Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ. Маснавӣ. Дафтари чаҳорум & Mavlono Rumiy. Masnaviy. To’rtinchi daftar

07    Ба ақидаи олимон чунин бармеояд, ки Мавлоно Балхӣ шаш дафтари «Маснавии Маънавӣ»-ро ба шаш пайғамбари мурсал ташбеҳ додааст. Одам (с), Нуҳ (н) Иброҳим (х) Мусо (к) Исо (р) Муҳаммад (с). …

rumiyМавлоно Ҷалолиддини Румӣ
МАСНАВЙ
Дафтари чаҳорум
067

Муқаддимаи дафтари чаҳорум

Бисми-л-лоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Аз-заъну-р-робиъ ило аҳсани-л-маробиъ ва аҷалли-л-манофиъ; тасурру қулубу-л-ъорифина би мутолаъатиҳи ка сурури-р-риёзи би-с-савби-л-ғамом ва унси-л-ъуюни би тиби-л-манон; фиҳи-ртиёҳу-л-арвоҳи ва шифоу-л-ашбоҳи; ва ҳува камо яштаҳиҳи-л-мухлисуна ва яҳвунаҳу; ва ятлубуҳу-с-соликуна ва ятаманнавнаҳу; ли-л-ъуюни қурратун ва ли-н-нуфуси масарратун; атябу-с-симори ли мани-ҷтано ва аҷаллу-л-муродоти ва-л-муно; мусилу-л-ъалили ило табибиҳи; ва ҳодӣ-л-муҳибби ило ҳабибиҳи; ва ҳува би ҳамди-л-Лоҳи мин аъзами-л-мавоҳиби; ва анфусу-р-рағоиби; муҷаддиду ъаҳди-л-улфати; мусаҳҳилу ъусри асҳоби-л-кулфати; язиду-н-назару фиҳи асафан ли ман баъуда ва суруран ва шукран ли ман саъида; тазаммана садруҳу мо лам ятазамман судуру-л-ғониёти мина-л-ҳулали, ҷазоан ли аҳли-л-ъилми ва-л-ъамали; ва ҳува ка бадрин талаъа ва ҷаддин раҷаъа; зоидун ъало таъмили-л-омилина, роидун ли равди-л-ъомилина; ярфаъу-л-амала баъда-нхифозиҳи; ва ябсуту-р-раҷоа баъда-нқибозиҳи; ка шамсин ашрақат мин байни ғамомин тафаррақат; нурун ли асҳобино ва канзун ли аъқобино ва насъалу-л-Лоҳа-т-тавфиқа ли шукриҳи; фа инна-ш-шукра қайдун ли-л-ъатид ва сайдун ли-л-мазид ва ло якуну илло мо юрид.

Ва миммо шаҷонӣ аннанӣ кунту ноиман
Уъаллилу мин бардин би тиби-т-танассуми
Ило ан даъан варқоу фӣ ғусни айкатин
Туғарриду мабкоҳо би ҳусни-т-тараннуми
Фа лав қабла мабкоҳо бакайту сабобатан
Ли суъдо шафайту-н-нафса қабла-т-танаддуми
Валокин бакат қаблӣ фа ҳайяҷа лӣ-л-буко
Букоҳо фа қулту-л-фазлу ли-л-мутақаддими.

Раҳима-л-Лоҳу мутақаддимина ва-л-мутааххирина ва-л-мунҷизина ва-л-мутанаҷҷизина би фазлиҳи ва карамиҳи ва ҷазиҳи олоиҳи ва ниъамиҳи ва ҳува хайру масъулин ва акраму маъмулин. Ва-л-Лоҳу хайрун ҳофизан ва ҳува арҳаму-р-роҳимина ва хайру-л-муънисина ва хайру-л-ворисина ва хайру мухлифин розиқин ли-л-муънисина ва хайру-л-ворисина ва хайру мухлифин розиқин ли-л-ъобидина-з-зориъина-л-ҳорисина; ва салла-л-Лоҳу ъало Муҳаммадин ва олиҳи-л-акрамина ва ъало ҷамиъи-л-анбиёи ва-л-мурсалина. Омин ё рабба-л-ъоламин.

Тарҷумаи муқаддимаи дафтари чаҳорум

Ин дафтар чаҳорумин сафар ба сӯйи беҳтарин манзилгоҳҳо ва бартарин фоидаҳост. Дилҳои огоҳон аз хонданаш шод мешавад, ҳамчун шодии боғҳо аз овози абрҳо ва ҳамчун унси чашмҳо ба покии хоб. Дар он нишоти рӯҳҳо ва дармони ҷисмҳост ва чунон аст, ки покдилон бад-он майлу ҳаво доранд ва раҳравон онро меҷӯянд ва орзу мекунанд. Барои чашмҳо оромиш ва таскин аст ва барои равонҳо шодӣ. Покизатарини меваҳост барои касе, ки бичинад ва дар он бузургтарин орзуҳо ва хостҳоро метавон ёфт. Беморро ба дармонгари дардҳояш мерасонад ва ошиқро ба маҳбубаш роҳ менамояд ва ситойиш Худойро, ки ин худ аз бузургтарин мавҳибатҳо ва гаронбаҳотарин ҳадяҳост. Ин китоб навкунандаи паймони муҳаббат ва осонкунандаи душвории гирифторон аст. Нигаристан дар он барои онҳо, ки аз роҳи Ҳақ дуранд, ғамафзост ва барои онҳо, ки саодати роҳи Ҳақро ёфтаанд, шодиву шукргузоришонро меафзояд. Дар синаи ин китоб гавҳарҳоест, ки бар синаҳои занони хушовоз наметавон дид, подошест барои онҳо, ки дониши илоҳӣ доранд ва дар кори Худоянд ва ҳамчун моҳи тамомест баромада ва чун бахте, ки бозомада. Бар умеду орзумандии Ҳақҷӯён меафзояд ва дар онҳо, ки аҳли амал дар роҳи Ҳаққанд, ҷӯёӣ ва талабро бештар мекунад. Ҳангоме, ки ҷӯёии банда фурӯкаш кунад, онро бармекашад ва агар умеди ӯ дучори тангиву дарҳамрафтагӣ шавад, онро мегушояд, монанди хуршеде, ки чун абрҳо пароканда шаванд, аз миёни онҳо медурахшад. Нурест барои ёрони мо ва ганҷест барои ояндагон ва фарзандони мо ва аз Худо металабем, ки моро ба шукри он тавфиқ диҳад ва ростӣ шукр, он чиро ба даст омада, чун қайд нигаҳ медорад ва мӯҷиби афзунии он мешавад ва он ҳам ҷуз он ки Парвардигор ирода мекунад, нахоҳад буд.

Ва аз ҳамаи он чӣ маро ошиқу шайдо кард, яке ин буд, ки дар хоб будам ва сардии вазиши покизаи насим маро аз ғам бадар овард, он гоҳ кабӯтаре аз миёни шохаҳои анбӯҳ овоз дод, ки нолаи худро бо таҳрире хушоянд қу-қу мекард ва агар пеш аз гиристани ӯ ман аз шӯри ишқи «суъдӣ» мегиристам, рӯҳи худро пеш аз он ки пушаймон шавам, дармон мекардам, аммо ӯ пеш аз ман шеван кард ва шеванаш маро ҳам ба нолидан барангехт, пас гуфтам, ки бартарӣ аз он касест, ки пештар даст ба ин кор задааст. Парвардигор ба онҳо, ки даргузаштаанд ва онҳо, ки дар ин рӯзгоранд ва онҳо, ки паймони Худоро вафо кардаанд ва онҳо, ки дар роҳи он ҳастанд, раҳмат кунад, ба фазлу карами худ ва ба алтофу неъматҳояш ва ӯ беҳтарин касест, ки аз ӯ метавон талаб кард ва бузургвортарин касест, ки орзуро ба ӯ метавон гуфт «ва Парвардигор беҳтарин нигаҳбон аст ва нармдилтарин раҳматкунандагон» ва беҳтарин дӯстон аст ва беҳтарин бозмондагон аст ва ӯ беҳтарин ҷойгузиникунанда аст, рӯзидиҳандаи бандагонест, ки барои охират киштукор мекунанд ва дуруди Худо бар сарвари мо Муҳаммад ва хонадони бузургвораш ва бар ҳамаи паёмбарон ва фиристодагон. Бипазир, эй Парвардигори ҷаҳониён!

Эй Зиёулҳақ Ҳусомуддин, туӣ
Ки гузашт аз маҳ ба нурат маснавӣ.
Ҳиммати олии ту, эй муртаҷо,
Мекашад инро, Худо донад куҷо.
Гардани ин маснавиро бастаӣ,
Мекашӣ он сӯй, ки донистаӣ.
Маснавипӯён кашанда нопадид,
Нопадид аз ҷоҳиле, к-иш нест дид.
Маснавиро чун ту мабдаъ будаӣ,
Гар фузун гардад, туаш афзудаӣ.
Чун чунин хоҳӣ, Худо хоҳад чунин,
Медиҳад Ҳақ орзуи муттақин.
«Кона лиллаҳ» будаӣ дар момазо,
То ки «коналлоҳ» пеш омад ҷазо.
Маснавӣ аз ту ҳазорон шукр дошт,
Дар дуъову шукр кафҳо барфарошт.
Дар лабу каффаш Худо шукри ту дид,
Фазл карду лутф фармуду мазид.
З-он ки шокирро зиёдат ваъда аст,
Ончунон ки қурб музди саҷда аст.
Гуфт: «в-асҷуд в-ақтариб» Яздони мо,
Қурби ҷон шуд саҷдаи абдони мо.
Гар зиёдат мешавад з-ин рӯ бувад,
Н-аз барои бавшу ҳою ҳу бувад.
Бо ту мо, чун зар ба тобистон х(в)ашем,
Ҳукм дорӣ, ҳин бикаш, то мекашем.
Хуш бикаш ин корвонро то ба ҳаҷ,
Эй амири «сабру мифтоҳу-л-фараҷ».
Ҳаҷ зиёрат кардани хона бувад,
Ҳаҷҷи раббулбайт мардона бувад.
З-он «зиё» гуфтам Ҳусомуддин, туро,
Ки ту хуршедиву ин ду васфҳо,
К-ин ҳусому ин зиё яккест, ҳин,
Теғи хуршед аз зиё бошад яқин.
Нур аз они моҳ бошад в-ин зиё
Они хуршед, ин фурӯ хон аз нубо.
Шамсро Қуръон зиё хонд, эй падар
В-он қамарро нур хонд, инро нигар.
Шамс чун олитар омад худ зи моҳ,
Пас зиё аз нур афзун дон ба ҷоҳ.
Бас кас андар нури маҳ манҳаҷ надид,
Чун баромад офтоб, он шуд падид.
Офтоб аъвозро комил намуд,
Лоҷарам бозорҳо дар рӯз буд.
То ки қалбу нақд нек ояд падид,
То бувад аз ғабну аз ҳила баъид.
То ки нураш комил омад дар замин,
Тоҷиронро «раҳматан лил-оламин».
Лек бар қаллоб мабғуз асту сахт,
З-он к-аз ӯ шуд косид ӯро нақду рахт.
Пас адувви ҷони сарроф аст қалб,
Душмани дарвеш кӣ бвад ғайри калб?
Анбиё бо душманон барметананд,
Пас малойик «рабби саллим» мезананд.
К-ин чароғеро, ки ҳаст ӯ нури кор,
Аз пуфу дамҳои дуздон дур дор.
Дузду қаллоб аст хасми нур бас,
З-ин ду, эй фарёдрас, фарёд рас!
Равшанӣ бар дафтари чорум бирез,
К-офтоб аз чархи чорум карда хез.
Ҳин, зи чорум нур деҳ хуршедвор,
То битобад бар билоду бар диёр.
Ҳар, к-иш афсона бихонд, афсона аст
В-он ки дидаш нақд, худ мардона аст.
Оби Нил асту ба қибтӣ хун намуд,
Қавми Мӯсоро на хун буд, об буд.
Душмани ин ҳарф ин дам дар назар
Шуд мумассал сарнигун андар сақар.
Эй Зиёулҳақ, ту дидӣ ҳоли ӯ,
Ҳақ намудат посухи афъоли ӯ.
Дидаи ғайбат чу ғайб аст устод,
Кам мабодо з-ин ҷаҳон ин диду дод.
Ин ҳикоятро, ки нақди вақти мост,
Гар тамомаш мекунӣ ин ҷо, равост.
Нокасонро тарк кун баҳри касон,
Қиссаро поён бару махлас расон.
Ин ҳикоят гар нашуд он ҷо тамом,
Чорумин ҷилд аст, ораш дар низом.

Тамомии ҳикояти он ошиқ, ки аз асас гурехт дар боғе маҷҳул, худ маъшуқро дар боғ ёфт ва асасро аз шодӣ дуъои хайр мекард ва мегуфт, ки «асо ан такраҳу шайъан ва ҳува хайрун лакум»

Андар он будем, к-он шахс аз асас
Ронд андар боғ аз хавфе фарас.
Буд андар боғ он соҳибҷамол,
К-аз ғамаш ин дар ано буд ҳашт сол.
Сояи ӯро набуд имкони дид,
Ҳамчу анқо васфи ӯро мешунид.
Ҷуз яке луқйа, ки аввал аз қазо
Бар вай афтоду шуд ӯро дилрабо.
Баъд аз он чандон ки мекӯшид ӯ,
Худ маҷолаш менадод он тундхӯ.
На ба лоба чора будаш, на ба мол,
Чашмпурру бетамаъ буд он ниҳол.
Ошиқи ҳар пешаеву матлабе,
Ҳақ биёлуд аввали кораш лабе.
Чун бад-он осеб дар ҷуст омаданд,
Пеши пошон мениҳад ҳар рӯз банд.
Чун дарафгандаш ба ҷустуҷӯйи кор,
Баъд аз он дар баст, ки кобин биёр!
Ҳам бар он бӯ метананду мераванд,
Ҳар даме роҷиву оис мешаванд.
Ҳар касеро ҳаст уммеди баре,
Ки гушодандаш дар он рӯзе даре.
Боз дар бастандашу он дарпараст
Бар ҳамон уммед оташпо шудаст.
Чун даромад хуш дар он боғ он ҷавон,
Худ фурӯ шуд по ба ганҷаш ногаҳон.
Мар асасро сохта Яздон сабаб,
То зи бими ӯ давад дар боғ шаб.
Бинад он маъшуқаро ӯ бо чароғ,
Толиби ангуштарӣ дар ҷӯйи боғ.
Пас қарин мекард аз завқ он нафас,
Бо санои Ҳақ дуъои он асас,
Ки зиён кардам асасро аз гурез,
Бист чандон симу зар бар вай бирез.
Аз авонӣ мар варо озод кун,
Ончунон ки шодам, ӯро шод кун.
Саъд дораш ин ҷаҳону он ҷаҳон,
Аз авониву сагияш вораҳон.
Гарчи хӯйи он авон ҳаст, эй Худо,
Ки ҳамора халқро хоҳад бало.
Гар хабар ояд, ки шаҳ ҷурме ниҳод,
Бар мусулмонон шавад ӯ зафту шод.
В-ар хабар ояд, ки шаҳ раҳмат намуд,
Аз мусулмонон фиганд онро ба худ.
Мотаме дар ҷони ӯ афтад аз он,
Сад чунин идборҳо дорад авон.
ӯ авонро дар дуъо дармекашид,
К-аз авон ӯро чунон роҳат расид.
Бар ҳама заҳру бар ӯ тарёқ буд,
Он авон пайванди он муштоқ буд.
Пас бади мутлақ набошад дар ҷаҳон,
Бад ба нисбат бошад, инро ҳам бидон.
Дар замона ҳеч заҳру қанд нест,
Ки якеро по, дигарро банд нест.
Мар якеро по, дигарро пойбанд,
Мар якеро заҳру бар дигар чу қанд.
Заҳри мор он морро бошад ҳаёт,
Нисбаташ бо одамӣ бошад мамот.
Халқи обиро бувад дарё чу боғ,
Халқи хокиро бувад он маргу доғ.
Ҳамчунин бармешумар, эй марди кор,
Нисбати ин аз яке кас то ҳазор.
Зайд андар ҳаққи он шайтон бувад,
Дар ҳақи шахсе дигар султон бувад.
Он бигӯяд: «Зайд сиддиқи санист»,
В-ин бигӯяд: «Зайд габри куштанист».
Зайд як зот аст, бар он як ҷунон,
ӯ бар ин дигар ҳама ранҷу зиён.
Гар ту хоҳӣ, к-ӯ туро бошад шакар,
Пас, варо аз чашми ушшоқаш нигар.
Мангар аз чашми худат он хубро,
Бин ба чашми толибон матлубро.
Чашми худ барбанд з-он хушчашм ту,
Орият кун чашм аз ушшоқи ӯ.
Бал к-аз ӯ кун орият чашму назар,
Пас зи чашми ӯ ба рӯйи ӯ нигар.
То шавӣ эмин зи сериву малол,
Гуфт: «Коналлоҳу лаҳ» з-ин зулҷалол.
Чашми ӯ ман бошаму дасту дилаш,
То раҳад аз мудбириҳо муқбилаш.
Ҳар чӣ макрӯҳ аст, чун шуд ӯ далел,
Сӯйи маҳбубат ҳабиб асту халил.

Ҳикояти он воиз, ки ҳар оғози тазкир дуъои золимону сахтдилон ва беэътиқодон кардӣ

Он яке воиз чу бар тахт омадӣ,
Қотеъони роҳро доъӣ шудӣ.
Даст бармедошт: «Ё раб, раҳм рон
Бар бадону муфсидону золимон.
Бар ҳама тасхуркунони аҳли хайр,
Бар ҳама кофирдилону аҳли дайр».
Менакардӣ ӯ дуъо бар асфиё,
Менакардӣ ҷуз хабисонро дуъо.
Мар варо гуфтанд, к-ин маъҳуд нест,
Даъвати аҳли залолат ҷуд нест.
Гуфт: «Некӯйӣ аз инҳо дидаам,
Ман дуъошон з-ин сабаб бигзидаам.
Хубсу зулму ҷавр чандон сохтанд,
Ки маро аз шар ба хайр андохтанд.
Ҳар гаҳе, ки рӯ ба дунё кардаме,
Ман аз эшон захму зарбат х(в)ардаме.
Кардаме аз захм он ҷониб паноҳ,
Боз овардандаме гургон ба роҳ,
Чун сабабсози салоҳи ман шуданд,
Пас дуъошон бар ман аст, эй ҳушманд».
Банда менолад ба Ҳаққ аз дарду неш,
Сад шикоят мекунад аз ранҷи хеш.
Ҳақ ҳамегӯяд, ки охир ранҷу дард
Мар туро лобакунону рост кард.
Ин гила з-он неъмате кун, к-ит занад,
Аз дари мо дуру матрудат кунад.
Дар ҳақиқат ҳар адӯ доруйи туст,
Кимиёву нофеъу дилҷӯйи туст.
Ки аз ӯ андаргурезӣ дар хало,
Истиъонат ҷӯйӣ аз лутфи Худо.
Дар ҳақиқат дӯстонат душмананд,
Ки зи ҳазрат дуру машғулат кунанд.
Ҳаст ҳайвоне, ки номаш ушғур аст,
ӯ ба захми чӯб зафту ламтур аст.
То ки чӯбаш мезанӣ, беҳ мешавад,
ӯ зи захми чӯб фарбеҳ мешавад.
Нафси мӯъмин ушғуре омад яқин,
К-ӯ ба захми ранҷ зафт асту самин.
З-ин сабаб бар анбиё ранҷу шикаст
Аз ҳама халқи ҷаҳон афзунтар аст.
То зи ҷонҳо ҷонашон шуд зафттар,
Ки надиданд он бало қавми дигар.
Пӯст аз дору балокаш мешавад,
Чун адими тоифӣ х(в)аш мешавад.
В-арна талху тез молидӣ дар ӯ,
Ганда гаштӣ, нохушу нопокбӯ.
Одамиро пӯсти номадбуғ дон,
Аз рутубатҳо шуда зишту гарон.
Талху тезу молиши бисёр деҳ,
То шавад поку латифу бофареҳ.
В-ар наметонӣ ризо деҳ, эй аёр,
Гар Худо ранҷат диҳад беихтиёр,
Ки балои дӯст татҳири шумост,
Илми ӯ болои тадбири шумост.
Чун сафо бинад, бало ширин шавад,
Хуш шавад дору, чу сиҳҳатбин шавад.
Бурд бинад хешро дар айни мот,
Пас бигӯяд: «Уқтулунӣ ё сиқот».
Ин авон дар ҳаққи ғайре суд шуд,
Лек андар ҳаққи худ мардуд шуд.
Раҳми имонӣ аз ӯ бибрида шуд,
Кини шайтонӣ бар ӯ печида шуд.
Коргоҳи хашм гашту кинварӣ,
Кина дон асли залолу кофирӣ.

Суол кардан аз Исо алайҳиссалом, ки дар вуҷуд аз ҳамаи саъбҳо саъбтар чист?

Гуфт Исоро яке ҳушёрсар:
«Чист дар ҳастӣ зи ҷумла саъбтар?»
Гуфт: «Эй ҷон, саъбтар хашми Худо,
Ки аз он дӯзах ҳамеларзад чу мо».
Гуфт: «Аз ин хашми Худо чӣ бвад амон?»
Гуфт: «Тарки хашми хеш андар замон».
Пас авон, ки маъдани ин хашм гашт,
Хашми зишташ аз сабуъ ҳам даргузашт.
Чӣ умедасташ ба раҳмат? Ҷуз магар
Боз гардад з-он сифат он беҳунар.
Гарчи оламро аз эшон чора нест,
Ин сухан андар залол афганданист.
Чора набвад ҳам ҷаҳонро аз чамин,
Лек набвад он чамин моъи маъин.

Қасди хиёнат кардани ошиқ ва бонг барзадани маъшуқ бар вай

Чунки танҳояш бидид он содамард,
Зуд ӯ қасди канору бӯса кард.
Бонг бар вай зад ба ҳайбат он нигор,
Ки марав густох, адабро ҳуш дор.
Гуфт: «Охир хилват асту халқ не,
Об ҳозир, ташнаи ҳамчун мане.
Кас намеҷунбад дар ин ҷо ҷуз ки бод,
Кист ҳозир? Кист монеъ з-ин гушод?»
Гуфт: «Эй шайдо! Ту аблаҳ будаӣ,
Аблаҳӣ в-аз оқилон нашнудаӣ.
Бодро дидӣ, ки меҷунбад, бидон,
Бодҷунбонест ин ҷо бодрон.
Мирваҳай тасрифи сунъи Эзадаш
Зад бар ин боду ҳамеҷунбонадаш.
Ҷузви боде, к-ӯ ба ҳукми мо дар аст,
Бодбезан, то наҷубнонӣ, наҷаст.
Ҷунбиши ин ҷузви бод, эй содамард,
Бе туву бе бодбезан сар накард.
Ҷунбиши боди нафас, к-андар лаб аст,
Тобеъи тасрифи ҷону қолаб аст.
Гоҳ дамро мадҳу пайғоме кунӣ,
Гоҳ дамро ҳаҷву дашноме кунӣ.
Пас бидон аҳволи дигар бодҳо,
Ки зи ҷузве кулл мебинад нуҳо.
Бодро Ҳақ гаҳ баҳорӣ мекунад,
Дар дайаш з-ин лутф орӣ мекунад.
Бар гурӯҳи Од сарсар мекунад,
Боз бар Ҳудаш муаттар мекунад.
Мекунад як бодро заҳри самум,
Мар саборо мекунад хуррамқудум.
Боди дамро бар ту бинҳод ӯ асос,
То кунӣ ҳар бодро бар вай қиёс.
Дам намегардад сухан белутфу қаҳр,
Бар гурӯҳе шаҳду бар қавмест заҳр.
Мирваҳай ҷунбон пайи инъоми кас
В-аз барои қаҳри ҳар пашша-в магас.
Мирваҳай тақдири раббонӣ чаро,
Пур набошад з-имтиҳону ибтило?
Чунки ҷузви боди дам ё мирваҳа
Нест илло мафсада ё маслаҳа.
Ин шамолу ин сабову ин дабур
Кай бувад аз лутфу аз инъом дур?
Як кафи гандум зи анборе бибин,
Фаҳм кун, к-он ҷумла бошад ҳамчунин.
Кулли бод аз бурҷи боди осмон
Кай ҷаҳад бар мирваҳай он бодрон?
Бар сари хирман ба вақти интиқод,
На ки фаллоҳон зи Ҳақ ҷӯянд бод?
То ҷудо гардад зи гандум коҳҳо,
То ба анборе равад ё чоҳҳо.
Чун бимонад дер он боди вазон,
Ҷумларо бинӣ ба Ҳақ лобакунон.
Ҳамчунин дар талқ он боди валод,
Гар наёяд, бонги дард ояд, ки дод!
Гар намедонанд, к-иш ронанда ӯст,
Бодро пас кардани зорӣ чӣ хӯст?
Аҳли киштӣ ҳамчунин ҷӯёйи бод,
Ҷумла хоҳонаш аз он раббу-л-ибод.
Ҳамчунин дар дарди дандонҳо зи бод,
Дафъ мехоҳӣ ба сӯзу эътиқод.
Аз Худо лобакунон он ҷундиён
Ки бидеҳ боди зафар, эй комрон!
Руқъаи таъвиз мехоҳанд низ,
Дар шиканҷай талқи зан аз ҳар азиз.
Пас ҳама донистаанд онро яқин,
Ки фиристад бод раббулоламин.
Пас яқин дар ақли ҳар донанда ҳаст,
Ин ки бо ҷунбанда ҷунбонанда ҳаст.
Гар ту ӯро менабинӣ дар назар,
Фаҳм кун онро ба изҳори асар.
Тан ба ҷон ҷунбад намебинӣ ту ҷон,
Лек аз ҷунбидани тан, ҷон бидон».
Гуфт ӯ: «Гар аблаҳам ман дар адаб,
Зиракам андар вафову дар талаб».
Гуфт: «Адаб ин буд худ, ки дида шуд,
Он дигарро худ ҳамедонӣ ту луд».

Қиссаи он сӯфӣ, ки зани хуро бо бегона бигирифт

Сӯфие омад ба сӯйи хона рӯз,
Хона якдар буду зан бо кафшдӯз.
Ҷуфт гашта бо раҳии хеш зан
Андар он як ҳуҷра аз васвоси тан.
Чун бизад сӯфӣ ба ҷид дар чоштгоҳ,
Ҳар ду дармонданд, на ҳилат, на роҳ.
Ҳеч маъҳудаш набуд, к-ӯ он замон
Сӯйи хона бозгардад аз дукон.
Қосидан он рӯз бевақт он марӯъ,
Аз хаёле кард то хона руҷӯъ.
Эътимоди зан бар он, к-ӯ ҳеч бор
Ин замон фохона н-омад ӯ зи кор.
Он қиёсаш рост н-омад аз қазо,
Гарчи саттор аст, ҳам бидҳад сазо.
Чунки бад кардӣ, битарс, омин мабош,
З-он ки тухм асту бирӯёнад Худош.
Чанд гоҳе ӯ бипӯшонад, ки то
Оядат з-он бад пушаймону ҳаё.
Аҳди Уммар, он амири мӯъминон
Дод дуздеро ба ҷаллоду авон.
Бонг зад он дузд, к-эй мири диёр,
Аввалин бор аст ҷурмам, зинҳор.
Гуфт Уммар ҳошалиллаҳ, ки Худо
Бори аввал қаҳр борад дар ҷазо.
Борҳо пӯшад пайи изҳори фазл,
Боз гирад аз пайи изҳори адл.
То ки ин ҳар ду сифат зоҳир шавад,
Он мубашшир гардад, ин мунзир шавад.
Борҳо зан низ ин бад карда буд,
Саҳл бигзашт ону саҳлаш менамуд.
Он намедонист ақли пойсуст,
Ки сабӯ доим зи ҷӯ н-ояд дуруст.
Ончунонаш танг овард он қазо,
Ки мунофиқро кунад марги фуҷо.
На тариқу на рафиқу на амон,
Даст карда он фаришта сӯйи ҷон.
Ончунон к-ин зан дар он ҳуҷрай ҷафо,
Хушк шуд ӯву ҳарифаш з-ибтило.
Гуфт сӯфӣ бо дили худ, к-эй ду габр,
Аз шумо кина кашам, лекин ба сабр.
Лек нодониста орам ин нафас,
То ки ҳар гӯше нанушад ин ҷарас.
Аз шумо пинҳон кашад кина муҳиққ
Андак-андак ҳамчу бемории диққ.
Марди диқ бошад чу ях ҳар лаҳза кам,
Лек пиндорад, ба ҳар дам беҳтарам.
Ҳамчу кафторе, ки мегирандаш, ӯ
Ғарраи он гуфт, к-ин гуфтор ку?
Ҳеч пинҳонхона он занро набуд,
Сумҷу даҳлезу раҳи боло набуд.
На танӯре, ки дар он пинҳон шавад,
Не ҷуволе, ки ҳиҷоби он шавад.
Ҳамчу арсай паҳни рӯйи растахез
На гаву на пушта, на ҷойи гурез.
Гуфт Яздон васфи ин ҷойи ҳараҷ:
Баҳри маҳшар «лотаро фиҳо иваҷ».

Маъшуқро зери чодар пинҳон кардан ҷиҳати талбис ва бегона гуфтани зан, ки «инна кайда кунна азимун»

Чодари худро бар ӯ афганд зуд,
Мардро зан сохту дарро баргушуд.
Зери чодар мард расвову аён,
Сахт пайдо чун шутур бар нардбон.
Аз тааҷҷуб гуфт сӯфӣ: «Чист ин?
Ҳаргиз инро ман надидам, кист ин?»
Гуфт: «Хотунест аз аъёни шаҳр,
Мар варо аз молу иқбол аст баҳр.
Дар бибастам, то касе, бегонае
Дарнаёяд зуд нодононае».
Гуфт сӯфӣ: «Чисташ, ҳин, хидмате?
То барорам бесипосу миннате».
Гуфт: «Майлаш хешиву пайвастагист,
Нек хотунест, Ҳақ донад, ки кист.
Хост духтарро бибинад зердаст,
Иттифоқан духтар андар мактаб аст.
Боз гуфт: «Ар орд бошад ё субӯс,
Мекунам ӯро ба ҷону дил арӯс.
Як писар дорад, ки андар шаҳр нест,
Хубу зирак, чобуку максабкунест».
Гуфт сӯфӣ: «Мо фақиру зору кам,
Қавми хотун молдору мӯҳташам.
Кай бувад ин куфви эшон дар зивоҷ?
Як дар аз чӯбу даре дигар зи оҷ.
Куфв бояд ҳар ду ҷуфт андар никоҳ
В-арна танг ояд, намонад иртиёҳ».

Гуфтани зан, ки ӯ дар банди ҷиҳоз нест, муроди ӯ ситр салоҳ аст ва ҷавоб гуфтани сӯфӣ инро сарпӯшида

Гуфт: «Гуфтам ман чунин узреву ӯ
Гуфт: На! Ман нестам асбобҷӯ.
Мо зи молу зар малулу тухмаем,
Мо ба ҳирсу ҷамъ на чун омаем.
Қасди мо ситр асту покиву салоҳ,
Дар ду олам худ бад-он бошад фалоҳ».
Боз сӯфӣ узри дарвешӣ бигуфт
В-он мукаррар кард, то набвад ниҳуфт.
Гуфт зан: «Ман ҳам мукаррар кардаам,
Беҷиҳозиро муқаррар кардаам.
Эътиқоди ӯст росихтар зи кӯҳ,
Ки зи сад фақраш намеояд шикӯҳ.
ӯ ҳамегӯяд: «Муродам иффат аст,
Аз шумо мақсуд сидқу ҳиммат аст».
Гуфт сӯфӣ: «Худ ҷиҳозу моли мо
Диду мебинад ҳувайдову хафо.
Хонаи танге, мақоми як тане,
Ки дар ӯ пинҳон намонад сӯзане.
Боз ситру покиву зӯҳду салоҳ
ӯ зи мо беҳ донад андар интисоҳ.
Беҳ зи мо медонад ӯ аҳволи ситр
В-аз пасу пешу сару дунболи ситр.
Зоҳиран ӯ беҷиҳозу ходим аст
В-аз салоҳу ситр ӯ худ олим аст.
Шарҳи мастурӣ зи бобо шарт нест,
Чун бар ӯ пайдо чу рӯзи равшанест.
Ин ҳикоятро бад-он гуфтам, ки то
Лоф кам бофӣ, чу расво шуд хато.
Мар туро, эй ҳам ба даъвӣ мустазод,
Ин будастат иҷтиҳоду эътиқод.
Чун зани сӯфӣ ту хоин будаӣ,
Доми макр андар дағо бигшудаӣ,
Ки зи ҳар ношустарӯе, гапзане
Шарм дорӣ в-аз Худои хеш не.

Ғараз аз самеъ ва басир гуфтан Худоро

Аз пайи он гуфт Ҳақ худро басир,
Ки бувад диди вайат ҳар дам назир.
Аз пайи он гуфт Ҳақ худро самеъ,
То бибандӣ лаб зи гуфтори шанеъ.
Аз пайи он гуфт Ҳақ худро алим,
То наяндешӣ фасоде ту зи бим.
Нест инҳо бар Худо исми алам,
Ки сияҳ «кофур» дорад ном ҳам.
Исм муштаққ асту авсофи қадим,
На мисоли иллати уло, сақим.
В-арна тасхур бошаду танзу даҳо,
Каррро «сомеъ», зариронро «зиё».
Ё алам бошад «ҳайи» номи вақеҳ,
Ё сиёҳи зиштро номи «сабеҳ».
Тифлаки навзодаро «ҳоҷӣ» лақаб,
Ё лақаб «ғозӣ» ниҳӣ баҳри насаб.
Гар бигӯянд ин лақабҳо дар мадеҳ,
То надорад он сифат, набвад саҳеҳ.
Тасхуру танзе бувад он ё ҷунун,
Пок Ҳақ «ъаммо яқулу-з-золимун».
Ман ҳамедонистамат пеш аз висол,
Ки накӯрӯи валекин бадхисол.
Ман ҳамедонистамат пеш аз лиқо,
К-аз ситеза росихӣ андар шиқо.
Чунки чашмам сурх бошад дар амаш,
Донамаш з-он дард, гар кам бинамаш.
Ту маро чун барра дидӣ бешубон,
Ту гумон бурдӣ надорам посбон.
Ошиқон аз дард з-он нолидаанд,
Ки назар ноҷойгаҳ молидаанд.
Бешубон донистаанд он забйро,
Ройгон донистаанд он сабйро.
То зи ғамза тир омад бар ҷигар,
Ки манам ҳорис, газофа кам нигар.
Кай кам аз барра, кам аз бузғолаам,
Ки набошад ҳорис аз дунболаам.
Ҳорисе дорам, ки мулкаш месазад,
Донад ӯ боде, ки он бар ман вазад.
Сард буд он бод ё гарм, он алим,
Нест ғофил, нест ғоиб, эй сақим!
Нафси шаҳвонӣ зи Ҳақ карр асту кӯр,
Ман ба дил кӯрит медидам зи дур.
Ҳашт солат з-он напурсидам ба ҳеч,
Ки пурат дидам зи ҷаҳли печ-печ.
Худ чӣ пурсам он ки ӯ бошад ба тун,
Ки ту чунӣ? Чун бувад ӯ сарнигун.

Мисоли дунё чун гулхан ва тақво чун ҳаммом

Шаҳвати дунё мисоли гулхан аст,
Ки аз ӯ ҳаммоми тақво равшан аст.
Лек қисми муттақӣ з-ин тун сафост,
З-он ки дар гармоба асту дар нақост.
Ағниё монандаи саргинкашон
Баҳри оташ кардани гармобабон.
Андар эшон ҳирс бинҳода Худо,
То бувад гармоба гарму бонаво.
Тарки ин тун гӯю дар гармоба рон,
Тарки тунро айни он гармоба дон.
Ҳар кӣ дар тун аст, ӯ чун ходим аст,
Мар варо кӣ собир асту ҳозим аст.
Ҳар кӣ дар ҳаммом шуд, симои ӯ
Ҳаст пайдо бар рухи зебои ӯ.
Туниёнро низ симо ошкор
Аз либосу аз духону аз ғубор.
В-ар набинӣ рӯш, бӯяшро бигир,
Бӯ асо омад барои ҳар зарир.
В-ар надорӣ бӯ, дарораш дар сухун,
Аз ҳадиси нав бидон рози куҳун.
Пас бигӯяд туние соҳибзаҳаб:
«Бист салла чирк бурдам то ба шаб».
Ҳирси ту чун оташ аст андар ҷаҳон,
Боз карда ҳар забона сад даҳон.
Пеши ақл ин зар чу саргин нох(в)аш аст,
Гарчи чун саргин фурӯғи оташ аст.
Офтобе, ки дам аз оташ занад,
Чирки тарро лоиқи оташ кунад.
Офтоб он сангро ҳам кард зар,
То ба туни ҳирс афтад сад шарар.
Он ки гӯяд: «Мол гирд овардаам»,
Чист? Яъне: «Чирк чандин бурдаам».
Ин сухан гарчи ки расвоифизост,
Дар миёни туниён з-ин фахрҳост.
Ки ту шаш салла кашидӣ то ба шаб,
Ман кашидам бист салла бе караб.
Он ки дар тун зод, покиро надид,
Бӯйи мушк орад бар ӯ ранҷе падид.

Қиссаи он даббоғ, ки дар бозори атторон аз бӯйи атру мушк беҳушу ранҷур шуд

Он яке афтод беҳушу хамид,
Чунки дар бозори атторон расид.
Бӯйи атраш зад зи атторони род,
То бигардидаш сару бар ҷо фитод.
Ҳамчу мурдор уфтод ӯ бехабар
Нимрӯз, андар миёни раҳгузар.
Ҷамъ омад халқ бар вай он замон,
Ҷумлагон лоҳавлгӯ, дармонкунон.
Он яке каф бар дили ӯ мебиронд,
В-аз гулоб он дигаре бар вай фишонд.
ӯ намедонист, к-андар мартаъа
Аз гулоб омад варо он воқиъа.
Он яке дасташ ҳамемолиду сар
В-он дигар каҳгил ҳамеовард тар.
Он бухури уду шаккар зад ба ҳам
В-он дигар аз пӯшишаш мекард кам.
В-он дигар набзаш, ки то чун меҷаҳад
В-он дигар бӯй аз даҳонаш меситад.
То ки май хӯрдааст ё бангу ҳашиш?
Халқ дармонданд андар беҳушиш.
Пас хабар бурданд хешонро шитоб,
Ки фалон афтодааст он ҷо хароб.
Кас намедонад, ки чун масрӯъ гашт?
Ё чӣ шуд, к-ӯро фитод аз бом ташт?
Як бародар дошт он даббоғи зафт,
Гурбузу доно биёмад зуд тафт.
Андаке саргини саг дар остин,
Халқро бишкофт в-омад бо ҳанин.
Гуфт: «Ман ранҷаш ҳамедонам зи чист?»
Чун сабаб донӣ, даво кардан ҷалист.
Чун сабаб маълум набвад, мушкил аст,
Доруи ранҷу дар он сад маҳмил аст.
Чун бидонистӣ сабабро, саҳл шуд,
Дониши асбоб дафъи ҷаҳл шуд».
Гуфт бо худ: «Ҳасташ андар мағзу раг
Тӯйи бар тӯ бӯйи он саргини саг.
То миён андар ҳадас ӯ то ба шаб,
Ғарқи даббоғист ӯ рӯзиталаб.
Пас чунин гуфтаст Ҷолинуси меҳ,
Он чӣ одат дошт бемор, он-ш деҳ.
Гар хилофи одат аст он ранҷи ӯ,
Пас давои ранҷаш аз мӯътод ҷӯ,
Чун ҷуал гашта-ст аз саргинкашӣ,
Аз гулоб ояд ҷуалро беҳушӣ.
Ҳам аз он саргини саг доруи ӯст,
Ки бад-он ӯро ҳаме муътоду хӯст.
«Ал-хабисоту-л-хабисин»-ро бихон,
Рӯву пушти ин суханро боздон.
Носеҳон ӯро ба анбар ё гулоб
Ме-даво созанд баҳри фаҳти боб.
Мар хабисонро насозад таййибот,
Дархуру лоиқ набошад, эй сиқот!
Чун зи атри ваҳй каж гаштанду гум,
Буд фиғоншон, ки «татаййарно бикум».
Ранҷу беморист моро ин мақол,
Нест некӯ ваъзатон моро ба фол.
Гар биёғозед нусҳе ошкор,
Мо кунем он дам шуморо сангсор.
Мо ба лағву лаҳв фарбеҳ гаштаем,
Дар насиҳат хешро насриштаем.
Ҳаст қути мо дурӯғу лофу лоғ,
Шӯриши меъда-ст моро з-ин балоғ.
Ранҷро садтӯву афзун мекунед.
Ақлро дору ба афюн мекунед.

Муолиҷа кардани бародари даббоғ даббоғро ба хуфя ба бӯйи саргин

Халқро меронд аз вай он ҷавон,
То илоҷашро набинанд он касон.
Сар ба гӯшаш бурд ҳамчун розгӯ,
Пас ниҳод он чизро бар бинӣ ӯ.
К-ӯ ба каф саргини саг соида буд,
Доруи мағзи палид он дида буд.
Соате шуд, мард ҷунбидан гирифт,
Халқ гуфтанд, ин фусуне буд шигифт,
К-ин бихонд афсун, ба гӯши ӯ дамид,
Мурда буд, афсун ба фарёдаш расид.
Ҷунбиши аҳли фасод он сӯ бувад,
Ки зинову ғамзаву абрӯ бувад.
Ҳар киро мушки насиҳат суд нест,
Лоҷарам бо бӯйи бад хӯ карданист.
Мушриконро з-он наҷас хондаст Ҳақ,
К-андаруни пушк зоданд аз сабақ.
Кирм, к-ӯ зодаст дар саргин абад,
Менагардонад ба анбар хӯйи х(в)ад.
Чун назад бар вай нисори рашши нур,
ӯ ҳама ҷисм аст, бе дил чун қушур.
В-ар зи рашши нур Ҳақ қисмеш дод,
Ҳамчу расми Миср саргин мурғ зод.
Лек на мурғи хасиси хонагӣ,
Балки мурғи донишу фарзонагӣ.
Ту бад-он монӣ, к-аз он нури тиҳӣ,
З-он ки бинӣ бар палидӣ мениҳӣ.
Аз фироқат зард шуд рухсору рӯ,
Барги зардӣ, меваи нопухта ту.
Дег з-оташ шуд сиёҳу дудфом,
Гӯшт аз сахтӣ чунин мондаст хом.
Ҳашт солат ҷӯш додам дар фироқ,
Кам нашуд як зарра хомиту нифоқ.
Ғӯраи ту санг баста, к-аз сақом
Ғӯраҳо акнун мавизанду ту хом.

Узр хостани он ошиқ аз гуноҳи хеш ба талбису рӯйпӯш ва фаҳм кардани маъшуқ онро низ

Гуфт ошиқ: «Имтиҳон кардам, магир,
То бибинам ту ҳарифӣ ё сатир.
Ман ҳамедонистамат беимтиҳон,
Лек кай бошад хабар ҳамчун аён.
Офтобӣ, номи ту машҳуру фош,
Чӣ зиён аст, ар бикардам ибтилош.
Ту манӣ, ман хештанро имтиҳон
Мекунам ҳар рӯз дар суду зиён.
Анбиёро имтиҳон карда удот,
То шуда зоҳир аз эшон мӯъҷизот.
Имтиҳони чашми худ кардам ба нур,
Эй ки чашми бад зи чашмони ту дур.
Ин ҷаҳон ҳамчун хароб асту ту ганҷ,
Гар тафаҳҳус кардам аз ганҷат, маранҷ.
З-он чунин бехурдагӣ кардам газоф,
То занам бо душманон ҳар бор лоф.
То забонам чун туро номе ниҳад,
Чашм аз ин дида гувоҳиҳо диҳад.
Гар шудам дар роҳи ҳурмат роҳзан,
Омадам, эй маҳ! Ба шамшеру кафан.
Ҷуз ба дасти худ мабуррам пову сар,
Ки аз ин дастам, на аз дасти дигар.
Аз ҷудоӣ боз меронӣ сухун?
Ҳарчӣ хоҳӣ кун, валекин ин макун».
Дар суханобод ин дам роҳ шуд,
Гуфт имкон нест, чун бегоҳ шуд.
Пӯстҳо гуфтему мағз омад дафин,
Гар бимонем, ин намонад ҳамчунин.

Рад кардани маъшуқа узри ошиқро ва талбиси ӯро дар рӯйи ӯ молидан

Дар ҷавобаш баргушод он ёр лаб,
К-аз сӯйи мо рӯз, сӯйи туст шаб.
Ҳилаҳои тира андар доварӣ
Пеши биноён чаро меоварӣ?
Ҳар чӣ дар дил дорӣ аз макру румуз,
Пеши мо расвосту пайдо ҳамчу рӯз.
Гар бипӯшемаш зи бандапарварӣ,
Ту чаро берӯйӣ аз ҳад мебарӣ?
Аз падар омӯз, к-одам дар гуноҳ,
Хуш фуруд омад ба сӯйи пойгоҳ.
Чун бидид он олимуласрорро,
Бар ду по истод истиғфорро.
Бар сари хокистари андуҳ нишаст,
Аз баҳона шох то шохе наҷаст.
«Раббано инно заламно» гуфту бас,
Чунки ҷондорон бидид аз пешу пас.
Дид ҷондорони пинҳон ҳамчу ҷон,
Дурбоши ҳар яке то осмон,
Ки ҳало, пеши Сулаймон мӯр бош,
То бинашкофад туро ин дурбош.
Ҷуз мақоми ростӣ як дам маҳист,
Ҳеч лоло мардро чун чашм нест.
Кӯр агар аз панд полуда шавад,
Ҳар даме ӯ боз олуда шавад.
Одамо! Ту нестӣ кӯр аз назар,
Лек «изо ҷоъа-л-қазо ъамя-л-басар».
Умрҳо бояд ба нодир гоҳ-гоҳ,
То ки бино аз қазо афтад ба чоҳ.
Кӯрро худ ин қазо ҳамроҳи ӯст,
Ки мар ӯро уфтодан табъу хӯст.
Дар ҳадас афтад, надонад бӯй чист:
«Аз ман аст ин бӯй ё олудагист?»
В-ар касе бар вай кунад мушке нисор,
Ҳам зи худ донад, на аз эҳсони ёр.
Пас ду чашми равшан, эй соҳибназар,
Мар туро сад модар асту сад падар.
Хоса чашми дил, ки он ҳафтодтӯст
В-ин ду чашми ҳисс хӯшачини ӯст.
Эй дареғо! Раҳзанон биншастаанд,
Сад гираҳ зери забонам бастаанд.
Пойи баста чун равад хуш роҳвор?
Пас гарон бандест ин, маъзур дор!
Ин сухан ишкаста меояд, дило,
К-ин сухан дурр аст, ғайрат осиё.
Дурр агарчи хурду ишкаста шавад,
Тӯтиёи дидаи хаста шавад.
Эй дур! Аз ишкасти худ бар сар мазан,
К-аз шикастан равшанӣ хоҳӣ шудан.
Ҳамчунин ишкастабаста гуфтанист,
Ҳақ кунад охир дурусташ, к-ӯ ғанист.
Гандум ар бишкасту аз ҳам дарсукуст,
Бар дукон омад, ки нак нони дуруст.
Ту ҳам, эй ошиқ! Чу ҷурмат гашт фош,
Обу равған тарк кун, ишкаста бош.
Он ки фарзандони хоси одаманд,
Нафҳаи «инно заламно» медаманд.
Ҳоҷати худ арза кун, ҳуҷҷат магӯ
Ҳамчу Иблиси лаъини сахтрӯ.
Сахтрӯйӣ гар варо шуд айбпӯш,
Дар ситезу сахтрӯӣ рав, бикӯш.
Он Абӯҷаҳл аз паймбар мӯъҷизе
Хост, ҳамчун кинавар турки ғузе.
Лек он сиддиқи Ҳақ мӯъҷиз нахост,
Гуфт: «Ин рӯ худ нагӯяд ҷуз ки рост».
Кай расад ҳамчун туеро к-аз манӣ
Имтиҳони ҳамчу ман ёре кунӣ?

Гуфтани он ҷуҳуд Алиро, карраммаллоҳу ваҷҳаҳу, ки агар эътимод дорӣ бар ҳофизии Ҳақ, аз сари ин кӯшк худро дарандоз ва ҷавоб гуфтани амирулмӯъминин ӯро

Муртазоро гуфт рӯзе як ануд,
К-ӯ зи таъзими Худо огаҳ набуд.
Бар сари бомеву қасре бас баланд:
«Ҳифзи Ҳақро воқифӣ, эй ҳушманд?»
Гуфт: «Оре, ӯ ҳафиз асту ғанӣ
Ҳастии моро зи тифливу манӣ».
Гуфт: «Худро андарафган, ҳин, зи бом,
Эътимоде кун ба ҳифзи Ҳақ тамом.
То яқин гардад маро иқони ту
В-эътиқоди хуби бобурҳони ту».
Пас амираш гуфт: «Хомӯш кун, бирав,
То нагардад ҷон-т з-ин ҷуръат гарав.
Кай расад мар бандаро, ки бо Худо
Озмоиш пеш орад з-ибтило?
Бандаро кай заҳра бошад, к-аз фузул
Имтиҳони Ҳақ кунад, эй гиҷи гӯл!
Он Худоро мерасад к-ӯ имтиҳон
Пеш орад ҳар даме бо бандагон.
То ба мо моро намояд ошкор,
Ки чӣ дорем аз ақида дар сирор.
Ҳеч Одам гуфт Ҳақро, ки туро
Имтиҳон кардам дар ин ҷурму хато.
То бибинам ғояти ҳилмат, шаҳо,
Аҳ, киро бошад маҷоли ин? Киро?
Ақли ту азбаски омад хирасар,
Ҳаст узрат аз гуноҳи ту батар.
Он ки ӯ афрошт сақфи осмон,
Ту чӣ донӣ кардан ӯро имтиҳон?
Эй надониста ту шарру хайрро,
Имтиҳон худро кун, он гаҳ ғайрро.
Имтиҳони худ чу кардӣ, эй фалон,
Фориғ ойӣ з-имтиҳони дигарон.
Чун бидонистӣ, ки шаккардонаӣ,
Пас бидонӣ, к-аҳли шаккархонаӣ.
Пас бидон, бе имтиҳоне, ки Илоҳ
Шаккаре нафристадат ноҷойгоҳ.
Ин бидон, бе имтиҳон аз илми шоҳ
Чун сарӣ, нафристадат дар пойгоҳ.
Ҳеч оқил афганад дурри самин,
Дар миёни мустароҳе пурчамин?
З-он ки гандумро ҳакими огаҳе
Ҳеч нафристад ба анбори каҳе.
Шайхро, ки пешвову раҳбар аст,
Гар муриде имтиҳон кард, ӯ хар аст.
Имтиҳонаш гар кунӣ дар роҳи дин,
Ҳам ту гардӣ мумтаҳан, эй беяқин!
Ҷуръату ҷаҳлат шавад урёну фош,
ӯ бараҳна кай шавад з-он ифтитош?
Гар биёяд зарра, санҷад кӯҳро,
Бардарад з-он кӯҳ тарозуш, эй фато!
К-аз қиёси худ тарозу метанад,
Марди Ҳақро дар тарозу мекунад.
Чун нагунҷад ӯ ба мизони хирад,
Пас тарозуи хирадро бардарад.
Имтиҳон ҳамчун тасарруф дон дар ӯ,
Ту тасарруф бар чунон шоҳе маҷӯ.
Чӣ тасарруф кард хоҳад нақшҳо
Бар чунон наққош баҳри ибтило?
Имтиҳоне гар бидонисту бидид,
Не ки ҳам наққош он бар вай кашид?
Чӣ қадар бошад худ ин сурат, ки ҳаст,
Пеш суратҳо, ки дар илми вай аст?
Васвасай ин имтиҳон, чун омадат,
Бахти бад дон, к-омаду гардан задат.
Чун чунин васвос дидӣ, зуд-зуд
Бо Худо гарду даро андар суҷуд.
Саҷдагаҳро тар кун аз ашки равон,
К-эй Худо! Ту вораҳонам з-ин гумон.
Он замон, к-ит имтиҳон матлуб шуд,
Масҷиди дини ту пурхарруб шуд.

Қиссаи масҷиди Ақсо ва Харруб ва азм кардани Довуд алайҳиссалом пеш аз Сулаймон алайҳиссалом бар бинои он масҷид

Чун даромад азми довудӣ ба танг,
Ки бисозад масҷиди Ақсо ба санг.
Ваҳй кардаш Ҳақ, ки тарки ин бихон,
Ки зи дастат барнаёяд ин макон.
Нест дар тақдири мо он ки ту ин
Масҷиди Ақсо барорӣ, эй гузин!
Гуфт: «Ҷурмам чист, эй донои роз,
Ки маро гӯйӣ, ки масҷидро масоз?
Гуфт: «Бе ҷурме ту хунҳо кардаӣ,
Хуни мазлумон ба гардан бурдаӣ.
Ки зи овози ту халқе бешумор
Ҷон бидоданду шуданд онро шикор.
Хун басе рафтаст бар овози ту,
Бар садои хуби ҷонпардози ту».
Гуфт: «Мағлуби ту будам, масти ту,
Дасти ман барбаста буд аз дасти ту.
На ки ҳар мағлуби шаҳ марҳум буд?
На ки «ғал-мағлубу ка-л-маъдум буд?»
Гуфт: «Ин мағлуб маъдумест, к-ӯ
Ҷуз ба нисбат нест маъдум, «айқину».
Инчунин маъдум, к-ӯ аз хеш рафт,
Беҳтарини ҳастҳо афтоду зафт.
ӯ ба нисбат бо сифоти Ҳақ фаност,
Дар ҳақиқат дар фано ӯро бақост.
Ҷумлаи арвоҳ дар тадбири ӯст,
Ҷумлаи ашбоҳ ҳам дар тири ӯст.
Он кӣ ӯ мағлуб андар лутфи мост,
Нест музтар, балки мухтори валост.
Мунтаҳои ихтиёр он аст х(в)ад,
Ки ихтиёраш гардад ин ҷо муфтақад.
Ихтиёреро набудӣ чошнӣ,
Гар нагаштӣ охир ӯ маҳв аз манӣ.
Дар ҷаҳон гар луқмаву гар шарбат аст,
Лаззати ӯ фаръи маҳви лаззат аст.
Гарчи аз лаззот бетаъсир шуд,
Лаззате буд ӯву лаззатгир шуд.

Шарҳи «иннама л-мӯъминуна ихватун ва-л-уламоу канафсин воҳидатин», хосса иттиҳоди Довуд ва Сулаймон ва соири анбиё алайҳимуссалом, ки агар яке аз эшонро мункир шавӣ, имон ба ҳеч набӣ дуруст набошад ва ин аломати иттиҳод аст, ки як хона аз ҳазорон хона вайрон кунӣ он ҳама вайрон шавад ва як девор қоим намонад, ки «ло туфарриқу байна аҳадин минҳум ва-л-оқилу якфиҳи-л-ишорату», ин худ аз ишорат гузашт

Гарчи барн-ояд ба ҷаҳду зӯри ту,
Лек масҷидро барорад пури ту.
Кардаи ӯ кардаи туст, эй ҳаким!
Мӯъминонро иттисоле дон қадим.
Мӯъминон маъдуд, лек имон яке,
Ҷисмашон маъдуд, лекин ҷон яке.
Ғайри фаҳму ҷон, ки дар гову хар аст,
Одамиро ақл ҷоне дигар аст.
Боз ғайри ҷону ақли одамӣ
Ҳаст ҷоне дар валии ондамӣ.
Ҷони ҳайвонӣ надорад иттиҳод,
Ту маҷӯ ин иттиҳод аз рӯҳи бод.
Гар хурад ин нон, нагардад сер он
В-ар кашад бор ин, нагардад ӯ гарон.
Балки ин шодӣ кунад аз марги ӯ,
Аз ҳасад мирад, чу бинад барги ӯ.
Ҷони гургону сагон ҳар як ҷудост,
Муттаҳид ҷонҳои шерони Худост.
Ҷамъ гуфтам ҷонҳошон ман ба исм,
К-он яке ҷон сад бувад нисбат ба ҷисм.
Ҳамчу он як нури хуршеди само,
Сад бувад нисбат ба саҳни хонаҳо.
Лек як бошад ҳама анворашон,
Чунки баргирӣ ту девор аз миён.
Чун намонад хонаҳоро қоида,
Мӯъминон монанд нафси воҳида.
Фарқу ишколот ояд з-ин мақол,
З-он ки набвад мисл, ин бошад мисол.
Фарқҳо беҳад бувад аз шахси шер
То ба шахси одамизоди далер.
Лек дар вақти мисол, эй хушназар,
Иттиҳод аз рӯйи ҷонбозӣ нигар,
К-он далер охир мисоли шер буд,
Нест мисли шер дар ҷумлай ҳудуд.
Муттаҳид нақше надорад ин саро,
То ки мисле вонамоям ман туро.
Ҳам мисоли ноқисе даст оварам,
То зи ҳайронӣ хирадро вохарам.
Шаб ба ҳар хона чароғе мениҳанд,
То ба нури он зи зулмат мераҳанд.
Он чароғ ин тан бувад, нураш чу ҷон,
Ҳаст мӯҳтоҷи қатилу ину он.
Он чароғи шашфатилай он ҳавос,
Ҷумлагӣ бар хобу хур дорад асос.
Бехуру бехоб назяд ним дам,
Бо хуру бо хоб назяд низ ҳам.
Бе фатилу равғанаш набвад бақо,
Бо фатилу равған, ӯ ҳам бевафо.
З-он ки нури иллатияш марг ҷуст,
Чун зияд? Ки рӯзи равшан марги ӯст.
Ҷумла ҳисҳои башар ҳам бебақост,
З-он ки пеши нури рӯзи ҳашр «ло»-ст.
Нури ҳиссу ҷони бобоёни мо
Нест куллӣ фониву «ло» чун гиё.
Лек монанди ситора-в моҳтоб
Ҷумла маҳванд аз шуоъи офтоб.
Ончунон ки сӯзу дарди захми кайк
Маҳв гардад, чун дарояд мор «илайк».
Ончунон ки уд андар об ҷаст,
То дар об аз захми занбӯрон бираст.
Мекунад занбӯр бар боло тавоф,
Чун барорад сар, надорандаш муоф.
Об зикри Ҳаққу занбӯр ин замон
Ҳаст ёди он фалона в-он фалон.
Дам ба хур дар оби зикру сабр кун,
То раҳӣ аз фикру васвоси куҳун.
Баъд аз он ту табъи он оби сафо
Худ бигирӣ ҷумлагӣ сар то ба по.
Ончунон к-аз об он занбӯри шар
Мегурезад, аз ту ҳам гирад ҳазар.
Баъд аз он хоҳӣ ту дур аз об бош,
Ки ба сир ҳамтабъи обӣ хоҷатош!
Бас касоне, к-аз ҷаҳон бигзаштаанд,
«Ло» наянду дар сифот оғуштаанд.
Дар сифоти Ҳақ сифоти ҷумлашон
Ҳамчу ахтар пеши он хур бенишон.
Гар зи Қуръон нақл хоҳӣ, эй ҳарун!
Хон «ҷамеъун ҳум ладайно муҳзарун».
«Мӯъзарун маъдум» набвад, нек бин,
То бақои рӯҳҳо донӣ яқин.
Рӯҳи маҳҷуб аз бақо бас дар азоб,
Рӯҳи восил дар бақо, пок аз ҳиҷоб.
З-ин чароғи ҳисси ҳайвон ал-мурод
Гуфтамат ҳон, то наҷӯйӣ иттиҳод.
Рӯҳи худро муттасил кун, эй фалон,
Зуд бо арвоҳи қудси соликон.
Сад чароғат ар муранд, ар бистанд,
Пас ҷудоанду ягона нестанд.
З-он ҳама ҷанганд ин асҳоби мо,
Ҷанг кас нашнид андар анбиё.
З-он ки нури анбиё хуршед буд,
Нури ҳисси мо чароғу шамъу дуд.
Як бимирад, як бимонад то ба рӯз,
Як бувад пажмурда, дигар бофурӯз.
Ҷони ҳайвонӣ бувад ҳайй аз ғизо,
Ҳам бимирад ӯ ба ҳар неку бадо.
Гар бимирад ин чароғу тай шавад,
Хонаи ҳамсоя музлам кай шавад?
Нури ин хона чу бе ин ҳам бапост,
Пас чароғи ҳисси ҳар хона ҷудост.
Ин мисоли ҷони ҳайвонӣ бувад,
На мисоли ҷони раббонӣ бувад.
Боз аз ҳиндуи шаб чун моҳ зод,
Дар сари ҳар равзане нуре фитод.
Нури он сад хонаро ту як шумар,
Ки намонад нури ин бе он дигар.
То бувад хуршеди тобон бар уфуқ
Ҳаст дар ҳар хона нури ӯ қунуқ.
Боз чун хуршеди ҷон офил шавад,
Нури ҷумла хонаҳо зоил шавад.
Ин мисоли нур омад, мисл не,
Мар туро ҳодӣ, адӯро раҳзане.
Бар мисоли анкабут он зиштхӯ
Пардаҳои гандаро барбофад ӯ.
Аз луоби хеш пардай нур кард,
Дидаи идроки худро кӯр кард.
Гардани асб ар бигирад, бархурад
В-ар бигирад пош, бистонад лагад.
Кам нишин бар асби тавсан белагом,
Ақлу динро пешво кун, вассалом.
Андар ин оҳанг мангар сусту паст,
К-андар ин раҳ сабру шиққи анфус аст.

Бақияи қиссаи бинои масҷиди Ақсо

Чун Сулаймон кард оғози бино,
Пок чун Каъба, ҳумоюн чун Мино.
Дар биноаш дида мешуд карру фар,
Не фусурда чун биноҳои дигар.
Дар бино ҳар санг, к-аз кӯҳ месукуст,
Фош «сарубӣ» ҳамегуфт аз нахуст.
Ҳамчу аз обу гили одамкада
Нур з-оҳакпораҳо тобон шуда.
Санг бе ҳаммол оянда шуда
В-он дару деворҳо зинда шуда.
Ҳақ ҳамегӯяд, ки девори биҳишт
Нест чун деворҳо беҷону зишт.
Чун дару девори тан бо огаҳист,
Зинда бошад хона, чун шоҳаншаҳест.
Ҳам дарахту мева, ҳам оби зулол,
Бо биҳиште дар ҳадису дар мақол.
З-он ки ҷаннатро на з-олат бастаанд,
Балки аз аъмолу нийят бастаанд.
Ин бино з-обу гили мурда будаст
В-он бино аз тоати зинда шудаст.
Ин ба асли хеш монад пурхалал
В-он ба асли худ, ки илм асту амал.
Ҳам сариру қасру ҳам тоҷу сиёб
Бо биҳиште дар суолу дар ҷавоб.
Фарш бефаррош печида шавад,
Хона бе микнос рӯбида шавад.
Хонаи дил бин, зи ғам жӯлида шуд,
Беканос аз тавбае рӯбида шуд.
Тахти ӯ сайёр, беҳаммол шуд,
Ҳалқаву дар мутрибу қаввол шуд.
Ҳаст дар дил зиндагӣ дорулхулуд,
Дар забонам чун намеояд, чӣ суд?
Чун Сулаймон даршудӣ ҳар бомдод
Масҷид- андар баҳри иршоди ибод,
Панд додӣ гаҳ ба гуфту лаҳну соз,
Гаҳ ба феъл, аънӣ рукӯъе ё намоз.
Панди феълӣ халқро ҷаззобтар,
Ки расад дар ҷони ҳар богӯшу кар.
Андар он ваҳми амирӣ кам бувад,
Дар ҳашам таъсири он муҳкам бувад.

Қиссаи оғози хилофати Усмон, разийаллоҳу анҳу ва хутбаи вай дар баёни он ки носеҳи фаъъол ба феъл беҳ аз носеҳи қаввол ба қавл

Қиссаи Усмон, ки бар минбар бирафт,
Чун халофат ёфт, биштобид тафт.
Минбари меҳтар, ки сепоя будаст,
Рафт Бӯбакру дувум поя нишаст.
Бар севум поя Умар дар даври хеш
Аз барои ҳурмати ислому кеш.
Даври Усмон омад ӯ болои тахт,
Бар шуду биншаст он маҳмудбахт.
Пас суолаш кард шахсе булфузул,
К-он ду наншастанд бар ҷойи расул.
Пас ту чун ҷустӣ аз эшон бартарӣ?
Чун ба рутбат ту зи эшон камтарӣ.
Гуфт: «Агар пояй севумро биспарам,
Ваҳм ояд, ки мисоли Уммарам.
Бар дувум поя шавам ман ҷойҷӯ,
Гӯӣ, Бӯбакр аст. Ин ҳам мисли ӯ.
Ҳаст ин поя мақоми Мустафо,
Ваҳми мисле нест бо он шаҳ маро».
Баъд аз он бар ҷойи хутба он вадуд
То ба қурби аср лаб хомӯш буд.
Заҳра на касро, ки гӯяд ҳин, бихон,
Ё бурун ояд зи масҷид он замон.
Ҳайбате биншаста буд бар хосу ом,
Пур шуда нури Худо он саҳну бом.
Ҳар кӣ бино, нозири нураш будӣ,
Кӯр з-он хуршед ҳам гарм омадӣ.
Пас зи гармӣ фаҳм кардӣ чашмкӯр,
Ки баромад офтобе бефутур.
Лек ин гармӣ гушояд дидаро,
То бибинад айни ҳар бишнидаро.
Гармияшро зуҷратеву ҳолате,
З-он табиш дилро гушоде, фусҳате.
Кӯр чун шуд гарм аз нури қидам,
Аз фараҳ гӯяд, ки ман бино шудам.
Сахт хуш мастӣ вале, эй булҳасан,
Порае роҳ аст то бино шудан.
Ин насиби кӯр бошад з-офтоб,
Сад чунин, «валлоҳу аълам би-с-савоб».
В-он ки ӯ он нурро бино бувад,
Шарҳи ӯ кай кори Бӯсино бувад?
В-ар шавад садтӯ, ки бошад ин забон,
Ки биҷунбонад ба каф пардай аён?
Вой бар вай, гар бисояд пардаро,
Теғи аллоҳӣ кунад дасташ ҷудо.
Даст чӣ бвад? Худ сарашро барканад,
Он саре, к-аз ҷаҳл сарҳо мекунад.
Ин ба тақдири сухан гуфтам туро
В-арна худ дасташ куҷову он куҷо?
Холаро хоя будӣ холу шудӣ,
Ин ба тақдир омадаст, ар ӯ будӣ.
Аз забон то чашм, к-ӯ пок аз шак аст,
Сад ҳазоронсола гӯям, андак аст.
Ҳин, машав навмед, нур аз осмон
Ҳақ чу хоҳад, мерасад дар як замон.
Сад асар дар конҳо аз ахтарон
Мерасонад қудраташ дар ҳар замон.
Ахтари гардун зуламро носих аст,
Ахтари Ҳақ дар сифоташ росих аст.
Чархи понсадсола роҳ, эй мустаъин,
Дар асар наздик омад бо замин.
Се ҳазорон солу понсад то Зуҳал
Дам ба дам хосияташ орад амал.
Дарҳамаш орад чу соя дар иёб,
Тӯли соя чист пеши офтоб?
В-аз нуфуси поки ахтарваш мадад
Сӯйи ахтарҳои гардун мерасад.
Зоҳири он ахтарон қаввоми мо,
Ботини мо гашта қаввоми само.

Дар баёни он ки ҳукамо гӯянд одамӣ олами суғрост ва ҳукамои илоҳӣ гӯянд, одамӣ олами куброст, зеро он илми ҳукамо бар сурати одамӣ мақсур бувад ва илми ин ҳукамо дар ҳақиқати ҳақиқати одамӣ мавсул бувад

Пас, ба сурат олами асғар туӣ,
Пас, ба маънӣ олами акбар туӣ.
Зоҳиран он шох асли мева аст,
Ботинан баҳри самар шуд шох ҳаст.
Гар набудӣ майлу уммеди самар,
Кай нишондӣ боғбон бехи шаҷар?
Пас ба маънӣ он шаҷар аз мева зод,
Гар ба сурат аз шаҷар будаш валод.
Мустафо з-ин гуфт, к-одам в-анбиё
Халфи ман бошанд дар зери ливо.
Баҳри ин фармудааст он зӯфунун,
Рамзи «наҳну-л-охируна-с-собиқун».
Гар ба сурат ман зи Одам зодаам,
Ман ба маънӣ ҷадди ҷадд афтодаам.
Гар барои ман будаш саҷдай малак
В-аз пайи ман рафт бар ҳафтум фалак.
Пас зи ман зойид дар маънӣ падар,
Пас зи мева зод дар маънӣ шаҷар.
Аввали фикр охир омад дар амал,
Хоса фикре, к-ӯ бувад васфи азал.
Ҳосил андар як замон аз осмон
Меравад, меояд эдар корвон.
Нест бар ин корвон ин раҳ дароз,
Кай мафоза зафт ояд бо муфоз?
Дил ба Каъба меравад дар ҳар замон,
Ҷисм табъи дил бигирад з-имтинон.
Ин дарозу кӯтаҳӣ мар ҷисмрост,
Чӣ дарозу кӯтаҳ он ҷо ки Худост?
Чун Худо мар ҷисмро табдил кард,
Рафтанаш бе фарсаху бе мил кард.
Сад умед аст ин замон, бардор гом,
Ошиқона, эй фато, «Халлилкалом».
Гарчи пилай чашм бар ҳам мезанӣ,
Дар сафина хуфтаӣ, раҳ мекунӣ.

Матни пурраи дафтари чаҳорум бихонед / Тўртинчи дафтарнинг тўлиқ матнини мутолаа қилинг

Мавлоно Румӣ. Маснавӣ. Дафтари 4

09

(Tashriflar: umumiy 132, bugungi 1)

Izoh qoldiring