Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ. Маснавӣ. Дафтари шашум & Mavlono Rumiy. Masnaviy. Oltinchi daftar

07    «Маснавии Маънавӣ», ки аз шаш дафтар иборат буда бо чунин зайл тақсимот шудааст. Замин-Осмон, Шарқ-Ғарб, Шимолу-Ҷануб. Мазмун ва мундариҷаи «Маснавии Маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ ҳаёти фалсафӣ ва динӣ дар ислом аст. Ба ақидаи олимон чунин бармеояд, ки Мавлоно Балхӣ шаш дафтари «Маснавии Маънавӣ»-ро ба шаш пайғамбари мурсал ташбеҳ додааст. Одам (с), Нуҳ (н) Иброҳим (х) Мусо (к) Исо (р) Муҳаммад (с). Ҷалолиддин бо Ҳисомуддин, ки марди Ҳақ буд аз ин лиҳоз ба Ҷалолиддини Балхӣ бағоят наздик ва дусти хақиқӣ мешаванд. Бо маслиҳати Ҳисомуддин дар мудати 10-сол «Маснавии Маънавӣ»-ро менависад. Худи Ҷалолуддин дар ҳар як дафтараш Ҳисомуддинро зикр мекунад..

ЗИНДАГИНОМАЙЕ МАВЛОНО ДАР АДАБИЁТ
Аз китоби Абдулҳусайни Зарринкӯб
«Бо корвони ҳулла»
067

009Вай Ҷалолиддин Муҳаммад (эзоҳ:дар асар бо номи Ҷалолуддин зикр ёфтааст) ном дошт ва дар ҳудуди соли 604-и ҳиҷрӣ дар Балх ба дунё омад. Падараш Баҳоуддин Валад воизе буд забоновару хушбаён, ки ба сӯфия гароиш дошт ва маҷмӯае аз мавоизи ӯ ҳамакнун боқист ва «Маорифи Баҳоуддин» ном ёфтааст. Ин Баҳои Валад дар Балх маснади тадрису фатво бо муридону дӯстони бисёр дошт ва ӯро Султон-ул-уламо низ мехонданд. Балх дар он замон ҷузви қаламрави фармонравоии Хоразмшоҳ буд ва Баҳои Валад дар он ҷо ба ҳурмату ҳишмат (шукӯҳу ҷалол) мезист. Аммо аз Хоразмшоҳ ранҷише ёфт, ки сабаби он дуруст маълум нест. Шояд вуҷуди имом Фахри Розӣ, як воизи дигар, ки бо сӯфия миёнае надошт ва шоҳ бад-ӯ дил баста буд, вайро аз ӯ озурдахотир дошта буд. Ва шояд низ бад-он ҷиҳат, ки султони Хоразм бо халифаи Бағдод дил бад карда буд, Баҳои Валад мисли бисёре дигар аз мусалмонони вақт аз вай ранҷида буд. Дар ҳар ҳол, воизи Балх ҳангоме ки писараш Ҷалолуддин кӯдаки хурдсол буд, аз Балх берун омад. Чанде дар ҳудуди Вахшу Самарқанд мебуд, он гоҳ азимати ҳаҷ кард. Аз роҳи Нишопуру Бағдод ба Ҳиҷоз рафт ва дар бозгашт аз Макка якчанд муддат ба Шом шуд. Ҳангоме ки Хоразму Мовароуннаҳр ба дасти муғул афтода буд ва Хоразмшоҳ саргаштаву дар ба дар аз пеши сипоҳи душман мегурехт, Баҳои Валад дар Арзинҷон ва Сивос (шаҳре дар Рум) ба Осиёи Сағир буд. Чанд соле низ дар он шаҳр ва Лоранда ба сар бурд ва дар ин замон писараш Ҷалолуддин бешу кам ҳаждаҳсола буд. Дар муддати иқомат дар Лоранда буд, ки модари Ҷалолуддин — Муъминахотун вафот ёфт ва Ҷалолуддин ҳам ба ишорати падар Гавҳархотун — духтари Шарафуддини Лолоро ба занӣ гирифт. Чаҳор соле баъд аз ин воқеа Баҳои Валад ба хоҳиши султони салчуқии Рум Алоуддини Кайқубод раҳ ба Қуния кашид ва он ҷо монд то ду соле баъд, ки ҳам дар Қуния вафот ёфт. Ҳангоми вафоти падар Ҷалолуддин, ки ҷавони бисту чаҳорсола буд, ба хоҳиши муридон маснади тадрису минбари вазъи Баҳои Валадро ишғол кард ва ба ҷои падар нишаст. Як соле аз вафоти Баҳои Валад гузашта буд, ки Бурҳони Муҳаққиқ — Сайид Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ, аз муридони қадим ба шавқи дидори Шайх ва устоди хеш ба Қуния омад. Аммо устод мурда буд ва писараш Ҷалолуддин, ки худ маснади тадрису фатво дошт, дасти иродат ба вай, ба ин шогирду муриди падар дод ва Сайид Муҳаққиқ Ҷалолуддини ҷавонро таҳти иршоду тарбияти хеш гирифт. Чанде ӯро ба Ҳалабу Димишқ фиристод ва андак-андак бо маорифи сӯфия ошноии тамом дод. Баъд аз марги Бурҳони Муҳаққиқ, ки зоҳиран ба соли 638 рӯй дод, Ҷалолуддин якчанд аз суҳбати пире маҳрум монд. Муридон бар вай ҷӯшиданд ва ҳавзаи вазъу тадриси ӯ равнақе ёфт. То соли 642, ки Шамси Табрезӣ ба Қуния омад ва ошноӣ бо ӯ сарнавишти ин муфтиву мударриси ҷавони Қунияро, ки худ шогирдону муридони бисёр дошт, дигаргун кард. Ин дарвеши шӯридаи бесару сомон, ки ба сабаби чаҳонгардиҳои хеш Шамси паранда хонда мешуд, дар ин айём бо кулоҳи сиёҳу ҷомаи жандаи қаландаронаи хеш ба Қуния даромада буд ва дар хони шакарфурӯшон хона гирифта буд. Достони бархӯрди ӯ бо Ҷалолиддин, ки зоҳиран як бор низ вайро дар Димишқ дида буд, дар китобҳо бо каромоти шигифти боварнакарданӣ омехта аст. Ин қадар ҳаст, ки вай таваҷҷуҳи Мавлоноро аз истиғроқ дар баҳсу дарс ба истимрор дар завқу кашф кашонид ва беҳосилии илмеро, ки аз қилу қоли мадраса ҳосил мешуд, бар вай намоён кард. Суҳбати Шамс, ки мақолоти ӯ ҳокӣ аз жарфбиниҳову нуктасанҷиҳои ӯст, Мавлоноро чунон маҷзуб кард, ки кори дӯстии вай бо Шамс ба навъе шефтагӣ мунҷар гашт ва Мавлавиро, ки марди баҳсу дарсу ваъз буд, дар чиҳилсолагӣ муаллими ишқи вай шоирӣ омӯхт. Ин нуктаву тағайюре, ки дар аҳволи муфтиву мударриси маҳбуби Қуния падид омад, шогирдону муридони вайро бо Шамс душман кард. Дар ҳақиқат, аз сӯҳбати ин дарвеши шӯридаи бесомон чунон инқилобе дар вуҷуди Мавлоно падид омад, ки дарсу ваъзро каноре ниҳод ва ба тарки маснади тадрису фатво гуфт. Соатҳову рӯзҳо бо Шамс хилват мекард ва ба ҷои намозу рӯзаву ваъз ба самоъу рақсу ваҷд мепардохт ва бад-ин гуна аз шайху шайхзодаи Қуния ҷуз дарвеше шӯридаву беором намонд. Ин амр сабаби хашму норизоии муридони Мавлоно гашт. Муриду муродро сарзанишҳо карданд ва махсусан, Шамсро ҷодугар хонданду таҳдид карданд. Шамс ночор чанде аз Қуния ғайбат кард ва ба Димишқ рафт. Мавлоно як писари хеш — Султон Валадро дар паи ӯ фиристод ва ӯро ба Қуния боз овард. Аммо ин таҷдиди суҳбат тӯле накашид ва Шамс ба ногоҳ боз нопадид шуд. Баъдҳо шоеъае падид омад, ки Шамс ба дасти муридони Мавлавӣ кушта шуд. Гуфта шуд, ки Алоуддин — писари дигари Мавлоно низ дар ин тавтиа дасте дошт. Аммо ин шоеъа дар осори Мавлавӣ мунъакис нест. Мегӯянд ин воқеаро аз Мавлоно пинҳон доштанд ва ӯ ба ҳамин ҷиҳат то поёни умр аз дидори Шамс навмед нашуд ва ду бор низ ба талаби ӯ азимати Шом кард. Ва албатта, аз он гумшуда нишоне наёфт. Дар сурате ки ҷасади ӯро баъд аз Мавлоно аз чоҳ берун оварданду дафн карданд. Албатта, агар ин воқеа рӯй додааст, чун Мавлоно аз он ҳаргиз огоҳ нашудааст, шӯру шавқе, ки то поёни кор нисбат ба Шамс нишон додааст, аҷаб нест. Аммо агар Султон Валад низ дар китоби хеш бо ин фоҷиа ишорат накардааст, лобуд барои он будааст, ки намехостааст номи бародар ва шуҳрати муридони падарро олуда кунад, бо ин ҳол ин нукта, ки дар ҳалқаи ёрони Мавлоно қатл воқеъ шуд ва бо вуҷуд мухолифони вай — шаҳнаву қозӣ ба таҳқиқ дар он напардозанд, ғариб менамояд ва сиҳати асли ривоятро машкук (шубҳаовар) месозад. Боре, ғайбати ногаҳонии Шамс Мавлавиро беш аз пеш ба дунёи ишқу ҳаяҷон кашонид. Чунон ки маснади ваъзу тадрисро яксара тарк кард ва бар хилофи интизори муридон аз он пас Мавлоно худро ба куллӣ таслими ваҷду самоъ кард ва ғазалҳои «Девони Шамс» ёдгори ин шӯру ҳаяҷони рӯҳонии ӯст. Чанде баъд аз ғайбати Шамс Салоҳуддини Заркӯб дили Мавлоноро рабуд ва Ҷалолуддин бо ҳамон шӯру гармӣ бо ин муриди омию содаи хеш дил баст ва ӯро бо вуҷуди нохурсандиҳои муридон ноибу халифаи хеш кард. Муридон ин бор низ биранҷиданд ва ҳатто, дар садади қатли Салоҳуддин баромаданд. Аммо Мавлавӣ аз изҳори шавқу муҳаббат дар ҳаққи ин Заркӯби Қуния бознаистод. Духтари ӯ Фотимахотунро барои писари хеш Султон Валад гирифт ва худи ӯро то зинда буд, муддати даҳ сол, тавозӯъ ва такрими беҳад мекард. Чунон ки баъд аз ӯ низ Ҳисомуддини Чалабӣ — як ахизодаи курднажоди Урумия, ки падаронаш аз ҷавонмардони номдори вилоят буданд, то поёни умри Мавлоно маҳбубу муриду муроди ӯ буд ва ҳамин дӯстиву шефтагии бепоён буд, ки «Маснавӣ»-и азими маънавиро ба вуҷуд овард. Чунон ки ёди Салоҳуддини Заркӯб низ мисли хотираи Шамс дар ғазалиёти «Девони кабир» зинда шуд. Дар Қуния Мавлоно ҳурмату ҳишмати тамом дошт. Подшоҳони салҷуқии Рум, хосса, Иззуддини Кайковус ва Рукнуддини Қалиҷ Арслон нисбат ба ӯ иродат меварзиданд. Муъинуддини Парвона ба маҷлиси ӯ рафту омад мекард ва ҳадяву ниёз медод. Садруддини Қунавӣ — орифи номдори вилоят дар ҳаққи вай такрими бисёр мекард. Сироҷуддини Армавӣ, ки аз донишмандони баноми аср буд, дар вай ба чашми бузургӣ медид. Фахруддини Ироқӣ ва Наҷмуддини Розӣ суҳбати вайро муғтанам мешумурданд. Ҳатто, қавле ҳаст, ки Шайх Саъдӣ низ ҷиҳати дарки суҳбати ӯ аз Форс ба Рум омад. Ба ҳар ҳол, шак нест, ки дар Қуния Мавлавӣ ному овозаи баланд дошт ва маҷлиси ӯ гузашта аз муридону шогирдони бисёр ҳозирону мустамеъони номовару муҳташами дигар низ меёфт. Бо ин ҳама Ҷалолуддин марди бетакаллуф, сода ва некмаҳзар буд. Бештар бо дарвешону пешаварон нишасту бархост дошт ва дар муомила бо муҳташамон густоху бепарво буд. Бо вуҷуди лоғариву зардрӯй ҳишмату маҳобати қавӣ дошт. Агарчи либоси содаи сӯфиёна мепӯшид, мардум дар вай ба чашми аҳли ҳишмат медиданд. Бо ин ҳама, дар маҷлиси ӯ аз ҳар дастаи мардум роҳ доштанд. Ҳатто, як тарсои маст метавонист дар самоъи ӯ ҳозир шавад ва шӯру арбада кунад. Ва қассоби арманӣ, агар ба вай бармехӯрд, аз вай тавозӯъҳои шигифт медид. Дар бурдбориву шикебоӣ ҳавсалаи каммонанд дошт.

Толибилме, ки бо сӯфия душманӣ дошт, дар сари ҷамъ бо вай гуфт: «Аз Мавлоно нақл кунанд, ки ҷое гуфтааст «ман бо ҳафтоду се мазҳаб якеам», оё ин сухан Мавлоно гуфтааст?», гуфт: «Оре, гуфтаам». Он мард забони таън бигшод ва Мавлоноро дашном дод. Мавлоно бихандид ва гуфт: «Бо ин низ, ки ту мегӯӣ, якеам», якрангиву сулҳҷӯии ӯ то бад-ин ҳадд буд ва бо ринду зоҳид ва габру тарсо чунин мезист. Дар ҷимодиюлохири соли 672-и ҳиҷрӣ дар поёни беморие, ки зоҳиран таби муҳарриқа буд, Мавлоно дар Қуния чашм аз ҷаҳон фурӯ баст. Шайх Садруддини Қунавӣ бар ҷанозаи вай намоз хонд. Ҷасади ӯро дар ҷавори турбати падараш, ки мавсум ба боғи Султон ё Ирамбоғча буд, дафн карданд. Биное ҳам ба номи «Қуббаи хазро» ба нафақаи бузургони аср ва муридон бар турбати вай падид омад. Он ҷо оромгоҳи хонаводагии аҳфоди вай шуд ва то кунун наздики панҷоҳ тан аз фарзандони вай дар он оромгоҳ осудаанд...

rumiyМавлоно Ҷалолиддини Румӣ
МАСНАВЙ
Дафтари шашум
067

Муқаддимаи дафтари шашум

Бисми-л-лоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Муҷаллади шашум аз дафтарҳои «Маснавӣ» ва баййиноти маънавӣ, ки мисбоҳи заломи ваҳм ва шубҳату хаёлоти шакку райбат бошад ва ин мисбоҳро ба ҳисси ҳайвонӣ идрок натавон кард, зеро мақоми ҳайвонӣ асфали софилин аст, ки эшонро аз баҳри иморати сурати олами асфал офаридаанд ва бар ҳавосс ва мадорики эшон дойирае кашидаанд, ки аз он дойира таҷовуз накунанд, «золика тақдиру-л-ъазизи-л-ъалим», яъне миқдори расидани амали эшон ва ҷавлони назари эшон падид кард, чунонки ҳар ситораро миқдорест ва коргоҳе аз фалак, ки то он ҳад, амали ӯ бирасад ва ҳамчун ҳокими шаҳре, ки ҳукми ӯ дар он шаҳр нофиз бошад, пас дар варои тавобиъи он шаҳр, ӯ ҳоким набошад. «Асамналлоҳу мин ҳабсиҳи ва хатмиҳи ва мо ҳаҷаба биҳи-л-маҳҷубин. Омин ё рабба-л-ъоламин».

Эй ҳаёти дил, Ҳусомуддин, басе
Майл меҷӯшад ба қисми содисе.
Гашт аз ҷазби чу ту алломае
Дар ҷаҳон гардон «Ҳусоминома»-е.
Пешкаш меорамат, эй маънавӣ,
Қисми содис дар тамоми маснавӣ.
Шаш ҷиҳатро нур деҳ з-он шаш суҳуф,
«Кай ятуфа ҳавлаҳу ман лам ятуф».
Ишқро бо панҷу бо шаш кор нест,
Мақсади ӯ ҷуз ки ҷазби ёр нест.
Бу, ки «фимобаъд» дастуре расад,
Розҳои гуфтанӣ гуфта шавад.
Бо баёне, ки бувад наздиктар
З-ин киноёти дақиқи мустатар.
Роз ҷуз бо роздон анбоз нест,
Роз андар гӯши мункир роз нест.
Лек даъват ворид аст аз кирдгор,
Бо қабулу ноқабул ӯро чӣ кор?
Нӯҳ нӯҳсад сол даъват менамуд,
Дам ба дам инкори қавмаш мефузуд.
Ҳеч аз гуфтан инон вопас кашид?
Ҳеч андар ғори хомӯшӣ хазид?
Гуфт: «Аз бонгу алолои сагон
Ҳеч вогардад зи роҳе корвон?
Ё шаби маҳтоб аз ғавғои саг
Суст гардад бадрро дар сайр таг?
Маҳ фишонад нуру саг ав-ав кунад,
Ҳар касе бар хилқати худ метанад.
Ҳар касеро хидмате дода қазо
Дархури он гавҳараш дар ибтило.
Чунки нагзорад саг он наърай сақам,
Ман маҳам, сайрони худро чун ҳилам?
Чунки сирка сиркагӣ афзун кунад,
Пас шакарро воҷиб афзунӣ бувад.
Қаҳр сирка, лутф ҳамчун ангубин,
К-ин ду бошад рукни ҳар исканҷабин.
Ангубин гар пой кам орад зи хал,
Ояд он исканҷабин-андар халал».
Қавм бар вай сиркаҳо мерехтанд,
Нӯҳро дарё фузун мерехт қанд.
Қанди ӯро буд мадад аз баҳри ҷуд,
Пас зи сиркай аҳли олам мефузуд.
«Воҳидун ка-л-алф» кӣ бвад? Он валӣ,
Балки сад қарн аст он абдулалӣ.
Хум, ки аз дарё дар ӯ роҳӣ шавад,
Пеши ӯ ҷайҳунҳо зону занад.
Хоса ин дарё, ки дарёҳо ҳама,
Чун шуниданд ин мисолу дамдама.
Шуд даҳоншон талх аз ин шарму хаҷал,
Ки қарин шуд номи аъзам бо ақал.
Дар қирони ин ҷаҳон бо он ҷаҳон
Ин ҷаҳон аз шарм мегардад ҷаҳон.
Ин иборат тангу қосиррутбат аст
В-арна хасро бо ахас чӣ нисбат аст?
Зоғ дар зар наъраи зоғон занад,
Булбул аз овози хуш кай кам кунад?
Пас харидор аст ҳар якро ҷудо,
Андар ин бозори «яфъал мояшо».
Нуқли хористон ғизои оташ аст,
Бӯйи гул қути димоғи сарх(в)аш аст.
Гар палидӣ пеши мо расво бувад,
Хуку сагро шаккару ҳалво бувад.
Гар палидон ин палидиҳо кунанд,
Обҳо бар пок кардан метананд.
Гарчи морон заҳр афшон мекунанд
В-арчи талхонмон парешон мекунанд.
Наҳлҳо бар кӯҳу кандуву шаҷар
Мениҳанд аз шаҳд анбори шакар.
Заҳрҳо ҳарчанд заҳрӣ мекунанд,
Зуд тарёқоташон бармекананд.
Ин ҷаҳон ҷанг асту кул, чун бингарӣ,
Зарра бо зарра, чу дин бо кофарӣ.
Он яке зарра ҳамепаррад ба чап
В-он дигар сӯйи ямин андар талаб.
Заррае болову он дигар нигун,
Ҷанги феълишон бибин андар рукун.
Ҷанги феълӣ ҳаст аз ҷанги ниҳон,
З-ин тахолуф он тахолуфро бидон.
Заррае, к-он маҳв шуд дар офтоб,
Ҷанги ӯ берун шуд аз васфу ҳисоб.
Чун зи зарра маҳв шуд нафсу нафас,
Ҷангаш акнун ҷанги хуршед аст бас.
Рафт аз вай ҷунбиши табъу сукун,
Аз чӣ? Аз «инно илайҳи роҷиъун».
Мо ба баҳри ту зи худ роҷеъ шудем
В-аз разоъи асл мустарзеъ шудем.
Дар фурӯъи роҳ, эй монда зи ғул!
Лоф кам зан аз усул, эй беусул!
Ҷанги мову сулҳи мо дар нури айн
Нест аз мо, ҳаст «байна исбаъайн».
Ҷанги табъӣ, ҷанги феълӣ, ҷанги қавл
Дар миёни ҷузвҳо ҳарбест ҳавл.
Ин ҷаҳон з-ин ҷанг қоим мебувад,
Дар аносир дарнигар, то ҳал шавад.
Чор унсур чор устуни қавист,
Ки бад-эшон сақфи дунё муставист.
Ҳар сутуне ишканандай он дигар,
Устуни об ишканандай он шарар.
Пас бинои халқ бар аздод буд,
Лоҷарам мо ҷангием аз зарру суд.
Ҳаст аҳволам хилофи ҳамдигар,
Ҳар яке бо ҳам мухолиф дар асар.
Чунки ҳар дам роҳи худро мезанам,
Бо дигар кас созгорӣ чун кунам?
Мавҷи лашкарҳои аҳволам бибин,
Ҳар яке бо дигаре дар ҷангу кин.
Менигар дар худ чунин ҷанги гарон,
Пас чӣ машғулӣ ба ҷанги дигарон?
Ё магар з-ин ҷанг ҳаққат вохарад,
Дар ҷаҳони сулҳи якрангат барад.
Он ҷаҳон ҷуз боқиву обод нест,
З-он ки он таркиб аз аздод нест.
Ин тафонӣ аз зид ояд зиддро,
Чун набошад зидд, набвад ҷуз бақо.
Нафйи зид кард аз биҳишт он беназир,
Ки набошад шамсу зиддаш замҳарир.
Ҳаст берангӣ усули рангҳо,
Сулҳҳо бошад усули ҷангҳо.
Он ҷаҳон аст асли ин пурғам висоқ,
Васл бошад асли ҳар ҳаҷру фироқ.
Ин мухолиф аз чием, эй хоҷа, мо?
В-аз чӣ зояд ваҳдат ин аъдодро?
З-он ки мо фаръему чор аздод асл,
Хӯйи худ дар фаръ кард эҷод асл.
Гавҳари ҷон чун варои фаслҳост,
Хӯйи ӯ ин нест, хӯйи кибриёст.
Ҷангҳо бин, к-он усули сулҳҳост,
Чун набӣ, ки ҷанги ӯ баҳри Худост.
Ғолиб асту чир дар ҳар ду ҷаҳон,
Шарҳи ин ғолиб нагунҷад дар даҳон.
Оби Ҷайҳунро агар натвон кашид,
Ҳам зи қадри ташнагӣ натвон бурид.
Гар шудӣ атшони баҳри маънавӣ,
Фурҷае кун, дар ҷазирай маснавӣ.
Фурҷа кун чандон, ки андар ҳар нафас
Маснавиро маънавӣ биниву бас.
Бод каҳро з-оби ҷӯ чун во кунад,
Об якрангии худ пайдо кунад.
Шохҳои тозаи марҷон бибин,
Меваҳои руста з-оби ҷон бибин.
Чун зи ҳарфу савту дам якто шавад,
Он ҳама бигзораду дарё шавад.
Ҳарф гӯву ҳарф нӯшу ҳарфҳо
Ҳар се ҷон гарданд андар интиҳо.
Нондиҳанда-в нонситону нони пок
Сода гарданд аз сувар, гарданд хок.
Лек маънишон бувад дар се мақом,
Дар маротиб, ҳам мумаййиз, ҳам мудом.
Хок шуд сурат, вале маънӣ нашуд,
Ҳар кӣ гӯяд: «шуд», ту гӯяш: «не, нашуд».
Дар ҷаҳони рӯҳ ҳар се мунтазир,
Гаҳ зи сурат ҳорибу гаҳ мустақир.
Амр ояд «дар сувар рав», дарравад,
Боз ҳам з-амраш муҷаррад мешавад.
Пас «лаҳу-л-халқу лаҳу-л-амр»-аш бидон,
Халқ сурат, амр ҷон, рокиб бар он.
Рокибу маркуб дар фармони шоҳ,
Ҷисм бар даргоҳу ҷон дар боргоҳ.
Чунки хоҳад, к-об ояд дар сабӯ,
Шоҳ гӯяд ҷайши ҷонро к– «аркибу».
Боз ҷонҳоро чу хонад дар улу,
Бонг ояд аз нақибон, к– «анзилу».
Баъд аз ин борик хоҳад шуд сухун,
Кам кун оташ, ҳезумаш афзун макун.
То наҷӯшад дегҳои хурд зуд,
Деги идрокот хурд асту фуруд.
Пок субҳоне, ки себистон кунад,
Дар ғамоми ҳарфашон пинҳон кунад.
З-ин ғамоми бонгу ҳарфу гуфтугӯй
Пардае, к-аз себ н-ояд ғайри бӯй.
Боре афзун каш ту ин бӯро ба ҳуш,
То сӯйи аслат барад бигрифта гӯш.
Бӯ нигаҳ дору бипарҳез аз зуком,
Тан бипӯш аз боду буди сарди ом.
То наяндояд машоматро з-асар,
Эй ҳавошон аз зимистон сардтар.
Чун ҷамоданду фисурда-в тан шигарф,
Меҷаҳад анфосашон аз талли барф.
Чун замин з-ин барф дарпӯшад кафан,
Теғи хуршеди Ҳусомуддин бизан.
Ҳин, барор аз Шарқ сайфуллоҳро,
Гарм кун з-он Шарқ ин даргоҳро.
Барфро ханҷар занад он офтоб,
Селҳо резад зи кӯҳҳо бар туроб.
З-он ки «ло шарқисту ло ғарбист» ӯ,
Бо мунаҷҷим рӯзу шаб ҳарбист ӯ.
Ки чаро ҷуз ман нуҷуми беҳудо
Қибла кардӣ аз лаъимиву ъамо?
То хушат н-ояд мақоли он амин
Дар нубӣ, ки «ло уҳиббу-л-офилин».
Аз қузаҳ дар пеши маҳ бастӣ камар,
З-он ҳамеранҷӣ зи «в-аншаққа-л-қамар».
Мункирӣ инро, ки «шамсун куввират»,
Шамс пеши туст аъломартабат.
Аз ситора дида тасрифи ҳаво,
Нохушат ояд «иза-н-наҷму ҳаво».
Худ муассиртар набошад маҳ зи нон,
Эй басо нон, ки бибуррад ирқи ҷон.
Худ муассиртар набошад Зӯҳра з-об,
Эй басо обо, ки кард ӯ тан хароб.
Меҳри он дар ҷони тусту панди дӯст
Мезанад бар гӯши ту беруни пӯст.
Панди мо дар ту нагирад, эй фалон!
Панди ту дар мо нагирад ҳам, бидон.
Ҷуз магар мифтоҳи хос ояд зи дӯст,
Ки «мақолиду-с-самовот» они ӯст.
Ин сухан ҳамчун ситорасту қамар,
Лек бефармони Ҳақ надҳад асар.
Ин ситорай беҷиҳат таъсири ӯ,
Мезанад бар гӯшҳои ваҳйҷӯ.
Ки биёед аз ҷиҳат то беҷиҳот,
То надарронад шуморо гурги мот.
Ончунон ки ламъаи дурпоши ӯст,
Шамси дунё дар сифат хуффоши ӯст.
Ҳафт чархи азрақӣ дар риққи ӯст,
Пайки моҳ андар табу дар диққи ӯст.
Зӯҳра чанги масъала дар вай зада,
Муштарӣ бо нақди ҷон пеш омада.
Дар ҳавои дастбӯси ӯ Зуҳал,
Лек худро менабинад он маҳал.
Даступо Миррих чандин хаст аз ӯ
В-он Уторид сад қалам бишкаст аз ӯ.
Бо мунаҷҷим ин ҳама анҷум ба ҷанг,
К-эй раҳо карда ту ҷон, бигзида ранг.
Ҷон вай асту мо ҳама рангу руқум,
Кавкаби ҳар фикр ӯ, ҷони нуҷум.
Фикр ку он ҷо, ҳама нур аст пок,
Баҳри туст ин лафзи фикр, эй фикрнок!
Ҳар ситора хона дорад дар уло,
Ҳеч хона — дар нагунҷад наҷми мо.
Ҷой сӯз андар макон кай дарравад?
Нури номаҳдудро ҳад кай бувад?
Лек тамсилеву тасвире кунанд,
То ки дарёбад заъифе ишқманд.
Мисл набвад, лек бошад он мисел,
То кунад ақли муҷаммадро гусел.
Ақл сартез аст, лекин пой суст,
З-он ки дил вайрон шудасту тан дуруст.
Ақлашон дар нақли дунё печ-печ,
Фикрашон дар тарки шаҳват ҳеч-ҳеч.
Садрашон дар вақти даъво ҳамчу Шарқ,
Сабрашон дар вақти тақво ҳамчу барқ.
Олиме андар ҳунарҳо худнамо,
Ҳамчу олам бевафо вақти вафо.
Вақти худбинӣ нагунҷад дар ҷаҳон,
Дар гулӯву меъда гум гашта чу нон.
Ин ҳама авсофашон некӯ шавад,
Бад намонад, чунки некӯҷӯ шавад.
Гар манӣ ганда бувад ҳамчун манӣ,
Чун ба ҷон пайваст, ёбад равшанӣ.
Ҳар ҷамоде, ки кунад рӯ дар набот,
Аз дарахти бахти ӯ рӯяд ҳаёт.
Ҳар наботе, к-он ба ҷон рӯ оварад,
Хизрвор аз чашмаи ҳайвон х(в)арад.
Боз ҷон чун рӯ сӯйи ҷонон ниҳад,
Рахтро дар умри бепоён ниҳад.

Суоли соил аз мурғе, ки бар сари рабази шаҳре нишаста бошад, сари ӯ фозилтар асту азизтар ва шарифтару мукаррамтар, ё думи ӯ? Ва ҷавоб додани воиз соилро ба қадри фаҳми ӯ

Воизеро гуфт рӯзе соиле,
К-эй ту минбарро санитар қоиле.
Як суол астам, бигӯ, эй зулубоб!
Андар ин маҷлис суоламро ҷавоб:
«Бар сари бору яке мурғе нишаст,
Аз сару аз дум кадоминаш беҳ аст?».
Гуфт: «Агар рӯяш ба шаҳру дум ба деҳ,
Рӯйи ӯ аз думми ӯ медон, ки беҳ.
В-ар сӯйи шаҳр аст дум, рӯяш ба деҳ,
Хоки он дум бошу аз рӯяш биҷеҳ».
Мурғ бо пар мепарад то ошён,
Парри мардум ҳиммат аст, эй мардумон!
Ошиқе, к-олуда шуд дар хайру шар,
Хайру шар мангар ту, дар ҳиммат нигар.
Боз агар бошад сапеду беназир,
Чунки сайдаш муш бошад, шуд ҳақир.
В-ар бувад ҷуғдеву майли ӯ ба шоҳ,
ӯ сари боз аст, мангар дар кулоҳ.
Одамӣ бар қадди як ташти хамир
Барфузуд аз осмону аз асир.
Ҳеч «каррамно» шунид ин осмон?
Ки шунид ин одамии пурғамон.
Бар замину чарх арза кард кас,
Хубиву ақлу ибороту ҳавас?
Ҷилва кардӣ ҳеч ту бар осмон,
Хубии рӯю исобат дар гумон?
Пеши суратҳои ҳаммом, эй валад!
Арза кардӣ ҳеч симандом х(в)ад?
Бигзарӣ з-он нақшҳои ҳамчу ҳур,
Ҷилва орӣ бо аҷузи нимкӯр.
Дар аҷуза чист, к-эшонро набуд?
Ки туро з-он нақшҳо бо худ рабуд.
Ту нагӯйӣ, ман бигӯям дар баён:
Ақлу ҳиссу дарку тадбир асту ҷон.
Дар аҷуза ҷони омезишкунест,
Сурати гармобаҳоро рӯҳ нест.
Сурати гармоба гар ҷунбиш кунад
Дарзамон ӯ аз аҷузат барканад.
Ҷон чӣ бошад? Бохабар аз хайру шар,
Шод бо эҳсону гирён аз зарар.
Чун сиру моҳийяти ҷон махбар аст,
Ҳар кӣ ӯ огоҳтар, боҷонтар аст.
Рӯҳро таъсир огоҳӣ бувад,
Ҳар киро ин беш, аллоҳӣ бувад.
Иқтизои ҷон чу эй дил, огаҳист,
Ҳар кӣ огаҳтар бувад, ҷонаш қавист.
Худ ҷаҳони ҷон саросар огаҳист,
Ҳар кӣ беҷон аст, аз дониш тиҳист.
Чун хабарҳо ҳаст берун з-ин ниҳод,
Бошад ин ҷонҳо дар он майдон ҷамод.
Ҷони аввал мазҳари даргоҳ шуд,
Ҷони ҷон худ мазҳари Аллоҳ шуд.
Он малоик ҷумла ақлу ҷон буданд,
Ҷони нав омад, ки ҷисми он буданд.
Аз саодат чун бар он ҷон барзаданд,
Ҳамчу тан он рӯҳро ходим шуданд.
Он Билис аз ҷон, аз он сарбурда буд,
Як нашуд бо ҷон, ки узви мурда буд.
Чун набудаш он, фидои он нашуд,
Дасти бишкаста мутеъи ҷон нашуд.
Ҷон нашуд ноқис, гар он узваш шикаст,
К-он ба дасти ӯст, тонад кард ҳаст.
Сирри дигар ҳаст, ку гӯши дигар?
Тӯтие ку мустаъидди он шакар?
Тӯтиёни хосро қандест жарф,
Тӯтиёни ом аз он хур баста тарф.
Кай чашад дарвеши сурат з-он закот,
Маънӣ аст он, на фаъулун фоъилот.
Аз хари Исо дареғаш нест қанд,
Лек хар омад ба хилқат каҳписанд.
Қанд харро гар тараб ангехтӣ,
Пеши хар қантори шаккар рехтӣ.
Маънии «нахтим ало афвоҳиҳим»,
Ин шинос, ин аст раҳравро муҳим.
То зи роҳи хотами пайғамбарон
Бу, ки бархезад зи лаб хатми гарон.
Хатмҳое, к-анбиё бигзоштанд,
Он ба дини аҳмадӣ бардоштанд.
Қуфлҳои ногушода монда буд,
Аз кафи «инно фатаҳно» баргушуд.
Аз шафеъ аст ин ҷаҳону он ҷаҳон,
Ин ҷаҳон зӣ дину он ҷо зӣ ҷинон.
Ин ҷаҳон гӯяд, ки ту раҳшон намо
В-он ҷаҳон гӯяд, ки ту маҳшон намо.
Пешааш андар зуҳуру дар кумун,
«Иҳдӣ қавмӣ иннаҳум ло яъламун».
Бозгашта аз дами ӯ ҳар ду боб,
Дар ду олам даъвати ӯ мустаҷоб.
Баҳри ин хотам шудаст ӯ, ки ба ҷуд
Мисли ӯ на буду на хоҳанд буд.
Чунки дар санъат барад устод даст,
На ту гӯйӣ: «Хатми санъат бар ту аст?»
Дар гушоди хатмҳо ту хотамӣ,
Дар ҷаҳони рӯҳбахшон ҳотамӣ.
Ҳаст ишороти Муҳаммад – ал-мурод,
Кул гушод андар гушод андар гушод.
Садҳазорон офарин бар ҷони ӯ,
Бар қудуму даври фарзандони ӯ.
Он халифазодагони муқбилаш
Зодаанд аз унсури ҷону дилаш.
Гар зи Бағдоду Ҳарӣ ё аз Райанд,
Бе мизоҷи обу гил насли вайанд.
Шохи гул ҳар ҷо, ки рӯяд, ҳам гул аст,
Хумми мул ҳар ҷо, ки ҷӯшад, ҳам мул аст.
Гар зи Мағриб барзанад хуршед сар,
Айни хуршед аст, на чизи дигар.
Айбчинонро аз ин дам кӯр дор
Ҳам ба саттории худ, эй кирдгор!
Гуфт Ҳақ: «Чашми хуфоши бадхисол
Бастаам ман з-офтоби бемисол».
Аз назарҳои хуфоши камму кост
Анҷуми он шамс низ андар хафост.

Никӯҳидан номусҳои пӯсидаро, ки монеъи завқи имон ва далели заъфи сидқанд ва роҳзани сад ҳазор аблаҳ, чунон ки роҳзани он муханнас шуда буданд гӯсфандон ва намеёраст гузаштан ва пурсидани муханнас аз чӯпон, ки ин гӯсфандони ту маро аҷаб газанд? Гуфт: «Агар мардӣ ва дар ту раги мардӣ ҳаст, ҳама фидои туанд ва агар муханнасӣ, ҳар яке туро аждарҳост. Муханнасе дигар ҳаст, ки чун гӯсфандонро бинад, дарҳол аз роҳ бозгардад, наёрад пурсидан, тарсад, ки агар бипурсам, гӯсфандон дар ман афтанд ва маро бигазанд»

Эй Зиёулҳақ Ҳусомуддин, биё,
Эй сиқоли рӯҳу султону-л-ҳудо!
Маснавиро масраҳи машрӯҳ деҳ,
Сурати амсоли ӯро рӯҳ деҳ.
То ҳуруфаш ҷумла ақлу ҷон шаванд,
Сӯйи хулдистони ҷон паррон шаванд.
Ҳам ба саъйи ту зи арвоҳ омаданд,
Сӯйи доми ҳарфу мустаҳқан шуданд.
Бод умрат дар ҷаҳон ҳамчун Хизир
Ҷонфизову дастгиру мустамир.
Чун Хизир в-Илёс монӣ дар ҷаҳон,
То замин гардад зи лутфат осмон.
Гуфтаме аз лутфи ту ҷузве зи сад,
Гар набудӣ тумтароқи чашми бад.
Лек аз чашми бади заҳробдам
Захмҳои рӯҳфарсо хӯрдаам.
Ҷуз ба рамзи зикри ҳоли дигарон
Шарҳи ҳолат менаёрам дар баён.
Ин баҳона ҳам зи дастони дилест,
Ки аз ӯ поҳои дил андар гилест.
Сад дилу ҷон ошиқи сонеъ шуда,
Чашми бад ё гӯши бад монеъ шуда.
Худ яке Бӯтолиб он амми расул
Менамудаш шунъаи арбон маҳул.
Ки чӣ гӯяндам араб? К-аз тифли х(в)ад
ӯ бигардонид дини мӯътамад.
Гуфташ: «Эй ам, як шаҳодат ту бигӯ,
То кунам бо Ҳақ хусумат баҳри ту».
Гуфт: «Лекин фош гардад аз самоъ,
«Куллу сиррин ҷоваза-л-иснайни шоъ».
Ман бимонам дар забони ин араб,
Пеши эшон хор гардам з-ин сабаб».
Лек гар будиш лутфи мосабақ,
Кай будӣ ин баддилӣ бо ҷазби Ҳақ?
Ал-ғиёс, эй ту «ғиёсу-л-мустағис»
З-ин ду шохай ихтиёроти хабис.
Ман зи дастону зи макри дил чунон
Мот гаштам, ки бимондам аз фиғон.
Ман кӣ бошам? Чархи бо сад кору бор,
З-ин камин фарёд кард аз ихтиёр.
К-эй Худованди кариму бурдбор!
Деҳ амонам з-ин душохай ихтиёр.
Ҷазби якроҳай сироту-л-мустақим
Беҳ зи дуроҳи тараддуд, эй карим!
З-ин ду раҳ гарчи ҳама мақсад туӣ,
Лек худ ҷон кандан омад ин дуӣ.
З-ин ду раҳ гарчи ба ҷуз ту азм нест,
Лек ҳаргиз разм ҳамчун базм нест.
Дар нубӣ бишнав баёнаш аз Худо,
Ояти «ашфақна ан яҳмилнаҳо».
Ин тараддуд ҳаст дар дил чун вағо,
К-ин бувад беҳ ё ки он ҳоли маро?
Дар тараддуд мезанад дар ҳамдигар
Хавфу уммеди беҳӣ дар карру фар.

Муноҷот ва паноҳ ҷустан ба Ҳақ аз фитнаи ихтиёр ва аз фитнаи асбоби ихтиёр, ки самовоту арзин аз ихтиёр ва аз асбоби ихтиёр шикӯҳиданд ва тарсиданд ва хилқати одамӣ муваллаъ афтод бар талаби ихтиёр ва асбоби ихтиёри хеш, чунонки бемор бошад, худро ихтиёр кам бинад, сиҳҳат хоҳад, ки сабаби ихтиёр аст, то ихтиёраш бияфзояд ва мансаб хоҳад, то ихтиёраш бияфзояд ва маҳбати қаҳри Ҳақ дар умами мозия фарти ихтиёр ва асбоби ихтиёр будааст, ҳаргиз Фиръавни бенаво кас надидааст

Аввалам ин ҷазру мадд аз ту расид
В-арна сокин буд ин баҳр, эй маҷид!
Ҳам аз он ҷо, к-ин тараддуд додиям,
Бетараддуд кун маро ҳам аз карам.
Ибтилоям мекунӣ, оҳ, ал-ғиёс!
Эй зукур аз ибтилоят чун унос.
То ба кай ин ибтило? Ё раб макун,
Мазҳабеам бахшу даҳмазҳаб макун.
Уштуреам, лоғареву пуштреш,
З-ихтиёри ҳамчу полон шакли хеш.
Ин кажова гаҳ шавад ин сӯ гарон,
Он кажова гаҳ шавад он сӯ кашон.
Бифкан аз ман ҳимли ноҳамворро,
То бибинам равзаи аброрро.
Ҳамчу он асҳоби Каҳф аз боғи ҷуд
Мечарам, «айқоз» не, «бал ҳум руқуд».
Хуфта бошам бар ямин ё бар ясор,
Барнагардам, ҷуз чу гӯ беихтиёр.
Ҳам ба тақлиби ту то «зота-л-ямин»,
Ё суйи «зота-ш-шимол», эй рабби дин!
Садҳазорон сол будам дар матор
Ҳамчу зарроти ҳаво беихтиёр.
Гар фаромӯшам шудаст он вақту ҳол,
Ёдгорам ҳаст дар хоб иртиҳол.
Мераҳам з-ин чормехи чоршох,
Меҷаҳам дар масраҳи ҷон з-ин мунох.
Шири он айёми мозиҳои х(в)ад
Мечашам аз дояи хоб, эй самад!
Ҷумла олам з-ихтиёру ҳасти худ,
Мегурезад дар сари сармасти худ.
То даме аз ҳушёрӣ вораҳанд,
Нанги хамру замр бар худ мениҳанд.
Ҷумла дониста, ки ин ҳастӣ фах аст,
Фикру зикри ихтиёрӣ дӯзах аст.
Мегурезанд аз худӣ дар бехудӣ,
Ё ба мастӣ ё ба шуғл, эй мӯҳтадӣ!
Нафсро з-он нестӣ вомекашӣ,
З-он ки бефармон шуд андар беҳушӣ.
«Лайса ли-л-ҷинни вало ли-л-инси ан,
Танфузу мин ҷинси ақтори-з-заман.
Ло нуфуз илло бисултони-л-ҳудо,
Мин таҷовифи-с-самовоти-л-уло.
Ло ҳудо илло бисултонин яқӣ,
Мин ҳироси-ш-шуҳби рӯҳа-л-муттақӣ».
Ҳеч касро, то нагардад ӯ фано,
Нест раҳ дар боргоҳи кибриё.
Чист меъроҷи фалак? Ин нестӣ,
Ошиқонро мазҳабу дин нестӣ.
Пӯстину чоруқ омад, аз ниёз
Дар тариқи ишқ меҳроби Аёз.
Гарчи ӯ худ шоҳро маҳбуб буд,
Зоҳиру ботин латифу хуб буд.
Гашта бе кибру риёву кинае,
Ҳусни султонро рухаш ойинае.
Чунки аз ҳастии худ ӯ дур шуд,
Мунтаҳои кори ӯ маҳмуд буд.
З-он қавитар буд тамкини Аёз,
Ки зи хавфи кибр кардӣ эҳтироз.
ӯ муҳаззаб гашта буду омада,
Кибррову нафсро гардан зада.
Ё паси таълим мекард он ҳиял,
Ё барои ҳикмате, дур аз ваҷал.
Ё ки диди чоруқаш з-он шуд писанд,
К-аз насими нестӣ ҳастист банд.
То гушояд дахма, к-он бар нестист,
То биёбад он насими айшу зист.
Милку молу атласи ин марҳала,
Ҳаст бар ҷони сабукрав силсила.
Силсилай заррин бидиду ғарра гашт,
Монд дар сӯрохи чоҳе ҷон зи дашт.
Сураташ ҷаннат, ба маънӣ дӯзахе,
Афъии пурзаҳру нақшаш гулрухе.
Гарчи мӯъминро сақар надҳад зарар,
Лек ҳам беҳтар бувад з-он ҷо гузар.
Гарчи дӯзах дур дорад з-ӯ накол,
Лек ҷаннат беҳ варо «фӣ кулли ҳол».
Ал-ҳазар, эй ноқисон, з-ин гулрухе,
Ки ба гоҳи сӯҳбат омад дӯзахӣ.

Ҳикояти ғуломи ҳинду, ки ба худовандзодаи худ пинҳон ҳаво оварда буд, чун духтарро бо меҳтарзодае ақд карданд, ғулом хабар ёфт, ранҷур шуд ва мегудохт ва ҳеч табиб иллати ӯро дарнамеёфт ва ӯро заҳраи гуфтан на

Хоҷаеро буд ҳиндубандае,
Парварида, карда ӯро зиндае.
Илму одобаш тамом омӯхта,
Дар дилаш шамъи ҳунар афрӯхта.
Парваридаш аз туфулийят ба ноз
Дар канори лутф он икромсоз.
Буд ҳам ин хоҷаро хуш духтаре,
Симандоме, гаше, хушгавҳаре.
Чун муроҳиқ гашт духтар, толибон
Базл мекарданд кобини гарон.
Мерасидаш аз сӯйи ҳар меҳтаре
Баҳри духтар дам ба дам хозагаре.
Гуфт хоҷа: «Молро набвад субот,
Рӯз ояд, шаб равад андар ҷиҳот.
Ҳусни сурат ҳам надорад эътибор,
Ки шавад рухзард аз як захми мор.
Саҳл бошад низ меҳтарзодагӣ,
Ки бувад ғарра ба молу борагӣ.
Эй басо меҳтарбача, к-аз шӯру шар
Шуд зи феъли зишти худ нанги падар.
Пурҳунарро низ агар бошад нафис,
Кам парасту ибрате гир аз Билис.
Илм будаш, чун набудаш ишқи дин,
ӯ надид аз Одам илло нақши тин.
Гарчи донӣ диққати илм, эй амин!
З-он-т нагшояд ду дидай ғайббин.
ӯ набинад ғайри дастореву риш,
Аз муарриф пурсад аз бешу камиш.
Орифо, ту аз муарриф фориғӣ,
Худ ҳамебинӣ, ки нури бозиғӣ.
Кор тақво дораду дину салоҳ,
Ки аз ӯ бошад ба ду олам фалоҳ».
Кард як домоди солеҳ ихтиёр,
Ки буд ӯ фахри ҳама хайлу табор.
Пас занон гуфтанд: «ӯро мол нест,
Меҳтариву ҳусну истиқлол нест».
Гуфт: «Онҳо тобеъи зӯҳданду дин,
Безар ӯ ганҷест бар рӯйи замин».
Чун ба ҷид тазвиҷи духтар гашт фош,
Дасти паймону нишониву қумош.
Пас ғуломи хурд, к-андар хона буд,
Гашт бемору заъифу зор зуд.
Ҳамчу бемори диқе ӯ мегудохт,
Иллати ӯро табибе кам шинохт.
Ақл мегуфтӣ, ки ранҷаш аз дил аст,
Доруи тан дар ғами дил ботил аст.
Он ғуломак дам назад аз ҳоли хеш,
К-аз чӣ меояд бар ӯ дар сина неш?
Гуфт хотунро шабе шавҳар, ки ту
Бозпурсаш дар хало аз ҳоли ӯ.
Ту ба ҷойи модарӣ ӯро, бувад,
Ки ғами худ пеши ту пайдо кунад.
Чунки хотун кард дар гӯш ин калом,
Рӯзи дигар рафт наздики ғулом.
Пас сарашро шона мекард он сатӣ
Бо дусад меҳру далолу оштӣ.
Ончунон ки модарони меҳрубон
Нарм кардаш, то даромад дар баён
Ки маро уммед аз ту ин набуд,
Ки диҳӣ духтар ба бегонай ануд.
Хоҷазодай мову мо хастаҷигар,
Ҳайф набвад, к-ӯ равад ҷойи дигар?
Хост он хотун зи хашме, к-омадаш,
Ки занад в-аз бом зер андозадаш.
К-ӯ кӣ бошад? Ҳиндуи модарғаре,
Ки тамаъ дорад ба хоҷадухтаре?
Гуфт: «Сабр авло бувад», худро гирифт,
Гуфт бо хоҷа, ки бишнав ин шигифт.
Инчунин гарроа кай хоин бувад,
Мо гумон бурда, ки ҳаст ӯ мӯътамад.

Сабр фармудани хоҷа модари духтарро, ки ғуломро заҷр макун, ман ӯро бе заҷр аз ин тамаъ боздорам, ки на сих сӯзад, на кабоб хом монад

Гуфт хоҷа: «Сабр кун, бо ӯ магӯ,
Ки аз ӯ бибрему бидҳемаш ба ту.
То магар ин аз дилаш берун кунам,
Ту тамошо кун, ки дафъаш чун кунам?
Ту дилаш хуш кун, бигӯ: «Медон дуруст,
Ки ҳақиқат духтари мо ҷуфти туст.
Мо надонистем, эй хуш муштарӣ,
Чунки донистем, ту авлотарӣ.
Оташи мо ҳам дар ин конуни мо,
Лайлӣ они мову ту Маҷнуни мо.
То хаёлу фикри хуш бар вай занад,
Фикри ширин мардро фарбеҳ кунад.
Ҷонвар фарбеҳ шавад, лек аз алаф,
Одамӣ фарбеҳ зи изз асту шараф.
Одамӣ фарбеҳ шавад аз роҳи гӯш,
Ҷонвар фарбеҳ шавад аз ҳалқу нӯш».
Гуфт он хотун: «Аз ин нанги маҳин
Худ даҳонам кай биҷунбад андар ин?
Инчунин жоже чӣ хоям баҳри ӯ?
Гӯ бимир он хоини иблисхӯ».
Гуфт хоҷа: «Не, матарсу дам диҳаш,
То равад иллат аз ӯ, з-ин лутфи х(в)аш.
Дафъи ӯро, дилбаро, бар ман навис,
Ҳил, ки сиҳҳат ёбад он борикрес».
Чун бигуфт он хастаро хотун чунин,
Менагунҷид аз табахтур бар замин.
Зафт гашту фарбеҳу сурху шукуфт
Чун гули сурху ҳазорон шукр гуфт,
Ки гаҳе мегуфт: «Эй хотуни ман!
Ки мабодо бошад ин дастону фан!»
Хоҷа ҷамъийят бикарду даъвате,
Ки ҳамесозам фараҷро васлате.
То ҷамоъат ишва медоданду гол,
К-эй фараҷ, бодат муборак иттисол.
То яқинтар шуд фараҷро ин сухун,
Иллат аз вай рафт, кулл аз беху бун.
Баъд аз он андар шаби гирдак ба фан
Амрадеро баст ҳанно ҳамчу зан.
Пурнигораш кард соъид чун арӯс,
Пас намудаш мокиён, додаш хурӯс.
Миқнаъа-в ҳуллай арӯсони накӯ
Кинги амрадро бипӯшонид ӯ.
Шамъро ҳангоми хилват зуд кушт,
Монд ҳинду бо чунон кинги дурушт.
Ҳиндувак фарёд мекарду фиғон,
Аз бурун нашнид кас, аз дафзанон.
Зарби даффу каффу наърай марду зан
Кард пинҳон наъраи он наъразан.
То ба рӯз он ҳиндувакро мефишорд,
Чун бувад дар пеши саг анбони орд?
Рӯз оварданд тосу буғи зафт,
Расми домодон фараҷ ҳаммом рафт.
Рафт дар ҳаммом ӯ ранҷури ҷон,
Кун дарида ҳамчу далқи туниён.
Омад аз ҳаммом дар гирдак фусӯс,
Пеши ӯ биншаст духтар чун арӯс.
Модараш он ҷо нишаста посбон,
Ки набояд, к-ӯ кунад рӯз имтиҳон.
Соате дар вай назар кард аз инод,
Онгаҳон бо ҳар ду дасташ даҳ бидод.
Гуфт: «Касро худ мабодо иттисол,
Бо чу ту нохуш арӯси бадфиъол.
Рӯз рӯяд рӯйи хотунони тар,
Кери зиштат шаб батар аз кери хар».
Ҳамчунон ҷумла наъими ин ҷаҳон,
Бас хуш аст аз дур пеш аз имтиҳон.
Менамояд дар назар аз дур об,
Чун равӣ наздик, бошад он сароб.
Гандапир аст ӯву аз бас чоплус,
Хешро ҷилва кунад чун наварӯс.
Ҳин, машав мағрури он гулгунааш,
Нӯши нешолудаи ӯро мачаш.
Сабр кун, к– «ас-сабру мифтоҳу-л-фараҷ»,
То наяфтӣ чун фараҷ дар сад ҳараҷ.
Ошкоро дона, пинҳон доми ӯ,
Хуш намояд з-аввалат инъоми ӯ.

Дар баёни он ки ин ғурур танҳо он ҳиндуро набуд, балки ҳар одамие ба чунин ғурур мубталост дар ҳар марҳилае «илло ман асамаллоҳ»

Чун бипайвастӣ бад-он, эй зинҳор!
Чанд нолӣ дар надомат зор-зор?
Номи мириву вазириву шаҳӣ,
Дар ниҳонаш маргу дарду ҷондиҳӣ.
Банда бошу бар замин рав чун саманд,
Чун ҷаноза на, ки бар гардан баранд.
Ҷумларо ҳаммоли худ хоҳад кафур,
Чун савори мурда орандаш ба гӯр.
Бар ҷаноза ҳар киро бинӣ ба хоб,
Фориси мансиб шавад, олирикоб.
З-он ки он тобут бар халқ аст бор,
Бор бар халқон фиканданд ин кибор.
Бори худ бар кас манеҳ, бар хеш неҳ,
Сарвариро кам талаб, дарвеш беҳ.
Маркаби аъноқи мардумро мапо,
То набояд ниқрисат андар ду по.
Маркаберо, к-охираш ту даҳ диҳӣ,
Ки ба шаҳре мониву вайрон деҳе.
Даҳ диҳаш акнун, ки чун шаҳрат намуд,
То набояд рахт дар вайрон гушуд.
Даҳ диҳаш акнун, ки сад бустон-т ҳаст,
То нагардӣ оҷизу вайронпараст.
Гуфт пайғамбар, ки ҷаннат аз Илоҳ,
Гар ҳамехоҳӣ, зи кас чизе махоҳ.
Чун нахоҳӣ, ман кафилам мар туро,
Ҷаннату-л-маъвову дидори Худо.
Он саҳобе з-ин кафолат шуд аёр,
То яке рӯзе, ки гашта буд савор.
Тозиёна аз кафаш афтод рост,
Худ фуруд омад, зи кас онро нахост.
Он ки аз додаш наёяд ҳеч бад,
Донаду бе хоҳише худ медиҳад.
В-ар ба амри Ҳақ бихоҳӣ, он равост,
Ончунон хоҳиш тариқи анбиёст.
Бад намонад, чун ишорат кард дӯст,
Куфр имон шуд, чу куфр аз баҳри ӯст.
Ҳар баде, ки амри ӯ пеш оварад,
Он зи некӯҳои олам бигзарад.
З-он садаф гар хаста гардад низ пӯст,
Даҳ мадеҳ, аз садҳазорон дур дар ӯст.
Ин сухан поён надорад, бозгард
Сӯйи шоҳу ҳаммизоҷи боз гард.
Бозрав дар кон чу зарри даҳдаҳӣ,
То раҳад дастони ту аз даҳдиҳӣ.
Суратеро чун ба дил раҳ медиҳанд,
Аз надомат охираш даҳ медиҳанд.
Дуздро, к-он қатъи талхӣ мезаҳад,
Завқи дуздиро чу зан даҳ медиҳад.
Даҳ бидодан дидӣ аз дасти ҳазин?
Даҳ бидодан з-ин буридадаст бин.
Ҳамчунон қаллобу хуниву лаванд,
Вақти талхӣ айшро даҳ медиҳанд.
Тавба меоранд ҳам парвонавор,
Боз нисён мекашадшон сӯйи кор.
Ҳамчу парвона зи дур он норро
Нур диду баст он сӯ борро.
Чун биёмад, сӯхт паррашро, гурехт,
Боз чун тифлон фитоду милҳ рехт.
Бори дигар бар гумону тамъи суд,
Хеш зад бар оташи он шамъ зуд.
Бори дигар сӯхт ҳам, вопас биҷаст,
Бозкардаш ҳирси дил носиву маст.
Он замон, к-аз сӯхтан вомеҷиҳад,
Ҳамчу ҳинду шамъро даҳ медиҳад.
К-эй рухат тобон чу моҳи шабфурӯз
В-эй ба сӯҳбат козибу мағрурсӯз.
Боз аз ёдаш равад тавба-в анин,
К- «Авҳана-р-раҳмону кайда-л-козибин».

Дар умуми таъвили ин оят, ки «кулламо авқаду норан ли-л-ҳарб»

«Кулламо ҳум авқаду нора-л-вағо,
Атфаъаллаҳ нораҳум ҳатта-нтифо».
Азм карда, ки дило, он ҷо маист,
Гашта носӣ з-он, ки аҳли азм нест.
Чун набудаш тухми сидқе кошта,
Ҳақ бар ӯ нисёни он бигмошта.
Гарчи бар оташзанай дил мезанад,
Он ситорашро кафи Ҳақ мекушад.

Қиссае ҳам дар тақрири ин

Шарфае бишнид дар шаб мӯътамад,
Баргирифт оташзана, к-оташ занад.
Дузд омад он замон, пешаш нишаст,
Чун гирифт он сӯхта, мекард паст.
Мениҳод он ҷо сари ангуштро,
То шавад истораи оташ фано.
Хоҷа мепиндошт, к-аз худ мемурад,
Ин намедид ӯ, ки дуздаш мекушад.
Хоҷа гуфт: «Ин сӯхта намнок буд»,
Мемурад истора аз тарриш зуд.
Бас ки зулмат буду торикӣ зи пеш,
Менадид оташкушеро пеши хеш.
Инчунин оташкуше андар дилаш,
Дидаи кофир набинад аз амаш.
Чун намедонад дили донандае?
Ҳаст бо гарданда гардонандае.
Чун намегӯйӣ, ки рӯзу шаб ба х(в)ад,
Бе Худованде кай ояд? Кай равад?
Гирди маъқулот мегардӣ? Бибин
Инчунин беақлии худ, эй маҳин!
Хона бо банно бувад маъқултар,
Ё ки бе банно? Бигӯ, эй камҳунар!
Хатт бо котиб бувад маъқултар,
Ё ки бе котиб? Бияндеш, эй писар!
«Ҷим»-и гӯшу «айн»-и чашму «мим»-и фам,
Чун бувад бе котибе? Эй муттаҳам!
Шамъ равшан бе зи гиронандае,
Ё ба гиронандаи донандае?
Санъати хуб аз кафи шалли зарир
Бошад авло, ё ба гирое басир?
Пас чу донистӣ, ки қаҳрат мекунад,
Бар сарат даббуси меҳнат мезанад.
Пас бикун дафъаш, чу Намруде ба ҷанг,
Сӯйи ӯ каш дар ҳаво тире хаданг.
Ҳамчу испоҳи муғул бар осмон
Тир меандоз дафъи назъи ҷон.
Ё гурез аз вай агар тонӣ, бирав,
Чун равӣ? Чун дар кафи ӯӣ гарав.
Дар адам будӣ, нарастӣ аз кафаш,
Аз кафи ӯ чун раҳӣ, эй дастх(в)аш!
Орзу ҷустан, бувад бигрехтан,
Пеши адлаш хуни тақво рехтан.
Ин ҷаҳон дом асту дона-ш орзу,
Даргурез аз домҳо, рӯй ор з-ӯ.
Чун чунин рафтӣ, бидидӣ сад гушод,
Чун шудӣ дар зидди он, дидӣ фасод.
Пас паямбар гуфт: «истафту-л-қулуб»,
Гарчи муфтитон бурун гӯяд хутуб.
Орзу бигзор, то раҳм оядаш,
Озмудӣ, ки чунин мебоядаш.
Чун натонӣ ҷаст, пас хидмат кунаш,
То равӣ аз ҳабси ӯ дар гулшанаш.
Дам ба дам чун ту муроқиб мешавӣ,
Дод мебиниву довар, эй ғавӣ!
В-ар бибандӣ чашми худ аз эҳтиҷоб,
Кори худро кай гузорад офтоб?

Вонамудани подшоҳ ба умаро ва мутаассибон дар роҳ Аёз, сабаби фазилату мартабат ва қурбату ҷомагии ӯ, бар эшон бар ваҷҳе, ки эшонро ҳуҷҷат ва эътироз намонд

Чун амирон аз ҳасад ҷӯшон шуданд,
Оқибат бар шоҳи худ таъна заданд.
К-ин Аёзи ту надорад сӣ хирад,
Ҷомагии се амир ӯ чун хурад?
Шоҳ берун рафт бо он сӣ амир
Сӯйи саҳрову кӯҳистон сайдгир.
Корвоне дид аз дур он малик,
Гуфт амиреро: «Бирав, эй мӯътафик!
Рав, бипурс он корвонро бар расад,
К-аз кадомин шаҳр андармерасад?».
Рафту пурсиду биёмад, ки зи Рай,
Гуфт: «Азмаш то куҷо?», дармонд вай.
Дигареро гуфт: «Рав, эй булъало!
Бозпурс аз корвон, ки то куҷо?».
Рафту омад, гуфт: «То сӯйи Яман»,
Гуфт: «Рахташ чист? Ҳон, эй мӯътаман!»
Монд ҳайрон, гуфт бо мире дигар,
Ки бирав, вопурс рахти он нафар.
Бозомад, гуфт: «Аз ҳар ҷинс ҳаст,
Ағлаби он косаҳои розӣ аст».
Гуфт: «Кай берун шуданд аз шаҳри Рай?»,
Монад ҳайрон он амири сустпай.
Ҳамчунин то сӣ амиру бештар,
Сустрою ноқис андар карру фар.
Гуфт амиронро, ки ман рӯзе ҷудо
Имтиҳон кардам Аёзи хешро,
Ки бипурс аз корвон, то аз куҷост?
ӯ бирафт, ин ҷумла вопурсид рост.
Бе васийят, бе ишорат, як ба як
Ҳолашон дарёфт берайбеву шак.
Ҳар чӣ з-ин сӣ мир андар сӣ мақом
Кашф шуд з-ӯ он ба як дам шуд тамом.

Мудофиаи умаро он ҳуҷҷатро ба шубҳаи ҷабриёна ва ҷавоб додани шоҳ эшонро

Пас бигуфтанд он амирон, к-ин фанест
Аз иноятҳош, кори ҷаҳд нест.
Қисмати Ҳаққ аст маҳро рӯйи нағз,
Додаи бахт аст гулро бӯйи нағз».
Гуфт султон: «Балки он-ч аз нафс зод,
Райъи тақсир асту дахли иҷтиҳод.
В-арна одам кай бигуфтӣ бо Худо:
«Раббано инно заламно нафсано?»
Худ бигуфтӣ, к-ин гуноҳ аз нафс буд,
Чун қазо ин буд, ҳазми мо чӣ суд?
Ҳамчу Иблисе, ки гуфт: «ағвайтанӣ»,
Ту шикастӣ ҷому моро мезанӣ?»
Бал қазо ҳаққ асту ҷаҳди банда ҳақ,
Ҳин, мабош аъвар чу Иблиси халақ.
Дар тараддуд мондаем андар ду кор,
Ин тараддуд кай бувад беихтиёр?
«Ин кунам ё он кунам» ӯ кай гувад,
Ки ду дасту пойи ӯ баста бувад?
Ҳеч бошад ин тараддуд дар сарам,
Ки равам дар баҳр ё боло парам.
Ин тараддуд ҳаст, ки Мавсил равам,
Ё барои сеҳр то Бобил равам?»
Пас тараддудро бибояд қудрате
В-арна он ханда бувад бар сиблате.
Бар қазо кам неҳ баҳона, эй ҷавон,
Ҷурми худро чун ниҳӣ бар дигарон?
Хун кунад Зайду қасоси ӯ ба Амр?
Май хурад Амру бар Аҳмад ҳадди хамр?
Гирди худ баргарду ҷурми худ бибин,
Ҷунбиш аз худ бину аз соя мабин.
Ки нахоҳад шуд ғалат подоши мир,
Хасмро медонад он мири басир.
Чун асал хурдӣ, наёмад таб ба ғайр,
Музди рӯзи ту наёмад шаб ба ғайр.
Дар чӣ кардӣ ҷаҳд, к-он воту нагашт?
Ту чӣ коридӣ, ки номад райъи кашт?
Феъли ту ки зояд аз ҷону танат,
Ҳамчу фарзандат бигирад доманат.
Феълро дар ғайб сурат мекунанд,
Феъли дуздиро на доре мезананд?
Дор кай монад ба дуздӣ? Лек он
Ҳаст тасвири Худои ғайбдон.
Дар дили шаҳна чу Ҳақ илҳом дод,
Ки чунин сурат бисоз аз баҳри дод.
То ту олим бошиву одил, қазо
Номуносиб чун диҳад доду сазо?
Чунки ҳоким ин кунад андар гузин,
Чун кунад ҳукм аҳками ин ҳокимин?
Чу бикорӣ ҷав, нарӯяд ғайри ҷав,
Қарз ту кардӣ, зи кӣ хоҳад гарав?
Ҷурми худро бар касе дигар манеҳ,
Ҳушу гӯши худ бад-ин подош деҳ.
Ҷурм бар худ неҳ, ки ту худ коштӣ,
Бо ҷазову адли Ҳақ кун оштӣ.
Ранҷро бошад сабаб бад кардане,
Бад зи феъли худ шинос, аз бахт не.
Он назар дар бахт чашм аҳвал кунад,
Калбро каҳдониву коҳил кунад.
Муттаҳам кун нафси худро, эй фато,
Муттаҳам кам кун ҷазои адлро.
Тавба кун, мардона сар овар ба раҳ,
Ки «фаман яъмал бимисқоли яраҳ».
Дар фусуни нафс кам шав ғаррае,
К-офтоби Ҳақ напӯшад заррае.
Ҳаст ин зарроти ҷисме, эй муфид,
Пеши ин хуршеди ҷисмонӣ падид.
Ҳаст зарроти хавотир в-ифтикор
Пеши хуршеди ҳақоиқ ошкор.

Ҳикояти он сайёде, ки хештан дар гиёҳ печида буд ва дастаи гулу лоларо кулаҳвор ба сар фурӯ кашида, то мурғон ӯро гиёҳ пиндоранд ва он мурғи зирак бӯй бурд андаке, ки ин одамист, ки бар ин шакл гиёҳ надидам, аммо ҳам тамом бӯй набурд, ба афсуни ӯ мағрур шуд, зеро дар идроки аввал қотеъӣ надошт, дар идроки макри дуввум қотеъӣ дошт ва «ҳува-ал-ҳирсу ва-т-тамаъу ло сийямо фарти-л-ҳоҷати ва-л-фақри». Қола-н-набӣ саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «кода-л-фақру ан якуна куфран»

Рафт мурғе дар миёни марғзор,
Буд он ҷо дом аз баҳри шикор.
Донаи чанде ниҳода бар замин
В-он саёд он ҷо нишаста дар камин.
Хештан печида дар баргу гиёҳ,
То дарафтад сайди бечора зи роҳ.
Мурғак омад сӯйи ӯ аз ношинохт,
Пас тавофе карду пеши мард тохт.
Гуфт ӯро: «Кистӣ ту? Сабзпӯш!
Дар биёбон, дар миёни ин вуҳуш».
Гуфт: «Марди зоҳидам ман мунқатеъ,
Бо гиёҳе гаштам ин ҷо муқтанеъ.
Зӯҳду тақворо гузидам дину кеш,
З-он ки медидам аҷалро пеши хеш.
Марги ҳамсоя маро воъиз шуда,
Касбу дуккони маро барҳам зада.
Чун ба охир фард хоҳам мондан,
Хӯ набояд кард бо ҳар марду зан.
Рӯ бихоҳам кард охир дар лаҳад,
Он беҳ ояд, ки кунад хӯ бо аҳад.
Чун занахро баст хоҳанд, эй санам,
Он беҳ ояд, ки занах камтар занам.
Эй ба зарбафту камар омӯхта,
Охир астат ҷомаи нодӯхта.
Рӯ ба хок орем, к-аз вай растаем,
Дил чаро дар бевафоён бастаем?
Ҷадду хешонмон қадимий чортабъ,
Мо ба хеший орият бастем тамъ.
Солҳо ҳамсӯҳбативу ҳамдамӣ
Бо аносир дошт ҷисми одамӣ.
Рӯҳи ӯ худ аз нуфусу аз уқул,
Рӯҳ усули хешро карда нукул.
Аз нуфусу аз уқули пурсафо
Нома меояд ба ҷон, к-эй бевафо,
Ёракони панҷрӯза ёфтӣ,
Рӯ зи ёрони куҳан бартофтӣ?
Кӯдакон гарчи ки дар бозӣ х(в)ашанд,
Шаб кашоншон сӯйи хона мекашанд.
Шуд бараҳна вақти бозӣ тифли хурд,
Дузд аз ногаҳ қабову кафш бурд.
Ончунон гарм ӯ ба бозӣ дарфитод,
К-он кулоҳу пераҳан рафташ зи ёд.
Шуд шабу бозии ӯ шуд бемадад,
Рӯ надорад, к-ӯ суйи хона равад.
Не шунидӣ «иннама-д-дунё лаъиб»,
Бод додӣ рахту гаштӣ муртаъиб.
Пеш аз он ки шаб шавад ҷома биҷӯ,
Рӯзро зоеъ макун дар гуфтугӯ.
Ман ба саҳро хилвате бигзидаам,
Халқро ман дузди ҷома дидаам.
Ними умр аз орзуи дилситон,
Ними умр аз ғуссаҳои душманон.
Ҷаббаро бурд он, кулаҳро ин бибурд,
Ғарқи бозӣ гашта мо чун тифли хурд.
Нак шабонгоҳи аҷал наздик шуд,
«Халла ҳоза-л-лаъб, бассак, ло таъуд».
Ҳин, савори тавба шав, дар дузд рас,
Ҷомаҳо аз дузд бистон бозпас.
Маркаби тавба аҷоиб маркаб аст,
Бар фалак тозад ба як лаҳза зи паст.
Лек маркабро нигаҳ медор аз он,
К-ӯ бидуздид он қабоятро ниҳон.
То надуздад маркабатро низ ҳам,
Пос дор ин маркабатро дам ба дам».

Ҳикояти он шахс, ки дуздон қучи ӯро бидуздиданд ва бар он қаноат накарданд, ба ҳила ҷомаҳошро ҳам дуздиданд

Он яке қуч дошт, аз пас мекашид,
Дузд қучро бурд, ҳаблашро бурид.
Чунки огаҳ шуд, давон шуд чаппу рост,
То биёбад, к-он қучи бурда куҷост?
Бар сари чоҳе бидид он дуздро,
Ки фиғон мекард, к-эй вовайлато!
Гуфт: «Нолон аз чиӣ? Эй устод!»
Гуфт: «Ҳамёни зарам дар чаҳ фитод.
Гар тавонӣ дарравӣ, берун кашӣ,
Хумс бидҳам мар туро бо дилх(в)ашӣ.
Хумси сад динор бистонӣ ба даст»,
Гуфт ӯ: «Худ ин баҳои даҳ қуч аст.
Гар даре барбаста шуд, даҳ дар гушод,
Гар қуче шуд, Ҳақ иваз уштур бидод».
Ҷомаҳо барканду андар чоҳ рафт,
Ҷомаҳоро бурд ҳам он дузд тафт.
Ҳозиме бояд, ки раҳ то деҳ барад,
Ҳазм набвад, тамъи тоун оварад.
ӯ яке дузд аст фитнасирате,
Чун хаёл ӯро ба ҳар дам сурате.
Кас надонад макри ӯ илло Худо,
Дар Худо бигрезу вораҳ з-он дағо.

Мунозираи мурғ бо сайёд дар тараҳҳуб ва дар маънии тараҳҳубӣ, ки Мустафо алайҳиссалом наҳй кард аз он уммати худро, ки «ло раҳбонийята фи-л-ислом»

Мурғ гуфташ: «Хоҷа, дар хилват маист,
Дини Аҳмадро тараҳҳуб нек нест.
Аз тараҳҳуб наҳй кардаст он расул,
Бидъате чун даргирифтӣ? Эй фазул!
Ҷумла шарт асту ҷамоъат дар намоз,
Амри маъруфу зи мункар эҳтироз.
Ранҷи бадхӯён кашидан зери сабр,
Манфиъат додан ба халқон ҳамчу абр.
«Хайру нос ан янфаъа-н-нос», эй падар!
Гарна сангӣ, чӣ ҳарифӣ бо мадар?
Дар миёни уммати марҳум бош,
Суннати Аҳмад маҳил, маҳкум бош».
Гуфт: «Ақли ҳар киро набвад русух,
Пеши оқил ӯ чу санг асту кулӯх.
Чун ҳимор аст он, ки нон-ш умнийят аст,
Сӯҳбати ӯ айни рӯҳбонийят аст.
З-он ки ғайри Ҳақ ҳама гардад руфот,
«Куллу отин баъда ҳинин фаҳва от».
Ҳукми ӯ ҳам ҳукми қиблай ӯ бувад,
Мурдааш хон, чунки мурдаҷӯ бувад.
Ҳар кӣ бо ин қавм бошад, роҳиб аст,
Ки кулӯху санг ӯро соҳиб аст.
Худ кулӯху санг касро раҳ назад,
З-ин кулӯхон сад ҳазор офат расад».
Гуфт мурғаш: «Пас ҷиҳод он гаҳ бувад,
К-инчунин раҳзан миёни раҳ бувад.
Аз барои ҳифзу ёриву набард,
Бар раҳи ноамн ояд шермард.
Ирқи мардӣ он гаҳе пайдо шавад,
Ки мусофир ҳамраҳи аъдо шавад.
Чун набии сайф будаст он расул,
Уммати ӯ сафдаронанду фуҳул.
Маслиҳат дар дини мо ҷангу шукӯҳ,
Маслиҳат дар дини Исо ғору кӯҳ».
Гуфт: «Оре гар бувад ёриву зӯр,
То ба қувват барзанад бар шарру шӯр.
Чун набошад қуввате, парҳез беҳ,
Дар фирори «лоютоқ» осон биҷеҳ».
Гуфт: «Сидқи дил бибояд корро
В-арна ёрон кам наёяд ёрро.
Ёр шав, то ёр бинӣ беадад,
З-он ки бе ёрон бимонӣ бемадад.
Дев гург асту ту ҳамчун Юсуфӣ,
Домани Яъқуб магзор, эй сафӣ!
Гург ағлаб он гаҳе гиро бувад,
К-аз рама шишак ба худ танҳо равад.
Он ки суннат бо ҷамоъат тарк кард,
Дар чунин масбаъ, на хуни хеш х(в)ард.
Ҳаст суннат раҳ, ҷамоъат чун рафиқ,
Бе раҳу бе ёр, афтӣ дар мазиқ.
Ҳамраҳе на, к-ӯ бувад хасми хирад,
Фурсате ҷӯяд, ки ҷомай ту барад.
Меравад бо ту, ки ёбад ақбае,
Ки тавонад кардат он ҷо наҳбае.
Ё бувад уштурдиле, чун дид тарс
Гӯяд аз баҳри руҷӯъ аз роҳ дарс.
Ёрро тарсон кунад з-уштурдилӣ,
Инчунин ҳамраҳ адӯ дон, на валӣ.
Роҳи ҷонбозисту дар ҳар ғешае
Офате дар дафъи ҳар ҷон шишае.
Роҳи дин з-он рӯ пур аз шӯру шар аст,
Ки на роҳи ҳар муханнасгавҳар аст.
Дар раҳ ин тарс имтиҳонҳои нуфус
Ҳамчу парвезан ба тамйизи субус.
Роҳ чӣ бвад? Пур нишони пойҳо,
Ёр чӣ бвад? Нардбони ройҳо.
Гирам он гургат наёбад з-эҳтиёт,
Бе зи ҷамъийят наёбӣ он нишот.
Он ки танҳо дар раҳе ӯ хуш равад,
Бо рафиқон сири ӯ садтӯ шавад.
Бо ғализӣ хар зи ёрон, эй фақир,
Дар нишот ояд, шавад қувватпазир.
Ҳар харе, к-аз корвон танҳо равад,
Бар вай он роҳ аз таъаб садтӯ шавад.
Чанд сиху чанд чӯб афзун хурад,
То ки танҳо он биёбонро бурад.
Мар туро мегӯяд он хар, хуш шунав,
Гар найӣ хар, ҳамчунин танҳо марав.
Он ки танҳо, хуш равад андар расад,
Бо рафиқон бе гумон хуштар равад.
Ҳар набие андар ин роҳи дуруст
Мӯъҷиза бинмуду ҳамроҳон биҷуст.
Гар набошад ёрии деворҳо,
Кай барояд хонаву анборҳо?
Ҳар яке девор агар бошад ҷудо,
Сақф чун бошад муаллақ дар ҳаво?
Гар набошад ёрии ҳибру қалам,
Кай фитад бар рӯйи коғазҳо рақам?
Ин ҳасире, ки касе мегустарад,
Гар напайвандад ба ҳам, бодаш барад.
Ҳақ зи ҳар ҷинсе чу завҷайн офарид,
Пас натоиҷ шуд зи ҷамъийят падид».
ӯ бигуфту ӯ бигуфт аз эҳтизоз,
Баҳсашон шуд андар ин маънӣ дароз.
Маснавиро чобуку дилхоҳ кун,
Моҷароро мӯҷазу кӯтоҳ кун.
Баъд аз он гуфташ, ки гандум они кист?
Гуфт: «Амонат аз ятими бевасист
Моли айтом аст, амонат пеши ман,
З-он ки пиндоранд моро мӯътаман».
Гуфт: «Ман музтарраму маҷрӯҳҳол,
Ҳаст мурдор ин замон бар ман ҳалол.
Ҳин, ба дастурӣ аз ин гандум х(в)арам,
Эй амину порсову мӯҳтарам!»
Гуфт: «Муфтии зарурат ҳам тувӣ,
Бе зарурат гар хурӣ, муҷрим шавӣ.
В-ар зарурат ҳаст, ҳам парҳез беҳ
В-ар хурӣ, боре замони он бидеҳ».
Мурғ бас дар худ фурӯ рафт он замон,
Тавсанаш сар бистад аз ҷазби инон.
Чун бихӯрд он гандум, андар фах бимонд,
Чанд ӯ «Ёсин»-у «Ал-анъом» хонд.
Баъди дармондан чӣ афсӯсу чӣ оҳ?
Пеш аз он бояст ин дуди сиёҳ.
Он замон, ки ҳирс ҷунбиду ҳавас,
Он замон мегӯ, ки эй фарёдрас,
К-он замон пеш аз харобий Басра аст,
Бу, ки Басра вораҳад ҳам з-он шикаст.
«Ибкӣ лӣ ё бокиӣ ё сокилӣ!
Қабла ҳадми-л-Басрати ва-л-Мавсили.
Нуҳ алаййа қабла мавти в-ағтафир,
Лотануҳ ли баъда мавти в-астабир.
Ибки ли қабла сабури фи-н-наво,
Баъда тӯфони-н-наво халли-л-буко».
Он замон, ки дев мешуд роҳзан,
Он замон бояст «Ёсин» хондан.
Пеш аз он-к ишкаста гардад корвон,
Он замон чӯбак бизан, эй посбон!

Ҳикояти он посбон, ки хомӯш кард, то дуздон рахти тоҷирон бурданд ба куллӣ, баъд аз он ҳайҳою посбонӣ мекард

Посбоне хуфту дузд асбоб бурд,
Рахтҳоро зери ҳар хоке фишурд.
Рӯз шуд, бедор шуд он корвон,
Дид рафта рахту симу уштурон.
Пас бад-ӯ гуфтанд: «Эй Ҳорис, бигӯ,
Ки чӣ шуд ин рахт? В-ин асбоб ку?»
Гуфт: «Дуздон омаданд андар ниқоб,
Рахтҳо бурданд аз пешам шитоб».
Қавм гуфтандаш, ки эй чун талли рег!
Пас чӣ мекардӣ? Киӣ, эй мурдарег?»
Гуфт: «Ман як кас будам, эшон гурӯҳ,
Бо силоҳу бо шуҷоъат, бо шукӯҳ».
Гуфт: «Агар дар ҷанг кам будат умед,
Наърае зан, к-эй каримон, барҷаҳед».
Гуфт: «Он дам корд бинмуданду теғ,
Ки хамуш в-арна кушемат бедареғ.
Он замон аз тарс бастам ман даҳон,
Ин замон ҳайҳою фарёду фиғон».
Он замон баст он дамам, ки дам занам,
Ин замон чандон, ки хоҳӣ ҳай кунам.
Чунки умрат бурд деви фозиҳа,
Бенамак бошад аъузу фотиҳа.
Гарчи бошад бенамак акнун ҳанин,
Ҳаст ғафлат бенамактар з-он, яқин.
Ҳамчунин ҳам бенамак менол низ,
Ки залилонро назар кун, эй азиз!
Қодирӣ бегоҳ бошад, ё багоҳ,
Аз ту чизе фавт кай шуд? Эй Илоҳ!
Шоҳи «ло таъсав ало мофотакум»,
Кай шавад аз қудраташ матлуб гум?

Матни пурраи дафтари шашум бихонед / Асарнинг сўнгги 6 дафтарининг тўлиқ матнини мутолаа қилинг

Мавлоно Румӣ. Маснавӣ. Дафтари 6

043

(Tashriflar: umumiy 114, bugungi 2)

Izoh qoldiring