Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ. Маснавӣ. Дафтари панҷум & Mavlono Rumiy. Masnaviy. Beshinchi daftar

07 «Маснавии Маънавӣ», ки аз шаш дафтар иборат буда бо чунин зайл тақсимот шудааст. Замин-Осмон, Шарқ-Ғарб, Шимолу-Ҷануб. Мазмун ва мундариҷаи «Маснавии Маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ ҳаёти фалсафӣ ва динӣ дар ислом аст. …

rumiyМавлоно Ҷалолиддини Румӣ
МАСНАВЙ
Дафтари панҷум
067

Муқаддимаи дафтари панҷум

Бисми-л-лоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

«Ва биҳи настаъину ва ъалайҳи натаваккалу ва ъиндаҳу мафотиҳу-л-қулуби ва саллаллоҳу ъала хайри халқиҳи Муҳаммадин ва олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин» Ин муҷаллади панҷум аст аз дафтарҳои «Маснавӣ» ва табёни маънавӣ, дар баёни он ки шариъат ҳамчу шамъ аст, раҳ менамояд ва бе он ки шамъ ба даст оварӣ, роҳ рафта нашавад ва чун дар роҳ омадӣ, он рафтани ту тариқат аст ва чун расидӣ ба мақсуд, он ҳақиқат аст ва ҷиҳати ин гуфтаанд, ки: «Лав заҳарати-л-ҳақойиқу баталати-ш-шаройиъу» ҳамчунон ки мис зар шавад ва ё худ аз асл зар бувад, ӯро на илми кимиё ҳоҷат аст, ки он шариат аст ва на худро дар кимиё молидан, ки он тариқат аст, чунонки гуфтаанд: «Талабу-д-далели баъда-л-вусули ила-л-мадлули мазмумун». Ҳосил он ки шариат ҳамчун илми кимиё омӯхтан аст аз устод ё аз китоб ва тариқат истеъмол кардани доруҳо ва мисро дар кимиё молидан аст ва ҳақиқат зар шудани мис. Кимиёдонон ба илми кимиё шоданд, ки мо илми ин медонем ва амалкунандагон ба амали кимиё шоданд, ки мо чунин корҳо мекунем ва ҳақиқатёфтагон ба ҳақиқат шоданд, ки мо зар шудем ва аз илму амали кимиё озод шудем, «утақоъиллоҳ»-ем. «Куллу ҳизбин бимо ладайҳим фариҳун». Ё мисоли шариат ҳамчу илми тиб омӯхтан аст ва тариқат парҳез кардан ба мӯҷиби тиб ва доруҳо хӯрдан ва ҳақиқат сиҳат ёфтани абадӣ ва аз он ҳар ду фориғ шудан. Чун одамӣ аз ин ҳаёт мирад, шариату тариқат аз ӯ мунқатеъ шавад ва ҳақиқат монад. Ҳақиқат агар дорад, наъра мезанад, ки: «Ё лайта қавми яъламуна бимо ғафара лӣ рабби» ва агар надорад наъра мезанад, ки: «Ё лайтанӣ лам увта китобия ва лам адри мо ҳисобияҳ. Ё лайтаҳо конати-л-қозията, мо ағно ъаннӣ молияҳ, ҳалака ъаннӣ султония». Шариат илм аст, тариқат амал аст, ҳақиқат «ал-вусул илаллоҳ». «Фаман кона йарҷу лиқоа раббиҳи фа-л-яъмал ъамалан солиҳан ва ло йушрик би ъибодати раббиҳи аҳадан ва саллаллоҳу ъала хайри халқиҳи Муҳаммадин ва олиҳи ва саҳбиҳи ва ъитратиҳи ва саллама таслиман».

Шаҳ Ҳусомуддин, ки нури анҷум аст,
Толиби оғози сифри панҷум аст.
Эй Зиёулҳақ Ҳусомуддини род,
Устодони сафоро устод.
Гар набудӣ халқ маҳҷубу касиф
В-ар набудӣ ҳалқҳо тангу заъиф,
Дар мадеҳат доди маънӣ додаме,
Ғайри ин мантиқ лабе бигшодаме.
Лек луқмай боз они саъва нест,
Чора акнун обу равған карданест.
Мадҳи ту ҳайф аст бо зиндониён,
Гӯям андар маҷмаъи рӯҳониён.
Шарҳи ту ғабн аст бо аҳли ҷаҳон,
Ҳамчу рози ишқ дорам дар ниҳон.
Мадҳ таъриф асту тахриқи ҳиҷоб,
Фориғ аст аз шарҳу таъриф офтоб.
Модиҳи хуршед маддоҳи х(в)ад аст,
Ки ду чашмам равшану номурмад аст.
Замми хуршеди ҷаҳон замми х(в)ад аст,
Ки ду чашмам кӯру торику бад аст.
Ту бибахшо бар касе, к-андар ҷаҳон
Шуд ҳасуди офтоби комрон.
Тонадаш пӯшид ҳеч аз дидаҳо?
В-аз тароват додани пӯсидаҳо.
Ё зи нури беҳадаш тонанд кост?
Ё ба дафъи ҷоҳи ӯ тонанд хост?
Ҳар касе, к-ӯ ҳосиди геҳон бувад,
Он ҳасад худ марги ҷовидон бувад.
Қадри ту бигзашт аз дарки уқул,
Ақл андар шарҳи ту шуд булфузул.
Гарчи оҷиз омад ин ақл аз баён,
Оҷизона ҷунбише бояд дар он.
«Инна шайъан куллуҳу ло юдраку,
Иъламу ан куллаҳу ло ютраку».
Гар натонӣ хӯрд тӯфони саҳоб,
Кай тавон кардан ба тарки хӯрди об.
Розро гар менаёрӣ дар миён,
Даркҳоро тоза кун аз қишри он.
Нутқҳо нисбат ба ту қишр аст, лек
Пеши дигар фаҳмҳо мағз аст нек.
Осмон нисбат ба арш омад фуруд
В-арна бас олист сӯйи хоктӯд.
Ман бигӯям васфи ту, то раҳ баранд,
Пеш аз он к-аз фавти он ҳасрат х(в)аранд.
Нури Ҳаққиву ба Ҳақ ҷаззоби ҷон,
Халқ дар зулмоти ваҳманду гумон.
Шарти таъзим аст, то ин нури х(в)аш
Гардад ин бедидагонро сурмакаш.
Нур ёбад мустаъидди тезкӯш,
К-ӯ набошад ошиқи зулмат чу муш.
Суст чашмоне, ки шаб ҷавлон кунанд,
Кай тавофи машъалай имон кунанд?
Нуктаҳои мушкили борик шуд
Банди табъе, ки зи дин торик шуд.
То баророяд ҳунарро тору пуд,
Чашм дар хуршед натвонад гушуд.
Ҳамчу нахле барнаёрад шохҳо,
Карда мушона замин сӯрохҳо.
Чор васф аст ин башарро, дилфишор,
Чормехи ақл гашта ин чаҳор.

Тафсири «хуз арбаъатан мина-т-тайри фасурҳунна илайк»

Ту халили вақтӣ, эй хуршедҳуш,
Ин чаҳор атёри раҳзанро бикуш.
З-он ки ҳар мурғе аз инҳо зоғваш,
Ҳаст ақли оқилонро дидакаш.
Чор васфи тан чу мурғони Халил,
Бисмили эшон диҳад ҷонро сабил.
Эй Халил, андар халоси неку бад
Сар бибуршон, то раҳад поҳо зи сад.
Кул туиву ҷумлагон аҷзои ту,
Баргушо, ки ҳаст пошон пои ту.
Аз ту олам рӯҳзоре мешавад,
Пушти сад лашкар саворе мешавад.
З-он ки ин тан шуд мақоми чор хӯ,
Номашон шуд чор мурғи фитнаҷӯ.
Халқро гар зиндагӣ хоҳӣ абад,
Сар бибур з-ин чор мурғи шуми бад.
Бозашон зинда кун аз навъе дигар,
Ки набошад баъд аз он з-эшон зарар.
Чор мурғи маънавии роҳзан
Кардаанд андар дили халқон ватан.
Чун амири ҷумла дилҳои савӣ
Андар ин давр, эй халифай Ҳақ тувӣ.
Сар бибур ин чор мурғи зиндаро,
Сармадӣ кун халқи нопояндаро.
Батту товус асту зоғ асту хурӯс,
Ин мисоли чор халқ андар нуфус.
Батт ҳирс асту хурӯс он шаҳват аст,
Ҷоҳ чун товусу зоғ умнийят аст.
Муняташ он ки бувад уммедсоз,
Томеъи таъбид ё умри дароз.
Батт ҳирс омад, ки нӯкаш дар замин
Дар тару дар хушк меҷӯяд дафин.
Як замон набвад муаттал он гулӯ,
Нашнавад аз ҳукм ҷуз амри «кулу».
Ҳамчу яғмочист, хона меканад,
Зуд-зуд анбони худ пур мекунад.
Андар анбон мефишорад неку бад,
Донаҳои дурру ҳабботи нух(в)ад.
То мабодо ёғие ояд дигар,
Мефишорад дар ҷувол ӯ хушку тар.
Вақт тангу фурсат андак, ӯ махуф,
Дар бағал зад ҳар чӣ зутар бевуқуф.
Эътимодаш нест бар султони хеш,
Ки наёрад ёғие омад ба пеш.
Лек мӯъмин з-эътимоди он ҳаёт
Мекунад ғорат ба маҳлу бо анот.
Омин аст аз фавту аз ёғӣ, ки ӯ
Мешиносад қаҳри шаҳро бар адӯ.
Эмин аст аз хоҷатошони дигар,
Ки биёяндаш музоҳим, сарфабар.
Адли шаҳро дид дар забти ҳашам,
Ки наёрад кард кас бар кас ситам.
Лоҷарам наштобаду сокин бувад,
Аз фавоти ҳаззи худ омин бувад.
Бас таъаннӣ дораду сабру шикеб,
Чашмсеру мӯъсир асту покҷеб.
К-ин тааннӣ партави раҳмон бувад,
В-он шитоб аз ҳаззаи шайтон бувад.
З-он ки шайтонаш битарсонад зи фақр,
Боргири сабрро бикшад ба ақр.
Аз нубӣ бишнав, ки шайтон дар ваъид
Мекунад таҳдидат аз фақри шадид.
То хурӣ зишту барӣ зишту шитоб,
Не мурувват, не тааннӣ, не савоб.
Лоҷарам кофир хурад дар ҳафт батн,
Дину дил борику лоғар, зафт батн.

Дар сабаби вуруди ин ҳадиси Мустафо, салавотуллоҳи алайҳ, ки «Ал-кофиру яъкулу фӣ сабъати амъои ва-л-мӯъмину яъкулу фӣ миъан воҳидан»

Кофирон меҳмони пайғамбар шуданд,
Вақти шом эшон ба масҷид омаданд,
К-омадем, эй шоҳ, мо ин ҷо қунуқ,
Эй ту меҳмондори суккони уфуқ.
Бенавоему расида мо зи дур,
Ҳин, бияфшон бар сари мо фазлу нур.
Рӯ ба ёрон кард он султони дод,
Дастгири ҷумла шоҳону ибод.
Гуфт: «Эй ёрони ман, қисмат кунед,
Ки шумо пур аз ману хӯйи манед.
Пур бувад аҷсоми ҳар лашкар зи шоҳ,
З-он занандӣ теғ бар аъдои ҷоҳ.
Ту ба хашми шаҳ занӣ он теғро
В-арна бар ихвон чӣ хашм ояд туро?
Бар бародар бе гуноҳе мезанӣ
Акси хашми шоҳ, гурзи даҳманӣ.
Шаҳ яке ҷон асту лашкар пур аз ӯ,
Рӯҳ чун об асту ин аҷсом ҷӯ.
Оби рӯҳи шоҳ агар ширин бувад,
Ҷумла ҷӯҳо пур зи оби хуш шавад.
Ки раъият дини шаҳ доранду бас,
Инчунин фармуд султони абас».
Ҳар яке ёре, яке меҳмон гузид,
Дар миён як зафт буду бенадид.
Ҷисми захмӣ дошт, кас ӯро набурд,
Монд дар масҷид, чу андар ҷом дурд.
Мустафо бурдаш, чу вомонд аз ҳама,
Ҳафт буз буд ширдеҳ андар рама.
Ки муқими хона будандӣ бузон
Баҳри дӯшидан барои вақти хон.
Нону ошу шири он ҳар ҳафт буз
Хӯрд он бӯқаҳти Авҷи ибни ғуз.
Ҷумла аҳли байт хашмолу шуданд,
Ки ҳама дар шири буз томеъ буданд.
Меъда таблихор ҳамчун табл кард,
Қисми ҳаждаҳ одамӣ танҳо бих(в)ард.
Вақти хуфтан рафту дар ҳуҷра нишаст,
Пас канизак аз ғазаб дарро бибаст.
Аз бурун занҷири дарро дарфиганд,
Ки аз ӯ буд хашмгину дардманд.
Габрро дар ними шаб ё субҳдам
Чун тақозо омаду дарди шикам,
Аз фароши хеш сӯйи дар шитофт,
Даст бар дар чун ниҳод ӯ, баста ёфт.
Дар гушодан ҳила кард он ҳиласоз
Навъ-навъу худ нашуд он банд боз.
Шуд тақозо бар тақозо, хона танг,
Монд ӯ ҳайрону бедармону данг.
Ҳила кард ӯву ба хоб — андар хазид,
Хештан дар хоб дар вайрона дид.
З-он ки вайрона буд андар хотираш,
Шуд ба хоб — андар ҳамон ҷо манзараш.
Хеш дар вайронаи холӣ чу дид,
ӯ чунон мӯҳтоҷ андар дам бурид.
Гашт бедору бидид он ҷомахоб
Пурҳадас, девона шуд аз изтироб.
З-андаруни ӯ баромад сад хурӯш
З-ин чунин расвоии бехокпӯш.
Гуфт: «Хобам бадтар аз бедориям,
Гуҳ хурам ин сӯву он сӯ мериям».
Бонг мезад: «Во субуро во субур»,
Ҳамчунон ки кофир андар қаъри гӯр.
Мунтазир, ки кай шавад ин шаб ба сар,
То барояд дар гушодан бонги дар.
То гурезад ӯ чу тире аз камон,
То набинад ҳеч кас ӯро чунон.
Қисса бисёр аст, кӯтаҳ мекунам,
Боз шуд он дар, раҳид аз дарду ғам.

Дари ҳуҷра гушодани Мустафо, алайҳиссалом, бар меҳмон ва худро пинҳон кардан, то ӯ хаёли гушояндаро набинад ва хиҷил нашавад ва густох берун равад

Мустафо субҳ омаду дарро гушод,
Субҳ он гумроҳро ӯ роҳ дод.
Дар гушоду гашт пинҳон Мустафо,
То нагардад шармсор он мубтало.
То бурун ояд, равад густох ӯ,
То набинад даргушоро пушту рӯ.
Ё ниҳон шуд дар паси чизеву ё
Аз вайаш пӯшид домони Худо.
«Сибғатуллаҳ» гоҳ пӯшида кунад,
Пардаи бечун бар он нозир танад.
То набинад хасмро паҳлӯи хеш,
Қудрати Яздон аз он беш аст, беш.
Мустафо медид аҳволи шабаш,
Лек монеъ буд фармони Рабаш.
То ки пеш аз хабт бигшояд раҳе,
То наяфтад з-он фазеҳат дар чаҳе.
Лек ҳикмат буду амри осмон,
То бибинад хештанро ӯ чунон.
Бас адоватҳо, ки он ёрӣ бувад,
Бас харобиҳо, ки меъморӣ бувад.
Ҷомахоби пурҳадасро як фузул
Қосидан овард дар пеши расул.
Ки чунин кардаст меҳмонат, бибин,
Хандае зад «раҳматан ли-л-оламин».
Ки биёр он митҳара ин ҷо ба пеш,
То бишӯям ҷумларо бо дасти хеш.
Ҳар касе меҷаст, к-аз баҳри Худо
Ҷони мову ҷисми мо қурбон туро.
Мо бишӯем ин ҳадасро, ту биҳил,
Кори даст аст ин намат, на кори дил.
Эй «лаъамрук» мар туро Ҳақ умр хонд,
Пас халифа карду бар курсӣ нишонд.
Мо барои хидмати ту мезием,
Чун ту хидмат мекунӣ, пас мо чием?
Гуфт: «Он донам, валек ин соатест,
Ки дар ин шустан ба хешам ҳикматест».
Мунтазир буданд, к-ин қавли набист,
То падид ояд, ки ин асрор чист?
ӯ ба ҷид мешуст он аҳдосро
Хос з-амри Ҳақ, на тақлиду риё.
Ки дилаш мегуфт, к-инро ту бишӯ,
Ки дар ин ҷо ҳаст ҳикмат тӯ ба тӯ.

Сабаби руҷӯъ кардани он меҳмон ба хонаи Мустафо алайҳиссалом дар он соат, ки Мустафо ниҳолини мулавваси ӯро ба дасти худ мешуст ва хиҷил шудани ӯ ва ҷома чок кардан ва навҳаи ӯ бар худ ва бар саодати худ

Кофиракро ҳайкале буд ёдгор,
Ёва дид онрову гашт ӯ беқарор.
Гуфт: «Он ҳуҷра, ки шаб ҷо доштам,
Ҳайкал он ҷо бехабар бигзоштам.
Гарчи шармин буд, шармаш ҳирс бурд,
Ҳирс аждарҳост, на чизест хурд.
Аз пайи ҳайкал шитоб андардавид,
Дар висоқи Мустафо в-онро бидид.
К-он ядуллаҳ он ҳадасро ҳам ба х(в)ад
Хуш ҳамешӯяд, ки дураш чашми бад.
Ҳайкалаш аз ёд рафту шуд падид
Андар ӯ шӯре гиребонро дарид.
Мезад ӯ ду дастро бар рӯву сар,
Калларо мекӯфт бар девору дар.
Ончунон ки хун зи биниву сараш
Шуд равону раҳм кард он меҳтараш.
Наъраҳо зад, халқ ҷамъ омад бар ӯ,
Габр гӯён: «Айюҳа-н-нос! Иҳзару».
Мезад ӯ бар сар, ки эй беақл сар!
Мезад ӯ бар сина, к-эй бенур бар!
Саҷда мекард ӯ, ки эй кулли замин,
Шармсор аст аз ту ин ҷузви маҳин.
Ту, ки куллӣ, хозеъи амри вайӣ,
Ман, ки ҷузвам, золиму зишту ғавӣ.
Ту, ки куллӣ, хору ларзонӣ зи Ҳақ,
Ман, ки ҷузвам, дар хилофу дар сабақ.
Ҳар замон мекард рӯ бар осмон,
Ки надорам рӯй, эй қиблай ҷаҳон!
Чун зи ҳад берун биларзиду тапид,
Мустафоаш дар канори худ кашид.
Сокинаш карду басе бинвохташ,
Дидааш бигшоду дод ишнохташ.
То нагиряд абр, кай хандад чаман?
То нагиряд тифл, кай ҷӯшад лабан?
Тифли якрӯза ҳамедонад тариқ,
Ки бигирям, то расад дояй шафиқ.
Ту намедонӣ, ки дояй доягон
Кам диҳад бе гиря шир ӯ ройгон?
Гуфт «фалябку касиран», гӯш дор,
То бирезад шири фазли кирдгор.
Гиряи абр асту сӯзи офтоб,
Устуни дунё, ҳамин ду риштатоб.
Гар набудӣ сӯзи меҳру ашки абр,
Кай шудӣ ҷисму араз зафту ситабр?
Кай будӣ маъмур ин ҳар чор фасл?
Гар набудӣ ин тафу ин гиря асл.
Сӯзи меҳру гиряи абри ҷаҳон
Чун ҳамедорад ҷаҳонро хушдаҳон.
Офтоби ақлро дар сӯз дор,
Чашмро чун абр ашкафрӯз дор.
Чашми гирён боядат, чун тифли хурд,
Кам хӯр он нонро, ки нон оби ту бурд.
Тан чу бо барг аст, рӯзу шаб аз он,
Шохи ҷон дар баргрез асту хазон.
Барги тан бебаргии ҷон аст, зуд
Ин бибояд костан, онро фузуд.
«Ақризуллаҳ», қарз деҳ з-ин барги тан,
То бирӯяд дар иваз дар дил чаман.
Қарз деҳ, кам кун аз ин луқмай танат,
То намояд ваҷҳи «ло айнун раъат».
Тан зи саргин хеш чун холӣ кунад,
Пур зи мушку дурри иҷлолӣ кунад.
Ин палидӣ бидҳаду покӣ барад,
Аз «ютаҳҳиркум» тани ӯ барх(в)арад.
Дев метарсонадат, ки ҳину ҳин,
З-ин пушаймон гардиву гардӣ ҳазин.
Гар гудозӣ з-ин ҳавасҳо ту бадан,
Бас пушаймону ғамин хоҳӣ шудан.
Ин бихур, гарм асту доруи мизоҷ
В-он биёшом аз пайи нафъу илоҷ.
Ҳам бад-ин нийят, ки ин тан маркаб аст,
Он чӣ хӯ кардаст, онаш асваб аст.
Ҳин, магардон хӯ, ки пеш ояд халал,
Дар димоғу дил бизояд сад илал.
Инчунин таҳдидҳо он деви дун
Ораду бар халқ хонад сад фусун.
Хеш Ҷолинус созад дар даво,
То фиребад нафси бемори туро.
К-ин туро суд аст аз дарду ғаме,
Гуфт Одамро ҳамин, дар гандуме.
Пеш орад ҳай-ҳайу ҳайҳотро
В-аз лавиша печад ӯ лабҳотро.
Ҳамчу лабҳои фарас дар вақти наъл,
То намояд санги камтарро чу лаъл.
Гӯшҳоят гирад ӯ чун гӯши асб
Мекашонад сӯйи ҳирсу сӯйи касб.
Барзанад бар пот наъле з-иштибоҳ,
Ки бимонӣ ту зи дарди он зи роҳ.
Наъли ӯ ҳаст он тараддуд дар ду кор:
Ин кунам? Ё он кунам? Ҳин, ҳуш дор.
Он бикун, ки ҳаст мухтори набӣ,
Он макун, ки кард маҷнуну сабӣ.
«Ҳуффати-л-ҷанна», ба чӣ маҳфуф гашт?
Билмакореҳ, ки аз ӯ афзуд кашт.
Сад фусун дорад зи ҳилат в-аз даҳо,
Ки кунад дар салла, гар ҳаст аждаҳо.
Гар бувад оби равон, барбандадаш
В-ар бувад ҳабри замон, бархандадаш.
Ақлро бо ақли ёре ёр кун,
«Амруҳум шӯро» бихону кор кун.

Навохтани Мустафо алайҳиссалом он араби меҳмонро ва таскин додан ӯро аз изтироб ва гиряву навҳа, ки бар худ мекард дар хиҷолат ва надомату оташи навмедӣ

Ин сухан поён надорад, он араб
Монд аз алтофи он шаҳ дар аҷаб.
Хост девона шудан, ақлаш рамид,
Дасти ақли Мустафо бозаш кашид.
Гуфт: «Ин сӯ о», биёмад ончунон,
Ки касе бархезад аз хоби гарон.
Гуфт: «Ин сӯ о, макун ҳин, бо худ о,
Ки аз ин сӯ ҳаст бо ту корҳо».
Об бар рӯ зад, даромад дар сухун,
К-эй шаҳиди Ҳақ, шаҳодат арза кун.
То гувоҳӣ бидҳаму берун шавам,
Серам аз ҳастӣ, дар он ҳомун шавам».
Мо дар ин даҳлези қозии қазо
Баҳри даъвии аластему бало.
Ки бало гуфтему онро з-имтиҳон,
Феълу қавли мо шуҳуд асту баён.
Аз чӣ дар даҳлези қозӣ тан задем?
На ки мо баҳри гувоҳӣ омадем?
Чанд дар даҳлези қозӣ, эй гувоҳ,
Ҳабс бошӣ? Деҳ шаҳодат аз паноҳ.
З-он бихондандат бад-ин ҷо, то ки ту
Он гувоҳӣ бидҳиву н-орӣ уту.
Аз лаҷоҷи хештан биншастаӣ,
Андар ин тангӣ кафу лаб бастаӣ.
То бинадҳӣ он гувоҳӣ, эй шаҳид!
Ту аз ин даҳлез кай хоҳӣ раҳид?
Як замон кор аст, бигзору битоз,
Кори кӯтаҳро макун бар худ дароз.
Хоҳ дар сад сол, хоҳӣ як замон,
Ин амонат вогузору вораҳон.

Баёни он ки намозу рӯза ва ҳамаи чизҳои бурунӣ гувоҳиҳост бар нури андарунӣ

Ин намозу рӯзаву ҳаҷҷу ҷиҳод
Ҳам гувоҳӣ додан аст аз эътиқод.
Ин закоту ҳадяву тарки ҳасад
Ҳам гувоҳӣ додан аст аз сирри х(в)ад.
Хону меҳмонӣ, пайи изҳор рост,
К-эй меҳон, мо бо шумо гаштем рост.
Ҳадяҳову армуғону пешкаш
Шуд гувоҳи он, ки ҳастам бо ту х(в)аш.
Ҳар касе кӯшад ба моле ё фусун,
Чист? Дорам гавҳаре дар андарун.
Гавҳаре дорам зи тақво ё сахо,
Ин закоту рӯза дар ҳар ду гуво.
Рӯза гӯяд кард тақво аз ҳалол,
Дар ҳаромаш дон, ки набвад иттисол.
В-он закоташ гуфт, к-ӯ аз моли хеш
Медиҳад, пас чун бидуздад з-аҳли кеш?
Гурба таррорӣ кунад, пас ду гувоҳ,
Ҷарҳ шуд дар маҳкамай адли Илоҳ.
Ҳаст сайёд, ар кунад дона нисор,
На зи раҳму ҷуд, бал баҳри шикор.
Ҳаст гурбай рӯзадор андар сиём,
Хуфта карда хеш баҳри сайди хом.
Карда бадзан з-ин кажӣ сад қавмро,
Карда бадном аҳли ҷуду савмро.
Фазли Ҳақ, бо ин ки ӯ каж метанад,
Оқибат з-ин ҷумла покаш мекунад.
Сабқ бурда раҳматаш в-он ғадрро
Дода нуре, ки набошад бадрро.
Кӯшишашро шуста Ҳақ з-ин ихтилот,
Ғусл дода раҳмат ӯро з-ин хубот.
То ки ғаффории ӯ зоҳир шавад,
Миғфаре куллишро ғофир шавад.
Об баҳри ин биборид аз симок,
То палидонро кунад аз хубс пок.

Пок кардани об ҳамаи палидиҳоро ва боз пок кардани Худои таъоло обро аз палидӣ. Лоҷарам қуддус омад Ҳақ таъоло

Об чун пайгор карду шуд наҷис,
То чунон шуд, к-обро рад кард ҳис.
Ҳақ бибурдаш боз дар баҳри савоб,
То бишусташ аз карам он оби об.
Соли дигар омад ӯ доманкашон,
Ҳай куҷо будӣ? «Ба дарёи х(в)ашон.
Ман наҷис з-ин ҷо шудам, пок омадам,
Бистадам хилъат, суйи хок омадам.
Ҳин, биёед, эй палидон сӯйи ман,
Ки гирифт аз хӯйи Яздон хӯйи ман.
Дарпазирам ҷумлаи зиштитро,
Чун малак покӣ диҳам ифритро.
Чун шавам олуда, боз он ҷо равам,
Сӯйи асли асли покиҳо равам.
Далқи чиркин барканам он ҷо зи сар,
Хилъати покам диҳад бори дигар.
Кори ӯ ин асту кори ман ҳам ин,
Оламорой аст Раббулоламин».
Гар набудӣ ин палидиҳои мо,
Кай будӣ ин борнома обро?
Кисаҳои зар бидуздид аз касе,
Меравад ҳар сӯ, ки ҳин, ку муфлисе?
Ё бирезад бар гиёҳи рустае,
Ё бишӯяд рӯйи рӯношустае.
Ё бигирад бар сар ӯ ҳаммолвор
Киштии бедасту поро дар биҳор.
Садҳазорон дору андар вай ниҳон,
З-он ки ҳар дору бирӯяд з-ӯ чунон.
Ҷони ҳар дурре, дили ҳар донае
Меравад дар ҷӯ чу дорухонае.
З-ӯ ятимони заминро парвариш,
Бастагони хушкро аз вай равиш.
Чун намонад мояаш, тира шавад,
Ҳамчу мо андар замин хира шавад.

Истиъонати об аз Ҳақ ҷалла ҷалолуҳу баъд аз тира шудан

Нола аз ботин барорад, к-эй Худо!
Он чӣ додӣ, додаму мондам гадо.
Рехтам сармоя бар поку палид,
Эй шаҳи сармоядеҳ, «ҳал мин мазид?»
Абрро гӯяд: «Бибар ҷойи х(в)ашаш,
Ҳам ту хуршедо! Ба боло баркашаш».
Роҳҳои мухталиф меронадаш,
То расонад сӯйи баҳри беҳадаш.
Худ ғараз з-ин об ҷони авлиёст,
К-ӯ ғусули тирагиҳои шумост.
Чун шавад тира зи ғусли аҳли фарш,
Бозгардад сӯйи покибахши арш.
Боз орад з-он тараф доманкашон
Аз таҳороти муҳит ӯ дарсашон.
Аз таяммум вораҳонад ҷумларо
В-аз таҳаррӣ толибони қибларо.
З-ихтилоти халқ ёбад эътилол,
Он сафар ҷӯяд, к- «ариҳно ё Билол!»
Эй Билоли хушнавои хушсаҳил,
Мизана баррав, бизан табли раҳил.
Ҷон сафар рафту бадан андар қиём,
Вақти риҷъат з-ин сабаб гӯяд салом.
Ин масал чун восита-ст андар калом,
Восита шарт аст баҳри фаҳми ом.
Андар оташ кай равад бевосита?
Ҷуз самандар, к-ӯ раҳид аз робита.
Воситай ҳаммом бояд мар туро,
То зи оташ хуш кунӣ ту табъро.
Чун натонӣ шуд дар оташ чун Халил,
Гашт ҳаммомат расул, обат далел.
Серӣ аз Ҳаққ аст, лек аҳли табаъ
Кай расад бевоситай нон дар шабаъ?
Лутф аз Ҳаққ аст, лекин аҳли тан
Дарнаёбад лутф бе пардай чаман.
Чун намонад воситай тан беҳиҷеб,
Ҳамчу Мӯсо, нури маҳ ёбад зи ҷеб.
Ин ҳунарҳо обро ҳам шоҳид аст,
К-андарунаш пур зи лутфи Эзид аст.

Гувоҳии феъл ва қавли берунӣ бар замир ва нури андарунӣ

Феълу қавл омад гувоҳони замир,
З-ин ду бар ботин ту истидлол гир.
Чун надорад сайр сиррат дар дарун,
Бингар андар бавли ранҷур, аз бурун.
Феълу қавл он бавли ранҷурон бувад,
Ки табиби ҷисмро бурҳон бувад.
В-он табиби рӯҳ дар ҷонаш равад
В-аз раҳи ҷон андар имонаш равад.
Ҳоҷаташ н-ояд ба феълу қавли хуб,
«Иҳзаруҳум ҳум ҷавосису-л-қулуб».
Ин гувоҳи феълу қавл аз вай биҷӯ,
К-ӯ ба дарё нест восил ҳамчу ҷӯ.

Дар баёни он ки нури худ аз андаруни шахси мунаввар, бе он ки феълеву қавле баён кунад, гувоҳӣ диҳад бар нури вай

Лек нури солике, к-аз ҳад гузашт,
Нури ӯ пур шуд биёбонҳову дашт.
Шоҳидияш фориғ омад аз шуҳуд
В-аз такаллуфҳову ҷонбозиву ҷуд.
Нури он гавҳар чу берун тофтаст,
З-ин тасаллусҳо фароғат ёфтаст.
Пас маҷӯ аз вай гувоҳи феълу гуфт,
Ки аз ӯ ҳар ду ҷаҳон чун гул шукуфт.
Ин гувоҳӣ чист? Изҳори ниҳон,
Хоҳ қавлу хоҳ феълу ғайри он.
Ки араз изҳори сирри ҷавҳар аст,
Васф боқӣ в-ин араз бар маъбар аст.
Ин нишони зар, намонад бар миҳак,
Зар бимонад некному бе зи шак.
Ин салоту ин ҷиҳоду ин сиём
Ҳам намонад, ҷон бимонад некном.
Ҷон чунин афъолу ақволе намуд,
Бар миҳакки амр ҷавҳарро бисуд.
К-эътиқодам рост аст, инак гувоҳ,
Лек ҳаст андар гувоҳон иштибоҳ.
Тазкия бояд гувоҳонро, бидон,
Тазкияш сидқе, ки мавқуфӣ бад-он.
Ҳифзи лафз андар гувоҳи қавлӣ аст,
Ҳифзи аҳд андар гувоҳи феълӣ аст.
Гар гувоҳи қавл каж гӯяд, рад аст
В-ар гувоҳи феъл каж пӯяд, рад аст.
Қавлу феъли бетаноқуз боядат,
То қабул андар замон пеш оядат.
«Саъйукум шатто, таноқуз» андарид,
Рӯз медӯзид, шаб бармедарид.
Пас гувоҳӣ бо таноқуз кӣ шнавад?
Ё магар ҳамле кунад аз лутфи х(в)ад.
Феълу қавл изҳори сирр асту замир,
Ҳар ду пайдо мекунад сирри сатир.
Чун гувоҳат тазкия шуд, шуд қабул
В-арна маҳбус аст андар мул мул.
То ту бистезӣ, ситезанд, эй ҳарун?
«Фантазирҳум, иннаҳум мунтазирун».

Арза кардани Мустафо алайҳиссалом шаҳодатро бар меҳмони хеш

Ин сухан поён надорад, Мустафо
Арза кард имону пазруфт он фато.
Он шаҳодатро, ки фаррух будааст,
Бандҳои бастаро бигшудааст.
Гашт мӯъмин, гуфт ӯро Мустафо,
К -имшабон ҳам бош ту меҳмони мо.
Гуфт: «Валлаҳ, то абад зайфи туам,
Ҳар куҷо бошам, ба ҳар ҷо, ки равам.
Зинда карда-в мӯътақу дарбони ту,
Ин ҷаҳону он ҷаҳон бар хони ту.
Ҳар кӣ бигзинад ҷуз ин бигзида хон,
Оқибат даррад гулӯяш устухон.
Ҳар кӣ сӯйи хони ғайри ту равад,
Дев бо ӯ, дон, ки ҳамкоса бувад.
Ҳар кӣ аз ҳамсоягии ту равад,
Дев бе шакке, ки ҳамсоя шавад
В-ар равад бе ту сафар ӯ дурдаст,
Деви бад ҳамроҳу ҳамсуфрай вай аст
В-ар нишинад бар сари асби шариф,
Ҳосиди моҳ аст, дев ӯро радиф.
В-ар бача гирад аз ӯ шаҳнози ӯ,
Дев дар наслаш бувад анбози ӯ.
Дар нубӣ «шорикҳуму» гуфтаст Ҳақ,
Ҳам дар амволу дар авлод, эй шафақ!
Гуфт пайғамбар зи ғайб инро ҷалӣ,
Дар мақолоти наводир бо Алӣ.
Ё расулуллаҳ, рисолатро тамом
Ту намудӣ ҳамчу шамси беғамом.
Ин ки ту кардӣ, дусад модар накард,
Исӣ аз афсун-ш бо Озар накард.
Аз ту ҷонам аз аҷал нак ҷон бибурд,
Озар ар шуд зинда он дам, боз мурд.
Гашт меҳмони расул он шаб араб,
Шири як буз нима хӯрду баст лаб.
Кард илҳоҳаш: «Бихур ширу руқоқ»,
Гуфт: «Гаштам сер, валлаҳ бе нифоқ.
Ин такаллуф нест, не номусу фан,
Сертар гаштам аз он ки дӯш ман».
Дар аҷаб монданд ҷумла аҳли байт:
«Пур шуд ин қандил з-ин як қатра зайт?
Он чӣ қути мурғи бобилӣ бувад,
Серии меъдай чунин пиле шавад?»
Фуҷфуҷа афтод андар марду зан:
«Қадри пашша мехӯрад он пилтан».
Ҳирсу ваҳми кофирӣ сарзер шуд,
Аждаҳо аз қути мӯре сер шуд.
Он гадочашмии куфр аз вай бирафт,
Лути имониш ламтур карду зафт.
Он ки аз ҷӯъулбақар ӯ метапид,
Ҳамчу Марям меваи ҷаннат бидид.
Меваи ҷаннат сӯйи чашмаш шитофт,
Меъдаи чун дӯзахаш ором ёфт.
Зоти имон неъмату қутест ҳавл,
Эй қаноаткарда аз имон ба қавл!

Баёни он, ки нур, ки ғизои ҷон аст, ғизои ҷисми авлиё мешавад, то ӯ ҳам ёр мешавад рӯҳро, ки «аслама шайтони ало ядӣ»

Гарчи он матъуми ҷон асту назар,
Ҷисмро ҳам з-он насиб аст, эй писар!
Гар нагаштӣ деви ҷисм онро акул,
«Аслама-ш-шайтон» нафармудӣ расул.
Дев з-он луте, ки мурда ҳай шавад,
То наёшомад, мусулмон кай шавад?
Дев бар дунёст ошиқ, кӯру кар,
Ишқро ишқе дигар буррад магар.
Аз ниҳонхонай яқин чун мечашад,
Андак-андак рахти ишқ он ҷо кашад.
«Ё ҳарису-л-батн, арриҷ ҳоказо,
Иннама-л-минҳоҷу табдилу-л-ғизо.
Ё маризу-л-қалб, арриҷ ли-л-илоҷ,
Ҷумлату-т-тадбири табдилу-л-мизоҷ.
Айюҳа-л-маҳбусу фи раҳни-т-таъом,
Савфа танҷу ин таҳаммалта-л-фитом.
Инна фи-л-ҷӯъи таъомун вофиру,
Ифтақидҳо в-артаҷи ё нофиру!
Иғтази биннури кун мисла-л-басар,
Вофиқу-л-амлока ё хайру-л-башар!»
Чун малак тасбеҳи Ҳақро кун ғизо,
То раҳӣ ҳамчун малоик аз «изо».
Ҷабрайил ар сӯйи ҷифа кам танад,
ӯ ба қувват кай зи каргас кам занад?
Ҳаббазо, хоне ниҳода дар ҷаҳон,
Лек аз чашми хасисон бас ниҳон.
Гар ҷаҳон боғе пур аз неъмат шавад,
Қисми мушу мӯр ҳам хоке бувад.

Инкори аҳли тан ғизои рӯҳро ва ларзидани эшон бар ғизои хасис

Қисми ӯ хок аст, гар дай, гар баҳор,
Мири кавнӣ, хок чун нӯшӣ чу мор?
Дар миёни чӯб гӯяд кирми чӯб:
«Мар киро бошад чунин ҳалвои хуб?»
Кирми саргин дар миёни он ҳадас,
Дар ҷаҳон нуқле надорад ҷуз хабас.

Муноҷот

Эй Худои беназир, исор кун,
Гӯшро чун ҳалқа додӣ з-ин сухун.
Гӯши мо гиру бад-он маҷлис кашон,
К-аз раҳиқат мехӯранд он сарх(в)ашон.
Чун ба мо бӯйе расонидӣ аз ин,
Сар мабанд он мушкро, эй рабби дин!
Аз ту нӯшанд, ар зукуранд, ар унос,
Бе дареғе дар ато ё мустағос!
Эй дуъо ногуфта аз ту мустаҷоб,
Дода дилро ҳар даме сад фатҳи боб.
Чанд ҳарфе нақш кардӣ аз руқум,
Сангҳо аз ишқи он шуд ҳамчу мум.
«Нун»-и абрӯ, «сод»-и чашму «ҷим»-и гӯш
Барнавиштӣ фитнаи сад ақлу ҳуш.
З-он ҳуруфат, шуд хирад борикрес,
Насх мекун, эй адиби хушнавис.
Дархури ҳар фикр баста бар адам,
Дам ба дам нақши хаёле хушрақам.
Ҳарфҳои турфа бар лавҳи хаёл
Барнавишта чашму ораз, хадду хол.
Бар адам бошам, на бар мавҷуд маст,
З-он ки маъшуқи адам вофитар аст.
Ақлро хатхони он ашкол кард,
То диҳад тадбирҳоро з-он навард.

Матни пурраи дафтари панҷум бихонед / Бешинчи дафтарнинг тўлиқ матнини мутолаа қилинг

Мавлоно Румӣ. Маснавӣ. Дафтари 5
02

(Tashriflar: umumiy 124, bugungi 1)

Izoh qoldiring