Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ. Маснавӣ. Дафтари дуюм (1)

07 Мавлоно «ба забони муборак мефармуд: «Баъд аз мо «Маснавӣ» шайхӣ кунаду муршиди толибон гардаду соъиқ (раҳнамо)-и эшон бошад»: Бишнавед, эй дӯстон, ин достон, Худ ҳақиқат, нақди ҳоли мост он!

rumiyМавлоно Ҷалолиддини Румӣ
МАСНАВЙ
Дафтари дуюм (1)
067

Муқаддимаи дафтари дувум

Бисми-л-лоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Баёни баъзе аз ҳикмати таъхири ин муҷаллади дувум, ки агар ҷумлаи ҳикмати илоҳӣ бандаро маълум шавад, дар фавойиди он кор банда аз он кор фурӯ монад ва ҳикмати бепоёни Ҳақ идроки ӯро вайрон кунад, ба он кор напардозад, пас Ҳақ таоло шаммае аз он ҳикмати бепоён миҳори бинии ӯ созад ва ӯро бад-он кор кашад, ки агар ӯро аз он фойида ҳеч хабар накунад, ҳеч наҷунбад, зеро ҷунбонанда аз баҳраҳои одамиён аст, ки аз баҳри ин маслиҳат кунам ва агар ҳикмати он бар вай фурӯ резад, ҳам натавонад ҷунбидан, чунон ки агар дар бинии шутур миҳор набувад, наравад ва агар миҳор сахт бузург бувад, ҳам фурӯ хуспад ва «ин мин шайъин илло ъиндано хазойинуҳу ва мо нуназзилуҳу илло би қадарин маълум». Хок бе об кулӯх нашавад ва чун об бисёр бувад, ҳам кулӯх нашавад. «Ва-с-самоа рафаъаҳо ва вазаъа-л-мизон», ба мизон диҳад ҳар чизеро на бе ҳисоб ва бе мизон, илло касонеро, ки аз олами халқ мубаддал шудаанд ва «йарзуқу ман йашоу би ғайри ҳисоб» гаштаанд «ва ман лам йазуқ лам йадри».
Пурсид яке, ки ошиқӣ чист? Гуфтам, ки чу мо шавӣ, бидонӣ ишқ муҳаббати беҳисоб аст, ҷиҳати он гуфтаанд, ки сифати Ҳақ аст ба ҳақиқат ва нисбати ӯ ба банда маҷоз аст, «йуҳиббуҳум» тамом аст, «йуҳиббунаҳу» кадом аст?

Муддате ин маснавӣ таъхир шуд,
Мӯҳлате бояст, то хун шир шуд.
То назояд бахти ту фарзанди нав,
Хун нагардад шири ширин, хуш шунав.
Чун Зиёулҳақ Ҳусомуддин инон
Бозгардонид з-авҷи осмон.
Чун ба меъроҷи ҳақоиқ рафта буд,
Бе баҳораш ғунчаҳо нокафта буд.
Чун зи дарё сӯйи соҳил бозгашт,
Чанги шеъри маснавӣ босоз гашт.
Маснавӣ, ки сайқали арвоҳ буд,
Бозгашташ рӯзи истифтоҳ буд.
Матлаъи таърихи ин савдову суд
Сол андар шашсаду шасту ду буд.
Булбуле з-ин ҷо бирафту боз гашт,
Баҳри сайди ин маъонӣ бозгашт.
Соиди шаҳ маскани ин боз бод,
То абад бар халқ ин дар боз бод.
Офати ин дар ҳавову ваҳшат аст
В-арна он ҷо шарбат андар шарбат аст.
Ин даҳон барбанд, то бинӣ аён
Чашмбанди он ҷаҳон ҳалқу даҳон.
Эй даҳон, ту худ даҳонай дӯзахӣ
В-эй ҷаҳон, ту бар мисоли барзахӣ.
Нури боқӣ паҳлуйи дунёи дун,
Шири софӣ паҳлуйи ҷӯҳои хун.
Чун дар ӯ гоме занӣ беэҳтиёт,
Шири ту хун мешавад аз ихтилот.
Як қадам зад Одам андар завқи нафс,
Шуд фироқи садри ҷаннат тавқи нафс.
Ҳамчу дев аз вай фаришта мегурехт,
Баҳри ноне чанд оби чашм рехт.
Гарчи як мӯ буд, гунаҳ, к-ӯ ҷуста буд,
Лек он мӯ дар ду дида руста буд.
Буд Одам дидаи нури қадим,
Мӯй дар дида бувад кӯҳи азим.
Гар дар он Одам бикардӣ машварат,
Дар пушаймонӣ нагуфтӣ маъзарат.
З-он ки бо ақле чу ақле ҷуфт шуд,
Монеъи бадфеъливу бадгуфт шуд.
Нафс бо нафси дигар чун ёр шуд,
Ақли ҷузвӣ отилу бекор шуд.
Чун зи танҳоӣ ту навмеде шавӣ,
Зери сойай ёр хуршеде шавӣ.
Рав, биҷӯ ёри худоиро ту зуд,
Чун чунон кардӣ, Худо ёри ту буд.
Он кӣ дар хилват назар бардӯхтаст,
Охир онро ҳам зи ёр омӯхтаст.
Хилват аз ағёр бояд, на зи ёр,
Пӯстин баҳри дай омад, на баҳор.
Ақл бо ақли дигар дуто шавад,
Нур афзун гашту раҳ пайдо шавад.
Нафс бо нафси дигар хандон шавад,
Зулмат афзун гашту раҳ пинҳон шавад.
Ёр чашми туст, эй марди шикор,
Аз хасу хошок ӯро пок дор.
Ҳин, ба ҷорӯби забон гарде макун,
Чашмро аз хас раҳоварде макун.
Чунки мӯъмин ойинай мӯъмин бувад,
Рӯйи ӯ з-олудагӣ эмин бувад.
Ёр ойинаст ҷонро дар ҳазан,
Дар рухи ойина, эй ҷон, дам мазан.
То напӯшад рӯйи худро дар дамат,
Дам фурӯ хӯрдан бибояд ҳар дамат.
Кам зи хокӣ? Чунки хоке ёр ёфт,
Аз баҳоре сад ҳазор анвор ёфт.
Он дарахте, к-ӯ шавад бо ёр ҷуфт,
Аз ҳавои хуш зи сар то по шукуфт.
Дар хазон чун дид ӯ ёри хилоф,
Даркашид ӯ рӯву сар зери лиҳоф.
Гуфт: «Ёри бад бало ошуфтан аст,
Чунки ӯ омад, тариқам хуфтан аст.
Пас бихусбам, бошам аз асҳоби Каҳф,
Беҳ зи дақёнус, он маҳбуси лаҳф».
Яқзашон масруфи дақёнус буд,
Хобашон сармояи номус буд.
Хоб бедорист, чун бодониш аст,
Войи бедоре, ки бо нодон нишаст.
Чунки зоғон хайма бар баҳман заданд,
Булбулон пинҳон шуданду тан заданд.
З-он ки бегулзор булбул хомуш аст,
Ғайбати хуршед бедорикуш аст.
Офтобо, тарки ин гулшан кунӣ,
То ки таҳтуларзро равшан кунӣ.
Офтоби маърифатро нақл нест,
Машриқи ӯ ғайри ҷону ақл нест.
Хоса хуршеди камоле, к-он сарест,
Рӯзу шаб кирдори ӯ равшангарист.
Матлаъи шамс ой, гар Искандарӣ,
Баъд аз он ҳар ҷо равӣ, некӯфарӣ.
Баъд аз он ҳар ҷо равӣ, Машриқ шавад,
Шарқҳо бар Мағрибат ошиқ шавад.
Ҳисси хуффошат сӯйи Мағриб давон,
Ҳисси дурпошат сӯйи Машриқ равон.
Роҳи ҳис роҳи харон аст, эй савор,
Эй харонро ту музоҳим, шарм дор.
Панҷ ҳиссе ҳаст, ҷуз ин панҷ ҳис,
Он чу зарри сурху ин ҳисҳо чу мис.
Андар он бозор, к-аҳли маҳшаранд,
Ҳисси мисро чун ҳиси зар кай харанд?
Ҳисси абдон қути зулмат мех(в)арад,
Ҳисси ҷон аз офтобе мечарад.
Эй бибурда рахти ҳисҳо сӯйи ғайб,
Даст чун Мӯсо бурун овар зи ҷайб.
Эй сифотат офтоби маърифат
В-офтоби чарх банди як сифат.
Гоҳ хуршедиву гаҳ дарё шавӣ,
Гоҳ кӯҳи Қофу гаҳ анқо шавӣ.
Ту на ин бошӣ, на он дар зоти хеш,
Эй фузун аз ваҳмҳо в-аз беш беш.
Рӯҳ бо илм асту бо ақл аст ёр,
Рӯҳро бо тозиву туркӣ чӣ кор?
Аз ту, эй бенақши бо чандин сувар,
Ҳам мушаббеҳ, ҳам муваҳҳид, хирасар.
Гаҳ мушаббеҳро муваҳҳид мекунад,
Гаҳ муваҳҳидро сувар раҳ мезанад.
Гаҳ туро гӯяд зи мастӣ Булҳасан:
«Ё сағира-с-син! Ё ратбу-л-бадан!»
Гоҳ нақши хеш вайрон мекунад,
Он пайи танзиҳи ҷонон мекунад.
Чашми ҳисро ҳаст мазҳаб эътизол,
Дидаи ақл аст суннӣ дар висол.
Сухраи ҳиссанд аҳли эътизол,
Хешро суннӣ намоянд аз зилол.
Ҳар кӣ дар ҳис монд, ӯ мӯътазилист,
Гарчи гӯяд: «сунниам», аз ҷоҳилист.
Ҳар кӣ берун шуд зи ҳис, суннӣ вай аст,
Аҳли биниш, чашми ақли хушпай аст.
Гар бидидӣ ҳисси ҳайвон шоҳро,
Пас бидидӣ гову хар Аллоҳро.
Гар набудӣ ҳисси дигар мар туро,
Ҷуз ҳиси ҳайвон, зи беруни ҳаво.
Пас банӣ Одам мукаррам кай будӣ?
Кай ба ҳисси муштарак маҳрам шудӣ?
Номусаввар ё мусаввар гуфтанат,
Ботил омад бе зи сурат растанат.
Номусаввар ё мусаввар пеши ӯст,
К-ӯ ҳама мағз асту берун шуд зи пӯст.
Гар ту кӯрӣ, нест бар аъмо ҳараҷ
В-арна рав, к«-ас-сабру мифтоҳу-л-фараҷ».
Пардаҳои дидаро доруи сабр,
Ҳам бисӯзад, ҳам бисозад шарҳи садр.
Ойинай дил чун шавад софиву пок,
Нақшҳо бинӣ бурун аз обу хок.
Ҳам бибинӣ нақшу ҳам наққошро,
Фарши давлатрову ҳам фаррошро.
Чун халил омад хаёли ёри ман,
Сураташ бут, маънии ӯ бутшикан.
Шукр Яздонро, ки чун ӯ шуд падид,
Дар хаёлаш, ҷон хаёли худ бидид.
Хоки даргоҳат диламро мефирефт,
Хок бар вай, к-ӯ зи хокат мешикефт.
Гуфтам: «Ар хубам, пазирам ин аз ӯ
В-арна худ хандид бар ман зиштрӯ.
Чора он бошад, ки худро бингарам
В-арна ӯ хандад маро: «Ман кай харам?»
ӯ ҷамил асту муҳиббун лилҷамол,
Кай ҷавони нав гузинад пирзол?
Хуб хуберо кунад ҷазб, ин бидон,
Таййиботу таййибин бар вай бихон.
Дар ҷаҳон ҳар чиз чизе ҷазб кард,
Гарм гармеро кашиду сард сард.
Қисми ботил ботилонро мекашанд,
Боқиён аз боқиён ҳам сарх(в)ашанд.
Нориён мар нориёнро ҷозибанд,
Нуриён мар нуриёнро толибанд.
Чашм чун бастӣ, туро ҷон канданист,
Чашмро аз нури равзан сабр нест.
Чашм чун бастӣ, туро тоса гирифт,
Нури чашм аз нури равзан кай шикифт?
Тосаи ту, ҷазби нури чашм буд,
То бипайвандад ба нури рӯз зуд.
Чашми боз ар тоса гирад мар туро,
Дон, ки чашму дил бибастӣ, баргушо.
Он тақозои ду чашми дил шинос,
К-ӯ ҳамеҷӯяд зиёи беқиёс.
Чун фироқи он ду нури бесубот
Тоса овардат, гушодӣ чашмҳот.
Пас фироқи он ду нури пойдор,
Тоса меорад, мар онро пос дор.
ӯ чу мехонад маро, ман бингарам:
Лоиқи ҷазбам ва ё бадпайкарам?
Гар латифе зиштро дар пай кунад,
Тасхуре бошад, ки ӯ бо вай кунад.
Кай бибинам рӯйи худро, эй аҷаб?
То чӣ рангам? Ҳамчу рӯзам ё чу шаб?
Нақши ҷони хеш меҷустам басе,
Ҳеч менанмуд нақшам аз касе.
Гуфтам: «Охир ойина аз баҳри чист?
То бидонад ҳар касе, к-ӯ чисту кист?»
Ойинай оҳан барои пӯстҳост,
Ойинай симои ҷон сангибаҳост.
Ойинай ҷон нест, илло рӯйи ёр,
Рӯйи он ёре, ки бошад з-он диёр.
Гуфтам: «Эй дил, ойинай куллӣ биҷӯ,
Рав ба дарё, кор барнояд ба ҷӯ».
З-ин талаб банда ба кӯйи ту расид,
Дард Марямро ба хурмобун кашид.
Дидаи ту чун диламро дида шуд,
Шуд дили нодида, ғарқи дида шуд.
Ойинай куллӣ туро дидам абад,
Дидам андар чашми ту ман нақши х(в)ад.
Гуфтам: «Охир хешро ман ёфтам,
Дар ду чашмаш роҳи равшан ёфтам».
Гуфт: «Ваҳмам, к-он хаёли туст, ҳон!
Зоти худро аз хаёли худ бидон.
Нақши ман аз чашми ту овоз дод
Ки манам ту, ту манӣ дар иттиҳод.
К-андар ин чашми мунири безавол
Аз ҳақоиқ роҳ кай ёбад хаёл?
Дар ду чашми ғайри ман, ту нақши х(в)ад
Гар бибинӣ, он хаёле дону рад.
З-он ки сурмай нестӣ дармекашад,
Бода аз тасвири шайтон мечашад.
Чашмашон хонай хаёл асту адам,
Нестҳоро ҳаст бинад лоҷарам.
Чашми ман чун сурма дид аз зулҷалол,
Хонаи ҳастист, на хонай хаёл.
То яке мӯ бошад аз «ту» пеши чашм,
Дар хаёлат гавҳаре бошад чу яшм.
Яшмро он гаҳ шиносӣ аз гуҳар,
К-аз хаёли «худ» кунӣ куллӣ абар.
Як ҳикоят бишнав, эй гавҳаршинос,
То бидонӣ ту аёнро аз қиёс.

Ҳилол пиндоштани он шахс хаёлро дар аҳди Умар разийаллоҳу анҳу

Моҳи рӯза гашт дар аҳди Умар,
Бар сари кӯҳе давиданд он нуфар.
То ҳилоли рӯзаро гиранд фол,
Он яке гуфт: «Эй Умар, инак ҳилол».
Чун Умар бар осмон маҳро надид,
Гуфт, к-ин маҳ аз хаёли ту дамид.
В-арна ман бинотарам афлокро,
Чун намебинам ҳилоли покро?»
Гуфт: «Тар кун дасту бар абрӯ бимол,
Онгаҳон ту дарнигар сӯйи ҳилол».
Чунки ӯ тар кард абрӯ, маҳ надид,
Гуфт: «Эй шаҳ, нест маҳ, шуд нопадид».
Гуфт: «Оре, мӯйи абрӯ шуд камон,
Сӯйи ту афганд тире аз гумон».
Чун яке мӯ каж шуд, ӯро роҳ зад,
То ба даъво лофи диди моҳ зад.
Мӯйи каж чун пардаи гардун бувад,
Чун ҳама аҷзот каж шуд, чун бувад?
Рост кун аҷзотро аз ростон,
Сар макаш, эй рострав, з-он остон.
Ҳам тарозуро тарозу рост кард,
Ҳам тарозуро тарозу кост кард.
Ҳар кӣ бо норостон ҳамсанг шуд,
Дар камӣ афтоду ақлаш данг шуд.
Рав «ашиддоъу ала-л-куффор» бош,
Хок бар дилдории ағёр бош.
Бар сари ағёр чун шамшер бош,
Ҳин, макун рӯбоҳбозӣ, шер бош.
То зи ғайрат аз ту ёрон насгуланд,
З-он ки он хорон адувви ин гуланд.
Оташ андарзан ба гургон чун сипанд,
З-он ки он гургон адувви Юсуфанд.
«Ҷони бобо!» гӯядат Иблис, ҳин!
То ба дам бифребадат деви лаъин.
Инчунин талбис бо бобот кард,
Одамиро ин сиярухмот кард.
Бар сари шатранҷ чуст аст ин ғуроб,
Ту мабин бозӣ ба чашми нимхоб.
З-он ки фарзин бандҳо донад басе,
Чун бигирад дар гулӯят чун хасе.
Дар гулӯ монад хаси ӯ солҳо,
Чист ин хас? Меҳри ҷоҳу молҳо.
Мол хас бошад чу ҳаст, эй бесубот!
Дар гулӯят монеъи оби ҳаёт.
Гар барад молат адувве, пурфане,
Раҳзанеро бурда бошад раҳзане.

Дуздидани моргир мореро аз моргири дигар

Дуздаке аз моргире мор бурд,
З-аблаҳӣ онро ғанимат мешумурд.
Вораҳид он моргир аз захми мор,
Мор кушт он дузди ӯро зори зор.
Моргираш дид, пас бишнохташ,
Гуфт: «Аз ҷон мори ман пардохташ».
Дар дуъо мехостӣ ҷонам аз ӯ,
К-аш биёбам, мор бистонам аз ӯ.
Шукр Ҳақро, к-он дуъо мардуд шуд,
Ман зиён пиндоштам, он суд шуд.
Бас дуъоҳо, к-он зиён асту ҳалок
В-аз карам менашнавад Яздони пок.

Илтимос кардани ҳамроҳи Исо алайҳиссалом зинда кардани устухонҳо аз Исо алайҳиссалом

Гашт бо Исо яке аблаҳ рафиқ,
Устухонҳо дид дар ҳуфрай амиқ.
Гуфт: «Эй ҳамроҳ, он номи санӣ,
Ки бад-он мурда ту зинда мекунӣ,
Мар маро омӯз, то эҳсон кунам,
Устухонҳоро бад-он боҷон кунам».
Гуфт: «Хомуш кун, ки он кори ту нест,
Лоиқи анфосу гуфтори ту нест.
К-он нафас хоҳад зи борон поктар,
В-аз фаришта дар равиш дарроктар.
Умрҳо бояст, то дам пок шуд,
То амини махзани афлок шуд.
Худ гирифтӣ ин асо дар дасти рост,
Дастро дастони Мӯсо аз куҷост?»
Гуфт: «Агар ман нестам асрорхон,
Ҳам ту бархон номро бар устухон».
Гуфт Исо: «Ё раб, ин асрор чист?
Майли ин аблаҳ дар ин бегор чист?
Чун ғами худ нест ин беморро?
Чун ғами ҷон нест ин мурдорро?
Мурдаи худро раҳо кардаст ӯ,
Мурдаи бегонаро ҷӯяд руфӯ?»
Гуфт Ҳақ: «Идбор агар идборҷӯст,
Хори рӯида ҷазои кишти ӯст».
Он кӣ тухми хор корад дар ҷаҳон,
Ҳону ҳон, ӯро маҷӯ дар гулситон.
Гар гуле гирад ба каф, хоре шавад
В-ар суйи ёре равад, море шавад.
Кимиёи заҳру мор аст он шақӣ,
Бар хилофи кимиёи муттақӣ.

Андарз кардани сӯфӣ ходимро дар тимордошти баҳима ва лоҳавли ходим

Сӯфие мегашт дар даври уфуқ,
То шабе дар хонақоҳе шуд қунуқ.
Як баҳима дошт, дар охур бибаст,
ӯ ба садри суффа бо ёрон нишаст.
Пас муроқиб гашт бо ёрони хеш,
Дафтаре бошад ҳузури ёр беш.
Дафтари сӯфӣ саводи ҳарф нест,
Ҷуз дили испед ҳамчун барф нест.
Зоди донишманд осори қалам,
Зоди сӯфӣ чист? Осори қадам.
Ҳамчу сайёде суйи ишкор шуд,
Гоми оҳу диду бар осор шуд.
Чанд гоҳаш гоми оҳу дарх(в)ар аст,
Баъд аз он худ нофи оҳу раҳбар аст.
Чунки шукри гом карду раҳ бурид,
Лоҷарам з-он гом дар коме расид.
Рафтани як манзиле бар бӯйи ноф
Беҳтар аз сад манзили гому тавоф.
Он диле, к-ӯ матлаъи маҳтобҳост,
Баҳри ориф «футиҳат абвобаҳо»-ст.
Бо ту девор асту бо эшон дар аст,
Бо ту сангу бо азизон гавҳар аст.
Он чи ту дар ойина бинӣ аён,
Пир андар хишт бинад пеш аз он.
Пир эшонанд, к-ин олам набуд,
Ҷони эшон буд дар дарёи ҷуд.
Пеш аз ин тан, умрҳо бигзоштанд,
Пештар аз кишт бар бардоштанд.
Пештар аз нақш ҷон пазруфтаанд,
Пештар аз баҳр дурҳо суфтаанд.
Машварат мерафт дар эҷоди халқ,
Ҷонашон дар баҳри қудрат то ба ҳалқ.
Чун малоик монеъи он мешуданд,
Бар малоик хуфя хунбак мезаданд.
Мутталеъ бар нақши ҳар кӣ ҳаст шуд,
Пеш аз он к-ин нафси кул побаст шуд.
Пештар з-афлок кайвон дидаанд,
Пештар аз донаҳо нон дидаанд.
Бе димоғу дил пур аз фикрат буданд,
Бе сипоҳу ҷанг бар нусрат заданд.
Он аён нисбат ба эшон фикрат аст
В-арна худ нисбат ба дурон рӯъят аст.
Фикрат аз мозиву мустақбал бувад,
Чун аз ин ду раст, мушкил ҳал шавад.
Дида чун бекайф ҳар бокайфро,
Дида пеш аз кон саҳеҳу зайфро.
Пештар аз хилқати ангурҳо,
Хӯрда майҳову намуда шӯрҳо.
Дар тамузи гарм мебинанд дай,
Дар шуои шамс мебинанд фай.
Дар дили ангур майро дидаанд,
Дар фанои маҳз шайро дидаанд.
Осмон дар даври эшон ҷуръанӯш,
Офтоб аз ҷудашон зарбафтпӯш.
Чун аз эшон муҷтамеъ бинӣ ду ёр,
Ҳам яке бошанду ҳам шашсад ҳазор.
Бар мисоли мавҷҳо аъдодашон,
Дар адад оварда бошад бодашон.
Муфтариқ шуд офтоби ҷонҳо
Дар даруни равзани абдонҳо.
Чун назар дар қурс дорӣ, худ якест
В-он кӣ шуд маҳҷуби абдон, дар шакест.
Тафриқа дар рӯҳи ҳайвонӣ бувад,
Нафси воҳид рӯҳи инсонӣ бувад.
Чунки Ҳақ «рашша алайҳим нураҳу»,
Муфтариқ ҳаргиз нагардад нури ӯ.
Як замон бигзор, эй ҳамраҳ, малол,
То бигӯям васфи холе з-он ҷамол.
Дар баён н-ояд ҷамоли ҳоли ӯ,
Ҳар ду олам чист? Акси холи ӯ.
Чунки ман аз холи хубаш дам занам,
Нутқ мехоҳад, ки бишкофад танам.
Ҳамчу мӯре андар ин хирман х(в)ашам,
То фузун аз хеш боре мекашам.

Баста шудани тақрири маънии ҳикоят ба сабаби майли мустамеъ ба истимоъи зоҳири сурати ҳикоят

Кай гузорад он кӣ рашки равшанист,
То бигӯям он чи фарзу гуфтанист.
Баҳр каф пеш ораду садде кунад,
Ҷар кунад в-аз баъди ҷар мадде кунад.
Ин замон бишнав, чӣ монеъ шуд? Магар,
Мустамеъро рафт дил ҷойи дигар.
Хотираш шуд сӯйи сӯфии қунуқ,
Андар он савдо фурӯ шуд то унуқ.
Лозим омад боз рафтан з-ин мақол
Сӯйи он афсона баҳри васфи ҳол.
Сӯфӣ он сурат мапиндор, эй азиз!
Ҳамчу тифлон то кай аз ҷавзу мавиз?
Ҷисми мо ҷавзу мавиз аст, эй писар,
Гар ту мардӣ, з-ин ду чиз андаргузар.
В-ар ту андарнагзарӣ, икроми Ҳақ
Бигзаронад мар туро аз нӯҳ табақ.
Бишнав акнун сурати афсонаро,
Лек ҳин, аз каҳ ҷудо кун донаро.

Илтизом кардани ходим таъаҳҳуди баҳимаро ва тахаллуф намудан

Ҳалқаи он сӯфиёни мустафид
Чунки дар ваҷду тараб охир расид,
Хон биёварданд баҳри меҳмон,
Аз баҳима ёд овард он замон.
Гуфт ходимро, ки дар охур бирав,
Рост кун баҳри баҳима коҳу ҷав.
Гуфт: «Лоҳавл, ин чӣ афзун гуфтан аст?
Аз қадим ин корҳо кори ман аст».
Гуфт: «Тар кун он ҷавашро аз нахуст,
К-он хари пир асту дандонҳош суст».
Гуфт: «Лоҳавл, ин чӣ мегӯйӣ меҳо?
Аз ман омӯзанд ин тартибҳо».
Гуфт: «Полонаш фурӯ неҳ пеш-пеш,
Доруи манбал бинеҳ бар пушти реш».
Гуфт: «Лоҳавл, охир, эй ҳикматгузор,
Ҷинси ту меҳмонам омад сад ҳазор.
Ҷумла розӣ рафтаанд аз пеши мо,
Ҳаст меҳмон ҷони мову хеши мо».
Гуфт: «Обаш деҳ, валекин ширгарм»,
Гуфт: «Лоҳавл, аз туам бигрифт шарм».
Гуфт: «Андар ҷав ту камтар коҳ кун»,
Гуфт: «Лоҳавл, ин сухан кӯтоҳ кун».
Гуфт: «Ҷояшро бирӯб аз сангу пушк
В-ар бувад тар, рез бар вай хоки хушк».
Гуфт: «Лоҳавл, эй падар, лоҳавл кун,
Бо расули аҳл камтар гӯ сухун».
Гуфт: «Бистон шона, пушти хар бихор»,
Гуфт: «Лоҳавл, эй падар, шарме бидор».
Ходим ин гуфту миён дарбаст чуст,
Гуфт: «Рафтам, коҳу ҷав орам нахуст».
Рафту аз охур накард ӯ ҳеч ёд,
Хоби харгӯшӣ ба он сӯфӣ бидод.
Рафт ходим ҷониби авбоши чанд,
Кард бар андарзи сӯфӣ ришханд.
Сӯфӣ аз раҳ монда буду шуд дароз,
Хобҳо медид бо чашми фароз,
К-он хараш дар чанги гурге монда буд,
Пораҳо аз пушту ронаш мерабуд.
Гуфт: «Лоҳавл, ин чӣ молихулиёст?
Эй аҷаб, он ходими мушфиқ куҷост?»
Бозмедид он хараш дар роҳрав,
Гаҳ ба чоҳе мефитоду гаҳ ба гав.
Гунагун медид нохуш воқиъа,
«Фотиҳа» мехонд ӯ «ва-л-қориъа».
Гуфт: «Чора чист? Ёрон ҷастаанд,
Рафтаанду ҷумла дарҳо бастаанд».
Боз мегуфт: «Эй аҷаб, он ходимак,
На ки бо мо гашт ҳамнону намак?
Ман накардам бо вай илло лутфу лин,
ӯ чаро бо ман кунад баръакс кин?
Ҳар адоватро сабаб бояд санад
В-арна ҷинсият вафо талқин кунад».
Боз мегуфт: «Одами болутфу ҷуд
Кай бар он Иблис ҷавре карда буд?
Одамӣ мар мору каждумро чӣ кард?
К-ӯ ҳамехоҳад мар ӯро маргу дард.
Гургро худ хосият бидридан аст,
Ин ҳасад дар халқ охир равшан аст».
Боз мегуфт: «Ин гумони бад хатост,
Бар бародар инчунин заннам чарост?»
Боз гуфтӣ: «Ҳазм сӯъуззанни туст,
Ҳар кӣ бадзан(н) нест, кай монад дуруст?»
Сӯфӣ андар васваса в-он хар чунон,
Ки чунин бодо ҷазои душманон.
Он хари мискин миёни хоку санг,
Каж шуда полон, дарида полҳанг.
Кушта аз раҳ, ҷумлаи шаб беалаф,
Гоҳ дар ҷон кандану гаҳ дар талаф.
Хар ҳама шаб зикр мекард: «Эй Илоҳ!
Ҷав раҳо кардам, кам аз як мушт коҳ!
Бо забони ҳол мегуфт: «Эй шуюх!
Раҳмате, ки сӯхтам з-ин хоми шӯх».
Он чи он хар дид аз ранҷу азоб,
Мурғи хокӣ бинад андар сели об.
Бас ба паҳлӯ гашт он шаб то саҳар
Он хари бечора аз ҷӯъу-л-бақар.
Рӯз шуд, ходим биёмад бомдод,
Зуд полон ҷуст, бар пушташ ниҳод.
Хар фурӯ шона ду-се захмаш бизад,
Кард бо хар он чи з-он саг месазад.
Хар ҷаҳанда гашт аз тезии неш,
Ку забон, то хар бигӯяд ҳоли хеш?

Гумон бурдани корвониён, ки баҳимаи сӯфӣ ранҷур аст

Чунки сӯфӣ барнишасту шуд равон,
Рӯ дар афтодан гирифт ӯ ҳар замон.
Ҳар замонаш халқ бармедоштанд,
Ҷумла ранҷураш ҳамепиндоштанд.
Он яке гӯшаш ҳамепечид сахт
В-он дигар дар зери комаш ҷуст лахт.
В-он дигар дар наъли ӯ меҷуст санг,
В-он дигар дар чашми ӯ медид занг.
Боз мегуфтанд: «Эй шайх, ин зи чист?
Дӣ намегуфтӣ, ки шукр, ин хар қавист?»
Гуфт: «Он хар, к-ӯ ба шаб «лоҳавл» х(в)ард,
Ҷуз бад-ин шева надонад роҳ кард.
Чунки қути хар ба шаб «лоҳавл» буд,
Шаб мусаббеҳ буду рӯз андар суҷуд».
Одамихоранд ағлаб мардумон,
Аз салом аллайкашон кам ҷӯ амон.
Хонаи дев аст дилҳои ҳама,
Кам пазир аз девмардум дамдама.
Аз дами дев он кӣ ӯ «лоҳавл» х(в)ард,
Ҳамчу он хар дар сар ояд дар набард.
Ҳар кӣ дар дунё хӯрад талбиси дев
В-аз адувви дӯстрӯ таъзиму рев.
Дар раҳи ислому бар пули Сирот,
Дар сар ояд ҳамчу он хар дар хубот.
Ишваҳои ёри бад манюш, ҳин!
Дом бин, эмин марав ту бар замин.
Сад ҳазор Иблиси лоҳавлор бин,
Одамо, Иблисро дар мор бин.
Дам диҳад, гӯяд туро: «Эй ҷону дӯст»,
То чу қассобе кашад аз дӯст пӯст.
Дам диҳад, то пӯстат берун кашад,
Войи ӯ, к-аз душманон афюн чашад.
Сар ниҳад бар пойи ту қассобвор,
Дам диҳад то хун-т резад зори зор.
Ҳамчу шере сайди худро хеш кун,
Тарки ишвай аҷнабиву хеш кун.
Ҳамчу ходим дон мурооти хасон,
Бекасӣ беҳтар зи ишвай нокасон.
Дар замини мардумон хона макун,
Кори худ кун, кори бегона макун.
Кист бегона? Тани хокии ту,
К-аз барои ӯст ғамнокии ту.
То ту танро чарбу ширин медиҳӣ,
Ҷавҳари худро набинӣ фарбеҳӣ.
Гар миёни мушк танро ҷо шавад,
Рӯзи мурдан ганди ӯ пайдо шавад.
Мушкро бар тан мазан, бар дил бимол,
Мушк чӣ бвад? Номи поки зулҷалол.
Он мунофиқ мушк бар тан мениҳад,
Рӯҳро дар қаъри гулхан мениҳад.
Бар забон номи Ҳақу дар ҷони ӯ,
Гандҳо аз фикри беимони ӯ.
Зикр бо ӯ ҳамчу сабзай гулхан аст,
Бар сари мабраз гул асту савсан аст.
Он набот он ҷо яқин орият аст,
Ҷойи он гул маҷлис асту ишрат аст.
Таййибот ояд ба сӯйи таййибин,
«Лилхабисин ал-хабисот» аст, ҳин!
Кин мадор, онҳо, ки аз кин гумраҳанд,
Гӯрашон паҳлӯйи киндорон ниҳанд.
Асли кина дӯзах асту кини ту,
Ҷузви он кулл асту хасми дини ту.
Чун ту ҷузви дӯзахӣ, пас ҳуш дор,
Ҷузв сӯйи кулли худ гирад қарор.
Талх бо талхон яқин мулҳақ шавад,
Кай дами ботил қарини Ҳақ шавад?
В-ар ту ҷузви ҷаннатӣ, эй номдор,
Айши ту бошад зи ҷаннат пойдор.
Эй бародар, ту ҳамон андешаӣ,
Мобақӣ ту устухону решаӣ.
Гар гул аст андешаи ту, гулшанӣ
В-ар бувад хоре, ту ҳимай гулханӣ.
Гар гулобӣ, бар сари ҷайбат зананд
В-ар ту чун бавлӣ, бурунат афгананд.
Таблаҳо дар пеши атторон бибин,
Ҷинсро бо ҷинси худ карда қарин.
Ҷинсҳо бо ҷинсҳо омехта,
З-ин таҷонус зинате ангехта.
Гар даромезанд уду шаккараш,
Баргузинад як-як аз якдигараш.
Таблаҳо бишкасту ҷонҳо рехтанд,
Неку бад дар ҳамдигар омехтанд.
Ҳақ фиристод анбиёро бо варақ,
То гузид ин донаҳоро бар табақ.
Пеш аз эшон мо ҳама яксон будем,
Кас надонистӣ, ки мо неку бадем.
Қалбу некӯ дар ҷаҳон будӣ равон,
Чун ҳама шаб буду мо чун шабравон.
То баромад офтоби анбиё,
Гуфт: «Эй ғиш, дур шав, софӣ биё!»
Чашм донад фарқ кардан рангро,
Чашм донад лаълрову сангро.
Чашм донад гавҳару хошокро,
Чашмро з-он мехалад хошокҳо.
Душмани рӯзанд ин қаллобакон,
Ошиқи рӯзанд он зарҳои кон.
З-он ки рӯз аст ойинай таърифи ӯ,
То бибинад ашрафе ташрифи ӯ.
Ҳақ қиёматро лақаб з-он рӯз кард,
Рӯз бинмояд ҷамоли сурху зард.
Пас ҳақиқат, рӯз сирри авлиёст,
Рӯз пеши моҳашон чун сояҳост.
Акси рози марди Ҳақ донед рӯз,
Акси саттореш шоми чашмдӯз.
З-он сабаб фармуд Яздон: «ва-з-зуҳо»,
«Ва-з-зуҳо» нури замири Мустафо.
Қавли дигар, к-ин зуҳоро хост дӯст,
Ҳам барои он ки ин ҳам акси ӯст.
В-арна бар фонӣ қасам гуфтан хатост,
Худ фано чӣ лоиқи гуфти Худост?
Аз халиле «ло уҳиббу-л-офилин»,
Пас фано чун хост раббулъоламин?
«Ло уҳиббу-л-офилин» гуфт он халил,
Кай фано хоҳад аз ин рабби ҷалил?
Боз «ва-л-лайл» аст саттории ӯ,
В-он тани хокии зангории ӯ.
Офтобаш чун баромад з-он фалак,
Бо шаби тан гуфт: ҳин, «моваддаъак».
Васл пайдо гашт аз айни бало,
З-он ҳаловат шуд иборат «мо қало».
Ҳар иборат худ нишони ҳолатест,
Ҳол чун дасту иборат олатест.
Олати заргар ба дасти кафшгар
Ҳамчу донай кишткарда рег-дар.
В-олати искоф пеши барзгар
Пеши саг каҳ, устухон дар пеши хар.
Буд «аналҳақ» дар лаби Мансур нур,
Буд «аналлаҳ» дар лаби Фиръавн зӯр.
Шуд асо андар кафи Мӯсо гуво,
Шуд асо андар кафи соҳир ҳабо.
З-ин сабаб Исо бад-он ҳамроҳи х(в)ад,
Дарнаёмӯзид он исми самад.
К-ӯ надонад, нақс бар олат ниҳад,
Санг бар гил зан ту, оташ кай ҷаҳад?
Дасту олат ҳамчу сангу оҳан аст,
Ҷуфт бояд, ҷуфт шарти зодан аст.
Он кӣ беҷуфт асту беолат, якест,
Дар адад шакк асту он як бешакест.
Он кӣ ду гуфту се гуфту беш аз ин,
Муттафиқ бошанд дар воҳид яқин.
Аҳвалӣ чун дафъ шуд, яксон шаванд,
Ду-сегӯён ҳам якегӯён шаванд.
Гар яке гӯйӣ ту дар майдони ӯ,
Гирд бармегард аз чавгони ӯ.
Гӯй он гаҳ росту бенуқсон шавад,
К-ӯ зи захми дасти шаҳ рақсон шавад.
Гӯш дор, эй аҳвал, инҳоро ба ҳуш,
Доруи дида бикаш аз роҳи гӯш.
Пас каломи пок дар дилҳои кӯр
Менапояд, меравад то асли нур.
В-он фусуни дев дар дилҳои каж,
Меравад чун кафши каж дар пойи каж.
Гарчи ҳикматро ба такрор оварӣ,
Чун ту ноаҳлӣ, шавад аз ту барӣ.
В-арчи бинвисӣ, нишонаш мекунӣ,
В-арчи мелофӣ, баёнаш мекунӣ.
ӯ зи ту рӯ даркашад, эй пурситез,
Бандҳоро бигсалад в-аз ту гурез.
В-ар нахониву бибинад сӯзи ту,
Илм бошад мурғи дастомӯзи ту.
ӯ напояд пеши ҳар ноусто,
Ҳамчу товусе ба хонай русто.

Ёфтани подшоҳ бозро ба хонаи кампирзан

Дин на он бозест, к-ӯ аз шаҳ гурехт,
Сӯйи он кампир, к-ӯ ме-орд бехт.
То ки тутмоҷе пазад авлодро,
Дид он бози хуши хушзодро.
Поякаш басту параш кӯтоҳ кард,
Нохунаш бибриду қуташ коҳ кард.
Гуфт: «Ноаҳлон накардандат ба соз,
Пар фузуд аз ҳадду нохун шуд дароз.
Дасти ҳар ноаҳл беморат кунад,
Сӯйи модар о, ки тиморат кунад».
Меҳри ҷоҳилро чунин дон, эй рафиқ,
Каж равад ҷоҳил ҳамеша дар тариқ.
Рӯзи шаҳ дар ҷустуҷӯ бегоҳ шуд,
Сӯйи он кампиру он хиргоҳ шуд.
Дид ногаҳ бозро дар дуду гард,
Шаҳ бар ӯ бигрист зору навҳа кард.
Гуфт: «Ҳарчанд ин ҷазои кори туст,
Ки набошӣ дар вафои мо дуруст.
Чун кунӣ аз хулд зӣ дӯзах фирор?
Ғофил аз «ло яставӣ асҳобу нор».
Ин сазои он кӣ аз шоҳи хабир
Хира бигрезад ба хонай гандапир».
Боз мемолид пар бар дасти шоҳ,
Безабон мегуфт: «Ман кардам гуноҳ».
Пас куҷо зорад, куҷо нолад лаъим?
Гар ту напзирӣ ба ҷуз нек, эй карим!
Лутфи шаҳ ҷонро ҷиноятҷӯ кунад,
З-он ки шаҳ ҳар зиштро некӯ кунад.
Рав макун зиштӣ, ки некиҳои мо
Зишт омад пеши он зебои мо.
Хидмати худро сазо пиндоштӣ,
Ту ливои ҷурм аз он афроштӣ.
Чун туро зикру дуъо дастур шуд,
З-он дуъо кардан дилат мағрур шуд.
Ҳамсухан дидӣ ту худро бо Худо,
Эй басо, к-ӯ з-ин гумон афтад ҷудо.
Гарчи бо ту шаҳ нишинад бар замин,
Хештан бишносу некӯтар нишин.
Боз гуфт: «Эй шаҳ, пушаймон мешавам,
Тавба кардам, нав мусулмон мешавам».
Он кӣ ту масташ куниву шергир,
Гар зи мастӣ каж равад, узраш пазир.
Гарчи нохун рафт, чун бошӣ маро,
Барканам ман парчами хуршедро.
Варчи паррам рафт, чун бинвозиям,
Чарх бозӣ кам кунад дар бозиям.
Гар камар бахшим, кӯҳро барканам,
Гар диҳӣ килке, аламҳо бишканам.
Охир аз пашша на кам бошад танам,
Мулки намрудӣ ба пар барҳам занам.
Дар заъифӣ ту маро бобил гир,
Ҳар яке хасми маро чун пил гир.
Қадри фундуқ афганам бундуқ ҳариқ,
Бундуқам дар феъл, сад чун манҷаниқ.
Гарчи сангам ҳаст миқдори нахуд,
Лек дар ҳайҷо на сар монад, на худ.
Мӯсӣ омад дар вағо бо як асош,
Зад бар он Фиръавну бар шамшерҳош.
Ҳар расуле як тана, к-он дарзадаст,
Бар ҳамай офоқ танҳо барзадаст.
Нӯҳ чун шамшер дархоҳид аз ӯ,
Мавҷи тӯфон гашт аз ӯ шамшерхӯ.
Аҳмадо, худ кист испоҳи замин,
Моҳ бин бар чарху бишкофаш ҷабин.
То бидонад саъду наҳси бехабар,
Даври туст ин давр, на даври қамар.
Даври туст, эро ки Мӯсои калим
Орзу мебурд з-ин даврат муқим.
Чунки Мӯсо равнақи даври ту дид,
К-андар ӯ субҳи таҷаллӣ медамид.
Гуфт: «Ё раб, он чӣ даври раҳмат аст?
Ин гузашт аз раҳмат, он ҷо руъят аст.
Ғӯта деҳ Мӯсои худро дар биҳор,
Аз миёни давраи Аҳмад барор».
Гуфт: «Ё Мӯсо, бад-он бинмудамат
Роҳи он хилват, бад-он бигшудамат.
Ки ту з-он давре дар ин давр, эй Калим!
По бикаш, зеро дароз аст ин гилем.
Ман каримам, нон намоям бандаро,
То бигирёнад тамаъ он зиндаро».
Бинии тифле бимолад модаре,
То шавад бедору воҷӯяд х(в)аре.
К-ӯ гурусна хуфта бошад бехабар
В-он ду пистон мехалад аз меҳр — дар.
«Кунту канзан раҳматан махфиййатан,
Фабтаъасту умматан маҳдиййатан».
Ҳар каромоте, ки меҷӯйӣ ба ҷон,
ӯ намудат, то тамаъ кардӣ дар он.
Чанд бут бишкаст Аҳмад дар ҷаҳон,
То ки ёрабгӯй гаштанд умматон.
Гар набудӣ кӯшиши Аҳмад, ту ҳам
Мепарастидӣ чу аҷдодат санам.
Ин сарат вораст аз саҷдай санам,
То бидонӣ ҳаққи ӯро бар умам.
Гар бигӯйӣ, шукри ин растан бигӯ,
К-аз бути ботин ҳамат бирҳонад ӯ.
Мар саратро чун раҳонид аз бутон,
Ҳам бад-он қувват ту дилро вораҳон.
Сар зи шукри дин аз он бартофтӣ,
К-аз падар мерос муфташ ёфтӣ.
Марди меросӣ чӣ донад қадри мол,
Рустаме ҷон канду маҷҷон ёфт Зол.
«Чун бигирёнам, биҷӯшад раҳматам,
Он хурӯшанда бинӯшад неъматам.
Гар нахоҳам дод, худ нанмоямаш,
Чун-ш кардам баста, дил бигшоямаш.
Раҳматам мавқуфи он хуш гиряҳост,
Чун гирист, аз баҳри раҳмат мавҷ хост».

Ҳалво харидани шайх Аҳмади Хизрувия ҷиҳати ғаримон ба илҳоми Ҳақ таъоло

Буд шайхе, доиман ӯ вомдор
Аз ҷавонмарде, ки буд он номдор.
Даҳ ҳазорон вом кардӣ аз меҳон,
Харҷ кардӣ бар фақирони ҷаҳон.
Ҳам ба вом ӯ хонақоҳе сохта,
Ҷону молу хонақаҳ дарбохта.
Воми ӯро Ҳақ зи ҳар ҷо мегузорд,
Кард Ҳақ баҳри халил аз рег орд.
Гуфт пайғамбар, ки дар бозорҳо
Ду фаришта мекунанд эдар дуъо,
К-эй Худо, ту мунфиқонро деҳ халаф,
Эй Худо, ту мумсиконро деҳ талаф.
Хоса он мунфиқ, ки ҷон инфоқ кард,
Ҳалқи худ қурбонии халлоқ кард.
Ҳалқ пеш овард исмоилвор,
Корд бар ҳалқаш наёрад кард кор.
Пас шаҳидон зинда з-ин рӯянду х(в)аш,
Ту бад-он қолаб бимангар габрваш.
Чун халаф додасташон ҷони бақо,
Ҷони эмин аз ғаму ранҷу шақо.
Шайхи вомӣ солҳо ин кор кард,
Меситад, медод ҳамчун поймард.
Тухмҳо мекошт то рӯзи аҷал,
То бувад рӯзи аҷал мири аҷал.
Чунки амри шайх дар охир расид,
Дар вуҷуди худ нишони марг дид.
Вомдорон гирди ӯ биншаста ҷамъ,
Шайх бар худ хуш, гудозон ҳамчу шамъ.
Вомдорон гашта навмеду туруш.
Дарди дилҳо ёр шуд бо дарди шуш.
Шайх гуфт: «Ин бадгумононро нигар,
Нест Ҳақро чорсад динори зар?»
Кӯдаке «ҳалво» зи берун бонг зад,
Лофи «ҳалво» бар умеди донг зад.
Шайх ишорат кард ходимро ба сар,
Ки бирав, он ҷумла ҳалворо бихар.
То ғаримон, чунки он ҳалво х(в)аранд,
Як замоне талх дар ман нангаранд.
Дарзамон ходим бурун омад ба дар,
То харад ӯ ҷумла ҳалворо ба зар.
Гуфт ӯро: «Гӯтуру, ҳалво ба чанд?»
Гуфт кӯдак: «Ним динору аданд».
Гуфт: «На, аз сӯфиён афзун маҷӯ,
Ним динорат диҳам, дигар магӯ».
ӯ табақ бинҳод андар пеши шайх,
Ту бибин асрори сиррандеш шайх.
Кард ишорат бо ғаримон, к-ин навол
Нак табаррук, хуш хӯред инро ҳалол.
Чун табақ холӣ шуд, он кӯдак ситад,
Гуфт: «Динорам бидеҳ, эй бохирад».
Шайх гуфто: «Аз куҷо орам дирам?
Вомдорам, меравам сӯйи адам».
Кӯдак аз ғам зад табақро бар замин,
Нолаву гиря бароварду ҳанин.
Мегирист аз ғабн кӯдак ҳой-ҳой,
К-эй маро бишкаста будӣ ҳар ду пой.
Кошкӣ ман гирди гулхан гаштаме,
Бар дари ин хонақаҳ нагзаштаме.
Сӯфиёни таблхори луқмаҷӯ,
Сагдилону ҳамчу гурба рӯйшӯ.
Аз ғиреви кӯдак он ҷо хайру шар
Гирд омад, гашт бар кӯдак ҳашар.
Пеши шайх омад, ки эй шайхи дурушт,
Ту яқин дон, ки маро устод кушт.
Гар равам ман пеши ӯ дасти тиҳӣ,
ӯ маро бикшад, иҷозат медиҳӣ?
В-он ғаримон ҳам ба инкору ҷуҳуд,
Рӯ ба шайх оварда, к-ин боре чӣ буд?
Моли мо хӯрдӣ, мазолим мебарӣ,
Аз чӣ буд ин зулми дигар бар сарӣ?
То намози дигар он кӯдак гирист,
Шайх дида басту дар вай нангарист.
Шайх фориғ аз ҷафову аз хилоф,
Даркашида рӯй чун маҳ дар лиҳоф.
Бо азал хуш, бо аҷал хуш, шодком,
Фориғ аз ташнеъу гуфти хосу ом.
Он кӣ ҷон дар рӯйи ӯ хандад чу қанд,
Аз турушрӯии халқаш чӣ газанд?
Он кӣ ҷон бӯса диҳад бар чашми ӯ,
Кай хурад ғам аз фалак в-аз хашми ӯ?
Дар шаби маҳтоб маҳро бар симок,
Аз сагону ваъ-ваъи эшон чӣ бок?
Саг вазифай худ баҷо меоварад,
Маҳ вазифай худ ба рух мегустарад.
Кораки худ мегузорад ҳар касе,
Об нагзорад сафо баҳри хасе.
Хас хасона меравад бар рӯйи об,
Об софӣ меравад беизтироб.
Мустафо маҳ мешикофад нимшаб,
Жож мехояд зи кина Бӯлаҳаб.
Он Масеҳо мурда зинда мекунад,
В-он ҷуҳуд аз хашм сиблат меканад.
Бонги саг ҳаргиз расад дар гӯши моҳ?
Хоса моҳе, к-ӯ бувад хоси Илоҳ.
Май хӯрад шаҳ бар лаби ҷӯ то саҳар,
Дар самоъ аз бонги чағзон бехабар.
Ҳам шудӣ тавзеъи кӯдак донг чанд,
Ҳиммати шайх он сахоро кард банд.
То касе надҳад ба кӯдак ҳеч чиз,
Қуввати пирон аз ин беш аст низ.
Шуд намози дигар, омад ходиме,
Як табақ бар каф зи пеши ҳотаме.
Соҳиби молеву ҳоле пеши пир
Ҳадя бифристод, к-аз вай буд хабир.
Чорсад динор бар гӯшай табақ,
Ним динори дигар андар варақ.
Ходим омад, шайхро икром кард
В-он табақ бинҳод пеши шайхи фард.
Чун табақро аз ғито во кард рӯ,
Халқ диданд он кароматро аз ӯ.
Оҳу афғон аз ҳама бархост зуд,
К-эй сари шайхону шоҳон, ин чӣ буд?
Ин Чӣ сирр аст? Ин чӣ султонист боз?
Эй Худованди худовандони роз!
Мо надонистем, моро афв кун,
Бас пароганда, ки рафт аз мо сухун.
Мо, ки кӯрона асоҳо мезадем,
Лоҷарам қандилҳоро бишканем.
Мо чу каррон ношунида як хитоб,
Ҳарзагӯён аз қиёси худ ҷавоб.
Мо зи Мӯсо панд нагрифтем, к-ӯ
Гашт аз инкори Хизре зардрӯ.
Бо чунон чашме, ки боло мешитофт,
Нури чашмаш осмонро мешикофт.
Карда бо чашмат таассуб, Мӯсиё,
Аз ҳамоқат чашми муши осиё».
Шайх фармуд: «Он ҳама гуфтору қол,
Ман биҳил кардам, шуморо он ҳалол.
Сирри ин он буд, к-аз Ҳақ хостам,
Лоҷарам бинмуд роҳи ростам.
Гуфт он динор агарчи андак аст,
Лек мавқуфи ғиреви кӯдак аст.
То нагиряд кӯдаки ҳалвофурӯш,
Баҳри раҳмат дарнамеояд ба ҷӯш».
Эй бародар, тифл тифли чашми туст,
Коми худ мавқуфи зорӣ дон дуруст.
Гар ҳамехоҳӣ, ки он хилъат расад,
Пас бигирён тифли дида бар ҷасад.

Тарсонидани шахсе зоҳидеро, ки кам гирӣ, то кӯр нашавӣ

Зоҳидеро гуфт ёре: «Дар амал
Кам гирй, то чашмро нояд халал».
Гуфт зоҳид: «Аз ду берун нест ҳол,
Чашм бинад ё набинад он ҷамол.
Гар бибинад нури Ҳақ, худ чи ғам аст?
Дар висоли Ҳақ ду дида чӣ кам аст.
В-ар нахоҳад дид Ҳақро, гӯ, бирав,
Инчунин чашми шақӣ, гӯ, кӯр шав.
Ғам махӯр аз дида, к-он Исо турост,
Чап марав, то бахшадат ду чашми рост.
Исии рӯҳи ту бо ту ҳозир аст,
Нусрат аз вай хоҳ, к-ӯ хуш носир аст.
Лек бегори тани пурустухон
Бар дили Исо манеҳ ту ҳар замон.
Ҳамчу он аблаҳ, ки андар достон
Зикри ӯ кардем баҳри ростон,
Зиндагии тан маҷӯ аз Исият,
Коми Фиръавне махоҳ аз Мӯсиат.
Бар дили худ кам неҳ андешай маош,
Айш кам н-ояд, ту бар даргоҳ бош.
Ин бадан хиргоҳ омад рӯҳро,
Ё мисоли киштие мар Нӯҳро.
Турк чун бошад биёбад хиргаҳе,
Хоса чун бошад азизи даргаҳе.

Тамомии қиссаи зинда шудани устухонҳо ба дуъои Исо алайҳиссалом

Хонд Исо номи Ҳақ бар устухон,
Аз барои илтимоси он ҷавон.
Ҳукми Яздон аз пайи он хоммард
Сурати он устухонро зинда кард.
Аз миён барҷаст як шери сиёҳ
Панҷае зад, кард нақшашро табоҳ.
Каллааш барканд, мағзаш рехт зуд,
Мағзи ҷавзе, к-андар ӯ мағзе набуд.
Гар варо мағзе будӣ, ишкастанаш
Худ набудӣ нақс, илло бар танаш.
Гуфт Исо: «Чун шитобаш кӯфтӣ?»
Гуфт: «З-он рӯ ки ту з-ӯ ошуфтӣ».
Гуфт Исо: «Чун нахӯрдӣ хуни мард?»
Гуфт: «Дар қисмат набудам ризқх(в)ард».
Эй басо кас ҳамчу он шери жаён
Сайди худ нохӯрда рафта аз ҷаҳон.
Қисматаш коҳе наву ҳирсаш чу кӯҳ,
Ваҷҳ неву карда таҳсили вуҷӯҳ.
Эй муяссар карда бар мо дар ҷаҳон
Сухраву бегор, моро вораҳон.
Тӯъма бинмудӣ ба мо в-он буда шаст,
Ончунон бинмо ба мо онро, ки ҳаст.
Гуфт он шер: «Эй Масеҳо, ин шикор
Буд холис аз барои эътибор».
Гар маро зӯре будӣ андар ҷаҳон,
Худ чӣ кор астӣ маро бо мардумон?
Ин сазои он кӣ ёбад оби соф,
Ҳамчу хар дар ҷӯ бимезад аз газоф.
Гар бидонад қимати он ҷӯй хар,
ӯ ба ҷойи по ниҳад дар ҷӯй сар.
ӯ биёбад ончунон пайғамбарӣ,
Миробӣ, зиндагонипарварӣ.
Чун намирад пеши ӯ, к-аз амри «кун»,
Эй амири об, моро зинда кун.
Ҳин, саги нафси туро зинда махоҳ,
К-ӯ адувви ҷони туст аз дергоҳ.
Хок бар сар устухонеро, ки он
Монеъи ин саг бувад аз сайди ҷон.
Саг найӣ, бар устухон чун ошиқӣ?
Девчавор аз чӣ бар хун ошиқӣ?
Он чи чашм аст он ки биноиш нест?
З-имтиҳонҳо, ҷуз ки расвоиш нест.
Саҳв бошад заннҳоро гоҳ-гоҳ,
Ин чӣ занн аст, ин ки кӯр омад зи роҳ?
Дида о! Бар дигарон навҳагарӣ?
Муддате биншину бар худ мегирӣ.
З-абри гирён шох сабзу тар шавад,
З-он ки шамъ аз гиря равшантар шавад.
Ҳар куҷо навҳа кунанд, он ҷо нишин,
З-он ки ту авлотарӣ андар ҳанин.
З-он ки эшон дар фироқи фониянд,
Ғофил аз лаъли бақои кониянд.
З-он ки бар дил нақши тақлид аст банд,
Рав ба оби чашм бандашро биранд.
З-он ки тақлид офати ҳар некуист,
Каҳ бувад тақлид, агар кӯҳи қавист.
Гар зарире ламтур асту тезхашм,
Гӯштпора-ш дон, чу ӯро нест чашм.
Гар сухан гӯяд зи мӯ бориктар,
Он сирашро з-он сухан набвад хабар.
Мастие дорад зи гуфти худ, валек
Аз бари вай то ба май роҳест нек.
Ҳамчу ҷӯй аст ӯ, на ӯ обе х(в)арад,
Об аз ӯ бар обхӯрон бигзарад.
Об дар ҷӯ з-он намегирад қарор,
З-он ки он ҷӯ нест ташна- вобхор.
Ҳамчу нойӣ нолаи зоре кунад,
Лек бегори харидоре кунад.
Навҳагар бошад муқаллид дар ҳадис,
Ҷуз тамаъ набвад муроди он хабис.
Навҳагар гӯяд ҳадиси сӯзнок,
Лек ку сӯзи дилу домони чок.
Аз муҳаққиқ то муқаллид фарқҳост,
К-ин чу Довуд асту он дигар садост.
Манбаи гуфтор ин сӯзе бувад
В-он муқаллид куҳнаомӯзе бувад.
Ҳин, машав ғурра бад-он гуфти ҳазин,
Бор бар гов асту бар гардун ҳанин.
Ҳам муқаллид нест маҳрум аз савоб,
Навҳагарро музд бошад дар ҳисоб.
Кофиру мӯъмин Худо гӯянд, лек
Дар миёни ҳар ду фарқе ҳаст нек.
Он гадо гӯяд Худо аз баҳри нон,
Муттақӣ гӯяд Худо аз айни ҷон.
Гар бидонистӣ гадо аз гуфти хеш,
Пеши чашми ӯ на кам мондӣ, на беш.
Солҳо гӯяд Худо он нонхоҳ,
Ҳамчу хар мусҳаф кашад аз баҳри коҳ.
Гар ба дил дартофтӣ гуфти лабаш,
Зарра-зарра гашта будӣ қолабаш.
Номи деве раҳ барад дар соҳирӣ,
Ту ба номи Ҳақ пашизе мебарӣ?

Хоридани рустоӣ дар торикӣ шерро ба занни он ки гови ӯст

Рустоӣ гов дар охур бибаст,
Шер говаш хурду бар ҷояш нишаст.
Рустоӣ шуд дар охур сӯйи гов,
Говро меҷуст шаб он кунҷков.
Даст мемолид бар аъзои шер,
Пушту паҳлӯ, гоҳ боло, гоҳ зер.
Гуфт шер: «Ар равшанӣ афзун шудӣ,
Заҳрааш бидридиву дил хун шудӣ.
Инчунин густох з-он мехорадам,
К-ӯ дар ин шаб гов мепиндорадам».
Ҳақ ҳамегӯяд, ки эй мағрури кӯр!
На зи номам пора-пора гашт Тур?
Ки «лав анзално китобан лилҷабал,
Лансадаъ, сумма-нқатаъ, сумма-ртаҳал».
Аз ман ар кӯҳи Уҳуд воқиф будӣ,
Пора гаштиву дилаш пурхун шудӣ.
Аз падар в-аз модар ин бишнидаӣ,
Лоҷарам ғофил дар ин печидаӣ.
Гар ту бетақлид аз ин воқиф шавӣ,
Бенишон аз лутф чун ҳотиф шавӣ.
Бишнав ин қисса пайи таҳдидро,
То бидонӣ офати тақлидро:

Фурӯхтани сӯфиён баҳимаи мусофирро ҷиҳати самоъ

Сӯфие дар хонақоҳ аз раҳ расид,
Маркаби худ бурду дар охур кашид.
Обакаш доду алаф аз дасти хеш,
На чун он сӯфӣ, ки мо гуфтем пеш.
Эҳтиёташ кард аз саҳву хубот,
Чун қазо ояд, чи суд аст эҳтиёт?
Сӯфиён тақсир буданду фақир,
«Кода фақрун ан яъӣ куфран юбир».
Эй тавонгар, ки ту серӣ, ҳин маханд,
Бар кажии он фақири дардманд.
Аз сари тақсири он сӯфи рама
Харфурӯшӣ даргирифтанд он ҳама.
К-аз зарурат ҳаст мурдоре мубоҳ,
Бас фасоде, к-аз зарурат шуд салоҳ.
Ҳам дар он дам он харак бифрӯхтанд,
Лут оварданду шамъ афрӯхтанд.
Валвала афтод андар хонақаҳ,
К-имшабон луту самоъ асту шараҳ.
Чанд аз ин сабру аз ин серӯза? Чанд?
Чанд аз ин занбилу ин дарюза? Чанд?
Мо ҳам аз халқему ҷон дорем мо,
Давлат имшаб меҳмон дорем мо».
Тухми ботилро аз он мекоштанд,
К-он ки он ҷон нест, ҷон пиндоштанд.
В-он мусофир низ аз роҳи дароз
Хаста буду дид он иқболу ноз.
Сӯфиёнаш як ба як бинвохтанд,
Нарди хидматҳои хуш мебохтанд.
Гуфт чун медид майлоншон ба вай:
«Гар тараб имшаб нахоҳам кард, кай?»
Лут хӯрданду самоъ оғоз кард,
Хонақаҳ то сақф шуд пурдуду гард.
Дуди матбах, гарди он, по кӯфтан,
З-иштиёқу ваҷд ҷон ошуфтан.
Гоҳ дастафшон қадам мекӯфтанд,
Гаҳ ба саҷда суффаро мерӯфтанд.
Дер ёбад сӯфӣ оз аз рӯзгор,
З-он сабаб сӯфӣ бувад бисёрхор.
Ҷуз магар он сӯфие, к-аз нури Ҳақ,
Сер хӯрд, ӯ фориғ аст аз нанги дақ.
Аз ҳазорон андаке з-ин сӯфиянд,
Боқиён дар давлати ӯ мезиянд.
Чун самоъ омад зи аввал то карон,
Мутриб оғозид як зарби гарон:
«Хар бирафту хар бирафт» оғоз кард,
З-ин ҳарора ҷумларо анбоз кард.
З-ин ҳарора пойкӯбон то саҳар
Кафзанон: «Хар рафту хар рафт, эй писар».
Аз раҳи тақлид он сӯфӣ ҳамин
«Хар бирафт» оғоз кард андар ҳанин».
Чун гузашт он нӯшу ҷӯшу он самоъ,
Рӯз гашту ҷумла гуфтанд: «Алвадоъ».
Хонақаҳ холӣ шуду сӯфӣ бимонд,
Гард аз рахт он мусофир менишонд.
Рахт аз ҳуҷра бурун овард ӯ,
То ба хар барбандад он ҳамроҳҷӯ.
То расад дар ҳамраҳон, ӯ мешитофт,
Рафт дар охур, хари худро наёфт.
Гуфт: «Он ходим ба обаш бурдааст,
З-он ки хар дӯш об камтар хӯрдаст».
Ходим омад. Гуфт сӯфӣ: «Хар куҷост?»
Гуфт ходим: «Реш бин». Ҷанге бихост.
Гуфт: «Ман харо ба ту биспурдаам,
Ман туро бар хар муваккал кардаам.
Аз ту хоҳам, он чӣ ман додам ба ту,
Боздеҳ, он чӣ фиристодам ба ту.
Баҳс бо тавҷеҳ кун, ҳуҷҷат маёр,
Он чӣ ман биспурдамат, вопас супор.
Гуфт пайғамбар, ки дастат ҳар чи бурд,
Боядаш дар оқибат вопас супурд.
В-ар найӣ, аз саркашӣ розӣ бад-ин,
Нак ману ту, хонаи қозии дин».
Гуфт: «Ман мағлуб будам, сӯфиён
Ҳамла оварданду будам бими ҷон.
Ту ҷигарбандӣ миёни гурбагон,
Андар андозиву ҷӯйӣ з-он нишон.
Дар миёни сад гурусна гирдаӣ,
Пеши сад саг гурбаи пажмурдаӣ».
Гуфт: «Гирам, к-аз ту зулман бистаданд,
Қосиди хуни мани мискин шуданд.
Ту наёиву нагӯйӣ мар маро?
Ки харатро мебаранд, эй бенаво.
То хар аз ҳар кӣ бувад, ман вохарам
В-арна, тавзеъе кунанд эшон зарам.
Сад тадорук буд, чун ҳозир буданд,
Ин замон ҳар як ба иқлиме шуданд.
Ман киро гирам? Киро қозӣ барам?
Ин қазо худ аз ту омад бар сарам.
Чун наёиву нагӯйӣ, эй ғариб!
Пеш омад ин чунин зулме маҳиб?»
Гуфт: «Валлаҳ омадам ман борҳо,
То туро воқиф кунам з-ин корҳо.
Ту ҳамегуфтӣ, ки хар рафт, эй писар,
Аз ҳама гӯяндагон бозавқтар.
Боз мегаштам, ки ӯ худ воқиф аст,
З-ин қазо розист, марде ориф аст.
Гуфт: «Онро ҷумла мегуфтанд х(в)аш,
Мар маро ҳам завқ омад, гуфтанаш.
Мар маро тақлидашон бар бод дод,
Ки дусад лаънат бар он тақлид бод.
Хоса тақлиди чунин беҳосилон,
Хашми Иброҳим бо бар офилон.
Акси завқи он ҷамоат мезадӣ,
В-ин дилам з-он акс завқӣ мешудӣ».
Акси чандон бояд аз ёрони х(в)аш,
Ки шавӣ аз баҳри беакс обкаш.
Акс, к-аввал зад, ту он тақлид дон,
Чун паёпай шуд, шавад таҳқиқ он.
То нашуд таҳқиқ аз ёрон мабур,
Аз садаф магсил, нагашт он қатра дур.
Соф хоҳӣ чашму ақлу самъро,
Бардарон ту пардаҳои тамъро.
З-он ки он тақлиди сӯфӣ аз тамаъ
Ақли ӯ барбаст аз нуру лумаъ.
Тамъи луту тамъи он завқу самоъ
Монеъ омад ақли ӯро з-иттилоъ.
Гар тамаъ дар ойина барҷостӣ,
Дар нифоқ он ойина чун мостӣ.
Гар тарозуро тамаъ будӣ ба мол,
Рост кай гуфтӣ тарозу васфи ҳол?
Ҳар набие гуфт бо қавм аз сафо:
Ман нахоҳам музди пайғом аз шумо.
Ман далелам, Ҳақ шуморо муштарӣ,
Дод Ҳақ даллолиям ҳар ду сарӣ.
Чист музди кори ман? Дидори ёр,
Гарчи худ Бӯбакр бахшад чил ҳазор.
Чил ҳазори ӯ набошад музди ман,
Кай бувад шибҳи шабаҳ дурри Адан?
Як ҳикоят гӯямат, бишнав ба ҳуш,
То бидонӣ, ки тамаъ шуд банди гӯш.
Ҳар киро бошад тамаъ, алкан шавад,
Бо тамаъ кай чашму дил равшан шавад?
Пеши чашми ӯ, хаёли ҷоҳу зар
Ҳамчунон бошад, ки мӯй андар басар.
Ҷуз магар мастӣ, ки аз Ҳақ пур бувад,
Гарчи бидҳӣ ганҷҳо, ӯ ҳур бувад.
Ҳар кӣ аз дидор бархурдор шуд,
Ин ҷаҳон дар чашми ӯ мурдор шуд.
Лек он сӯфӣ зи мастӣ дур буд,
Лоҷарам дар ҳирс ӯ шабкӯр буд.
Сад ҳикоят бишнавад мадҳуши ҳирс,
Дарнаёяд нуктае дар гӯши ҳирс.

Таъриф кардани мунодиёни қозӣ, муфлисро гирди шаҳр

Буд шахсе, муфлисе, бехону мон,
Монда дар зиндону банди беамон.
Луқмаи зиндониён хӯрдӣ газоф
Бар дили халқ аз тамаъ чун кӯҳи Қоф.
Заҳра на касро, ки луқмай нон х(в)арад,
З-он ки он луқмарабо говаш барад.
Ҳар кӣ дур аз даъвати раҳмон бувад,
ӯ гадочашм аст, агар султон бувад.
Мар мурувватро ниҳода зери по,
Гашта зиндон дӯзахе з-он нонрабо.
Гар гурезӣ бар умеди роҳате,
Он тараф ҳам пешат ояд офате.
Ҳеч кунҷе бе даду бе дом нест,
Ҷуз ба хилватгоҳи Ҳақ ором нест.
Кунҷи зиндони ҷаҳони ногузир
Нест бе помузду бе даққулҳасир.
Валлаҳ ар сӯрохи муше дарравӣ,
Мубталои гурбачанголе шавӣ.
Одамиро фарбеҳӣ ҳаст аз хаёл,
Гар хаёлоташ бувад соҳибҷамол.
В-ар хаёлоташ намояд нох(в)аше,
Мегудозад ҳамчу мум аз оташе.
Дар миёни мору каждум гар туро
Бо хаёлоти хушон дорад Худо.
Мору каждум мар туро мӯнис бувад,
К-он хаёлат кимиёи мис бувад.
Сабр ширин аз хаёли хуш шудаст,
К-он хаёлоти фараҷ пеш омадаст.
Он фараҷ зояд зи имон дар замир,
Заъфи имон, ноумедиву заҳир.
Сабр аз имон биёбад саркулаҳ,
«Ҳайсу ло сабра фало имона лаҳ».
Гуфт пайғамбар: «Худош имон надод,
Ҳар киро сабре набошад дар ниҳод».
Он яке дар чашми ту бошад чу мор,
Ҳам вай андар чашми он дигар нигор.
З-он ки дар чашмат хаёли куфри ӯст
В-он хаёли мӯъмине дар чашми дӯст.
К-андар ин як шахс ҳар ду феъл ҳаст,
Гоҳ моҳӣ бошад ӯву гоҳ шаст.
Ними ӯ мӯъмин бувад, нимеш габр,
Ними ӯ ҳирсоварӣ, нимеш сабр.
Гуфт Яздонат: «фа минкум мӯъминун»,
Боз «минкум кофирун», габри куҳун.
Ҳамчу гове, нимаи чаппаш сиёҳ,
Нимаи дигар сапеди ҳамчу моҳ.
Ҳар кӣ ин нима бибинад, рад кунад,
Ҳар кӣ он нима бибинад, кад кунад.
Юсуф андар чашми ихвон чун сутур,
Ҳам вай андар чашми яъқубӣ чу ҳур.
Аз хаёли бад мар ӯро зишт дид,
Чашми фаръу чашми аслӣ нопадид.
Чашми зоҳир сояи он чашм дон,
Ҳар чӣ он бинад, бигардад ин бад-он.
Ту маконӣ, асли ту дар ломакон,
Ин дукон барбанду бигшо он дукон.
Шаш ҷиҳат магрез, зеро дар ҷиҳот
Шишдара-сту шишдара мот асту мот.

Шикоят кардани аҳли зиндон пеши вакили қозӣ аз дасти он муфлис

Бо вакили қозии идрокманд
Аҳли зиндон дар шикоят омаданд,
Ки саломи мо ба қозӣ бар кунун,
Бозгӯ озори мо з-ин марди дун.
К-андар ин зиндон бимонд ӯ мустамир,
Ёватозу таблхор асту музир.
Чун магас ҳозир шавад дар ҳар таъом
Аз вақоҳат, бесалову бесалом.
Пеши ӯ ҳеч аст лути шаст кас,
Кар кунад худро, агар гӯйиш бас.
Марди зиндонро наёяд луқмае
В-ар ба сад ҳилат гушояд тӯъмае.
Дар замон пеш ояд он дӯзахгулӯ,
Ҳуҷҷаташ ин ки Худо гуфто: «Кулу».
З-ин чунин қаҳти сесола дод дод,
Зилли мавлоно абад поянда бод.
Ё зи зиндон то равад ин говмеш,
Ё вазифа кун зи вақфе луқмаеш.
Эй зи ту хуш ҳам зукуру ҳам унос,
Дод кун, «ал-мустағос ал-мустағос».
Сӯйи қозӣ шуд вакили бонамак,
Гуфт бо қозӣ шикоят як ба як.
Хонд ӯро қозӣ аз зиндон ба пеш,
Пас тафаҳҳус кард аз аъёни хеш.
Гашт собит пеши қозӣ он ҳама,
Ки намуданд аз шикоят он рама.
Гуфт қозӣ: «Хез, аз ин зиндон бирав,
Сӯйи хонай мурдареги хеш шав».
Гуфт: «Хону мони ман эҳсони туст,
Ҳамчу кофир ҷаннатам зиндони туст.
Гар зи зиндонам биронӣ ту ба рад,
Худ бимирам ман зи тақсиреву гад».
Ҳамчу Иблисе, ки мегуфт: «Эй салом,
«Рабби анзирнӣ ило явми-л-қиём»,
К-андар ин зиндони дунё ман хушам,
То ки душманзодагонро мекушам.
Ҳар кӣ ӯро қути имоне бувад
В-аз барои зоди раҳ ноне бувад.
Меситонам гаҳ ба макру гаҳ ба рев,
То бароранд аз пушаймонӣ ғирев.
Гаҳ ба дарвешӣ кунам таҳдидашон,
Гаҳ ба зулфу хол бандам дидашон».
Қути имоне дар ин зиндон кам аст
В-он ки ҳаст, аз захми ин саг дар хам аст.
Аз намозу савму сад бечорагӣ
Қути завқ ояд, барад якборагӣ.
«Истаъизуллоҳ мин шайтониҳи,
Қад ҳалакно, оҳ мин туғёниҳи».
Як саг асту дар ҳазорон меравад,
Ҳар кӣ дар вай рафт ӯ, ӯ мешавад.
Ҳар кӣ сардат кард, медон, к-ӯ дар ӯст,
Дев пинҳон гашта андар зери пӯст.
Чун наёбад сурат, ояд дар хаёл,
То кашонад он хаёлат дар вубол.
Гаҳ хаёли фурҷаву гоҳе дукон,
Гаҳ хаёли илму гоҳе хону мон.
Ҳон, бигӯ лоҳавлҳо андар замон,
Аз забон танҳо на, бал к-аз айни ҷон.
Гуфт қозӣ: «Муфлисиро вонамо»,
Гуфт: «Инак аҳли зиндонат гуво».
Гуфт: «Эшон муттаҳам бошанд чун
Мегурезанд аз ту, мегирянд хун.
В-аз ту мехоҳанд ҳам то вораҳанд,
З-ин ғараз ботил гувоҳӣ медиҳанд».
Ҷумла аҳли маҳкама гуфтанд: «Мо
Ҳам бар идбору бар ифлосаш гуво».
Ҳар киро пурсид қозӣ ҳоли ӯ,
Гуфт: «Мавло, даст аз ин муфлис бишӯ».
Гуфт қозӣ, к-аш бигардонед фош
Гирди шаҳр, ин муфлис асту бас қалош.
Кӯ ба кӯ ӯро мунодоҳо занед,
Табли ифлосаш аён ҳар ҷо занед.
Ҳеч кас нася бинафрӯшад бад-ӯ,
Қарз надҳад ҳеч кас ӯро тасу.
Ҳар кӣ даъво орадаш ин ҷо ба фан,
Беш зиндонаш нахоҳам кард ман.
Пеши ман ифлоси ӯ собит шудаст,
Нақду коло, несташ чизе ба даст».
Одамӣ дар ҳабси дунё з-он бувад,
То бувад, к-ифлоси ӯ собит шавад.
Муфлисии девро Яздони мо
Ҳам мунодӣ кард дар Қуръони мо.
К-ӯ дағову муфлис асту бадсухун,
Ҳеч бо ӯ ширкату савдо макун.
В-ар кунӣ, ӯро баҳона оварӣ,
Муфлис аст ӯ, сарфа аз вай кай барӣ?
Ҳозир оварданд, чун фитна фарӯхт,
Уштури курде, ки ҳезум мефурӯхт.
Курди бечора басе фарёд кард,
Ҳам муваккалро ба донге шод кард.
Уштураш бурданд аз ҳангоми чошт
То шабу афғони ӯ суде надошт.
Бар шутур биншаст он қаҳти гарон,
Соҳиби уштур пайи уштур давон.
Сӯ ба сӯву кӯ ба кӯ метохтанд,
То ҳама шаҳраш аён бишнохтанд
Пеши ҳар ҳаммому ҳар бозоргаҳ,
Карда мардум ҷумла дар шаклаш нигаҳ.
Даҳ мунодигар баландовозиён,
Турку курду румиёну тозиён:
«Муфлис аст ину надорад ҳеч чиз,
Қарз то надҳад кас ӯро як пашиз.
Зоҳиру ботин надорад ҳаббае,
Муфлисе, қалбе, дағое, даббае.
Ҳону ҳон бо ӯ ҳарифӣ кам кунед,
Чунки гов орад, гираҳ муҳкам кунед.
В-ар ба ҳукм оред ин пажмурдаро,
Ман нахоҳам кард зиндон мурдаро.
Хушдам аст ӯву гулӯяш бас фарох,
Бо шиори нав, дисори шох-шох.
Гар бипӯшад баҳри макр он ҷомаро,
Ория-ст он, то фиребад омаро».
Ҳарфи ҳикмат бар забони ноҳаким,
Ҳуллаҳои орият дон, эй салим.
Гарчи дузде ҳуллае пӯшидааст,
Дасти ту чун гирад он, бибридадаст?
Чун шабона аз шутур омад ба зер,
Курд гуфташ: «Манзилам дур асту дер.
Барнишастӣ уштурамро аз пагоҳ,
Ҷав раҳо кардам, кам аз ихроҷи коҳ!»
Гуфт: «То акнун чӣ мекардем пас?
Ҳуши ту ку? Нест андар хона кас?
Табли ифлосам ба чархи собиъа
Рафту ту нашнидаӣ бад воқиъа?
Гӯши ту пур будааст аз тамъи хом,
Пас тамаъ кар мекунад кӯр, эй ғулом!
То кулӯху санг бишнид ин баён:
Муфлис асту муфлис аст ин қалтабон».
То ба шаб гуфтанду дар соҳибшутур
Бар назад, к-ӯ аз тамаъ пур буд, пур.
Ҳаст бар самъу ба сар мӯҳри Худо,
Дар ҳуҷуб бас сурат асту бас садо.
Ончи ӯ хоҳад, расонад он ба чашм
Аз ҷамолу аз камолу аз карашм.
В-он чӣ ӯ хоҳад, расонад он ба гӯш
Аз самоъу аз башорат в-аз хурӯш.
Кавн пурчорасту ҳечат чора не,
То ки нагшояд Худоят равзане.
Гарчи ту ҳастӣ кунун ғофил аз он,
Вақти ҳоҷат Ҳақ кунад онро аён.
Гуфт пайғамбар, ки Яздони маҷид,
Аз пайи ҳар дард дармон офарид.
Лек з-он дармон набинӣ рангу бӯ,
Баҳри дарди хеш, бе фармони ӯ.
Чашмро, эй чораҷӯ, дар ломакон,
Ҳин, бинеҳ, чун чашми кушта сӯйи ҷон.
Ин ҷаҳон аз беҷиҳат пайдо шудаст,
Ки зи беҷоӣ ҷаҳонро ҷо шудаст.
Бозгард аз ҳаст сӯйи нестӣ,
Толиби раббиву раббонистӣ.
Ҷойи дахл аст ин адам, аз вай марам,
Ҷойи харҷ аст ин вуҷуди бешу кам.
Коргоҳи сунъи Ҳақ чун нестист,
Ҷуз муаттал дар ҷаҳони ҳаст кист?
Ёд деҳ моро суханҳои дақиқ,
Ки туро раҳм оварад он, эй рафиқ!
Ҳам дуъо аз ту, иҷобат ҳам зи ту,
Эминӣ аз ту, маҳобат ҳам зи ту.
Гар хато гуфтем, ислоҳаш ту кун,
Муслеҳӣ ту, эй ту султони сухун.
Кимиё дорӣ, ки табдилаш кунӣ,
Гарчи ҷӯйи хун бувад, Нилаш кунӣ.
Инчунин миногариҳо кори туст,
Инчунин иксирҳо асрори туст.
Оброву хокро бар ҳам задӣ,
З-обу гил нақши тани Одам задӣ.
Нисбаташ додиву ҷуфту холу ам,
Бо ҳазор андешаву шодиву ғам.
Боз баъзеро раҳоӣ додаӣ,
З-ин ғаму шодӣ ҷудоӣ додаӣ.
Бурдаӣ аз хешу пайванду сиришт,
Кардаӣ дар чашми ӯ ҳар хуб зишт.
Ҳар чӣ маҳсус аст, ӯ рад мекунад,
В-он чи нопайдост, маснад мекунад.
Ишқи ӯ пайдову маъшуқаш ниҳон,
Ёр берун, фитнаи ӯ дар ҷаҳон.
Ин раҳо кун, ишқҳои суратӣ
Нест бар сурат, на бар рӯйи сатӣ.
Он чи маъшуқ аст, сурат нест он,
Хоҳ ишқи ин ҷаҳон, хоҳ он ҷаҳон.
Он чи бар сурат ту ошиқ гаштаӣ,
Чун бурун шуд ҷон, чарояш ҳиштаӣ?
Сураташ барҷост, ин серӣ зи чист?
Ошиқо, воҷӯ, ки маъшуқи ту кист?
Он чи маҳсус аст, агар маъшуқа аст,
Ошиқастӣ ҳар кӣ ӯро ҳисс ҳаст.
Чун вафо он ишқ афзун мекунад,
Кай вафо сурат дигаргун мекунад?
Партави хуршед бар девор тофт,
Тобиши ориятӣ девор ёфт.
Бар кулӯхе дил чӣ бандӣ, эй салим,
Воталаб асле, ки тобад ӯ муқим.
Эй ки ту ҳам ошиқӣ бар ақли хеш,
Хеш бар суратпарасон дида беш.
Партави ақл аст он бар ҳисси ту,
Орият медон заҳаб бар мисси ту.
Чун зарандуд аст хубӣ дар башар,
В-арна чун шуд шоҳиди ту пирхар?
Чун фаришта буд, ҳамчун дев шуд,
К-он малоҳат, к-андар ӯ ория буд.
Андак-андак меситонанд он ҷамол,
Андак-андак хушк мегардад ниҳол.
Рав «нуъаммирҳу нунаккисҳу» бихон,
Дил талаб кун, дил манеҳ бар устухон.
К-он ҷамоли дил ҷамоли боқӣ аст,
Давлаташ аз оби ҳайвон соқӣ аст.
Худ ҳам ӯ об асту ҳам соқиву маст,
Ҳар се як шуд, чун тилисми «ту» шикаст.
Он якеро ту надонӣ аз қиёс,
Бандагӣ кун, жож кам хо, ношинос.
Маънии ту, сурат асту орият,
Бар муносиб шодиву бар қофият.
Маънӣ он бошад, ки бистонад туро,
Бениёз аз нақш гардонад туро.
Маънӣ он набвад, ки кӯру кар кунад,
Мардро бар нақш ошиқтар кунад.
Кӯрро қисмат хаёли ғамфизост,
Баҳраи чашм ин хаёлоти фаност.
Ҳарфи Қуръонро зарирон маъдананд,
Хар набинанду ба полон барзананд.
Чун ту биноӣ, пайи хар рав, ки ҷаст,
Чанд полон дӯзӣ, эй полонпараст.
Хар чу ҳаст, ояд яқин полон туро,
Кам нагардад нон, чу бошад ҷон туро.
Пушти хар дуккону молу максаб аст,
Дурри қалбат мояи сад қолаб аст.
Хар бараҳна барнишин, эй булфузул,
Хар бараҳна, не ки рокиб шуд расул?
«Ан-набиййу қад ракиб муърав риё,
Ва-н-набиййу қила софар мошиё».
Шуд хари нафси ту бар мехеш банд,
Чанд бигрезад зи кору бор? Чанд?
Бори сабру шукр, ӯро бурданист,
Хоҳ дар сад солу хоҳӣ сиву бист.
Ҳеч возир визри ғайре барнадошт,
Ҳеч кас надруд, то чизе накошт.
Тамъи хом аст, он махур хом, эй писар,
Хом хӯрдан иллат орад дар башар:
К-он фалонӣ ёфт ганҷи ногаҳон,
Ман ҳамон хоҳам, ма кору ма дукон.
Кори бахт аст ону он ҳам нодир аст,
Касб бояд кард, то тан қодир аст.
Касб кардан, ганҷро монеъ кай аст?
По макаш аз кор, он худ дар пай аст.
То нагардӣ ту гирифтори «агар»,
Ки агар ин кардаме ё он дигар.
К-аз агар гуфтан расули бовифоқ
Манъ карду гуфт: «Он ҳаст аз нифоқ».
К-он мунофиқ дар агар гуфтан бимурд,
В-аз агар гуфтан ба ҷуз ҳасрат набурд.

Масал

Он ғарибе хона меҷуст аз шитоб,
Дӯсте бурдаш суйи хонай хароб.
Гуфт ӯ: «Инро агар сақфе будӣ,
Паҳлуи ман мар туро маскан шудӣ.
Ҳам иёли ту биёсудӣ, агар,
Дар миёна доштӣ ҳуҷрай дигар».
Гуфт: «Оре. Паҳлуйи ёрон беҳ аст,
Лек эй ҷон, дар агар натвон нишаст».
Ин ҳама олам талабгори х(в)ашанд,
В-аз хуши тазвир андар оташанд.
Толиби зар гашта ҷумла пиру хом,
Лек қалб аз зар надонад чашми ом.
Партаве бар қалб зад, холис бибин,
Бемиҳак зарро макун аз зан(н) гузин.
Гар миҳак дорӣ, гузин кун в-арна рав,
Назди доно хештанро кун гарав.
Ё миҳак бояд миёни ҷони хеш,
В-ар надонӣ раҳ, марав танҳо ту пеш.
Бонги ғӯлон ҳаст бонги ошно,
Ошное, ки кашад сӯйи фано.
Бонг медорад, ки ҳон, эй корвон!
Сӯйи ман оед, нак роҳу нишон.
Номи ҳар як мебарад ғӯл: «Эй фалон!»
То кунад он хоҷаро аз офилон.
Чун расад он ҷо, бибинад гургу шер,
Умр зоеъ, роҳ дуру рӯз дер.
Чун бувад он бонги ғӯл? Охир бигӯ:
«Мол хоҳам, ҷоҳ хоҳам в-обрӯ».
Аз даруни хеш ин овозҳо
Манъ кун, то кашф гардад розҳо.
Зикри Ҳақ кун, бонги ғӯлонро бисӯз,
Чашми наргисро аз ин каргас бидӯз.
Субҳи козибро зи содиқ вошинос,
Ранги майро боздон аз ранги кос.
То бувад, к-аз дидагони ҳафтранг
Дидае пайдо кунад сабру диранг.
Рангҳо бинӣ ба ҷуз ин рангҳо,
Гавҳарон бинӣ ба ҷойи сангҳо.
Гавҳаре чӣ, балки дарёе шавӣ,
Офтоби чархпаймое шавӣ.
Коркун дар коргаҳ бошад ниҳон,
Ту бирав, дар коргаҳ бинаш аён.
Кор чун бар коркун парда танид,
Хориҷи он кор натвониш дид.
Коргаҳ чун ҷойи боши омил аст,
Он кӣ берун аст, аз вай ғофил аст.
Пас даро дар коргаҳ, яъне адам,
То бибинӣ сунъу сонеъро ба ҳам.
Коргаҳ чун ҷойи равшандидагист,
Пас буруни коргаҳ пӯшидагист.
Рӯ ба ҳастӣ дошт Фиръавни ануд,
Лоҷарам аз коргоҳаш кӯр буд.
Лоҷарам мехост табдили қадар,
То қазоро бозгардонад зи дар.
Худ қазо бар сиблати он ҳиламанд,
Зери лаб мекард ҳар дам ришханд.
Садҳазорон тифл кушт ӯ бегуноҳ,
То бигардад ҳукму тақдири Илоҳ.
То ки Мӯсои набӣ н-ояд бурун,
Кард дар гардан ҳазорон зулму хун.
Он ҳама хун карду Мӯсо зода шуд
В-аз барои қаҳри ӯ омода шуд.
Гар бидидӣ коргоҳи лоязол,
Дасту пояш хушк гаштӣ з-эҳтиёл.
Андаруни хонааш Мӯсо муъоф
В-аз бурун мекушт тифлонро газоф.
Ҳамчу соҳибнафс, к-ӯ тан парварад,
Бар дигар кас занни ҳиқде мебарад.
К-ин адувву он ҳасуду душман аст,
Худ ҳасуду душмани ӯ он тан аст.
ӯ чу Фиръавну танаш Мӯсии ӯ,
ӯ ба берун медавад, ки ку адӯ?
Нафсаш андар хонаи тан нозанин,
Бар дигар кас даст мехояд ба кин.

Маломат кардани мардум шахсеро, ки модарашро кушт ба тӯҳмат

Он яке аз хашм модарро бикушт,
Ҳам ба захми ханҷару ҳам захми мушт.
Он дигар гуфташ, ки аз бадгавҳарӣ
Ёд н-овардӣ ту ҳаққи модарӣ.
Ҳай, ту модарро чаро куштӣ? Бигӯ,
ӯ чӣ кард охир? Бигӯ, эй зиштхӯ!
Гуфт: «Коре кард, к-он ори вай аст,
Куштамаш, к-он хок саттори вай аст».
Гуфт: «Он касро бикуш, эй мӯҳташам!»
Гуфт: «Пас ҳар рӯз мардеро кушам?
Куштам ӯро, растам аз хунҳои халқ,
Нойи ӯ буррам, беҳ аст аз нойи халқ».
Нафси туст он модари бадхосият,
Ки фасоди ӯст дар ҳар ноҳият.
Ҳин, бикуш ӯро, ки баҳри он данӣ,
Ҳар даме қасди азизе мекунӣ.
Аз вай ин дунёи хуш бар туст танг,
Аз пайи ӯ бо Ҳақу бо халқ ҷанг.
Нафс куштӣ, бозрастӣ з-эътизор,
Кас туро душман намонад дар диёр.
Гар шикол орад касе бар гуфти мо,
Аз барои анбиёву авлиё,
К-анбиёро не ки нафси кушта буд?
Пас чарошон душманон буду ҳасуд?
Гӯш неҳ ту, эй талабкори савоб,
Бишнав ин ишколу шубҳатро ҷавоб:
Душмани худ будаанд он мункирон,
Захм бар худ мезаданд эшон чунон.
Душман он бошад, ки қасди ҷон кунад,
Душман он набвад, ки худ ҷон меканад.
Нест хуффошак адувви офтоб,
ӯ адувви хеш омад дар ҳиҷоб.
Тобиши хуршед ӯро мекушад,
Ранҷи ӯ хуршед ҳаргиз кай кашад?
Душман он бошад, к-аз ӯ ояд азоб,
Монеъ ояд лайлро аз офтоб.
Монеъи хешанд ҷумлай кофирон,
Аз шуои ҷавҳари пайғамбарон.
Кай ҳиҷоби чашми он фарданд халқ?
Чашми худро кӯру каж карданд халқ.
Чун ғуломи ҳиндуе, к-ӯ кин кашад,
Аз ситезай хоҷа, худро мекушад.
Сарнигун меафтад аз боми саро,
То зиёне карда бошад хоҷаро.
Гар шавад бемор душман бо табиб
В-ар кунад кӯдак адоват бо адиб,
Дар ҳақиқат раҳзани ҷони худанд,
Роҳи ақлу ҷони худро худ заданд.
Гозуре гар хашм гирад з-офтоб,
Моҳие гар хашм мегирад зи об.
Ту яке бингар, киро додан зиён?
Оқибат кӣ бвад сиёҳахтар аз он?
Гар туро Ҳақ офаринад зиштрӯ,
Ҳон, машав ҳам зиштрӯ, ҳам зиштхӯ.
В-ар бурад кафшат, марав дар санглох,
В-ар ду шох астат, машав ту чоршох.
Ту ҳасудӣ, к-аз фалон ман камтарам,
Мефизояд камтаре дар ахтарам.
Худ ҳасад нуқсону айбе дигар аст,
Балки аз ҷумла камиҳо баттар аст.
Он Билис аз нангу ори камтарӣ
Хешро афганд дар сад абтарӣ.
Аз ҳасад мехост, то боло бувад,
Худ чӣ боло? Балки хунполо бувад.
Он Абӯҷаҳл аз Муҳаммад нанг дошт
В-аз ҳасад худро ба боло мефарошт.
Булҳикам номаш буду Бӯҷаҳл шуд,
Эй басо аҳл аз ҳасад ноаҳл шуд.
Ман надидам дар ҷаҳони ҷустуҷӯ
Ҳеч аҳлият беҳ аз хӯйи накӯ.
Анбиёро восита з-он кард Ҳақ,
То падид ояд ҳасадҳо дар қалақ.
З-он ки касро аз Худо оре набуд,
Ҳосиди Ҳақ ҳеч дайёре набуд.
Он касе, к-аш мисли худ пиндоштӣ,
З-он сабаб бо ӯ ҳасад бардоштӣ.
Чун муқаррар шуд бузургии расул,
Пас ҳасад н-ояд касеро аз қабул.
Пас ба ҳар давре валийе қоим аст,
То қиёмат озмоиш доим аст.
Ҳар киро хӯйи накӯ бошад, бираст,
Ҳар касе, к-ӯ шишадил бошад, шикаст.
Пас имоми ҳаққи қоим он валист,
Хоҳ аз насли Умар, хоҳ аз Алист.
Маҳдиву ҳодӣ вай аст, эй роҳҷӯ,
Ҳам ниҳону ҳам нишаста пеши рӯ.
ӯ чу нур асту хирад Ҷабрили ӯст
В-он валии кам аз ӯ қандили ӯст.
В-он кӣ з-ин қандил кам мишкоти мост,
Нурро дар мартаба тартибҳост.
З-он ки ҳафсад парда дорад нури Ҳақ,
Пардаҳои нур дон чандин табақ.
Аз паси ҳар парда қавмеро мақом,
Саф — сафанд ин пардаҳошон то имом.
Аҳли саффи охирин аз заъфи хеш
Чашмашон тоқат надорад нури беш.
В-он сафи пеш аз заъифии басар
Тоб н-орад рӯшноӣ бештар.
Равшание, к-ӯ ҳаёти аввал аст,
Ранҷи ҷону фитнаи ин аҳвал аст.
Аҳвалиҳо андак-андак кам шавад,
Чун зи ҳафсад бигзарад, ӯ ям шавад.
Оташе, к-ислоҳи оҳан ё зар аст,
Кай салоҳи обиву себи тар аст?
Себу обӣ хомие дорад хафиф,
Не чу оҳан тобише хоҳад латиф.
Лек оҳанро латиф он шӯълаҳост,
К-ӯ ҷазуби тобиши он аждаҳост.
Ҳаст он оҳан фақири сахткаш,
Зери путку оташ аст ӯ сурху х(в)аш.
Ҳоҷиби оташ бувад бевосита,
Дар дили оташ равад беробита.
Беҳиҷобӣ обу фарзандони об,
Пухтагӣ з-оташ наёбанду хитоб.
Восита деге бувад ё тобае,
Ҳамчу поро дар равиш потобае,
Ё маконе дар миён то он ҳаво
Мешавад сӯзону меорад ба мо.
Пас фақир он аст, к-ӯ бевосита-ст,
Шӯълаҳоро бо вуҷудаш робита-ст.
Пас дили олам вай аст, эро ки тан,
Мерасад аз воситай ин дил ба фан.
Дил набошад, тан чӣ донад гуфтугӯ?
Дил наҷӯяд, тан чӣ донад ҷустуҷӯ?
Пас назаргоҳи шуоъ он оҳан аст,
Пас назаргоҳи Худо дил, на тан аст.
Боз ин дилҳои ҷузвӣ чун тан аст,
Бо дили соҳибдиле, к-ӯ маъдан аст.
Пас мисолу шарҳ хоҳад ин калом,
Лек тарсам, то налағзад ваҳми ом.
То нагардад некӯии мо бадӣ,
Ин ки гуфтам, ҳам набуд ҷуз бех(в)адӣ.
Пойи кажро кафши каж беҳтар бувад,
Мар гадоро дастгаҳ бар дар бувад.

Имтиҳони подшоҳ ба он ду ғулом, ки навхарида буд

Подшоҳе ду ғулом арзон харид,
Бо яке з-он ду сухан гуфту шунид.
Ёфташ зиракдилу ширинҷавоб,
Аз лаби шаккар чӣ зояд? Шаккароб.
Одамӣ махфист дар зери забон,
Ин забон пардаст бар даргоҳи ҷон.
Чунки боде пардаро дарҳам кашид,
Сирри саҳни хона шуд бар мо падид.
К-андар он хона гуҳар ё гандум аст?
Ганҷи зар ё ҷумла мору каждум аст?
Ё дар ӯ ганҷ асту море бар карон?
З-он ки набвад ганҷи зар бе посбон.
Бетааммул, ӯ сухан гуфтӣ чунон,
К-аз паси понсад тааммул дигарон.
Гуфтие дар ботинаш дарёстӣ,
Ҷумла дарё гавҳари гӯёстӣ.
Нури ҳар гавҳар, к-аз ӯ тобон шудӣ,
Ҳаққу ботилро аз ӯ фурқон шудӣ.
Нури фурқон фарқ кардӣ баҳри мо,
Зарра-зарра ҳаққу ботилро ҷудо.
Нури гавҳар нури чашми мо шудӣ,
Ҳам суолу ҳам ҷавоб аз мо будӣ.
Чашм каж кардӣ, ду дидӣ қурси моҳ,
Чун суол аст ин назар дар иштибоҳ.
Рост гардон чашмро дар моҳтоб,
То яке бинӣ ту маҳро, нак ҷавоб.
Фикратат, ки каж мабин, некӯ нигар,
Ҳаст ҳам нуру шуоъи он гуҳар.
Ҳар ҷавобе, к-он зи гӯш ояд ба дил,
Чашм гуфт: «Аз ман шунав, онро биҳил».
Гӯш даллола-сту чашм аҳли висол,
Чашм соҳибҳолу гӯш асҳоби қол.
Дар шунуди гӯш табдили сифот,
Дар аёни дидаҳо табдили зот.
З-оташ ар илмат яқин шуд дар сухун,
Пухтагӣ ҷӯ, дар яқин манзил макун.
То насӯзӣ, нест он айнуляқин,
Ин яқин хоҳӣ, дар оташ дарнишин.
Гӯш чун нофиз бувад, дида шавад,
В-арна «қул» дар гӯш печида шавад.
Ин сухан поён надорад, бозгард,
То ки шаҳ бо он ғуломонаш чӣ кард.

Ба роҳ кардани шоҳ якеро аз он ду ғулом ва аз ин дигар пурсидан

Он ғуломакро чу дид аҳли зуко,
Он дигарро кард ишорат ки биё.
Кофи раҳмат гуфтамаш, тасғир нест,
Ҷад гувад: «Фарзандакам», таҳқир нест.
Чун биёмад он дувум дар пеши шоҳ,
Буд ӯ гандадаҳон, дандонсиёҳ,
Гарчи шаҳ нохуш шуд аз гуфтори ӯ,
Ҷустуҷӯе кард ҳам з-асрори ӯ.
Гуфт: «Бо ин шаклу ин ганди даҳон,
Дур биншин, лек онсӯтар марон.
Ки ту аҳли номаву руқъа будӣ,
На ҷалису ёру ҳамбуқъа будӣ.
То илоҷи он даҳони ту кунем,
Ту ҳабибу мо табиби пурфанем.
Баҳри кайке навгилеме сӯхтан!
Нест лоиқ аз ту дида дӯхтан.
Бо ҳама биншин, ду-се дастон бигӯ,
То бибинам сурати ақлат накӯ».
Он закиро пас фиристод ӯ ба кор,
Сӯйи ҳаммоме, ки рав, худро бихор.
В-ин дигарро гуфт: «Хиҳ, ту зиракӣ,
Сад ғуломӣ дар ҳақиқат, на якӣ.
Он найӣ ки хоҷатоши ту намуд,
Аз ту моро сард мекард он ҳасуд».
Гуфт: «ӯ дузду каж асту кажнишин,
Ҳезу номарду чунин асту чунин».
Гуфт: «Пайваста будаст ӯ ростгӯ,
Ростгӯе ман надидастам чу ӯ.
Ростгӯйӣ дар ниҳодаш хилқатест,
Ҳар чӣ гӯяд, ман нагӯям: он тиҳист.
Каж надонам он накӯандешро,
Муттаҳам дорам вуҷуди хешро.
Бошад ӯ дар ман бибинад айбҳо,
Ман набинам дар вуҷуди худ, шаҳо!
Ҳар касе, к-ӯ айби худ дидӣ зи пеш,
Кай будӣ фориғ вай аз ислоҳи хеш?
Ғофиланд ин халқ аз худ, эй падар!
Лоҷарам гӯянд айби ҳамдигар.
Ман набинам рӯйи худро эй шаман,
Ман бибинам рӯйи ту, ту рӯйи ман.
Он касе ки ӯ бибинад рӯйи хеш,
Нури ӯ аз нури халқон аст беш.
Гар бимирад, диди ӯ боқӣ бувад,
З-он ки дидаш диди халлоқӣ бувад.
Нури ҳиссӣ набвад он нуре, ки ӯ
Рӯйи худ маҳсус бинад пеши рӯ.
Гуфт: «Акнун айбҳои ӯ бигӯ,
Ончунон ки гуфт ӯ аз айби ту.
То бидонам, ки ту ғамхори манӣ,
Кадхудои мулкату кори манӣ»
Гуфт: «Эй шаҳ ман бигӯям айбҳош,
Гарчи ҳаст ӯ мар маро хуш хоҷатош.
Айби ӯ меҳру вафову мардумӣ,
Айби ӯ сидқу зукову ҳамдамӣ.
Камтарин айбаш ҷавонмардиву дод,
Он ҷавонмарде, ки ҷонро ҳам бидод».
Садҳазорон ҷон Худо карда падид,
Чӣ ҷавонмарде бувад, к-онро надид?
В-ар бидидӣ, кай ба ҷон бухлаш будӣ?
Баҳри як ҷон, кай чунин ғамгин шудӣ?
Бар лаби ҷӯ бухли об онро бувад,
К-ӯ зи ҷӯйи об нобино бувад.
Гуфт пайғамбар, ки ҳар кӣ аз яқин
Донад ӯ подоши худ дар явми дин,
Ки якеро даҳ иваз меоядаш,
Ҳар замон ҷуде дигаргун зоядаш.
Ҷуд ҷумла аз ивазҳо дидан аст,
Пас иваз дидан зиди тарсидан аст.
Бухл нодидан бувад аъвозро,
Шод дорад диди дур хаввозро.
Пас ба олам ҳеч кас набвад бахил,
З-он ки кас чизе набозад бебадил.
Пас сахо аз чашм омад, на зи даст,
Дид дорад кор, ҷуз бино нараст.
«Айби дигар ин ки худбин нест ӯ,
Ҳаст ӯ дар ҳастии худ айбҷӯ.
Айбгӯю айбҷӯйи х(в)ад будаст,
Бо ҳама некӯву бо худ бад будаст».
Гуфт шаҳ: «Ҷалдӣ макун дар мадҳи ёр,
Мадҳи худ дар зимни мадҳи ӯ маёр.
З-он ки ман дар имтиҳон орам варо,
Шармсорӣ оядат дар моваро».

 

Қасами ғулом дар сидқу вафои ёри худ аз таҳорати занни худ

Гуфт: «На, валлоҳи биллоҳи-л-азим,
Моликулмулку ба раҳмону раҳим.
Он Худое, ки фиристод анбиё
На ба ҳоҷат, бал ба фазлу кибриё.
Он Худованде, ки аз хоки залил
Офарид ӯ шаҳсаворони ҷалил.
Покашон кард аз мизоҷи хокиён,
Бигзаронид аз таги афлокиён.
Баргирифт аз нору нури соф сохт,
В-он гаҳ ӯ бар ҷумлаи анвор тохт.
Он санобарқе, ки бар арвоҳ тофт,
То ки Одам маърифат з-он нур ёфт.
Он к-аз Одам русту дасти Шис чид,
Пас халифаш кард Одам, к-он бидид.
Нӯҳ аз он гавҳар чу бархурдор буд,
Дар ҳавои баҳри ҷон дурбор буд.
Ҷони Иброҳим аз он анвори зафт
Беҳазар дар шӯълаҳои нор рафт.
Чунки Исмоил дар ҷӯяш фитод,
Пеши дашнай обдораш сар ниҳод.
Ҷони Довуд аз шуъоаш гарм шуд,
Оҳан андар дастбофаш нарм шуд.
Чун Сулаймон буд висолашро разеъ,
Дев гашташ бандафармону мутеъ.
Дар қазо Яъқуб чун бинҳод сар,
Чашм равшан кард аз бӯйи писар.
Юсуфи маҳрӯ чу дид он офтоб,
Шуд чунон бедор дар таъбири хоб.
Чун асо аз дасти Мӯсо об х(в)ард,
Мулкати Фиръавнро як луқма кард.
Нардбонаш Исии Марям чу ёфт,
Бар фарози гунбади чорум шитофт.
Чун Муҳаммад ёфт он мулку наъим,
Қурси маҳро кард ӯ дардам дуним,
Чун Абӯбакр ояти тавфиқ шуд,
Бо чунон шаҳ соҳибу сиддиқ шуд.
Чун Умар шайдои он маъшуқ шуд,
Ҳаққу ботилро чу дил форуқ шуд.
Чунки Усмон он аёнро айн гашт,
Нури фоиз буду зиннурайн гашт.
Чун зи рӯяш Муртазо шуд дурфишон,
Гашт ӯ Шери Худо дар марҷи ҷон.
Чун Ҷунайд аз ҷунди ӯ дид он мадад,
Худ мақомоташ фузун шуд аз адад.
Боязид андар мазидаш роҳ дид,
Номи Қутбулорифин аз Ҳақ шунид.
Чунки Кархӣ кархи ӯро шуд ҳарас,
Шуд халифай ишқу раббонинафас.
Пури Адҳам маркаб он сӯ ронд шод,
Гашт ӯ султони султонони дод.
В-он Шақиқ аз шаққи он роҳи шигарф,
Гашт ӯ хуршедрою тезтарф.
Садҳазорон подшоҳони ниҳон
Сарфарозонанд з-он сӯйи ҷаҳон.
Номашон аз рашки Ҳақ пинҳон бимонд,
Ҳар гадое номашонро барнахонд.
Ҳаққи он нуру ҳақи нурониён,
К-андар он баҳранд ҳамчун моҳиён.
Баҳри ҷону ҷони баҳр ар гӯямаш,
Нест лоиқ. Номи нав меҷӯямаш.
Ҳаққи он оне, ки ину он аз ӯст,
Мағзҳо нисбат бад-ӯ бошанд пӯст.
Ки сифоти хоҷатошу ёри ман,
Ҳаст садчандон, ки ин гуфтори ман.
Он чи медонам зи васфи он надим,
Боварат н-ояд. Чӣ гӯям, эй карим!»
Шоҳ гуфт: «Акнун аз они худ бигӯ,
Чанд гӯйӣ они ину они ӯ?
Ту чӣ дориву чӣ ҳосил кардаӣ?
Аз таги дарё чӣ дур овардаӣ?
Рӯзи марг ин ҳисси ту ботил шавад,
Нури ҷон дорӣ, ки ёри дил шавад?
Дар лаҳад, к-ин чашмро хок оганад,
Ҳастат он чӣ гӯрро равшан кунад?
Он замон, ки дасту поят бардарад,
Парру болат ҳаст, то ҷон барпарад?
Он замон, к-ин ҷони ҳайвонӣ намонд,
Ҷони боқӣ боядат бар ҷо нишонд.
Шарти «ман ҷо билҳасан» на кардан аст,
Ин ҳасанро сӯйи ҳазрат бурдан аст.
Ҷавҳаре дорӣ зи инсон? Ё харӣ?
Ин аразҳо, ки фано шуд, чун барӣ?
Ин аразҳои намозу рӯзаро,
Чунки «ло ябқо замонайн интафо».
Нақл натвон кард мар аърозро,
Лек аз ҷавҳар баранд амрозро.
То мубаддал гашт ҷавҳар з-ин араз,
Чун зи парҳезе, ки зоил шуд мараз.
Гашт парҳези араз ҷавҳар ба ҷаҳд,
Шуд даҳони талх аз парҳез шаҳд.
Аз зироат хокҳо шуд сунбула,
Доруи мӯ кард мӯро силсила.
Он никоҳи зан араз буд, шуд фано,
Ҷавҳари фарзанд ҳосил шуд зи мо.
Ҷуфт кардан аспу уштурро араз,
Ҷавҳари курра бизоидан ғараз.
Ҳаст он бустон нишондан ҳам араз,
Гашт ҷавҳар кишти бустон, нак ғараз.
Ҳам араз дон кимиё бурдан ба кор,
Ҷавҳаре з-он кимиё гар шуд, биёр,
Сайқале кардан араз бошад, шаҳо!
З-ин араз ҷавҳар ҳамезояд сафо.
Пас магӯ, ки ман амалҳо кардаам,
Дахли он аърозро бинмо, марам.
Ин сифат кардан араз бошад, хамуш,
Сояи бузро пайи қурбон макуш».
Гуфт: «Шоҳо, бе қунути ақл нест,
Гар ту фармоӣ, аразро нақл нест.
Подшоҳо, ҷуз ки яъси банда нест,
Гар араз, к-он рафт, бозоянда нест.
Гар набудӣ мар аразро нақлу ҳашр,
Феъл будӣ ботилу ақвол фашр.
Ин аразҳо нақл шуд лавне дигар,
Ҳашри ҳар фонӣ бувад кавне дигар.
Нақли ҳар чизе бувад ҳам лоиқаш,
Лоиқи галла бувад ҳам соиқаш.
Вақти маҳшар ҳар аразро суратест,
Сурати ҳар як аразро навбатест.
Бингар андар худ, на ту будӣ араз?
Ҷунбиши ҷуфтеву ҷуфте бо ғараз.
Бингар андар хонаву кошонаҳо,
Дар муҳандис буд чун афсонаҳо.
Он фалон хона, ки мо дидем х(в)аш,
Буд мавзун суффаву сақфу дараш.
Аз муҳандис он араз в-андешаҳо
Олат оварду сутун аз бешаҳо.
Чист аслу мояи ҳар пешае?
Ҷуз хаёлу ҷуз араз в-андешае.
Ҷумла аҷзои ҷаҳонро беғараз
Дарнигар, ҳосил нашуд ҷуз аз араз.
Аввали фикр охир омад дар амал,
Буняти олам чунон дон дар азал.
Меваҳо дар фикри дил аввал бувад,
Дар амал зоҳир ба охир мешавад.
Чун амал кардӣ, шаҷар биншондӣ,
Андар охир ҳарфи аввал хондӣ.
Гарчи шоху баргу бехаш аввал аст,
Он ҳама аз баҳри мева мурсал аст.
Пас сире, ки мағзи он афлок буд,
Андар охир хоҷаи «лавлок» буд.
Нақли аъроз аст ин баҳсу мақол,
Нақли аъроз аст ин шеру шагол.
Ҷумла олам худ араз буданд, то
Андар ин маънӣ биёмад «ҳал ато».
Ин аразҳо аз чӣ зояд? Аз сувар,
В-ин сувар ҳам аз чӣ зояд? Аз фикар.
Ин ҷаҳон як фикрат аст аз ақли кул,
Ақл чун шоҳ асту суратҳо русул.
Олами аввал ҷаҳони имтиҳон,
Олами сонӣ ҷазои ину он.
Чокарат, шоҳо, ҷиноят мекунад,
Он араз занҷиру зиндон мешавад.
Бандаат чун хидмати шоиста кард,
Он араз не хилъате шуд дар набард?
Ин араз бо ҷавҳар, он байза-сту тайр,
Ин аз ону он аз ин зояд ба сайр».
Гуфт шоҳаншаҳ: «Чунин гир, ал-мурод:
Ин аразҳои ту як ҷавҳар назод».
Гуфт: «Махфӣ доштаст онро хирад,
То бувад ғайб ин ҷаҳони неку бад.
З-он ки гар пайдо шудӣ ашколи фикр,
Кофиру мӯъмин нагуфтӣ ҷуз ки зикр.
Пас аён будӣ на ғайб, эй шоҳ, ин
Нақши дину куфр будӣ бар ҷабин.
Кай дар ин олам буту бутгар будӣ?
Чун касеро заҳраи тасхар будӣ?
Пас қиёмат будӣ ин дунёи мо,
Дар қиёмат кӣ кунад ҷурму хато?»
Гуфт шаҳ: «Пӯшид Ҳақ подоши бад,
Лек аз омма, на аз хосони х(в)ад.
Гар ба доме афганам ман як амир,
Аз амирон хуфя дорам, н-аз вазир.
Ҳақ ба ман бинмуд пас подоши кор
В-ар суварҳои амалҳо сад ҳазор.
Ту нишоне деҳ, ки ман донам тамом,
Моҳро бар ман намепӯшад ғамом».
Гуфт: «Пас, аз гуфти ман мақсуд чист?
Чун ту медонӣ, ки он чӣ буд, чист».
Гуфт шаҳ: «Ҳикмат дар изҳори ҷаҳон,
Он кӣ дониста бурун ояд аён.
Он чӣ медонист, то пайдо накард,
Бар ҷаҳон нанҳод ранҷи талқу дард.
Як замон бекор натвонӣ нишаст,
То бадӣ ё некие аз ту наҷаст.
Ин тақозоҳои кор аз баҳри он
Шуд муваккал, то шавад сурат аён.
Пас калобай тан куҷо сокин шавад?
Чун сари риштай замираш мекашад.
Тосаи ту шуд нишони он кашиш,
Бар ту бекорӣ бувад чун ҷонканиш.
Ин ҷаҳону он ҷаҳон зояд абад,
Ҳар сабаб модар, асар аз вай валад.
Чун асар зоид, он ҳам шуд сабаб,
То бизояд ӯ асарҳои аҷаб.
Ин сабабҳо насл бар насл аст, лек
Дидае бояд мунаввар нек-нек».
Шоҳ бо ӯ дар сухан ин ҷо расид,
Ё бидид аз вай нишоне ё надид.
Гар бидид он шоҳи ҷӯё, дур нест,
Лек моро зикри он дастур нест.
Чун зи гармоба биёмад он ғулом,
Сӯйи хешаш хонд он шоҳи ҳумом.
Гуфт: «Субҳан лак наъимун доиму,
Бас латифеву зарифу хубрӯ.
Эй дареғо, гар набудӣ дар ту он,
Ки ҳамегӯяд барои ту фалон.
Шод гаштӣ ҳар кӣ рӯят дидие,
Диданат мулки ҷаҳон арзидие».
Гуфт: «Рамзе з-он бигӯ, эй подшоҳ,
К-аз барои ман бигуфт он динтабоҳ».
Гуфт: «Аввал васфи дурӯйит кард,
К-ошкоро ту давоӣ, хуфйа дард».
Хубси ёрашро чу аз шаҳ гӯш кард,
Дарзамон дарёи хашмаш ҷӯш кард.
Каф баровард он ғулому сурх гашт,
То ки мавҷи ҳаҷви ӯ аз ҳад гузашт,
К-ӯ зи аввалдам, ки бо ман ёр буд,
Ҳамчу саг дар қаҳт бас гуҳхор буд».
Чун думодум кард ҳаҷваш чун ҷарас,
Даст бар лаб зад шаҳаншоҳаш, ки бас!
Гуфт: «Донистам туро аз вай, бидон:
Аз ту ҷон гандасту аз ёрат даҳон.
Пас нишин, эй гандаҷон, аз даври ту,
То амир ӯ бошаду маъмур ту».
Дар ҳадис омад, ки тасбеҳ аз риё,
Ҳамчу сабзай гӯлхан дон, эй киё!
Пас бидон, ки сурати хубу накӯ
Бо хисоли бад наярзад як тасу.
В-ар бувад сурат ҳақиру нопазир,
Чун бувад хулқаш накӯ, дар пош мир.
Сурати зоҳир фано гардад, бидон,
Олами маънӣ бимонад ҷовидон.
Чанд бозӣ ишқ бо нақши сабӯ?
Бигзар аз нақши сабӯву оби ҷӯ.
Сураташ дидӣ, зи маънӣ ғофилӣ,
Аз садаф дурре гузин, гар оқилӣ.
Ин садафҳои қаволиб дар ҷаҳон,
Гарчи ҷумла зиндаанд аз баҳри ҷон.
Лек андар ҳар садаф набвад гуҳар,
Чашм бигшо, дар дили ҳар як нигар.
К-он чӣ дорад? В-ин чӣ дорад? Мегузин,
З-он ки камёб аст он дурри самин.
Гар ба сурат меравӣ, кӯҳе ба шакл,
Дар бузургӣ ҳаст садчандон, ки лаъл.
Ҳам ба сурат дасту пову пашми ту.
Ҳаст садчандон, ки нақши чашми ту.
Лек пӯшида набошад бар ту ин,
К-аз ҳама аъзо ду чашм омад гузин.
Аз як андеша, ки ояд дар дарун,
Сад ҷаҳон гардад ба як дам сарнигун.
Ҷисми султон гар ба сурат як бувад,
Садҳазорон лашкараш дар пай давад.
Боз шаклу сурати шоҳи сафӣ
Ҳаст маҳкуми яке фикри хафӣ.
Халқ бепоён зи як андеша бин,
Гашта чун селе равона бар замин.
Ҳаст он андеша пеши халқ хурд,
Лек чун селе ҷаҳонро хӯрду бурд.
Пас, чу мебинӣ, ки аз андешае
Қоим аст андар ҷаҳон ҳар пешае.
Хонаҳову қасрҳову шаҳрҳо,
Кӯҳҳову даштҳову наҳрҳо.
Ҳам замину баҳру ҳам меҳру фалак
Зинда аз вай, ҳамчу к-аз дарё самак.
Пас чаро аз аблаҳӣ пеши ту кӯр,
Тан Сулаймон асту андеша чу мӯр?
Менамояд пеши чашмат кӯҳ бузург,
Ҳаст андеша чу мешу кӯҳ гург.
Олам андар чашми ту ҳавлу азим,
З-абру раъду чарх дорӣ ларзу бим.
В-аз ҷаҳони фикрате, эй кам зи хар,
Эмину ғофил, чу санги бехабар.
З-он ки нақшӣ в-аз хирад бебаҳраӣ,
Одамихӯ нестӣ, харкурраӣ.
Сояро ту шахс мебинӣ зи ҷаҳл,
Шахс аз он шуд назди ту бозиву саҳл.
Бош то рӯзе, ки он фикру хаёл
Баргушояд беҳиҷобе парру бол.
Кӯҳҳо бинӣ шуда чун пашм нарм,
Нест гашта ин замини сарду гарм.
На само бинӣ, на ахтар, на вуҷуд,
Ҷуз Худои воҳиди ҳаййи вадуд.
Як фасона рост омад ё дурӯғ,
То диҳад мар ростиҳоро фурӯғ.

Ҳасад кардани ҳашам бар ғуломи хосс

Подшоҳе бандаеро аз карам
Баргузида буд бар ҷумлай ҳашам.
Ҷомагии ӯ вазифай чил амир,
Даҳяки қадраш надидӣ сад вазир.
Аз камоли толеъу иқболу бахт,
ӯ Аёзе буду шаҳ Маҳмуди вақт.
Рӯҳи ӯ бо рӯҳи шаҳ дар асли хеш
Пеш аз ин тан буда ҳампайванду хеш.
Кор он дорад, ки пеш аз тан будаст,
Бигзар аз инҳо, ки нав ҳодис шудаст.
Кор орифрост, к-ӯ на аҳвал аст,
Чашми ӯ бар киштаҳои аввал аст.
Он чӣ гандум коштандаш в-он чӣ ҷав,
Чашми ӯ он ҷост рӯзу шаб гарав.
Он чӣ обистаст шаб, ҷуз он назод,
Ҳилаҳову макрҳо бод аст, бод.
Кай кунад дил хуш ба ҳилатҳои каш,
Он кӣ бинад ҳилаи Ҳақ бар сараш?
ӯ даруни дому доме мениҳад
Ҷони ту, не он ҷаҳад, не ин ҷаҳад.
Гар бирӯяд в-ар бирезад, сад гиёҳ,
Оқибат баррӯяд он киштай Илоҳ.
Кишти нав коранд бар кишти нахуст,
Ин дувум фонист в-он аввал дуруст.
Тухми аввал комилу бигзида аст,
Тухми сонӣ фосиду пӯсида аст.
Афган ин тадбири худро пеши дӯст,
Гарчи тадбират ҳам аз тадбири ӯст.
Кор он дорад, ки Ҳақ афроштаст,
Охир он рӯяд, ки аввал коштаст.
Ҳар чӣ корӣ, аз барои ӯ бикор,
Чун асири дӯстӣ, эй дӯстдор.
Гирди нафси дузду кори ӯ мапеч,
Ҳар чӣ он на кори Ҳақ, ҳеч аст ҳеч.
Пеш аз он ки рӯзи дин пайдо шавад,
Назди молик дузди шаб расво шавад.
Рахт дуздида ба тадбиру фанаш,
Монда рӯзи доварӣ бар гарданаш.
Садҳазорон ақл бо ҳам барҷаҳанд,
То ба ғайри доми ӯ доме ниҳанд.
Доми худро сахттар ёбанду бас,
Кай намояд қуввате бо бод хас?
Гар ту гӯйӣ фоидай ҳастӣ чӣ буд?
Дар суолат фоида ҳаст, эй ануд!
Гар надорад ин суолат фоида,
Чӣ-шнавем инро абас, беоида?
В-ар суолатро басе фоидаҳост,
Пас ҷаҳон бефоида охир чарост?
В-ар ҷаҳон аз як ҷиҳат бефоидаст,
Аз ҷиҳатҳои дигар пуроидаст.
Фоидай ту гар маро фоида нест,
Мар туро чун фоидаст, аз вай маист.
Ҳусни Юсуф оламеро фоида,
Гарчи бар ихвон абас буд зоида.
Лаҳни довудӣ чунон маҳбуб буд,
Лек бар маҳрум бонги чӯб буд.
Оби Нил аз оби ҳайвон буд фузун,
Лек бар маҳруму мункир буд хун.
Ҳаст бар мӯъмин шаҳидӣ зиндагӣ,
Бар мунофиқ мурдан асту жандагӣ.
Чист дар олам – бигӯ – як неъмате,
Ки на маҳруманд аз вай уммате?
Гову харро фоида чӣ дар шакар?
Ҳаст ҳар ҷонро яке қуте дигар.
Лек агар он қут бар вай оризист,
Пас насиҳат кардан ӯро роизист.
Чун касе, к-ӯ аз мараз гил дошт дӯст,
Гарчи пиндорад, ки он худ қути ӯст,
Қути аслиро фаромуш кардааст,
Рӯй дар қути мараз овардааст.
Нӯшро бигзошта, сам х(в)ардааст,
Қути иллатро чу чарбиш кардааст.
Қути аслии башар нури Худост,
Қути ҳайвонӣ мар ӯро носазост.
Лек аз иллат дар ин афтод дил,
Ки хурад ӯ рӯзу шаб з-ин обу гил.
Рӯй зарду пой сусту дил сабук,
Ку ғизои «ва-с-само зоти-л-ҳубук?»
Он ғизои хосагони давлат аст,
Хӯрдани он бе гулӯву олат аст.
Шуд ғизои офтоб аз нури арш
Мар ҳасуду девро аз дуди фарш.
Дар шаҳидон «юрзақун» фармуд Ҳақ,
Он ғизоро не даҳон буд, не табақ.
Дил зи ҳар ёре ғизое мех(в)арад,
Дил зи ҳар илме сафое мебарад.
Сурати ҳар одамӣ чун косаест,
Чашм аз маънии ӯ ҳассосаест.
Аз лиқои ҳар касе чизе х(в)арӣ,
В-аз қирони ҳар қарин чизе барӣ.
Чун ситора бо ситора шуд қарин,
Лоиқи ҳар ду асар зояд яқин.
Чун қирони марду зан зояд башар
В-аз қирони сангу оҳан шуд шарар.
В-аз қирони хок бо боронҳо,
Меваҳову сабзаву райҳонҳо.
В-аз қирони сабзаҳо бо одамӣ
Дилхушиву беғамиву хуррамӣ.
В-аз қирони хуррамӣ бо ҷони мо
Мебизояд хубиву эҳсони мо.
Қобили хӯрдан шавад аҷсоми мо,
Чун барояд аз тафарруҷ коми мо.
Сурхрӯӣ аз қирони хун бувад,
Хун зи хуршеди хуши гулгун бувад.
Беҳтарини рангҳо сурхӣ бувад,
В-он зи хуршед асту аз вай мерасад.
Ҳар замине, к-он қарин шуд бо зуҳал,
Шӯра гашту киштро набвад маҳал.
Қувват андар феъл ояд з-иттифоқ,
Чун қирони дев бо аҳли нифоқ.
Ин маъонӣ рост аз чархи нуҳум
Бе ҳама тоқутурум тоқутурум.
Халқро тоқутурум орийят аст,
Амрро тоқутурум моҳийят аст.
Аз пайи тоқутурум хорӣ кашанд,
Бар умеди изз, дар хорӣ х(в)ашанд.
Бар умеди иззи даҳрӯза худук
Гардани худ кардаанд аз ғам чу дук.
Чун намеоянд ин ҷо, ки манам?
К-андар ин изз офтоби рӯшанам.
Машриқи хуршед бурҷи қиргун,
Офтоби мо зи машриқҳо бурун.
Машриқи ӯ нисбати зарроти ӯ,
На баромад, на фурӯ шуд зоти ӯ.
Мо, ки вопасмонда зарроти ваем,
Дар ду олам офтоби бефаем.
Боз гирди Шамс мегардам, аҷаб!
Ҳам зи фарри Шамс бошад ин сабаб.
Шамс бошад бар сабабҳо мутталеъ,
Ҳам аз ӯ ҳабли сабабҳо мунқатеъ.
Садҳазорон бор бибридам умед,
Аз кӣ? Аз Шамс, ин шумо бовар кунед.
Ту маро бовар макун, к-аз офтоб,
Сабр дорам ман ва ё моҳӣ зи об.
В-ар шавам навмед, навмедии ман
Айни сунъи офтоб аст, эй ҳасан!
Айни сунъ аз нафси сонеъ чун бурад?
Ҳеч ҳаст, аз ғайри ҳастӣ чун чарад?
Ҷумла ҳастиҳо аз ин равза чаранд,
Гар буроқу тозиён в-ар худ харанд.
Лек асби кӯр кӯрона чарад,
Менабинад равзаро з-он аст рад.
В-он ки гардишҳо аз он дарё надид,
Ҳар дам орад рӯ ба меҳробе ҷадид.
ӯ зи баҳри азб оби шӯр х(в)ард,
То ки оби шӯр ӯро кӯр кард.
Баҳр мегӯяд ба дасти рост х(в)ар
З-оби ман, эй кӯр, то ёбӣ басар.
Ҳаст дасти рост ин ҷо занни рост,
К-ӯ бидонад неку бадро, к-аз куҷост.
Найзагардонест – эй найза, ки ту,
Рост мегардӣ гаҳе, гоҳе дутӯ.
Мо зи ишқи Шамси дин бенохунем
В-арна мо он кӯрро бино кунем.
Ҳон, Зиёулҳақ Ҳусомуддин, ту зуд
Доруваш кун кӯрии чашми ҳасуд.
Тӯтиёи кибриёи тезфеъл,
Доруи зулматкаши истезфеъл.
Он кӣ гар бар чашми аъмо барзанад,
Зулмати садсоларо з-ӯ барканад.
Ҷумла кӯронро даво кун, ҷуз ҳасуд,
К-аз ҳасудӣ бар ту меорад ҷуҳуд.
Мар ҳасудатро агарчи он манам,
Ҷон мадеҳ то ҳамчунин ҷон меканам.
Он кӣ ӯ бошад ҳасуди офтоб,
В-он кӣ меранҷад зи буди офтоб.
Ин-т дарди бедаво, к-ӯрост оҳ,
Ин-т афтода абад дар қаъри чоҳ.
Нафйи хуршеди азал боясти ӯ,
Кай барояд ин муроди ӯ? Бигӯ.

Гирифтор шудани боз миёни ҷуғдон ба вайрона

Боз он бошад, ки боз ояд ба шоҳ,
Бози кӯр аст, он кӣ шуд гумкардароҳ.
Роҳро гум карду дар вайрон фитод,
Боз дар вайрон бари ҷуғдон фитод.
ӯ ҳама нур аст аз нури ризо,
Лек кӯраш кард сарҳанги қазо.
Хок дар чашмаш заду аз роҳ бурд,
Дар миёни ҷуғду вайронаш супурд.
Бар саре, ҷуғдон-ш бар сар мезананд,
Парру боли нозанинаш мекананд.
Валвала афтод дар ҷуғдон, ки ҳо,
Боз омад, то бигирад ҷойи мо.
Чун сагони кӯй, пурхашму маҳиб,
Андарафтоданд дар далқи ғариб.
Боз гӯяд: «Ман чи дарх(в)ардам ба ҷуғд?
Сад чунин вайрон фидо кардам ба ҷуғд.
Ман нахоҳам буд ин ҷо, меравам,
Сӯйи шоҳаншоҳ роҷеъ мешавам.
Хештан макшед, эй ҷуғдон, ки ман
На муқимам, меравам сӯйи ватан.
Ин хароб обод дар чашми шумост
В-арна моро соиди шаҳ нозҷост».
Ҷуғд гуфто: «Боз ҳилат мекунад,
То зи хонумон шуморо барканад.
Хонаҳои мо бигирад ӯ ба макр,
Барканад моро ба солусе зи вакр.
Менамояд сайре ин ҳилатпараст,
Валлаҳ аз ҷумлай ҳарисон баттар аст.
ӯ хурад аз ҳирс тинро ҳамчу дибс,
Дунба маспоред, эй ёрон, ба хирс.
Лоф аз шаҳ мезанад в-аз дасти шаҳ,
То барад ӯ мо, салимонро зи раҳ.
Худ чи ҷинси шоҳ бошад мурғаке?
Машнаваш, гар ақл дорӣ андаке,
Ҷинси шоҳ аст ӯ ва ё ҷинси вазир?
Ҳеч бошад лоиқи лавзина сер?
Он чӣ мегӯяд зи макру феълу фан
Ҳаст султон бо ҳашам ҷӯёйи ман.
Ин-т молихулиёи нопазир,
Ин-т лофи ҷому доми гӯлгир.
Ҳар кӣ ин бовар кунад, аз аблаҳист,
Мурғаки лоғар чи дархурди шаҳист?
Камтарин ҷуғд ар занад бар мағзи ӯ,
Мар варо ёригарӣ аз шоҳ ку?»
Гуфт боз: «Ар як пари ман бишканад,
Бехи ҷуғдистон шаҳаншаҳ барканад.
Ҷуғд чӣ бвад? Худ агар бозе маро
Дил биранҷонад, кунад бо ман ҷафо,
Шаҳ кунад тӯда ба ҳар шебу фароз
Садҳазорон хирман аз сарҳои боз.
Посбони ман иноёти вай аст,
Ҳар куҷо ки ман равам, шаҳ дар пай аст.
Дар дили султон хаёли ман муқим,
Бе хаёли ман дили султон сақим.
Чун бипарронад маро шаҳ дар раваш,
Мепарам бар авҷи дил чун партаваш.
Ҳамчу моҳу офтобе мепарам,
Пардаҳои осмонҳо медарам.
Бозаму ҳайрон шавад дар ман ҳумо,
Ҷуғд кӣ бвад, то бидонад сирри мо?
Шаҳ барои ман зи зиндон ёд кард,
Садҳазорон бастаро озод кард.
Як дамам бо ҷуғдҳо дамсоз кард,
Аз дами ман ҷуғдҳоро «боз» кард.
Эй хунук ҷуғде, ки дар парвози ман
Фаҳм кард аз некбахтӣ рози ман.
Дар ман овезед, то нозон шавед,
Гарчи ҷуғдонед, шаҳбозон шавед.
Он ки бошад бо чунон шоҳе ҳабиб,
Ҳар куҷо афтад, чаро бошад ғариб?
Ҳар кӣ бошад шоҳ дардашро даво,
Гар чу най нолад, набошад бенаво.
Молики мулкам, наям ман таблхор,
Табли бозам мезанад шаҳ аз канор.
Табли бози ман нидои ирҷиъӣ,
Ҳақ гувоҳи ман ба рағми муддаъӣ.
Ман наям ҷинси шаҳаншаҳ, дур аз ӯ,
Лек дорам дар таҷаллӣ нур аз ӯ.
Нест ҷинсийят зи рӯйи шаклу зот,
Об ҷинси хок омад дар набот.
Бод ҷинси оташ омад дар қавом,
Табъро ҷинс омадаст охир мудом.
Ҷинси мо чун нест ҷинси шоҳи мо,
«Мо»-и мо шуд баҳри «мо»-и ӯ фано.
Чун фано шуд «мо»-и мо, ӯ монд фард,
Пеши пойи асби ӯ гардам чу гард.
Хок шуд ҷону нишониҳои ӯ,
Ҳаст бар хокаш нишони пойи ӯ.
Хоки пояш шав барои ин нишон,
То шавӣ тоҷи сари гарданкашон.
То ки нафребад шуморо шакли ман,
Нуқли ман нӯшед пеш аз нақли ман.
Эй басо касро, ки сурат роҳ зад,
Қасди сурат карду бар Аллоҳ зад.
Охир ин ҷон бо бадан пайваста аст,
Ҳеч ин ҷон бо бадан монанд ҳаст?
Тоби нури чашм бо пиҳ аст ҷуфт,
Нури дил дар қатраи хуне ниҳуфт.
Шодӣ андар гурдаву ғам дар ҷигар,
Ақл чун шамъе даруни мағзи сар.
Ин тааллуқҳо на бекайф асту чун,
Ақлҳо дар дониши чунӣ забун.
Ҷони кул бо ҷони ҷузв осеб кард,
Ҷон аз ӯ дурре ситад, дар ҷеб кард.
Ҳамчу Марям ҷон аз он осеби ҷеб,
Ҳомила шуд аз Масеҳи дилфиреб.
Он Масеҳе, на ки бар хушку тар аст,
Он Масеҳе, к-аз масоҳат бартар аст.
Пас зи ҷони ҷон чу ҳомил гашт ҷон,
Аз чунин ҷоне шавад ҳомил ҷаҳон.
Пас ҷаҳон зояд ҷаҳони дигаре,
Ин ҳашарро вонамояд маҳшаре.
То қиёмат гар бигӯям, бишмарам,
Ман зи шарҳи ин қиёмат қосирам.
Ин суханҳо худ ба маънӣ ё рабест,
Ҳарфҳо доми дами ширинлабест.
Чун кунад тақсир? Пас чун тан занад?
Чунки лаббайкаш ба ё раб мерасад.
Ҳаст лаббайке, ки натвонӣ шунид,
Лек сар то пой битвонӣ чашид.

Кулӯх андохтани ташна аз сари девор дар ҷӯйи об

Бар лаби ҷӯ буд деворе баланд,
Бар сари девор ташнай дардманд.
Монеъаш аз об он девор буд,
Аз пайи об, ӯ чу моҳӣ зор буд.
Ногаҳон андохт ӯ хиште дар об,
Бонги об омад ба гӯшаш чун хитоб.
Чун хитоби ёри ширини лазиз,
Маст кард он бонги обаш чун набиз.
Аз сафои бонги об он мумтаҳан
Гашт хиштандоз, аз он ҷо хишткан.
Об мезад, бонг, яъне: «Ҳай, туро,
Фоида чӣ з-ин задан хиште маро?»
Ташна гуфт: «Обо, маро ду фоидаст,
Ман аз ин санъат надорам ҳеч даст.
Фоидай аввал самоъи бонги об,
К-ӯ бувад мар ташнагонро чун рубоб.
Бонги ӯ чун бонги Исрофил шуд,
Мурдаро з-ин зиндагӣ таҳвил шуд.
Ё чу бонги раъди айёми баҳор
Боғ меёбад аз ӯ чандин нигор.
Ё чу бар дарвеш айёми закот,
Ё чу бар маҳбус пайғоми наҷот.
Чун дами Раҳмон бувад, к-он аз Яман,
Мерасад сӯйи Муҳаммад бедаҳан.
Ё чу бӯйи Аҳмади мурсал бувад,
К-он ба осӣ дар шафоъат мерасад.
Ё чу бӯйи Юсуфи хуби латиф,
Мезанад бар ҷони Яъқуби наҳиф.
Фоидай дигар, ки ҳар хиште, к-аз ин
Барканам, оям сӯйи моъи маъин.
К-аз камии хишт девори баланд
Пасттар гардад ба ҳар дафъа, ки канд.
Пастии девор қурбе мешавад,
Фасли ӯ дармони васле мебувад.
Саҷда омад кандани хишти лазиб,
Мӯҷиби қурбе, ки «ва-сҷуд ва-қтариб».
То ки ин девор олигардан аст,
Монеъи ин сар фуруд овардан аст.
Саҷда натвон кард бар оби ҳаёт,
То наёбам з-ин тани хокӣ наҷот».
Бар сари девор ҳар, к-ӯ ташнатар,
Зудтар бармеканад хишту мадар.
Ҳар кӣ ошиқтар бувад бар бонги об,
ӯ кулӯхи зафттар канд аз ҳиҷоб.
ӯ зи бонги об пурмай то унуқ,
Нашнавад бегона ҷуз бонги булуқ.
Эй хунук онро, ки ӯ айёми пеш
Муғтанам дорад, гузорад воми хеш.
Андар он айём, к-аш қудрат бувад,
Сиҳҳату зӯри дилу қувват бувад.
В-он ҷавонӣ ҳамчу боғи сабзу тар
Мерасонад бедареғе бору бар.
Чашмаҳои қуввату шаҳват равон,
Сабз мегардад замини тан бад-он.
Хонаи маъмуру сақфаш бас баланд,
Мӯътадил аркону бетахлиту банд.
Пеш аз он к-айёми пирӣ даррасад,
Гарданат бандад ба «ҳаблин мин масад».
Хок шӯра гардаду резону суст,
Ҳаргиз аз шӯра наботи хуш наруст.
Оби зӯру оби шаҳват мунқатеъ,
ӯ зи хешу дигарон номунтафеъ.
Абрувон чун полдум зер омада,
Чашмро нам омада, торӣ шуда.
Аз ташаннуҷ рӯ чу пушти сусмор,
Рафта нутқу таъму дандонҳо зи кор.
Рӯз бегаҳ, лоша лангу раҳ дароз,
Коргаҳ вайрон, амал рафта зи соз.
Бехҳои хӯйи бад мӯҳкам шуда,
Қуввати баркандани он кам шуда.

Фармудани волӣ он мардро, ки ин хорбунро, ки нишондаӣ бар сари роҳ, баркан

Ҳамчу он шахси дурушти хушсухун,
Дар миёни раҳ нишонд ӯ хорбун.
Раҳгузарёнаш маломатгар шуданд,
Бас бигуфтандаш: «Бикан инро». Наканд.
Ҳар даме он хорбун афзун шудӣ,
Пойи халқ аз захми он пурхун шудӣ.
Ҷомаҳои халқ бидридӣ зи хор,
Пойи дарвешон бихастӣ зор–зор.
Чун ба ҷид ҳоким бад-ӯ гуфт: «Ин бикан»,
Гуфт: «Оре барканам рӯзеш ман».
Муддате фардову фардо ваъда дод,
Шуд дарахти хори ӯ мӯҳкамниҳод.
Гуфт рӯзе ҳокимаш: «Эй ваъдакаж»
Пеш о дар кори мо, вопас мағаж».
Гуфт: «Алайёму ё ам байнано»,
Гуфт: «Аҷҷил, ло тумотил дайнано».
Ту ки мегӯйӣ, ки фардо, ин бидон,
Ки ба ҳар рӯзе, ки меояд замон.
Он дарахти бад ҷавонтар мешавад,
В-ин кананда пиру музтар мешавад.
Хорбун дар қуввату бархостан,
Хоркан дар пириву дар костан.
Хорбун ҳар рӯзу ҳар дам сабзу тар,
Хоркан ҳар рӯз зору хушктар.
ӯ ҷавонтар мешавад, ту пиртар,
Зуд бошу рӯзгори худ мабар».
Хорбун дон ҳар яке хӯйи бадат,
Борҳо дар пой, хор охир задат.
Борҳо аз хӯйи худ хаста шудӣ,
Ҳис надорӣ, сахт беҳисс омадӣ.
Гар зи хаста гаштани дигар касон,
Ки зи хулқи зишти ту ҳаст он расон.
Ғофилӣ, боре зи захми худ найӣ,
Ту азоби хешу ҳар бегонайӣ.
Ё табар бардору мардона бизан,
Ту Аливор ин дари Хайбар бикан.
Ё ба гулбун васл кун ин хорро,
Васл кун бо нор нури ёрро.
То ки нури ӯ кушад нори туро,
Васли ӯ гулшан кунад хори туро.
Ту мисоли дӯзахӣ, ӯ мӯъмин аст,
Куштани оташ ба мӯъмин мумкин аст.
Мустафо фармуд аз гуфти ҷаҳим,
К-ӯ ба мӯъмин лобагар гардад зи бим.
Гӯядаш: «Бигзар зи ман эй шоҳ, зуд,
Ҳин, ки нурат сӯзи норамро рабуд».
Пас ҳалоки нор нури мӯъмин аст,
З-он ки безид дафъи зид лоюмкин аст.
Нор зидди нур бошад рӯзи адл,
К-он зи қаҳр ангехта шуд, ин зи фазл.
Гар ҳамехоҳӣ ту дафъи шарри нор,
Оби раҳмат бар дили оташ гумор.
Чашмаи он оби раҳмат мӯъмин аст,
Оби ҳайвон рӯҳи поки мӯҳсин аст.
Пас гурезон аст нафси ту аз ӯ,
З-он ки ту аз оташӣ, ӯ обхӯ.
З-об оташ з-он гурезон мешавад,
К-оташаш аз об вайрон мешавад.
Ҳиссу фикри ту ҳама аз оташ аст,
Ҳисси шайху фикри ӯ нури х(в)аш аст.
Оби нури ӯ чу бар оташ чакад,
Чак-чак аз оташ барояд, барҷаҳад.
Чун кунад чак-чак, ту гӯяш маргу дард,
То шавад ин дӯзахи нафси ту сард.
То насӯзад ӯ гулистони туро,
То насӯзад адлу эҳсони туро.
Баъд аз он чизе, ки корӣ, бар диҳад,
Лолаву насрину сисанбар диҳад.
Боз паҳно меравем аз роҳи рост,
Бозгард, эй хоҷа, роҳи мо куҷост?
Андар он тақрир будем, эй ҳасуд,
Ки харат ланг асту манзил дур, зуд.
Сол бегаҳ гашт, вақти кишт не,
Ҷуз сияҳрӯйиву феъли зишт не.
Кирм дар бехи дарахти тан фитод,
Боядаш барканду дар оташ ниҳод.
Ҳину ҳин, эй роҳрав, бегоҳ шуд,
Офтоби умр сӯйи чоҳ шуд.
Ин ду р&;#1263;закро, ки зӯрат ҳаст, зуд
Пирафшонӣ бикун аз роҳи ҷуд.
Ин қадар тухме, ки мондастат, бибоз,
То бирӯяд з-ин ду дам умри дароз.
То намурдаст ин чароғи богуҳар,
Ҳин, фатилаш созу равған зудтар.
Ҳин, магӯ фардо, ки фардоҳо гузашт,
То ба куллӣ нагзарад айёми кашт.
Панди ман бишнав, ки тан банди қавист,
Кӯҳна берун кун, гарат майли навист.
Лаб бибанду каффи пурзар баргушо,
Бухли тан бигзору пеш овар сахо.
Тарки шаҳватҳову лаззатҳо сахост,
Ҳар кӣ дар шаҳват фурӯ шуд, барнахост.
Ин сахо шохест аз сарви биҳишт,
Войи ӯ, к-аз каф чунин шохе биҳишт.
«Урвату-л-вусқо»-ст ин тарки ҳаво,
Баркашад ин шохи ҷонро бар само.
То барад шохи сахо, эй хубкеш,
Мар туро болокашон то асли хеш.
Юсуфи ҳусниву ин олам чу чоҳ
В-ин расан сабр аст бар амри Илоҳ.
Юсуфо, омад расан дар зан ду даст,
Аз расан ғофил машав, бегаҳ шудаст.
Ҳамдулиллаҳ, к-ин расан овехтанд,
Фазлу раҳматро ба ҳам омехтанд.
То бибинӣ олами ҷони ҷадид,
Олами бас ошкори нопадид.
Ин ҷаҳони нест чун ҳастон шуда
В-он ҷаҳони ҳаст бас пинҳон шуда.
Хок бар бод асту бозӣ мекунад,
Кажнамоӣ, пардасозӣ мекунад.
Ин ки бар кор аст, бекор асту пӯст,
В-он кӣ пинҳон аст, мағзу асл ӯст.
Хок ҳамчун олате дар дасти бод,
Бодро дон оливу олинажод.
Чашми хокиро ба хок афтад назар,
Бод бин, чашме бувад навъе дигар.
Асп донад аспро, к-ӯ ҳаст ёр,
Ҳам саворӣ донад аҳволи савор.
Чашми ҳис асп асту нури Ҳақ савор,
Бесавора асп худ н-ояд ба кор.
Пас адаб кун аспро аз хӯйи бад
В-арна пеши шоҳ бошад асп рад.
Чашми асп аз чашми шаҳ раҳбар бувад,
Чашми ӯ бе чашми шаҳ музтар бувад.
Чашми аспон ҷуз гиёҳу ҷуз чаро
Ҳар куҷо хонӣ, бигӯяд: Не! Чаро?
Нури Ҳақ бар нури ҳис рокиб шавад,
Он гаҳе ҷон сӯйи Ҳақ роғиб шавад.
Аспи берокиб чӣ донад расми роҳ,
Шоҳ бояд, то бидонад шоҳроҳ.
Сӯйи ҳиссе рав, ки нураш рокиб аст,
Ҳиссро он нур некӯ соҳиб аст.
Нури ҳисро нури Ҳақ тазйин бувад,
Маънии нурун ало нур ин бувад.
Нури ҳиссӣ мекашад сӯйи саро,
Нури Ҳаққаш мебарад сӯйи уло.
З-он ки маҳсусот дунтар оламест,
Нури Ҳақ дарёву ҳис чун шабнамест.
Лек пайдо нест он рокиб бар ӯ,
Ҷуз ба осору ба гуфтори накӯ.
Нури ҳиссӣ, к-ӯ ғализ асту гарон,
Ҳаст пинҳон дар саводи дидагон.
Чунки нури ҳис намебинӣ зи чашм,
Чун бибинӣ нури он дине зи чашм?
Нури ҳис бо ин ғализӣ мухтафист,
Чун хафӣ набвад зиёе, к-он сафист?
Ин ҷаҳон чун хас ба дасти боди ғайб,
Оҷизе пеши гирифту доди ғайб.
Гаҳ баландаш мекунад, гоҳеш паст,
Гаҳ дурусташ мекунад, гоҳе шикаст.
Гаҳ яминаш мебарад, гоҳе ясор,
Гаҳ гулистонаш кунад, гоҳеш хор.
Даст пинҳону қалам бин хатгузор,
Асп дар ҷавлону нопайдо савор.
Тир паррон бину нопайдо камон,
Ҷонҳо пайдову пинҳон ҷони ҷон.
Тирро машкан, ки ин тири шаҳист,
Нест партове, зи шасти огаҳест.
«Мо рамайта из рамайта» гуфт Ҳақ,
Кори Ҳақ бар корҳо дорад сабақ.
Хашми худ бишкан, ту машкан тирро,
Чашми хашмат хун шуморад ширро.
Бӯса деҳ бар тиру пеши шоҳ бар,
Тири хунолуд аз хуни ту тар.
Он чӣ пайдо, оҷизу баста-в забун
В-он чӣ нопайдо, чунон тунду ҳарун.
Мо шикорем, инчунин доме кирост?
Гӯйи чавгонем, чавгоне куҷост?
Медарад, медӯзад, ин хайёт ку?
Медамад, месӯзад, ин наффот ку?
Соате кофир кунад сиддиқро,
Соате зоҳид кунад зиндиқро.
З-он ки мухлис дар хатар бошад зи дом,
То зи худ холис нагардад ӯ тамом.
З-он ки дар роҳ асту раҳзан беҳад аст,
Он раҳад, к-ӯ дар амони Эзад аст.
Ойинай холис нагашт ӯ, мухлис аст,
Мурғро нагрифтааст ӯ, муқнис аст.
Чунки мухлас гашт мухлис, бозраст,
Дар мақоми амн рафту бурд даст.
Ҳеч ойина дигар оҳан нашуд,
Ҳеч ноне гандуми хирман нашуд.
Ҳеч ангуре дигар ғӯра нашуд,
Ҳеч мевай пухта бо кӯра нашуд.
Пухта гарду аз тағаййур дур шав,
Рав чу Бурҳони Муҳаққиқ нур шав.
Чун зи худ растӣ, ҳама бурҳон шудӣ,
Чунки банда нест шуд, султон шудӣ.
В-ар аён хоҳӣ, Салоҳуддин намуд,
Дидаҳоро кард бинову гушуд.
Фақрро аз чашму аз симои ӯ
Дид ҳар чашме, ки дорад нури ҳу.
Шайх фаъъол аст беолат чу Ҳақ,
Бо муридон дода бе гуфте сабақ.
Дил ба дасти ӯ чу муми нарм ром,
Мӯҳри ӯ гаҳ нанг созад, гоҳ ном.
Мӯҳри мумаш ҳокии ангуштарист,
Боз он нақши нигин ҳокии кист?
Ҳокии андешаи он заргар аст,
Силсилай ҳар ҳалқа андар дигар аст.
Ин садо дар кӯҳи дилҳо бонги кист?
Гаҳ пур аст аз бонг ин кӯҳ, гаҳ тиҳист.
Ҳар куҷо ҳаст ӯ, ҳаким аст, устод,
Бонги ӯ з-ин кӯҳи дил холӣ мабод.
Ҳаст кӯҳ, к-ово мусанно мекунад,
Ҳаст кӯҳ, к-овоз садто мекунад.
Мезаҳонад кӯҳ аз он овозу қол
Садҳазорон чашмаи оби зулол.
Чун зи кӯҳ он лутф берун мешавад,
Обҳо дар чашмаҳо хун мешавад.
З-он шаҳаншоҳи ҳумоюннаъл буд,
Ки саросар Тури Сино лаъл буд.
Ҷон пазируфту хирад аҷзои кӯҳ,
Мо кам аз сангем охир, эй гурӯҳ?
На зи ҷон як чашма ҷӯшон мешавад,
На бадан аз сабзпӯшон мешавад.
Не садои бонги муштоқӣ дар ӯ,
Не сафои ҷуръаи соқӣ дар ӯ.
Ку ҳамиййат то зи теша в-аз каланд,
Инчунин кӯҳро ба куллӣ баркананд?
Бу, ки бар аҷзои ӯ тобад маҳе,
Бу, ки дар вай тоби маҳ ёбад раҳе.
Чун қиёмат кӯҳҳоро барканад,
Пас қиёмат ин карам кай мекунад?
Ин қиёмат з-он қиёмат кай кам аст?
Он қиёмат захму ин чун марҳам аст.
Ҳар кӣ дид ин марҳам, аз захм эмин аст,
Ҳар баде, к-ин ҳусн дид, ӯ мӯҳсин аст.
Эй хунук зиште, ки хубаш шуд ҳариф,
Войи гулрӯйе, ки ҷуфташ шуд хариф.
Нони мурда чун ҳарифи ҷон шавад,
Зинда гардад нону айни он шавад.
Ҳезуми тира ҳарифи нор шуд,
Тирагӣ рафту ҳама анвор шуд.
Дар Намаклон чун хари мурда фитод,
Он хариву мурдагӣ як сӯ ниҳод.
Сибғатуллаҳ ҳаст хумми ранги ҳу,
Песаҳо якранг гардад андар ӯ.
Чун дар он хум афтаду гӯйиш: «Қум»,
Аз тараб гӯяд: «Манам хум, ло талум».
Он «манам хум» худ «аналҳақ» гуфтан аст,
Ранги оташ дорад, илло оҳан аст.
Ранги оҳан маҳви ранги оташ аст,
З-оташе мелофаду хомушваш аст.
Чун ба сурхӣ гашт ҳамчун зарри кон,
Пас «ананнор» аст лофаш, безабон.
Шуд зи рангу табъи оташ мӯҳташам,
Гӯяд ӯ: «Ман оташам, ман оташам».
Оташам ман, гар туро шакк асту зан,
Озмун кун, дастро бар ман бизан.
Оташам ман, бар ту гар шуд муштабеҳ,
Рӯйи худ бар рӯйи ман як дам бинеҳ.
Одамӣ чун нур гирад аз Худо,
Ҳаст масҷуди малоик з-иҷтибо.
Низ масҷуди касе, к-ӯ чун малак
Раста бошад ҷонаш аз туғёну шак.
Оташи чӣ? Оҳани чӣ? Лаб бибанд,
Реши ташбеҳи мушаббеҳро маханд.
Пой дар дарё манеҳ, кам гӯй аз он,
Бар лаби дарё хамуш кун лабгазон.
Гарчи сад чун ман надорад тоби баҳр,
Лек менашкебам аз ғарқоби баҳр.
Ҷону ақли ман фидои баҳр бод,
Хунбаҳои ақлу ҷон ин баҳр дод.
То ки поям меравад, ронам дар ӯ,
Чун намонад по, чу баттонам дар ӯ.
Беадаб ҳозир зи ғоиб хуштар аст,
Ҳалқа гарчи каж бувад, не бар дар аст?
Эй танолуда, ба гирди ҳавз гард,
Пок кай гардад буруни ҳавз мард?
Пок, к-ӯ аз ҳавз маҳҷур уфтод,
ӯ зи покӣй хеш ҳам дур уфтод.
Покии ин ҳавз бепоён бувад,
Покии аҷсоми каммизон бувад.
З-он ки дил ҳавз аст, лекин дар камин
Сӯйи дарё роҳи пинҳон дорад ин.
Покии маҳдуди ту хоҳад мадад
В-арна андар харҷ кам гардад адад.
Об гуфт олударо: «Дар ман шитоб»,
Гуфт олуда, ки дорам шарм аз об.
Гуфт об: «Ин шарм бе ман кай равад?
Бе ман ин олуда зойил кай шавад?»
З-об ҳар олуда, к-ӯ пинҳон шавад,
«Ал-ҳаёъу ямнаъу-л-имон» бувад.
Дил зи пояй ҳавзи тан гилнок шуд,
Тан зи оби ҳавзи дилҳо пок шуд.
Гирди пояй ҳавзи дил гард, эй писар!
Ҳон, зи пояй ҳавзи тан мекун ҳазар.
Баҳри тан бар баҳри дил барҳамзанон,
Дар миёншон «барзахун ло ябғиён».
Гар ту бошӣ рост в-ар бошӣ ту каж,
Пештар меғаж, бидав, вопас мағаж.
Пеши шоҳон гар хатар бошад ба ҷон,
Лек нашкебанд аз ӯ боҳимматон.
Шоҳ чун ширинтар аз шаккар бувад,
Ҷон ба ширинӣ равад, хуштар бувад.
Эй маломатгар, саломат мар туро,
Эй саломатҷӯ, «таво воҳи-л-уро».
Ҷони ман кӯра-ст, бо оташ х(в)аш аст,
Кӯраро ин бас ки хонай оташ аст.
Ҳамчу кӯра ишқро сӯзиданест,
Ҳар кӣ ӯ з-ин кӯр бошад, кӯра нест.
Барги бебаргӣ туро чун барг шуд,
Ҷони боқӣ ёфтиву марг шуд.
Чун туро ғам, шодӣ афзудан гирифт,
Равзаи ҷонат гулу савсан гирифт.
Он чӣ хавфи дигарон он амни туст,
Бат қавӣ аз баҳру мурғи хона суст.
Боз девона шудам ман, эй табиб!
Боз савдоӣ шудам ман, эй ҳабиб!
Ҳалқаҳои силсилай ту зуфунун,
Ҳар яке ҳалқа диҳад дигар ҷунун.
Доди ҳар ҳалқа фунуне дигар аст,
Пас маро ҳар дам ҷунуне дигар аст.
Пас фунун бошад ҷунун, ин шуд масал,
Хоса дар занҷири ин мири аҷал.
Ончунон девонагӣ бигсаст банд,
Ки ҳама девонагон пандам диҳанд.

Омадани дӯстон ба бемористон ҷиҳати пурсиши Зуннуни Мисрӣ раҳматуллоҳи алайҳ

Инчунин Зуннуни Мисриро фитод,
К-андар ӯ шӯру ҷунуни нав бизод.
Шӯр чандон шуд, ки то фавқи фалак
Мерасид аз вай ҷигарҳоро намак.
Ҳин, манеҳ ту шӯри худ, эй шӯрахок!
Паҳлуйи шӯри худовандони пок,
Халқро тоби ҷунуни ӯ набуд.
Оташи ӯ ришҳошон мерабуд.
Чунки дар риши авом оташ фитод,
Банд кардандаш, ба зиндоне ниҳод.
Нест имкон вокашидан ин лагом,
Гарчи з-ин раҳ танг меоянд ом.
Дида ин шоҳон зи ома хавфи ҷон,
К-ин гурӯҳ кӯранду шоҳон бенишон.
Чунки ҳукм андар кафи риндон бувад,
Лоҷарам Зуннун дар зиндон бувад.
Яксавора меравад шоҳи азим,
Дар кафи тифлон чунин дурри ятим.
Дурри чӣ? Дарё ниҳон дар қатрае,
Офтобе, махфӣ андар заррае.
Офтобе хешро зарра намуд
В-андак-андак рӯйи худро баргушуд.
Ҷумлаи заррот дар вай маҳв шуд,
Олам аз вай маст гашту саҳв шуд.
Чун қалам дар дасти ғаддоре бувад,
Бегумон Мансур бар доре бувад.
Чун сафеҳонрост ин кору киё,
Лозим омад «яқтулуна-л-анбиё».
Анбиёро гуфта қавме роҳгум,
Аз сафаҳ: «Инно татаййарно бикум».
Ҷаҳли тарсо бин амон ангехта
З-он Худованде, ки гашт овехта.
Чун ба қавли ӯст маслуби ҷуҳуд,
Пас мар ӯро амн кай тонад намуд?
Чун дили он шоҳ з-эшон хун бувад,
Исмати «ва анта фийҳим» чун бувад?
Зарри холисрову заргарро хатар
Бошад аз қаллоби хоин бештар.
Юсуфон аз рашки зиштон махфиянд,
К-аз адӯ хубон дар оташ мезиянд.
Юсуфон аз макри ихвон дар чаҳанд,
К-аз ҳасад Юсуф ба гургон медиҳанд.
Аз ҳасад бар Юсуфи Мисрӣ чӣ рафт?
Ин ҳасад андар камин гургест зафт.
Лоҷарам з-ин гург Яъқуби ҳалим
Дошт бар Юсуф ҳамеша хавфу бим.
Гурги зоҳир гирди Юсуф худ нагашт,
Ин ҳасад дар феъл, аз гургон гузашт.
Захм кард ин гург в-аз узри лабиқ,
Омада, к- «инно заҳабно настабиқ».
Садҳазорон гургро ин макр нест,
Оқибат расво шавад ин гург, бист,
З-он ки ҳашри ҳосидон рӯзи газанд
Бегумон бар сурати гургон кунанд.
Ҳашри пурҳирси хаси мурдорхор
Сурати хуке бувад рӯзи шумор.
Зониёнро ганди андоми ниҳон,
Хамрхоронро бувад ганди даҳон.
Ганди махфӣ, к-он ба дилҳо мерасид,
Гашт андар ҳашр маҳсусу падид.
Бешае омад вуҷуди одамӣ,
Барҳазар шав з-ин вуҷуд, ар з-он дамӣ.
Дар вуҷуди мо ҳазорон гургу хук
Солеҳу носолеҳу хубу хашук.
Ҳукм он хӯрост, к-ӯ ғолибтар аст,
Чунки зар беш аз мис омад, он зар аст.
Сирате, к-он бар вуҷудат ғолиб аст,
Ҳам бар он тасвир ҳашрат воҷиб аст.
Соате гурге дарояд дар башар,
Соате Юсуфрухе ҳамчун қамар.
Меравад аз синаҳо дар синаҳо,
Аз раҳи пинҳон салоҳу кинаҳо.
Балки худ аз одамӣ дар гову хар
Меравад доноиву илму ҳунар.
Аспи суксук мешавад раҳвору ром,
Хирс бозӣ мекунад, буз ҳам салом.
Рафт андар саг зи одамён ҳавас,
То шубон шуд ё шикорӣ ё ҳарас.
Дар саги Асҳоб хубӣ з-он вуфуд
Рафт, то ҷӯёи Аллаҳ гашта буд.
Ҳар замон дар сина навъе сар кунад,
Гоҳ деву гаҳ малак, гаҳ дому дад.
З-он аҷаб беша, ки ҳар шер огаҳ аст,
То ба доми синаҳо пинҳон раҳ аст.
Дуздие кун аз дарун марҷони ҷон,
Эй кам аз саг, аз даруни орифон.
Чунки дуздӣ боре он дурри латиф,
Чунки ҳомил мешавӣ, боре шариф.

Фаҳм кардани муридон, ки Зуннун девона нашуд, қосид кардааст

Дӯстон дар қиссаи Зуннун шуданд,
Сӯйи зиндону дар он ройе заданд.
К-ин магар қосид кунад! Ё ҳикматест!
ӯ дар ин дин қиблаеву оятест.
Дур дур аз ақли чун дарёи ӯ,
То ҷунун бошад сафаҳфармои ӯ.
Ҳошалиллаҳ аз камоли ҷоҳи ӯ,
К-абри беморӣ бипӯшад моҳи ӯ.
ӯ зи шарри ома андар хона шуд,
ӯ зи нанги оқилон девона шуд.
ӯ зи ори ақли кунди танпараст
Қосидан рафтасту девона шудаст.
Ки бибандедам қавӣ в-аз сози гов,
Бар сару пуштам бизан в-инро маков.
То зи захми лахт ёбам ман ҳаёт,
Чун қатил аз гови Мӯсо, эй сиқот!
То зи захми лахти гове х(в)аш шавам,
Ҳамчу куштай гови Мӯсо, каш шавам.
Зинда шуд кушта зи захми думми гов,
Ҳамчу мис аз кимиё шуд зарри сов.
Кушта барҷасту бигуфт асрорро,
Вонамуд он зумраи хунхорро.
Гуфт равшан, к-ин ҷамоат куштаанд,
К-ин замон дар хасмиям ошуфтаанд.
Чунки кушта гардад ин ҷисми гарон,
Зинда гардад ҳастии асрордон.
Ҷони ӯ бинад биҳишту норро,
Боздонад ҷумлаи асрорро.
Вонамояд хуниёни девро,
Вонамояд доми худъа-в ревро.
Гов куштан ҳаст аз шарти тариқ,
То шавад аз захми думмаш ҷон муфиқ.
Гови нафси хешро зудтар бикуш,
То шавад рӯҳи хафӣ зинда-в баҳуш.

Руҷӯъ ба ҳикояти Зуннун раҳматуллоҳи алайҳи

Чун расиданд он нуфар наздики ӯ,
Бонг барзад: «Ҳай, киёнед? Иттақу».
Бо адаб гуфтанд: «Мо аз дӯстон,
Баҳри пурсиш омадем ин ҷо ба ҷон.
Чунӣ, эй дарёи ақли зуфунун?
Ин чи бӯҳтон аст бар ақлат ҷунун?
Дуди гулхан кай расад дар офтоб?
Чун шавад анқо шикаста аз ғуроб?
Вомагир аз мо, баён кун ин сухун,
Мо муҳиббонем, бо мо ин макун.
Мар муҳиббонро нашояд дур кард,
Ё ба рӯпӯшу дағал мағрур кард.
Розро андар миён овар, шаҳо!
Рӯ макун дар абри пинҳонӣ маҳо!
Мо муҳиббу содиқу дилхастаем,
Дар ду олам дил ба ту дарбастаем».
Фаҳш оғозиду дашном аз газоф,
Гуфт ӯ девонагона: «Зеву қоф.
Барҷаҳиду санг паррон карду чӯб,
Ҷумлагӣ бигрехтанд аз бими кӯб.
Қаҳқаҳа хандиду ҷунбонид сар,
Гуфт: «Боди риши ин ёрон нигар!
Дӯстон бин, ку нишони дӯстон?
Дӯстонро ранҷ бошад ҳамчу ҷон.
Кай карон гирад зи ранҷи дӯст дӯст?
Ранҷ мағзу дӯстӣ онро чу пӯст.
Не нишони дӯстӣ шуд сарх(в)ашӣ,
Дар балову офату меҳнаткашӣ?
Дӯст ҳамчун зар, бало чун оташ аст,
Зарри холис дар дили оташ х(в)аш аст.

ДАВОМ ДОРАД

rumiy

(Tashriflar: umumiy 314, bugungi 1)

Izoh qoldiring