Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ. Маснавӣ. Дафтари дуюм (3)

07    «Маснавӣ», ба хотири осонии кори тарғибу ташвиқи ғояҳои ирфонӣ, фаҳмишу омӯзиши пайравону муридони пири тариқат ва дарку маърифати асрори ҳақиқат, чунон равшану возеҳу фаҳмо ва хотирнишину мутасаввиру гӯё нигошта шудааст, ки ҳар касе метавонад ба қадри тавону имкони худ аз ҳар байту тамсилу ҳикояту ривояти он суду баҳрае бардорад..

rumiyМавлоно Ҷалолиддини Румӣ
МАСНАВЙ
Дафтари дуюм (3)
067

Бедор кардани Иблис Муъовияро, ки хез, вақти намоз аст

Дар хабар омад, ки он Муъъовия,
Хуфта буд дар қаср, дар як зовия,
Қасрро аз андарун дар баста буд,
К-аз зиёратҳои мардум хаста буд.
Ногаҳон марде варо бедор кард,
Чашм чун бигшод, пинҳон гашт мард.
Гуфт: «Андар қаср касро раҳ набуд,
Кист, к-ин густохиву ҷуръат намуд?»
Гирд баргашту талаб кард он замон,
То биёмад з-он ниҳонгашта нишон.
ӯ паси дар мудбареро дид, к-ӯ
Дар паси парда ниҳон мекард рӯ.
Гуфт: «Ҳай, ту кистӣ? Номи ту чист?»
Гуфт: «Номам фош Иблиси шақист».
Гуфт: «Бедорам чаро кардӣ ба ҷид?
Рост гӯ бо ман, магӯ бар аксу зид».

Аз хар афгандани Иблис Муъовияро ва рӯпӯш кардан ва хоб гуфтани Муъовия ӯро

Гуфт: «Ҳангоми намоз охир расид,
Сӯйи масҷид зуд мебояд давид.
«Аҷҷилу-т-тоъот қабла-л-фавт» гуфт
Мустафо чун дурри маънӣ мебисуфт».
Гуфт: «Не, не ин ғараз набвад туро,
Ки ба хайре раҳнамо бошӣ маро.
Дузд ояд аз ниҳон дар масканам,
Гӯядам, ки посбонӣ мекунам.
Ман куҷо бовар кунам он дуздро?
Дузд кай донад савобу муздро?

Боз ҷавоб гуфтани Иблис Муъовияро

Гуфт: «Мо аввал фаришта будаем,
Роҳи тоатро ба ҷон паймудаем.
Соликони роҳро маҳрам будем,
Сокинони аршро ҳамдам будем.
Пешаи аввал куҷо аз дил равад?
Меҳри аввал кай зи дил берун шавад?
Дар сафар гар Рум бинӣ ё Хутан,
Аз дили ту кай равад ҳуббулватан?
Мо ҳам аз мастони ин май будаем,
Ошиқони даргаҳи вай будаем.
Нофи мо бар меҳри ӯ бубридаанд,
Ишқи ӯ дар ҷони мо коридаанд.
Рӯзи некӯ дидаем аз рӯзгор,
Оби раҳмат хӯрдаем андар баҳор.
Не ки моро дасти фазлаш коштаст?
Аз адам моро на ӯ бардоштаст?
Эй басо, к-аз вай навозиш дидаем,
Дар гулистони ризо гардидаем.
Бар сари мо дасти раҳмат мениҳод,
Чашмаҳои лутф аз мо мегушод.
Вақти тифлиям, ки будам ширҷӯ,
Гоҳворамро кӣ ҷунбонид? ӯ.
Аз кӣ хӯрдам шир ғайри шири ӯ?
Кӣ маро парвард ҷуз тадбири ӯ?
Хӯй, к-он бо шир рафт андар вуҷуд,
Кай тавон онро зи мардум вогушуд?
Гар итобе кард дарёи карам,
Баста кай гарданд дарҳои карам?
Асли нақдаш доду лутфу бахшиш аст,
Қаҳр бар вай чун ғуборе аз ғиш аст.
Аз барои лутф оламро бисохт,
Зарраҳоро офтоби ӯ навохт.
Фурқат аз қаҳраш агар обистан аст,
Баҳри қадри васли ӯ донистан аст.
То диҳад ҷонро фироқаш гӯшмол,
Ҷон бидонад қадри айёми висол.
Гуфт пайғамбар, ки Ҳақ фармудааст:
«Қасди ман аз халқ эҳсон будааст.
Офаридам, то зи ман суде кунанд,
То зи шаҳдам дастолуде кунанд.
На барои он ки то суде кунам,
В-аз бараҳна ман қабое барканам.
Чанд рӯзе, ки зи пешам рондааст,
Чашми ман дар рӯйи хубаш мондааст.
К-аз чунон рӯйе чунин қаҳр, эй аҷаб!
Ҳар касе машғул гашта дар сабаб.
Ман сабабро нангарам, к-он ҳодис аст,
З-он ки ҳодис ҳодисеро боис аст.
Лутфи собиқро назора мекунам,
Ҳар чӣ он ҳодис, ду пора мекунам.
Тарки саҷда аз ҳасад гирам, ки буд,
Он ҳасад аз ишқ хезад, н-аз ҷуҳуд.
Ҳар ҳасад аз дӯстӣ хезад яқин,
Ки шавад бо дӯст ғайре ҳамнишин.
Ҳаст шарти дӯстӣ ғайратпазӣ,
Ҳамчу шарти атса гуфтан дер зӣ.
Чунки бар натъаш ҷуз ин бозӣ набуд,
Гуфт: «Бозӣ кун, чӣ донам дарфузуд?
Он яке бозӣ, ки буд, ман бохтам,
Хештанро дар бало андохтам.
Дар бало ҳам мечашам лаззоти ӯ,
Моти ӯям, моти ӯям, моти ӯ».
Чун раҳонад хештанро, эй сара!
Ҳеч кас дар шаш ҷиҳат аз шашдара?
Ҷузви шаш аз кулли шаш чун вораҳад?
Хоса ки бечун мар ӯро каж ниҳад.
Ҳар кӣ дар шаш, ӯ даруни оташ аст,
ӯ-ш бирҳонад, ки халлоқи шаш аст.
Худ агар куфр асту гар имони ӯ,
Дастбофи ҳазрат асту они ӯ.

Боз тақрир кардани Муъовия бо Иблис макри ӯро

Гуфт амир ӯро, ки инҳо рост аст,
Лек бахши ту аз инҳо костаст.
Садҳазоронро чу ман ту раҳ задӣ,
Ҳуфра кардӣ, дар хазина омадӣ.
Оташӣ, аз ту насӯзам, чора нест,
Кист, к-аз дасти ту ҷома-ш пора нест?
Табъат, эй оташ, чу сӯзониданист,
То насӯзонӣ ту чизе, чора нест.
Лаънат ин бошад, ки сӯзонат кунад,
Устоди ҷумла дуздонат кунад.
Бо Худо гуфтӣ, шунидӣ, рӯ ба рӯ,
Ман чӣ бошам пеши макрат, эй адӯ?
Маърифатҳои ту чун бонги сафир,
Бонги мурғон аст, лекин мурғгир.
Садҳазорон мурғро он раҳ задаст,
Мурғ ғирра, к-ошное омадаст.
Дар ҳаво чун бишнавад бонги сафир,
Аз ҳаво ояд, шавад ин ҷо асир.
Қавми Нӯҳ аз макри ту дар навҳаанд,
Дил кабобу сина шарҳа-шарҳаанд.
Одро ту бод додӣ дар ҷаҳон,
Дарфигандӣ дар азобу андуҳон.
Аз ту буд он сангсори қавми Лут,
Дар сиёҳоба зи ту хӯрданд ғӯт.
Мағзи Намруд аз ту омад рехта,
Эй ҳазорон фитнаҳо ангехта.
Ақли Фиръавни закии файласуф
Кӯр гашт аз ту, наёбид ӯ вуқуф.
Бӯлаҳаб ҳам аз ту ноаҳле шуда,
Булҳаким ҳам аз ту Бӯҷаҳле шуда.
Эй бар ин шатранҷ баҳри ёдро
Мот карда сад ҳазор устодро.
Эй зи фарзин бандҳои мушкилат,
Сӯхта дилҳо, сияҳ гашта дилат.
Баҳри макрӣ ту, халоиқ қатрае,
Ту чу кӯҳӣ в-ин салимон заррае.
Кай раҳад аз макри ту, эй мухтасим!
Ғарқи тӯфонем «илло ман усим».
Бас ситорай саъд аз ту муҳтариқ,
Бас сипоҳу ҷамъ аз ту муфтариқ.

Боз ҷавоб гуфтани Иблис Муъовияро

Гуфт Иблисаш: «Гушой ин ақдро,
Ман миҳаккам қалброву нақдро.
Имтиҳони шеру калбам кард Ҳақ,
Имтиҳони нақду қалбам кард Ҳақ.
Қалбро ман кай сияҳрӯ кардаам?
Сайрафиям, қимати ӯ кардаам.
Некувонро раҳнамоӣ мекунам,
Шохаҳои хушкро бармеканам.
Ин алафҳо мениҳам, аз баҳри чист?
То падид ояд, ки ҳайвонҷинс кист.
Гург аз оҳу чу зояд кӯдаке,
Ҳаст дар гургишу оҳуӣ шаке.
Ту гиёҳу устухон пешаш бирез,
То кадомин сӯ кунад ӯ гом тез.
Гар ба сӯйи устухон ояд, саг аст,
В-ар гиё хоҳад, яқин оҳураг аст.
Қаҳру лутфе ҷуфт шуд бо ҳамдигар,
Зод аз ин ҳар ду ҷаҳоне хайру шар.
Ту гиёҳу устухонро арза кун,
Қути нафсу қути ҷонро арза кун.
Гар ғизои нафс ҷӯяд, абтар аст,
В-ар ғизои рӯҳ хоҳад, сарвар аст.
Гар кунад ӯ хидмати тан, ҳаст хар
В-ар равад дар баҳри ҷон, ёбад гуҳар.
Гарчи ин ду мухталиф хайру шаранд,
Лек ин ҳар ду ба як кор андаранд.
Анбиё тоъот арза мекунанд,
Душманон шаҳвот арза мекунанд.
Некро чун бад кунам? Яздон наям,
Доиям ман, холиқи эшон наям.
Хубро ман зишт созам, раб наам,
Зиштрову хубро ойинаам.
Сӯхт ҳинду ойина аз дардро,
К-ин сияҳрӯ менамояд мардро.
Гуфт ойина: «Гуноҳ аз ман набуд,
Ҷурм ӯро неҳ, ки рӯйи ман зудуд.
ӯ маро ғаммоз карду ростгӯ,
То бигӯям зишт куву хуб ку?
Ман гувоҳам. Бар гуво зиндон куҷост?
Аҳли зиндон нестам, Эзид гувост».
Ҳар куҷо бинам ниҳоли мевадор,
Тарбиятҳо мекунам ман доявор.
Ҳар куҷо бинам дарахти талху хушк
Мебурам ман, то раҳад аз пушк мушк.
Хушк гӯяд боғбонро, к-эй фато!
Мар маро чӣ мебурӣ сар бехато?
Боғбон гӯяд: «Хамӯш, эй зиштхӯ!
Бас набошад хушкии ту ҷурми ту?»
Хушк гӯяд: «Ростам ман, каж наям,
Ту чаро беҷурм мебуррӣ паям?»
Боғбон гӯяд: «Агар масъудие,
Кошкӣ каж будие, тар будие.
Ҷозиби оби ҳаёте гаштие,
Андар оби зиндагӣ оғаштие.
Тухми ту бад будаасту асли ту,
Бо дарахти хуш набуда васли ту.
Шохи талх ар бо хушӣ вуслат кунад
Он хушӣ андар ниҳодаш барзанад».

Унф кардани Муъовия бо Иблис

Гуфт амир: «Эй роҳзан, ҳуҷҷат магӯ,
Мар туро раҳ нест дар ман, заҳ маҷӯ.
Раҳзаниву ман ғарибу тоҷирам,
Ҳар либосоте, ки орӣ, кай харам?
Гирди рахти ман магард аз кофирӣ,
Ту найӣ рахти касеро муштарӣ.
Муштарӣ набвад касеро роҳзан
В-ар намояд муштарӣ, макр асту фан.
То чӣ дорад ин ҳасуд андар каду?
Эй Худо, фарёд моро з-ин адӯ.
Гар яке фасле дигар дар ман дамад,
Даррабояд аз ман ин раҳзан намад.

Нолидани Муъовия ба ҳазрати Ҳақ таъоло аз Иблис ва нусрат хостан

Ин ҳадисаш ҳамчу дуд аст, эй Илоҳ,
Даст гир, ар на гилемам шуд сиёҳ.
Ман ба ҳуҷҷат бар наёям бо Билис,
К-ӯст фитнай ҳар шарифу ҳар хасис.
Одамӣ, к-ӯ «алламу-л-асмо» баг аст,
Дар таги чун барқи ин саг бетаг аст.
Аз биҳишт андохташ бар рӯйи хок,
Чун самак дар шасти ӯ шуд аз симок.
Навҳаи «инно заламно» мезадӣ,
Нест дастону фусунашро ҳаде.
Андаруни ҳар ҳадиси ӯ шар аст,
Садҳазорон сеҳр дар вай музмар аст.
Мардии мардон бибандад дар нафас,
Дар зану дар мард афрӯзад ҳавас.
Эй Билиси халқсӯзи фитнаҷӯ,
Бар чиям бедор кардӣ? Рост гӯ».

Боз тақрири Иблис талбиси худро

Гуфт: «Ҳар марде, ки бошад бадгумон,
Нашнавад ӯ ростро бо сад нишон.
Ҳар даруне, ки хаёландеш шуд,
Чун далел орӣ, хаёлаш беш шуд.
Чун сухан дар вай равад, иллат шавад,
Теғи ғозӣ дуздро олат шавад.
Пас ҷавоби ӯ сукут асту сукун,
Ҳаст бо аблаҳ сухан гуфтан ҷунун.
Ту зи ман бо Ҳақ чӣ нолӣ, эй салим,
Ту бинол аз шарри он нафси лаъим.
Ту хурӣ ҳалво, туро думмал шавад,
Таб бигирад, табъи ту мухтал шавад.
Бегунаҳ лаънат кунӣ Иблисро,
Чун набинӣ аз худ он талбисро.
Нест аз Иблис, аз туст, эй ғавӣ!
Ки чу рӯбаҳ сӯйи дунба медавӣ.
Чунки дар сабза бибинӣ дунбаро,
Дом бошад, ин надонӣ ту чаро?
З-он надонӣ, ки-т зи дониш дур кард,
Майли дунба чашму ақлат кӯр кард.
«Ҳуббука-л-ашёа юъмика юсим,
Нафсука-с-савдо ҷанат ло тахтасим».
Ту гунаҳ бар ман манеҳ, каж-каж мабин,
Ман зи бад безораму аз ҳирсу кин.
Ман бадӣ кардам, пушаймонам ҳанӯз,
Интизорам, то шабам ояд ба рӯз.
Муттаҳам гаштам миёни халқ ман,
Феъли худ бар ман ниҳад ҳар марду зан.
Гурги бечора агарчи гурсуна-ст,
Муттаҳам бошад, ки ӯ дар тантана-ст.
Аз заифӣ чун надонад роҳ рафт,
Халқ гӯяд: «Тухма аст аз лути зафт».

Боз илҳоҳ кардани Муъовия Иблисро

Гуфт: «Ғайри ростӣ нарҳонадат,
Дод сӯйи ростӣ мехонадат.
Рост гӯ, то вораҳӣ аз чанги ман,
Макр наншонад ғубори ҷанги ман».
Гуфт: «Чун донӣ дурӯғу ростро?
Эй хаёландеши пурандешаҳо!»
Гуфт: «Пайғамбар нишоне додааст,
Қалбу некӯро миҳак бинҳодааст.
Гуфтааст: «Ал-кизбу райбун фӣ-л-қулуб»,
Гуфт: «Ас-сидқу тумаънинун таруб».
Дил наёромад зи гуфтори дурӯғ,
Обу равған ҳеч нафрӯзад фурӯғ.
Дар ҳадиси рост ороми дил аст,
Ростиҳо донаи доми дил аст.
Дил магар ранҷур бошад, баддаҳон,
Ки надонад чошнии ину он.
Чун шавад аз ранҷу иллат дил салим,
Таъми кизбу ростро бошад алим.
Ҳирси Одам чун сӯйи гандум фузуд,
Аз дили Одам салимиро рабуд.
Пас дурӯғу ишваатро гӯш кард,
Ғирра гашту заҳри қотил нӯш кард.
Каждум аз гандум надонист он нафас,
Мепарад тамйиз аз масти ҳавас.
Халқ масти орзуянду ҳаво,
З-он пазироянд дастони туро.
Ҳар кӣ худро аз ҳавохӯ боз кард,
Чашми худро ошнои роз кард».

Шикояти қозӣ аз офати қазо ва ҷавоб гуфтани ноиб ӯро

Қозие биншонданду мегирист,
Гуфт ноиб: «Қозиё, гиря зи чист?
Ин на вақти гиряву фарёди туст,
Вақти шодиву муборакбоди туст».
Гуфт: «Аҳ, чун ҳукм ронад бедиле?
Дар миёни он ду олим ҷоҳиле:
Он ду хасм аз воқеай худ воқифанд,
Қозии мискин чӣ донад з-он ду банд?
Ҷоҳил асту ғофил аст аз ҳолашон,
Чун равад дар хунашону молашон?»
Гуфт: «Хасмон олиманду иллатӣ,
Ҷоҳилӣ ту, лек шамъи миллатӣ.
З-он ки ту иллат надорӣ дар миён,
Он фароғат ҳаст нури дигарон.
В-он ду олимро ғаразшон кӯр кард,
Илмашонро иллат андар гӯр кард.
Ҷаҳлро беиллатӣ олим кунад,
Илмро иллат кажу золим кунад.
То ту ришват настадӣ, бинандаӣ,
Чун тамаъ кардӣ, зариру бандаӣ.
Аз ҳаво ман хӯйро вокардаам,
Луқмаҳои шаҳватӣ кам х(в)ардаам.
Чошнигири дилам шуд бофурӯғ,
Ростро донад ҳақиқат аз дурӯғ».

Ба иқрор овардани Муъовия Иблисро

«Ту чаро бедор кардӣ мар маро?
Душмани бедориӣ ту, эй дағо!
Ҳамчу хашхошӣ, ҳама хоб оварӣ,
Ҳамчун хамрӣ, ақлу донишро барӣ.
Чормехат кардаам ман, рост гӯ,
Ростро донам, ту ҳилатҳо маҷӯ.
Ман зи ҳар кас он тамаъ дорам, ки ӯ
Соҳиби он бошад андар табъу хӯ.
Ман зи сирка менаҷӯям шаккаре,
Мар муханнасро нагирам лашкарӣ.
Ҳамчу габрон ман наҷӯям аз буте,
К-ӯ бувад Ҳақ ё худ аз Ҳақ ояте.
Ман зи саргин менаҷӯям бӯйи мушк,
Ман дар оби ҷӯ наҷӯям хишти хушк.
Ман зи шайтон ин наҷӯям, к-ӯст ғайр,
Ки маро бедор гардонад ба хайр».
Гуфт бисёр он Билис аз макру ғадр,
Мир аз ӯ нашнид, кард истезу сабр.

Рост гуфтани Иблис замири худро ба Муъовия

Аз буни дандон бигуфташ: «Баҳри он,
Кардамат бедор, медон, эй фалон!
То расӣ андар ҷамоат дар намоз,
Аз пайи пайғамбари давлат фароз.
Гар намоз аз вақт рафтӣ, мар туро
Ин ҷаҳон торик гаштӣ беризо.
Аз ғабину дард рафтӣ ашкҳо
Аз ду чашми ту мисоли машкҳо.
Завқ дорад ҳар касе дар тоате,
Лоҷарам нашкебад аз вай соате.
Он ғабину дард будӣ сад намоз,
Ку намозу ку фурӯғи он ниёз?»

Фазилати ҳасрат хӯрдани он мухлис бар фавти намози ҷамоат

Он яке мерафт дар масҷид дарун,
Мардум аз масҷид ҳамеомад бурун.
Гашт пурсон, ки ҷамоатро чӣ буд,
Ки зи масҷид мебурун оянд зуд?
Он яке гуфташ, ки пайғамбар намоз
Бо ҷамоат карду фориғ шуд зи роз.
Ту куҷо дармеравӣ, эй марди хом?
Чунки пайғамбар бидодаст: «Ас-салом».
Гуфт: «Оҳу дуд аз он аҳ шуд бурун,
Оҳи ӯ медод аз дил бӯйи хун».
Он яке гуфто: «Бидеҳ он оҳро,
Ин намози ман туро, бодо ато».
Гуфт: «Додам оҳу пазруфтам намоз»,
ӯ ситад он оҳро бо сад ниёз.
Шаб ба хоб – андар бигуфташ ҳотифо,
Ки харидӣ оби ҳайвону шифо.
Ҳурмати ин ихтиёру ин духул
Шуд намози ҷумлаи халқон қабул.

Татиммаи иқрори Иблис ба Муъовия макри худро

Пас Азозилаш бигуфт: «Эй мири род,
Макри худ андар миён бояд ниҳод.
Гар намозаш фавт мешуд он замон,
Мезадӣ аз дарди дил оҳу фиғон.
Он таассуф в-он фиғону он ниёз
Даргузаштӣ аз дусад зикру намоз.
Ман туро бедор кардам аз ниҳеб,
То насӯзонад чунон оҳе ҳиҷеб.
То чунон оҳе набошад мар туро,
То бад-он роҳе набошад мар туро.
Ман ҳасудам. Аз ҳасад кардам чунин,
Ман адуввам. Кори ман макр асту кин».
Гуфт: «Акнун рост гуфтӣ, содиқӣ,
Аз ту ин ояд, ту инро лоиқӣ.
Анкабутӣ ту, магас дорӣ шикор,
Ман наям, эй саг, магас, заҳмат маёр.
Бози испедам, шикорам шаҳ кунад,
Анкабуте кай ба гирди мо танад?
Рав, магас мегир, то тонӣ, ҳало!
Сӯйи дӯғе зан магасҳоро сало.
В-ар бихонӣ ту ба сӯйи ангубин,
Ҳам дурӯғу дӯғ бошад он яқин.
Ту маро бедор кардӣ, хоб буд,
Ту намудӣ киштӣ, он гирдоб буд.
Ту маро дар хайр з-он мехондӣ,
То маро аз хайри беҳтар рондӣ».

Фавт шудани дузд ба овоз додани он шахс соҳибхонаро, ки наздик омада буд, ки дуздро дарёбад ва бигирад

Ин бад-он монад, ки шахсе дузд дид
Дар висоқ, андар пайи ӯ медавид.
То ду-се майдон давид андар пайаш,
То дарафганд он таъаб андар хайаш.
Андар он ҳамла, ки наздик омадаш,
То бад-ӯ андарҷаҳад, дарёбадаш.
Дузди дигар бонг кардаш, ки биё,
То бибинӣ ин аломоти бало.
Зуд бошу бозгард, эй марди кор,
То бибинӣ ҳол ин ҷо зор зор.
Гуфт: «Бошад, к-он тараф дузде бувад,
Гар нагардам зуд, ин бар ман равад.
Дар зану фарзанди ман дасте занад,
Бастани ин дузд судам кай кунад?
Ин мусулмон аз карам мехонадам,
Гар нагардам зуд, пеш ояд надам».
Бар умеди шафқати он некхоҳ
Дуздро бигзошт, бозомад ба роҳ.
Гуфт: «Эй ёри накӯ, аҳвол чист?
Ин фиғону бонги ту аз дасти кист?»
Гуфт: «Инак, бин нишони пойи дузд,
Ин тараф рафтаст дузди зан ба музд.
Нак, нишони пойи дузди қалтабон,
Дар пайи ӯ рав бад-ин нақшу нишон».
Гуфт: «Эй аблаҳ, чӣ мегӯйӣ маро,
Ман гирифта будам охир мар варо.
Дуздро аз бонги ту бигзоштам,
Ман ту – харро одамӣ пиндоштам.
Ин чӣ жож асту чӣ ҳарза, эй фалон?
Ман ҳақиқат ёфтам, чӣ бвад нишон?»
Гуфт: «Ман аз Ҳақ нишонат медиҳам,
Ин нишон аст, аз ҳақиқат огаҳам».
Гуфт: «Таррорӣ ту ё худ аблаҳӣ,
Балки ту дуздиву з-ин ҳол огаҳӣ.
Хасми худро мекашидам ман кашон,
Ту раҳонидӣ варо, к-инак нишон!
Ту ҷиҳат гӯ, ман бурунам аз ҷиҳот,
Дар висол оёт ку ё баййинот?
Сунъ бинад марди маҳҷуб аз сифот,
Дар сифот он аст, к-ӯ гум кард зот.
Восилон чун ғарқи зотанд, эй писар!
Кай кунанд андар сифоти ӯ назар?
Чунки андар қаъри ҷӯ бошад сарат,
Кай ба ранги об афтад манзарат?
В-ар ба ранги об боз ойӣ зи қаър,
Пас палосе бистадӣ, додӣ ту шаър.
Тоати ома гуноҳи хосагон,
Вуслати ома ҳиҷоби хос дон.
Мар вазиреро кунад шаҳ мӯҳтасиб,
Шаҳ адувви ӯ бувад, набвад муҳиб.
Ҳам гуноҳе карда бошад он вазир,
Бесабаб набвад тағаййур ногузир.
Он к-аз аввал мӯҳтасиб буд, худ варо
Бахту рӯзӣ он будаст аз ибтидо.
Лек он к-аввал вазири шаҳ будаст,
Мӯҳтасиб кардан сабаб феъли бад аст.
Чун туро шаҳ з-остона пеш хонд,
Боз сӯйи остона бозронд.
Ту яқин медон, ки ҷурме кардаӣ,
Ҷабрро аз ҷаҳл пеш овардаӣ.
Ки маро рӯзиву қисмат ин будаст,
Пас чаро дӣ будат он давлат ба даст?
Қисмати худ худ буридӣ ту зи ҷаҳл,
Қисмати худро фазояд марди аҳл.

Қиссаи мунофиқон ва масҷиди Зирор сохтани эшон

Як мисоли дигар андар кажравӣ,
Шояд ар аз нақли Қуръон бишнавӣ.
Инчунин кажбозие дар ҷуфту тоқ,
Бо набӣ мебохтанд аҳли нифоқ.
К-аз барои иззи дини аҳмадӣ
Масҷиде созему буд он муртаде.
Инчунин каж бозие мебохтанд,
Масҷиде ҷуз масҷиди ӯ сохтанд.
Сақфу фаршу қуббааш ороста,
Лек тафриқи ҷамоат хоста.
Назди пайғамбар ба лоба омаданд,
Ҳамчу уштур пеши ӯ зону заданд.
К-эй расули Ҳақ, барои мӯҳсине,
Сӯйи он масҷид қадам ранҷа кунӣ?
То муборак гардад аз иқдоми ту,
То қиёмат тоза бодо номи ту.
Масҷиди рӯзи гил асту рӯзи абр,
Масҷиди рӯзи зарурат, вақти фақр.
То ғарибе ёбад он ҷо хайру ҷо,
То фаровон гардад ин хидматсаро.
То шиори дин шавад бисёру пур,
З-он ки бо ёрон шавад хуш кори мур.
Соате он ҷойгаҳ ташриф деҳ,
Тазкиямон кун зи мо, таъриф деҳ.
Масҷиду асҳоби масҷидро навоз,
Ту маҳӣ, мо шаб, даме бо мо бисоз.
То шавад шаб аз ҷамолат ҳамчу рӯз,
Эй ҷамолат офтоби ҷонфурӯз».
Эй дареғо, к-он сухан аз дил будӣ,
То муроди он нуфар ҳосил шудӣ.
Лутф, к-ояд бедилу ҷон дар забон,
Ҳамчу сабзай тун бувад, эй дӯстон!
Ҳам зи дураш бингару андаргузар,
Хӯрдану бӯро нашояд, эй писар!
Сӯйи лутфи бевафоён ҳин марав,
К-он пули вайрон бувад, некӯ шунав.
Гар қадамро ҷоҳиле бар вай занад,
Бишканад пул в-он қадамро бишканад.
Ҳар куҷо лашкар шикаста мешавад,
Аз ду-се сусти муханнас мебувад.
Дар саф ояд бо силоҳ ӯ мардвор,
Дил бар ӯ бинҳанд, к-инак ёри ғор.
Рӯ бигардонад, чу бинад захмро,
Рафтани ӯ бишканад пушти туро.
Ин дароз асту фаровон мешавад
В-он чӣ мақсуд аст, пинҳон мешавад.

Фирефтани мунофиқон пайғамбарро алайҳиссалом то ба масҷиди Зирораш баранд

Бар расули Ҳақ фусунҳо хонданд,
Рахши дастону ҳиял меронданд.
Он расули меҳрубони раҳмкеш
Ҷуз табассум, ҷуз бале новард пеш.
Шукрҳои он ҷамоат ёд кард,
Дар иҷобат қосидонро шод кард.
Менамуд он макри эшон пеши ӯ
Як ба як з-он сон, ки андар шир мӯ.
Мӯйро нодида мекард он латиф,
Ширро шобош мегуфт он зариф.
Садҳазорон мӯйи макру дамдама,
Чашм хобонид он дам аз ҳама.
Рост мефармуд он баҳри карам:
«Бар шумо ман аз шумо мушфиқтарам».
Ман нишаста бар канори оташе,
Бо фурӯғу шӯълаи бас нох(в)аше.
Ҳамчу парвона шумо он сӯ давон,
Ҳар ду дасти ман шуда парвонарон.
Чун бар он шуд, то равон гардад расул,
Ғайрати Ҳақ бонг зад: «Машнав зи ғул.
К-ин хабисон макру ҳилат кардаанд,
Ҷумла мақлуб аст, он-ч овардаанд.
Қасди эшон ҷуз сияҳрӯӣ набуд,
Хайри дин кай ҷуст тарсову ҷуҳуд?
Масҷиде бар ҷисри дӯзах сохтанд,
Бо Худо нарди дағоҳо бохтанд.
Қасдашон тафриқи асҳоби расул,
Фазли Ҳақро кай шиносад ҳар фузул?
То ҷуҳудеро зи Шом ин ҷо кашанд,
Ки ба ваъзи ӯ ҷуҳудон сарх(в)ашанд.
Гуфт пайғамбар, ки оре, лек мо
Бар сари роҳем бар азми ғазо.
З-ин сафар чун бозгардам, он гаҳон
Сӯйи он масҷид равон гардам, равон.
Дафъашон гуфту ба сӯйи ғазв тохт,
Бо дағоён аз дағо нарде бибохт.
Чун биёмад аз ғазо, бозомаданд,
Чанг андар ваъдаи мозӣ заданд.
Гуфт Ҳаққаш: «Эй паямбар, фош гӯ,
Узрро в-ар ҷанг бошад, бош гӯ».
Гуфт: «Эй қавми дағал, хомуш кунед,
То нагӯям розҳотон, тан занед».
Чун нишоне чанд аз асрорашон
Дар баён овард, бад шуд корашон.
Қосидон з-ӯ бозгаштанд он замон,
«Ҳошалиллаҳ, ҳошалиллаҳ» дамзанон.
Ҳар мунофиқ Мусҳафе зери бағал
Сӯйи пайғамбар биёвард аз дағал.
Баҳри савгандон, ки имон ҷуннатест,
З-он ки савгандон кажонро суннатест.
Чун надорад марди каж дар дин вафо,
Ҳар замоне бишканад савгандро.
Ростонро ҳоҷати савганд нест,
З-он ки эшонро ду чашми равшанест.
Нақси мисоқу уҳуд аз аҳмақист,
Ҳифзи имону вафо кори тақист.
Гуфт пайғамбар, ки савганди шумо
Рост гирам ё ки савганди Худо?
Боз савганде дигар хӯрданд қавм,
Мусҳаф андар дасту бар лаб мӯҳри савм,
Ки ба ҳаққи ин каломи поки рост,
К-он бинои масҷид аз баҳри Худост.
Андар он ҷо ҳеч ҳила-в макр нест,
Андар он ҷо зикру сидқу ё рабест.
Гуфт пайғамбар, ки овози Худо
Мерасад дар гӯши ман ҳамчун садо.
Мӯҳр бар гӯши шумо бинҳод Ҳақ,
То ба овози Худо н-орад сабақ.
Нак, сареҳ овози Ҳақ меоядам,
Ҳамчу соф аз дурд меполоядам.
Ҳамчунон ки Мӯсӣ аз сӯйи дарахт
Бонги Ҳақ бишнид, к-эй масъудбахт!
Аз дарахт «инни аналлаҳ» мешунид.
Бо калом анвор меомад падид.
Чун зи нури ваҳй дармемонданд,
Боз нав савгандҳо мехонданд.
Чун Худо савгандро хонад сипар,
Кай ниҳад испар зи каф пайкоргар?
Боз пайғамбар ба такзиби сареҳ
«Қад казабтум» гуфт бо эшон фасеҳ.

Андешидани яке аз саҳоба ба инкор, ки расул алайҳиссалом чаро сатторӣ намекунад?

То яке ёре зи ёрони расул
Дар дилаш инкор омад з-он нукул,
Ки чунин пирони бошайбу вақор,
Мекунадшон ин паябар шармсор?
Ку карам? Ку ситрпӯшӣ? Ку ҳаё?
Садҳазорон айб пӯшанд анбиё.
Боз дар дил зуд истиғфор кард,
То нагардад з-эътироз ӯ рӯйзард.
Шумии ёрии асҳоби нифоқ
Кард мӯъминро чу эшон зишту оқ.
Боз мезорид, к-эй алломи сирр,
Мар маро магзор бар куфрон мусирр.
Дил ба дастам нест ҳамчун диди чашм
В-арна дилро сӯзаме ин дам зи хашм».
Андар ин андеша хобаш даррабуд,
Масҷиди эшон-ш пурсаргин намуд.
Сангҳош андар ҳадас ҷойи табоҳ
Медамид аз сангҳо дуди сиёҳ.
Дуд дар ҳалқаш шуду ҳалқаш бихаст,
Аз ниҳеби дуди талх аз хоб ҷаст.
Дарзамон дар рӯ фитоду мегирист,
К-эй Худо, инҳо нишони мункирист.
Хилм беҳтар аз чунин ҳилм, эй Худо,
Ки кунад аз нури имонам ҷудо».
Гар биковӣ кӯшиши аҳли маҷоз,
Тӯ ба тӯ ганда бувад ҳамчун пиёз.
Ҳар яке аз якдигар бемағзтар,
Содиқонро як зи дигар нағзтар.
Сад камар он қавм баста бар қабо
Баҳри ҳадми масҷиди аҳли қубо.
Ҳамчу он асҳоби фил андар ҳабаш
Каъбае карданд, Ҳақ оташ задаш.
Қасди Каъба сохтанд, аз интиқом
Ҳолашон чун шуд? Фурӯ хон аз калом.
Мар сияҳрӯёни динро худ ҷиҳез
Нест илло ҳилату макру ситез.
Ҳар саҳобе дид з-он масҷид аён,
Воқеа то шуд яқиншон сирри он.
Воқеот ар бозгӯям як ба як,
Пас яқин гардад сафо бар аҳли шак.
Лек метарсам зи кашфи розашон,
Нозанинонанду зебад нозашон.
Шаръи бетақлид мепазруфтаанд,
Бемиҳак он нақдро бигрифтаанд.
Ҳикмати Қуръон чу золай мӯъмин аст,
Ҳар касе дар золаи худ мӯқин аст.

Қиссаи он шахс, ки уштури золлаи худ меҷуст ва мепурсид

Уштуре гум кардиву ҷустиш чуст,
Чун биёбӣ чун надонӣ, к-они туст?
Зола чӣ бвад? Ноқае гум кардаӣ,
Аз кафат бигрехта дар пардае.
Омада дар бор кардан корвон,
Уштури ту з-он миён гашта ниҳон.
Медавӣ ин сӯву он сӯ хушклаб,
Корвон шуд дуру наздик аст шаб.
Рахт монда бар замин дар роҳи хавф,
Ту пайи уштур давон гашта ба тавф.
К-эй мусулмонон, кӣ дидаст уштуре?
Ҷаста берун бомдод аз охуре?
Ҳар кӣ баргӯяд нишон аз уштурам,
Муждагонӣ медиҳам чандин дирам.
Бозмеҷӯйӣ нишон аз ҳар касе,
Ришхандат мекунад з-ин ҳар хасе.
К-уштуре дидем мерафт ин тараф,
Уштури сурхе, ба сӯйи он алаф.
Он яке гӯяд: бурида гӯш буд?
В-он дигар гӯяд, ҷулаш манқуш буд?
Он яке гӯяд: шутур якчашм буд?
В-он дигар гӯяд: зи гар бепашм буд?
Аз барои муждагонӣ сад нишон,
Аз газофа ҳар хасе карда баён.

Мутараддид шудан дар миёни мазҳабҳои мухталиф ва беруншаву махлас ёфтан

Ҳамчунон ки ҳар касе дар маърифат
Мекунад мавсуфи ғайбиро сифат,
Фалсафӣ аз навъи дигар карда шарҳ,
Боҳисе мар гуфти ӯро карда ҷарҳ.
В-он дигар дар ҳар ду таъна мезанад,
В-он дигар аз зарқ ҷоне меканад.
Ҳар як аз раҳ ин нишонҳо з-он диҳанд,
То гумон ояд, ки эшон з-он деҳанд.
Ин ҳақиқат дон на ҳаққанд ин ҳама,
На ба куллӣ гумраҳонанд ин рама.
З-он ки беҳақ ботиле н-ояд падид,
Қалбро аблаҳ ба бӯйи зар харид.
Гар набудӣ дар ҷаҳон нақде равон,
Қалбҳоро харҷ кардан кай тавон?
То набошад рост, кай бошад дурӯғ?
Он дурӯғ аз рост мегирад фурӯғ.
Бар умеди рост кажро мехаранд,
Заҳр дар қанде равад, он гаҳ х(в)аранд.
Гар набошад гандуми маҳбуби нӯш,
Чӣ барад гандумнамои ҷавфурӯш?
Пас магӯ ин ҷумла дамҳо ботиланд,
Ботилон бар бӯйи Ҳақ доми диланд.
Пас магӯ ҷумла хаёл асту залол,
Бе ҳақиқат нест дар олам хаёл.
Ҳақ шаби қадр аст дар шабҳо ниҳон,
То кунад ҷон ҳар шаберо имтиҳон.
На ҳама шабҳо бувад қадр, эй ҷавон!
На ҳама шабҳо бувад холӣ аз он.
Дар миёни далқпӯшон як фақир,
Имтиҳон кун в-он ки ҳаққ аст, он бигир.
Мӯъмини «каййис мумаййиз» ку? Ки то
Боздонад ҳезаконро аз фато.
Гарна маъюбот бошад дар ҷаҳон,
Тоҷирон бошанд ҷумла аблаҳон.
Пас бувад колошиносӣ сахт саҳл,
Чунки айбе нест чӣ ноаҳлу аҳл?
В-ар ҳама айб аст, дониш суд нест,
Чун ҳама чӯб аст, ин ҷо уд нест.
Он кӣ гӯяд ҷумла ҳаққанд, аҳмақист,
В-он кӣ гӯяд ҷумла ботил, ӯ шақист.
Тоҷирони анбиё карданд суд,
Тоҷирони рангу бӯ кӯру кабуд.
Менамояд мор андар чашм мол,
Ҳар ду чашми хешро некӯ бимол.
Мангар андар ғибтаи ин байъу суд,
Бингар андар хусри Фиръавну Самуд.
Андар ин гардун мукаррар кун назар,
З-он ки Ҳақ фармуд: «Сумма-рҷиъ басар».

Имтиҳони ҳар чизе то зоҳир шавад хайру шарре, ки дар вай аст

Як назар қонеъ машав з-ин сақфи нур,
Борҳо бингар, бибин: «ҳал мин футур»?
Чунки гуфтат, к-андар ин сақфи накӯ,
Борҳо бингар чу марди айбҷӯ.
Пас замини тираро донӣ, ки чанд,
Дидану тамйиз бояд дар писанд.
То биполоем софонро зи дурд,
Чанд бояд ақли моро ранҷ бурд?
Имтиҳонҳои зимистону хазон,
Тоби тобистон, баҳори ҳамчу ҷон.
Бодҳову абрҳову барқҳо,
То падид орад авориз, фарқҳо.
То бурун орад замини хокранг,
Ҳар чӣ андар ҷайб дорад лаълу санг.
Ҳар чӣ дуздидаст ин хоки дужам
Аз хизонай ҳаққу дарёи карам.
Шаҳнаи тақдир гӯяд рост гӯ,
Он чӣ бурдӣ, шарҳ водеҳ мӯ ба мӯ.
Дузд, яъне хок гӯяд ҳеч-ҳеч,
Шаҳна ӯро даркашад дар печ-печ.
Шаҳна гоҳаш лутф гӯяд чун шакар,
Гаҳ баровезад. кунад ҳар чӣ батар.
То миёни қаҳру лутф он хуфяҳо
Зоҳир ояд з-оташи хавфу риҷо.
Он баҳорон лутфи шаҳнай кибриёст,
В-он хазон таҳдиду тахвифи Худост.
В-он зимистон чормехи маънавӣ,
То ту, эй дузди хафӣ, зоҳир шавӣ.
Пас муҷоҳидро замоне басти дил
Як замоне қабзу дарду ғишшу ғил.
З-он ки ин обу гиле, к-абдони мост,
Мункиру дузди зиёи ҷонҳост.
Ҳақ таъоло гарму сарду ранҷу дард,
Бар тани мо мениҳад, эй шермард!
Хавфу ҷӯъу нақси амволу бадан,
Ҷумла баҳри нақди ҷон зоҳир шудан.
Ин ваъиду ваъдаҳо ангехтаст,
Баҳри ин неку баде, к-омехтаст.
Чунки ҳаққу ботиле омехтанд,
Нақду қалб андар ҳурумдон рехтанд.
Пас миҳак мебоядаш бигзидае,
Дар ҳақоиқ имтиҳонҳо дидае.
То шавад форуқи ин тазвирҳо,
То набуд дастури ин тадбирҳо.
Шир деҳ, эй модари Мӯсо, варо
В-андар об афган, маяндеш аз бало.
Ҳар кӣ дар рӯзи аласт он шир х(в)ард,
Ҳамчу Мӯсо ширро тамйиз кард.
Гар ту бар тамйизи тифлат мулаъӣ,
Ин замон ё умми Мӯсо «арзиъӣ».
То бибинад таъми шири модараш,
То фурӯ н-ояд ба дойай бад сараш.

Шарҳи фоидаи ҳикояти он шахси шутурҷӯянда

Уштуре гум кардаӣ, эй мӯътамад!
Ҳар касе, з-уштур нишонат медиҳад.
Ту намедонӣ, ки он уштур куҷост,
Лек донӣ, к-ин нишониҳо хатост.
В-он ки уштур гум накард ӯ аз мирӣ,
Ҳамчу он гумкарда ҷӯяд уштуре.
Ки бале ман ҳам шутур гум кардаам,
Ҳар кӣ ёбад уҷраташ овардаам.
То дар уштур бо ту анбозӣ кунад,
Баҳри тамъи уштур ин бозӣ кунад.
ӯ нишони каж бинашносад зи рост,
Лек гуфтат он муқаллидро асост.
Ҳар чиро гӯйӣ: «Хато буд он нишон»,
ӯ ба тақлиди ту мегӯяд ҳамон.
Чун нишони рост гӯянду шабеҳ,
Пас яқин гардад туро «ло райба фиҳ».
Он шифои ҷони ранҷурат шавад,
Ранги рӯю сиҳҳату зӯрат шавад.
Чашми ту равшан шавад, поят давон,
Ҷисми ту ҷон гардаду ҷонат равон.
Пас бигӯйӣ: «Рост гуфтӣ, эй амин»,
Ин нишониҳо балоғ омад мубин.
«Фиҳи оётун сиқотун баййинот»,
Ин бароте бошаду қадри наҷот.
Ин нишон чун дод, гӯйӣ пеш рав,
Вақти оҳанг аст, пешоҳанг шав.
Пайравии ту кунам, эй ростгӯ,
Бӯй бурдӣ з-уштурам, бинмо, ки ку?
Пеши он кас, ки на соҳибуштурест,
К-ӯ дар ин ҷусти шутур баҳри мирист.
З-ин нишони рост н-афзудаш яқин,
Ҷуз зи акси ноқаҷӯйи ростин.
Бӯй бурд аз ҷидду гармиҳои ӯ,
Ки газофа нест ин ҳайҳои ӯ.
Андар ин уштур набудаш ҳақ, вале,
Уштуре гум кардааст ӯ ҳам, бале.
Тамъи ноқай ғайр рӯпӯшаш шуда,
Он-ч аз ӯ гум шуд, фаромӯшаш шуда.
Ҳар куҷо ӯ медавад, ин медавад,
Аз тамаъ ҳамдарду соҳиб мешавад.
Козибе бо содиқе чун шуд равон,
Он дурӯғаш ростӣ шуд ногаҳон.
Андар он саҳро, ки он уштур шитофт,
Уштури худ низ он дигар биёфт.
Чун бидидаш, ёд овард они хеш,
Бетамаъ шуд з-уштурони ёру хеш.
Он муқаллид шуд муҳаққиқ, чун бидид
Уштури худро, ки он ҷо мечарид.
ӯ талабкори шутур он лаҳза гашт,
Менаҷусташ то надид ӯро ба дашт.
Баъд аз он танҳоравӣ оғоз кард,
Чашм сӯйи ноқаи худ боз кард.
Гуфт он содиқ: «Маро бигзоштӣ?
То беҳ акнун поси ман медоштӣ!»
Гуфт: «То акнун фусусе будаам
В-аз тамаъ дар чоплусӣ будаам.
Ин замон ҳамдарди ту гаштам, ки ман
Дар талаб аз ту ҷудо гаштам ба тан.
Аз ту медуздидаме васфи шутур,
Ҷони ман дид они худ, шуд чашм пур.
То наёбидам, набудам толибаш,
Мис кунун мағл уб шуд, зар ғолибаш.
Саййиотам шуд ҳама тоъот, шукр,
Ҳазл шуд фониву ҷидд исбот, шукр.
Саййиотам чун василат шуд ба Ҳақ,
Пас мазан бар саййиотам ҳеч дақ.
Мар туро сидқи ту толиб карда буд,
Мар маро ҷидду талаб сидқе гушуд.
Сидқи ту овард дар ҷустан туро,
Ҷустанам овард дар сидқе маро.
Тухми давлат дар замин мекоштам,
Сухраву бегор мепиндоштам.
Он набуд бегор, касбе буд чуст,
Ҳар яке дона, ки киштам, сад бируст.
Дузд сӯйи хонае шуд зердаст,
Чун даромад, дид, к-он хонай худ аст.
Гарм бош, эй сард, то гармӣ расад,
Бо дуруштӣ соз, то нармӣ расад.
Он ду уштур нест он як уштур аст,
Танг омад лафз, маънӣ бас пур аст.
Лафз дар маънӣ ҳамеша норасон,
З-он паямбар гуфт: «Қад калла лисон».
Нутқ устурлоб бошад дар ҳисоб,
Чӣ қадар донад зи чарху офтоб?
Хоса чархе, к-ин фалак з-ӯ парраест,
Офтоб аз офтобаш зарраест.

Баёни он ки дар ҳар нафсе фитнаи масҷиди Зирор ҳаст

Чун падид омад, ки он масҷид набуд,
Хонаи ҳилат буду доми ҷуҳуд.
Пас набӣ фармуд, к-онро баркананд,
Матраҳай хошоку хокистар кунанд.
Соҳиби масҷид чу масҷид қалб буд,
Донаҳо бар дом резӣ, нест ҷуд.
Гӯшт, к-андар шасти ту моҳирабост,
Ончунон луқма на бахшиш, на сахост.
Масҷиди аҳли қубо, к-он буд ҷамод,
Он чи куфви ӯ набуд, роҳаш надод.
Дар ҷамодот инчунин ҳайфе нарафт,
Зад дар он нокуфв амири дод нафт.
Пас ҳақоиқро, ки асли аслҳост,
Дон, ки он ҷо фарқҳову фаслҳост.
На ҳаёташ чун ҳаёти ӯ бувад,
На мамоташ чун мамоти ӯ бувад.
Гӯри ӯ ҳаргиз чу гӯри ӯ мадон,
Худ чӣ гӯям ҳоли фарқи он ҷаҳон?
Бар миҳак зан кори худ, эй марди кор,
То насозӣ масҷиди аҳли Зирор.
Бас дар он масҷидкунон тасхур задӣ,
Чун назар кардӣ, ту худ з-эшон будӣ.

Ҳикояти ҳинду, ки бо ёри худ ҷанг мекард бар коре ва хабар надошт, ки ӯ ҳам бад-он мубталост

Чор ҳинду дар яке масҷид шуданд,
Баҳри тоат рокеъу соҷид шуданд.
Ҳар яке бар нияте такбир кард,
Дар намоз омад ба мискиниву дард.
Муъзин омад, аз яке лафзе биҷаст,
К-эй муаззин, бонг кардӣ, вақт ҳаст?
Гуфт он ҳиндуи дигар аз ниёз:
«Ҳай, сухан гуфтиву ботил шуд намоз».
Он сеюм гуфт он дувумро: «Эй аму!
Чӣ занӣ таъна бар ӯ? Худро бигӯ».
Он чаҳорум гуфт: «Ҳамдуллаҳ, ки ман,
Дарнаяфтодам ба чаҳ чун он се тан».
Пас намози ҳар чаҳорон шуд табоҳ,
Айбгӯён бештар гум карда роҳ.
Эй хунукҷоне, ки айби хеш дид,
Ҳар кӣ айбе гуфт, он бар худ харид.
З-он ки ними ӯ зи айбистон будаст
В-он дигар нимаш зи ғайбистон будаст.
Чунки бар сар мар туро даҳ реш ҳаст,
Марҳамат бар хеш бояд кор баст.
Айб кардан хешро доруи ӯст,
Чун шикаста гашт, ҷойи «ирҳаму»-ст.
Гар ҳамон айбат набуд, эмин мабош,
Бу, ки он айб аз ту гардад низ фош.
«Ло тахофу» аз Худо нашнидаӣ,
Пас чӣ худро эмину хуш дидаӣ?
Солҳо Иблис некӯном зист,
Гашт расво, бин ки ӯро ном чист.
Дар ҷаҳон маъруф буд алёи ӯ,
Гашт маъруфе ба акс, эй войи ӯ.
То найӣ эмин, ту маъруфӣ маҷӯ,
Рӯ бишӯй аз хавф, пас бинмой рӯ.
То нарӯяд риши ту, эй хуби ман,
Бар дигар содазанах таъна мазан.
Ин нигар, ки мубтало шуд ҷони ӯ,
Дар чаҳе афтод, то шуд панди ту.
Ту наяфтодӣ, ки бошӣ панди ӯ,
Заҳр ӯ нӯшид, ту хур қанди ӯ.

Қасд кардани ғузон ба куштани як марде то он дигар битарсад

Он ғузони турк хунрез омаданд,
Баҳри яғмо бар деҳе ногаҳ заданд.
Ду кас аз аъёни он деҳ ёфтанд,
Дар ҳалоки он яке биштофтанд.
Даст бастандаш, ки қурбонаш кунанд,
Гуфт: «Эй шоҳону аркони баланд.
Дар чаҳи маргам чаро меафганед?
Аз чӣ охир ташнаи хуни манед?
Чист ҳикмат? Чӣ ғараз дар куштанам?
Чун чунин дарвешаму урёнтанам».
Гуфт: «То ҳайбат бар ин ёрат занад,
То битарсад ӯву зар пайдо кунад».
Гуфт: «Охир ӯ зи ман мискинтар аст»,
Гуфт: «Қосид кардааст, ӯро зар аст».
Гуфт: «Чун ваҳм аст, мо ҳар ду якем,
Дар мақоми эҳтимолу дар шакем.
Худ варо букшед аввал, эй шаҳон,
То битарсам ман, диҳам зарро нишон».
Пас карамҳои илоҳӣ бин, ки мо,
Омадем охирзамон дар интиҳо.
Охирини қарнҳо пеш аз қурун,
Дар ҳадис аст: охируна-с-собиқун.
То ҳалоки қавми Нӯҳу қавми Ҳуд,
Оризи раҳмат ба ҷони мо намуд.
Кушт эшонро, ки мо тарсем аз ӯ
В-ар худ ин баръакс кардӣ, войи ту.

Баёни ҳоли худпарастон ва ношукрон дар неъмати вуҷуди анбиё ва авлиё алайҳимуссалом

Ҳар кӣ з-эшон гуфт аз айбу гуноҳ
В-аз дили чун санг в-аз ҷони сиёҳ.
В-ар сабукдории фармонҳои ӯ
В-аз фароғат, аз ғами фардои ӯ.
В-аз ҳавас в-аз ишқи ин дунёи дун,
Чун занон мар нафсро будан забун.
В-он фирор аз нуктаҳои носеҳон
В-он рамидан аз лиқои солеҳон.
Бо дилу бо аҳли дил бегонагӣ,
Бо шаҳон тазвиру рӯбаҳшонагӣ.
Серчашмонро гадо пиндоштан,
Аз ҳасадшон хуфя душман доштан.
Гар пазирад чиз, ту гӯйӣ гадост
В-арна гӯйӣ: зарқу макр асту дағост.
Гар даромезад, ту гӯйӣ томеъ аст
В-арна гӯйӣ дар такаббур мулиъ аст.
Ё мунофиқвор узр орӣ, ки ман
Мондаам дар нафқаи фарзанду зан.
На маро парвои сар хоридан аст,
На маро парвои дин варзидан аст.
Эй фалон, моро ба ҳиммат ёд дор,
То шавем аз авлиё поёни кор.
Ин сухан ҳам не зи дарду сӯз гуфт,
Хобноке ҳарза гуфту боз хуфт:
«Ҳеч чора нест аз қути иёл,
Аз буни дандон кунам касби ҳалол».
Чӣ ҳалол? Эй гашта аз аҳли залол,
Ғайри хуни ту намебинам ҳалол.
Аз Худо чорасташу аз қут не,
Чора-ш аст аз дину аз тоғут не.
Эй ки сабрат нест аз дунёи дун,
Сабр чун дорӣ зи «неъма-л-моҳидун»?
Эй ки сабрат нест аз нозу наъим,
Сабр чун дорӣ аз Аллоҳи карим?
Эй ки сабрат нест аз поку палид,
Сабр чун дорӣ аз он кинофарид?
Ку халиле, к-ӯ бурун омад зи ғор,
Гуфт: «Ҳозо рабби, ҳон, ку кирдгор?»
Ман нахоҳам дар ду олам бингарист,
То набинам ин ду маҷлис они кист.
Бе тамошои сифатҳои Худо
Гар хурам нон, дар гулӯ монад маро.
Чун гуворад луқма бе дидори ӯ?
Бе тамошои гулу гулзори ӯ.
Ҷуз бар умеди Худо з-ин об х(в)ар,
Кай хурад як лаҳза ғайри гову хар?
Он ки «ка-л-анъом» буд, бал «ҳум азал»,
Гарчи пурмакр аст он гандабағал.
Макри ӯ сарзеру ӯ сарзер шуд,
Рӯзгорак бурду рӯзаш дер шуд.
Фикри гоҳаш кунд шуд, ақлаш хариф,
Умр шуд, чизе надорад чун алиф.
Он чӣ мегӯяд: «Дар ин андешаам»,
Он ҳам аз дастони он нафс аст ҳам.
В-он чӣ мегӯяд: «Ғафур асту раҳим»,
Нест он ҷуз ҳилаи нафси лаъим.
Эй зи ғам мурда, ки даст аз нон тиҳист,
Гар ғафур асту раҳим, ин тарс чист?

Шикоят гуфтани пирмарде ба табиб аз ранҷуриҳо ва ҷавоб гуфтани табиб ӯро

Гуфт пире мар табиберо, ки ман
Дар заҳирам аз димоғи хештан.
Гуфт: «Аз пирист он заъфи димоғ»,
Гуфт: «Бар чашмам зи зулмат ҳаст доғ».
Гуфт: «Аз пирист, эй шайхи қадим!»
Гуфт: «Пуштам дард меояд азим».
Гуфт: «Аз пирист, эй шайхи низор!»
Гуфт: «Ҳар чӣ мехурам, набвад гувор».
Гуфт: «Заъфи меъда ҳам аз пирӣ аст»,
Гуфт: «Вақти дам маро дамгирӣ аст».
Гуфт: «Оре, инқитоъи дам бувад,
Чун расад пирӣ, дусад иллат шавад».
Гуфт: «Эй аҳмақ, бар ин бардӯхтӣ?
Аз табибӣ ту ҳамин омӯхтӣ?
Эй мудаммағ, ақлат ин дониш надод,
Ки Худо ҳар ранҷро дармон ниҳод?
Ту хари аҳмақ зи андакмоягӣ,
Бар замин мондӣ зи кӯтаҳпоягӣ».
Пас табибаш гуфт: «Эй умри ту шаст,
Ин ғазаб в-ин хашм ҳам аз пирӣ аст.
Чун ҳама авсофу аҷзо шуд наҳиф,
Хештандориву сабрат шуд заъиф.
Барнатобад ду сухан, з-ӯ ҳай кунад,
Тоби як ҷуръа надорад, қай кунад».
Ҷуз магар пире, ки аз Ҳаққ аст маст,
Дар даруни ӯ ҳаёти таййиба-ст.
Аз бурун пир асту дар ботин сабӣ,
Худ чӣ чиз аст он валиву он набӣ?
Гар на пайдоанд пеши неку бад,
Чист бо эшон хасонро ин ҳасад?
В-ар намедонандашон илмуляқин,
Чист ин буғзу ҳиялсозиву кин?
В-ар бидонандӣ ҷазои растахез,
Чун занандӣ хеш бар шамшери тез?
Бар ту механдад, мабин ӯро чунон,
Сад қиёмат дар дарун асташ ниҳон.
Дӯзаху ҷаннат ҳамай аҷзои ӯст,
Ҳар чӣ андешӣ ту, ӯ болои ӯст.
Ҳар чӣ андешӣ, пазирои фаност,
Он кӣ дар андеша н-ояд, он Худост.
Бар дари ин хона густохӣ зи чист?
Гар ҳамедонанд, к-андар хона кист.
Аблаҳон таъзими масҷид мекунанд,
Дар ҷафои аҳли дил ҷид мекунанд.
Он маҷоз аст, ин ҳақиқат, эй харон,
Нест масҷид ҷуз даруни сарварон.
Масҷиде, к-он андаруни авлиёст,
Саҷдагоҳи ҷумла аст, он ҷо Худост.
То дили марди Худо н-омад ба дард,
Ҳеч қавмеро Худо расво накард.
Қасди ҷанги анбиё медоштанд,
Ҷисм диданд, одамӣ пиндоштанд.
Дар ту ҳаст ахлоқи он пешиниён,
Чун наметарсӣ, ки ту бошӣ ҳамон?
Он нишониҳо ҳама чун дар ту ҳаст,
Чун ту з-эшонӣ, куҷо хоҳӣ бираст?

Қиссаи Ҷӯҳӣ ва он кӯдак, ки пеши ҷанозаи падар навҳа мекард

Кӯдаке дар пеши тобути падар
Зор менолиду бармекӯфт сар,
К-эй падар, охир куҷоат мебаранд?
То туро дар зери хоке бифшуранд.
Мебарандат хонае тангу заҳир!
Не дар ӯ қоливу не дар вай ҳасир.
Не чароғе дар шабу на рӯз нон,
На дар ӯ бӯйи таому на нишон.
Не дари маъмур, не бар бом роҳ,
Не яке ҳамсоя, к-ӯ бошад паноҳ.
Чашми ту, ки бӯсагоҳи халқ буд,
Чун шавад дар хонае кӯру кабуд?
Хонае бе зинҳору ҷойи танг,
Ки дар ӯ на рӯй мемонад, на ранг.
З-ин насақ авсофи хона мешумурд,
В-аз ду дида ашки хунин мефушурд.
Гуфт Ҷӯҳӣ бо падар: «Эй арҷманд
Валлаҳ инро хонаи мо мебаранд».
Гуфт Ҷӯҳиро падар: «Аблаҳ машав»
Гуфт: «Эй бобо, нишониҳо ш унав».
Ин нишониҳо, ки гуфт ӯ як ба як,
Хонаи морост бетардиду шак.
На ҳасиру на чароғу на таом,
На дараш маъмуру на саҳну на бом.
З-ин намат доранд бар худ сад нишон,
Лек кай бинанд онро тоғиён?
Хонаи он дил, ки монад бе зиё
Аз шуои офтоби кибриё,
Тангу торик аст чун ҷони ҷуҳуд,
Бенаво аз завқи султони вадуд.
На дар он дил тофт нури офтоб,
На гушоди арсаву на фатҳи боб.
Гӯр хуштар аз чунин дил мар туро,
Охир аз гӯри дили худ бартар о.
Зиндаиву зиндазод, эй шӯхи шанг!
Дар намегирад туро з-ин гӯри танг?
Юсуфи вақтиву хуршеди само,
З-ин чаҳу зиндон барову рӯ намо.
Юнусат дар батни моҳӣ пухта шуд,
Махласашро нест аз тасбеҳ буд.
Гар набудӣ ӯ мусаббеҳ батни нун,
Ҳабсу зиндонаш будӣ то «юбъасун».
ӯ ба тасбеҳ аз тани моҳӣ биҷаст,
Чист тасбеҳ? Ояти рӯзи аласт.
Гар фаромӯшат шуд он тасбеҳи ҷон,
Бишнав ин тасбеҳҳои моҳиён.
Ҳар кӣ дид Аллоҳро, аллоҳӣ аст,
Ҳар кӣ дид он баҳрро, он моҳӣ аст.
Ин ҷаҳон дарёсту тан моҳиву рӯҳ,
Юнуси маҳҷуб аз нури сабӯҳ.
Гар мусаббеҳ бошад аз моҳӣ раҳид
В-арна дар вай ҳазм гашту нопадид.
Моҳиёни ҷон дар ин дарё пуранд,
Ту намебинӣ, ки кӯрӣ, эй нажанд!
Бар ту худро мезананд он моҳиён,
Чашм бугшо, то бибинишон аён.
Моҳиёнро гар намебинӣ ба дид,
Гӯши ту тасбеҳашон охир шунид.
Сабр кардан ҷони тасбеҳоти туст,
Сабр кун, к-он аст тасбеҳи дуруст.
Ҳеч тасбеҳе надорад он дараҷ,
Сабр кун, «ассабру мифтоҳу-л-фараҷ».
Сабр чун пули Сирот, он сӯ биҳишт,
Ҳаст бо ҳар хуб як лолои зишт.
То зи лоло мегурезӣ, васл нест,
З-он ки лолоро зи шоҳид фасл нест.
Ту чӣ донӣ завқи сабр, эй шишадил?
Хоса сабр аз баҳри он нақши чигил.
Мардро завқ аз ғазову карру фар,
Мар муханнасро бувад завқ аз закар.
Ҷуз закар на дини ӯву зикри ӯ,
Сӯйи асфал бурд ӯро фикри ӯ.
Гар барояд то фалак, аз вай матарс,
К-ӯ ба ишқи суфл омӯзид дарс.
ӯ ба сӯйи суфл меронад фарас,
Гарчи сӯйи улв ҷунбонад ҷарас.
Аз аламҳои гадоён тарс чист?
К-он аламҳо луқмае нонро раҳест.

Тарсидани кӯдак аз он шахси соҳибҷусса ва гуфтани он шахс, ки эй кӯдак, матарс, ки ман номардам

Кинги зафте кӯдакеро ёфт фард,
Зард шуд кӯдак зи бими қасди мард.
Гуфт: «Эман бош, эй зебои ман!
Ки ту хоҳӣ буд бар болои ман.
Ман агар ҳавлам, муханнас дон маро,
Ҳамчу уштур барнишин, мерон маро».
Сурати мардону маънӣ инчунин,
Аз бурун Одам, дарун деви лаъин.
Он дуҳулро монӣ, эй зафти чу Од,
Ки бар ӯ он шохро мекӯфт бод.
Рӯбаҳе ишкори худро бод дод,
Баҳри табле ҳамчу хики пур зи бод.
Чун надид андар дуҳул ӯ фарбеҳӣ,
Гуфт: «Хуке беҳ аз ин хики тиҳӣ».
Рӯбаҳон тарсанд з-овози дуҳул,
Оқилаш чандон занад, ки «ло тақул».

Қиссаи тирандозе ва тарсидани ӯ аз саворе, ки дар беша мерафт

Як саворе бо силоҳу бас маҳиб
Мешуд андар беша бар аспе наҷиб.
Тирандозе ба ҳукм ӯро бидид,
Пас зи хавфи ӯ камонро даркашид.
То занад тире, савораш бонг зад:
«Ман заифам, гарчи зафт астам ҷасад,
Ҳону ҳон, мангар ту дар зафтии ман,
Ки камам дар вақти ҷанг аз пирзан».
Гуфт: «Рав, ки нек гуфтӣ в-арна неш
Бар ту меандохтам аз тарси хеш».
Бас касонро, к-олати пайкор кушт,
Бе руҷулият чунон теғе ба мушт.
Гар бипӯшӣ ту силоҳи рустамон,
Рафт ҷонат, чун набошӣ марди он.
Ҷон сипар кун, теғ бигзор, эй писар!
Ҳар кӣ бесар буд, аз ин шаҳ бурд сар.
Он силоҳат ҳилаву макри ту аст,
Ҳам зи ту зойиду ҳам ҷони ту хаст.
Чун накардӣ ҳеч суде з-ин ҳиял,
Тарки ҳилат кун, ки пеш ояд дувал.
Чун яке лаҳза нахӯрдӣ бар зи фан,
Тарки фан гӯ, металаб раббилминан.
Чун муборак нест бар ту ин улум,
Хештан гӯле куну бигзар зи шум.
Чун малойик гӯ, ки «ло илма лано
Ё илоҳӣ ғайра мо алламтано».

Қиссаи аъробӣ ва рег дар ҷувол кардан ва маломат кардани он файласуф ӯро

Як аробӣ бор карда уштуре,
Ду ҷуволи зафт аз дона пуре.
ӯ нишаста бар сари ҳар ду ҷувол,
Як ҳадисандоз кард ӯро суол.
Аз ватан пурсиду овардаш ба гуфт
В-андар он пурсиш басе дурҳо бисуфт.
Баъд аз он гуфташ, ки ин ҳар ду ҷувол
Чист оганда? Бигӯ масдуқи ҳол.
Гуфт: «Андар як ҷуволам гандум аст,
Дар дигар реге, на қути мардум аст».
Гуфт: «Ту чун бор кардӣ ин рамол?»
Гуфт: «То танҳо намонад ин ҷувол».
Гуфт: «Ними гандуми он тангро,
Дар дигар рез, аз пайи фарҳангро,
То сабук гардад ҷуволу ҳам шутур»,
Гуфт: «Шобош, эй ҳакими аҳлу ҳур.
Инчунин фикри дақиқу ройи хуб,
Ту чунин урён, пиёда дар луғуб!»
Раҳмаш омад бар ҳакиму азм кард,
К-иш бар уштур барнишонад некмард.
Боз гуфташ: «Эй ҳакими хушсухун,
Шаммае аз ҳоли худ ҳам шарҳ кун.
Инчунин ақлу кифоят, ки турост,
Ту вазирӣ ё шаҳӣ, баргӯй рост».
Гуфт: «Ин ҳар ду наям, аз омаам,
Бингар андар ҳолу андар ҷомаам».
Гуфт: «Уштур чанд дорӣ? Чанд гов?»
Гуфт: «На ину на он, моро маков».
Гуфт: «Рахтат чист, боре дар дукон?»
Гуфт: «Моро ку дукону ку макон?»
Гуфт: «Пас аз нақд пурсам, нақд чанд?
Ки туӣ танҳораву маҳбубпанд.
Кимиёи мисси олам бо ту аст,
Ақлу донишро гуҳар тӯ бар тӯ аст».
Гуфт: «Валлаҳ нест ё ваҷҳулараб,
Дар ҳама мулкам вуҷуҳи қути шаб,
Побараҳна, танбараҳна медавам,
Ҳар кӣ ноне медиҳад, он ҷо равам.
Мар маро з-ин ҳикмату фазлу ҳунар
Нест ҳосил ҷуз хаёлу дарди сар».
Пас араб гуфташ, ки рав дур аз барам,
То наборад шумии ту бар сарам.
Дур бар он ҳикмати шумат зи ман,
Нутқи ту шум аст бар аҳли заман.
Ё ту он сӯ рав, ман ин сӯ медавам
В-ар туро раҳ пеш, ман вопас равам.
Як ҷуволам гандуму дигар зи рег,
Беҳ бувад з-ин ҳилаҳои мурдарег.
Аҳмақиям бас муборак аҳмақист,
Ки дилам бо баргу ҷонам муттақист.
Гар ту хоҳӣ, к-ит шақоват кам шавад
Ҷаҳд кун, то аз ту ҳикмат кам шавад.
Ҳикмате, к-аз табъ зояд в-аз хаёл,
Ҳикмате не, файзи нури зулҷалол.
Ҳикмати дунё физояд занну шак,
Ҳикмати динӣ барад фавқи фалак.
Завбаъони зираки охирзамон,
Барфузуда хеш бар пешиниён.
Ҳилаомӯзон ҷигарҳо сӯхта,
Феълҳову макрҳо омӯхта.
Сабру исору сахои нафсу ҷуд
Бод дода, к-он бувад иксири суд.
Фикр он бошад, ки бигшояд раҳе,
Роҳ он бошад, ки пеш ояд шаҳе.
Шоҳ он бошад, ки аз худ шаҳ бувад,
На ба махзанҳову лашкар шаҳ шавад.
То бимонад шоҳии ӯ сармадӣ,
Ҳамчу иззи мулки дини аҳмадӣ.

Каромоти Иброҳими Адҳам бар лаби дарё

Ҳам зи Иброҳими Адҳам омадаст,
К-ӯ зи роҳе бар лаби дарё нишаст.
Далқи худ медӯхт он султони ҷон,
Як амире омад он ҷо ногаҳон.
Он амир аз бандагони шайх буд,
Шайхро бишнохт, саҷда кард зуд.
Хира шуд дар шайху андар далқи ӯ,
Шакли дигар гашта хулқу халқи ӯ,
К-ӯ раҳо кард он чунон мулки шигарф,
Баргузид он фақри бас борикҳарф.
Тарк кард ӯ мулки ҳафт иқлимро,
Мезанад бар далқ сӯзан чун гадо.
Шайх воқиф гашт аз андешааш,
Шайх чун шер асту дилҳо бешааш.
Чун риҷову хавф дар дилҳо равон,
Нест махфӣ бар вай асрори ҷаҳон.
Дил нигаҳ доред, эй беҳосилон,
Дар ҳузури ҳазрати соҳибдилон.
Пеши аҳли тан адаб бар зоҳир аст,
Ки Худо з-эшон ниҳонро сотир аст.
Пеши аҳли дил адаб бар ботин аст,
З-он ки дилшон бар сароир фотин аст.
Ту ба аксӣ пеши кӯрон баҳри ҷоҳ,
Бо ҳузур ойӣ, нишинӣ пойгоҳ.
Пеши биноён кунӣ тарки адаб,
Нори шаҳватро аз он гаштӣ ҳатаб.
Чун надорӣ фатнату нури ҳудо,
Баҳри кӯрон рӯйро мезан ҷило!
Пеши биноён ҳадас дар рӯй мол!
Ноз мекун бо чунин гандидаҳол!
Шайх сӯзан зуд дар дарё фиганд,
Хост сӯзанро ба овози баланд.
Садҳазорон моҳии аллоҳие,
Сӯзани зар дар лаби ҳар моҳие,
Сар бароварданд аз дарёи Ҳақ,
Ки бигир, эй шайх, сӯзанҳои Ҳақ.
Рӯ бад-ӯ карду бигуфташ: «Эй амир!
Мулки дил беҳ ё чунон мулки ҳақир?»
Ин нишони зоҳир аст, ин ҳеч нест,
То ба ботин дарравӣ, бинӣ ту бист.
Сӯйи шаҳр аз боғ шохе оваранд,
Боғу бустонро куҷо он ҷо баранд?
Хоса боғе, к-ин фалак як барги ӯст,
Балки он мағз асту ин олам чу пӯст.
Барнамедорӣ суи он боғ гом?
Бӯй афзун ҷӯю кун дафъи зуком.
То ки он бӯ ҷозиби ҷонат шавад,
То ки он бӯ нури чашмонат шавад.
Гуфт Юсуф ибни Яъқуби набӣ,
Баҳри бӯ «алқу ало ваҷҳи абӣ».
Баҳри ин бӯ гуфт Аҳмад дар изот,
Доимо: «қуррату айнӣ фӣ-с-салот».
Панҷ ҳис бо ҳамдигар пайвастаанд,
З-он ки ин ҳар панҷ з-асле рустаанд.
Қуввати як қуввати боқӣ шавад,
Мобақиро ҳар яке соқӣ шавад.
Дидани дида физояд ишқро,
Ишқ дар дида физояд сидқро.
Сидқ бедории дида мешавад,
Ҳиссҳоро завқ мӯнис мешавад.

Оғози мунавар шудани ориф ба нури ғайббин

Чун яке ҳис дар равиш бигшод банд,
Мобақӣ ҳисҳо ҳама мубдал шаванд.
Чун яке ҳис ғайримаҳсусот дид,
Гашт ғайбе бар ҳама ҳисҳо падид.
Чун зи ҷӯ ҷаст аз гала як гӯсфанд,
Пас паёпай ҷумла з-он сӯ барҷаҳанд.
Гӯсфандони ҳавосатро бирон,
Дар чаро аз «ахраҷа-л-маръо» чарон.
То дар он ҷо сунбулу райҳон чаранд,
То ба гулзори ҳақоиқ раҳ баранд.
Ҳар ҳисат пайғамбари ҳисҳо шавад,
То якояк сӯйи он ҷаннат равад.
Ҳиссҳо бо ҳисси ту гӯянд роз
Бе ҳақиқат, бе забону бе маҷоз.
К-ин ҳақиқат қобили таъвилҳост,
В-ин таваҳҳум мояи тахйилҳост.
Он ҳақиқатро, ки бошад аз аён,
Ҳеч таъвиле нагунҷад дар миён.
Чунки ҳар ҳис бандаи ҳисси ту шуд,
Мар фалакҳоро набошад аз ту буд.
Чунки даъвие равад дар мулки пӯст,
Мағз они кӣ бувад? Қишр они ӯст.
Чун танозуъ дарфитад дар танги коҳ,
Дона они кист? Онро кун нигоҳ.
Пас фалак қишр асту нури рӯҳ мағз,
Ин падид аст, он хафӣ, з-ин рӯ малағз.
Ҷисм зоҳир, рӯҳ махфӣ омадаст,
Ҷисм ҳамчун остин, ҷон ҳамчу даст.
Боз ақл аз рӯҳ махфитар парад,
Ҳисс сӯйи рӯҳ зудтар раҳ барад.
Ҷунбише бинӣ, бидонӣ зинда аст,
Ин надонӣ, ки зи ақл оганда аст.
То ки ҷунбишҳои мавзун сар кунад,
Ҷунбиши мисро ба дониш зар кунад.
З-он муносиб омадан афъоли даст
Фаҳм ояд мар туро, ки ақл ҳаст.
Рӯҳи ваҳй аз ақл пинҳонтар бувад,
З-он ки ӯ ғайбист, ӯ з-он сар бувад.
Ақли Аҳмад аз касе пинҳон нашуд,
Рӯҳи ваҳйаш мудраки ҳар ҷон нашуд.
Рӯҳи ваҳйиро муносибҳост низ,
Дарнаёбад ақл, к-он омад азиз.
Гаҳ ҷунун бинад, гаҳе ҳайрон шавад,
З-он ки мавқуф аст, то ӯ он шавад.
Чун маносибҳои афъоли Хизир
Ақли Мӯсо буд дар дидаш кадир.
Номуносиб менамуд афъоли ӯ,
Пеши Мӯсо чун набудаш ҳоли ӯ.
Ақли Мӯсо чун шавад дар ғайб банд,
Ақли мушӣ худ кӣ аст, эй арҷманд?
Илми тақлидӣ бувад баҳри фурӯхт,
Чун биёбад муштарӣ, хуш барфурӯхт.
Муштарии илми таҳқиқӣ Ҳақ аст,
Доиман бозори ӯ боравнақ аст.
Лаб бибаста маст дар байъу шаро,
Муштарӣ беҳад, ки «Аллоҳа-штаро».
Дарси Одамро фаришта муштарӣ,
Маҳрами дарсаш на дев асту парӣ.
Одам «анбиҳум биасмо» дарс гӯ,
Шарҳ кун асрори Ҳақро мӯ ба мӯ.
Ончунон касро, ки кӯтаҳбин бувад,
Дар талаввун ғарқу бетамкин бувад,
Муш гуфтам, з-он ки дар хок аст ҷош,
Хок бошад мушро ҷойи маош.
Роҳҳо донад, вале дар зери хок,
Ҳар тараф ӯ хокро кардаст чок.
Нафси мушӣ нест илло луқма ранд,
Қадри ҳоҷат мушро ақле диҳанд.
З-он ки беҳоҷат Худованди азиз
Менабахшад ҳеч касро ҳеч чиз.
Гар набудӣ ҳоҷати олам замин,
Н-офаридӣ ҳеч раббу-л-оламин.
В-ин замини музтариб мӯҳтоҷи кӯҳ
Гар набудӣ, н-офаридӣ пуршукӯҳ.
В-ар набудӣ ҳоҷати афлок ҳам,
Ҳафт гардун н-оваридӣ аз адам.
Офтобу моҳу ин исторагон
Ҷуз ба ҳоҷат кай падид омад аён?
Пас каманди ҳастҳо ҳоҷат бувад,
Қадри ҳоҷат мардро олат диҳад.
Пас бияфзо ҳоҷат, эй мӯҳтоҷ, зуд
То биҷӯшад дар карам дарёи ҷуд.
Ин гадоён бар раҳу ҳар мубтало
Ҳоҷати худ менамояд халқро:
Кӯриву шалливу бемориву дард,
То аз ин ҳоҷат биҷунбад раҳми мард.
Ҳеч гӯяд: «Нон диҳед, эй мардумон,
Ки маро мол асту анбор асту хон?»
Чашм нанҳодаст Ҳақ дар кӯрмуш,
З-он ки ҳоҷат нест чашмаш баҳри нӯш.
Метавонад зист бечашму басар,
Фориғ аст аз чашм ӯ дар хоки тар.
Ҷуз ба дуздӣ ӯ бурун н-ояд зи хок,
То кунад холиқ аз он дуздиш пок.
Баъд аз он пар ёбаду мурғе шавад,
Чун малойик ҷониби гардун равад.
Ҳар замон дар гулшани шукри Худо
ӯ барорад ҳамчу булбул сад наво,
К-эй раҳонанда маро аз васфи зишт!
Эй кунанда дӯзахеро ту биҳишт!
Дар яке пиҳе ниҳӣ ту равшанӣ,
Устухонеро диҳӣ самъ, эй ғанӣ!
Чӣ тааллуқ он маъониро ба ҷисм?
Чӣ тааллуқ фаҳми ашёро ба исм?
Лафз чун вакр асту маънӣ тойир аст,
Ҷисм ҷӯю рӯҳ оби сойир аст.
ӯ равон асту ту гӯйӣ воқиф аст,
ӯ давон асту ту гӯйӣ окиф аст.
Гар набинӣ сайри об аз чокҳо,
Чист бар вай нав ба нав хошокҳо?
Ҳаст хошоки ту суратҳои фикр,
Нав ба нав дармерасад ашколи бикр.
Рӯйи обу ҷӯйи фикр андар равиш
Нест бехошоки маҳбубу ваҳиш.
Қишрҳо бар рӯйи ин оби равон
Аз симори боғи ғайбӣ шуд давон.
Қишрҳоро мағз андар боғ ҷӯ,
З-он ки об аз боғ меояд ба ҷӯ.
Гар набинӣ рафтани оби ҳаёт,
Бингар андар ҷӯю ин сайри набот.
Об чун анбӯҳтар ояд дар гузар,
З-ӯ кунад қишри сувар зудтар гузар.
Чун ба ғоиб тез шуд ин ҷӯ равон,
Ғам напояд дар замири орифон.
Чун ба ғоиб мумталӣ буду шитоб,
Пас нагунҷад андар ӯ илло, ки об.

Таън задани бегона дар шайх ва ҷавоб гуфтани муриди шайх ӯро

Он яке як шайхро тӯҳмат ниҳод,
К-ӯ бад асту нест бар роҳи рашод.
Шориби хамр асту солусу хабис,
Мар муридонро куҷо бошад муғис?
Он яке гуфташ: «Адабро ҳуш дор,
Хурд набвад инчунин зан бар кибор.
Дур аз ӯву дур аз авсофи ӯ,
Ки зи селе тира гардад софи ӯ.
Инчунин бӯҳтон манеҳ бар аҳли Ҳақ,
К-ин хаёли туст, баргардон варақ.
Ин набошад в-ар бувад, эй мурғи хок,
Баҳри қулзумро зи мурдоре чӣ бок?
Нест «дуна-л-қуллатайну» ҳавзи хурд,
Ки тавонад қатраеш аз кор бурд.
Оташ Иброҳимро набвад зиён,
Ҳар кӣ Намрудест, гӯ метарс аз он.
Нафс Намруд асту ақлу ҷон Халил.
Рӯҳ дар айн асту нафс андар далел.
Ин далели роҳ раҳравро бувад,
К-ӯ ба ҳар дам дар биёбон гум шавад.
Восилонро нест ҷуз чашму чароғ.
Аз далелу роҳашон бошад фароғ.
Гар далеле гуфт он марди висол,
Гуфт баҳри фаҳми асҳоби ҷидол.
Баҳри тифли нав падар тӣ-тӣ кунад,
Гарчи ақлаш ҳандасай гетӣ кунад.
Кам нагардад фазли устод аз улу,
Гар «алиф чизе надорад» гӯяд ӯ.
Аз пайи таълими он бастадаҳан
Аз забони худ бурун бояд шудан.
Дар забони ӯ бибояд омадан,
То биёмӯзад зи ту ӯ илму фан.
Пас ҳама халқон чу тифлони вайанд,
Лозим аст ин пирро дар вақт панд.
Он муриди шайх бадгӯяндаро
Он ба куфру гумраҳӣ огандаро.
Гуфт: «Ту худро мазан бар теғи тез,
Ҳин, макун бо шоҳу бо султон ситез.
Ҳавз бо дарё агар паҳлӯ занад,
Хешро аз бехи ҳастӣ барканад.
Нест баҳре, к-ӯ карон дорад, ки то
Тира гардад ӯ зи мурдори шумо.
Куфрро ҳад асту андоза, бидон
Шайху нури шайхро набвад карон.
Пеши беҳад ҳар чӣ маҳдуд аст, лост,
«Куллу шайъин ғайри ваҷҳиллаҳ» фаност.
Куфру имон нест он ҷойе, ки ӯст,
З-он ки ӯ мағз асту ин ду рангу пӯст.
Ин фаноҳо пардаи он ваҷҳ гашт,
Чун чароғи хуфя андар зери ташт.
Пас сари ин тан ҳиҷоби он сар аст,
Пеши он сар ин сари тан кофир аст.
Кист кофир? Ғофил аз имони шайх,
Кист мурда? Бехабар аз ҷони шайх.
Ҷон набошад ҷуз хабар дар озмун,
Ҳар киро афзун хабар, ҷонаш фузун.
Ҷони мо аз ҷони ҳайвон бештар,
Аз чӣ? З-он рӯ, ки фузун дорад хабар.
Пас фузун аз ҷони мо ҷони малак,
К-ӯ муназзаҳ шуд зи ҳисси муштарак.
В-аз малак ҷони худовандони дил
Бошад афзун, ту таҳайюрро биҳил.
З-он сабаб Одам бувад масҷудашон,
Ҷони ӯ афзунтар аст аз будашон.
В-арна беҳтарро суҷуди дунтаре
Амр кардан ҳеч набвад дарх(в)аре.
Кай писандад адлу лутфи кирдгор,
Ки гиле саҷда кунад дар пеши хор?
Ҷон чу афзун шуд, гузашт аз интиҳо,
Шуд мутеъаш ҷони ҷумла чизҳо:
Мурғу моҳиву париву одамӣ,
З-он ки ӯ беш асту эшон дар камӣ.
Моҳиён сӯзангари далқаш шаванд,
Сӯзанонро риштаҳо тобеъ буванд.

Бақияи қиссаи Иброҳими Адҳам бар лаби он дарё

Чун нафози амри шайх он мир дид,
З-омади моҳӣ шудаш ваҷде падид.
Гуфт: «Аҳ, моҳӣ зи пирон огаҳ аст,
Шуҳ танеро, к-ӯ лаъини даргаҳ аст.
Моҳиён аз пир огаҳ, мо баъид,
Мо шақӣ з-ин давлату эшон саид».
Саҷда карду рафт гирёну хароб.
Гашт девона зи ишқи фатҳи боб.
Пас ту, эй ношустарӯ, дар чистӣ?
Дар низоъу дар ҳасад бо кистӣ?
Бо думи шере ту бозӣ мекунӣ,
Бар малойик турктозӣ мекунӣ.
Бад чӣ мегӯйӣ ту хайри маҳзро?
Ҳин, тараффуъ кам шумар он хафзро.
Бад чӣ бошад? Мисси мӯҳтоҷи муҳон,
Шайх кӣ бвад? Кимиёи бекарон.
Мис агар аз кимиё қобил набуд,
Кимиё аз мисс ҳаргиз мис нашуд.
Бад чӣ бошад? Саркаше оташамал,
Шайх кӣ бвад? Айни дарёи азал.
Дойим оташро битарсонанд аз об,
Об кай тарсид ҳаргиз з-илтиҳоб?
Дар рухи маҳ айббинӣ мекунӣ?
Дар биҳиште хорчинӣ мекунӣ?
Гар биҳишт – андар равӣ ту хорҷӯ,
Ҳеч хор он ҷо наёбӣ ғайри ту.
Мебипӯшӣ офтобе дар гиле?
Рахна меҷӯйӣ зи бадри комиле?
Офтобе, ки битобад дар ҷаҳон,
Баҳри хуффоше куҷо гардад ниҳон?
Айбҳо аз радди пирон айб шуд,
Ғайбҳо аз рашки эшон ғайб шуд.
Боре аз дурӣ зи хидмат ёр бош,
Дар надомат чобуку бар кор бош.
То аз он роҳат насиме мерасад,
Оби раҳматро чӣ бандӣ аз ҳасад?
Гарчи дурӣ, дур меҷунбон ту дум,
«Ҳайсу мо кунтум фаваллу ваҷҳакум».
Чун харе дар гил фитад аз гоми тез,
Дам ба дам ҷунбад барои азми хез.
Ҷойро ҳамвор накнад баҳри бош,
Донад ӯ, ки нест он ҷойи маош.
Ҳисси ту аз ҳисси хар камтар будаст?
Ки дили ту з-ин ваҳалҳо барнаҷаст.
Дар ваҳал таъвилу рухсат мекунӣ?
Чун намехоҳӣ, к-аз он дил барканӣ?
К-ин раво бошад маро, ман музтарам,
Ҳақ нагирад оҷизеро аз карам.
Худ гирифтастат, ту чун кафтори кӯр
Ин гирифтанро набинӣ аз ғурур.
Мегуванд: «Ин ҷойгаҳ кафтор нест,
Аз бурун ҷӯед, к-андар ғор нест».
Ин ҳамегӯянду бандаш мениҳанд,
ӯ ҳамегӯяд: «Зи ман беогаҳанд.
Гар зи ман огоҳ будӣ ин адӯ,
Кай нидо кардӣ, ки он кафтор ку?»

Даъво кардани он шахс, ки Худои таоло маро намегирад ба гуноҳ ва ҷавоб гуфтани Шуайб алайҳиссалом ӯро

Он яке мегуфт дар аҳди Шуайб,
Ки Худо аз ман басе дидаст айб,
Чанд дид аз ман гуноҳу ҷурмҳо
В-аз карам Яздон намегирад маро.
Ҳақ таоло гуфт дар гӯши Шуайб,
Дар ҷавоби ӯ фасеҳ аз роҳи ғайб.
Ки бигуфтӣ чанд кардам ман гуноҳ,
В-аз карам нагрифт дар ҷурмам Илоҳ.
Акс мегӯйиву мақлуб, эй сафеҳ!
Эй раҳо карда раҳу бигрифта теҳ.
Чанд чандат гираму ту бехабар,
Дар салосил мондаӣ по то ба сар.
Занги ту бар тут, эй деги сиёҳ!
Кард симои дарунатро табоҳ.
Бар дилат зангор бар зангорҳо
Ҷамъ шуд, то кӯр шуд з-асрорҳо.
Гар занад он дуд бар деги наве,
Он асар бинмояд, ар бошад ҷаве.
З-он ки ҳар чизе ба зид пайдо шавад,
Бар сапеде он сияҳ расво шавад.
Чун сияҳ шуд дег, пас таъсири дуд,
Баъд аз ин бар вай кӣ бинад зуд зуд?
Марди оҳангар, ки ӯ зангӣ бувад,
Дудро бо рӯш ҳамрангӣ бувад.
Марди румӣ, к-ӯ кунад оҳангарӣ,
Рӯяш аблақ гардад аз дудоварӣ.
Пас бидонад зуд таъсири гуноҳ,
Пас бинолад зуд, гӯяд «эй Илоҳ».
Чун кунад исрору бад пеша кунад,
Хок андар чашми андеша кунад.
Тавба н-андешад, дигар ширин шавад,
Бар дилаш он ҷурм то бедин шавад.
Он пушаймониву ё раб рафт аз ӯ,
Шист бар ойина занги панҷтӯ.
Оҳанашро зангҳо хӯрдан гирифт,
Гавҳарашро занг кам кардан гирифт.
Чун нависӣ коғази испед-бар,
Он набишта хонда ояд дар назар.
Чун нависӣ бар сари бинвишта хат,
Фаҳм н-ояд, хонданаш гардад ғалат.
К-он сиёҳӣ бар сиёҳӣ уфтод,
Ҳар ду хат шуд кӯру маъние надод.
В-ар сеюмбора нависӣ бар сараш,
Пас сияҳ кардӣ чу ҷони пуршараш.
Пас чӣ чора ҷуз паноҳи чорагар?
Ноумедӣ миссу иксираш назар.
Ноумедиҳо ба пеши ӯ ниҳед,
То зи дарди бедаво берун ҷаҳед.
Чун Шуайб ин нуктаҳо бо ӯ бигуфт,
З-он дами ҷон дар дили ӯ гул шукуфт.
Ҷони ӯ бишнид ваҳйи осмон,
Гуфт: «Агар бигрифт моро, ку нишон?»
Гуфт: «Ё раб, дафъи ман мегӯяд ӯ,
Он гирифтанро нишон меҷӯяд ӯ».
Гуфт: «Сатторам, нагӯям розҳош,
Ҷуз яке рамз аз барои ибтилош.
Як нишони он ки мегирам варо,
Он ки тоат дораду савму дуъо.
В-аз намозу аз закоту ғайри он,
Лек як зарра надорад завқи ҷон.
Мекунад тоъоту афъоли санӣ,
Лек як зарра надорад чошнӣ.
Тоаташ нағз асту маънӣ нағз не,
Ҷавзҳо бисёру дар вай мағз не.
Завқ бояд, то диҳад тоъот бар,
Мағз бояд, то диҳад дона шаҷар.
Донаи бемағз кай гардад ниҳол?
Сурати беҷон набошад ҷуз хаёл».

Бақияи қиссаи таъна задани он марди бегона дар шайх

Он хабис аз шайх мелойид жож,
Кажнигар бошад ҳамеша ақли кож.
Ки манаш дидам миёни маҷлисе,
ӯ зи тақво орӣ асту муфлисе.
В-ар ки бовар нестат, хез имшабон,
То бубинӣ фисқи шайхатро аён.
Шаб бибурдаш бар сари як равзане,
Гуфт: «Бингар фисқу иштар кардане.
Бингар он солуси рӯзу фисқи шаб,
Рӯз ҳамчун Мустафо, шаб Бӯлаҳаб.
Рӯз Абдуллоҳ ӯро гашта ном,
Шаб «наъузу биллаҳ»-у дар даст ҷом».
Дид шиша дар кафи он пир пур,
Гуфт: «Шайхо, мар туро ҳам ҳаст ғур.
Ту намегуфтӣ, ки дар ҷоми шароб
Дев мемезад шитобон ношитоб?»
Гуфт: «Ҷомамро чунон пур кардаанд,
К-андар ӯ андар нагунҷад як сипанд.
Бингар, ин ҷо ҳеч гунҷад заррае?
Ин суханро каж шунида ғиррае».
Ҷоми зоҳир, хамри зоҳир нест ин,
Дур дор инро зи шайхи ғайббин.
Ҷоми май ҳастии шайх аст, эй фалев!
К-андар ӯ андар нагунҷад бавли дев.
Пурру моломол аз нури Ҳақ аст,
Ҷоми тан бишкаст, нури мутлақ аст.
Нури хуршед, ар бияфтад бар ҳадас,
ӯ ҳамон нур аст, напзирад хабас.
Шайх гуфт «Ин худ на ҷом асту на май,
Ҳин, ба зер о, мункаро, бингар ба вай».
Омаду дид, ангубини хос буд,
Кӯр шуд он душмани кӯру кабуд.
Гуфт пир он дам муриди хешро:
«Рав барои ман биҷӯ май, эй киё!
Ки маро ранҷест музтар гаштаам»,
Ман зи ранҷ аз махмаса бигзаштаам.
Дар зарурат ҳаст ҳар мурдор пок,
Бар сари мункар зи лаънат бод хок.
Гирди хумхона баромад он мурид,
Баҳри шайх аз ҳар хуме ӯ мечашид.
Дар ҳама хумхонаҳо ӯ май надид,
Гашта буд пур аз асал хумми набид.
Гуфт: «Эй риндон, чӣ ҳол аст ин? Чӣ кор?
Ҳеч хумме – дар намебинам уқор!»
Ҷумла риндон назди он шайх омаданд,
Чашм гирён, даст бар сар мезаданд:
«Дар харобот омадӣ шайхи аҷал,
Ҷумла майҳо аз қудумат шуд асал.
Кардаӣ мубдал ту майро аз ҳадас,
Ҷони моро ҳам бадал кун аз хабас».
Гар шавад олам пур аз хун молмол,
Кай хурад бандай Худо илло ҳалол?

Гуфтани Ойиша разийаллоҳу анҳо Мустафоро алайҳиссалом, ки ту бемусалло ба ҳар ҷо намоз мекунӣ, чун аст?

Ойиша рӯзе ба пайғамбар бигуфт:
«Ё расулуллаҳ, ту пайдову ниҳуфт
Ҳар куҷо ёбӣ, намозе мекунӣ,
Медавад дар хона нопоку данӣ.
Гарчи медонӣ, ки ҳар тифли палид,
Кард мустаъмал ба ҳар ҷо, ки расид».
Гуфт пайғамбар, ки аз бабри меҳон
Ҳақ наҷисро пок гардонад, бидон.
Саҷдагоҳамро аз он рӯ лутфи Ҳақ
Пок гардонид то ҳафтум табақ.
Ҳону ҳон, тарки ҳасад кун бо шаҳон,
В-арна Иблисе шавӣ андар ҷаҳон.
К-ӯ агар заҳре хурад, шаҳде шавад,
Ту агар шаҳде хурӣ, заҳре бувад.
К-ӯ бадал гашту бадал шуд кори ӯ,
Лутф гашту нур шуд ҳар нори ӯ.
Қуввати Ҳақ буд мар бобилро,
В-арна мурғе чун кушад мар пилро?
Лашкареро мурғаке чанде шикаст,
То бидонӣ, к-он салобат аз Ҳақ аст.
Гар туро васвос ояд з-ин қабил,
Рав, бихон ту сураи «Асҳоби фил».
В-ар кунӣ бо ӯ мирову ҳамсарӣ,
Кофирам дон, гар ту з-эшон сарбарӣ.

Кашидани муш миҳори шутурро ва муъҷиб шудани муш дар худ

Мушаке дар каф миҳори уштуре
Даррабуду шуд равон ӯ аз мирӣ.
Уштур аз чустӣ, ки шуд бо ӯ равон,
Муш ғарра шуд, ки ҳастам паҳлавон.
Бар шутур зад партави андешааш,
Гуфт: «Бинмоям туро, ту бош х(в)аш!»
То биёмад бар лаби ҷӯйи бузург,
К-андар ӯ гаштӣ забун пили сутург.
Муш он ҷо истоду хушк гашт,
Гуфт уштур: «Эй рафиқи кӯҳу дашт!
Ин таваққуф чист? Ҳайронӣ чаро?
По бинеҳ мардона, андар ҷӯ даро.
Ту қаловузиву пешоҳанги ман,
Дар миёни раҳ мабошу тан мазан».
Гуфт: «Ин оби шигарф асту амиқ,
Ман ҳаметарсам, зи ғарқоб, эй рафиқ».
Гуфт уштур: «То бибинам ҳадди об,
По дар ӯ бинҳод он уштур шитоб.
Гуфт: «То зонуст об, эй кӯрмуш,
Аз чӣ ҳайрон гаштиву рафтӣ зи ҳуш?»
Гуфт: «Мӯри тусту моро аждаҳост,
Ки зи зону то ба зону фарқҳост.
Гар туро то зону аст, эй пурҳунар,
Мар маро сад газ гузашт аз фарқи сар».
Гуфт: «Густохӣ макун бори дигар,
То насӯзад ҷисму ҷонат з-ин шарар.
Ту миро бо мисли худ мушон бикун,
Бо шутур мар мушро набвад сухун».
Гуфт: «Тавба кардам, аз баҳри Худо,
Бигзарон з-ин оби муҳлик мар маро».
Раҳм омад мар шутурро, гуфт: «Ҳин!
Барҷаҳу бар кӯдбони ман нишин.
Ин гузаштан шуд мусаллам мар маро,
Бигзаронам садҳазорон чун туро».
Чун паямбар нестӣ, пас рав ба роҳ,
То расӣ аз чоҳ рӯзе сӯйи ҷоҳ.
Ту раъият бош, чун султон найӣ,
Худ марон, чун марди киштибон найӣ.
Чун найӣ комил, дукон танҳо магир,
Дастхуш мебош, то гардӣ хамир.
«Анситу»-ро гӯш кун, хомӯш бош,
Чун забони Ҳақ нагаштӣ, гӯш бош.
В-ар бигӯйӣ шакли истисфор гӯ,
Бо шаҳаншоҳон ту мискинвор гӯ.
Ибтидои кибру кин аз шаҳват аст,
Росихии шаҳватат аз одат аст.
Чун зи одат гашт мӯҳкам хӯйи бад,
Хашмат ояд бар касе, к-ит вокашад.
Чунки ту гилхор гаштӣ ҳар кӣ ӯ
Вокашад аз гил туро, бошад адӯ.
Бутпарастон чунки гирди бут тананд,
Монеъони роҳи худро душмананд.
Чунки кард Иблис хӯ бо сарварӣ,
Дид Одамро ҳақир ӯ аз харе.
Ки беҳ аз ман сарваре дигар бувад,
То ки ӯ масҷуди чун ман кас шавад?
Сарварӣ заҳр аст, ҷуз он рӯҳро,
К-ӯ бувад тарёқлонӣ з-ибтидо.
Кӯҳ агар пурмор шуд, боке мадор,
К-ӯ бувад андар дарун тарёқзор.
Сарварӣ чун шуд димоғатро надим,
Ҳар кӣ бишкастат, шавад хасми қадим.
Чун хилофи хӯйи ту гӯяд касе,
Кинаҳо хезад туро бо ӯ басе.
Ки маро аз хӯйи ман бармеканад,
Хешро бар ман чу сарвар мекунад.
Чун набошад хӯйи бад саркаш дар ӯ,
Кай фурӯзад аз хилоф оташ дар ӯ.
Бо мухолиф ӯ мудорое кунад,
Дар дили ӯ хешро ҷойе кунад.
З-он ки хӯйи бад нагаштаст устувор,
Мӯри шаҳват шуд зи одат ҳамчу мор.
Мори шаҳватро бикуш дар ибтило
В-арна инак гашт морат аждаҳо.
Лек ҳар кас мӯр бинад мори хеш,
Ту зи соҳибдил кун истифсори хеш.
То нашуд зар, мис надонад: «мис манам»
То нашуд шаҳ, дил надонад: «муфлисам».
Хидмати иксир кун мисвор ту,
Ҷавр мекаш, эй дили дилдор ту.
Кист дилдор? Аҳли дил, некӯ бидон,
Ки чу рӯзу шаб ҷаҳонанд аз ҷаҳон.
Айб кам гӯ бандаи Аллоҳро,
Муттаҳам кам кун ба дуздӣ шоҳро.

Каромоти он дарвеш, ки дар киштӣ муттаҳамаш карданд ба дуздӣ

Буд дарвеше даруни каштие
Сохта аз рахти марде пуштие.
Ёва шуд ҳамёни зар, ӯ хуфта буд,
Ҷумларо ҷустанду ӯро ҳам намуд.
К-он фақири хуфтаро ҷӯем ҳам,
Кард бедораш зи ғам соҳибдирам.
Ки дар ин киштӣ ҳурумдон гум шудаст,
Ҷумларо ҷустем, натвонӣ ту раст.
Далқ берун кун, бараҳна шав зи далқ,
То зи ту фориғ шавад авҳоми халқ.
Гуфт: «Ё раб, мар ғуломатро хасон
Муттаҳам карданд, фармон даррасон.
Чун ба дард омад дили дарвеш аз он,
Сар бурун карданд ҳар сӯ дарзамон».
Садҳазорон моҳӣ аз дарёи жарф,
Дар даҳони ҳар яке дурре шигарф.
Садҳазорон моҳӣ аз дарёи пур,
Дар даҳони ҳар яке дурру чӣ дур!
Ҳар яке дурре хироҷи мулкате,
К-аз Илоҳ аст ин, надорад ширкате.
Дурри чанд андохт дар киштиву ҷаст,
Мар ҳаворо сохт курсиву нишаст.
Хуш мураббаъ чун шаҳон бар тахти хеш,
ӯ фарози авҷу киштияш ба пеш.
Гуфт: «Рав, киштӣ шуморо, Ҳақ маро,
То набошад бо шумо дузди гадо.
То киро бошад хисорат з-ин фироқ?
Ман хушам, ҷуфти Ҳақу бо халқ тоқ.
На маро ӯ тӯҳмати дуздӣ ниҳад,
На миҳорамро ба ғаммозе диҳад».
Бонг карданд аҳли киштӣ, к-эй ҳумом!
Аз чӣ додандат чунин олӣ мақом?
Гуфт: «Аз тӯҳмат ниҳодан бар фақир!
В-аз ҳақозорӣ пайи чизе ҳақир!
Ҳошалиллаҳ бал зи таъзими шаҳон,
Ки набудам дар фақирон бад гумон».
Он фақирони латифи хушнафас,
К-аз пайи таъзимашон омад «абас».
Он фақирӣ баҳри печопеч нест,
Бал пайи он ки ба ҷуз Ҳақ ҳеч нест.
Муттаҳам чун дорам онҳоро, ки Ҳақ,
Кард амини махзани ҳафтум табақ?
Муттаҳам нафс аст, не ақли шариф,
Муттаҳам ҳисс аст, на нури латиф.
Нафс суфастоӣ омад, мезанаш,
К-иш задан созад, на ҳуҷҷат гуфтанаш.
Мӯъҷиза бинад, фурӯзад он замон,
Баъд аз он гӯяд: «Хаёле буд он.
В-ар ҳақиқат буд он диди аҷаб,
Чун муқими чашм н-омад рӯзу шаб?»
Он муқими чашми покон мебувад,
Не қарини чашми ҳайвон мешавад.
К-он аҷаб з-ин ҳисс дорад ору нанг,
Кай бувад товус андар чоҳи танг?
То нагӯйӣ мар маро бисёргӯ,
Ман зи сад як гӯяму он ҳам чу мӯ.

Ташнеъи сӯфиён бар он сӯфӣ, ки пеши шайх бисёр мегӯяд

Сӯфиён бар сӯфие шуъна заданд,
Пеши шайхи хонақоҳе омаданд.
Шайхро гуфтанд: «Доди ҷони мо
Ту аз ин сӯфӣ биҷӯ, эй пешво!»
Гуфт: «Охир чӣ гила-ст, эй сӯфиён?»
Гуфт: «Ин сӯфӣ се хӯ дорад гарон:
Дар сухан бисёргӯ ҳамчун ҷарас,
Дар хуриш афзун хурад аз бист кас.
В-ар бихуспад, ҳаст чун асҳоби Каҳф»,
Сӯфиён карданд пеши шайх заҳф.
Шайх рӯ овард сӯйи он фақир,
Ки зи ҳар ҳоле ки ҳаст, авсот гир.
Дар хабар «хайру-л-умур авсотуҳо»,
Нофеъ омад з-эътидол ахлотҳо.
Гар яке хилте фузун шуд аз араз,
Дар тани мардум падид ояд мараз.
Бар қарини хеш мафзо дар сифат,
К-он фироқ орад яқин дар оқибат.
Нутқи Мӯсо буд бар андоза, валек
Ҳам фузун омад зи гуфти ёри нек.
Он фузунӣ бо Хизир омад шиқоқ,
Гуфт: «Рав, ту муксирӣ, ҳозо фироқ».
Мӯсиё, бисёргӯйӣ дур шав
В-арна бо ман гунг бошу кӯр шав.
В-ар нарафтӣ в-аз ситеза шистаӣ,
Ту ба маънӣ рафтаӣ, бигсастаӣ.
Чун ҳадас кардӣ ту ногаҳ дар намоз,
Гӯядат: «Сӯйи таҳорат рав, ба тоз».
В-ар нарафтӣ хушк ҷунбон мешавӣ,
Худ намозат рафт, биншин, эй ғавӣ.
Рав бари онҳо, ки ҳам ҷуфти туанд,
Ошиқону ташнаи гуфти туанд.
Посбон бар хобнокон барфузуд,
Моҳиёнро посбон ҳоҷат набуд.
Ҷомапӯшонро назар бар гозар аст,
Ҷони урёнро таҷаллӣ зевар аст.
Ё зи урёнон ба як сӯ бозрав,
Ё чу эшон фориғ аз тан ҷома шав.
В-ар наметонӣ, ки кул урён шавӣ,
Ҷома кам кун, то раҳи авсат равӣ.

Узр гуфтани фақир ба шайх

Пас фақир он шайхро аҳвол гуфт,
Узрро бо он ғаромат кард ҷуфт.
Мар суоли шайхро дод ӯ ҷавоб,
Чун ҷавоботи Хизир хубу савоб.
Он ҷавоботи суолоти калим,
К-иш Хизир бинмуд аз рабби алим.
Гашт мушкилҳош ҳал в-афзун зиёд,
Аз пайи ҳар мушкилаш мифтоҳ дод.
Аз Хизир дарвеш ҳам мерос дошт,
Дар ҷавоби шайх ҳиммат баргумошт.
Гуфт: «Роҳи авсат арчи ҳикмат аст,
Лек авсат низ ҳам бо нисбат аст».
Оби ҷӯ нисбат ба уштур ҳаст кам,
Лек бошад мушро он ҳамчу ям.
Ҳар киро бошад вазифа чор нон,
Ду хурад ё се хурад ҳаст, авсат он.
В-ар хурад ҳар чор, дур аз авсат аст,
ӯ асири ҳирс монанди бат аст.
Ҳар кӣ ӯро иштиҳо даҳ нон бувад,
Шаш хурад медон, ки авсат он бувад.
Чун маро панҷоҳ нон ҳаст иштиҳӣ,
Мар туро шаш гирда, ҳамдастем? Не.
Ту ба даҳ ракъат намоз ойӣ малул,
Ман ба понсад дарнаёям дар нуҳул.
Он яке то Каъба ҳофӣ меравад
В-ин яке то масҷид аз худ мешавад.
Он яке дар покбозӣ ҷон бидод
В-ин яке ҷон канд, то як нон бидод.
Ин васат бар бониҳоят меравад,
Ки мар онро аввалу охир бувад.
Аввалу охир бибояд, то дар он
Дар тасаввур гунҷад авсат ё миён.
Бениҳоят чун надорад ду тараф,
Кай бувад ӯро миёна мунсараф?
Аввалу охир нишонаш кас надод,
Гуфт: «Лав кона лаҳу-л-баҳру мидод».
Ҳафт дарё гар шавад куллӣ мидед,
Нест мар поён шуданро ҳеч умед.
Боғу беша гар шавад яксар қалам,
З-ин сухан ҳаргиз нагардад ҳеч кам.
Он ҳама ҳибру қалам фонӣ шавад,
В-ин ҳадиси беадад боқӣ бувад.
Ҳолати ман хобро монад гаҳе,
Хоб пиндорад мар онро гумраҳе.
Чашми ман хуфта, дилам бедор дон,
Шакли бекори маро бар кор дон.
Гуфт пайғамбар, ки «айнои таном,
Ло яному қалбӣ ан рабби-л-аном».
Чашми ту бедору дил хуфта ба хоб,
Чашми ман хуфта, дилам дар фатҳи боб.
Мар диламро панҷ ҳисси дигар аст,
Ҳисси дилро ҳар ду олам манзар аст.
Ту зи заъфи худ макун дар ман нигоҳ,
Бар ту шаб, бар ман ҳамон шаб чоштгоҳ.
Бар ту зиндон, бар ман он зиндон чу боғ,
Айни машғулӣ, маро гашта фароғ.
Пойи ту дар гил, маро гил гашта гул,
Мар туро мотам, маро суру дуҳул.
Дар заминам, бо ту сокин дар маҳал,
Медавам бар чархи ҳафтум чун Зуҳал.
Ҳамнишинат ман наям, сойай ман аст,
Бартар аз андешаҳо пойай ман аст.
З-он ки ман з-андешаҳо бигзаштаам,
Хориҷи андешапӯён гаштаам.
Ҳокими андешаам, маҳкум не,
З-он ки банно ҳоким омад бар бине.
Ҷумла халқон сухраи андешаанд,
З-он сабаб хастадилу ғампешаанд.
Қосидан худро ба андеша диҳам,
Чун бихоҳам, аз миёншон барҷаҳам.
Ман чу мурғи авҷам, андеша магас,
Кай бувад бар ман магасро дастрас?
Қосидан зер оям аз авҷи баланд,
То шикастапойгон бар ман тананд.
Чун малолам гирад аз суфло сифот,
Барпарам ҳамчун туюру-с-соффот.
Парри ман рустаст ҳам аз зоти хеш,
Барначафсонам ду пар ман бо сиреш.
Ҷаъфари тайёрро пар ҷория-ст,
Ҷаъфари таррорро пар ория-ст.
Назди он ки «лам язуқ» даъвист ин,
Назди суккони уфуқ, маънист ин.
Лофу даъвӣ бошад ин пеши ғуроб,
Деги тиву пур яке пеши зубоб.
Чунки дар ту мешавад луқма гуҳар,
Тан мазан, чандон ки битвонӣ бих(в)ар.
Шайх рӯзе баҳри дафъи сӯизан(н),
Дар лаган қай кард, пурдур шуд лаган.
Гавҳари маъқулро маҳсус кард
Пири бино баҳри камақлии мард.
Чунки дар меъда шавад покат палид,
Қуфл неҳ бар ҳалқу пинҳон кун калид.
Ҳар кӣ дар вай луқма шуд нури ҷалол,
Ҳар чӣ хоҳад, то хурад, ӯро ҳалол.

Баёни даъвие, ки айни он даъво гувоҳи сидқи хеш аст

Гар ту ҳастӣ ошнои ҷони ман,
Нест даъво гуфт маънӣ лони ман.
Гар бигӯям: нимшаб пеши туам,
Ҳин, матарс аз шаб, ки ман хеши туам.
Ин ду даъво пеши ту маънӣ бувад,
Чун шиносӣ бонги хешованди х(в)ад.
Пешиву хешӣ ду даъвӣ буд, лек
Ҳар ду маънӣ буд пеши фаҳми нек.
Қурби овозаш гувоҳӣ медиҳад,
К-ин дам аз наздики ёре меҷаҳад.
Лаззати овози хешованд низ
Шуд гуво бар сидқи он хеши азиз.
Боз беилҳоми аҳмақ, к-ӯ зи ҷаҳл
Менадонад бонги бегона зи аҳл.
Пеши ӯ даъво бувад гуфтори ӯ,
Ҷаҳли ӯ шуд мояи инкори ӯ.
Пеши зирак, к-андарунаш нурҳост,
Айни ин овоз маънӣ буд рост.
Ё ба тозӣ гуфт як тозизабон,
Ки ҳамедонам забони тозиён.
Айни тозӣ гуфтанаш маънӣ бувад,
Гарчи тозӣ гуфтанаш даъвӣ бувад.
Ё нависад котибе бар коғаде:
«Котибу хатхонаму ман амҷаде».
Ин навишта, гарчи худ даъвӣ бувад,
Ҳам навишта шоҳиди маънӣ бувад.
Ё бигӯяд сӯфие: «Дидӣ ту дӯш,
Дар миёни хоб саҷҷода ба дӯш?
Ман будам он в-он чӣ гуфтам хоб – дар,
Бо ту андар хоб – дар шарҳи назар.
Гӯш кун, чун ҳалқа андар гӯш кун,
Он суханро пешвои ҳуш кун».
Чун туро ёд ояд он хоб, ин сухан
Мӯъҷизи нав бошаду зарри куҳан.
Гарчи даъвӣ менамояд ин, вале
Ҷони соҳибвоқеъа гӯяд: «Бале».
Пас чу ҳикмат золаи мӯъмин бувад,
Он зи ҳар кӣ бишнавад, мӯқин бувад.
Чунки худро пеши ӯ ёбад фақат,
Чун бувад шак? Чун кунад ӯро ғалат?
Ташнаеро чун бигӯйӣ ту: «Шитоб,
Дар қадаҳ об аст, бистон зуд об».
Ҳеч гӯяд ташна, к-ин даъвист, рав?
Аз барам, эй муддаӣ, маҳҷур шав?
Ё гувоҳу ҳуҷҷате бинмо, ки ин
Ҷинси об асту аз он моъи маъин.
Ё ба тифли шер модар бонг зад?
Ки биё, ман модарам, ҳон, эй валад?
Тифл гӯяд: «Модаро, ҳуҷҷат биёр,
То ки бо шират бигирам ман қарор?»
Дар дили ҳар уммате, к-аз Ҳақ маза-ст,
Рӯю овози паямбар мӯъҷиза-ст.
Чун паямбар аз бурун бонге занад,
Ҷони уммат дар дарун саҷда кунад.
З-он ки ҷинси бонги ӯ андар ҷаҳон
Аз касе нашнида бошад гӯши ҷон.
Он ғариб аз завқи овози ғариб,
Аз забони Ҳақ шунуд: «Иннӣ қариб».

Саҷда кардани Яҳё алайҳиссалом дар шиками модар Масеҳро алайҳиссалом

Модари Яҳё ба Марям дар ниҳуфт,
Пештар аз вазъи ҳамли хеш гуфт.
Ки яқин дидам даруни ту шаҳест,
К-ӯ улулазму расули огаҳест.
Чун баробар уфтодам бо ту ман,
Кард саҷда ҳамли ман, эй зу-л-фитан.
Ин ҷанин мар он ҷанинро саҷда кард,
К-аз суҷудаш дар танам афтод дард.
Гуфт Марям: «Ман даруни хеш ҳам
Саҷдае дидам аз ин тифли шикам».

Ишкол овардан бар ин қисса

Аблаҳон гӯянд, к-ин афсонаро
Хат бикаш, зеро дурӯғ асту хато.
З-он ки Марям вақти вазъи ҳамли хеш
Буд аз бегона дуру ҳам зи хеш.
Аз буруни шаҳр он ширинфусун
То нашуд фориғ, наёмад худ дарун.
Марям андар ҳамл ҷуфти кас нашуд,
Аз буруни шаҳр ӯ вопас нашуд.
Чун бизодаш, онгаҳонаш бар канор
Баргирифту бурд то пеши табор.
Модари Яҳё куҷо дидаш, ки то
Гӯяд ӯро ин сухан дар моҷаро?

Ҷавоби ишкол

Ин надонад, к-он ки аҳли хотир аст,
Ғоиби офоқ ӯро ҳозир аст.
Пеши Марям ҳозир ояд дар назар,
Модари Яҳё, ки дур аст аз басар.
Дидаҳо баста бибинад дӯстро,
Чун мушаббак карда бошад пӯстро.
В-ар надидаш н-аз бурун, н-аз андарун,
Аз ҳикоят гир маънӣ, эй забун!
Не чун он к-афсонаҳо бишнида буд,
Ҳамчу «шин» бар нақши он чафсида буд.
То ҳамегуфт: «Он Калилай безабон,
Чун сухан нӯшад зи Димнай бебаён?
В-ар бидонистанд лаҳни ҳамдигар,
Фаҳми он чун кард бенутқе башар?
Дар миёни шеру гов он Димна чун
Шуд расулу хонд бар ҳар ду фусун?
Чун вазири шер шуд гови набил?
Чун зи акси моҳ тарсон гашт пил?
Ин Калила-в Димна ҷумла ифтирост
В-арна кай бо зоғ лаклакро мирост?»
Эй бародар, қисса чун паймонаест,
Маънӣ андар вай мисоли донаест.
Донаи маънӣ бигирад марди ақл,
Нангарад паймонаро гар гашт нақл.
Моҷарои булбулу гул гӯш дор,
Гарчи гуфтӣ нест он ҷо ошкор.

Сухан гуфтан ба забони ҳол ва фаҳм кардани он

Моҷарои шамъ бо парвона ту
Бишнаву маънӣ гузин з-афсона ту.
Гарчи гуфтӣ нест, сирри гуфт ҳаст,
Ҳин, ба боло пар, мапар чун ҷуғд паст.
Гуфт дар шатранҷ, к-ин хонай рух аст,
Гуфт: «Хона аз куҷо омад ба даст?
Хонаро бихрид ё мерос ёфт?»
Фаррух он кас, к-ӯ суйи маънӣ шитофт.
Гуфт наҳвӣ: «Зайду Амран қад зараб»,
Гуфт: «Чунаш кард бе ҷурме адаб?
Амрро ҷурмаш чӣ буд, к-он Зайди хом
Бегунаҳ ӯро бизад ҳамчун ғулом?»
Гуфт: «Ин паймонаи маънӣ бувад,
Гандуме бистон, ки паймона-ст рад.
Зайду Амр аз баҳри эъроб асту соз,
Гар дурӯғ аст он, ту бо эъроб соз».
Гуфт: «Не! Ман он надонам, Амрро,
Зайд чун зад бегуноҳу бехато?»
Гуфт: «Аз ночору» лоғе баргушуд:
«Амр як «вов»-и фузун дуздида буд.
Зайд воқиф гашт, дуздашро бизад,
Чунки аз ҳад бурд, ӯро ҳад сазад».

Пазиро омадани сухани ботил дар дили ботилон

Гуфт: «Инак рост пазруфтам ба ҷон»,
Каж намонад рост дар пеши кажон.
Гар бигӯйӣ аҳвалеро: «Маҳ якест»,
Гӯядат: «Ин дусту дар ваҳдат шакест».
В-ар бар ӯ хандад касе, гӯяд: «Ду аст»,
Рост дорад, ин сазои бадхӯ аст.
Бар дурӯғон ҷамъ меояд дурӯғ,
«Лил-хабисоти-л-хабисин» зад фурӯғ.
Дилфарохонро бувад дасти фарох,
Чашмкӯронро исори санглох.

Ҷустани он дарахт, ки ҳар кӣ меваи он дарахт хӯрад, намирад

Гуфт доное барои достон,
Ки дарахте ҳаст дар Ҳиндустон,
Ҳар касе, к-аз меваи ӯ хӯрду бурд,
Не шавад ӯ пир, не ҳаргиз бимурд.
Подшоҳе ин шунид аз содиқе,
Бар дарахту мевааш шуд ошиқе.
Қосиде доно зи девони адаб
Сӯйи Ҳиндустон равон кард аз талаб.
Солҳо мегашт он қосид аз ӯ
Гирди Ҳиндустон барои ҷустуҷӯ.
Шаҳр – шаҳр аз баҳри ин матлуб гашт,
Не ҷазира монду не кӯҳу на дашт.
Ҳар киро пурсид, кардаш ришханд,
К-ин кӣ ҷӯяд? Ҷуз магар маҷнуни банд.
Бас касон сафъаш заданд андар мизоҳ,
Бас касон гуфтанд: «Эй соҳибфалоҳ,
Ҷустуҷӯйи чун ту зирак, синасоф,
Кай тиҳӣ бошад? Куҷо бошад газоф?
В-ин мурооташ яке сафъи дигар
В-ин зи сафъи ошкоро сахттар.
Меситудандаш ба тасхур, к-эй бузург!
Дар фалон иқлими бас ҳавлу сутург,
Дар фалон беша дарахте ҳаст сабз,
Бас баланду паҳну ҳар шохеш габз.
Қосиди шаҳ баста дар ҷустан камар,
Мешунид аз ҳар касе навъе хабар.
Бас саёҳат кард он ҷо солҳо,
Мефиристодаш шаҳаншаҳ молҳо.
Чун басе дид андар он ғурбат таъаб,
Оҷиз омад охируламр аз талаб.
Ҳеч аз мақсуд асар пайдо нашуд,
З-он ғараз ғайри хабар пайдо нашуд.
Риштаи уммеди ӯ бигсаста шуд,
Ҷустаи ӯ оқибат ноҷуста шуд.
Кард азми бозгаштан сӯйи шоҳ,
Ашк мебориду мебуррид роҳ.

Шарҳ кардани шайх сирри он дарахтро бо он толиби муқаллид

Буд шайхе, олиме, қутбе карим
Андар он манзил, ки оис шуд надим.
Гуфт: «Ман навмед пеши ӯ равам,
З-остони ӯ ба роҳ андар шавам.
То дуъои ӯ бувад ҳамроҳи ман,
Чунки навмедам ман аз дилхоҳи ман».
Рафт пеши шайх бо чашми пуроб,
Ашк меборид монанди саҳоб.
Гуфт: «Шайхо, вақти раҳму риққат аст,
Ноумедам, вақти лутф ин соат аст».
Гуфт: «Вогӯ, к-аз чӣ навмедистат?
Чист матлуби ту? Рӯ бо чистат?»
Гуфт: «Шоҳаншоҳ кардам ихтиёр,
Аз барои ҷустани як шохсор,
Ки дарахте ҳаст нодир дар ҷиҳот,
Меваи ӯ мояи оби ҳаёт.
Солҳо ҷустам, надидам як нишон
Ҷуз ки танзу тасхури ин сархушон».
Шайх хандиду бигуфташ: «Эй салим!
Ин дарахти илм бошад дар алим.
Бас баланду бас шигарфу бас басит,
Оби ҳайвоне зи дарёи муҳит.
Ту ба сурат рафтаӣ, эй бехабар!
З-он зи шохи маъниӣ бебору бар.
Гаҳ дарахташ ном шуд, гаҳ офтоб,
Гоҳ баҳраш ном гашту гаҳ саҳоб.
Он яке, к-иш сад ҳазор осор хост,
Камтарин осори ӯ умри бақост.
Гарчи фард аст ӯ, асар дорад ҳазор,
Он якеро ном шояд бешумор.
Он яке шахсе туро бошад падар,
Дар ҳақи шахси дигар бошад писар.
Дар ҳақи дигар бувад қаҳру адӯ,
Дар ҳақи дигар бувад лутфу накӯ.
Садҳазорон ному ӯ як одамӣ,
Соҳиби ҳар васфаш аз васфе амӣ.
Ҳар кӣ ҷӯяд ном, гар соҳибсиқа-ст,
Ҳамчу ту навмеду андар тафриқа-ст.
Ту чӣ барчафсӣ бар ин номи дарахт?
То бимонӣ талхкому шӯрбахт.
Даргузар аз ному бингар дар сифот,
То сифотат раҳ намояд сӯйи зот.
Ихтилофи халқ аз ном уфтод,
Чун ба маънӣ рафт, ором уфтод.

Мунозиати чаҳор кас ҷиҳати ангур, ки ҳар яке ба номи дигар фаҳм карда буд онро

Чор касро дод марде як дирам,
Он яке гуфт: «Ин ба ангуре диҳам».
Он яке дигар араб буд, гуфт «Ло,
Ман инаб хоҳам на ангур, эй дағо!»
Он яке турке буду гуфт: «Ин банум,
Ман намехоҳам инаб, хоҳам узум».
Он яке румӣ бигуфт: «Ин қилро
Тарк кун, хоҳем истофилро».
Дар танозӯъ он нафар ҷангӣ шуданд,
Ки зи сирри номҳо ғофил буданд.
Мушт барҳам мезаданд аз аблаҳӣ,
Пур буданд аз ҷаҳлу аз дониш тиҳӣ.
Соҳиби сирре, азизе, садзабон,
Гар будӣ он ҷо, бидодӣ сулҳашон.
Пас бигуфтӣ ӯ ки ман з-ин як дирам
Орзуи ҷумлатонро медиҳам.
Чунки биспоред дилро бедағал,
Ин дирамтон мекунад чандин амал.
Як дирамтон мешавад чор, алмурод
Чор душман мешавад як з-иттиҳод.
Гуфт: «Ҳар яктон диҳад ҷангу фироқ,
Гуфти ман орад шуморо иттифоқ.
Пас шумо хомӯш бошед, инситу,
То забонтон ман шавам дар гуфту гӯ».
Гар сухантон менамояд як намат,
Дар асар мойай низоъ асту сахат.
Гармии ориятӣ надҳад асар,
Гармии хосиятӣ дорад ҳунар.
Сиркаро гар гарм кардӣ з-оташ он,
Чун хурӣ, сардӣ физояд бегумон.
З-он ки он гармии ӯ даҳлезӣ аст,
Табъи аслаш сардӣ асту тезӣ аст.
В-ар бувад яхбаста дӯшоб, эй писар!
Чун хурӣ, гармӣ физояд дар ҷигар.
Пас, риёи шайх беҳ з-ихлоси мост,
К-аз басират бошад он в-ин аз амост.
Аз ҳадиси шайх ҷамъийят расад,
Тафриқа орад дами аҳли ҷасад.
Чун Сулаймон, к-аз суйи ҳазрат битохт,
К-ӯ забони ҷумлаи мурғон шинохт.
Дар замони адлаш оҳу бо паланг
Унс бигрифту бурун омад зи ҷанг.
Шуд кабӯтар эмин аз чанголи боз,
Гӯсфанд аз гург н-овард эҳтироз.
ӯ миёнҷӣ шуд миёни душманон,
Иттиҳоде шуд миёни парзанон.
Ту чу мӯрӣ, баҳри дона медавӣ,
Ҳин, Сулаймон ҷӯ, чӣ мебошӣ ғавӣ?
Донаҷӯро донааш доме шавад
В-он сулаймонҷӯйро ҳар ду бувад.
Мурғи ҷонҳоро дар ин охирзамон
Нестшон аз ҳамдигар як дам амон.
Ҳам Сулаймон ҳаст андар даври мо,
К-ӯ диҳад сулҳу намонад ҷаври мо.
Қавли «ин мин умматин»-ро ёд гир,
То ба «илло ва хало фиҳо назир».
Гуфт: «Худ холӣ набудаст уммате,
Аз халифай ҳаққу соҳибҳиммате».
Мурғи ҷонҳоро чунон якдил кунад,
К-аз сафошон беғашу беғил кунад.
Мушфиқон гарданд ҳамчун волида,
Муслимунро гуфт нафси воҳида.
Нафси воҳид аз расули Ҳақ шуданд
В-арна ҳар як душмани мутлақ буданд.

Бархостани мухолифат ва адоват аз миёни ансор ба баракоти расул алайҳиссалом

Ду қабила Кавсу Хазраҷ ном дошт,
Як зи дигар ҷони хуношом дошт.
Кинаҳои кӯҳнашон аз Мустафо
Маҳв шуд, дар нури ислому сафо.
Аввало ихвон шуданд он душманон,
Ҳамчу аъдоди инаб дар бӯстон.
В-аз дами «ал-мӯъминун ихваҳ» ба панд
Даршикастанду тани воҳид шуданд.
Сурати ангурҳо ихвон бувад,
Чун фишурдӣ шираи воҳид шавад.
Ғӯраву ангур зиддонанд, лек
Чунки ғӯра пухта шуд, шуд ёри нек.
Ғӯрае, ки санг басту хом монд,
Дар азал Ҳақ кофири аслиш хонд.
На ахӣ, на нафси воҳид бошад ӯ,
Дар шақоват наҳси мулҳид бошад ӯ.
Гар бигӯям он чӣ ӯ дорад ниҳон,
Фитнаи афҳом хезад дар ҷаҳон.
Сирри габри кӯр номазкур беҳ,
Дуди дӯзах аз Ирам маҳҷур беҳ.
Ғӯраҳои нек, к-эшон қобиланд,
Аз дами аҳли дил охир якдиланд.
Сӯйи «ангуре» ҳамеронанд тез,
То дуӣ бархезаду кину ситез.
Пас дар ангуре ҳамедарранд пӯст,
То яке гарданду ваҳдат васфи ӯст.
Дӯст душман гардад эро ҳам ду аст,
Ҳеч «як» бо хеш ҷанге дарнабаст.
Офарин бар ишқи кулли устод,
Садҳазорон зарраро дод иттиҳод.
Ҳамчу хоки муфтариқ дар раҳгузар
Як сабӯшон кард дасти кӯзагар.
К-иттиҳоди ҷисмҳои обу тин
Ҳаст ноқис, ҷон намемонад бад-ин.
Гар назойир гӯям ин ҷо дар мисол,
Фаҳмро тарсам, ки орад ихтилол.
Ҳам Сулаймон ҳаст акнун, лек мо
Аз нишоти дурбинӣ дар амо.
Дурбинӣ кӯр дорад мардро,
Ҳамчу хуфтай дар саро кӯр аз саро.
Мӯлаъем андар суханҳои дақиқ,
Дар гиреҳҳо боз кардан «мо ашиқ».
То гиреҳ бандему бугшоем мо
Дар шиколу дар ҷавоб ойинфазо.
Ҳамчу мурғе, к-ӯ гушояд банди дом,
Гоҳ бандад, то шавад дар фан тамом.
ӯ бувад маҳрум аз саҳрову марҷ,
Умри ӯ андар гиреҳкорист харҷ.
Худ забуни ӯ нагардад ҳеч дом,
Лек парраш дар шикаст афтад мудом.
Бо гиреҳ кам кӯш, то болу парат
Наскулад як-як аз ин карру фарат.
Садҳазорон мурғ парҳошон шикаст
В-он камингоҳи аворизро набаст.
Ҳоли эшон аз нубӣ хон, эй ҳарис!
«Наққабу фиҳо» бибин «ҳал мин маҳис»?
Аз низоъи турку румиву араб
Ҳал нашуд ишколи ангуру инаб.
То Сулаймони ласини маънавӣ
Дарнаёяд, барнахезад ин дувӣ.
Ҷумла мурғони мунозеъ бозвор
Бишнавед ин табли бози шаҳрёр.
З-ихтилофи хеш сӯйи иттиҳод,
Ҳин, зи ҳар ҷониб равон гардед шод.
«Ҳайсу мо кунтум фаваллу ваҷҳакум,
Наҳваҳу ҳоза-ллазӣ лам янҳакум».
Кӯрмурғонему бас носохтем,
К-он Сулаймонро даме нашнохтем.
Ҳамчу ҷуғдон душмани бозон шудем,
Лоҷарам вомондаи вайрон шудем.
Мекунем аз ғояти ҷаҳлу амо
Қасди озори азизони Худо.
Ҷамъи мурғон, к-аз Сулаймон равшананд,
Парру боли бегунаҳ кай баркананд?
Балки сӯйи оҷизон чинакашанд,
Бехилофу кина он мурғон х(в)ашанд.
Ҳудҳуди эшон пайи тақдисро
Мегушояд роҳи сад Билқисро.
Зоғи эшон гар ба сурат зоғ буд,
Бози ҳиммат омаду «мозоғ» буд.
Лаклаки эшон, ки «лак-лак» мезанад,
Оташи тавҳид дар шак мезанад.
В-он кабӯтаршон зи бозон нашкуҳад,
Боз сар пеши кабӯтаршон ниҳад.
Булбули эшон, ки ҳолат орад ӯ,
Дар даруни хеш гулшан дорад ӯ.
Тӯтии эшон зи қанд озод буд,
К-аз дарун қанди абад рӯяш намуд.
Пойи товусони эшон дар назар
Беҳтар аз товуси паррони дигар.
Мантиқуттайрони хоқонӣ садост,
Мантиқуттайри сулаймонӣ куҷост?
Ту чӣ донӣ бонги мурғонро ҳаме?
Чун надидастӣ Сулаймонро даме.
Парри он мурғе, ки бонгаш мутриб аст,
Аз буруни Машриқ асту Мағриб аст.
Ҳар як оҳангаш зи курсӣ то сарист,
В-аз саро то арш дар карру фарест.
Мурғ, к-ӯ бе ин Сулаймон меравад,
Ошиқи зулмат чу хуффоше бувад.
Бо Сулаймон хӯ кун, эй хуффоши рад,
То ки дар зулмат намонӣ то абад.
Як газе раҳ, ки бад-он сӯ меравӣ,
Ҳамчу газ қутби масоҳат мешавӣ.
В-он ки лангу лук он сӯ меҷаҳӣ,
Аз ҳама лангиву лукӣ мераҳӣ.

Қиссаи батбаччагон, ки мурғи хонагӣ парвардашон

Тухми баттӣ, гарчи мурғи хонаат
Кард зери пар чу доя тарбият.
Модари ту батти он дарё будаст,
Дояаш хокӣ буду хушкипараст.
Майли дарё, ки дили ту андар аст,
Он табиат ҷон-тро аз модар аст.
Майли хушкӣ мар туро з-ин доя аст,
Дояро бигзор, к-ӯ бадроя аст.
Дояро бигзор дар хушку бирон,
Андаро дар баҳри маънӣ чун батон.
Гар туро модар битарсонад зи об,
Ту матарсу сӯйи дарё рон шитоб.
Ту батӣ, бар хушку бар тар зиндаӣ,
Не чу мурғи хона хона кандаӣ.
Ту зи «каррамно банӣ-Одам» шаҳӣ,
Ҳам ба хушкӣ, ҳам ба дарё по ниҳӣ.
Ки «ҳамалноҳум ала-л-баҳр»-ӣ ба ҷон,
Аз «ҳамалноҳум ала-л-бар» пеш рон.
Мар малойикро суйи бар роҳ нест,
Ҷинси ҳайвон ҳам зи баҳр огоҳ нест.
Ту ба тан ҳайвон, ба ҷонӣ аз малак,
То равӣ ҳам бар замин, ҳам бар фалак.
То ба зоҳир «мислукум» бошад башар
Бо дили «юҳо илайҳи» дидавар.
Қолиби хокӣ фитода бар замин,
Рӯҳи ӯ гардон барин чархи барин.
Мо ҳама мурғобиёнем, эй ғулом!
Баҳр медонад забони мо тамом.
Пас Сулаймон баҳр омад, мо чу тайр,
Дар Сулаймон то абад дорем сайр.
Бо Сулаймон пой дар дарё бинеҳ,
То чу Довуд об созад сад зиреҳ.
Он Сулаймон пеши ҷумла ҳозир аст,
Лек ғайрат чашмбанду соҳир аст.
То зи ҷаҳлу хобнокиву фузул
ӯ ба пеши мову мо аз вай малул.
Ташнаро дарди сар орад бонги раъд,
Чун надонад, к-ӯ кашонад абри саъд.
Чашми ӯ мондаст дар ҷӯйи равон
Бехабар аз завқи оби осмон.
Маркаби ҳиммат суйи асбоб ронд,
Аз мусаббиб лоҷарам маҳҷуб монд.
Он кӣ бинад ӯ мусаббибро аён,
Кай ниҳад дил бар сабабҳои ҷаҳон?

Ҳайрон шудани ҳоҷиён дар каромоти он зоҳид, ки дар бодия танҳош ёфтанд

Зоҳиде буд дар миёни бодия,
Дар ибодат ғарқ чун аббодия.
Ҳоҷиён он ҷо расиданд аз билод,
Дидашон бар зоҳиди хушк уфтод.
Ҷойи зоҳид хушк буд, ӯ тармизоҷ,
Аз самуми бодия будаш илоҷ.
Ҳоҷиён ҳайрон шуданд аз ваҳдаташ
В-он саломат дар миёни офаташ.
Дар намоз истода буд бар рӯйи рег,
Рег, к-аз таффаш биҷӯшад оби дег.
Гуфтие сармаст дар сабза-в гул аст,
Ё савора бар Буроқу Дулдул аст.
Ё ки пояш бар ҳариру ҳуллаҳост,
Ё самум ӯро беҳ аз боди сабост.
Пас бимонданд он ҷамоат бо ниёз,
То шавад дарвеш фориғ аз намоз.
Чун зи истиғроқ бозомад фақир
З-он ҷамоат зиндае равшанзамир.
Дид, к-обаш мечакид аз дасту з-ӯ
Ҷомааш тар буд аз осори вузӯ.
Пас бипурсидаш, ки обат аз куҷост?
Дастро бардошт, к-аз сӯйи самост.
Гуфт: «Ҳар гоҳе ки хоҳӣ, мерасад?
Бе зи чоҳу бе зи «ҳаблин мин масад?»
Мушкили мо ҳал кун, эй султони дин!
То бибахшад ҳоли ту моро яқин.
Вонамо сирре зи асрорат ба мо,
То бибуррем аз миён зуннорҳо».
Чашмро бигшуд сӯйи осмон,
Ки иҷобат кун дуъои ҳоҷиён,
Ризқҷӯйиро зи боло хӯгарам,
Ту зи боло баргушудастӣ дарам.
Эй намуда ту макон аз ломакон,
«Фӣ-с-самоӣ ризқукум» карда аён.
Дар миёни ин муноҷот абри х(в)аш
Зуд пайдо шуд чу пили обкаш.
Ҳамчу об аз машк боридан гирифт,
Дар гаву дар ғорҳо маскан гирифт.
Абр меборид чун машк ашкҳо,
Ҳоҷиён ҷумла гушода машкҳо.
Як ҷамоат з-он аҷоиб корҳо
Мебуриданд аз миён зуннорҳо.
Қавми дигарро яқин дар издиёд,
З-ин аҷаб «валлоҳу аълам би-р-рашод».
Қавми дигар нопазиро туршу хом,
Ноқисони сармадӣ «тамма-л-калом».

ДАВОМ ДОРАД

Мавлоно Румӣ. Маснавӣ. Дафтари 2

rumiy

(Tashriflar: umumiy 217, bugungi 1)

Izoh qoldiring