Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ. Маснавӣ. Дафтари якум & Маснавии маънавӣ. 1-Audio

mavlono
   «Маснавии маънавӣ» рисолаи мусалсали манзуми фалсафӣ – ирфонӣ ва мазҳабӣ–ахлоқӣ буда, дар пайравию дастгирии осори пешвоёну афкори донишмандони бузурги сӯфия, аз ҷумла, «Ҳақиқат–ул–ҳадиқа»-и Ҳаким Абулмаҷди Саноӣ (1080 – 1140) ва «Мантиқ–ут–тайр»-и Шайх Аттори Нишопурӣ (1145 – 1221) гуфтаву навишта шудааст.

Зиндагинома Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
06

Бемуҳобо, Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ (1207 – 1273) аз абармардони фарҳанги бостони тамоми форсизабону ориёнажодони ҷаҳон ва ҳамтабору ҳамқатори сазовори нобиғагони шеъри волоиёри форсии дарии тоҷикӣ буда, ба ҳайси бузургтарин суханвари мутасаввифи адабиёти деринасоли мардумамон, дар радифи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалии Сино, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Иқболи Лоҳурӣ шӯҳрати фарҳангу адаби моро беназиру оламгир гардонидааст.
…Айёме, ки Баҳоуддини Валад, падари Ҷалолиддин ва пайвандонаш ихтиёри сукунати Қунияро карданд, зиндагӣ дар Осиёи Сағиру Мулки Рум хеле мураккабу печида буд. Ҷомиа фароҳам аз турку юнонӣ, курду эронӣ, арманиву ибронӣ, гурҷиву суриёнӣ… омада, ҳар яке шуғлу пеша ва дину андешаи худро меварзиду мепарвариду мегустарид.
Мардуми сарзаминро манофеи ҳамагонии иқтисодиву иҷтимоӣ муттаҳиду муттасил созанд ҳам, мазҳабу дину расму ойини гуногун андаке ночаспону парешонашон нигаҳ медоштанд.
Албатта, чунин вазъу ҳолат ашхосу афродеро тақозо менамуд, ки тӯдакаши мардум бошанду Симурғвор сӣ мурғи парешонро ба ҳам оваранд, то ваҳдату вуслати ҳамагон аз наҳси хунрезиҳои чингизиёну харобкориҳои золимон, қасди кишварситонону ҷудойихоҳон ва ҷабри миллатгароёну мутаассибони замон, ки дар ҳамаи давру авонҳо ва мулку маконҳо кам набудаанд, осебу зиёне набинад.
Ана дар ҳамин шароити каҷдорумарези мазҳабиву мафкуравӣ орифи доно ва олими тавоное дар сурати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба майдони рафтору гуфтору пайкор омад, ки садҳо равшанравону ҷонфишони кишварро дар атрофи худ ҷамъ оварда, назарияи «Сулҳи кулл»-ро дар маҳзари муроқабат андохт, ки филфавр аз ҷониби ҳамагон мавриди эътиқоду эътирофи гарму ҷӯшоне қарор гирифта, минбаъда дар эҷодиёту офаридаҳои мутафаккирону донишмандони бузурги ҷаҳон ва вуслату ваҳдатбандии тамаддуни дигар миллату мардумон нақшу таъсири вофире бигзошт, ки ҷавҳари онро хитобаи зерини мутафаккири ваҳдатгаро ва мутасаввифи сулҳошно намоёнда метавонад, ки ҳамгунаҳояш дар осори шоир фаровону фурӯзонанд:

Чӣ тадбир, ай мусалмонон, ки ман худро намедонам,
На тарсову яҳудиям, на габру на мусалмонам!
На шарқиям, на ғарбиям, на барриям, на баҳриям,
На аз хоки табииям, на аз афлоки гардонам!

На танҳо дар даврони рӯзгору пайкор, балки баъди сари Мавлоно, аз асри XIII то имрӯз, назарияи «Сулҳи кулл»-и бесобиқа борҳо дар амалия ба кор омада, муттасил, дар мавориду лаҳазоти ҳассоси пархошу парешонкориҳо, дар мамолики гуногунмиллату мухталифмазҳабе, чун Туркияву Юнон, Ҳиндустону Покистон, Эрону Афғонистон, мамолики арабу Русия, Тоҷикистону Озарбойҷон… оммаву тӯдаҳоро ба ваҳдату вуслат овардааст.
Баъди дарёфти дараҷаи кофии камолоти инсониву ирфонӣ, варосати ҳақиқии мероси маънавии падару устодон ва дарки зарурати ҳамонлаҳзаи таърихӣ Мавлоно шогирдону муридони сершумори худро ҷамъ оварда, мактаби маъруфи тасаввуфии худро таъсис медиҳад, ки «Мавлавия» номида шуда, минтақаи фарохи ҷуғрофӣ – Руму Эрону Афғонистон, Арабистону Осиёи Марказӣ, Шому Мисру Қафқоз ва Ҳинду Синду Чину Мочинро фаро гирифта, то ҳол идомаву ирода дорад.
«Мавлавия» тариқати тасаввуфии бародариву ҷавонмардиест, ки тақрибан соли 1240 аз ҷониби Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Қуния поягузорӣ шуда, заминаи мафкуравии онро ғояи «хатти савум»-и ӯву пирону ҳаммаслаконаш ташкил медиҳад. Ва мавлавиён эътиқоду итминони комил бар он доштанд, ки поягузору пуштибони муқаддаси соликони ҷодаи футуввату ухувват шахсе мебошад, ки дар вуҷудаш нури маърифати маънавии Паямбар таҷаллӣ ёфтааст.
Аҳли мавлавия дар ҷараёни самоъи сӯфиёна ва зикри орифона ба ширкати мусиқиву суруду рақс аҳамияти фавқулодда медоданд, ки чунин иқтизо дар дигар ухувват ба мушоҳада намерасид ва аз талаботу муқаррароти урфиву одатии шариати анъанавӣ ба куллӣ фарқ мекард.
Аъзои фирқа чунин меҳисобиданд, ки зарраи Рӯҳи мутлақ, ки барои идроку ишроқ дар дили инсон ҷойгузин шудааст, беҳтар аз ҳама дар давоми рақсу танини мусиқӣ поку муҷалло мегардад, яъне барои якшавӣ бо нахустасоси худ мекӯшад; ҳамчунин мусиқӣ бештар аз ҳама барои ифшои ишқу алоқа ба Худо мадад мерасонад:

Оташи ишқ аз навоҳо гашт тез,
Ончунон ки оташи он ҷавзи рез!

«Мавлавия» дар баъзе мавориду матолиби назарӣ–фалсафӣ бо мактабу фирқа ва ҷараёну тариқаҳои дигари пешину ҳозири тасаввуфӣ қаробату умумияте дошта бошад ҳам, дар масоили ҷаҳонбиниву ҳастишиносӣ, шариату тариқат, маърифату ҳақиқат, одобу ахлоқ, ғояву моя бинишу фаҳмиши хосу беқиёсе дорад.
Яке аз аркони таълимоту муқаррароти мавлавиён эътирофи баробарии тамоми дину мазҳабҳо ва эҳтироми кулли расму одатҳо мебошад, ки на танҳо дар сухан, балки дар амал – дар муносибату муошират бо мардуми ғайримусалмони ҳамзамони Рум дар муддати тӯлоние ба кораш андохтаанду судҳо бардоштаанд.
Бидуни шакку тардиде, ҳамин офариниши таълимоти орифонаи дӯстиву бародариву ҳамдилӣ, тарғибу ташвиқи самимонаи «Сулҳи кулл», ороишу ситоиши содиқонаи «Инсони Комил», парастишу густариши рақсу суруду мусиқӣ, эътирофу эҳтироми мусовоти дину ойини мухталифнукот, шинохту бузургдошти озодии тоҷулмахлуқот, ҷустору истиқрори ҳақиқати ҳаёту зарурати мамот, ифшои рози номакшуфи ҳастиву Ҳастиофарин ӯро – солики тариқати футуввату маърифату ҷустуҷӯро – ҷовидонӣ маҳбуби тамоми халқу маконҳо ва мақбули ҳамаи давру замонҳо гардонидааст.
Беҳуда нест, ки аз асри XIII то имрӯз Мавлавихониву Маснавихонӣ расму суннати дилписанду побарҷойи адабӣ – фарҳангии мардуми турку тоҷик гардида, дар саросари Туркия, махсусан дар Қуния, ки оромгоҳи орифи беназиру муршиди бебадал аст, ҳамасола, аз 10-ум то 17-уми моҳи декабр, — ҳафтаи пеш аз фавти Мавлоно, — Ҷашнвораи «Мавлоно» баргузор мешавад, ки анъанаи рақсидану суруданҳои даврони Мавлавиро зиндаву поянда нигаҳ медорад.
«Мавлавиёт» системаи оҳангу навои маросимӣ: таронаҳои ахлоқӣ – тасаввуфӣ ва маърифатӣ – ирфонӣ буда, дар ин сабку равия даставвал худи Мавлоно ва, баъдан, шуарои мутасаввиф оҳанг эҷод мекардаанд, ки мамлуи аносири рақсӣ будаанд.
Дар асрҳои баъдина низ дар ин мизону қолаб аҳли ҳунар осори сершуморе таснифу таълиф намудаанд, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (1414 – 1492) дар он шумул буда, суруди «Мавлавия»-и хосе нигошта будааст, ки дар ҳаёти мусиқӣ чун «Нақши Мавлавӣ» машҳуру маъруф гардида, хислату фазилатҳои неку ҳасанаи инсониро тарғибу тавсиф мекардааст (Аскаралӣ Раҷабов).
Дар аксари ҷамъомаду ҷаласа, дарбору хиргоҳ, масҷиду мадраса ва мазору хонақоҳи Осиёи Миёна, аз ҷумла хонақоҳи Хоҷа-Аҳрори Валӣ (рӯҳонӣ ва заминдори маъруфи асри ХV), мусиқидону сарояндагони касбиву ҳаваскори бисёре бар ашъори нотакрори Ҳофизу Камолу Саъдӣ, Мавлонову Ҷомиву Қосими Анвор ва дигар устодони шеъри ғановатманди форсии тоҷикӣ оҳангу навойи дилхарошу борик офарида, дар хидмати ҳамагон мегузориданд, ки «Нақши Румӣ»-ву «Нақш»-у «Румӣ»-ву «Мавлавия»-ву «Мавлавийёт»-у «Шамъ»-у «Лаълӣ»-ву «Пешрав»-у ғайраҳо номида шуда, бахше муттасил ба системаи «Шашмақом»-у «Фалак»-и тоҷикӣ ворид омадаанд.
«Нақши Румӣ» дар асл оҳанг (суруд)-и махсусе будааст, ки Мавлоно барои аҳли тасаввуф (ҳаммаҷлису ҳаммаҳфилонаш) офарида, дар миёни дарвешону мардумон таҳти унвони «Нақши Мулло» ҳам маъруфияту маҳбубияти тамоме пайдо кардааст.
Суруди мазкур дар ҷамъомадҳои сӯфиёну дарвешон мавриди иҷроишу сароиши доимӣ қарор гирифта, маъмулан фарогири маъниву мазмунҳои ахлоқӣ – фалсафӣ будааст ва дар Фарорӯду Хуросон то асрҳои XVI – XVII иштиҳору интишори васее доштааст.
Муттасилан дарвешу қаландарони ҳарҷогарде, ки атрофу акнофи мусалмонтабори Осиёву Аврупову Африқоро тай зада, таронаҳои «Нақши Мавлавӣ»-ю назираҳои онро ба самъи ҳаводорон мерасониданд, дар миёни мардуми форсизабон ба номи «Ҳофиз»-у дар байни туркизабонон ба исми «Ошиқ»-у «Оқин»-у «Бахшӣ» машҳуру маъруф гардидаанд.
Рақсе, ки таҳти навову ғанои мазкур эҷоду эродаш мекарданд, «Дарвешони печон» ном дошта, то ҳоло дар байни пайравони Мавлоно, махсусан, дар Қунияву Туркия, дар мавориду маросими муҳимму суннатӣ, монанди Ҷашнвораи «Мавлоно», мақому маҳбубияти хоса дорад ва иҷрояш аз ҷониби ҳунарварони дарвешсимову қаландарнамо, ки чакману кулоҳи пашминаи замони Мавлоноро дар бар доранд, то се соат идома меёбад, ки банда (моҳи майи соли 2005, дар Теҳрон) шоҳиди иҷрои гунаи ҳозираи он будааст.
Имрӯз ҳам дар боргоҳи «Қуббаи Хазро» («Гунбади Кабуд» ё «Кабудгунбад»), ки оромгоҳи абадии Мавлоно мебошад, ихлосмандони сершумору дунболагирони устувори пири равшанзамир ҳамвора маросиму маъракаҳои «Қуръон»-хониву «Маснавӣ»-ронӣ меороянд, ки далели дигари зиндаёдиву равоншодии қутби кайҳони тасаввуфу тафаккури исломии мостанд.
Оре, муддате, аниқтараш, нимаи аввали рӯзгори Мавлоно – пири тариқати Мавлавия ва орифи бузурги Қуния ба ҳамин минвол – дар роҳи тадрису таълими шогирдон, маҳфилу маҷлиси ҳаммаслакон, рақсу самоъи сӯфиёну дарвешон ва тарғибу ташвиқи таълимоти мусалсалу муфассали навсохту навбофти мутасаввифа сипарӣ мегардад.
Мавлоно дар ҳамин давра, ба хотири интишору истиқрори бештару густурдатари таълимоту тазкироти хештан, осори мансури фалсафӣ – ахлоқии «Фиҳӣ мо фиҳӣ», «Мавоъизи маҷолиси сабъа» ва «Мактубот» -ашро меофарад, ки ҳамагӣ музаккиру муфассири пиндору ангорҳои оламу одамшиносии ҳамонвақтаи марди хамӯши гӯё буда, ҳавсалаву ҳадафмандона аз ҷониби шогирдону пайравон ва фарзанди заковатмандаш Султон Валад гирдовариву қаламӣ гардидаанд ва дар давоми садсолаҳо дар рушду таҳаввули насри фаннии фалсафӣ – ахлоқӣ ва таҳкиму татаввури ахлоқи ҳамидаи инсонии мардуми Ховарзамин ва берун аз он ҳиссаи сазовор гузоштаанду мегузоранд.
Ба ҳамин минвол мегузаштанд айёми камолу ҷамол ва ҳамвориву ҳушёрии Мавлоно, вале…
… рӯзе аз рӯзҳои зимистони Миёназамин, дар авоне, ки Ҷалолиддин Муҳаммад 36-умин солгарди умрашро ба сар мебурд, оромишу осоиши урфиву муқаррарияшро ҳодисае аз миён бурда, дар рӯзгори пасинаи ӯ даврони «инқилобу ошуфтагӣ» (Бадеъуззамони Фурӯзонфар)-и рӯҳиеро мустақар мегардонад.
Аёнтараш, моҳи ноябри соли 1243 дар Қуния, ғайричашмдошт, дар маҳфиле бо Шамси Табрезӣ ном дарвеши оворагарди шастсолае дучор омада, чунон моту мабҳути ҳашамати рӯҳониву азамати ирфонияш мегардад, ки муддати кӯтоҳи ҳамнишинӣ бо ӯ фақеҳи ботамкину орифи ботаскинеро ба ошиқи шайдову дарвеши ҳувайдое мубаддал гардонид ва дар тамоми рӯзгору осори баъдинаи Мавлоно нақши муассиру носутурдание гузоштааст:

Шамси Табрезӣ, аз он рӯзе, ки дидам рӯйи ту,
Дини ман шуд ишқи рӯят, мафхари дин, ёд дор!

Мувофиқи маълумоти сарчашмаву навиштаҳои дастрас, Мавлоно то зуҳури Шамси раҳнамо, ки «жӯлидапире аз пирони сӯфия буда, нафаси гармеву ҷозибаи бузургеву баёни муассире дошта» (Ризозода Шафақ) – аст, ба шеъру шоирӣ камтар иштиғол варзида, ғолибан дар тадрисгоҳи мадрасаву хиргоҳи сӯфиён саргарми таълиму тазаккури ғояҳои мавлавияву сӯфия будааст.
Ошноиву ҳамсӯҳбатӣ бо чунин марди соҳибиродаву муҳкамақида, ки расмиёти маъмулии дину мазҳабро намеписандиду рӯшод ҷазабаи ишқу алоқаро ҷавҳари зиндагиву бунёди ҳастӣ мешуморид, дар воқеъ, омили табаддулоти куллӣ дар аъмолу афкор ва инқилоби ҷиддӣ дар ботину зоҳири Мавлоно мегардад, ӯро ба ҷунбишу гардишу ташвиш меандозад:

Чун висоли дилбараш маълум гашт,
Фонии мутлақ шуду маъдум гашт.
Соликон донанд: дар дарёи дард
То фанои ишқ бо мардон чӣ кард!

Аз гуфтаи Мавлоношиноси эронӣ Атоуллоҳи Тадайюн, «бо тавсияву роҳнамойии Шамси Табрезӣ, Мавлавӣ мебоист бо хиради нозою фартут, ҳамчунин, шеваву равиши «истидлолиёни пойчӯбин» (таъбири Мавлоно – А.Р.) падруд гӯяд, аз чанбари фазлу тартибу одоби қурун (гузаштазамон, куҳангардида – А.Р.) раҳойӣ ёбад, агар хешро ҳамгоми вай (Шамси Табрезӣ – А.Р.) мебинад! То ба сӯйи мукошафаи порсоён роҳ ёбаду бидонад: роҳ на он аст, ки Султонулуламои падараш ба ӯ (Мавлоно – А.Р.) нишон додаву на тариқест, ки «Сайиди Сирдон» (лақаби Бурҳониддини Тирмизӣ – А.Р.) ба вай талқин кардааст; сипас гӯш ба сурӯшу мунодии дунёи дарун (ҷаҳони ботин – А.Р.) диҳаду ҳар чӣ «ҷони ҷонон» (Шамси Табрезӣ – А.Р.) мегӯяд, он роҳро интихоб намояд, ки тариқи фалоҳу салоҳу наҷот аст».
Ҷӯяндаи пӯёву пӯяндаи ҷӯё, ки дер боз мекӯшид парда аз рухсори асрори коинот бардошта, рози хилқату бақову фанои ҳастиро дарёбад ва аз хатти тақдире, ки котибони қазо барои халоиқ навиштаанд, фарогиртар огоҳ гардад, хешро комилан таслиму тасхири Шамси Табрезӣ – омӯзгори маънавӣ ва раҳбари мазҳабӣ мегардонад, ки худро «хатти савум» муаррифӣ карда буд.
Мавлоно, ки рози абадияти коинотро дар ҷазбу кашиши зарроти табиат, ки «дар дили ҳар Хуршеде ниҳон аст», мушоҳида мекунад, назарияи муаллими соҳибдилашро, ки дидагони ҷаззобаш лабрез аз ламаоти ҳаёт буданд, батамом меписандаду мепазирад; ӯро – муаллиму раҳбару раҳнамояшро – ҳунарофарине меёбад, ки дар фанни балоғат муқтадир асту дар силки фасоҳат беназир ва ҳамсону ҳамсангашро пеш аз ин дар ҷое надидаву нашнидааст!
Аз нигоҳи Мавлоно, Шамси Табрезӣ «авлиёест, ки дар олами инсонийят ба сони ситораи роҳнамойи қутбе зуҳур кардаву ҳамон аст, ки Ҷалолиддин аз дер боз барои дидораш «бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр»:

Шамси дин нуқлу шаробу Шамси дин чангу рубоб,
Шамси дин хамру хумору Шамси дин ҳам нуру нор!

Нигорандагони таърихи илм овардаанд, ки бар фарози дарвозаи бузурги донишгоҳе, ки Арасту бунёдаш ниҳодааст, чунин талабот ҳак шуда буд: «Ҳар касе, ки ҳандасаро намедонад, наметавонад дар ин Академия дохил шавад».
Агар амиқ андешӣ, чунин мутасаввир мешавад, ки бар пештоқи мадрасае, ки Шамсулҳақи Табрезӣ шогирдонашро таълим медод, гӯё, навишта буданд, ки «ҳар кас аз майхонаи ишқу ваҳдат машомашро муаттар насохтааст, наметавонад бад-ин ҷо ворид гардад»:

Ишқ асту ошиқ аст, ки боқист то абад,
Дил бар ҷуз ин манеҳ, ки ба ҷуз мустаор нест!

Ҷалолиддин Муҳаммад аз ҳамин дидгоҳу равзана ба ҳарими тафаккуроти волову пурарзиши пири беназираш назар андохтаву шефтаву ошиқи шайдояш гашта, дар ҳамин замина рисолати инсонияшро муқаррару муайянтар менамуд ва мақсаду матлаби маърифатро на дар фалсафа, балки дар соҳати ишқу раҳ ёфтан ба ҳарими Лоҳут мепиндошт.
Китоби «Мақолот»-и Шамси Табрезӣ маҷмӯаи гуфтору мавоизи ӯст, ки муридонаш фароҳам оварда, дар дастраси умум қарораш додаанд. Ин асари беҳамто яке аз муассиртарину муфидтарин рисолоти ирфонист, ки мададгору илҳомбахши Мавлоно дар эҷоди шаш дафтари «Маснавӣ»-ву таронаҳои «Девони Кабир» буда, барои шинохти ҳар чи бештари симои Шамсуддини «Султонулмаъшуқин», дарёфти беҳтари паҳнои ишқу алоқаи Мавлоно нисбат ба ӯ ва дарунсӯтар ворид омадан ба олами фикру андешаҳои волояш раҳнамойи беминнату шоистае метавонад бошад.
Дар воқеъ, «вақоеънигорону пажӯҳишгароне, ки перомуни дидори Шамсу Мавлоно таҳқиқ кардаанд, аксаран мӯътақиданд, ки «Маснавӣ»-ро таҳти таъсири андешаҳои Шамсу ташвиқи вай поягузорӣ кардаву Ҳусомуддини Чалабӣ низ маъмур буда, ки дар нигориши ашъор бо Мавлоно ҳамкорӣ кунад. Нигоранда низ,—менависад Атоуллоҳи Тадайюн, — мӯътақид аст: ин китоб («Мақолот»-и Шамси Табрезӣ – А.Р.) маҳсули ҷаласоти ваъзи Шамс дар Қуния буда, мазомини орифонаву достонҳои ибратангезаш, ки дар «Мақолот» ағлаби онҳо нақл шудааст, қарнҳост соҳибдилону адабдӯстонро ба худ машғул доштааст, то ҷое, ки аллома Иқболи Лоҳурӣ, суханвари орифу шоири номдори Покистон, аз андешаҳои сӯфиёнаву дониши васеу тадбири ӯ дар осораш мадад гирифтаасту бештари сухансароёни номдори Эрону ҷаҳон бо арҷу иҳтиром аз ӯ ёд кардаву аз хирмани ирфонии вай баҳра гирифтаанд:

Шамси Табрезӣ ба рӯҳам чанг зад,
Лоҷарам дар ишқ гаштам арғунун!

Ва ин «арғунун» («боданбон»-и форсии тоҷикӣ) андар истилоҳи ирфону фаҳмиши орифон фарти тааллуқу муҳаббат, яъне дилбастагиву дӯстдорӣ буда, аз ҷамеи тааллуқоту сувари касарот мунқатеъ гардидан аст, ки дар вазъу ҳолати хафӣ (пӯшида, ниҳонӣ) даст медиҳад.
Ишқу алоқаи шадиди Мавлоно ба Шамси тавоно, чунон ки Султон Валад, писари Мавлоно, дар «Валаднома» ҳикоя мекунад, монанди ҷустуҷӯи Мӯсо (ъ) аз Хизр (ъ) аст, ки бо мақоми нубуввату рисолату рутбаи калимуллоҳӣ боз ҳам мардони Худоро талаб мекарду Мавлоно низ бо ҳама камолу ҷалолат дар талаби акмале (раҳнамое, пире, муршиде, муаллиме) рӯз мегузаронд, то ба дидори Шамс расид:

Хизираш буд Шамси Табрезӣ,
Он ки бо ӯ агар даромезӣ,
Ҳеч касро ба як ҷаве нахарӣ,
Пардаҳои зуломро бидарӣ!
Он ки аз махфиён ниҳон буд ӯ,
Хусрави ҷумла восилон буд ӯ!
Авлиё гар зи халқ пинҳонанд,
Халқ ҷисманду авлиё ҷонанд!
Ҷисм ҷонро куҷо тавонад дид?!
Роҳи ҷонро ба ҷон тавон бибрид!
Шамси Табрезро намедиданд,
Дар талаб гарчи бас бигардиданд…

Бад-ин маънӣ, Мавлоно «баъди мулоқоту сӯҳбати Шамс аз машғулиятҳои илмиву мутолиа даст мекашад, тадрису таълими шогирдонашро дар мадраса фурӯ мегузорад ва тамоми вақташро дар сӯҳбату ҳамдамии Шамс мегузаронад. Ӯ дар симои ин сӯфии қаландармашрабу дарвешсифат таҷассуми ишқи оламгирро медид, ки ба воситаи он ба асрори малакут, ки ба он ақли одамиро роҳи идрок нест, расидан мумкин аст. Дигар аз фақеҳону мутакаллимон дурӣ ҷуста, бештари авқоти худро дар сӯҳбату самоъу рақси сӯфиён ба сар мебурд, ки дар он ҷо ғазалу шеърҳои пурошӯбу ҷозибадор сомеонро ба ваҷду ҳаяҷони рӯҳӣ меовард. «Инак, дигар ба ҷои тоату ибодати Худованд Ҷалолиддини Румиву шогирдону пайравонаш ба оҳанги суруду мусиқӣ бехудона рақс мекарданд ва дар ин ошуфтагиву эҳсосоти рӯҳонӣ, гӯё, ба ҷамоли Ҳақ мерасиданд. Хуллас, аз ин баъд Ҷалолиддини Румӣ худро комилан вақфи тасаввуф ва таблиғи маслаку мароми орифона мекунад»
Мутаассифона, дар асари таҳдиду бадгӯйиҳои муташаддиди мухосимину мутаассибин, баъди шонздаҳ моҳи қариниву ҳамнишинии сӯфиёна ва омӯзишу пажӯҳиши орифона, ногаҳону ноаён Шамси Табрезӣ нопадид мегардад ва ҷӯишу пӯишҳои бардавоми Мавлавӣ самаре намедиҳанд.
Боре, соли 1259 буд, муриди дилсӯзу мададгораш Ҳусомуддини Чалабӣ аз устодаш иқтизо намуд, ки дар партави афкору пайравии ангори Шамси Табрезӣ, дар тафсиру табсири масоили нозуку печидаи ирфону сӯфия, нукоти душворфаҳми дину фалсафаи ислом, тарғибу таншири ғояҳои баланди мавлавия, ташреҳу тавзеҳи сураву ояҳои раббонӣ ва талқину тазйини сифатҳои Инсони Комил асари манзуми хонданиву мондание ба дафтар оварад.
Мавлавии ҷаҳондидаву донишандӯхта, гарму сарди зиндагиро омӯхта, дар пайи Аттору Саноӣ «ҳафт шаҳри ишқро гардида» ва неку бади оламро санҷида бадоҳатан, худи ҳамон сол, эҷоди «Маснавии маънавӣ»-ро сар карда, дар баробари навиштани дигар ашъору таронаҳои дилошӯб, то дами маргаш, дар миёни солҳои 1259 – 1273, яъне аз синни камолоти 52-солагӣ то дами реҳлаташ дар 66-солагӣ, дар давоми 14 соли бартамом, бо каме таваққуфу танаффуси иҷборӣ дар давоми эҷод, ин амалу саргармии бебадалро давом медиҳад, ки дафтари шашумаш нотамом мондааст.
«Маснавии маънавӣ» рисолаи мусалсали манзуми фалсафӣ – ирфонӣ ва мазҳабӣ–ахлоқӣ буда, дар пайравию дастгирии осори пешвоёну афкори донишмандони бузурги сӯфия, аз ҷумла, «Ҳақиқат–ул–ҳадиқа»-и Ҳаким Абулмаҷди Саноӣ (1080 – 1140) ва «Мантиқ–ут–тайр»-и Шайх Аттори Нишопурӣ (1145 – 1221) гуфтаву навишта шудааст.
Баҳраш рамали мусаддаси маҳзуф, мураккаб аз шаш дафтар (яъне: боб)-у камобеш иборат аз 25 700 байт буда, дар нусхаҳои гуногуни қаламиву чопи сангӣ маҳфузу гиромӣ доштаандаш ва барои варасаи миллату Мавлоно ёдгорӣ бигзоштаандаш.
«Маснавӣ», ба хотири осонии кори тарғибу ташвиқи ғояҳои ирфонӣ, фаҳмишу омӯзиши пайравону муридони пири тариқат ва дарку маърифати асрори ҳақиқат, чунон равшану возеҳу фаҳмо ва хотирнишину мутасаввиру гӯё нигошта шудааст, ки ҳар касе метавонад ба қадри тавону имкони худ аз ҳар байту тамсилу ҳикояту ривояти он суду баҳрае бардорад.
Чунон ки донишманди эронӣ Фаридун ибни Аҳмади Сипаҳсолор овардааст, беҳудаву бечизе нест, ки Мавлоно «ба забони муборак мефармуд: «Баъд аз мо «Маснавӣ» шайхӣ кунаду муршиди толибон гардаду соъиқ (раҳнамо – А.Р.)-и эшон бошад»: Бишнавед, эй дӯстон, ин достон, Худ ҳақиқат, нақди ҳоли мост он!
Дар ҳақиқат, аз хилоли шаш дафтари «Маснавӣ» метавон симои Ҷалолиддини Балхиро дар оинаи сафаҳоти он ба хубӣ мушоҳада кард. Аз сӯе, ба қавли бисёре аз пажӯҳандагони рӯзгору осору афкори Мавлоно, «Маснавӣ», дар воқеъ, «ривояти манзуму машрӯҳе аз суханони Пири Табрезисту «шарҳи рамзе аз инъоми ӯ», ки бо таҷрибиёти рӯҳии Мавлоно дарҳам омехтаву аз иттилооти васеу тасарруфоти соҳиронаи зиҳни ваққод (расо, тез, комил, равшан – А.Р.)-и вай моя гирифтааст» (Муҳаммадалии Муваҳҳид).
Ҳамчунин, «ёдовар бояд шуд, ки «Маснавии маънавӣ», ба таври умум, як асари хеле мураккаб буда, вусъати назару баландии андешаи муаллифи он бесобиқа мебошад. Дар фаҳми ин асари пурмуаммо иттилооти ҳамаҷониба аз фарҳанги исломӣ ва ошноии комил бо зарофатҳои хоси форсизабонон корро (дарку фаҳмиши мазмуну маъниҳои борики «Маснавӣ»-ро – А.Р.) осон мегардонад. Ҳамзамон, донистани таъриху фалсафаи Шарқ ва тафаккури исломӣ (махсусан, ирфони тасаввуф — А.Р.) дар кушодани гиреҳҳои мушкилписанду печидаи «Маснавӣ» зарурати азиме доранд, ки набояд (ин талаботро – А.Р.) нодида гирифт» (Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Муҳаммади Борӣ).
Дар оғози муқаддимаи «Дафтари аввал»-и «Маснавӣ» чунин андешаҳо марқуманд, ки воқеитарин муаррифинома ва возеҳтарин муайянкунандаи мақсаду мӯҳтавои онанд: «Ин китоб – «Маснавӣ» — бунёди усули дин дар кашфи асрори вусулу яқин аст; ва дар фиқҳи Аллоҳи акбар асту шаръу бурҳони Аллоҳи азҳар».
Бешубҳа, кулли андешаҳои судманди орифона, нуктаҳои муфиди иҷтимоӣ, ақидаҳои волои инсонпарварӣ, ситоиши муҳаббати поки маънавӣ, тавсифи ишқи сӯзони инсонӣ, танқиди зимомдорони золим, тарбияти ҳамзамонони ҷоҳил, тараннуми сулҳу ваҳдату бародарӣ, таҷассуми меҳру эътиқоду баробарӣ ва дигар эҳсосу армони наҷиби Мавлоно бар ҳамин асосу замина, вале дар либоси дилкашу дилписанди бадеӣ зеби рақам гардидаанд, ки «Маснавӣ»-ро бар дигар ҳамзодонаш мумтоз медоранд.
Мӯҳтавои «Маснавӣ» чунон ғановатманду мулавван ва зербинояш чандон мусаннаду мудаллал аст, ки касро дар ҳайрат наоварда наметавонад: Мавлоно ин қадар мазмуну маънӣ, қиёсу муқобала, ривояту ҳикоят, андарзу ҳикмат, санаду ҳуҷҷат ва ҷуръату маҳоратро аз куҷо пайдо карда бошад?!
Тадқиқоту навиштаҷоти уламои пешину пасин аёну баён медоранд, ки Мавлавӣ дар офариниши «Маснавӣ», бар замми маводи эҷодиёти шифоҳии мардумони гуногуни олам, беш аз 150 мадраку маъхази хаттиро ба кор андохта, дар навбати худ, монанди Фирдавсӣ, мақому мароми созандагиву нигорандагӣ ва «ман»-и шоириву инфиродии хештанро побарҷову муҷалло нигаҳдорӣ карда тавонистааст.
«Маснавӣ»-ро Мавлавӣ, ҳамсони дигар офаридаҳои мансуру манзуми худ, нишаста нанавиштааст, балки шогирдону ёварони ғамхору мададгораш, монанди Ҳусомуддини Чалабӣ ва фарзандаш Султон Валад, дар лаҳазоти ғалаёни рӯҳӣ ва рақсу самоъи дарвешии ӯ ба силки тасвир овардаанд.
Ба ин маънӣ, «Маснавии маънавӣ» саропо мамлуви ҳолату мусиқӣ буда, сужету сохтори ягонае надорад. Онро, банду басти онро, мантиқу мақсади ягона, ғояву армони шоирона ва тарғибу ташвиқи орифона муттаҳиду муртабит медоранд.
Ҳангоми эҷоди мазмуну маъниҳо ва эроди қиссаву ривоятҳо Мавлавӣ дар «Маснавӣ» оёти фурқониро тамсилвор шарҳу тафсир дода, барои тақвияти фикру андешаҳои таҳтониву ниҳонӣ ва армону орои ирфониву рӯҳонии худ аз аҳодиси набавӣ фаровон истифода мебарад ва масъалаҳоро дар қолаби рамзу истиораҳои тасаввуфӣ ҳаллу файсал мебахшад.
Дар аксари маворид, мувофиқи мушоҳада, хатти ифода ва силки ироаи Мавлоно дар «Маснавӣ» чунин оғозу анҷом мепазиранд: аввал қазийя (таълимоту муқаррароти ирфонӣ), баъдан тасдиқи он (ояти қуръонӣ ва ё ҳадиси набавӣ), сипас мисоли тасдиқкунанда (ривояте, қиссае, ҳикояте), ниҳоят хулоса (дар шакли панду ҳикмат ва ё маслиҳату насиҳат) ифодаи бадеӣ меёбанд.
Мавлоно дар «Маснавӣ» ба баъзе нуктаҳои дини расмии ислом, сураву оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои набавӣ муроҷиат намуда, онҳоро ба тарзи «дигар», дар доираи фаҳми фалсафӣ ва сӯфиёнаи худ тафсиру тавзеҳ менамояд. Аммо чунин тафсирҳои далерона ва берун аз муҳокимаҳои мурдаранги мадрасавӣ ҳам дар замони Мавлонову ҳам баъди сари вай адовату рақобати сахти уламои мутаассиби замонаро нисбат ба ӯ барангехта буданд, ки дар осору афкораш нақши муассире гузошта, гоҳе ба шикояту гилагузорӣ, дилмондагиву рӯҳафтодагӣ, узлату канораҷӯӣ ва армону орзӯпарварӣ ҳидояташ намудаанд:

Ин нону оби чарх чу сел аст бевафо,
Ман моҳиям, наҳангаму Уммонам орзӯст!

Яъқубвор «воасафо!»-ҳо ҳамезанам,
Дидори хуби Юсуфи Канъонам орзӯст!

Валлаҳ, ки шаҳр бе ту маро ҳабс мешавад,
Оворагии кӯҳу биёбонам орзӯст!

З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,
Шери Худову Рустами Дастонам орзӯст!

Ҷонам малул гашт зи Фиръавну зулми ӯ,
Он нури рӯйи Мӯсии Имронам орзӯст!

З-ин халқи пуршикояти гирён шудам малул,
Он ҳоюҳуву наъраи мастонам орзӯст!

Гӯётарам зи булбулу аммо зи рашки ом
Мӯҳр аст бар даҳонаму афғонам орзӯст!

Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу инсонам орзӯст!

Бидуни шакку шубҳа, «Маснавии маънавӣ» қомуси ҷомеи мақолу зарбулмасал, суханҳои ҳикматомез ва пандҳову мавъизаҳои рехтаву пухтаи мутафаккир мебошад. Ӯ дар ин асари худ аз ҳикоятҳои халқии мардуми форсизабону туркилисон, аз тамсилоти халқу қавмҳои ғайримусулмон, ки сокини Осиёи Сағир буданд, хеле фаровон истифода кардааст. Ин ҳикоятҳои халқӣ ва тамсилот бо тасвиру образҳои дилчаспу суханҳои олӣ маъниву сурати тоза гирифтаанд».
Ташбеҳу муқобалаҳои бадеъ, тамсилу талмеҳоти васеъ, ибораву ифодаҳои фасеҳ ва панду мавъазаҳои балеғи «Маснавӣ» дар давоми садсолаҳо мақбулу маҳбуби ҳамагон ва вирди забони пиру ҷавон гардида, шӯҳрату мақомашро дар олами ислому ирфон ва фарсахҳо дуру берунтар аз он устувор гардонидаанд. Аз гуфтаи аллома Иқболи Лоҳурӣ, ки ҳар каси мустафод аз «Маснавӣ»-ву навиштаҳои дигари Мавлоно метавонист онро ба забон оварад:

Нуктаҳо аз Пири Рум омӯхтам,
Хешро дар ҳарфи ӯ восӯхтам.

Боз бархонам зи файзи Пири Рум
Дафтари сарбаста асрори улум!

Бемуҳобо, агар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ таърихномаи муназзаму муаззами наҷобату қаҳрамониҳои ниёкони сарафрози мо бошад, «Маснавии маънавӣ»-ро ҷасурона метавон донишномаи ахлоқи ҳамидаи инсониву исломии халқамон номиду шуморид.
Устод Халифа Абдулҳаким дар мақолаи мустанаду мудаллалу муфассали худ «Ирфони Мавлоно» ҳақбинона ба таъкид овардааст, ки «Ҷалолиддини Румӣ бузургтарин шоири орифи ислом аст. Бидуни тарс аз мухолафат метавон гуфт, ки дар саросари қаламрави адабиёти орифонаи ҷаҳон касеро наметавон ёфт, ки аз ҷиҳати умқ (-и тафаккур – А.Р.), ҷомиийяту вусъати садр (донишу биниши олӣ – А.Р.) назири ӯ бошад».
Ҳамин тариқ, аз нигоҳи донишварони паҳнобину жарфонигар, «муносиб аст, ки қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ (сездаҳуми мелодӣ – А.Р.)-ро қарни пӯёии завқу андеша ва қарни Шамсу Мавлавӣ дар ирфону тасаввуф номгузорӣ кунем. Дар ин даврон буд, ки баъд аз Аттор (Фаридуддини Аттори Нишопурӣ (1145 – 1221), шоири машҳури мутасаввифи тоҷику форс, ки дар баробари Абулмаҷди Саноии Ғазнавӣ (1080 – 1140), суханвари дигари мутасаввифи тоҷику форс, устоду пешвои Мавлоно шинохта шудааст, – А.Р.) сайру сулук (тариқату маърифати ирфонӣ-тасаввуфӣ – А.Р.) симои дигару истиҳкому ҷазолати бештаре касб карду тариқи растагории инсон матраҳ гардид ва Мавлавӣ мехост ба кӯмаки роҳнамояш ҳамаи улуми замонро таҳти таъсири андешаҳои худ қарор диҳад. Таҳаввули ногаҳониву ҳайратбори рӯҳӣ, ки ниҳоятан вайро ба пойкӯбӣ, чархишу самоъ дар фазои боз раҳнамун гардид, аз ҳамин даврон оғоз шуду алорағми кӯшише, ки мухолифин барои лағви шеваи тозаи тасаввуф (ҳамон тариқати «Мавлавия», ки Мавлоно бунёдаш ниҳода буд – А.Р.) ба амал оварданд, Мавлоно муваффақ гардид ба жарфои рӯҳии бисёре аз ёрону муридони мумтози хеш нуфуз намудаву сӯфиёни ростин исоргару вафодоре тарбият кунад» (Атоуллоҳи Тадайюн).
Дар «Девони Кабир» ба нуктаву ишораҳое бармехӯрем, ки бахше аз ёрону наздикони Мавлоно аз вай исроркоронаву пофишорона дархост мекардаанд, ки то мухолифини ӯву мухосимини тасаввуфу мавлавия дар Руми Шарқӣ каме хомӯш шаванд, беҳтар аст машраби ошиқона (маслаки пешгирифтаи ирфонӣ-тасаввуфи)-и худро ба сӯе гузорад ё муваққатан андешаҳои машҳуну мавзунашро ба забон наёвардаву муддате фаромӯшашон кунад!
Бунёдгузори шеваи навин дар тасаввуф (Мавлоно – А.Р.) дар ин маврид қотеона чунин изҳори назар мекунад:

Гӯянд рафиқонам: аз ишқ бипарҳезам,
Аз ишқ бипарҳезам, пас бо кӣ биёвезам?!

Ё аз Мавлоно дархост мешуд шабҳо муддатеро ба самоъ ихтисос диҳаду бақии соот биёромад. Аммо Мавлавии саргаштаву шӯрида ба муридонаш зоҳиран посухе намедоду замоне, ки хоб бар онҳо чира мешуд, барои роҳати эшонро халалдор насохтан такя ба девор медоду сар бар зону мениҳод, то онҳо бетакаллуф бихобанд. Вақте ки онҳо дар хоб мешуданд, аз ҷой бармехосту саргарми зикр мегардид:

Ҳама хуфтанду мани дилшударо хоб набурд,
Ҳама шаб дидаи ман бар фалак истора шумурд.
Хобам аз дида чунон рафт, ки ҳаргиз н-ояд,
Хоби ман заҳри фироқи ту бинӯшиду бимурд!

«Пас, муҳаррики Мавлоно дар баёни асрор (ҳамон «кашфи асрори вусулу яқин», ки дар муқаддимаи «Дафтари аввал»-и «Маснавӣ» таъкид ёфтааст – А.Р.) ишқ ё маъшуқ бувад, ки ин ҳар ду бо Ҳақ ягонаанд. Ин шеъру навои рӯҳангез, ки аз гулӯи вай бармеояд, аз ӯ нест, балки ишқ ё маъшуқ аст, ки ба забони ӯ сухан мегӯяду бар пардаҳои гулӯяш оҳанги шарарбор мерезад» (Бадеъуззамони Фурӯзонфар):

Мо табъи ишқ дорем, пинҳони ошкорем,
Дар шаҳри ишқ пинҳон, дар кӯйи ишқ фошем!

Аслан, мутобиқи қавонину муқаррароти собити адабӣ, шоир бояд дар ибтидо мазмуни дилангезу сипас вазни муносиберо интихоб кунаду баъдан аз дунболи қофия бошад. Аммо равиши кори Ҷалолиддини Балхӣ, чунон ки қаблан ишора рафт, чунин будааст, ки шабҳои самоъ ба даври сутуне дар манзилаш ё дар толори бошукӯҳи Парвона, вазири аъзам Кайқубоди Салҷуқӣ, мечархиду дар ҳоли хуши ваҷду ҷазаба ва муҳити пурҷӯши мусиқиву дастафшониву пойкӯбӣ ғазал мегуфту месуруд.
Ғазалиёти Мавлоноро, ки дар нусхаҳои гуногун мураккабу мураттаб аз қариби 50 000 байтанду дар «Девони Шамси Табрезӣ» (маъруф ба «Девони Кабир») фароҳам омадаанд, аз лиҳози мазомину маъонӣ метавон ба тартиби зерин таснифу табақабандӣ намуд:
Ғазалҳое, ки ишқу муҳаббати сӯзони байни инсонҳо – мардону занонро меситоянд.
Ғазалҳое, ки таълимоти пурпечутоби ирфонии муаллиф ва ишқу робитаи рӯҳонии сӯфиёнаро нисбат ба Худо тараннум мекунанд.
Ғазалҳое, ки муҳаббату садоқати шахсии Мавлоноро нисбат ба ёру дӯстон ва муршиду муридонаш ифода месозанд.
Ғазалҳое, ки фикру андешаҳои умумиинсонии башардӯстона ва панду ҳикмати ибратомӯзи мактаби рӯзгори нотакрори Мавлоноро таҷассум менамоянд.
Ғазалҳое, ки дар онҳо Мавлоно нуқсу қубҳи замонаву ҳамзамононашро мавриди танзу танқиди шадид қарор медиҳад.
Мавлоно дар 55 баҳри мухталиф ғазал офаридааст, ки дар шеъру адаби деринасоли форсии дарии тоҷикӣ ҳеҷ як аз шуаро натавониста, ки ба ин андоза тавсеа дар авзони (вазну баҳрҳои арӯз)-и ғазал дода бошад, он ҳам авзони матруке, ки дар шеъри қадими тоҷикии форсӣ вуҷуд доштаву баъдан аз гардиш баромадаанд.
Тамоми чунин авзонро даҳои Мавлоно мухтариъ будааст, ки беҳтар аз авзони маъмула (анъанавӣ, мавриди истифода, маъмулӣ – А.Р.) воқеъ афтодаанд («Ёдномаи Мавлавӣ», Интишороти ЮНЕСКО дар Эрон, саҳ.156).
Аз гуфтаи Атоуллоҳи Тадайюн, «дарозии ғазалҳои «Девони Шамс», ки гоҳе (аз се – А.Р.) то чиҳил ва, ҳатто, ба шаст байт мерасад (дар сурате, ки барои ғазал ҳадди мутавассите, ки таъйин кардаанду аз он таҷовуз наметавон кард, дар ҳудуди понздаҳ байт аст), ношӣ (пайдошуда – А.Р.) аз ин зарурат мебошад, ки «дар хароботи дилаш андешаҳост». Ин андешаҳо, ки «дарҳам афтода чу мастон», бидуни риояти таносуб, дар абёти ғазал зоҳир мешаванд ва худ ин хуруҷ (берунравӣ – А.Р.) аз меъёри мутаорифу маълуф (маъмуливу одатӣ – А.Р.) ба ғазал хосияти манотиқи ваҳшиву кӯҳистоние медиҳад, ки танаввуи манозир (гуногунии манзараҳои тасвиршаванда – А.Р.)-у гуногунии мутаволӣ (пайдарҳамӣ, дарозо – А.Р.)-и табиат намегузорад малоли якнавохтӣ (якрангӣ – А.Р.) ба ҷони кунҷкови мо роҳ ёбад. Гӯӣ, вазну қофия (дар ғазалиёти «Девони Шамс» – А.Р.) сарошебест, ки Мавлоно наметавонад худро дар он нигоҳ дорад ё шавқи асҳобу ҳавориюн (дӯстону шогирдон — А.Р.) ба нӯшидани шароби рӯҳонии ӯ вайро ба гуфтан мекашонад:

Ту даҳонро чу бибандӣ, хамӯширо писандӣ,
Кашишу ҷазби надимон нагузоранд хамӯшат!».

Бешубҳа, чунон ки пештар гӯшрас шуд, аксари ғазалҳои дилошӯби Мавлоно дар маросими рақсу самоъу кафзанию пойкубии дарвешон, дар зери навои тарабангези дафу наю чангу рубоб, дар ҳалқаи муносиби дӯстони мувофиқ суруда шудаанд. Аз ин рӯ, ҳамеша аз онҳо нағмаи суруди зиндагӣ ва садои тарабу хушӣ ба гӯш мерасад:

Рав, он рубобиро бигӯ: «Мастон саломат мекунанд!»
В-он мурғи обиро бигӯ: «Мастон саломат мекунанд!».
В-он мири соқиро бигӯ: «Мастон саломат мекунанд!»,
В-он умри боқиро бигӯ: «Мастон саломат мекунанд!»,
В-он мири ғавғоро бигӯ: «Мастон саломат мекунанд!»,
В-он суду савдоро бигӯ: «Мастон саломат мекунанд!».

Таронағазалҳои Мавлоно ғолибан дар сифоту таҷаллиёти ишқу ошиқӣ гуфта шуда бошанд ҳам, ҳалли мавзӯи печида дар коргоҳу дидгоҳи шоир ба таври вижае сурат гирифтааст. Ишқи Мавлоно асоси моддӣ дошта, аз моддиёти заминӣ сарчашма мегирад. Ӯ бе дилбастагӣ ба мавҷуде моддӣ маърифати мавҳуми самовиро тасаввур намекунад ва карда ҳам наметавонист, зеро, дар ҳақиқат, ҳар чизи нодидаро дар қиёси дида тасаввур метавон карду бас.
«Он чи мо ҳоло мегӯем, ки Мавлоно «ишқи ирфонӣ» месуруд, ҳамон ишқи оламгиру ҷаззобест, ки аз мушоҳидаи ҷамоли Бурҳонуддини Тирмизӣ, Шамсуддини Табрезӣ, Салоҳуддини Қуниявӣ ва Ҳусомуддини Чалабӣ ҳосил гардидааст ва агар мо вазъи Мавлонову дилбохтагони ӯро ба сароҳат бидонем, асоси моддиву мабдаи заминӣ доштани ғазалҳои шӯрангези ӯро ба осонӣ метавонем таъйид кард» (Саҳобиддин Сиддиқов).
Воқеан, Мавлоно маъшуқ — инсонро, инсони зинда, хоса Шамси Табрезиро, ба дараҷаи Илоҳӣ бардошта, барояш қудрату манзалати беҳамтоеро маръӣ доштааст:

Онҳо, ки талабгори Худоед, Худоед!
Берун зи шумо нест, шумоед, шумоед!

Зотеду сифотеду гаҳе аршу гаҳе фарш,
Дар айни бақоеду муназзаҳ зи фаноед!

Ҳар рамз, ки Мавло бисарояд ба ҳақиқат,
Медон, ки бад-он рамз сазоед, сазоед!

«Ман»-и шоир дар ғазалиёти шӯрангези худ риштаи тақдири башарро аз осмон даррабуда, ба дасти худи инсон додааст; одамро аз қайди олами боло озод намуда, барояш истиқлоли том бахшидааст; аз тамоми мавҷудоти олами улвию сифлӣ инсонро муқаддамтар ва аз тамоми муқаддасот муқаддастар гардонидааст, ки дар арсаи эҷоду эрод олитару волотар аз он набудаасту намебошад.
Ғазалиёти Мавлоноро дар асоси мазомину мӯҳтаво шартан ба гурӯҳҳо ҷудо кардан имконпазир бошад ҳам, дар «Девони Шамси Табрезӣ» «пайваста дар ғазале як андеша дунбол намешаваду татобуъ (ҷустуҷӯ, таҳқиқ – А.Р.)-и як матлаб (мавзӯъ – А.Р.) дар кор (имконпазир – А.Р.) нест: гоҳе як ғазал монанди анбори пурмояе аз колоҳои гуногун анбошта шудааст.
Илова бар ин, ғолибан, шавоҳиди матлабе (мисолҳое барои тасдиқи мавзӯе – А.Р.) тамоман дар як ғазал нест: аз чанд ғазалу гоҳе аз ҳар ғазал чанд байт бояд нақл кард, то аз маҷмӯи онҳо шаммае аз матлаби мавриди назар гуфта шаваду гоҳе матлабе дар чанд ғазал ба таъбироти мухталиф омадааст, ки шахс дареғ дорад аз ҳамаи онҳо чашм бипӯшаду овардани ҳамаи онҳо низ чандон писандидаву муносиби навиштае мухтасар нест» (Атоуллоҳи Тадайюн), ки навиштаи ҳозираи мо ҳам аз ин қоида мустасно нест ва чунин ҳолу мисолҳоро дар «Девони Кабир»-и оламгир фаровон мулоқӣ метавон гардид.
Хулосаи калом, дар мавриди эҷоду бунёди 3 500 ғазали «Девони Шамси Табрезӣ», ки дар 55 қолаби арӯзи форсии тоҷикӣ рехта шуда, камобеш 50 000 байтро ташкил медиҳанд, аз ҷониби Мавлоно санъатҳои лафзиву маънавии наву куҳани бадеъ фаровон истифода шуда, бино бар мушоҳидаи устод Бадеъуззамони Фурӯзонфар, «дар ҳудуди 75 000 таркиботи васфиву изофӣ» ба кор андохта шудааст, ки «10 000-и он ихтироъкардаи андешаву замири Мавлоност».
Бояд афзуд, ки ғазалиёти «Девони Кабир» аз лиҳози ғановати қофияву радифбандӣ ва корбасти дигар аносири меъмории сухан ҳам ҷолибу мумтозанд ва чунин аҳволу осори навоваронаву қолабшиканонаро дар ашъори ягон шоири дигари пешину пасини форсигӯ наметавон мулоқӣ гардид: ӯ дар як ғазал гоҳо калимаи қофияро чанд маротиба тағйир дода, ҳамон радифро боқӣ мегузорад; аксари радифоташ такрору дарозу нодиранд; саҷъи дохилиро фаровон истифода мебарад; дар охири абёташ баъзе каламоти бемаъниро, монанди «тан-тан», «лам – лам», «қум – қум», «лаб – лаб» ва ғайра…, радифвор пайиҳам мечинад, ки халқияту оммавияту мусиқавияти суханонашро қавитар мегардонанд:

Дили ман, дили ман, дили ман бари ту,
Рухи ту, рухи ту, рухи бофари ту!

Ва ё:

Боз омадам, боз омадам, ҳозо ҷунун-ал- ошиқин,
Бе сӯзу бо соз омадам, ҳозо ҷунун – ал – ошиқин!

Ва ё:

Ҳилат раҳо кун, ошиқо, девона шав, девона шав,
В-андар дили оташ даро, парвона шав, парвона шав!

Дар ҳақиқат, ашъори ғаноии Мавлоно, ки сокину вассофи беназири Шаҳри Бузурги Ишқ аст, батамом андар қолаби адвори мухталифи мусиқӣ рехта шуда, бар муроди шоири мутарғиби ғояҳои баланди инсондӯстӣ хидмат кардаанд. Аммо мусиқавияту хушоҳангии ашъори Мавлоно дар нисбати офаридаҳои салису нафиси дигар устодони сухани форсии тоҷикӣ фарқи боризе дорад. Фарқият дар он аст, ки зеру бами мусиқӣ дар осори манзуми Мавлоно бори гарони фалсафӣ – тасаввуфиро бар дӯш доранд ва навои ҷони орифи пурисёни дилсӯзон мебошанд:

Дар ғайб ҳаст уде,
К-ин ишқ аз ӯст дуде!

Чунон ки донишманди бузурги Мавлавию Маснавишинос профессор Реналд Алан Николсон дар ин бора менависад, «сӯфиёнро ақида бар он аст, ки пайвастагии таъсири рӯҳонии мусиқӣ бо рӯҳ амре азалисту ба ҳангоми истимоъ онҳо (сӯфиён – А.Р.) бори дигар овои Ҳақро мешунаванд, ки ҷумлагӣ арвоҳи башарӣ дар абадият бад-он ово посух медоданд (Қуръони Карим, сураи 7, ояти 172)-у ба ҳамин тариқ бо сурудаҳои сипоҳи осмонӣ ҳамовоз гаштанд».
Ҳамчунин, сазовори таъкид аст, ки Мавлоно дар ҷараёни гуфтани ҳам «Маснавӣ»-ю ҳам «Девони Кабир» хусусиёту мушаххасоти тамоми сабку равиши адабии роиҷи то замони худу баъди онро, монанди сабки хуросонӣ, ироқӣ, ҳиндӣ, бозгашт ва ғайра, мутаҷассим доштааст, ки далели дигари вусъати нопайдоканори андешаву қудрати нотакрори суханварии ӯ мебошад, ки ҳамчун падидаи нодиру беназире ҳамагон эътирофаш кардаанд.
Ҳамин тариқ, «Девони Шамс» дарёест, оромиши он зебову ҳаяҷони он фитнаангез аст; мисли дарё пур аз мавҷ, пур аз каф, пур аз бод аст. Мисли дарё ҷилвагоҳи рангҳои гуногун аст: сабз аст, обист, бунафш аст, нилуфарист. Мисли дарё ойинаи осмону ситорагону маҳалли таҷаллии ашааи Меҳру Моҳу Офаринандаи нақшҳои ғуруб аст. Мисли дарё аз ҳаракату ҳаёт лабрез асту дар зери зоҳири сайқаливу ором дунёе пур аз тапишу пур аз талоши тамомнашудании зиндагӣ дорад.
«Девони Шамс» девони шеър нест, ғавғои як дарёи муталотими тӯфонист.
«Девони Шамс» инъикоси як рӯҳи ғайриорому пур аз ҳаяҷону лабрез аз шӯру ҷазаба аст.

Нахустин хусусияте, ки аз ғазалиёти Ҷалолиддин ба чашм мехӯраду ӯро аз соири шуаро мумтоз мекунад, ин аст, ки ӯ намехоҳад шеър бигӯяд: мехоҳад эҳсосоти гунгу мубҳами худро бигӯяд. Ӯ «гунги хобдидаест»-у мехоҳад барои карҳо хоби худро бигӯяд. Ӯ дар уқёнусе даступо мезанаду ин даступозадан ба сурати каламоти мавзуну хушоҳанг дармеояд» (Алии Даштӣ).
Оре, шеъру таронаҳои дарёӣ, фикру андешаҳои уқёнусӣ ва панду ҳикматҳои зоҳиран орому «хоболуд»-у ботинан туғёниву тӯфонии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ –яке аз номбардортарин зодагони Модари бузургонофарини тоҷик ва фурӯзонфартарин андешамандони осмони фазлу хиради миллати ориёнажодамон имрӯз ҳам, баъди садсолаҳои мутамодӣ моро бедору ҳушёр ва устувору барқарор нигаҳ медоранд, ба сулҳу ваҳдату озодӣ, камолоту тараққиёт ва худшиносиву Худошиносӣ ҳидоятамон мекунанд:

Паркандагӣ аз нифоқ хезад,
Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад!

مولوی جلال‌الدین محمد.مثنوی معنوی

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
 Маснавӣ
 Дафтари якум (1)
06

Муқаддимаи дафтари аввал
Бисми-л-лоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Ҳозо китобу-л-Маснавӣ; ва ҳува усулу усули усули-д-дин фӣ кашфи асрори-л-вусули ва-л-яқин; ва ҳува фиқҳу-л-Лоҳи-л-акбар ва шаръу-л-Лоҳи-л-азҳар ва бурҳону-л-Лоҳи-л-азҳар; масалу нуриҳи ка мишкотин фиҳо мисбоҳ(ун), юшриқу ишроқан анвара мина-л-исбоҳ; ва ҳува ҷинону-л-ҷанони, зу-л-ъуюни ва-л-ағсони, минҳо ъайнун тусаммо ъинда абнои ҳоза-с-сабили Салсабило ва ъинда асҳоби-л-мақомоти ва-л-каромоти хайрун мақоман ва аҳсану мақило; ал-аброру фиҳи яъкулуна ва яшрибуна ва-л-аҳрору минҳу яфраҳуна ва ятрабуна; ва ҳува ка Нили Мисра шаробун ли-с-собирина ва ҳасратун ъало оли Фиръавна ва-л-кофирина, камо қола таъоло: юзиллу биҳи касиран ва яҳдӣ биҳи касиран; ва иннаҳу шифоу-с-судури ва ҷалоу-л-аҳзон ва кашшофу-л-Қуръон ва саъату-л-азроқи ва татъибу-л-ахлоқи; би айдӣ сафаратин, киромин бараратин, ямнаъуна би ан ло ямассуҳу илло-л-мутаҳҳарун; танзилун мин Рабби-л-ъоламин; ло яътиҳи-л-ботилу мин байни ядайҳи ва ло мин халфиҳи. Ва-л-Лоҳу ярсудуҳу ва ярқубуҳу; ва Ҳува хайрун ҳофизан ва ҳува Арҳаму-р-роҳимин. Ва лаҳу алқобун ухару лаққабаҳу-л-Лоҳу Таъоло; ва-қтасарно ъало ҳоза-л-қалил; ва-л-қалилу ядуллу ъала-л-касир; ва-л-ҷуръату тадуллу ъала-л-қалил; ва-л-ҳуфнату тадуллу ъала-л-байдари-л-кабир. Яқулу-л-ъабду-з-заъифу-л-муҳтоҷу ило раҳмати-л-Лоҳи Таъоло Муҳаммаду-бну Муҳаммади-бни-л-Ҳусайни-л-Балхӣ, тақаббала-л-Лоҳу минҳу; иҷтаҳадту фӣ татвили-л-манзуми-л-Маснавиййи-л-муштамили ъала-л-ғароиби ва-н-наводири ва ғурари-л-мақолоти ва дурари-д-далолоти ва тариқати-з-зуҳҳоди ва ҳадиқати-л-ъуббоди, қасирату-л-мабонӣ, касирату-л-маъонӣ; ли-стидъои саййидӣ ва санадӣ ва мӯътамадӣ; ва макони-р-руҳи мин ҷасадӣ; ва захирати явмӣ ва ғадӣ; ва ҳува-ш-шайху қудрату-л-ъорифин, имому аҳли-л-ҳудо ва-л-яқин, муғису-л-варо, амину-л-қулуби ва-н-нуҳо, вадиъату-л-Лоҳи байна халифатиҳи ва сафватиҳи фӣ барийятиҳи; ва васоёҳу ли набиййиҳи ва хабоёҳу ъинда сафиййиҳи; мифтоҳу хазоини-л-Ъарши, амину кунузи-л-фарши, Абу-л-фазоили Ҳусому-л-ҳаққи ва-д-дин Ҳасану-бну Муҳаммади-бни Ҳасани-л-маъруфи би Ибни Ахӣ Турк, Абу Язиди-л-вақти, Ҷунайду-з-замони, Сиддиқу-бну Сиддиқи-бни Сиддиқи, разияллоҳу ъанҳу ва ъанҳуму-л-Урмавийю-л-асли-л-мунтаса¬бу ила-ш-шайхи-л-мукаррами би мо қола: амсайту курдийян ва асбаҳту ъарабийян, қаддаса-л-Лоҳу рӯҳаҳу ва арвоҳа ахлофиҳи. Фа ниъма-с-салафу ва ниъма-л-халафу. Лаҳу насабун алқати-ш-шамсу ъалайҳи ридоаҳо; ва ҳасабун архати-н-нуҷуму ладайҳи азвоаҳо; лам язал финоуҳум қиблата-л-иқболи, ятаваҷҷаҳу илайҳо бану-л-вулоти ва Каъбату-л-омоли ятуфу биҳо вуфуди-л-ъуфоти; ва ло зола казолика мо талаъа наҷмун ва зарра шориқун ли якуна муътасаман ли улӣ-л-басоири-р-рабониййина-р-руҳониййина-с-самоиййина-л-ъаршиййина-н-нуриййина; ас-суккати-н-нуззори; ал-ғуйяби-л-ҳуззори; ал-мулуки таҳта-л-атмори; ашрофу-л-қабоили, асҳобу-л-фазоили, анвору-д-далоили. Омин, ё Рабба-л-ъоламин. Ва ҳозо дуъоун ло юрадду фа иннаҳу дуъоун ли аснофи-л-барийяти шомилун. Ва-л-ҳамду ли-л-Лоҳи Ваҳдаҳу ва салла-л-Лоҳу ъало саййидино Муҳаммадин ва олиҳи ва ъитратиҳи-т-таййибина-т-тоҳирина ва ҳасбуно-л-Лоҳу ва ниъма-л-вакил.

Тарҷумаи муқаддимаи дафтари аввал


Ин китоби «Маснавӣ» аст, ки усули усули усули дин аст. Дар бораи кашфи розҳои вусул ба ҳақиқат ва расидан ба мартабаи яқин аст. Ва дониши бузурги худовандӣ аст. Ва роҳи равшани худопарастӣ аст. Ва ошкортарин бурҳони худошиносӣ аст. «Рӯшноии он монанди фонусест, ки дар он чароғе бошад», чароғе, ки равшантар аз бомдодон нур бияфшонад. Ин китоб биҳишти дил аст, чашмаҳо ва шохсороне дорад ва аз он миён чашмаест, ки равандагони ин роҳ ба он Силсабил мегӯянд ва соҳибони мақомот ва каромот ин биҳиштро барои мондан ва осоиши рӯҳ беҳтарин ҷой медонанд. Некон дар ин биҳишт мехӯранд ва менӯшанд ва озодагон аз он кушодахотир ва шодмон мешаванд. Ин китоб чун рӯди Нил барои шикебоён нӯшидане гуворо ва барои фиръавниён ва худоношиносон рашку ҳасрат аст, чунонки дар каломи Худо мехонем: «Ба он бисёре аз касонро гумроҳ мекунад ва бисёреро ба роҳ меоварад» ва ин китоб дармони синаҳои дардманд аст ва зудояндаи зангҳои андӯҳ ва розгушои Қуръон ва фаровонкунандаи рӯзиҳои маънавӣ ва мӯҷиби поксозии хӯйи одамиён, «ба шарти он ки дар дасти паёмгузорони бузургвору некӯкор бошад», ки нагузоранд «ҷуз покон касе ба он даст бизанад» ва бадонанд, ки «ин фуруд омада аз сӯйи Парвардигори ҷаҳониён аст» ва «пеша аз он ё пас аз он ҳеч сухани дигаре, онро дигаргун ё мансух нахоҳад кард» ва Худованд ин китобро нигоҳ медорад «ва ӯ беҳтарин нигаҳдоранда ва аз ҳамаи меҳрубонон нармдилтар аст». Барои ин «Маснавӣ» алқоби дигаре ҳам ҳаст, ки Худованд бар он ниҳодааст ва мо ба ҳамин мухтасар суханро кӯтоҳ кардем ва ин мухтасар худ нишонаи бисёр аст ва ин ҷуръа ба обгире раҳ менамояд ва ин як мушт сухан аз хирмани гарон мегӯяд.

Ин бандаи нотавон ниёзманд ба раҳмати Худои баландпоя, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Ҳусайни Балхӣ, ки Худо бандагии ӯро қабул кунад, мегӯяд: «Ман дар татвили ин китоби манзуми маснавӣ кӯшидаам, китобе, ки шомили достонҳои шигифту нодир, суханони дурахшон ва раҳнамойиҳои равшан аст. Ин китоб аз тариқати парҳезгорон сухан мегӯяд ва бӯстони худопарастон аст; шолудаҳои сухан дар он мухтасару кӯтоҳ ва маъонии онҳо бисёр аст. Ин кӯшишро ман ба дархости касе кардаам, ки сарвар, такягоҳ ва мӯътамади ман аст ва порае аз пайкари ман аст, ки дар он рӯҳи ман ҷой дорад ва захираи имрӯзу фардои ман аст ва ӯ пири пешвои орифон, раҳнамои расидан ба мартабаи яқин, фарёдраси халқ, амини дилҳову ақлҳо, супурдаи Худованд дар миёни офаридагон ва баргузидаи ӯ аз миёни халқ ва ҷилвагоҳи васоёест, ки Худо бар паёмбараш фармуда ва асроре, ки бо бандаи хосси даргоҳаш дар миён ниҳода, калиди ганҷинаҳои Арш ва амини ганҷҳои ин ҷаҳон Абулфазойил Ҳусомулҳақ ва-д-дин Ҳасан ибни Муҳаммад ибни Ҳасан маъруф ба Ибни Ахии турк аст. Боязиди ин рӯзгор ва Ҷунайди ин замона ва марде ростин дар мартабаи Абӯбакр аст ва падару аҷдодаш низ чунин будаанд, ки Худованд аз ӯ ва аз ҳамаи онҳо хушнуд бод. Дар асл аз мардуми Урумия аст ва аз тариқи ин сухани маъруф, ки «ба ҳангоми хуфтан курд будам ва бомдодон араб бархостам», нисбате ба шайхи бузургворе дорад, ки гӯяндаи ин сухан аст – Худо равони он шайху фарзандони ӯро пок бидорад ва ин падару фарзанд чӣ салафу халафи некӯе ҳастанд. Ҳусомуддин насабе дорад, ки хуршед ҷомаи худро бар он афгандааст ва ҳасабе дорад, ки ахтарон рӯшноии худро ба пешгоҳаш афшондаанд. Ҳамвора даргоҳи ин хонадон қиблагоҳи таваҷҷӯҳи дигарон будааст ва ҳамвора фарзандони соҳибони вилояти маънавӣ ба он рӯй меоваранд ва Каъбаи орзуҳост, ки хосторони лутф гирди он мегарданд.

Умед, ки ҳамвора, то ситорае медурахшад ва ахтаре метобад, ин даргоҳ паноҳе бошад барои онҳо, ки соҳиби басиратанд ва раббониву рӯҳониву осмониву аршиву нуронианд, онҳо ки дигарон дар наззораи онҳо хомӯш мемонанд, ғойибоне, ки ҳузур доранд, хусравоне, ки дар ҷомаҳои мундарисанд ва нуҷабои воқеии ҷамооти мардуманд ва соҳибони фазилатанд ва рӯшноиҳои раҳнамояндаанд. Эй Парвардигори ҷаҳониён, ин дуъои маро бипазир ва ин дуъоест, ки пазируфта хоҳад буд, зеро ҳамаи гурӯҳҳои халқро дар бар мегирад. Ва ситоиш Худои ягонаро ва дуруди Худо ба сарвари мо Муҳаммад ва пайравонашу хонадо-наш. Ва Худо моро бас аст ва коргузоре нек аст.

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад,
К-аз найистон то маро бубридаанд,
Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Сина хоҳам шарҳа–шарҳа аз фироқ,
То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ.
Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.
Ман ба ҳар ҷамъийяте нолон шудам,
Ҷуфти бадҳолону хушҳолон шудам.
Ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман,
Аз даруни ман наҷуст асрори ман.
Сирри ман аз нолаи ман дур нест,
Лек чашму гӯшро он нур нест.
Тан зи ҷону ҷон зи тан мастур нест,
Лек касро диди ҷон дастур нест.
Оташ аст ин бонги нойу нест бод,
Ҳар кӣ ин оташ надорад, нест бод!
Оташи ишқ аст, к-андар най фитод,
Ҷӯшиши ишқ аст, к-андар май фитод.
Най ҳарифи ҳар кӣ аз ёре бурид,
Пардаҳояш пардаҳои мо дарид.
Ҳамчу най заҳреву тарёқе кӣ дид?
Ҳамчу най дамсозу муштоқе кӣ дид?
Най ҳадиси роҳи пурхун мекунад,
Қиссаҳои ишқи Маҷнун мекунад.
Маҳрами ин ҳуш ҷуз беҳуш нест,
Мар забонро муштарӣ ҷуз гӯш нест.
Дар ғами мо рӯзҳо бегоҳ шуд,
Рӯзҳо бо сӯзҳо ҳамроҳ шуд.
Рӯзҳо гар рафт, гӯ: «Рав бок нест,
Ту бимон, эй он ки чун ту пок нест».
Ҳар кӣ ҷуз моҳӣ зи обаш сер шуд,
Ҳар кӣ берӯзист, рӯзаш дер шуд.
Дарнаёбад ҳоли пухта ҳеч хом,
Пас сухан кӯтоҳ бояд, вассалом!
Банд бугсил, бош озод, эй писар!
Чанд бошӣ банди симу банди зар?
Гар бирезӣ баҳрро дар кӯзае,
Чанд гунҷад, қисмати якрӯзае?
Кӯзаи чашми ҳарисон пур нашуд,
То садаф қонеъ нашуд, пурдур нашуд.
Ҳар киро ҷома зи ишқе чок шуд,
ӯ зи ҳирсу айб куллӣ пок шуд.
Шод бош, эй ишқи хушсавдои мо!
Эй табиби ҷумла иллатҳои мо!
Эй давои нахвату номуси мо!
Эй ту Афлотуну Ҷолинуси мо!
Ҷисми хок аз ишқ бар афлок шуд,
Кӯҳ дар рақс омаду чолок шуд.
Ишқ ҷони Тур омад, ошиқо!
Тур масту «харра Мӯсо соиқо».
Бо лаби дамсози худ гар ҷуфтаме,
Ҳамчу най ман гуфтаниҳо гуфтаме.
Ҳар кӣ ӯ аз ҳамзабоне шуд ҷудо,
Безабон шуд, гарчи дорад сад наво.
Чунки гул рафту гулистон даргузашт,
Нашнавӣ з-он пас зи булбул саргузашт.
Ҷумла маъшуқ асту ошиқ пардае,
Зинда маъшуқ асту ошиқ мурдае.
Чун набошад ишқро парвои ӯ,
ӯ чу мурғе монд бепар, вои ӯ.
Ман чӣ гуна ҳуш дорам пешу пас,
Чун набошад нури ёрам пешу пас? ;
Ишқ хоҳад, к-ин сухан берун бувад,
Ойина ғаммоз набвад, чун бувад?
Ойина-т донӣ чаро ғаммоз нест?
З-он ки зангор аз рухаш мумтоз нест.;

Ошиқ шудани подшоҳ бар канизаки ранҷур ва тадбир кардан дар сиҳҳати ӯ

Бишнавед, эй дӯстон, ин достон,
Худ ҳақиқат нақди ҳоли мост он.
Буд шоҳе дар замоне пеш аз ин,
Мулки дунё будашу ҳам мулки дин.
Иттифоқо, шоҳ рӯзе шуд савор,
Бо хавоси хеш аз баҳри шикор.
Як канизак дид шаҳ бар шоҳроҳ,
Шуд ғуломи он канизак подшоҳ.
Мурғи ҷонаш дар қафас чун метапид,
Дод молу он канизакро харид.
Чун харид ӯрову бархурдор шуд,
Он канизак аз қазо бемор шуд.
Он яке хар дошт, полонаш набуд,
Ёфт полон, гург харро даррабуд.
Кӯза будаш, об меномад ба даст
Обро чун ёфт, худ кӯза шикаст.
Шаҳ табибон ҷамъ кард аз чаппу рост
Гуфт: «Ҷони ҳар ду дар дасти шумост».
Ҷони ман саҳл аст, ҷони ҷонам ӯст,
Дардманду хастаам, дармонам ӯст.
Ҳар кӣ дармон кард мар ҷони маро,
Бурд ганҷу дурру марҷони маро.
Ҷумла гуфтандаш, ки ҷонбозӣ кунем
Фаҳм гирд орему анбозӣ кунем,
Ҳар яке аз мо Масеҳи оламест,
Ҳар аламро дар кафи мо марҳамест».
«Гар Худо хоҳад» нагуфтанд, аз батар,
Пас Худо бинмудашон аҷзи башар.
Тарки «истисно» муродам қасватест,
На ҳамин гуфтан, ки ориз ҳолатест.
Эй басо н-оварда «истисно» ба гуфт,
Ҷони ӯ бо ҷони «истисно»-ст ҷуфт.
Ҳар чӣ карданд аз илоҷу аз даво,
Гашт ранҷ афзуну ҳоҷат нораво.
Он канизак аз мараз чун мӯй шуд,
Чашми шаҳ аз ашки хун чун ҷӯй шуд.
Аз қазо сиркангубин сафро фузуд,
Равғани бодом хушкӣ менамуд.
Аз ҳалила қабз шуд, итлоқ рафт,
Об оташро мадад шуд ҳамчу нафт.

Зоҳир шудани аҷзи ҳакимон аз муолиҷаи канизак ва рӯй овардани подшоҳ ба даргоҳи Илоҳ ва дар хоб дидани ӯ валиеро

Шаҳ чу аҷзи он ҳакимонро бидид,
Побараҳна ҷониби масҷид давид.
Рафт дар масҷид, суи меҳроб шуд,
Саҷдагоҳ аз ашки шаҳ пуроб шуд.
Чун ба хеш омад зи ғарқоби фано
Хуш забон бигшод дар мадҳу дуъо:
К-эй камина бахшишат мулки ҷаҳон,
Ман чӣ гӯям? Чун ту медонӣ ниҳон.
Эй ҳамеша ҳоҷати моро паноҳ,
Бори дигар мо ғалат кардем роҳ.
Лек гуфтӣ: «Гарчи медонам сират,
Зуд ҳам пайдо кунаш бар зоҳират».
Чун баровард аз миёни ҷон хурӯш,
Андар омад баҳри бахшоиш ба ҷӯш.
Дар миёни гиря хобаш даррабуд,
Дид дар хоб ӯ, ки пире рӯ намуд,
Гуфт: «Эй шаҳ, мужда, ҳоҷотат равост,
Гар ғарибе оядат фардо зи мост.
Чунки ояд ӯ, ҳакими ҳозиқ аст,
Содиқаш дон, к-ӯ амину содиқ аст.
Дар илоҷаш сеҳри мутлақро бибин,
Дар мизоҷаш қудрати Ҳақро бибин».
Чун расид он ваъдагоҳу рӯз шуд,
Офтоб аз Шарқ ахтарсӯз шуд.
Буд андар манзара шаҳ мунтазир,
То бибинад он чӣ бинмуданд сир.
Дид шахсе, фозиле, пурмояе,
Офтобе дар миёни сояе.
Мерасид аз дур монанди ҳилол,
Нест буду ҳаст бар шакли хаёл.
Нестваш бошад хаёл андар равон,
Ту ҷаҳоне бар хаёле бин равон:
Бар хаёле сулҳашону ҷангашон
В-аз хаёле фахрашону нангашон.
Он хаёлоте, ки доми авлиёст,
Акси маҳрӯёни бустони Худост.
Он хаёле, ки шаҳ андар хоб дид,
Дар рухи меҳмон ҳамеомад падид.
Шаҳ ба ҷойи ҳоҷибон фопеш рафт,
Пеши он меҳмони ғайби хеш рафт.
Ҳар ду баҳрӣ, ошино омӯхта,
Ҳар ду ҷон бе дӯхтан бардӯхта.
Гуфт: «Маъшуқам ту будастӣ, на он,
Лек кор аз кор хезад дар ҷаҳон.
Эй маро ту Мустафо, ман чун Умар,
Аз барои хидматат бандам камар».

Аз Худованди валиюттавфиқ дархостани тавфиқи риояти адаб дар ҳамаи ҳолҳо ва баён кардани вахомати зарарҳои беадабӣ

Аз Худо ҷӯем тавфиқи адаб,
Беадаб маҳрум гашт аз лутфи раб.
Беадаб танҳо на худро дошт бад,
Балки оташ дар ҳама офоқ зад.
Моида аз осмон дармерасид,
Беширою байъу бегуфту шунид.
Дар миёни қавми Мӯсо чанд кас
Беадаб, гуфтанд: «Ку сиру адас?»
Мунқатеъ шуд хону нон аз осмон,
Монд ранҷи заръу белу досамон.
Боз Исо чун шафоат кард Ҳақ,
Хон фиристоду ғанимат бар табақ.
Боз густохон адаб бигзоштанд,
Чун гадоён заллаҳо бардоштанд.
Лоба карда Исӣ эшонро, ки ин
Доим асту кам нагардад аз замин,
Бадгумонӣ кардану ҳирсоварӣ,
Куфр бошад пеши хони меҳтарӣ.
З-он гадорӯёни нодида зи оз,
Он дари раҳмат бар эшон шуд фароз.
Абр бар н-ояд пайи манъи закот
В-аз зино афтад вабо андар ҷиҳот.
Ҳар чӣ бар ту ояд аз зулмоту ғам,
Он зи бебокиву густохист ҳам.
Ҳар кӣ бебокӣ кунад дар роҳи дӯст,
Раҳзани мардон шуду номард ӯст.
Аз адаб пурнур гаштаст ин фалак
В-аз адаб маъсуму пок омад малак.
Буд зи густохӣ кусуфи офтоб,
Шуд Азозиле зи ҷуръат радди боб.

Мулоқоти подшоҳ бо он валӣ, ки дар хобаш намуданд

Даст бигшоду каноронаш гирифт,
Ҳамчу ишқ андар дилу ҷонаш гирифт.
Дасту пешониш бӯсидан гирифт
В-аз мақому роҳ пурсидан гирифт.
Пурс-пурсон мекашидаш то ба садр,
Гуфт: «Ганҷе ёфтам, аммо ба сабр».
Гуфт: «Эй нури Ҳақу дафъи ҳараҷ!»
Маънии «Ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ!»
Эй лиқои ту ҷавоби ҳар суол!
Мушкил аз ту ҳал шавад беқилу қол.
Тарҷумонӣ, ҳар чӣ моро дар дил аст,
Дастгирӣ, ҳар кӣ пояш дар гил аст.
Марҳабо ё муҷтабо ё муртазо!
«Ин тағиб ҷоа-л-қазо зоқа-л-фазо.
Анта мавла-л-қавми ман ло йаштаҳи
Қад радо калло лаин лам йантаҳи».
Чун гузашт он маҷлису хони карам,
Дасти ӯ бигрифту бурд андар ҳарам.

Бурдани подшоҳ он табибро бар сари бемор, то ҳоли ӯро бибинад

Қиссаи ранҷуру ранҷурӣ бихонд,
Баъд аз он дар пеши ранҷураш нишонд.
Ранги рӯю набзу қорура бидид,
Ҳам аломоташ, ҳам асбобаш шунид.
Гуфт: «Ҳар дору, ки эшон кардаанд,
Он иморат нест, вайрон кардаанд.
Бехабар буданд аз ҳоли дарун,
«Астаъизуллоҳа миммо йафтарун».
Дид ранҷу кашф шуд бар вай ниҳуфт,
Лек пинҳон карду бо султон нагуфт.
Ранҷаш аз сафрову аз савдо набуд,
Бӯйи ҳар ҳезум падид ояд зи дуд.
Дид аз зориш, к-ӯ зори дил аст,
Тан хуш асту ӯ гирифтори дил аст.
Ошиқӣ пайдост аз зории дил,
Нест беморӣ чу бемории дил.
Иллати ошиқ зи иллатҳо ҷудост,
Ишқ устурлоби асрори Худост.
Ошиқӣ гар зин сару гар з-он сар аст,
Оқибат моро бад-он сар раҳбар аст.
Ҳар чӣ гӯям ишқро шарҳу баён,
Чун ба ишқ оям, хиҷил бошам аз он.
Гарчи тафсири забон равшангар аст,
Лек ишқи безабон равшантар аст.
Чун қалам андар навиштан мешитофт,
Чун ба ишқ омад, қалам бар худ шикофт.
Ақл дар шарҳаш чу хар дар гил бихуфт,
Шарҳи ишқу ошиқӣ ҳам ишқ гуфт.
Офтоб омад далели офтоб,
Гар далелат бояд, аз вай рӯ матоб.
Аз вай ар соя нишоне медиҳад,
Шамс ҳар дам нури ҷоне медиҳад.
Соя хоб орад туро ҳамчун самар,
Чун барояд шамс, иншаққа-л-қамар.
Худ ғарибе дар ҷаҳон чун Шамс нест,
Шамси ҷон боқист, ӯро амс нест.
Шамс дар хориҷ агарчи ҳаст фард,
Метавон ҳам мисли ӯ тасвир кард.
Лек шамсе, ки аз ӯ шуд, ҳаст асир,
Набвадаш дар зеҳну дар хориҷ назир.
Дар тасаввур зоти ӯро гунҷ ку?
То дарояд дар тасаввур мисли ӯ.
Чун ҳадиси рӯйи Шамсуддин расид,
Шамси чорум осмон сар даркашид.
Воҷиб ояд, чунки омад номи ӯ,
Шарҳ кардан рамзе аз инъоми ӯ.
Ин нафас, ҷон доманам бартофтаст,
Бӯйи пероҳони Юсуф ёфтаст,
К-аз барои ҳаққи сӯҳбат солҳо
Бозгӯ ҳоле аз он хушҳолҳо,
То замину осмон хандон шавад,
Ақлу рӯҳу дида садчандон шавад.
«Ло тукаллифни фаинни фи-л-фано,
Каллат афҳоми фало уҳси сано.
Куллу шайъин қолаҳу ғайру-л-муфиқ»,
Ин такаллаф ав тасаллаф, «ло йалиқ».
Ман чӣ гӯям – як рагам ҳушёр нест
Шарҳи он ёре, ки ӯро ёр нест.
Шарҳи ин ҳиҷрону ин хуни ҷигар
Ин замон бигзор то вақти дигар.
Қола: «Атъимни фаинни ҷоеъун
В-аътаҷил фа-л-вақту сайфун қотеъун».
Сӯфӣ ибну-л-вақт бошад, эй рафиқ!
Нест фардо гуфтан аз шарти тариқ.
Ту магар худ марди сӯфӣ нестӣ?
Ҳастро аз нася хезад нестӣ.
Гуфтамаш: «Пӯшида хуштар сирри ёр,
Худ ту дар зимни ҳикоят гӯш дор.
Хуштар он бошад, ки сирри дилбарон
Гуфта ояд дар ҳадиси дигарон».
Гуфт: «Макшуфу бараҳна гӯй ин,
Ошкоро беҳ, ки пинҳон зикри дин.
Парда бардору бараҳна гӯ, ки ман,
Менахусбам бо санам бо пераҳан».
Гуфтам: «Ар урён шавад ӯ дар аён,
На ту монӣ, на канорат, на миён.
Орзу мехоҳ, лек андоза хоҳ,
Барнатобад кӯҳро як барги коҳ.
Офтобе, к-аз вай ин олам фурӯхт,
Андаке гар пеш ояд, ҷумла сӯхт.
Фитнаву ошӯбу хунрезӣ маҷӯй,
Беш аз ин аз Шамси Табрезӣ магӯй.
Ин надорад охир, аз оғоз гӯй,
Рав, тамоми ин ҳикоят бозгӯй».

Хилват талабидани он валӣ аз подшоҳ ҷиҳати дарёфтани ранҷи канизак

Гуфт: «Эй шаҳ, хилвате кун хонаро,
Дур кун ҳам хешу ҳам бегонаро.
Кас надорад гӯш дар даҳлезҳо,
То бипурсам з-ин канизак чизҳо.
Хона холӣ монду як дайёр на,
Ҷуз табибу ҷуз ҳамон бемор на.
Нарм-нармак гуфт: «Шаҳри ту куҷост?
Ки илоҷи аҳли ҳар шаҳре ҷудост.
В-андар он шаҳр аз қаробат кистат?
Хешиву пайвастагӣ бо чистат?»
Даст бар набзаш ниҳоду як ба як
Бозмепурсид аз ҷаври фалак.
Чун касеро хор дар пояш ҷаҳад,
Пойи худро бар сари зону ниҳад.
В-аз сари сӯзан ҳамеҷӯяд сараш
В-ар наёбад, мекунад бо лаб тараш.
Хор дар по шуд чунин душворёб,
Хор дар дил чун бувад? Водеҳ ҷавоб.
Хори дилро гар бидидӣ ҳар хасе,
Даст кай будӣ ғамонро бар касе?
Кас ба зери думми хар хоре ниҳад,
Хар надонад дафъи он, бармеҷаҳад.
Барҷаҳад в-он хор мӯҳкамтар занад,
Оқиле бояд, ки хоре барканад.
Хар зи баҳри дафъи хор, аз сӯзу дард,
Ҷуфта меандохт, сад ҷо захм кард.
Он ҳакими хорчин устод буд,
Даст мезад, ҷо ба ҷо меозмуд.
З-он канизак бар тариқи достон
Бозмепурсид ҳоли дӯстон.
Бо ҳаким ӯ қиссаҳо мегуфт фош
Аз мақому хоҷагону шаҳру бош.
Сӯйи қисса гуфтанаш медошт гӯш,
Сӯйи набзу ҷастанаш медошт ҳуш.
То ки набз аз ном кай гардад ҷаҳон,
ӯ бувад мақсуди ҷонаш дар ҷаҳон.
Дӯстони шаҳри ӯро баршумурд,
Баъд аз он шаҳре дигарро ном бурд.
Гуфт: «Чун берун шудӣ аз шаҳри хеш,
Дар кадомин шаҳр будастӣ ту беш?»
Номи шаҳре гуфту з-он ҳам даргузашт,
Ранги рӯю набзи ӯ дигар нагашт.
Хоҷагону шаҳрҳоро як ба як
Бозгуфт, аз ҷою аз нону намак.
Шаҳр шаҳру хона хона қисса кард,
На рагаш ҷунбиду на рух гашт зард.
Набзи ӯ бар ҳоли худ буд бегазанд,
То бипурсид аз Самарқанди чу қанд.
Набз ҷасту рӯй сурху зард шуд,
К-аз самарқандии заргар фард шуд.
Чун зи ранҷур он ҳаким ин роз ёфт,
Асли он дарду балоро бозёфт.
Гуфт: «Кӯйи ӯ кадом аст дар гузар?»
ӯ Сари пул гуфту кӯйи Ғотифар.
Гуфт: «Донистам, ки ранҷат чист, зуд
Дар халосат сеҳрҳо хоҳам намуд.
Шод бошу фориғу омин, ки ман
Он кунам бо ту, ки борон бо чаман.
Ман ғами ту мехурам, ту ғам мах(в)ар,
Бар ту ман мушфиқтарам аз сад падар.
Ҳону ҳон! Ин розро бо кас магӯ,
Гарчи аз ту шаҳ кунад бас ҷустуҷӯ.
Гӯрхонай рози ту чун дил шавад,
Он муродат зудтар ҳосил шавад.
Гуфт пайғамбар, ки ҳар кӣ сир ниҳуфт,
Зуд гардад бо муроди хеш ҷуфт.
Дона чун андар замин пинҳон шавад,
Сирри ӯ сарсабзии бустон шавад.
Зарру нуқра гар набудандӣ ниҳон,
Парвариш кай ёфтандӣ зери кон?
Ваъдаҳову лутфҳои он ҳаким
Кард он ранҷурро эмин зи бим.
Ваъдаҳо бошад ҳақиқӣ, дилпазир,
Ваъдаҳо бошад маҷозӣ, тосагир.
Ваъдаи аҳли карам ганҷи равон,
Ваъдаи ноаҳл шуд ранҷи равон.

09

(Tashriflar: umumiy 58 337, bugungi 8)

14 izoh

  1. Худованд бар шумо баракот диҳад, ҳазор раҳмати Худой! Бисёр хуб мешуд ки китобе бо дараҷоти хуб дар плеймаркет месохтед, сипос гузорам

  2. Кайҳост, ки аз маводи сайти Шумо доир ба классикҳои тоҷику форс истифода мебарам. Аз машаққати сайтсозию сайтдорӣ, ки огаҳам, эҳсос мекунам ки ин чи гуна меҳнати пурмашаққат аст.
    Дасти Шумо дардро набинад!
    Тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ ва омал металабам!

  3. Худованд аз Шумо рози бошад хазорхо рахмати Худованд бар Шумо бод!

  4. Ассалому Алейкум ! Аз биродаро!
    Не буду мучать вас своим форси. Я из Бухары Узбекистан. Говорю на форси но не так как вы. Мне очень нравится форси , особенно оригинал произведения. Если у вас есть формат который можно скачать было бы отлично. Напишите мне если есть возможность скачать книгу. Благодарю за ваш труд. bukhara12mirjon@mail.ru

  5. Якҷаҳон ташаккур барои аз маъниҳои бардоштаи сайти Шумо.

  6. Ташакур ба он нафаронеки ин сайт ро сохтанд зинда бошед сарбаланд бошед хамеша

  7. Шу қисми такрор бӯлибди.
    Ошиқ шудани подшоҳ бар канизаки ранҷур ва тадбир кардан дар сиҳҳати ӯ

    Бишнавед, эй дӯстон, ин достон,
    Худ ҳақиқат нақди ҳоли мост он.
    Буд шоҳе дар замоне пеш аз ин,
    Мулки дунё будашу ҳам мулки дин.
    Иттифоқо, шоҳ рӯзе шуд савор,
    Бо хавоси хеш аз баҳри шикор.
    Як канизак дид шаҳ бар шоҳроҳ,
    Шуд ғуломи он канизак подшоҳ.
    Мурғи ҷонаш дар қафас чун метапид,
    Дод молу он канизакро харид.
    Чун харид ӯрову бархурдор шуд,
    Он канизак аз қазо бемор шуд.
    Он яке хар дошт, полонаш набуд,
    Ёфт полон, гург харро даррабуд.
    Кӯза будаш, об меномад ба даст
    Обро чун ёфт, худ кӯза шикаст.
    Шаҳ табибон ҷамъ кард аз чаппу рост
    Гуфт: «Ҷони ҳар ду дар дасти шумост».
    Ҷони ман саҳл аст, ҷони ҷонам ӯст,
    Дардманду хастаам, дармонам ӯст.
    Ҳар кӣ дармон кард мар ҷони маро,
    Бурд ганҷу дурру марҷони маро.
    Ҷумла гуфтандаш, ки ҷонбозӣ кунем
    Фаҳм гирд орему анбозӣ кунем,
    Ҳар яке аз мо Масеҳи оламест,
    Ҳар аламро дар кафи мо марҳамест».
    «Гар Худо хоҳад» нагуфтанд, аз батар,
    Пас Худо бинмудашон аҷзи башар.
    Тарки «истисно» муродам қасватест,
    На ҳамин гуфтан, ки ориз ҳолатест.
    Эй басо н-оварда «истисно» ба гуфт,
    Ҷони ӯ бо ҷони «истисно»-ст ҷуфт.
    Ҳар чӣ карданд аз илоҷу аз даво,
    Гашт ранҷ афзуну ҳоҷат нораво.
    Он канизак аз мараз чун мӯй шуд,
    Чашми шаҳ аз ашки хун чун ҷӯй шуд.
    Аз қазо сиркангубин сафро фузуд,
    Равғани бодом хушкӣ менамуд.
    Аз ҳалила қабз шуд, итлоқ рафт,
    Об оташро мадад шуд ҳамчу нафт.

Izoh qoldiring