Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ. Маснавӣ. Дафтари сеюм & Mavlono Rumiy. Masnaviy. Uchinchi daftar

07    Бир неча йил аввал Мавлоно Жалолиддин Румийнинг энг машҳур асари — «Маснавии Маънавий»нинг икки дафтарини аслиятда  эълон қилган эдик (Биринчи дафтар: 01 02 03; Иккинчи дафтар: 01 02 03 ).  Сайтимизнинг жуда кўп муштарийлари   асар давомини ҳам аслиятда тақдим этишни сўраб мурожаат қилмоқдалар. Уларнинг истакларини  эътиборга олиб асарнинг қолган тўрт дафтарини ҳам тақдим этишни режалаштирдик. Бугун «Маснавий»нинг 3 дафтари  билан танишинг. 

rumiyМавлоно Ҷалолиддини Румӣ
МАСНАВЙ
Дафтари сеюм
067

Муқаддимаи дафтари севум

Бисми-л-лоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Ал-ҳикаму ҷунуду-л-Лоҳи юқавво биҳо арвоҳу-л-муридина, юназзиҳу ъилмаҳум ъан шоибати-л-ҷаҳли ва ъадлаҳум ъан шоибати-з-зулми ва ҷудаҳум ъан шоибати-р-риёи ва ҳилмаҳум ъан шоибати-с-сафаҳи ва юқаррибу илайҳим мина-т-тоъати ва-л-иҷтиҳоди ва ҳия мин баййиноти-л-анбиёи ва далоилиҳим, тухбиру ъан асрори-л-Лоҳи ва султониҳи-л-махсуси би-л-ъорифина ва идоратиҳи-л-фалаки-н-нурониййи-р-раҳмониййи-д-дуриййи-л-ҳокими ъала-л-фалаки-д-духониййи-л-куриййи камо анна-л-ъақла ҳокимун ъала-с-сувари-т-туробийяти ва ҳавоссиҳо-з-зоҳирати ва-л-ботинати; фа даварону золика-л-фалаки-р-руҳониййи ҳокимун ъала-л-фалаки-д-духониййи ва-ш-шуҳуби-з-зоҳирати ва-с-суруҷи-л-мунирати ва-риёҳи-л-муншиати ва-л-арозӣ-л-мадҳиййати ва-л-миёҳи-л-муттарадати; нафаъа-л-Лоҳу биҳо ъибодаҳу ва зодаҳум. Ва иннамо яфҳаму куллу қориъин ъало қадри нуҳятиҳи ва янсику-н-носику ъало қадри қуввати-ҷтиҳодиҳи ва юфтӣ-л-муфтӣ маблаға раъйиҳи ва ятасаддақу-л-мутасаддиқу би қадри қудратиҳи ва яҷуду-л-бозилу би қадри мавҷудиҳи ва яқтанӣ-л-маҷуду ъалайҳи мо ъарафа мин фазлиҳи. Валокин муфтақиду-л-мои фӣ-л-мафозати ло юқассару биҳи ъан талабиҳи маърифатуҳу мо фӣ-л-биҳори ва яҷидду фӣ талаби мои ҳозиҳи-л-ҳаёти қабла ъан яқтъаҳу-л-маъошу би-л-иштиғоли ъанҳу ва туъаввиқуҳу-л-ъиллату ва-л-ҳоҷату ва таҳулу-л-ағрозу байнаҳу ва байна мо ятасарраъу илайҳи ва лан юдрика-л-ъилма муъсиру ҳаван ва ло рокинун ило даъатин ва ло мунсарифун ъан талабиҳи ва ло хоифун ъало нафсиҳи ва ло муҳтаммун ли маъишатин, илло ан яъуза би-л-Лоҳи ва юъсира динаҳу ъало дунёҳу ва яъхуза мин канзи-л-ҳикмати-л-амвола-л-ъазимата-л-латӣ ло таксиду ва ло турасу мироса-л-амволи ва-л-анвора-л-ҷалилата ва-л-ҷавоҳира-л-каримата ва-з-зиёъа-с-самината, шокиран ли фазлиҳи, муъаззиман ли қадриҳи, муҷаллилан ли хатариҳи; ва ястаъизу би-л-Лоҳи мин хасосати-л-хузузи; ва мин ҷаҳлин, ястаксиру-л-қалила миммо яро фӣ нафсиҳи; ва ястақиллу-л-касира-л-ъазима мин ғайриҳи; ва юъҷибу би нафсиҳи би мо лам яъзану лаҳу-л-ҳаққу; ва ъало-л-ъолими-т-толиби ан ятаъаллама мо лам яълам ва ан юъаллима мо қад ъалима ва ярфуқа би завӣ-з-заъфи фӣ-з-зиҳни; ва ло юъҷиба мин балодати аҳли-л-балодати; ва ло юъаннифа ъало калили-л-фаҳми; казолика кунтум мин қаблу, фа манна-л-Лоҳу ъалайкум субҳонаҳу ва таъоло ъан ақовили-л-мулҳидин ва ширки-л-мушрикин ва танқиси-н-ноқисин ва ташбиҳи-л-мушаббиҳин ва суи авҳоми-л-мутафаккирин ва кайфийёти-л-мутаваҳҳимин. Ва лаҳу-л-ҳамду ва-л-маҷду ъало талфиқи-л-китоби-л-Маснавиййи-л-илоҳиййи-р-раббонӣ. Ва ҳува-л-муваффиқу ва-л-муфаззилу ва лаҳу-т-тавлу ва-л-манну; ло сийямо ъало ъибодиҳи-л-ъорифин ъало рағми ҳизбин юридуна ан ютфиу нура-л-Лоҳи би афвоҳиҳим; ва-л-Лоҳу мутимму нуриҳи ва лав кариҳа-л-кофирун. Инно наҳну наззално-з-зикра ва инно лаҳу ла ҳофизун; фа ман баддалаҳу баъда мо самиъаҳу ва иннамо исмуҳу ъала-л-лазина юбаддилунаҳу. Инна-л-лоҳа самиъун ъалимун ва-л-ҳамду ли-л-Лоҳи рабби-л-ъоламин.

Тарҷумаи муқаддимаи дафтари севум

Ҳикмат ва илми асрори илоҳӣ сипоҳиёни Парвардгоранд, ки бад-он рӯҳи муридонро нерӯ мебахшад. Дониш онҳоро аз шоибаи нодониву додгарӣ, онҳоро аз шоибаи ситаму бахшандагӣ, онҳоро аз шоибаи риёву бурдборӣ, онҳоро аз шоибаи бехирадӣ пок мекунад ва он чиро аз дарёфти охират аз эшон дур аст, ба эшон наздик месозад ва он чиро аз ибодату кӯшиш дар роҳи Ҳақ бар онҳо душвор аст, осон мекунад. Ва ин гуна ҳикмат натиҷаи суханони равшани паёмбарон ва далойили онҳо дар исботи вуҷуди Парвардигор аст, суханону далойиле, ки аз асрори Парвардигор огоҳӣ медиҳад ва аз қудрати ӯ, ки ин огоҳӣ аз асрору салтанати илоҳӣ вижаи мардони дилогоҳ аст ва низ ҳамон баййиноту далойил моро огоҳ мекунад, ки Парвардигор чӣ гуна он осмони нуронии равшан ба нури Худои раҳмон ва дурахшанда чун донаи марворидро мегардонад, осмони нуронӣ, ки бар ин осмони тираи гӯймонанд ҳоким аст, ҳамон гуна ки хирад бар ин суратҳои хокиву ҳавосси зоҳиру ботини мавҷудот фармон меронад, бинобар ин гардиши он осмони рӯҳонӣ (лоҳут) бар ин осмони дудӣ ва тира бар шиҳобҳои дурахшону ситорагони равшан ва насимҳои ҳаётбахшу заминҳои густурда ва обҳои равони даруни он фармон меронад. Умед, ки Парвардигор бандагонашро аз ин ҳикматҳо бархурдор созад ва фаҳми онҳоро фузунӣ бахшад ва албатта ҳар хонандае ба андозаи хирад ва ҳушёрии худ онро мефаҳмад ва ҳар порсое муносиб бо тавоноии худ парҳезгорӣ мекунад ва ҳар соҳибфатвое дар ҳадди диду идроки худ фатво медиҳад ва он ки садақае медиҳад, ба андозаи тавони худ медиҳад ва он ки мебахшад ба андозае, ки дорад, мебахшад ва он ки ба ӯ мебахшанд муносиб бо огоҳии худ аз лутфи бахшанда чизе ба даст меоварад ва аммо он ки дар биёбон дар ҷустуҷӯйи об аст, агар аз оби дарёҳо огоҳ бошад, ба далели ин огоҳӣ аз ҷустуҷӯйи об кӯтоҳӣ намекунад ва (дар биёбони ин зиндагии ҷаҳони хокӣ) барои ёфтани оби ҳаёти рӯҳонӣ мекӯшад, пеш аз он ки иштиғол ба гузарони ин ҷаҳон ӯро аз он ҷустуҷӯйи оби ҳаёт боздорад ва бемориву ниёзи ин кӯшиш ва ҷустуҷӯро вопас афганад ва ғаразҳо миёни ӯ ва он чӣ ба сӯяш мешитобад, ҳойиле падид оварад ва касе, ки ҳавои нафсро бар ин огоҳӣ аз асрори ҳақ тарҷеҳ медиҳад, ба чунин огоҳӣ намерасад ва ҷӯяндаи таносонӣ ва он ки аз талаби чунин маърифате рӯй бигардонад ва он ки нигарони хештан бошад ва он ки эҳтимоми худро масруфи маишати ин ҷаҳон созад, низ бад-он даст намеёбад, магар он ки чунин касе худро ба Парвардигор супорад ва динашро бар дунёяш тарҷеҳ диҳад ва амволе аз ганҷи ҳикмати илоҳӣ баргирад, ки на аз арзиш меафтад ва на чун мероси амволи ин ҷаҳон ба дигаре бозмемонад ва аз ҳамон ганҷ равшаниҳои гаронмоя ва гавҳарҳои пурбаҳову доройиҳои арзишманд баргирад, лутфи Ҳақро сипос гӯяд, қадри ӯро бузург дорад ва азамати ӯро биситояд ва паноҳ ба Худо барад аз пастии лазоизи инҷаҳонӣ ва аз ончунон ҷаҳле, ки андаки ӯро дар назараш бисёр намояд ва бисёри дигаронро андак ва аз ин ки худро бад-он чӣ Ҳақ напазируфтааст, биситояд. Ва бар донои ҳақҷӯ воҷиб аст, ки он чиро намедонад, биёмӯзад ва он чиро медонад ба дигарон омӯзад ва бо онҳо, ки зеҳни тавоно надоранд, мадоро кунад ва аз кундзеҳнии кавданон худро бузург бинад ва ба онҳо, ки фаҳми тез надоранд, маломат ва тундӣ накунад «чунон ки шумо мардум дар гузашта чунин будаед ва Парвардигор бар шумо миннат ниҳод ва шуморо ба роҳ овард», Парвардигоре, ки пок аст ва волотар аз он аст, ки дар гуфтаҳои бединон ва ширки мушрикон мебинем ва дар суханони ноқисоне, ки мехоҳанд нуқсе бар ӯ бибанданд ва асҳоби ташбеҳ, ки ӯро ба умури инҷаҳонӣ ҳамонанд мекунанд ва мутафаккироне, ки дар бораи ӯ дучори авҳоми норавоянд ва хаёлбофоне, ки барои Ҳақ кайфиёт ва сифоти инҷаҳонӣ қойиланд ва ман он Парвардигорро меситоям ва бузург медорам, ки маро дар талфиқи ин китоби «Маснавӣ»-и илоҳии раббонӣ ёрӣ додааст ва тавфиқдиҳандаву лутфкунанда ӯст ва ӯро қудрату бузургворист, ба вижа бар бандагони дилогоҳаш ба рағми гурӯҳе, ки «мехоҳанд бо сухани худ нури Парвардигорро фурӯ нишонанд ва Парвардигор ба камолрасонандаи нури хеш аст, гарчи кофирон нахоҳанд» ва мефармояд, ки «ростӣ мо Қуръонро фиристодаем ва мо нигаҳбони он ҳастем» ва «агар касе пас аз шунидани он бихоҳад онро дигаргуна созад бегумон гуноҳ бар гардани чунин касонест ва Парвардигор шунаво ва огоҳ аст» ва ситоиш бар Парвардигори ҷаҳониён ва дуруди ӯ бар сарвари мо Муҳаммад ва ҳамаи хонадон ва ёрони поку покизааш, ба раҳмати ту, эй меҳрубонтарин раҳматкунандагон.

Эй Зиёулҳақ Ҳусомуддин! Биёр
Ин севум дафтар, ки суннат шуд се бор.
Баргушо ганҷинаи асрорро,
Дар севум дафтар, биҳил аъзорро.
Қувватат аз қуввати Ҳақ мезаҳад
Н-аз уруқе, к-аз ҳарорат меҷаҳад.
Ин чароғи шамс, к-ӯ равшан бувад,
Н-аз фатилу пунбаву равған бувад.
Сақфи гардун, к-ӯ чунин доим бувад,
Н-аз танобу устуне қоим бувад.
Қуввати Ҷабрил аз матбах набуд,
Буд аз дидори халлоқи вуҷуд.
Ҳамчунон, ин қуввати абдоли Ҳақ
Ҳам зи Ҳақ дон, н-аз таъому аз табақ.
Ҷисмашонро ҳам зи нур исриштаанд,
То зи рӯҳу аз малак бигзаштаанд.
Чунки мавсуфӣ ба авсофи ҷалил,
З-оташи амроз бигзар чун Халил.
Гардад оташ бар ту ҳам «барду салом»,
Эй аносир мар мизоҷатро ғулом.
Ҳар мизоҷеро аносир моя аст
В-ин мизоҷат бартар аз ҳар поя аст.
Ин мизоҷат аз ҷаҳони мунбасит,
Васфи ваҳдатро кунун шуд мултақит.
Эй дареғо, арсаи афҳоми халқ
Сахт танг омад, надорад халқ ҳалқ.
Эй Зиёулҳақ! Ба ҳазқи рои ту,
Ҳалқ бахшад сангро ҳалвои ту.
Кӯҳи Тур андар таҷаллӣ ҳалқ ёфт,
То ки май нӯшиду майро барнатофт.
«Сора даккан минҳу ваншаққа-л-ҷабал,
Ҳал раъайтум мин ҷабал рақса-л-ҷамал?»
Луқмабахшӣ ояд аз ҳар кас ба кас,
Ҳалқбахшӣ кори Яздон асту бас.
Ҳалқ бахшад ҷисмрову рӯҳро,
Ҳалқ бахшад баҳри ҳар узват ҷудо.
Ин гаҳе бахшад, ки иҷлолӣ шавӣ,
В-аз дағову аз дағал холӣ шавӣ.
То нагӯйӣ сирри султонро ба кас,
То нарезӣ қандро пеши магас.
Гӯши он кас нӯшад асрори ҷалол,
К-ӯ чу савсан садзабон афтоду лол.
Ҳалқ бахшад хокро лутфи Худо,
То хурад обу бирӯяд сад гиё.
Боз хокеро бибахшад ҳалқу лаб,
То гиёҳашро хурад андар талаб.
Чун гиёҳаш хӯрд ҳайвон гашт зафт,
Гашт ҳайвон луқмаи инсону рафт.
Боз хок омад, шуд акколи башар,
Чун ҷудо шуд аз башар рӯҳу басар.
Зарраҳо дидам, даҳоншон ҷумла боз,
Гар бигӯям хӯрдашон, гардад дароз.
Баргҳоро барг аз инъоми ӯ,
Доягонро доя лутфи оми ӯ.
Ризқҳоро ризқҳо ӯ медиҳад,
З-он ки гандум бе ғизое чун заҳад?
Нест шарҳи ин суханро мунтаҳо,
Порае гуфтам, бидонӣ пораҳо.
Ҷумла олам окилу маъкул дон,
Боқиёнро муқбилу мақбул дон.
Ин ҷаҳону сокинонаш мунташир
В-он ҷаҳону соликонаш мустамир.
Ин ҷаҳону ошиқонаш мунқатеъ,
Аҳли он олам мухаллад муҷтамеъ.
Пас карим он аст, к-ӯ худро диҳад
Оби ҳайвоне, ки монад то абад.
«Боқиёту-с-солиҳот» омад карим,
Раста аз сад офату ахтору бим.
Гар ҳазоронанд, як кас беш нест,
Чун хаёлоте ададандеш нест.
Окилу маъкулро ҳалқ асту ной,
Ғолибу мағлубро ақл асту рой.
Ҳалқ бахшид ӯ асои адлро,
Хӯрд он чандон асову ҳаблро.
В-андар ӯ афзун нашуд з-он ҷумла акл,
З-он ки ҳайвонӣ набудаш аклу шакл.
Мар яқинро чун асо ҳам ҳалқ дод,
То бихӯрд ӯ ҳар хаёлеро ки зод.
Пас маъониро чу аъён ҳалқҳост,
Розиқи ҳалқи маъонӣ ҳам Худост.
Пас, зи маҳ то моҳӣ ҳеч аз халқ нест,
Ки ба ҷазби моя ӯро ҳалқ нест.
Ҳалқи ҷон аз фикри тан холӣ шавад,
Он гаҳон рӯзиш иҷлолӣ шавад.
Шарт табдили мизоҷ омад, бидон,
К-аз мизоҷи бад бувад марги бадон.
Чун мизоҷи одамӣ гилхор шуд,
Зарду бадрангу сақиму хор шуд.
Чун мизоҷи зишти ӯ табдил ёфт,
Рафт зиштӣ аз рухаш, чун шамъ тофт.
Дояе ку тифли широмӯзро?
То ба неъмат хуш кунад падфӯзро.
Гар бибандад роҳи он пистон бар ӯ,
Баргушояд роҳи сад бустон бар ӯ.
З-он ки пистон шуд ҳиҷоби он заъиф,
Аз ҳазорон неъмату хону рағиф.
Пас ҳаёти мост мавқуфи фатом,
Андак-андак ҷаҳд кун, «тамма-л-калом».
Чун ҷанин буд одамӣ, буд хун ғизо,
Аз наҷас покӣ барад мӯъмин, казо.
Аз фатоми хун ғизояш шир шуд
В-аз фатоми шир луқмагир шуд.
В-аз фатоми луқма луқмоне шавад,
Толиби ишкори пинҳоне шавад.
Гар ҷанинро кас бигуфтӣ дар раҳим:
Ҳаст берун оламе бас мунтазим.
Як замине, хурраме, бо арзу тӯл,
Андар ӯ сад неъмату чандин укул,
Кӯҳҳову баҳрҳову даштҳо,
Бӯстонҳо, боғҳову киштҳо.
Осмоне бас баланду пурзиё,
Офтобу моҳтобу сад суҳо.
Аз Ҷанубу аз Шимолу аз Дабур
Боғҳо дорад арӯсиҳову сур.
Дар сифат н-ояд аҷоибҳои он,
Ту дар ин зулмат чиӣ дар имтиҳон?
Хун хурӣ дар чормехи тангно
Дар миёни ҳабсу анҷосу ано.
ӯ ба ҳукми ҳоли худ мункир будӣ,
З-ин рисолат мӯъризу кофир шудӣ.
К-ин муҳол асту фиреб асту ғурур,
З-он ки тасвире надорад ваҳми кӯр.
Ҷинси чизе чун надид идроки ӯ,
Нашнавад идроки мункирноки ӯ.
Ҳамчунон ки халқи ом андар ҷаҳон,
З-он ҷаҳон ибдол мегӯяндашон.
К-ин ҷаҳон чоҳест бас торику танг,
Ҳаст берун оламе бебӯву ранг.
Ҳеч дар гӯши касе з-эшон нарафт,
К-ин тамаъ омад ҳиҷоби жарфу зафт.
Гӯшро бандад тамаъ аз истимоъ,
Чашмро бандад ғараз аз иттилоъ.
Ҳамчунон ки он ҷанинро тамъи хун,
К-он ғизои ӯст дар автони дун.
Аз ҳадиси ин ҷаҳон маҳҷуб кард,
Ғайри хун ӯ менадонад чошт х(в)ард.

Қиссаи хӯрандагони пилбачча аз ҳирс ва тарки насиҳати носеҳ

Он шунидӣ ту, ки дар Ҳиндустон
Дид доное гурӯҳе дӯстон.
Гурсуна монда, шуда бе баргу ур,
Мерасиданд аз сафар аз роҳи дур.
Меҳри доноиш ҷӯшиду бигуфт,
Хуш саломешону чун гулбун шукуфт.
Гуфт: «Донам, к-аз таҷаввӯъ в-аз хало,
Ҷамъ омад ранҷатон з-ин Карбало.
Лек Аллаҳ, Аллаҳ, эй қавми ҷалил,
То набошад хӯрдатон фарзанди пил,
Пил ҳаст ин сӯ, ки акнун меравед,
Пилзода машканеду бишнавед.
Пилбачгонанд андар роҳатон,
Сайди эшон аст бас дилхоҳатон.
Бас заъифанду латифу бас самин,
Лек модар ҳаст толиб дар камин.
Аз пайи фарзанд сад фарсанг роҳ
ӯ бигардад дар ҳанину оҳ–оҳ.
Оташу дуд ояд аз хартуми ӯ,
Алҳазар з-он кӯдаки марҳуми ӯ».
Авлиё атфоли ҳаққанд, эй писар!
Ғоибиву ҳозирӣ бас бохабар.
Ғоибӣ мандеш аз нуқсонашон,
К-ӯ кашад кин аз барои ҷонашон.
Гуфт: «Атфоли мананд ин авлиё,
Дар ғарибӣ фард аз кору киё.
Аз барои имтиҳон хору ятим,
Лек андар сир манам ёру надим.
Пуштдори ҷумла исматҳои ман,
Гӯиё ҳастанд худ аҷзои ман.
Ҳону ҳон! Ин далқпӯшони мананд,
Сад ҳазор андар ҳазору як тананд.
В-арна кай кардӣ ба як чӯбе ҳунар
Мӯсие Фиръавнро зеру забар?
В-арна кай кардӣ ба як нафрини бад
Нӯҳ Шарқу Ғарбро ғарқоби х(в)ад?
Барнакандӣ як дуъои Лути род,
Ҷумла шаҳристонашонро бемурод.
Гашт шаҳристони чун фирдавсашон
Даҷлаи оби сияҳ, рав, бин нишон.
Сӯйи Шом аст ин нишону ин хабар,
Дар раҳи қудсаш бибинӣ дар гузар.
Сад ҳазорон з-анбиёи ҳақпараст
Худ ба ҳар қарне сиёсатҳо будаст.
Гар бигӯям в-ин баён афзун шавад,
Худ ҷигар чӣ бвад? Ки кӯҳҳо хун шавад.
Хун шавад кӯҳҳову боз он бифсурад,
Ту набинӣ хун шудан, кӯриву рад.
Турфа кӯре, дурбини тезчашм,
Лек аз уштур набинад ғайри пашм.
Мӯ ба мӯ бинад зи сарфа ҳирси инс,
Рақси бемақсуд дорад ҳамчу хирс.
Рақс он ҷо кун, ки «худ»-ро бишканӣ,
Пунбаро аз реши шаҳват барканӣ.
Рақсу ҷавлон бар сари майдон кунанд,
Рақс андар хун «худи» мардон кунанд.
Чун раҳанд аз дасти «худ», дасте зананд,
Чун ҷаҳанд аз нақси «худ», рақсе кунанд.
Мутрибоншон аз дарун даф мезананд,
Баҳрҳо дар шӯрашон каф мезананд.
Ту набинӣ, лек баҳри гӯшашон
Баргҳо бар шохҳо ҳам кафзанон.
Ту набинӣ баргҳоро каф задан,
Гӯши дил бояд, на ин гӯши бадан.
Гӯши сар барбанд аз ҳазлу дурӯғ,
То бибинӣ шаҳри ҷони бофурӯғ.
Сар кашад гӯши Муҳаммад дар сухун,
К-иш бигӯяд дар нубӣ Ҳақ: ҳу узун.
Сар ба сар гӯш асту чашм аст ин набӣ,
Тоза з-ӯ мо, мурзеъ аст ӯ, мо сабӣ.
Ин сухан поён надорад, боз рон
Сӯйи аҳли пилу бар оғоз рон.

Бақияи қиссаи мутаарризони пилбаччагон

Он яке воиз чу бар тахт омадӣ,
Қотеъони роҳро доъӣ шудӣ.
Даст бармедошт: «Ё раб, раҳм рон
Бар бадону муфсидону золимон.
Бар ҳама тасхуркунони аҳли хайр,
Бар ҳама кофирдилону аҳли дайр».
Менакардӣ ӯ дуъо бар асфиё,
Менакардӣ ҷуз хабисонро дуъо.
Мар варо гуфтанд, к-ин маъҳуд нест,
Даъвати аҳли залолат ҷуд нест.
Гуфт: «Некӯйӣ аз инҳо дидаам,
Ман дуъошон з-ин сабаб бигзидаам.
Хубсу зулму ҷавр чандон сохтанд,
Ки маро аз шар ба хайр андохтанд.
Ҳар гаҳе, ки рӯ ба дунё кардаме,
Ман аз эшон захму зарбат х(в)ардаме.
Кардаме аз захм он ҷониб паноҳ,
Боз овардандаме гургон ба роҳ,
Чун сабабсози салоҳи ман шуданд,
Пас дуъошон бар ман аст, эй ҳушманд».
Банда менолад ба Ҳаққ аз дарду неш,
Сад шикоят мекунад аз ранҷи хеш.
Ҳақ ҳамегӯяд, ки охир ранҷу дард
Мар туро лобакунону рост кард.
Ин гила з-он неъмате кун, к-ит занад,
Аз дари мо дуру матрудат кунад.
Дар ҳақиқат ҳар адӯ доруйи туст,
Кимиёву нофеъу дилҷӯйи туст.
Ки аз ӯ андаргурезӣ дар хало,
Истиъонат ҷӯйӣ аз лутфи Худо.
Дар ҳақиқат дӯстонат душмананд,
Ки зи ҳазрат дуру машғулат кунанд.
Ҳаст ҳайвоне, ки номаш ушғур аст,
ӯ ба захми чӯб зафту ламтур аст.
То ки чӯбаш мезанӣ, беҳ мешавад,
ӯ зи захми чӯб фарбеҳ мешавад.
Нафси мӯъмин ушғуре омад яқин,
К-ӯ ба захми ранҷ зафт асту самин.
З-ин сабаб бар анбиё ранҷу шикаст
Аз ҳама халқи ҷаҳон афзунтар аст.
То зи ҷонҳо ҷонашон шуд зафттар,
Ки надиданд он бало қавми дигар.
Пӯст аз дору балокаш мешавад,
Чун адими тоифӣ х(в)аш мешавад.
В-арна талху тез молидӣ дар ӯ,
Ганда гаштӣ, нохушу нопокбӯ.
Одамиро пӯсти номадбуғ дон,
Аз рутубатҳо шуда зишту гарон.
Талху тезу молиши бисёр деҳ,
То шавад поку латифу бофареҳ.
В-ар наметонӣ ризо деҳ, эй аёр,
Гар Худо ранҷат диҳад беихтиёр,
Ки балои дӯст татҳири шумост,
Илми ӯ болои тадбири шумост.
Чун сафо бинад, бало ширин шавад,
Хуш шавад дору, чу сиҳҳатбин шавад.
Бурд бинад хешро дар айни мот,
Пас бигӯяд: «Уқтулунӣ ё сиқот».
Ин авон дар ҳаққи ғайре суд шуд,
Лек андар ҳаққи худ мардуд шуд.
Раҳми имонӣ аз ӯ бибрида шуд,
Кини шайтонӣ бар ӯ печида шуд.
Коргоҳи хашм гашту кинварӣ,
Кина дон асли залолу кофирӣ.

Бозгаштан ба ҳикояти пил

Гуфт носеҳ: «Бишнавед ин панди ман,
То дилу ҷонтон нагардад мумтаҳан.
Бо гиёҳу баргҳо қонеъ шавед,
Дар шикори пилбачгон кам равед.
Ман бурун кардам зи гардан воми насҳ,
Ҷуз саодат кай бувад анҷоми насҳ?
Ман ба таблиғи рисолат омадам,
То раҳонам мар шуморо аз надам.
Ҳин, мабодо, ки тамаъ раҳтон занад,
Тамъи барг аз бехҳотон барканад».
Ин бигуфту «хайрбод»-е карду рафт,
Гашт қаҳту ҷӯъашон дар роҳ зафт.
Ногаҳон диданд сӯйи ҷодае,
Пури пиле, фарбеҳе, навзодае.
Андарафтоданд чун гургони маст,
Пок хӯрдандаш, фурӯ шустанд даст.
Он яке ҳамраҳ нахӯрду панд дод,
Ки ҳадиси он фақираш буд ёд.
Аз кабобаш монеъ омад он сухан,
Бахти нав бахшад туро ақли куҳан.
Пас бияфтоданду хуфтанд он ҳама
В-он гурусна чун шубон андар рама.
Дид пили саҳмноке мерасид,
Аввало омад сӯйи ҳорис давид.
Бӯй мекард он даҳонашро се бор,
Ҳеч бӯйе з-ӯ наёмад ногувор.
Чанд боре гирди ӯ гашту бирафт,
Мар варо н-озурд он шаҳпили зафт.
Мар лаби ҳар хуфтаеро бӯй кард,
Бӯй меомад варо з-он хуфта мард.
Аз кабоби пилзода хӯрда буд
Бардарониду бикушташ пил зуд.
Дарзамон ӯ як ба якро з-он гурӯҳ
Медарониду набудаш з-он шикӯҳ.
Бар ҳаво андохт ҳар якро газоф,
То ҳамезад бар замин, мешуд шикоф.
Эй хурандай хуни халқ! Аз роҳи бард
То наорад хуни эшонат набард.
Моли эшон хуни эшон дон яқин,
З-он ки мол аз зӯр ояд дар ямин.
Модари он пилбачгон кин кашад,
Пилбаччахораро кайфар кушад.
Пилбачча мехурӣ, эй порахор!
Ҳам барорад хасми пил аз ту дамор.
Бӯй расво кард макрандешро,
Пил донад бӯйи тифли хешро.
Он ки ёбад бӯйи Ҳақро аз Яман,
Чун наёбад бӯйи ботилро зи ман?
Мустафо чун бурд бӯй аз роҳи дур,
Чун наёбад аз даҳони мо бахур?
Ҳам биёбад, лек пӯшонад зи мо,
Бӯйи неку бад барояд бар само.
Ту ҳамехусбиву бӯйи он ҳаром
Мезанад бар осмони сабзфом.
Ҳамраҳи анфоси зиштат мешавад,
То ба бӯгирони гардун меравад.
Бӯйи кибру бӯйи ҳирсу бӯйи оз,
Дар сухан гуфтан биёяд чун пиёз.
Гар хурӣ савганд: ман кай х(в)ардаам?
Аз пиёзу сир тақво кардаам.
Он дами савганд ғаммозӣ кунад,
Бар димоғи ҳамнишинон барзанад.
Пас дуъоҳо рад шавад аз бӯйи он,
Он дили каж менамояд бар забон.
«Ихсиу» ояд ҷавоби он дуъо,
Чӯби рад бошад ҷазои ҳар дағо.
Гар ҳадисат каж бувад, маънит рост,
Он кажии лафз мақбули Худост.

Баёни он ки хатои муҳиббон беҳтар аз савоби бегонагон аст назди маҳбуб

Он Билоли сидқ дар бонги намоз
«Ҳаййа»-ро «ҳаййа» ҳамехонд аз ниёз.
То бигуфтанд: «Эй паямбар! Нест рост,
Ин хато, акнун ки оғози биност.
Эй набию эй расули кирдгор!
Як муаззин, к-ӯ бувад афсаҳ, биёр.
Айб бошад аввали дину салоҳ
Лаҳн хондан лафзи «ҳай алла-л-фалоҳ».
Хашми пайғамбар биҷӯшиду бигуфт
Як-ду рамзе аз иноёти ниҳуфт.
К-эй хасон! Назди Худо «ҳайъи» Билол
Беҳтар аз сад ҳаййу хаййу қилу қол.
Вомашӯронед, то ман розатон
Вонагӯям охиру оғозатон.
Гар надорӣ ту дами хуш дар дуъо,
Рав, дуъо мехоҳ з-ихвони сафо.

Амри Ҳақ таъоло ба Мӯсо алайҳиссалом, ки маро ба даҳоне хон, ки бад-он даҳон гуноҳ накардаӣ

Гуфт: «Эй Мӯсо! Зи ман меҷӯ паноҳ
Бо даҳоне, ки накардӣ ту гуноҳ».
Гуфт Мӯсо: «Ман надорам он даҳон»,
Гуфт: «Моро аз даҳони ғайр хон.
Аз даҳони ғайр кай кардӣ гуноҳ?
Аз даҳони ғайр бархон, к-эй Илоҳ!
Ончунон кун, ки даҳонҳо мар туро
Дар шабу дар рӯзҳо орад дуъо.
Аз даҳоне, ки накардастӣ гуноҳ
В-он даҳони ғайр бошад, узр хоҳ.
Ё даҳони хештанро пок кун,
Рӯҳи худро чобуку чолок кун».
Зикри Ҳақ пок аст, чун покӣ расид,
Рахт барбандад, бурун ояд палид.
Мегурезад зиддҳо аз зиддҳо,
Шаб гурезад, чун барафрӯзад зиё.
Чун дарояд номи пок андар даҳон,
На палидӣ монаду на андуҳон.

Баёни он ки Аллоҳ гуфтани ниёзманд айни лаббайк гуфтани Ҳаққ аст

Он яке Аллоҳ мегуфтӣ шабе,
То ки ширин мешуд аз зикраш лабе.
Гуфт шайтон: «Охир эй бисёргӯ!
Ин ҳама Аллоҳро лаббайк ку?
Менаёяд як ҷавоб аз пеши тахт,
Чанд Аллаҳ мезанӣ бо рӯйи сахт?»
ӯ шикастадил шуду бинҳод сар,
Дид дар хоб ӯ Хизирро дар хузар.
Гуфт: «Ҳин! Аз зикр чун вомондаӣ,
Чун пушаймонӣ аз он, к-иш хондаӣ?»
Гуфт: «Лаббайкам намеояд ҷавоб,
З-он ҳаметарсам, ки бошам радди боб».
Гуфт: «Он Аллоҳи ту лаббайки мост,
В-он ниёзу дарду сӯзат пайки мост.
Ҳилаҳову чораҷӯйиҳои ту,
Ҷазби мо буду гушод ин пойи ту.
Тарсу ишқи ту каманди лутфи мост,
Зери ҳар ёрабби ту лаббайкҳост».
Ҷони ҷоҳил з-ин дуъо ҷуз дур нест,
З-он ки ё раб гуфтанаш дастур нест.
Бар даҳону бар лабаш қуфл асту банд,
То нанолад бо Худо вақти газанд.
Дод мар Фиръавнро сад мулку мол,
То бикард ӯ даъвии иззу ҷалол.
Дар ҳама умраш надид ӯ дарди сар,
То нанолад сӯйи Ҳақ он бадгуҳар.
Дод ӯро ҷумла мулки ин ҷаҳон,
Ҳақ надодаш дарду ранҷу андуҳон.
Дард омад беҳтар аз мулки ҷаҳон,
То бихоҳӣ мар Худоро дар ниҳон.
Хондани бедард аз афсурдагист,
Хондани бодард аз дилбурдагист.
Он кашидан зери лаб овозро,
Ёд кардан мабдаву оғозро.
Он шуда овози софиву ҳазин:
Эй Худо в-эй мустағосу эй муъин.
Нолаи саг дар раҳаш беҷазба нест,
З-он ки ҳар роғиб асири раҳзанест.
Чун саги каҳфӣ, ки аз мурдор раст,
Бар сари хони шаҳаншоҳон нишаст.
То қиёмат мехурад ӯ пеши ғор
Оби раҳмат орифона бе тағор.
Эй басо сагпӯст, к-ӯро ном нест,
Лек андар парда бе он ҷом нест.
Ҷон бидеҳ аз баҳри ин ҷом, эй писар!
Бе ҷиҳоду сабр кай бошад зафар?
Сабр кардан баҳри ин набвад ҳараҷ,
Сабр кун, к- «ас-сабру мифтоҳу-л-фараҷ».
З-ин камин бесабру ҳазме кас нараст,
Ҳазмро худ сабр омад пову даст.
Ҳазм кун аз хӯрд, к-ин заҳрин гиёст,
Ҳазм кардан зӯру нури анбиёст.
Коҳ бошад, к-ӯ ба ҳар боде ҷаҳад,
Кӯҳ кай мар бодро вазне ниҳад?
Ҳар тараф ғӯле ҳамехонад туро,
К-эй бародар! Роҳ хоҳӣ? Ҳин, биё.
Раҳ намоям, ҳамраҳат бошам, рафиқ,
Ман қаловузам дар ин роҳи дақиқ.
На қаловуз асту на раҳ донад ӯ,
Юсуфо, кам рав суйи он гургхӯ.
Ҳазм, ин бошад, ки нафребад туро
Чарбу нӯшу домҳои ин саро.
Ки на чарбиш дораду на нӯш ӯ,
Сеҳр хонад, медамад дар гӯш ӯ,
Ки биё меҳмони мо, эй равшанӣ,
Хона они тусту ту они манӣ.
Ҳазм он бошад, ки гӯйӣ: «Тухмаам»,
Ё «сақимам, хастаи ин дахмаам».
Ё «сарам дард аст, дарди сар бибар»,
Ё «маро хондаст он холу писар».
З-он ки як нӯшат диҳад бо нешҳо,
Ки бикорад дар ту нӯшаш решҳо.
Зар агар панҷоҳ, агар шастат диҳад,
Моҳиё! ӯ гӯшт дар шастат диҳад.
Гар диҳад, худ кай диҳад он пурҳиял?
Ҷавзи пӯсидаст гуфтори дағал.
Жағ-жағи он ақлу мағзатро барад,
Сад ҳазорон ақлро як нашмарад.
Ёри ту хурҷини тусту кисаат,
Гар ту Роминӣ, маҷӯ ҷуз Висаат.
Висаву маъшуқи ту ҳам зоти туст
В-ин буруниҳо ҳама офоти туст.
Ҳазм он бошад, ки чун даъват кунанд,
Ту нагӯйӣ: «Масту хоҳони мананд».
Даъвати эшон сафири мурғ дон,
Ки кунад сайёд дар макман ниҳон.
Мурғи мурда пеш бинҳода, ки ин
Мекунад ин бонгу овозу ҳанин.
Мурғ пиндорад, ки ҷинси ӯст ӯ,
Ҷамъ ояд, бардарадшон пӯст ӯ.
Ҷуз магар мурғе, ки ҳазмаш дод Ҳақ,
То нагардад гиҷ он дона-в малақ.
Ҳаст беҳазмӣ пушаймонӣ яқин,
Бишнав ин афсонаро дар шарҳи ин:

Фирефтани рустоӣ шаҳриро ва ба даъват хондан ба лобаву илҳоҳи бисёр

Эй бародар! Буд андар момазо
Шаҳрие бо рустоӣ ошно.
Рустоӣ чун суйи шаҳр омадӣ,
Хиргаҳ андар кӯйи он шаҳрӣ задӣ.
Ду маҳу се моҳ меҳмонаш будӣ,
Бар дукони ӯву бар хонаш будӣ.
Ҳар ҳавоиҷро, ки будаш, он замон
Рост кардӣ марди шаҳрӣ ройгон.
Рӯ ба шаҳрӣ карду гуфт: «Эй хоҷа! Ту,
Ҳеч меноӣ сӯйи деҳ фурҷаҷӯ?
Аллаҳ, Аллаҳ ҷумла фарзандон биёр,
К-ин замони гулшан асту навбаҳор.
Ё ба тобистон биё, вақти самар,
То бибандам хидмататро ман камар.
Хайлу фарзандону қавматро биёр,
Дар деҳи мо бош се моҳу чаҳор.
Ки баҳорон хиттаи деҳ х(в)аш бувад,
Киштзору лолаи дилкаш бувад».
Ваъда додӣ шаҳрӣ ӯро дафъи ҳол,
То баромад баъди ваъда ҳашт сол.
ӯ ба ҳар соле ҳамегуфтӣ, ки кай
Азм хоҳӣ кард? К-омад моҳи дай.
ӯ баҳона сохтӣ, к-имсоламон
Аз фалон хитта биёмад меҳмон.
Соли дигар, гар тавонам вораҳид
Аз муҳиммот, он тараф хоҳам давид».
Гуфт: «Ҳастанд он аёлам мунтазир,
Баҳри фарзандони ту, эй аҳли бир!»
Боз ҳар соле чу лаклак омадӣ,
То муқими қуббаи шаҳрӣ шудӣ.
Хоҷа ҳар соле зи зарру моли хеш
Харҷи ӯ кардӣ, гушодӣ боли хеш.
Охирин каррат се моҳ он паҳлавон
Хон ниҳодаш бомдодону шабон.
Аз хиҷолат бозгуфт ӯ хоҷаро:
«Чанд ваъда? Чанд бифребӣ маро?»
Гуфт хоҷа: «Ҷисму ҷонам васлҷӯст,
Лек ҳар таҳвил андар ҳукми ҳуст.
Одамӣ чун киштӣ асту бодбон,
То ки орад бодро он бодрон.
Боз савгандон бидодаш, к-эй карим!
Гир фарзандон, биё, бингар наъим.
Дасти ӯ бигрифт се каррат ба аҳд,
К-Аллаҳ – Аллаҳ зу биё, бинмой ҷаҳд.
Баъди даҳ солу ба ҳар соле чунин
Лобаҳову ваъдаҳои шаккарин
Кӯдакони хоҷа гуфтанд: «Эй падар,
Моҳу абру соя ҳам дорад сафар.
Ҳаққҳо бар вай ту собит кардаӣ,
Ранҷҳо дар кори ӯ бас бурдаӣ.
ӯ ҳамехоҳад, ки баъзе ҳаққи он
Вогузорад, чун шавӣ ту меҳмон.
Бас васият кард моро ӯ ниҳон,
Ки кашедаш сӯйи деҳ лобакунон».
Гуфт: «Ҳақ аст ин, вале эй сибавайҳ,
Иттақи шарра ман аҳсанта илайҳ».
Дӯстӣ тухми дами охир бувад,
Тарсам аз ваҳшат, ки он фосид шавад.
Сӯҳбате бошад чу шамшери қатӯъ,
Ҳамчу дай дар бӯстону дар зурӯъ.
Сӯҳбате бошад чу фасли навбаҳор,
З-ӯ иморатҳову дахли бешумор.
Ҳазм он бошад, ки занни бад барӣ,
То гурезиву шавӣ аз бад барӣ.
«Ҳазму сӯъу-з-занн» гуфтаст он расул,
Ҳар қадамро дом медон, эй фазул.
Рӯйи саҳро ҳаст ҳамвору фарох,
Ҳар қадам домест, кам рон устох.
Он бузи кӯҳӣ давад, ки дом ку?
Чун битозад, домаш афтад дар гулӯ.
Он ки мегуфтӣ, ки ку? Инак бибин,
Дашт медидӣ, намедидӣ камин.
Бе камину дому сайёд, эй аёр!
Дунба кай бошад миёни киштзор?
Он ки густох омаданд андар замин,
Устухону каллаҳошонро бибин.
Чунки гӯристон равӣ, эй муртазо,
Устухоншонро бипурс аз момазо.
То ба зоҳир бинӣ он мастони кӯр,
Чун фурӯ рафтанд дар чоҳи ғурур.
Чашм агар дорӣ ту, кӯрона маё
В-ар надорӣ чашм, даст овар асо.
Он асои ҳазму истидлолро
Чун надорӣ дид, мекун пешво.
В-ар асои ҳазму истидлол нест,
Бе асокаш бар сари ҳар раҳ маҳест,
Гом з-он сон неҳ, ки нобино ниҳад,
То ки по аз чоҳу аз саг вораҳад.
Ларз-ларзону ба тарсу эҳтиёт,
Мениҳад по, то наяфтад дар хубот.
Эй зи дуде ҷаста дар норе шуда,
Луқма ҷуста, луқмаи море шуда.

Қиссаи аҳли Сабо ва тоғӣ кардани неъмат эшонро ва дар расидани шумии туғён ва куфрон дар эшон ва баёни фазилати шукру вафо

Ту нахондӣ қиссаи аҳли Сабо,
Ё бихондиву надидӣ ҷуз садо.
Аз садо он кӯҳ худ огоҳ нест,
Сӯйи маънӣ ҳуши кӯҳро роҳ нест.
ӯ ҳаме бонге кунад бе гӯшу ҳуш,
Чун хамуш кардӣ ту, ӯ ҳам шуд хамӯш.
Дод Ҳақ аҳли Саборо бас фароғ,
Сад ҳазорон қасру айвонҳову боғ.
Шукри он нагзорданд он бадрагон,
Дар вафо буданд камтар аз сагон.
Мар сагеро луқмаи ноне зи дар,
Чун расад, бар дар ҳамебандад камар.
Посбону ҳориси дар мешавад,
Гарчи бар вай ҷавру сахтӣ меравад.
Ҳам бар он дар бошадаш бошу қарор,
Куфр дорад кард ғайре ихтиёр.
В-ар саге ояд ғарибе, рӯзу шаб,
Он сагонаш мекунанд он дам адаб.
Ки бирав он ҷо, ки аввал манзил аст,
Ҳаққи он неъмат гаравгони дил аст.
Мегазандаш, ки бирав бар ҷои хеш,
Ҳаққи он неъмат фурӯ магзор беш.
Аз дари дил в-аҳли дил оби ҳаёт
Чанд нӯшидиву во шуд чашмаҳот.
Бас ғизои сукру ваҷду бех(в)адӣ,
Аз дари аҳли дилон бар ҷон задӣ.
Боз ин дарро раҳо кардӣ зи ҳирс?
Гирди ҳар дуккон ҳамегардӣ чу хирс?
Бар дари он мӯъминони чарбдег
Медавӣ баҳри сариди мурдарег?
Чарбиш ин ҷо дон, ки ҷон фарбеҳ шавад,
Кори ноуммед ин ҷо беҳ шавад.

Ҷамъ омадани аҳли офат ҳар сабоҳе бар савмаъаи Исо алайҳиссалом ҷиҳати талаби шифо ба дуъои ӯ

Савмаъай Исост хони аҳли дил
Ҳону ҳон, эй мубтало! Ин дармаҳил.
Ҷамъ гаштандӣ зи ҳар атроф халқ,
Аз зариру лангу шаллу аҳли далқ.
Бар дари он савмаъай Исо сабоҳ
То ба дам ӯшон раҳонад аз ҷуноҳ.
ӯ чу фориғ гаштӣ аз авроди хеш
Чоштгаҳ берун шудӣ он хубкеш,
Ҷавқ-ҷавқе мубтало дидӣ низор,
Шиста бар дар дар умеду интизор.
Гуфтӣ: «Эй асҳоби офат! Аз Худо
Ҳоҷати ин ҷумлагонтон шуд раво.
Ҳин! Равон гардед бе ранҷу ано,
Сӯйи ғаффориву икроми Худо».
Ҷумлагон чун уштурони бастапой,
Ки гушоӣ зонуи эшон ба рой,
Хуш давону шодмона сӯйи хон,
Аз дуъои ӯ шудандӣ подавон.
Озмудӣ ту басе офоти хеш,
Ёфтӣ сиҳҳат аз ин шоҳони кеш.
Чанд он лангии ту раҳвор шуд,
Чанд ҷонат беғаму озор шуд.
Эй муғаффал! Риштае бар пой банд,
То зи худ ҳам гум нагардӣ, эй лаванд.
Носипосиву фаромӯшии ту
Ёд н-овард он асалнӯшии ту.
Лоҷарам он роҳ бар ту баста шуд,
Чун дили аҳли дил аз ту хаста шуд.
Зудашон дарёбу истиғфор кун,
Ҳамчу абре гиряҳои зор кун.
То гулистоншон сӯйи ту бишкуфад,
Меваҳои пухта бар худ вокафад.
Ҳам бар он дар гард, кам аз саг мабош,
Бо саги Каҳф ар шудастӣ хоҷатош.
Чун сагон ҳам мар сагонро носеҳанд,
Ки дил андар хонаи аввал бибанд.
Он дари аввал, ки хӯрдӣ устухон,
Сахт гиру ҳақ гузор, онро мамон.
Мегазандаш то з-адаб он ҷо равад
В-аз мақоми аввалин муфлиҳ шавад.
Мегазандаш, к-эй саги тоғӣ! Бирав,
Бо валии неъматат ёғӣ машав.
Бар ҳамон дар ҳамчу ҳалқа баста бош,
Посбону чобуку барҷаста бош.
Сурати нақзи вафои мо мабош,
Бевафоиро макун беҳуда фош.
Мар сагонро чун вафо омад шиор,
Рав, сагонро нангу бадномӣ маёр.
Бевафоӣ чун сагонро ор буд,
Бевафоӣ чун раво дорӣ намуд?
Ҳақ таъоло фахр овард аз вафо,
Гуфт: «Ман авфо биаҳдин ғайруно».
Бевафоӣ дон, вафо бо радди Ҳақ,
Бар ҳуқуқи Ҳақ надорад кас сабақ.
Ҳаққи модар баъд аз он шуд, к-он карим
Кард ӯро аз ҷанини ту ғарим.
Сурате кардат даруни ҷисми ӯ,
Дод дар ҳамлаш варо орому хӯ.
Ҳамчу ҷузви муттасил дид ӯ туро,
Муттасилро кард тадбираш ҷудо.
Ҳақ ҳазорон санъату фан сохтаст,
То ки модар бар ту меҳр андохтаст.
Пас ҳақи Ҳақ собиқ аз модар бувад,
Ҳар кӣ он ҳақро надонад, хар бувад.
Он кӣ модар офариду заръу шир,
Бо падар кардаш қарин, он худ магир.
Эй Худованд, эй қадим эҳсони ту,
Он кӣ донам в-он кӣ не, ҳам они ту.
Ту бифармудӣ, ки Ҳақро ёд кун,
З-он ки ҳаққи ман намегардад куҳун.
Ёд кун лутфе, ки кардам он субӯҳ,
Бо шумо аз ҳифз дар киштии Нӯҳ.
Не ки бобоёнатонро он замон,
Додам аз тӯфону аз мавҷаш амон.
Оби оташхӯ замин бигрифта буд,
Мавҷи ӯ мар авҷи кӯҳро мерабуд.
Ҳифз кардам ман, накардам раддатон,
Дар вуҷуди ҷадди ҷадди ҷаддатон.
Чун шудӣ сар, пушти поят чун занам?
Коргоҳи хеш зоеъ чун кунам?
Чун фидои бевафоён мешавӣ?
Аз гумони бад бад-он сӯ меравӣ?
Ман зи саҳву бевафоиҳо барӣ,
Сӯйи ман ойӣ, гумони бад барӣ?
Ин гумони бад бар он ҷо бар, ки ту,
Мешавӣ дар пеш ҳамчун худ дутӯ.
Бас гирифтӣ ёру ҳамроҳони зафт,
Гар туро пурсам, ки ку! Гӯйӣ, ки рафт.
Ёри некат рафт бар чархи барин,
Ёри фисқат рафт дар қаъри замин.
Ту бимондӣ дар миёна ончунон
Бе мадад, чун оташе аз корвон.
Домани ӯ гир, эй ёри далер!
К-ӯ муназзаҳ бошад аз болову зер.
На чу Исо сӯйи гардун бар шавад,
На чу Қорун дар замин андар равад.
Бо ту бошад дар макону бе макон,
Чун бимонӣ аз сарову аз дукон.
ӯ барорад аз кудуратҳо сафо,
Мар ҷафоҳои туро гирад вафо.
Чун ҷафо орӣ, фиристад гӯшмол,
То зи нуқсон воравӣ сӯйи камол.
Чун ту вирде тарк кардӣ дар раваш,
Бар ту қабзе ояд аз ранҷу табаш.
Он адаб кардан бувад, яъне: «Макун,
Ҳеч таҳвиле аз он аҳди куҳун».
Пеш аз он к-ин қабз занҷире шавад,
Ин ки дилгирист, погирӣ шавад.
Ранҷи маъқулат шавад маҳсусу фош,
То нагирӣ ин ишоратро ба лош!
Дар маъосӣ қабзҳо дилгир шуд,
Қабзҳо баъд аз аҷал занҷир шуд.
«Нӯъти ман аъраз ҳуно ъан зикрино,
Ишатан занкан ва наҷзӣ би-л-амо».
Дузд чун моли касонро мебарад,
Қабзу дилтангӣ дилашро мехалад.
ӯ ҳамегӯяд: «Аҷаб! Ин қабз чист?
Қабзи он мазлум, к-аз шаррат гирист».
Чун бад-ин қабз илтифоте кам кунад,
Боди исрор оташашро дам кунад.
Қабзи дил қабзи авон шуд лоҷарам,
Гашт маҳсус он маъонӣ, зад алам.
Ғуссаҳо зиндон шудасту чормех,
Ғусса бех асту бирӯяд шохи бех.
Бех пинҳон буд, ҳам шуд ошкор,
Қабзу басти андарун бехе шумор.
Чунки бехи бад бувад, зудаш бизан,
То нарӯяд зишт хоре дар чаман.
Қабз дидӣ, чораи он қабз кун,
З-он ки сарҳо ҷумла мерӯяд зи бун.
Баст дидӣ, басти худро об деҳ,
Чун барояд мева, бо асҳоб деҳ.

Боқии қиссаи аҳли Сабо

Он Сабо з-аҳли сабо буданду хом
Корашон куфрони неъмат бо киром.
Бошад он куфрони неъмат дар мисол,
Ки кунӣ бо мӯҳсини худ ту ҷидол.
Ки намебояд маро ин некувӣ,
Ман ба ранҷам з-ин, чӣ ранҷам мешавӣ?
Лутф кун, ин некуиро дур кун,
Ман нахоҳам чашм, зудам кӯр кун.
Пас Сабо гуфтанд: «Боъид байнано,
Шайнуно хайрун лано, хуз зайнано».
Мо намехоҳем ин айвону боғ,
На занони хубу на амну фароғ.
Шаҳрҳо наздики ҳамдигар бад аст,
Он биёбон аст хуш, к-он ҷо дад аст.
«Ятлубу-л-инсону фӣ-с-сайфи-ш-шито,
Фаизо ҷоъа-ш-шито, анкара зо.
Фаҳва лоярзо биҳолин абадан,
Ло бизайқин ло биайшин рағадан.
Қутила-л-инсону мо акфараҳу,
Кулламо нола ҳудан анкараҳу».
Нафс з-ин сон аст, з-он шуд куштанӣ,
«Уқтулу анфусакум» гуфт он санӣ.
Хори сесӯяст, ҳар чун к-иш ниҳӣ
Дархалад в-аз захми ӯ ту кай ҷаҳӣ?
Оташи тарки ҳаво дар хор зан,
Даст андар ёри некӯкор зан.
Чун зи ҳад бурданд асҳоби Сабо,
Ки ба пеши мо вабо беҳ аз сабо.
Носеҳоншон дар насиҳат омаданд,
Аз фусуқу куфр монеъ мешуданд.
Қасди хуни носеҳон медоштанд,
Тухми фисқу кофирӣ мекоштанд.
Чун қазо ояд, шавад танг ин ҷаҳон,
Аз қазо ҳалво шавад ранҷи даҳон.
Гуфт: «Изо ҷоъа-л-қазо зоқа-л-фазо,
Туҳҷату-л-абсору из ҷоъа-л-қазо».
Чашм баста мешавад вақти қазо,
То набинад чашм куҳли чашмро.
Макри он форис чу ангезид гард,
Он ғуборат з-истиъонат дур кард.
Сӯйи форис рав, марав сӯйи ғубор
В-арна бар ту кӯбад он макри савор.
Гуфт Ҳақ онро ки ин гургаш бих(в)ард,
Дид гарди гург, чун зорӣ накард?
ӯ намедонист гарди гургро?
Бо чунин дониш чиро кард ӯ чаро?
Гӯсфандон бӯйи гурги богазанд
Мебидонанду ба ҳар сӯ мехазанд.
Мағзи ҳайвонот бӯйи шерро
Мебидонад, тарк мегӯяд чаро.
Бӯйи шери хашм дидӣ? Бозгард,
Бо муноҷоту ҳазар анбоз гард.
Вонагаштанд он гурӯҳ аз гарди гург,
Гурги меҳнат баъди гард омад сутург.
Бардарид он гӯсфандонро ба хашм,
Ки зи чӯпони хирад бастанд чашм.
Чанд чӯпоншон бихонду номаданд,
Хоки ғам дар чашми чӯпон мезаданд.
Ки бирав, мо аз ту худ чӯпонтарем,
Чун табаъ гардем? Ҳар як сарварем.
Тӯъмаи гургему они ёр на,
Ҳезуми норему они ор на.
Ҳамяте буд ҷоҳилият дар димоғ,
Бонги шуме бар даманшон кард зоғ.
Баҳри мазлумон ҳамеканданд чоҳ,
Дар чаҳ афтоданду мегуфтанд оҳ.
Пӯстини юсуфон бишкофтанд,
Он чӣ мекарданд, як-як ёфтанд.
Кист он Юсуф? Дили ҳақҷӯйи ту,
Чун асире баста андар кӯйи «ту».
Ҷабраилеро бар устун бастаӣ,
Парру болашро ба сад ҷо хастаӣ.
Пеши ӯ гӯсола бирён оварӣ?
Ки кашӣ ӯро, ба каҳдон оварӣ?
Ки бихур, ин аст моро луту пут,
Нест ӯро ҷуз лиқоаллоҳ қут.
З-ин шиканҷа- вимтиҳон он мубтало
Мекунад аз ту шикоят бо Худо.
К-эй Худо! Афғон аз ин гурги куҳун,
Гӯядаш: «Нак, вақт омад, сабр кун.
Доди ту вохоҳам аз ҳар бехабар»,
Дод кӣ дҳад ҷуз Худои додгар?
ӯ ҳамегӯяд, ки сабрам шуд фано,
Дар фироқи рӯйи ту ё раббано.
Аҳмадам, дармонда дар дасти яҳуд,
Солеҳам, афтода дар ҳабси Самуд.
Эй саодатбахши ҷони анбиё,
Ё бикуш, ё бозхонам, ё биё.
Бо фироқат кофиронро нест тоб,
Мегувад: «Ё лайтанӣ кунту туроб».
Ҳоли ӯ ин аст, к-ӯ худ з-он су аст,
Чун бувад бе ту касе, к-они ту аст?
Ҳақ ҳамегӯяд, ки оре, эй назеҳ,
Лек бишнав, сабр ору сабр беҳ.
Субҳ наздик аст, хомуш, кам хурӯш,
Ман ҳамекӯшам пайи ту, ту макӯш.

Бақияи достони рафтани хоҷа ба даъвати рӯстоӣ сӯйи деҳ

Шуд зи ҳад, ҳин! Бозгард, эй ёри гурд,
Рустоӣ хоҷаро, бин хона бурд.
Қиссаи аҳли Сабо як гӯша неҳ,
Он бигӯ, к-он хоҷа чун омад ба деҳ?
Рустоӣ дар тамаллуқ шева кард,
То ки ҳазми хоҷаро колева кард.
Аз паём андар паём ӯ хира шуд,
То зулоли ҳазми хоҷа тира шуд.
Ҳам аз ин ҷо кӯдаконаш дар пасанд,
«Нарнаъу налъаб» ба шодӣ мезаданд.
Ҳамчу Юсуф, к-иш зи тақдири аҷаб
Нартаъу налъаб бибурд аз зилли аб.
Он на бозӣ, балки ҷонбозист он,
Ҳилаву макру дағосозист он.
Ҳар чӣ аз ёрат ҷудо андозад он,
Машнав онро, к-он зиён дорад, зиён.
Гар бувад он суди сад дар сад, магир,
Баҳри зар магсил зи ганҷури фақир.
Ин шунав, ки чанд Яздон заҷр кард,
Гуфт асҳоби набиро гарму сард.
З-он ки бар бонги дуҳул дар соли танг
Ҷумъаро карданд ботил бедиранг.
То набояд дигарон арзон харанд,
З-он ҷалаб сарфа зи мо эшон баранд.
Монд пайғамбар ба хилват дар намоз
Бо ду-се дарвеши собит, пурниёз,
Гуфт: «Таблу лаҳву бозаргоние
Чунатон бубрид аз раббоние?
«Қад фазазтум наҳва қамҳин ҳоиман,
Сумма халлайтум набиййян қоиман».
Баҳри гандум тухми ботил коштед,
В-он расули Ҳаққро бигзоштед.
Сӯҳбати ӯ хайру мин лаҳв асту мол,
Бин: киро бигзоштӣ? Чашме бимол.
Худ нашуд ҳирси шуморо ин яқин,
Ки манам зарроқу хайруррозиқин?
Он кӣ гандумро зи худ рӯзӣ диҳад,
Кай таваккулҳотро зоеъ ниҳад?
Аз пайи гандум ҷудо гаштӣ аз он,
Ки фиристодаст гандум з-осмон.

Даъвати боз батонро аз об ба саҳро

Боз гӯяд баттро, к-аз об хез,
То бибинӣ даштҳоро қандрез.
Батти оқил гӯядаш: «Эй боз! Дур,
Об моро ҳисну амн асту сурур».
Дев чун бозомад, эй баттон шитоб
Ҳин, ба берун кам равед аз ҳисни об.
Бозро гӯед: «Рав рав, бозгард,
Аз сари мо даст дор, эй поймард.
Мо барӣ аз даъватат, даъват туро,
Мо нанӯшем ин дами ту, кофиро!
Ҳисн моро, қанду қандистон туро,
Ман нахоҳам ҳадяат, бистон, туро.
Чунки ҷон бошад, наёяд лут кам,
Чунки лашкар ҳаст, кам н-ояд алам.
Хоҷаи ҳозим басе узр оварид,
Бас баҳона кард бо деви марид».
Гуфт: «Ин дам корҳо дорам муҳим,
Гар биёям, он нагардад мунтазим.
Шоҳ кори ноз кам фармудааст,
З-интизорам шоҳ шаб нағнудааст.
Ман наёрам тарки амри шоҳ кард,
Ман натонам шуд бари шаҳ рӯйзард.
Ҳар сабоҳу ҳар масо сарҳанги хос
Мерасад, аз ман ҳамеҷӯяд манос.
Ту раво дорӣ, ки оям сӯйи деҳ,
То дар абрӯ афганад султон гиреҳ?
Баъд аз он дармони хашмаш чун кунам?
Зинда худро з-ин магар мадфун кунам?»
З-ин намат ӯ сад баҳона бозгуфт,
Ҳилаҳо бо ҳукми Ҳақ нафтод ҷуфт.
Гар шавад зарроти олам ҳилапеч,
Ё қазои осмон, ҳечанд, ҳеч.
Чун гурезад ин замин аз осмон?
Чун кунад ӯ хешро аз вай ниҳон?
Ҳарчи ояд з-осмон сӯйи замин,
На мафар дорад, на чора, на камин.
Оташ ар хуршед меборад бар ӯ,
ӯ ба пеши оташаш бинҳода рӯ.
В-ар ҳаме тӯфон кунад борон бар ӯ,
Шаҳрҳоро мекунад вайрон бар ӯ.
ӯ шуда таслими ӯ айюбвор,
Ки асирам, ҳар чӣ мехоҳӣ, бибор.
Эй ки ҷузви ин заминӣ! Сар макаш,
Чунки бинӣ ҳукми Яздон, дар макаш.
Чун «халақнокум» шунидӣ «мин туроб»,
«Хок бошӣ» ҷуст аз ту рӯ матоб.
Бин, ки андар хок тухме коштам,
Кард хокиву манаш афроштам.
Ҳамлаи дигар ту хокӣ пеша гир,
То кунам бар ҷумла миронат амир.
Об аз боло ба пастӣ дарравад,
Он гаҳ аз пастӣ ба боло барравад.
Гандум аз боло ба зери хок шуд,
Баъд аз он ӯ хӯшаву чолок шуд.
Донаи ҳар мева омад дар замин,
Баъд аз он сарҳо баровард аз дафин.
Асли неъматҳо зи гардун то ба хок
Зер омад, шуд ғизои ҷони пок.
Аз тавозӯъ чун зи гардун шуд ба зер
Гашт ҷузви одамӣ ҳаййи далер.
Пас сифоти одамӣ шуд он ҷамод,
Бар фарози арш паррон гашт шод.
К-аз ҷаҳони зинда, з-аввал омадем,
Боз аз пастӣ суйи боло шудем.
Ҷумла аҷзо, дар таҳаррук, дар сукун,
Нотиқон, к- «инно илайҳи роҷеъун».
Зикру тасбеҳоти аҷзои ниҳон
Ғофилӣ афганд андар осмон.
Чун қазо оҳанги норанҷот кард,
Рустоӣ шаҳриеро мот кард.
Бо ҳазорон ҳазм хоҷа мот шуд,
З-он сафар дар маърази офот шуд.
Эътимодаш бар суботи хеш буд,
Гарчи кӯҳ буд, ним селаш даррабуд.
Чун қазо берун кунад аз чарх сар,
Оқилон гарданд ҷумла кӯру кар.
Моҳиён афтанд аз дарё бурун,
Дом гирад мурғи парронро забун.
То париву дев дар шиша шавад,
Балки Ҳоруте ба Бобил дарравад.
Ҷуз касе, к-андар қазо андаргурехт,
Хуни ӯро ҳеч тарбеъе нарехт.
Ғайри он ки даргурезӣ дар қазо,
Ҳеч ҳила надҳадат аз вай раҳо.

Матни пурраи дафтари сеюм бихонед / Учинчи дафтарнинг тўлиқ матнини мутолаа қилинг

Мавлоно Румӣ. Маснавӣ. Дафтари 3

045

(Tashriflar: umumiy 179, bugungi 1)

Izoh qoldiring