар ду эшон, чун садо.
Гар садоят бишнавонад хайру шар,
Зоти кӯҳ бошад зи ҳар ду бехабар.

Гуфтани меҳмони Юсуф алайҳиссалом, ки ойина овардамат, ки то ҳар боре, ки дар вай нигарӣ, рӯйи хуби хешро бибинӣ, маро ёд кунӣ

Гуфт Юсуф: «Ҳин, биёвар армуғон»,
ӯ зи шарми ин тақозо зад фиғон.
Гуфт: «Ман чанд армуғон ҷустам туро,
Армуғоне дар назар н-омад маро.
Ҳаббаеро ҷониби кон чун барам?
Қатраеро сӯйи Уммон чун барам?
Зираро ман сӯйи Кирмон оварам,
Гар ба пеши ту дилу ҷон оварам.
Нест тухме, к-андар ин анбор нест,
Ғайри ҳусни ту, ки онро ёр нест.
Лоиқ он дидам, ки ман ойинае
Пеши ту орам, чу нури синае.
То бибинӣ рӯйи хуби худ дар он,
Эй ту чун хуршеди шамъи осмон.
Ойина овардамат, эй равшанӣ!
То чу бинӣ рӯйи худ, ёдам кунӣ».
Ойина берун кашид ӯ аз бағал,
Хубро ойина бошад муштағал.
Ойинай ҳастӣ чӣ бошад? Нестӣ,
Нестӣ бар, гар ту аблаҳ нестӣ.
Ҳастӣ андар нестӣ битвон намуд,
Молдорон бар фақир оранд ҷуд.
Ойинай софии нон худ гурсунаст,
Сӯхта ҳам, ойинай оташзанаст.
Нестиву нақс ҳар ҷое, ки хост,
Ойинай хубии ҷумла пешаҳост.
Чунки ҷома чусту дӯзида бувад,
Музҳири фарҳанги дарзӣ чун шавад?
Нотарошида ҳамебояд ҷузӯъ,
То даравгар асл созад ё фурӯъ.
Хоҷаи ишкастабанд он ҷо равад,
К-андар он ҷо пойиишкаста бувад.
Кай шавад, чун нест ранҷури низор,
Он ҷамоли санъати тиб ошкор?
Хориву дунии мисҳо бармало
Гар набошад, кай намояд кимиё?
Нақсҳо ойинаи васфи камол
В-он ҳақорат ойинай иззу ҷалол.
З-он ки зидро зид кунад пайдо яқин,
З-он ки бо сирка падид аст ангубин.
Ҳар кӣ нақси хешро диду шинохт,
Андар истикмоли худ даҳасба тохт.
З-он намепаррад ба сӯйи зулҷалол,
К-ӯ гумоне мебарад худро камол.
Иллате баттар зи пиндори камол
Нест андар ҷони ту, эй зудалол!
Аз дилу аз дидаат бас хун равад,
То зи ту ин мӯъҷибӣ берун равад.
Иллати Иблис «ано хайрӣ» будаст
В-ин мараз дар нафси ҳар махлуқ ҳаст.
Гарчи худро бас шикаста бинад ӯ,
Оби софе бину саргин зери ҷӯ.
Чун бишӯронад туро дар имтиҳон,
Об саргинранг гардад дарзамон.
Дар таги ҷӯ ҳаст саргин, эй фато,
Гарчи ҷӯ софӣ намояд мар туро.
Ҳаст пири роҳдони пурфитан
Боғҳои нафси кулро ҷӯйкан.
Ҷӯй худро кай тавонад пок кард?
Нофеъ аз илми Худо шуд илми мард.
Кай тарошад теғ дастай хешро?
Рав ба ҷарроҳе супор ин решро.
Бар сари ҳар реш ҷамъ омад магас,
То набинад қубҳи реши хеш кас.
Он магас андешаҳо в-он моли ту
Реши ту, он зулмати аҳволи ту.
Дарниҳад марҳам бар он реши ту пир,
Он замон сокин шавад дарду нафир.
То ки пиндорад, ки сиҳҳат ёфтаст,
Партави марҳам бар он ҷо тофтаст.
Ҳин, зи марҳам сар макаш эй пуштреш
В-он зи партав дон, мадон аз асли хеш.

Муртад шудани котиби ваҳй ба сабаби он ки партави ваҳй бар ӯ зад, он оятро пеш аз пайғомбар саллалоҳу алайҳи ва саллам бихонд, гуфт: «Пас ман ҳам маҳалли ваҳйам»

Пеш аз Усмон яке нассох буд,
К-ӯ ба насхи ваҳй ҷидде менамуд.
Чун набӣ аз наҳй фармудӣ сабақ,
ӯ ҳамонро вонабиштӣ бар варақ.
Партави он ваҳй бар вай тофтӣ,
ӯ даруни хеш ҳикмат ёфтӣ.
Айни он ҳикмат бифармудӣ расул,
З-ин қадар гумроҳ шуд он булфузул.
К-ончи мегӯяд расули мустанир,
Мар маро ҳаст он ҳақиқат дар замир.
Партави андешааш зад бар расул,
Қаҳри Ҳақ овард бар ҷонаш нузул.
Ҳам зи нассохӣ баромад, ҳам зи дин,
Шуд адувви Мустафову дин ба кин.
Мустафо фармуд, к-эй габри ануд!
Чун сияҳ гаштӣ? Агар нур аз ту буд.
Гар ту янбуъи илоҳӣ будие,
Инчунин оби сияҳ нагшудие».
То ки номусаш ба пеши ину он
Нашканад, барбаст ин ӯро даҳон.
Андарун месӯхташ ҳам з-ин сабаб,
Тавба кардан менаёрист, ин аҷаб!
Оҳ мекарду набудаш оҳ суд,
Чун даромад теғу сарро даррабуд.
Карда Ҳақ номусро сад ман ҳадид,
Эй басо баста ба банди нопадид.
Кибру куфр он сон бибаст он роҳро,
Ки наёрад кард зоҳир оҳро.
Гуфт: «Ағлолан фаҳум биҳ муқмаҳун»,
Нест он ағлол бар мо аз бурун.
«Халфаҳум саддан фаағшайноҳуму»,
Менабинад бандро пешу пас ӯ.
Ранги саҳро дорад он садде, ки хост,
ӯ намедонад, ки он садди қазост.
Шоҳиди ту садди рӯйи шоҳид аст,
Муршиди ту садди гуфти муршид аст.
Эй басо куффорро савдои дин,
Бандашон номусу кибри ону ин.
Банд пинҳон, лек аз оҳан батар,
Банди оҳанро кунад пора табар.
Банди оҳанро тавон кардан ҷудо,
Банди ғайбиро надонад кас даво.
Мардро занбӯр агар неше занад,
Табъи ӯ он лаҳза ба дафъе танад.
Захми неш аммо чу аз ҳастии туст,
Ғам қавӣ бошад, нагардад дард суст.
Шарҳи ин аз сина берун меҷаҳад,
Лек метарсам, ки навмедӣ диҳад.
Не, машав навмеду худро шод кун,
Пеши он фарёдрас фарёд кун.
К-эй муҳибби афв! Аз мо афв кун,
Эй табиби ранҷи носури куҳун.
Акси ҳикмат он шақиро ёва кард,
Худ мабин, то барнаёрад аз ту гард.
Эй бародар, бар ту ҳикмат ҷорияст,
Он зи абдол асту бар ту орияст.
Гарчи дар худ хона нуре ёфтаст,
Он зи ҳамсойай мунаввар тофтаст.
Шукр кун, ғурра машав, бинӣ макун,
Гӯш дору ҳеч худбинӣ макун.
Сад дареғу дард, к-ин орийятӣ,
Умматонро дур кард аз умматӣ.
Ман ғуломи он кӣ ӯ дар ҳар работ
Хешро восил надонад бар симот.
Бас работе, ки бибояд тарк кард,
То ба маскан даррасад як рӯз мард.
Гарчи оҳан сурх шуд, ӯ сурх нест,
Партави орийяти оташзанест.
Гар шавад пурнур равзан ё саро,
Ту мадон равшан магар хуршедро.
Ҳар дару девор, гӯяд: «Равшанам,
Партави ғайре надорам, ин манам».
Пас бигӯяд офтоб: «Эй норашид!
Чунки ман ғориб шавам, ояд падид».
Сабзаҳо гӯянд: «Мо сабз аз х(в)адем,
Шоду хандонему бас зебохадем».
Фасли тобистон бигӯяд: «Эй умам!»
Хешро бинед чун ман бигзарам».
Тан ҳаменозад ба хубиву ҷамол,
Рӯҳ пинҳон карда фарру парру бол.
Гӯядаш: «Эй мазбала, ту кистӣ?
Як — ду рӯз аз партави ман зистӣ.
Ғанҷу нозат менагунҷад дар ҷаҳон,
Бош, то ки ман шавам аз ту ҷаҳон.
Гурмдоронат туро гӯре кананд,
Тӯъмаи морону муронат кунанд.
Бинӣ аз ганди ту гирад он касе,
К-ӯ ба пеши ту ҳамемурдӣ басе».
Партави рӯҳ аст нутқу чашму гӯш,
Партави оташ бувад дар об ҷӯш.
Ончунон ки партави ҷон бар тан аст,
Партави абдол бар ҷони ман аст.
Ҷони ҷон чун вокашад поро зи ҷон,
Ҷон чунон гардад, ки беҷон тан, бидон.
Сар аз он рӯ мениҳам ман бар замин,
То гувоҳи ман бувад дар рӯзи дин.
Явми дин, ки «зулзилат зилзолаҳо»
Ин замин бошад гувоҳи ҳолҳо.
Ку «туҳаддис ҷаҳратан ахбораҳо»,
Дар сухан ояд замину хораҳо.
Фалсафӣ мункир шавад дар фикру зан,
Гӯ бирав, сарро бар он девор зан.
Нутқи обу нутқи хоку нутқи гил
Ҳаст маҳсуси ҳавоси аҳли дил.
Фалсафӣ, к-ӯ мункири ҳаннона аст,
Аз ҳавоси авлиё бегона аст.
Гӯяд ӯ, ки партави савдои халқ,
Бас хаёлот оварад дар рои халқ.
Балки акси он фасоду куфри ӯ
Ин хаёли мункириро зад бар ӯ.
Фалсафӣ мар девро мункир шавад,
Дар ҳамон дам сухраи деве бувад.
Гар надидӣ девро, худро бибин,
Беҷунун набвад кабудӣ бар ҷабин.
Ҳар киро дар дил шаку печонӣ аст,
Дар ҷаҳон ӯ фалсафий пинҳонӣ аст.
Менамояд эътиқоду гоҳ – гоҳ,
Он раги фалсаф кунад рӯяш сиёҳ,
Алҳазар, эй мӯъминон, к-он дар шумост,
Дар шумо бас олами бемунтаҳост.
Ҷумла ҳафтоду ду миллат дар ту аст,
Ваҳ, ки рӯзе он барорад аз ту даст.
Ҳар кӣ ӯро барги он имон бувад,
Ҳамчу барг аз бими ин ларзон бувад.
Бар Билису дев з-он хандидаӣ,
Ки ту худро некмардум дидаӣ.
Чун кунад ҷон божгуна пӯстин,
Чанд вовайло барояд з-аҳли дин.
Бар дукон ҳар зарнамо хандон шудаст,
З-он ки санги имтиҳон пинҳон шудаст.
Парда, эй саттор, аз мо бармагир,
Бош андар имтиҳон моро муҷир.
Қалб паҳлӯ мезанад бо зар ба шаб,
Интизори рӯз медорад заҳаб.
Бо забони ҳол зар гӯяд, ки «Бош,
Эй музаввар, то барояд рӯз фош».
Садҳазорон сол Иблиси лаъин,
Буд з-абдолу амирулмӯъминин.
Панҷа зад бо Одам аз нозе, ки дошт,
Гашт расво ҳамчу саргин вақти чошт.

Дуо кардани Балъами Боур, ки Мӯсо ва қавмашро аз ин шаҳр, ки ҳисор додаанд, бемурод бозгардон ва мустаҷоб шудани дуъои ӯ

Балъами Боурро халқи ҷаҳон
Суғба шуд монанди Исои замон.
Саҷда н-оварданд касро дуни ӯ,
Сиҳҳати ранҷур буд афсуни ӯ.
Панҷа зад бо Мӯсӣ аз кибру камол,
Ончунон шуд, ки шунидастӣ ту ҳол.
Сад ҳазор Иблису Балъам дар ҷаҳон
Ҳамчунин будаст пайдову ниҳон.
Ин дуро машҳур гардонид Илоҳ,
То ки бошад ин ду бар боқӣ гувоҳ.
Ин ду дузд овехт аз дори баланд
В-арна андар қаҳр бас дуздон буданд.
Ин дуро парчам ба сӯйи шаҳр бурд,
Куштагони қаҳрро натвон шумурд.
Нозанинӣ ту, вале дар ҳадди хеш,
Аллаҳ – Аллаҳ по манеҳ аз ҳадд беш.
Гар занӣ бар нозанинтар аз худат,
Дар таги ҳафтум замин зер орадат.
Қиссаи Оду Самуд аз баҳри чист?
То бидонӣ, к-анбиёро нозукист.
Ин нишони хасфу қазфу соиқа,
Шуд баёни аззи нафси нотиқа.
Ҷумла ҳайвонро пайи инсон бикуш,
Ҷумла инсонро бикуш аз баҳри ҳуш.
Ҳуш чӣ бошад? Ақли кулли ҳушманд,
Ҳуш ҷузве ҳуш бувад, аммо нажанд.
Ҷумла ҳайвоноти ваҳшӣ з-одамӣ
Бошад аз ҳайвони инсӣ дар камӣ.
Хуни онҳо халқро бошад сабил,
З-он ки ваҳшиянд аз ақли ҷалил.
Иззати ваҳшӣ бад-он афтод паст,
Ки мар инсонро мухолиф омадаст.
Пас, чӣ иззат бошадат, эй нодира!
Чун шудӣ ту «ҳумурун мустанфира?»
Хар нашояд кушт аз баҳри салоҳ,
Чун шавад ваҳшӣ, шавад хунаш мубоҳ.
Гарчи харро дониши зоҷир набуд,
Ҳеч маъзураш намедорад вадуд.
Пас чу ваҳшӣ шуд аз он дам одамӣ,
Кай бувад маъзур, эй ёри самӣ.
Лоҷарам куффорро шуд хун мубоҳ
Ҳамчу ваҳшӣ пеши нушшобу римоҳ.
Ҷуфту фарзандонашон ҷумла сабил,
З-он ки беақланду мардуду залил.
Боз ақле, к-ӯ рамад аз ақли ақл,
Кард аз ақле ба ҳайвонот нақл.

Эътимод кардани Ҳорут ва Морут бар исмати хеш ва амирии аҳли дунё хостан ва дар фитна афтодан

Ҳамчу Ҳоруту чу Морути шаҳир
Аз батар хӯрданд заҳролуд тир.
Эътимоде будашон бар қудси хеш,
Чист бар шер эътимоди говмеш?
Гарчи ӯ бо шох сад чора кунад,
Шох-шохаш шери нар пора кунад.
Гар шавад пуршох ҳамчун хорпушт,
Шер хоҳад говро ночор кушт.
Гарчи сарсар бас дарахтон меканад,
Бо гиёҳи тар вай эҳсон мекунад.
Бар заъифии гиёҳ он боди тунд
Раҳм кард, эй дил, ту аз қувват малунд.
Тешаро з-анбӯҳии шохи дарахт,
Кай ҳарос ояд? Бибуррад лахт-лахт.
Лек бар барге накӯбад хешро,
Ҷуз ки бар неше накӯбад нешро.
Шӯъларо з-анбӯҳии ҳезум чӣ ғам?
Кай рамад қассоб аз хайли ғанам?
Пеши маънӣ чист сурат? Бас забун,
Чархро маъниш медорад нигун.
Ту қиёс аз чархи дулобӣ бигир,
Гардишаш аз кист? Аз ақли мушир.
Гардиши ин қолаби ҳамчун сипар
Ҳаст аз рӯҳи мусаттар, эй писар!
Гардиши ин бод аз маънии ӯст,
Ҳамчу чархе, к-он асири оби ҷӯст.
Ҷарру мадду дахлу харҷи ин нафас
Аз кӣ бошад ҷуз зи ҷони пурҳавас?
Гоҳ «ҷим»-аш мекунад, гаҳ «ҳо»-ву «дол»,
Гоҳ сулҳаш мекунад, гоҳе ҷидол.
Гаҳ яминаш мебарад, гоҳе ясор,
Гаҳ гулистонаш кунад, гоҳеш хор.
Ҳамчунин ин бодро Яздони мо
Карда буд бар Од ҳамчун аждаҳо.
Боз ҳам он бодро бар мӯъминон
Карда буд сулҳу мурооту амон,
Гуфт: «Ал-маънӣ ҳуваллаҳ» шайхи дин,
Баҳри маъниҳои раббулоламин.
Ҷумла атбоқи замину осмон
Ҳамчу хошоке дар он баҳри равон.
Ҳамлаҳову рақси хошок андар об,
Ҳам зи об омад ба вақти изтироб.
Чунки сокин хоҳадаш кард аз миро,
Сӯйи соҳил афганад хошокро.
Чун кашад аз соҳилаш дар мавҷгоҳ,
Он кунад бо ӯ, ки оташ бо гиёҳ.
Ин ҳадис охир надорад бозрон,
Ҷониби Ҳоруту Морут, эй ҷавон!

Боқиии қиссаи Ҳоруту Морут ва наколу уқубати эшон ҳам дар дунё ба чоҳи Бобил

Чун гуноҳу фисқи халқони ҷаҳон
Мешудӣ бар ҳар ду равшан он замон.
Даст хойидан гирифтандӣ зи хашм,
Лек айби худ надидандӣ ба чашм.
Хеш дар ойина дид он зиштмард,
Рӯ бигардонид аз ону хашм кард.
Хешбин чун аз касе ҷурме бидид,
Оташе дар вай зи дӯзах шуд падид.
Ҳамяти дин хонад ӯ он кибрро,
Нангарад дар хеш нафси габрро.
Ҳамяти динро нишони дигар аст,
Ки аз он оташ ҷаҳоне ахзар аст.
Гуфт Ҳақшон: «Гар шумо равшангаред,
Дар сияҳкорони муғфал мангаред.
Шукр гӯед, эй сипоҳу чокарон,
Растаед аз шаҳвату аз чоки рон.
Гар аз он маънӣ ниҳам ман бар шумо,
Мар шуморо беш напзирад само.
Исмате, ки мар шуморо дар тан аст,
Он зи акси исмату ҳифзи ман аст.
Он зи ман бинед, на-з худ ҳину ҳин!
То начарбад бар шумо деви лаъин».
Ончунон ки котиби ваҳйи расул
Дид ҳикмат дар худу нури усул,
Хешро ҳамсавти мурғони Худо
Мешумурд, он буд сафире чун садо.
Лаҳни мурғонро агар восиф шавӣ,
Бар муроди мурғ кай воқиф шавӣ?
Гар биёмӯзӣ сафири булбуле,
Ту чӣ донӣ, к-ӯ чӣ дорад бо гуле?
В-ар бидонӣ, бошад он ҳам аз гумон,
Чун зи лаб ҷунбон гумонҳои карон.

Ба иёдат рафтани кар бар ҳамсояи ранҷури хеш

Он кареро гуфт афзунмояе,
Ки туро ранҷур шуд ҳамсояе.
Гуфт бо худ кар, ки бо гӯши гарон
Ман чӣ дарёбам зи гуфти он ҷавон?
Хоса ранҷуру заифовоз шуд,
Лек бояд рафт он ҷо. Нест буд.
Чун бибинам, к-он лабаш ҷунбон шавад,
Ман қиёсе гирам онро ҳам зи х(в)ад.
Чун бигӯям: «Чунӣ, эй меҳнаткашам?»
ӯ бихоҳад гуфт: «Некам ё х(в)ашам».
Ман бигӯям: «Шукр, чӣ хӯрдӣ або?»
ӯ бигӯяд: «Шарбате ё мошбо».
Ман бигӯям: «Сиҳҳа нӯшат кист он,
Аз табибон пеши ту?» Гӯяд фалон».
Ман бигӯям: «Бас муборакпост ӯ,
Чунки ӯ омад, шавад корат накӯ».
Пойи ӯро озмудастем мо,
Ҳар куҷо шуд, мешавад ҳоҷат раво».
Ин ҷавоботи қиёсӣ рост кард,
Пеши он ранҷур шуд он некмард.
Гуфт: «Чунӣ?» Гуфт: «Мурдам». Гуфт: «Шукр»,
Шуд аз ин, ранҷур пурозору нукр.
К-ин чи шукр аст? ӯ магар бо мо бад аст?
Кар қиёсе карду он каж омадаст.
Баъд аз он гуфташ: «Чӣ хӯрдӣ?» Гуфт: «Заҳр»,
Гуфт: «Нӯшат бод». Афзун гашт қаҳр.
Баъд аз он гуфт: «Аз табибон кист ӯ,
Ки ҳамеояд ба чора пеши ту?»
Гуфт: «Азроил меояд. Бирав»,
Гуфт: «Пояш бас муборак. Шод шав».
Кар бурун омад, бигуфт ӯ шодмон:
«Шукр, к-иш кардам муроот ин замон».
Гуфт ранҷур: «Ин адувви ҷони мост,
Мо надонистем, к-ӯ кони ҷафост».
Хотири ранҷур ҷӯён шуд сақат,
То ки пайғомаш кунад аз ҳар намат.
Чун касе, ки хӯрда бошад оши бад,
Мебишӯронад дилаш, то қай кунад.
Казми ғайз ин аст онро қай макун,
То биёбӣ дар ҷазо ширин сухун.
Чун набудаш сабр, мепечид ӯ,
К-ин саги занрӯсапии ҳез ку?
То бирезем бар вай, он чӣ гуфта буд,
К-он замон шери замирам хуфта буд.
Чун иёдат баҳри дилоромӣ аст,
Ин иёдат нест, душманкомӣ аст.
То бибинад душмани худро низор,
То бигирад хотири зишташ қарор».
Бас касон, к-эшон зи тоат гумраҳанд,
Дил ба ризвону савоби он диҳанд.
Худ ҳақиқат маъсият бошад хафӣ,
Бас кадир, к-онро ту пиндорӣ сафӣ.
Ҳамчу он кар, к-ӯ ҳаме пиндоштаст,
К-ӯ накӯӣ карду он баракс ҷаст.
ӯ нишаста хуш, ки хидмат кардаам,
Ҳаққи ҳамсоя ба ҷо овардаам.
Баҳри худ ӯ оташе афрӯхтаст
Дар дили ранҷуру худро сӯхтаст.
«Фаттақу-н-нора ллати ав қадтуму,
Иннакум фи-л-маъсия из дадтуму».
Гуфт пайғамбар ба як соҳибриё:
«Салли иннак лам тусалли ё фато».
Аз барои чораи ин хавфҳо,
Омад андар ҳар намози «иҳдино».
К-ин намозамро маёмез, эй Худо,
Бо намози золину аҳли риё.
Аз қиёсе, ки бикард он кар гузин,
Сӯҳбати даҳсола ботил шуд бад-ин.
Хоса, эй хоҷа, қиёси ҳисси дун
Андар он ваҳйе, ки ҳаст аз ҳад фузун.
Гӯши ҳисси ту ба ҳарф ар дарх(в)ар аст,
Дон, ки гӯши ғайбгири ту кар аст.

Аввал касе, ки дар муқобилаи насс қиёс овард, Иблис буд

Аввал он кас, к-ин қиёсакҳо намуд
Пеши анвори Худо, Иблис буд.
Гуфт: «Нор аз хок бешак беҳтар аст,
Ман зи нору ӯ зи хоки акдар аст.
Пас қиёси фаръ бар аслаш кунем,
ӯ зи зулмат, мо зи нури равшанем».
Гуфт Ҳақ: «На, балки «ло ансоб» шуд,
Зӯҳду тақво фазлро меҳроб шуд.
Ин на мероси ҷаҳони фонӣ аст,
Ки ба ансобаш биёбӣ, ҷонӣ аст.
Балки ин меросҳои анбиёст,
Вориси ин ҷонҳои атқиёст.
Пури он Бӯҷаҳл шуд мӯъмин аён,
Пури он Нӯҳи набӣ аз гумраҳон.
Зодаи хоке мунаввар шуд чу моҳ,
Зодаи оташ туӣ, рав рӯсиёҳ.»
Ин қиёсоту таҳаррӣ рӯзи абр
Ё ба шаб мар қибларо кардаст ҳабр.
Лек бо хуршеду каъба пеши рӯ
Ин қиёсу ин таҳарриро маҷӯ.
Каъба нодида макун рӯ з-ӯ матоб
Аз қиёс «Аллоҳу аълам би-с-савоб».
Чун сафире бишнавӣ аз мурғи Ҳақ,
Зоҳирашро ёд гирӣ чун сабақ.
В-он гаҳе аз худ қиёсоте кунӣ,
Мар хаёли маҳзро зотӣ кунӣ.
Истилоҳотест мар абдолро,
Ки набошад з-он хабар ақволро.
Мантиқуттайре ба савт омӯхтӣ,
Сад қиёсу сад ҳавас афрӯхтӣ.
Ҳамчу он ранҷур дилҳо аз ту хаст,
Кар ба пиндори исобат гашта маст.
Котиби он ваҳй з-он овози мурғ
Бурда занне, к-ӯ бувад ҳамбози мурғ.
Мурғ парре зад, мар ӯро кӯр кард,
Нак фурӯ бурдаш ба қаъри маргу дард.
Ҳин, ба аксе ё ба занне ҳам шумо
Дармаяфтед аз мақомоти само.
Гарчи Ҳорутеду Моруту фузун,
Аз ҳама бар боми наҳнуссофавун.
Бар бадиҳои бадон раҳмат кунед,
Бар маниву хешбин лаънат кунед.
Ҳин, мабодо ғайрат ояд аз камин,
Сарнигун афтед дар қаъри замин.
Ҳар ду гуфтанд: «Эй Худо, фармон турост,
Бе амони ту амоне худ куҷост?»
Ин ҳамегуфтанду дилшон метапид:
«Бад куҷо ояд зи мо? Неъма-л-абид».
Хор-хори ду фаришта ҳам наҳишт,
То ки тухми хешбиниро накишт.
Пас ҳамегуфтанд, к-эй аркониён,
Бехабар аз покии рӯҳониён.
Мо бар ин гардун тутуқҳо метанем,
Бар замин оем, шодурвон занем.
Адл тӯзему ибодат оварем,
Боз ҳар шаб сӯйи гардун барпарем.
То шавем аъҷубаи даври замон,
То ниҳем андар замин амну амон.
Он қиёси ҳоли гардун бар замин,
Рост н-ояд, фарқ дорад дар камин.

Дар баёни он ки ҳоли худ ва мастии худ пинҳон бояд дошт аз ҷоҳилон
Бишнав алфози ҳакими пардаӣ:
Сар ҳамон ҷо неҳ, ки бода х(в)ардаӣ.
Чунки аз майхона масте зол шуд,
Тасхуру бозичаи атфол шуд.
Мефитад ӯ сӯ ба сӯ бар ҳар раҳе
Дар гилу механдадаш ҳар аблаҳе.
ӯ чунину кӯдакон андар паяш,
Бехабар аз мастиву завқи маяш.
Халқ атфоланд ҷуз масти Худо,
Нест болиғ ҷуз раҳида аз ҳаво.
Гуфт: «Дунё лавҳу лаъб асту шумо
Кӯдакету» рост фармояд Худо.
Аз лаъиб берун нарафтӣ кӯдаке,
Бе закоти рӯҳ кай бошӣ закӣ?
Чун ҷимоъи тифл дон ин шаҳвате,
Ки ҳамеронанд ин ҷо, эй фатӣ.
Он ҷимоъи тифл чӣ бвад? Бозие
Бо ҷимоъи Рустамеву ғозие.
Ҷанги халқон ҳамчу ҷанги кӯдакон,
Ҷумла бемаъниву бемағзу муҳон.
Ҷумла бо шамшери чӯбин ҷангашон,
Ҷумла дар «лоянфаъӣ» оҳангашон.
Ҷумлашон гашта савора бар найе,
К-ин Буроқи мост ё Дулдулпайе.
Ҳомиланду худ зи ҷаҳл афрошта,
Рокибу маҳмули раҳ пиндошта.
Бош то рӯзе, ки маҳмулони Ҳақ
Асптозон бигзаранд аз нӯҳ табақ.
«Таъруҷу-р-рӯҳу илайҳи ва-л-малак,
Мин уруҷи-р-рӯҳи яҳтарру-л-фалак».
Ҳамчу тифлон ҷумлатон домансавор,
Гӯшаи доман гирифта асбвор.
Аз Ҳақ «инна занна ло юғнӣ» расид,
Маркаби зан(н) бар фалакҳо кай давид?
«Ағлабу-з-заннайни фӣ тарҷиҳи зо
Ло тумори-ш-шамса фӣ тавзиҳиҳо».
Он гаҳе бинед маркабҳои хеш,
Маркабе созидает аз пойи хеш.
Ваҳму фикру ҳиссу идроки шумо
Ҳамчу най дон маркаби кӯдак, ҳало!
Илмҳои аҳли дил ҳаммолашон,
Илмҳои аҳли тан аҳмолашон.
Илм чун бар дил занад, ёре шавад,
Илм чун бар тан занад, боре шавад.
Гуфт Эзид: «Яҳмилу асфораҳу»
Бор бошад илм, к-он набвад зи ҳу.
Илм, к-он набвад зи ҳу бевосита,
Он напояд ҳамчу ранги мошита.
Лек чун ин борро некӯ кашӣ,
Бор баргиранду бахшандат х(в)ашӣ.
Ҳин, макаш баҳри ҳаво он бори илм,
То бибинӣ дар дарун анбори илм.
То ки бар раҳвори илм ойӣ савор,
Баъд аз он афтад туро аз дӯш бор.
Аз ҳавоҳо кай раҳӣ бе ҷоми ҳу?
Эй зи ҳу қонеъ шуда бо номи ҳу.
Аз сифат в-аз ном чӣ зояд? Хаёл
В-он хаёлаш ҳаст даллоли висол.
Дидаӣ даллоли бемадлул ҳеч?
То набошад ҷода, набвад ғул ҳеч.
Ҳеч номе бе ҳақиқат дидаӣ?
Ё зи «гоф»-у «лом»-и гул гул чидаӣ?
Исм хондӣ, рав, мусамморо биҷӯ,
Маҳ ба боло дон, на андар оби ҷӯ.
Гар зи ному ҳарф хоҳӣ бигзарӣ,
Пок кун худро зи худ, ҳин яксарӣ.
Ҳамчу оҳан з-оҳане беранг шав,
Дар риёзат ойинай безанг шав.
Хешро софӣ кун аз авсофи худ,
То бибинӣ зоти поки софи худ.
Бинӣ андар дил улуми анбиё,
Бе Китобу бе Муъиду Авсито.
Гуфт пайғамбар, ки ҳаст аз умматам,
К-ӯ бувад ҳам гавҳару ҳам ҳимматам.
Мар маро з-он нур бинад ҷонашон,
Ки ман эшонро ҳамебинам бад-он.
Бе саҳеҳайну аҳодису рувот,
Балки андар машраби оби ҳаёт.
Сирри «амсайно лакурдийан» бидон,
Рози «асбаҳно аробийан» бихон.
В-ар мисоле хоҳӣ аз илми ниҳон,
Қисса гӯ аз румиёну чиниён.

Қиссаи миро кардани румиёну чиниён дар илми наққошӣ ва суратгарӣ

Чиниён гуфтанд: «Мо наққоштар»,
Румиён гуфтанд: «Моро карру фар».
Гуфт султон: «Имтиҳон хоҳам дар ин,
К-аз шумоҳо кист дар даъво гузин?»
Аҳли Чину Рум чун ҳозир шуданд,
Румиён дар илм воқифтар буданд.
Чиниён гуфтанд: «Як хона ба мо
Хос биспореду як они шумо».
Буд ду хона муқобил, дар ба дар,
З-он яке чинӣ ситад, румӣ дигар.
Чиниён сад ранг аз шаҳ хостанд,
Пас хазина боз кард он арҷманд.
Ҳар сабоҳе аз хазина рангҳо
Чиниёнро ротиба буд аз ато.
Румиён гуфтанд: «На нақшу на ранг,
Дархур ояд корро, ҷуз дафъи занг».
Дар фурӯ бастанду сайқал мезаданд,
Ҳамчу гардун содаву софӣ шуданд.
Аз дусад ранге ба берангӣ раҳест,
Ранг чун абр асту берангӣ маҳест.
Ҳар чӣ андар абр зав биниву тоб,
Он зи ахтар дону моҳу офтоб.
Чиниён чун аз амал фориғ шуданд,
Аз пайи шодӣ дуҳулҳо мезаданд.
Шаҳ даромад, дид он ҷо нақшҳо,
Мерабуд он ақлрову фаҳмро.
Баъд аз он омад ба сӯйи румиён,
Пардаро боло кашиданд аз миён.
Акси он тасвиру он кирдорҳо,
Зад бар ин софишуда деворҳо.
Ҳар чӣ он ҷо дид, ин ҷо беҳ намуд,
Дидаро аз дидахона мерабуд.
Румиён он сӯфиёнанд, эй падар!
Бе зи такрору китобу бе ҳунар.
Лек сайқал кардаанд он синаҳо,
Пок аз озу ҳирсу бухлу кинаҳо.
Он сафои ойина, васфи дил аст,
Сурати бемунтаҳоро қобил аст.
Сурати бесурати беҳадди ғайб,
З-ойинай дил тофт бар Мӯсо зи ҷайб.
Гарчи он сурат нагунҷад дар фалак,
На ба аршу фаршу дарёву самак.
З-он ки маҳдуд асту маъдуд аст он,
Ойинай дилро набошад ҳад, бидон.
Ақл ин ҷо сокит омад ё музилл
З-он ки дил бо ӯст ё худ ӯст дил.
Акси ҳар нақше натобад то абад,
Ҷуз зи дил ҳам боадад, ҳам беадад.
То абад ҳар нақши нав, к-ояд бар ӯ,
Менамояд бе ҳиҷобе андар ӯ.
Аҳли сайқал растаанд аз бӯю ранг,
Ҳар даме бинанд хубӣ бедиранг.
Нақшу қишри илмро бигзоштанд,
Рояти айнуляқин афроштанд.
Рафт фикру рӯшноӣ ёфтанд,
Наҳру баҳри ошноӣ ёфтанд.
Марг, к-ин ҷумла аз ӯ дар ваҳшатанд,
Мекунанд ин қавм бар вай ришханд.
Кас наёбад бар дили эшон зафар,
Бар садаф ояд зарар, на бар гуҳар.
Гарчи наҳву фиқҳро бигзоштанд,
Лек маҳви фақрро бардоштанд.
То нуқуши ҳашт ҷаннат тофтаст,
Лавҳи дилшонро пазиро ёфтаст.
Бартаранд аз аршу курсиву хало,
Сокинони «мақъади сидқи» Худо.

Пурсидани пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мар Зайдро, ки имрӯз чунӣ ва чун бархостӣ? Ва ҷавоб гуфтани ӯ, ки «асбаҳту мӯъминан ё расулаллоҳ!»

Гуфт пайғамбар сабоҳе Зайдро:
«Кайфа асбаҳт, эй рафиқи босафо?»
Гуфт: «Абдан мӯъминан». Боз ӯ-ш гуфт:
«Ку нишон аз боғи имон, гар шукуфт?»
Гуфт: «Ташна будаам ман рӯзҳо,
Шаб нахуфтастам зи ишқу сӯзҳо.
То зи рӯзу шаб гузар кардам чунон,
Ки зи испар бигзарад нӯки синон.
Ки аз он сӯ ҷумлаи миллат якест,
Садҳазорон солу як соат якест.
Ҳаст азалрову абадро иттиҳод,
Ақлро раҳ нест он сӯ з-ифтиқод».
Гуфт: «Аз ин раҳ ку раҳоварде? Биёр,
Дархури фаҳму уқули ин диёр».
Гуфт: «Халқон чун бибинанд осмон,
Ман бибинам аршро бо аршиён.
Ҳашт ҷаннат, ҳафт дӯзах пеши ман
Ҳаст пайдо ҳамчу бут пеши шаман.
Як ба як вомешиносам халқро
Ҳамчу гандум ман зи ҷав дар осийо.
Ки биҳиштӣ кисту бегона кӣ аст?
Пеши ман пайдо чу мору моҳӣ аст.
Ин замон пайдо шуда бар ин гурӯҳ,
«Явма табяззу ва тасвадду вуҷӯҳ».
Пеш аз ин ҳарчанд ҷон пурайб буд,
Дар раҳим буду зи халқон ғайб буд.
«Аш-шақиййу ман шақӣ фӣ батни-л-ум,
Мин симоти-л-ҷисми юъраф ҳолуҳум».
Тан чу модар тифли ҷонро ҳомила,
Марг дарди зодан асту зилзила.
Ҷумла ҷонҳои гузашта мунтазир,
То чӣ гуна зояд он ҷони батир.
Зангиён гӯянд: «Худ аз мост ӯ»,
Румиён гӯянд: «Бас зебост ӯ».
Чун бизояд дар ҷаҳони ҷону ҷуд,
Пас намонад ихтилофи байзу суд.
Гар бувад зангӣ, барандаш зангиён,
Румро румӣ барад ҳам аз миён.
То назод ӯ, мушкилоти олам аст,
Он кӣ нозода шиносад, ӯ кам аст.
ӯ магар «янзур бинуриллаҳ» бувад,
К-андаруни пӯст ӯро раҳ бувад.
Асли оби нутфа испед асту х(в)аш,
Лек акси ҷони румиву ҳабаш
Медиҳад ранг аҳсану-т-тақвимро,
То ба асфал мебарад ин нимро.
Ин сухан поён надорад, бозрон,
То намонем аз қатори корвон.
«Явма табяззу ва тасвадду вуҷӯҳ»,
Турку ҳинду шӯҳра гардад з-он гурӯҳ.
Дар раҳим пайдо набошад ҳинду турк,
Чунки зояд, бинадаш зору сутург.
Ҷумларо чун рӯзи растохез ман
Фош мебинам аён аз марду зан.
Ҳин, бигӯям ё фурӯ бандам нафас?»
Лаб газидаш Мустафо, яъне ки бас.
«Ё расулаллаҳ, бигӯям сирри ҳашр?
Дар ҷаҳон пайдо кунам имрӯз нашр.
Ҳил маро, то пардаҳоро бардарам,
То чу хуршеде битобад гавҳарам.
То кусуф ояд зи ман хуршедро,
То намоям нахлрову бедро.
Вонамоям рози растохезро,
Нақдрову нақди қалбомезро.
Дастҳо бубрида асҳоби шимол,
Вонамоям ранги куфру ранги ол.
Вогушоям ҳафт сӯрохи нифоқ
Дар зиёи моҳ бехасфу муҳоқ.
Вонамоям ман палоси ашқиё,
Бишнавонам таблу кӯси анбиё.
Дӯзаху ҷанноту барзах дар миён,
Пеши чашми кофирон орам аён.
Вонамоям ҳавзи Кавсарро ба ҷӯш,
К-об бар рӯшон занад, бонгаш ба гӯш.
В-он касон, ки ташна бар гирдаш давон
Гаштаанд, ин дам намоям ман аён.
Мебисояд дӯшашон бар дӯши ман,
Наъраҳошон мерасад дар гӯши ман.
Аҳли ҷаннат пеши чашмам з-ихтиёр
Даркашида якдигарро дар канор.
Дасти ҳамдигар зиёрат мекунанд,
Аз лабон ҳам бӯса ғорат мекунанд.
Кар шуд ин гӯшам зи бонги оҳ-оҳ,
Аз хасону наъраи «во ҳасрато».
Ин ишоратҳост гӯям аз нуғул,
Лек метарсам зи озори расул».
Ҳамчунин мегуфт сармасту хароб,
Дод пайғамбар гиребонаш ба тоб.
Гуфт: «Ҳин, даркаш, ки асбат гарм шуд,
Акси Ҳақ «ло ястаҳи» зад, шарм шуд.
Ойинай ту ҷаст берун аз ғилоф,
Ойина-в мизон куҷо гӯяд хилоф?
Ойина-в мизон куҷо бандад нафас
Баҳри озору ҳаёи ҳеч кас?
Ойина-в мизон миҳакҳои санӣ,
Гар дусад солаш ту хидматҳо кунӣ
К-аз барои ман бипӯшон ростӣ,
Бар фузун бинмову манмо костӣ.
ӯ-т гӯяд ришу сиблат бармаханд!
Ойина-в мизону он гаҳ реву панд?
Чун Худо моро барои он фарохт,
Ки ба мо битвон ҳақиқатро шинохт.
Ин набошад, мо чӣ арзем, эй ҷавон,
Кай шавем ойини рӯйи некувон?
Лек даркаш дар намад ойинаро,
К-аз таҷаллӣ, кард Сино синаро».
Гуфт: «Охир ҳеч гунҷад дар бағал,
Офтоби Ҳаққу хуршеди азал?
Ҳам дағалро, ҳам бағалро бардарад,
На ҷунун монад ба пешаш, на хирад».
Гуфт: «Як исбаъ чу бар чашме ниҳӣ,
Бинад аз хуршед оламро тиҳӣ».
Як сари ангушт пардай моҳ шуд
В-ин нишони сотирий Аллоҳ шуд.
То бипӯшонад ҷаҳонро нуқтае,
Меҳр гардад мункасиф аз сиқтае.
Лаб бибанду ғаври дарёе нигар,
Баҳрро Ҳақ кард маҳкуми башар.
Ҳамчу чашмай Силсабилу Занҷабил,
Ҳаст дар ҳукми биҳиштии ҷалил.
Чор ҷӯйи ҷаннат андар ҳукми мост,
Ин на зӯри мо, зи фармони Худост.
Ҳар куҷо хоҳем, доремаш равон
Ҳамчу сеҳр андар муроди соҳирон.
Ҳамчу ин ду чашмаи чашми равон,
Ҳаст дар ҳукми дилу фармони ҷон.
Гар бихоҳад, рафт сӯйи заҳру мор,
В-ар бихоҳад, рафт сӯйи эътибор.
Гар бихоҳад, сӯйи маҳсусот рафт
В-ар бихоҳад, сӯйи малбусот рафт.
Гар бихоҳад, сӯйи куллийёт ронд
В-ар бихоҳад, ҳабси ҷузвийёт монд.
Ҳамчунин ҳар панҷ ҳис чун ноиза
Бар муроду амри дил шуд ҷоиза.
Ҳар тараф, ки дил ишорат кардашон,
Меравад ҳар панҷ ҳис доманкашон.
Дасту по дар амри дил андар мало,
Ҳамчу андар дасти Мӯсо он асо.
Дил бихоҳад, по дарояд з-ӯ ба рақс,
Ё гурезад сӯйи афзунӣ зи нақс.
Дил бихоҳад, даст ояд дар ҳисоб,
Бо собеъ, то нависад ӯ китоб.
Даст дар дасти ниҳонӣ мондааст,
ӯ дарун, танро бурун биншондааст.
Гар бихоҳад, бар адӯ море шавад
В-ар бихоҳад, бар валӣ ёре шавад.
В-ар бихоҳад, кафчае дар хурданӣ
В-ар бихоҳад, ҳамчу гурзи даҳманӣ.
Дил чӣ мегӯяд бад-эшон? Эй аҷаб!
Турфа васлат, турфа пинҳонӣ сабаб.
Дил магар мӯҳри Сулаймон ёфтаст?
Ки маҳори панҷ ҳис бартофтаст.
Панҷ ҳиссе аз бурун майсури ӯ,
Панҷ ҳиссе аз дарун маъмури ӯ.
Даҳ ҳис асту ҳафт андому дигар,
Он чӣ андар гуфт н-ояд, мешумар.
Чун Сулаймонӣ, дило, дар меҳтарӣ
Бар париву дев зан ангуштарӣ.
Гар дар ин мулкат барӣ бошӣ зи рев,
Хотам аз дасти ту настонад се дев.
Баъд аз он олам бигирад исми ту,
Ду ҷаҳон маҳкуми ту, чун ҷисми ту.
В-ар зи дастат дев хотамро бибурд,
Подшоҳӣ фавт шуд, бахтат бимурд.
Баъд аз он «ё ҳасрато» шуд «ё ибод»,
Бар шумо маҳтум то «явма-т-танод».
Макри худро гар ту инкор оварӣ,
Аз тарозу в-ойина кай ҷон барӣ?

Муттаҳам кардани ғуломону хоҷатошон мар Луқмонро, ки он меваҳои тарванда, ки меовардем, ӯ хӯрдааст

Буд Луқмон пеши хоҷай хештан,
Дар миёни бандагонаш хортан.
Мефиристод ӯ ғуломонро ба боғ,
То ки мева оядаш баҳри фароғ.
Буд Луқмон дар ғуломон чун туфайл,
Пурмаъонӣ, тирасурат, ҳамчу лайл.
Он ғуломон меваҳои ҷамъро
Хуш бихӯрданд аз наҳиби тамъро.
Хоҷаро гуфтанд: «Луқмон хӯрд он»,
Хоҷа бар Луқмон туруш гашту гарон.
Чун тафаҳҳус кард Луқмон аз сабаб,
Дар итоби хоҷааш, бигшод лаб:
Гуфт Луқмон: «Саййдо, пеши Худо
Бандаи хоин набошад муртазо.
Имтиҳон кун ҷумламонро, эй карим,
Серамон дардеҳ ту аз оби ҳамим.
Баъд аз он моро ба саҳрое калон,
Ту савора, мо пиёда медавон.
Онгаҳон бингар ту бадкирдорро,
Сунъҳои кошифуласрорро».
Гашт соқӣ хоҷа аз оби ҳамим
Мар ғуломонрову хӯрданд он зи бим.
Баъд аз он мерондашон дар даштҳо,
Медавиданд он нуфар таҳту уло.
Қай дарафтоданд эшон аз ано,
Об меовард з-эшон меваҳо.
Чунки Луқмонро даромад қай зи ноф,
Мебаромад аз дарунаш оби соф.
Ҳикмати Луқмон чу донад ин намуд,
Пас чӣ бошад ҳикмати раббулвуҷуд?
«Явма тубло ва-с-сароир куллуҳо,
Бона минкум коминун ло юштаҳо».
Чун «суқу моъун ҳамиман, қуттиат,
Ҷумлату-л-астори, миммо уфзиат».
Нор з-он омад азоби кофирон,
Ки ҳаҷарро нор бошад имтиҳон.
Он дили чун сангро мо чанд-чанд,
Нарм гуфтему намепазруфт панд.
Реши бадро доруи бад ёфт раг,
Мар сари харро сари дандони саг.
«Ал-хабисот ал-хабисин», ҳикмат аст,
Зиштро ҳам зишт ҷуфту бобат аст.
Пас, ту ҳар ҷуфте, ки мехоҳӣ, бирав,
Маҳву ҳамшаклу сифоти ӯ бишав.
Нур хоҳӣ, мустаъидди нур шав,
Дур хоҳӣ, хеш бину дур шав.
В-ар раҳе хоҳӣ аз ин сиҷни хариб,
Сар макаш аз дӯст «в-асҷуд в-ақтариб».

Бақияи қиссаи Зайд дар ҷавоби расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам
Ин сухан поён надорад, хез, Зайд,
Бар буроқи нотиқа барбанд қайд.
Нотиқа чун фозеҳ омад айбро,
Медаронад пардаҳои ғайбро.
Ғайб матлуби Ҳақ омад чанд гоҳ,
Ин дуҳулзанро бирон, барбанд роҳ.
Так марон, даркаш инон, мастур беҳ,
Ҳар кас аз пиндори худ масрур беҳ.
Ҳақ ҳамехоҳад, ки навмедони ӯ
З-ин ибодат ҳам нагардонанд рӯ.
Ҳам ба уммеде мушарраф мешаванд,
Чанд рӯзе дар рикобаш медаванд.
Хоҳад он раҳмат битобад бар ҳама
Бар баду нек, аз умуми марҳама.
Ҳақ ҳамехоҳад, ки ҳар миру асир
Бо риҷову хавф бошанду ҳазир.
Ин риҷову хавф дар парда бувад,
То паси ин парда парварда шавад.
Чун даридӣ парда, ку хавфу риҷо?
Ғайбро шуд карру фарре бармало.
Бар лаби ҷӯ бурд занне як фато,
Ки Сулаймон аст моҳигири мо.
Гар вай аст ин, аз чӣ фард асту хафист?
В-арна симои сулаймониш чист?
Андар ин андеша мебуд ӯ дудил,
То Сулаймон гашт шоҳу мустақил.
Дев рафт, аз мулку тахти ӯ гурехт,
Теғи бахташ хуни он шайтон бирехт.
Кард дар ангушти худ ангуштарӣ,
Ҷамъ омад лашкари деву парӣ.
Омаданд аз баҳри наззора риҷол,
Дар миёншон он ки буд соҳибхиёл.
Чун дар ангушташ бидид ангуштарӣ,
Рафт андеша-в гумонаш яксарӣ.
Ваҳм он гоҳ аст, к-он пӯшида аст,
Ин таҳаррӣ аз пайи нодида аст.
Шуд хаёли ғоиб андар сина зафт,
Чунки ҳозир шуд, хаёли ӯ бирафт.
Гар самои нур беборида нест,
Ҳам замини тор беболида нест.
«Юъминун билғайб» мебояд маро,
З-он бибастам равзани фонисаро.
Чун шикофам осмонро дар зуҳур,
Чун бигӯям: «ҳал таро фиҳо футур?»
То дар ин зулмат таҳаррӣ густаранд,
Ҳар касе рӯ ҷонибе меоваранд.
Муддате маъкус бошад корҳо,
Шаҳнаро дузд оварад бар дорҳо.
То ки бас султону олиҳиммате
Бандаи бандай худ ояд муддате.
Бандагӣ дар ғайб ояд хубу каш,
Ҳифзи ғайб ояд дар истеъбод х(в)аш.
Ку ки мадҳи шоҳ гӯяд пеши ӯ,
То ки дар ғайбат бувад ӯ шармрӯ?
Қалъадоре, к-аз канори мамлакат,
Дур аз султону сояй салтанат.
Пос дорад қалъаро аз душманон,
Қалъа нафрӯшад ба моле бекарон.
Ғойиб аз шаҳ дар канори сағрҳо,
Ҳамчу ҳозир ӯ нигаҳ дорад вафо.
Пеши шаҳ ӯ беҳ бувад аз дигарон,
Ки ба хидмат ҳозиранду ҷонфишон.
Пас ба ғайбат нимзарра ҳифзкор,
Беҳ ки андар ҳозирӣ з-он сад ҳазор.
Тоату имон кунун маҳмуд шуд,
Баъди марг андар аён мардуд шуд.
Чунки ғайбу ғойибу рӯпӯш беҳ,
Пас лабон барбанду лаб хомӯш беҳ.
Эй бародар, даст во дор аз сухун,
Худ ҷудо пайдо кунад илми ладун.
Пас бувад хуршедро рӯяш гувоҳ,
«Аййу шайъин аъзаму-ш-шоҳид? Илоҳ».
На, бигӯям чун қарин шуд дар баён,
Ҳам Худову ҳам малак, ҳам олимон:
«Яшҳадуллаҳ ва-л-малак в-аҳлу-л-улум,
Аннаҳу ло рабба илло ман ядум».
Чун гувоҳӣ дод Ҳақ, кӣ бвад малак,
То шавад андар гувоҳӣ муштарак?
З-он ки шаъшоъу ҳузури офтоб
Барнатобад чашму дилҳои хароб.
Чун хуфоше, к-ӯ тафи хуршедро
Барнатобад, бискулад уммедро.
Пас малойикро чу мо ҳамёр дон,
Ҷилвагар хуршедро бар осмон.
К-ин зиё мо з-офтобе ёфтем,
Чун халифа бар заифон тофтем.
Чун маҳи нав ё серӯза ё ки бадр,
Ҳар малак дорад камолу нуру қадр.
З-аҷниҳай нури сулоса ав рубоъ
Бар маротиб ҳар малакро з-он шуъоъ.
Ҳамчу парҳои уқули инсиён,
Ки басе фарқ асташон андар миён.
Пас қарини ҳар башар дар неку бад
Он малак бошад, ки монандаш бувад.
Чашми аъмаш чунки хурро барнатофт,
Ахтар ӯро шамъ шуд, то раҳ биёфт.

Гуфтани пайғомбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мар Зайдро, ки ин сирро фоштар аз ин магӯ ва мутобиат нигоҳ дор

Гуфт пағамбар ки асҳоби нуҷум
Раҳравонро шамъу шайтонро руҷум.
Ҳар касеро гар будӣ он чашму зӯр,
К-ӯ гирифтӣ з-офтоби чарх нур,
Кай ситора ҳоҷат астӣ, эй залил,
Ки будӣ бар нури хуршед ӯ далел?
Моҳ мегӯяд ба хоку абру фай,
Ман башар будам, вале «юҳо илай».
Чун шумо торик будам дар ниҳод,
Ваҳйи хуршедам чунин нуре бидод.
Зулмате дорам ба нисбат бо шумус,
Нур дорам баҳри зулмоти нуфус.
З-он заифам то ту тобе оварӣ,
Ки на марди офтоби анварӣ.
Ҳамчу шаҳду сирка дарҳам бофтам,
То суйи ранҷи ҷигар раҳ ёфтам.
Чун зи иллат вораҳидӣ, эй раҳин,
Сиркаро бигзору мехур ангубин.
Тахти дил маъмур шуд пок аз ҳаво,
Бин ки «арраҳмон ала-л-арш иставо».
Ҳукм бар дил баъд аз ин бевосита
Ҳақ кунад, чун ёфт дил ин робита.
Ин сухан поён надорад, Зайд ку?
То диҳам пандаш, ки расвоӣ маҷӯ.

Руҷӯъ ба ҳикояти Зайд

Зайдро акнун наёбӣ, к-ӯ гурехт,
Ҷаст аз саффи ниъолу наъл рехт.
Ту кӣ бошӣ? Зайд ҳам худро наёфт,
Ҳамчу ахтар, ки бар ӯ хуршед тофт.
На аз ӯ нақше биёбӣ, на нишон,
На каҳе ёбӣ на роҳи каҳкашон.
Шуд ҳавосу нутқи бобоёни мо
Маҳви нури дониши султони мо.
Ҳиссҳову ақлҳошон дар дарун,
Мавҷ дар мавҷи «ладайно муҳзарун».
Чун биёяд субҳ, вақти бор шуд,
Анҷуми пинҳоншуда бар кор шуд.
Беҳушонро водиҳад Ҳақ ҳушҳо,
Ҳалқа-ҳалқа ҳалқаҳо дар гӯшҳо.
Пойкӯбон, дастафшон дар сано,
Ноз-нозон: «раббано аҳйайтано».
Он ҷулуду он изоми рехта
Форисон гашта, ғубор ангехта.
Ҳамла оранд аз адам сӯйи вуҷуд,
Дар қиёмат, ҳам шакуру ҳам кануд.
Сар чӣ мепечӣ? Кунӣ нодидаӣ,
Дар адам з-аввал на сар печидаӣ?
Дар адам афшурда будӣ пойи хеш,
Ки маро кай барканад аз ҷойи хеш?
Менабинӣ сунъи раббонитро,
Ки кашид ӯ мӯйи пешонитро?
То кашидам андар ин анвоъи ҳол,
Ки набудат дар гумону дар хиёл.
Он адам, ӯро ҳамора банда аст,
Кор кун дево! Сулаймон зинда аст.
Дев месозад «ҷифонин калҷавоб»,
Заҳра на, то дафъ гӯяд ё ҷавоб?
Хешро бин чун ҳамеларзӣ зи бим?
Мар адамро низ ларзон дон муқим.
В-ар ту даст андар муносиб мезанӣ,
Ҳам зи тарс аст он ки ҷоне меканӣ.
Ҳар чӣ ҷуз ишқи Худои аҳсан аст,
Гар шакархорист, он ҷон кандан аст.
Чист ҷон кандан? Суйи марг омадан,
Даст дар оби ҳаёте нозадан.
Халқро ду дида дар хоку мамот
Сад гумон доранд дар оби ҳаёт.
Ҷаҳд кун то сад гумон гардад навад,
Шаб бирав в-ар ту бихусбӣ шаб равад.
Дар шаби торик ҷӯй он рӯзро,
Пеш кун он ақли зулматсӯзро.
Дар шаби бадранг бас некӣ бувад,
Оби ҳайвон ҷуфти торикӣ бувад.
Сар зи хуфтан кай тавон бардоштан?
Бо чунин сад тухми ғафлат коштан.
Хобмурда, луқмамурда ёр шуд,
Хоҷа хуфту дузди шаб бар кор шуд.
Ту намедонӣ, ки хасмонат киянд,
Нориёни хасми ҷуди хокиянд.
Нор хасми обу фарзандони ӯст,
Ҳамчунон ки об хасми ҷони ӯст.
Об оташро кушад, зеро ки ӯ
Хасми фарзандони об асту адӯ.
Баъд аз он ин нор нори шаҳват аст,
К-андар ӯ асли гуноҳу заллат аст.
Нори берунӣ ба обе бифсурад,
Нори шаҳват то ба дӯзах мебарад.
Нори шаҳват менаёромад ба об,
З-он ки дорад табъи дӯзах дар азоб.
Нори шаҳватро чӣ чора? Нури дин,
«Нурукум итфоъу нори-л-кофирин».
Чӣ кушад ин норро? Нури Худо,
Нури Иброҳимро соз усто.
То зи нори нафси чун Намруди ту
Вораҳад ин ҷисм ҳамчун уди ту.
Шаҳвати норӣ ба рондан кам нашуд,
ӯ ба мондан кам шавад бе ҳеч буд.
То ки ҳезум мениҳӣ бар оташе,
Кай бимирад оташ аз ҳезумкашӣ?
Чунки ҳезум бозгирӣ, нор мурд,
З-он ки тақво об сӯйи нор бурд.
Кай сияҳ гардад зи оташ рӯйи хуб,
К-ӯ ниҳад гулгуна аз тақви-л-қулуб?

Оташ афтодан дар шаҳр ба айёми Умар, разийаллоҳу анҳу

Оташе афтод дар аҳди Умар,
Ҳамчу чӯби хушк мехӯрд ӯ ҳаҷар.
Дарфитод андар бинову хонаҳо,
То зад андар парри мурғу лонаҳо.
Ними шаҳр аз шӯълаҳо оташ гирифт,
Об метарсид аз ону мешигифт.
Машкҳои обу сирка мезаданд
Бар сари оташ касони ҳушманд.
Оташ аз истеза афзун мешудӣ,
Мерасид ӯро мадад аз беҳадӣ.
Халқ омад ҷониби Уммар шитоб,
К-оташи мо менамирад ҳеч аз об.
Гуфт: «Он оташ зи оёти Худост,
Шӯълае аз оташи бухли шумост.
Обу сирка чист? Нон қисмат кунед,
Бухл бигзоред, агар оли манед».
Халқ гуфтандаш, ки дар бигшудаем,
Мо сахӣ в-аҳли футувват будаем.
Гуфт: «Нон дар расму одат додаед,
Даст аз баҳри Худо нагшодаед.
Баҳри фахру баҳри бавшу баҳри ноз,
Н-аз барои тарсу тақвову ниёз».
Мол тухм асту ба ҳар шӯра манеҳ,
Теғро дар дасти ҳар раҳзан мадеҳ,
Аҳли динро боздон аз аҳли кин,
Ҳамнишини Ҳақ биҷӯ, бо ӯ нишин.
Ҳар касе бар қавми худ исор кард,
Коға пиндорад, ки ӯ худ кор кард.

Худу андохтани хасм дар рӯйи амирулмӯъминин Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳу ва андохтани амирулмӯъминин Алӣ шамшер аз даст

Аз Алӣ омӯз ихлоси амал,
Шери Ҳақро дон мутаҳҳар аз дағал.
Дар ғазо бар паҳлавоне даст ёфт,
Зуд шамшере бароварду шитофт.
ӯ худу андохт дар рӯйи Алӣ,
Ифтихори ҳар набиву ҳар валӣ.
Он худу зад бар рухе, ки рӯйи моҳ
Саҷда орад пеши ӯ дар саҷдагоҳ.
Дар замон андохт шамшер он Алӣ,
Кард ӯ андар ғазоаш коҳилӣ.
Гашт ҳайрон он мубориз з-ин амал
В-аз намудан афву раҳмат бемаҳал.
Гуфт: «Бар ман теғ низ афроштӣ,
Аз чӣ афгандӣ? Маро бигзоштӣ?
Он чӣ дидӣ беҳтар аз пайкори ман?
То шудӣ ту суст дар ишколи ман.
Он чӣ дидӣ, ки чунин хашмат нишаст?
То чунон барқе намуду бозҷаст.
Он чӣ дидӣ? Ки маро з-он акси дид
Дар дилу ҷон шӯълае омад падид.
Он чӣ дидӣ бартар аз кавну макон,
Ки беҳ аз ҷон буду бахшидим ҷон.
Дар шуҷоат шери раббонистӣ,
Дар мурувват худ кӣ донад, кистӣ.
Дар мурувват абри Мӯсоӣ ба теҳ,
К-омад аз вай хону нони бешабеҳ.
Абрҳо гандум диҳад, к-онро ба ҷаҳд
Пухтаву ширин кунад мардум чу шаҳд.
Абри Мӯсо парри раҳмат баргушод,
Пухтаву ширини безаҳмат бидод.
Аз барои пухтахорони карам
Раҳматаш афрохт дар олам алам.
То чиҳил сол он вазифа в-он ато
Кам нашуд як рӯз з-он аҳли риҷо.
То ҳам эшон аз хасисӣ хостанд,
Ганданову тарраву хас хостанд.
Уммати Аҳмад, ки ҳастед аз киром,
То қиёмат ҳаст боқӣ он таъом.
Чун «абиту инда раббӣ» фош шуд,
«Бутъиму юсқӣ» киноятзо-ш шуд.
Ҳеч бетаъвил инро дарпазир,
То дарояд дар гулӯ чун шаҳду шир.
З-он ки таъвил аст вододи ато,
Чунки бинад он ҳақиқатро хато.
Он хато дидан зи заъфи ақли ӯст,
Ақли кул мағз асту ақли ҷузв пӯст.
Хешро таъвил кун, н-ахборро,
Мағзро бад гӯй, на гулзорро.
Эй Алӣ, ки ҷумла ақлу дидаӣ,
Шаммае вогӯ аз он чӣ дидаӣ.
Теғи ҳилмат ҷони моро чок кард,
Оби илмат хоки моро пок кард.
Бозгӯ, донам, ки ин асрори ҳуст,
З-он ки бешамшер куштан кори ӯст.
Сонеъи беолату беҷориҳа,
Воҳиби ин ҳадяҳои роҷиҳа.
Садҳазорон мечашонад ҳушро,
Ки хабар набвад ду чашму гӯшро.
Бозгӯ, эй бози арши хушшикор,
То чӣ дидӣ ин замон аз кирдгор?
Чашми ту идроки ғайб омӯхта,
Чашмҳои ҳозирон бардӯхта.
Он яке моҳе ҳамебинад аён
В-он яке торик мебинад ҷаҳон.
В-он яке се моҳ мебинад ба ҳам,
Ин се кас биншаста як мавзеъ, наъам.
Чашми ҳар се бозу гӯши ҳар се тез,
Дар ту овезону аз ман даргурез.
Сеҳри айн аст ин, аҷаб лутфи хафист,
Бар ту нақши гургу бар ман Юсуфест.
Олам ар ҳаҷдаҳ ҳазор асту фузун,
Ҳар назарро нест ин ҳаҷдаҳ забун.
Роз бигшо, эй Алии Муртазо,
Эй паси «суъу-л-қазо ҳусну-л-қазо».
Ё ту вогӯ, он чӣ ақлат ёфтаст,
Ё бигӯям, он чӣ бар ман тофтаст.
Аз ту бар ман тофт, чун дорӣ ниҳон?
Мефишонӣ нур чун маҳ безабон.
Лек агар дар гуфт ояд қурси моҳ,
Шабравонро зудтар орад ба роҳ.
Аз ғалат эмин шаванду аз дуҳул,
Бонги маҳ ғолиб шавад бар бонги ғул.
Моҳ бе гуфтан чу бошад раҳнамо,
Чун бигӯяд, шуд зиё андар зиё.
Чун ту бобӣ он мадинай илмро,
Чун шуъоӣ офтоби ҳилмро.
Боз бош, эй боб, бар ҷӯёйи боб,
То расад аз ту қушур андар лубоб.
Боз бош, эй боби раҳмат то абад,
Боргоҳи «мо лаҳу куфван аҳад».
Ҳар ҳавову заррае худ манзарест,
То гушода кай гувад, к-он ҷо дарест.
То бинагшояд дареро дидбон,
Дар дарун ҳаргиз наҷунбад ин гумон.
Чун гушода шуд даре, ҳайрон шавад,
Мурғи уммеду тамаъ паррон шавад.
Ғофиле ногаҳ ба вайрон ганҷ ёфт,
Сӯйи ҳар вайрон аз он пас мешитофт.
То зи дарвеше наёбӣ ту гуҳар,
Кай гуҳар ҷӯйӣ зи дарвеше дигар?
Солҳо гар зан давад бо пойи хеш,
Нагзарад з-ишкофи биниҳои хеш.
То ба бинӣ н-оядат аз ғайб бӯ,
Ғайри бинӣ ҳеч мебинӣ? Бигӯ.

Суол кардани он кофир аз Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳу, ки бар чун мане музаффар шудӣ, шамшер аз даст чун андохтӣ?
Пас бигуфт он навмусулмони валӣ
Аз сари мастиву лаззат бо Алӣ.
Ки бифармо, ё амиралмӯъминин,
То биҷунбад ҷон ба тан – дар чун ҷанин.
Ҳафт ахтар ҳар ҷанинро муддате
Мекунанд, эй ҷон, ба навбат хидмате.
Чунки вақт ояд, ки ҷон гирад ҷанин,
Офтобаш он замон гардад муъин.
Ин ҷанин дар ҷунбиш ояд з-офтоб,
К-офтобаш ҷон ҳамебахшад шитоб.
Аз дигар анҷум ба ҷуз нақше наёфт,
Ин ҷанин, то офтобаш барнатофт.
Аз кадомин раҳ тааллуқ ёфт ӯ
Дар раҳим бо офтоби хубрӯ?
Аз раҳи пинҳон, ки дур аз ҳисси мост,
Офтоби чархро бас роҳҳост.
Он раҳе, ки зар биёбад қут аз ӯ
В-он раҳе, ки санг шуд ёқут аз ӯ.
Он раҳе, ки сурх созад лаълро
В-он раҳе, ки барқ бахшад наълро.
Он раҳе, ки пухта созад меваро
В-он раҳе, ки дил диҳад колеваро.
Бозгӯ, эй бози парафрохта,
Бо шаҳу бо соидаш омӯхта.
Бозгӯ, эй бози анқогири шоҳ,
Эй сипоҳишкан ба худ, на бо сипоҳ.
Уммати ваҳде якеву сад ҳазор,
Боз гӯ, эй банда бозатро шикор.
Дар маҳалли қаҳр ин раҳмат зи чист?
Аждаҳоро даст додан роҳи кист?

Ҷавоб гуфтани амирулмӯъминин, ки сабаби афгандани шамшер аз даст чӣ будааст дар он ҳолат?

Гуфт: «Ман теғ аз пайи Ҳақ мезанам,
Бандаи ҳаққам, на маъмури танам.
Шери Ҳаққам, нестам шери ҳаво,
Феъли ман бар дини ман бошад гуво».
«Мо рамайта из рамайт»-ам дар ҳироб,
Ман чу теғам, в-он зананда офтоб.
Рахти «худ»-ро ман зи раҳ бардоштам,
Ғайри Ҳақро ман адам ангоштам.
Сояеам, кадхудоям офтоб,
Ҳоҷибам ман, нестам ӯро ҳиҷоб.
Ман чу теғам пур гуҳарҳои висол,
Зинда гардонам, на кушта дар қитол.
Хун напӯшад гавҳари теғи маро,
Бод аз ҷо кай барад меғи маро?
Каҳ наям, кӯҳам зи ҳилму сабру дод,
Кӯҳро кай даррубояд тундбод?
Он кӣ аз боде равад аз ҷо, хасест,
З-он ки боди номувофиқ худ басест.
Боди хашму боди шаҳват, боди оз
Бурд ӯро, ки набуд аҳли намоз.
Кӯҳаму ҳастии ман бунёди ӯст
В-ар шавам чун коҳ, бодам ёди ӯст.
Ҷуз ба боди ӯ наҷунбад майли ман,
Нест ҷуз ишқи аҳад сархайли ман.
Хашм бар шоҳон шаҳу моро ғулом,
Хашмро ҳам бастаам зери лагом.
Теғи ҳилмам гардани хашмам задаст,
Хашми Ҳақ бар ман чу раҳмат омадаст.
Ғарқи нурам гарчи сақфам шуд хароб,
Равза гаштам, гарчи ҳастам Бӯтуроб.
Чун даромад иллате андар ғазо,
Теғро дидам ниҳон кардан сазо.
То «аҳабба лиллаҳ» ояд номи ман,
То ки «абғаз лиллаҳ» ояд коми ман.
То ки «аъто лиллаҳ» ояд ҷуди ман,
То ки «амсак лиллаҳ» ояд буди ман.
Бухли «ман лиллаҳ», «ато лиллоҳ»-у бас,
Ҷумла «лиллоҳам», наям ман они кас.
В-он чӣ «лиллаҳ» мекунам, тақлид нест,
Нест тахйилу гумон, ҷуз дид нест.
З-иҷтиҳоду аз таҳаррӣ растаам,
Остин бар домани Ҳақ бастаам.
Гар ҳамепаррам, ҳамебинам матор
В-ар ҳамегардам, ҳамебинам мадор.
В-ар кашам боре, надонам то куҷо,
Моҳаму хуршед пешам пешво.
Беш аз ин бо халқ гуфтан рӯй нест,
Баҳрро гунҷоӣ андар ҷӯй нест.
Паст мегӯям ба андозай уқул,
Айб набвад, ин бувад кори расул.
Аз ғараз ҳуррам, гувоҳӣ ҳур шунав,
Ки гувоҳи бандагон н-арзад ду ҷав.
Дар шариат мар гувоҳӣ бандаро,
Нест қадре вақти даъвиву қазо.
Гар ҳазорон банда бошандат гувоҳ,
Барнасанҷад шаръ эшонро ба коҳ.
Бандаи шаҳват батар наздики Ҳақ,
Аз ғулому бандагони мустарақ.
К-ин ба як лафзе шавад аз хоҷа ҳур
В-он зияд ширину мирад сахтмур.
Бандаи шаҳват надорад худ халос,
Ҷуз ба фазли Эзиду инъоми хос.
Дар чаҳе афтод, к-онро ғавр нест
В-он гуноҳи ӯст, ҷабру ҷавр нест
Дар чаҳе андохт ӯ худро ки ман,
Дархури қаъраш намеёбам расан.
Бас кунам, гар ин сухан афзун шавад,
Худ ҷигар чӣ бвад? Ки хоро хун шавад.
Ин ҷигарҳо хун нашуд, н-аз сахтӣ аст,
Ғафлату машғуливу бадбахтӣ аст.
Хун шавад рӯзе, ки хунаш суд нест,
Хун шав, он вақте ки хун мардуд нест.
Чун гувоҳий бандагон мақбул нест,
Ақл ӯ бошад, ки бандай ғул нест.
Гашт «арсалнока шоҳид» дар нузур,
З-он ки буд аз кавн ӯ ҳур ибни ҳур.
Чунки ҳуррам, хашм кай бандад маро?
Нест ин ҷо ҷуз сифоти Ҳақ, даро.
Андаро, к-озод кардат фазли Ҳақ,
З-он ки раҳмат дошт бар хашмаш сабақ.
Андаро, акнун ки растӣ аз хатар,
Санг будӣ, кимиё кардат гуҳар.
Растаӣ аз куфру хористони ӯ,
Чун гуле бишкуф ба сарвистони ҳу.
Ту маниву ман туам, эй мӯҳташам!
Ту Алӣ будӣ, Алиро чун кушам?
Маъсият кардӣ беҳ аз ҳар тоате,
Осмон паймудаӣ дар соате.
Бас хуҷаста маъсият, к-он кард мард,
На зи хоре бардамад авроқи вард?
Не гуноҳи Уммару қасди расул,
Мекашидаш то ба даргоҳи қабул?
На ба сеҳри соҳирон фиръавнашон,
Мекашиду гашт давлат авнашон?
Гар набудӣ сеҳрашону он ҷуҳуд,
Кай кашидишон ба Фиръавни ануд?
Кай бидидандӣ асову мӯъҷизот?
Маъсият тоат шуд, эй қавми усот?
Ноумедиро Худо гардан задаст,
Чун гунаҳ монанди тоат омадаст.
Чун мубаддал мекунад ӯ саййиот,
Тоатеаш мекунад рағми вушот.
З-ин шавад марҷум шайтони раҷим
В-аз ҳасад ӯ битрақад, гардад дуним.
ӯ бикӯшад, то гуноҳе парварад,
З-он гунаҳ моро ба чоҳе оварад.
Чун бибинад, к-он гунаҳ шуд тоате,
Гардад ӯро номуборак соате.
Андаро, ман даргушодам мар туро,
Туф задиву тӯҳфа додам мар туро.
Мар ҷафогарро чунинҳо медиҳам,
Пеши пойи чап чӣ сон сар мениҳам?
Пас вафогарро чӣ бахшам? Ту бидон:
Ганҷҳову мулкҳои ҷовидон.

Гуфтани пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба гӯши рикобдори амирулмӯъминин Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳу, ки куштани Алӣ бар дасти ту хоҳад будан, хабарат кардам

Ман чунон мардам, ки бар хунии хеш
Нӯши лутфи ман нашуд дар қаҳр неш.
Гуфт пайғамбар ба гӯши чокарам,
К-ӯ бурад рӯзе зи гардан ин сарам.
Кард огаҳ он расул аз ваҳйи дӯст,
Ки ҳалокам оқибат бар дасти ӯст.
ӯ ҳамегӯяд: «Бикуш пешин маро,
То наёяд аз ман ин мункар хато».
Ман ҳамегӯям: «Чу марги ман зи туст,
Бо қазо ман чун тавонам ҳила ҷуст?»
ӯ ҳамеафтад ба пешам, к-эй карим!
Мар маро кун аз барои Ҳақ дуним.
То наояд бар ман ин анҷоми бад,
То насӯзад ҷони ман бар ҷони х(в)ад».
Ман ҳамегӯям: «Бирав, ҷаффа-л-қалам,
З-он қалам, бас сариагун гардад алам.
Ҳеч буғзе нест дар ҷонам зи ту,
З-он ки инро ман намедонам зи ту.
Олати ҳаққӣ ту, фоил дасти Ҳаққ,
Чун занам бар олати Ҳақ таъну даққ?»
Гуфт ӯ: «Пас он қисос аз баҳри чист?»
Гуфт: «Ҳам аз Ҳаққу он сирри хафист.
Гар кунад бар феъли худ ӯ эътироз,
З-эътирози худ бирӯёнад риёз.
Эътироз ӯро расад бар феъли х(в)д,
З-он ки дар қаҳр асту дар лутф ӯ аҳад.
Андар ин шаҳри ҳаводис мир ӯст,
Дар мамолик молики тадбир ӯст.
Олати худро агар ӯ бишканад,
Он шикастагаштаро некӯ кунад.
Рамзи «нансах оятан ав нунсиҳо,
Наъти хайран» дар ақиб медон, меҳо!
Ҳар шариатро, ки Ҳақ мансух кард,
ӯ гиё бурду иваз овард вард.
Шаб кунад мансух шуғли рӯзро,
Бин ҷамодии хирадафрӯзро.
Боз шаб мансух шуд аз нури рӯз,
То ҷамодӣ сӯхт з-он оташфурӯз.
Гарчи зулмат омад он навму субот,
На даруни зулмат аст оби ҳаёт?
На дар он зулмат хирадҳо тоза шуд?
Сактае сармояи овоза шуд?
Ки зи зидҳо зиддҳо омад падид,
Дар сувайдо рӯшноӣ офарид.
Ҷанги пайғамбар мадори сулҳ шуд,
Сулҳи ин охирзамон з-он ҷанг буд.
Садҳазорон сар бурид он дилситон,
То амон ёбад сари аҳли ҷаҳон.
Боғбон з-он мебурад шохи музирр,
То биёбад нахл қоматҳову бирр.
Мебурад аз боғ, доно он ҳашиш,
То намояд боғу мева, хуррамиш.
Меканад дандони бадро он табиб,
То раҳад аз дарду беморӣ ҳабиб.
Пас зиёдатҳо даруни нақсҳост,
Мар шаҳидонро ҳаёт андар фаност.
Чун бурида гашт халқи ризқхор,
«Юрзақуна фарриҳина» шуд гувор.
Ҳалқи ҳайвон чун бурида шуд ба адл,
Ҳалқи инсон русту афзунид фазл.
Ҳалқи инсон чун бибуррад, ҳин, бибин,
То чӣ зояд? Кун қиёси он бар ин:
Ҳалқи солис зояду темори ӯ,
Шарбати Ҳақ бошаду анвори ӯ.
Ҳалқи бубрида хурад шарбат, вале
Ҳалқи аз «ло» раста, мурда дар «бале».
Бас кун, эй дунҳиммати кӯтаҳбанон,
То кайат бошад ҳаёти ҷон ба нон?
З-он надорӣ мевае, монанди бед,
К-обрӯ бурдӣ пайи нони сапед.
Гар надорад сабр з-ин нон ҷони ҳис,
Кимиёро гиру зар гардон ту мис.
Ҷомашӯӣ кард хоҳӣ, эй фалон!
Рӯ магардон аз маҳалли гозурон.
Гарчи нон бишкаст мар рӯзай туро,
Дар шикастабанд печу бартар о.
Чун шикастабанд омад дасти ӯ,
Пас руфӯ бошад яқин ишкасти ӯ.
Гар ту ӯро бишканӣ, гӯяд: «Биё,
Ту дурусташ кун», надорӣ дасту по.
Пас шикастан ҳаққи ӯ бошад, ки ӯ,
Мар шикастагаштаро донад руфӯ.
Он кӣ донад дӯхт, он донад дарид,
Ҳар чиро бифрӯхт, некӯтар харид.
Хонаро вайрон кунад зеру забар,
Пас ба як соат кунад маъмуртар.
Гар яке сарро бибуррад аз бадан,
Садҳазорон сар барорад дар заман.
Гар нафармудӣ қисосе бар ҷунот,
Ё нагуфтӣ: фи-л-қисос омад ҳаёт.
Худ киро заҳра будӣ то ӯ зи х(в)ад
Бар асири ҳукми Ҳақ теғе занад?
З-он ки донад ҳар кӣ чашмашро гушуд,
К-он кушанда сухраи тақдир буд.
Ҳар киро он ҳукм бар сар омадӣ,
Бар сари фарзанд ҳам теғе задӣ.
Рав, битарсу таъна кам зан бар бадон,
Пеши доми ҳукм аҷзи худ бидон.

Тааҷҷуб кардани Одам алайҳиссалом аз залолати Иблиси лаъин ва уҷб овардан

Чашми Одам бар Билисе, к-ӯ шақист,
Аз ҳақорат в-аз зиёфат бингарист.
Хешбинӣ карду омад худгузин,
Ханда зад бар кори Иблиси лаъин.
Бонг барзад ғайрати Ҳақ, к-эй сафӣ,
Ту намедонӣ зи асрори хафӣ.
Пӯстинро божгуна гар кунад,
Кӯҳро аз беху аз бун барканад.
Пардаи сад Одам он дам бардарад,
Сад Билиси навмусулмон оварад.
Гуфт Одам: «Тавба кардам з-ин назар,
Инчунин густох нандешам дигар.
«Ё ғиёса-л-мустағисин иҳдино,
Л-афтихора би-л-ъулуми ва-л-ғино.
Ло тузиғ қалбан ҳадайта би-л-карам,
Васрифи-с-суъ аллазӣ хатта-л-қалам».
Бигзарон аз ҷони мо сӯъу-л-қазо,
Во мабур моро зи ихвони сафо.
Талхтар аз фурқати ту ҳеч нест,
Бе паноҳат ғайри печопеч нест.
Рахти мо, ҳам рахти моро роҳзан,
Ҷисми мо мар ҷони моро ҷомакан.
Дасти мо чун пойи моро мех(в)арад,
Бе амони ту касе чун ҷон барад?
В-ар барад ҷон з-ин хатарҳои азим,
Бурда бошад мояи идбору бим.
З-он ки ҷон чун восили ҷонон набуд,
То абад бо хеш кӯр асту кабуд.
Чун ту надҳӣ роҳ, ҷон худ бурда гир,
Ҷон, ки бе ту зинда бошад, мурда гир.
Гар ту таъна мезанӣ бар бандагон,
Мар туро он мерасад, эй комрон!
В-ар ту моҳу меҳрро гӯйӣ ҷафо
В-ар ту қадди сарвро гӯйӣ дуто.
В-ар ту чарху аршро хонӣ ҳақир
В-ар ту кону баҳрро гӯйӣ фақир.
Он, ба нисбат бо камоли ту равост,
Мулки икмоли фаноҳо мар турост.
Ки ту покӣ аз хатар в-аз нестӣ,
Нестонро мӯҷиду муғнистӣ.
Он ки рӯёнид, донад сӯхтан,
З-он ки чун бидрид, донад дӯхтан.
Мебисӯзад ҳар хазон мар боғро,
Боз рӯёнад гули саббоғро.
К-эй бисӯзида, бурун о, тоза шав,
Бори дигар хубу хубовоза шав.
Чашми наргис кӯр шуд, бозаш бисохт,
Ҳалқи най бибриду бозаш худ навохт.
Мо чу маснӯъему сонеъ нестем,
Ҷуз забуну ҷуз ки қонеъ нестем.
Мо ҳама «нафсиву нафсӣ» мезанем,
Гар нахоҳӣ, мо ҳама Оҳарманем.
З-он зи Оҳарман раҳидастем мо,
Кӣ харидӣ ҷони моро аз амо.
Ту асо каш, ҳар киро, ки зиндагист,
Бе асову бе асокаш кӯр чист?
Ғайри ту ҳар чӣ хуш асту нох(в)аш аст,
Одамисӯз асту айни оташ аст.
Ҳар киро оташ паноҳу пушт шуд,
Ҳам маҷусӣ гашту ҳам Зардушт шуд.
«Куллу шайъин мо халаллаҳ ботилун,
Инна фазлуллоҳи ғаймун ҳотилун».

Бозгаштан ба ҳикояти Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳу ва мусомиҳат кардани ӯ бо хунии хеш

Бозрав сӯйи Аливу хунияш
В-он карам бо хуниву афзунияш.
Гуфт: «Душманро ҳамебинам ба чашм
Рӯзу шаб, бар вай надорам ҳеч хашм.
З-он ки маргам ҳамчу ман хуш омадаст,
Марги ман дар баъс чанг андарзадаст.
Марги бемаргӣ бувад моро ҳалол,
Барги бебаргӣ бувад моро навол.
Зоҳираш маргу ба ботин зиндагӣ,
Зоҳираш абтар, ниҳон пояндагӣ.
Дар раҳим зодан ҷанинро рафтан аст,
Дар ҷаҳон ӯро зи нав бишкуфтан аст.
Чун маро сӯйи аҷал ишқу ҳавост,
Наҳйи «лотулқу биайдикум» марост.
З-он ки наҳй аз донаи ширин бувад,
Талхро худ наҳй ҳоҷат кай шавад?
Донае, к-иш талх бошад мағзу пӯст,
Талхиву макруҳияш худ наҳйи ӯст.
Донаи мурдан маро ширин шудаст,
«Бал ҳум эҳёун» пайи ман омадаст.
«Уқтулунӣ ё сиқотӣ лойимо,
Инна фӣ қатлӣ ҳаётӣ доимо.
Инна фӣ мавтӣ ҳаёти ё фато!
Кам уфориқ мавтинӣ ҳатто мато?
Фурқати лам лав такун фӣ зассукун,
Лам яқул инно илайҳи роҷиъун».
Роҷеъ он бошад, ки боз ояд ба шаҳр,
Сӯйи ваҳдат ояд аз тафриқи қаҳр.

Афтодани рикобдор ҳар боре пеши амирулмӯъминин Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳу, ки эй амирулмӯъминин, маро бикуш ва аз ин қазо бираҳон

Боз омад, к-эй Алӣ зудам бикуш,
То набинам он даму вақти туруш.
Ман ҳалолат мекунам, хунам бирез,
То набинад чашми ман он растахез.
Гуфтам: «Ар ҳар заррае хуне шавад,
Ханҷар андар каф ба қасди ту равад.
Як сари мӯ аз ту натвонад бурид,
Чун қалам бар ту чунон хатте кашид.
Лек беғам шав, шафеъи ту манам,
Хоҷаи рӯҳам, на мамлуки танам.
Пеши ман ин тан надорад қимате,
Бе тани хешам фатӣ ибну-л-фатӣ.
Ханҷару шамшер шуд райҳони ман,
Марги ман шуд базму наргисдони ман».
Он кӣ ӯ танро бад-ин сон пай кунад,
Ҳирси мириву хилофат кай кунад?
З-он ба зоҳир кӯшад андар ҷоҳу ҳукм,
То амиронро намояд роҳу ҳукм.
То амиреро диҳад ҷоне дигар,
То диҳад нахли хилофатро самар.

Баёни он ки фатҳ талабидани Мустафо саллалоҳу алайҳи ва саллам Маккаро ва ғайри Маккаро ҷиҳати дӯстиву мулки дунё набуд, чун фармудааст: «Ад-дунёа ҷифатун», балки ба амр буд

Ҷаҳди пайғамбар ба фатҳи Макка ҳам
Кай бувад дар ҳубби дунё муттаҳам?
Он кӣ ӯ аз махзани ҳафт осмон
Чашму дил барбаст рӯзи имтиҳон,
Аз пайи наззораи ӯ ҳуру ҷон,
Пур шуда офоқи ҳар ҳафт осмон.
Хештан ороста аз баҳри ӯ,
Худ варо парвои ғайри дӯст ку?
Ончунон пур гашта аз иҷлоли Ҳақ,
Ки дар ӯ ҳам раҳ наёбад оли Ҳақ.
«Лоясаъ фино набиййун мурсалу,
Ва-л-малак ва-р-рӯҳу айзан, фаъқилу».
Гуфт: «Мо зоғем, ҳамчун зоғ на,
Масти саббоғем, масти боғ на»,
Чунки махзанҳои афлоку уқул,
Чун хасе омад бари чашми расул.
Пас чӣ бошад Маккаву Шому Ироқ,
Ки намояд ӯ набарду иштиёқ?
Он гумон бар вай замири бад кунад,
К-ӯ қиёс аз ҷаҳлу ҳирси х(в)ад кунад.
Обгинай зард чун созӣ ниқоб,
Зард бинӣ ҷумла нури офтоб.
Бишкан он шишай кабуду зардро,
То шиносӣ гардрову сардро.
Гирди форис гард сар афрошта,
Гардро ту марди Ҳақ пиндошта.
Гард дид Иблису гуфт: «Ин фаръи тин
Чун физояд бар мани оташҷабин?»
То ту мебинӣ азизонро ба шар,
Дон, ки мероси Билис аст он назар.
Гар на фарзанди Билисӣ, эй анид!
Пас ба ту мероси он саг чун расид?
Ман наям саг, шери Ҳаққам, ҳақпараст,
Шери Ҳақ он аст, к-аз сурат бираст.
Шери дунё ҷӯяд ишкореву барг,
Шери мавло ҷӯяд озодиву марг.
Чунки андар марг бинад сад вуҷуд,
Ҳамчу парвона бисӯзонад вуҷуд.
Шуд ҳавои марг тавқи содиқон,
Ки ҷуҳудонро буд ин дам имтиҳон.
Дар нубӣ фармуд, к-эй қавми яҳуд!
Содиқонро марг бошад ганҷу суд.
Ҳамчунон ки орзуи суд ҳаст,
Орзуи марг бурдан з-он беҳ аст.
Эй ҷуҳудон, баҳри номуси касон,
Бигзаронед ин таманно бар забон.
Як ҷуҳудӣ, ин қадар заҳра надошт,
Чун Муҳаммад ин аламро барфарошт.
Гуфт: «Агар ронед инро бар забон,
Як яҳудӣ худ намонад дар ҷаҳон».
Пас яҳудон мол бурданду хироҷ,
Ки макун расво ту моро, эй сироҷ.
Ин суханро нест поёне падид,
Даст бо ман деҳ, чу чашмат дӯст дид.

Гуфтани амирулмӯъминин Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳу бо қирни худ, ки чун худу андохтӣ дар рӯйи ман, нафси ман ҷунбид ва ихлоси амал намонд. Монеъи куштани ту он шуд

Гуфт амирулмӯъминин бо он ҷавон,
Ки ба ҳангоми набард, эй паҳлавон!
Чун худу андохтӣ дар рӯйи ман,
Нафс ҷунбиду табаҳ шуд хӯйи ман.
Ним баҳри Ҳақ шуду ниме ҳаво,
Ширкат андар кори Ҳақ набвад раво.
Ту нигоридай кафи мавлистӣ,
Они ҳаққӣ, кардаи ман нестӣ.
Нақши Ҳақро ҳам ба амри Ҳақ шикан,
Бар зуҷоҷай дӯст санги дӯст зан».
Габр ин бишниду нуре шуд падид
Дар дили ӯ, то ки зунноре бурид.
Гуфт: «Ман тухми ҷафо мекоштам,
Ман туро навъе дигар пиндоштам.
Ту тарозуи аҳадхӯ будаӣ,
Бал забонай ҳар тарозу будаӣ.
Ту табору аслу хешам будаӣ,
Ту фурӯғи шамъи кешам будаӣ.
Ман ғуломи он чароғи чашмҷӯ,
Ки чароғат равшанӣ пазруфт аз ӯ.
Ман ғуломи мавҷи он дарёи нур,
Ки чунин гавҳар барорад дар зуҳур.
Арза кун бар ман шаҳодатро, ки ман
Мар туро дидам сарафрози заман».
Қурби панҷаҳ кас зи хешу қавми ӯ
Ошиқона сӯйи дин карданд рӯ.
ӯ ба теғи ҳилм чандин ҳалқро
Вохарид аз теғу чандин халқро.
Теғи ҳилм аз теғи оҳан тезтар,
Бал зи сад лашкар зафарангезтар.
Эй дареғо, луқмае ду хӯрда шуд,
Ҷӯшиши фикрат аз он афсурда шуд.
Гандуме хуршеди Одамро кусуф,
Чун занаб шаъшоъи бадриро хусуф.
Ин-т луфти дил, ки аз як мушти гил
Моҳи ӯ чун мешавад парвингусил.
Нон, чу маънӣ буд, хӯрдаш суд буд,
Чунки сурат гашт, ангезад ҷуҳуд.
Ҳамчу хори сабз, к-уштур мех(в)арад,
З-он хуриш сад нафъу лаззат мебарад.
Чунки он сабзиш рафту хушк гашт,
Чун ҳамонро мехурад уштур зи дашт.
Медаронад кому лунҷаш, эй дареғ,
К-он чунон варди мураббӣ гашт теғ.
Нон, чу маънӣ буд, буд он хори сабз,
Чунки сурат шуд, кунун хушк асту габз.
Ту бад-он одат, ки онро пеш аз ин,
Хӯрда будӣ, эй вуҷуди нозанин!
Бар ҳамон бӯ мехурӣ ин хушкро
Баъд аз он к-омехт маънӣ бо саро.
Гашт хокомезу хушку гӯштбур,
З-он гиёҳ акнун бипарҳез, эй шутур.
Сахт хоколуд меояд сухун,
Об тира шуд, сари чаҳ банд кун.
То Худояш боз софу х(в)аш кунад,
ӯ ки тира кард, ҳам софаш кунад.
Сабр орад орзуро, не шитоб,
Сабр кун, «валлоҳу аълам би-с-савоб».

ДАВОМ ДОРАД

Мавлоно Румӣ. Маснавӣ. Дафтари 1

rumi-1

(Tashriflar: umumiy 674, bugungi 1)

Izoh qoldiring