Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ. Маснавӣ. Дафтари дуюм (2)

07 Мавлоно «ба забони муборак мефармуд: «Баъд аз мо «Маснавӣ» шайхӣ кунаду муршиди толибон гардаду соъиқ (раҳнамо)-и эшон бошад»: Бишнавед, эй дӯстон, ин достон, Худ ҳақиқат, нақди ҳоли мост он!

rumiyМавлоно Ҷалолиддини Румӣ
МАСНАВЙ
Дафтари дуюм (2)
067

Имтиҳон кардани хоҷаи Луқмон зиракии Луқмонро

Не, ки Луқмонро, ки бандай пок буд,
Рӯзу шаб дар бандагӣ чолок буд.
Хоҷааш медоштӣ дар кор беш?
Беҳтараш дидӣ зи фарзандони хеш?
З-он ки Луқмон гарчи бандазод буд,
Хоҷа буду аз ҳаво озод буд.
Гуфт шоҳе шайхро андар сухун:
«Чизе аз бахшиш зи ман дархост кун».
Гуфт: «Эй шаҳ, шарм н-ояд мар туро,
Ки чунин гӯйӣ маро? З-ин бартар о!
Ман ду банда дораму эшон ҳақир,
В-он ду, бар ту ҳокимонанду амир».
Гуфт шаҳ: «Он ду чианд? Он заллат аст?»
Гуфт: «Он як хашму дигар шаҳват аст».
Шоҳ он дон, к-ӯ зи шоҳӣ фориғ аст,
Бемаҳу хуршед, нураш бозиғ аст.
Махзан он дорад, ки махзан зоти ӯст,
Ҳастӣ ӯ дорад, ки бо ҳастӣ адӯст.
Хоҷаи Луқмон ба зоҳир хоҷаваш,
Дар ҳақиқат банда, Луқмон хоҷааш.
Дар ҷаҳони божгуна з-ин басест,
Дар назаршон гавҳаре кам аз хасест.
Мар биёбонро Мафоза ном шуд,
Ному ранге ақлашонро дом шуд.
Як гурӯҳро худ муарриф ҷома аст,
Дар қабо, гӯянд, к-ӯ аз ома аст.
Як гурӯҳро зоҳири солуси зӯҳд,
Нур бояд, то бувад ҷосуси зӯҳд.
Нур бояд, пок аз тақлиду ғавл,
То шиносад мардро бефеълу қавл.
Дарравад дар қалби ӯ аз роҳи ақл,
Нақди ӯ бинад, набошад банди нақл.
Бандагони хоси «аллому-л-ғуюб»,
Дар ҷаҳони ҷон «ҷавосису-л-қулуб».
Дар даруни дил дарояд чун хаёл,
Пеши ӯ макшуф бошад сирри ҳол.
Дар тани гунҷишг чист аз баргу соз,
Ки шавад пӯшида он бар ақли боз?
Он ки воқиф гашт бар асрори ҳӯ,
Сирри махлуқот чӣ бвад пеши ӯ?
Он ки бар афлок рафтораш бувад,
Бар замин рафтан чӣ душвораш бувад?
Дар кафи Довуд, к-оҳан гашт мум,
Мум чӣ бвад дар кафи ӯ, эй зулум?
Буд Луқмон бандашакле, хоҷае,
Бандагӣ бар зоҳираш дебоҷае.
Чун равад хоҷа ба ҷойи ношинос,
Дар ғуломи хеш пӯшонад либос,
ӯ бипӯшад ҷомаҳои он ғулом,
Мар ғуломи хешро созад имом.
Дар паяш чун бандагон дар раҳ шавад,
То набояд з-ӯ касе огаҳ шавад.
Гӯяд: «Эй банда, ту рав, бар садр шин,
Ман бигирам кафш чун бандай кеҳин.
Ту дуруштӣ кун, маро дашном деҳ,
Мар маро ту ҳеч тавқире манеҳ.
Тарки хидмат, хидмати ту доштам,
То ба ғурбат тухми ҳилат коштам».
Хоҷагон ин бандагиҳо кардаанд,
То гумон ояд, ки эшон бандаанд.
Чашмпур буданду сер аз хоҷагӣ,
Корҳоро кардаанд омодагӣ.
В-ин ғуломони ҳаво бар акси он
Хештан бинмуда хоҷай ақлу ҷон.
Ояд аз хоҷа раҳи афгандагӣ,
Н-ояд аз банда ба ғайри бандагӣ.
Пас аз он олам бад-ин олам чунон,
Таъбиятҳо ҳаст баръакс, ин бидон.
Хоҷаи Луқмон аз ин ҳоли ниҳон,
Буд воқиф, дида буд аз вай нишон.
Роз медонисту хуш меронд хар
Аз барои маслиҳат он роҳбар.
Мар варо озод кардӣ аз нахуст,
Лек хушнудии Луқмонро биҷуст.
З-он ки Луқмонро мурод ин буд, то
Кас надонад сирри он шеру фато.
Чӣ аҷаб, ки сир зи бад пинҳон кунӣ,
Ин аҷаб, ки сир зи х(в)ад пинҳон кунӣ.
Кор пинҳон кун ту аз чашмони х(в)ад,
То бувад корат салим аз чашми бад.
Хешро таслим кун бар доми музд
В-он гаҳ аз худ бе зи худ чизе бидузд.
Медиҳанд афюн ба марди захмманд,
То ки пайкон аз танаш берун кунанд.
Вақти марг аз ранҷ ӯро медаранд,
ӯ бад-он машғул шуд, ҷон мебаранд.
Чун ба ҳар фикре, ки дил хоҳӣ супурд,
Аз ту чизе дар ниҳон хоҳанд бурд.
Пас бад-он машғул шав, к-он беҳтар аст,
То зи ту чизе барад, к-он кеҳтар аст.
Ҳар чи тасҳиле кунӣ, эй мӯътанӣ,
Медарояд дузд аз он сӯ, к-эминӣ.
Бори бозаргон чу дар об уфтад,
Даст андар колаи беҳтар занад.
Чунки чизе фавт хоҳад шуд дар об,
Тарки камтар гӯйу беҳтарро биёб.

Зоҳир шудани фазлу зиракии Луқмон пеши имтиҳонкунандагон

Ҳар таоме, к-оваридандӣ ба вай,
Кас сӯйи Луқмон фиристодӣ зи пай.
То ки Луқмон даст сӯйи он барад
Қосидан, то хоҷа пасхурдаш х(в)арад.
Суъри ӯ хурдиву шӯр ангехтӣ,
Ҳар таоме, к-ӯ нахӯрдӣ, рехтӣ.
В-ар бихӯрдӣ бедилу беиштиҳо,
Ин бувад пайвандии беинтиҳо.
Харбуза оварда буданд армуғон,
Гуфт: «Рав фарзанд, Луқмонро бихон».
Чун буриду дод ӯро як бурин,
Ҳамчу шаккар хӯрдашу чун ангубин.
Аз хушӣ, ки хӯрд, дод ӯро дувум,
То расид он карчҳо то ҳафдаҳум.
Монд карче, гуфт: «Инро ман х(в)арам,
То чӣ ширин харбузаст ин, бингарам.
ӯ чунин хуш мехурад, к-аз завқи ӯ
Табъҳо шуд муштаҳиву луқмаҷӯ».
Чун бихӯрд, аз талхияш оташ фурӯхт,
Ҳам забон кард обила, ҳам ҳалқ сӯхт.
Соате бехуд шуд аз талхии он,
Баъд аз он гуфташ, ки эй ҷону ҷаҳон.
Нӯш чун кардӣ ту чандин заҳрро?
Лутф чун ангоштӣ ин қаҳрро?
Ин чи сабр аст? Ин сабурӣ аз чӣ рӯст?
Ё магар пеши ту ин ҷонат адӯст?
Чун наёвардӣ ба ҳилат ҳуҷҷате?
Ки маро узрест, бас кун соате.
Гуфт: «Ман аз дасти неъматбахши ту
Хӯрдаам чандон, ки аз шармам дутӯ.
Шармам омад, ки яке талх аз кафат
Ман нанӯшам, эй ту соҳибмаърифат.
Чун ҳама аҷзом аз инъоми ту
Рустаанду ғарқи дона-в доми ту.
Гар зи як талхӣ кунам фарёду дод,
Хок сад раҳ бар сари аҷзом бод.
Лаззати дасти шакарбахшат бидошт,
Андар ин биттих талхӣ кай гузошт?»
Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,
Аз муҳаббат миссҳо заррин шавад.
Аз муҳаббат дурдҳо софӣ шавад,
Аз муҳаббат дардҳо шофӣ шавад.
Аз муҳаббат мурда зинда мекунанд,
Аз муҳаббат шоҳ банда мекунанд.
Ин муҳаббат ҳам натиҷай дониш аст,
Кай газофа бар чунин тахте нишаст?
Дониши ноқис куҷо ин ишқ зод?
Ишқ зояд ноқис, аммо бар ҷамод:
Бар ҷамоде ранги матлубе чу дид,
Аз сафире бонги маҳбубе шунид.
;Дониши ноқис надонад фарқро,
Лоҷарам, хуршед донад барқро.
Чунки малъун хонд ноқисро расул,
Буд дар таъвил нуқсони уқул.
З-он ки ноқистан бувад маҳруми раҳм,
Нест бар марҳум лоиқ лаъну захм.
Нақси ақл аст он ки бадранҷурӣ аст,
Мӯҷиби лаънат, сазои дурӣ аст.
З-он ки такмили хирадҳо дур нест,
Лек такмили бадан мақдур нест.
Куфру фиръавнии ҳар габри баъид
Ҷумла аз нуқсони ақл омад падид.
Баҳри нуқсони бадан омад фараҷ,
Дар нубӣ ки «мо ала-л-аъмо ҳараҷ».
Барқ офил бошаду бас бевафо,
Офил аз боқӣ надонӣ, бесафо.
Барқ хандад. Бар кӣ механдад? Бигӯ,
Бар касе, ки дил ниҳад бар нури ӯ.
Нурҳои чарх бубридапай аст,
Он чу лошарқиву лоғарбӣ, кай аст?
Барқро «ху яхтафу-л-абсор» дон,
Нури боқиро ҳама ансор дон.
Бар кафи дарё фарасро рондан,
Номае дар нури барқе хондан.
Аз ҳарисӣ, оқибат нодидан аст,
Бар дилу бар ақли худ хандидан аст.
Оқибатбин аст ақл аз хосият,
Нафс бошад, к-ӯ набинад оқибат.
Ақл, к-ӯ мағлуби нафс, ӯ нафс шуд,
Муштарӣ моти Зуҳал шуд, наҳс шуд.
Ҳам дар ин наҳсе бигардон ин назар,
Дар касе, ки кард наҳсат, дарнигар.
Он назар, ки бингарад ин ҷарру мад,
ӯ зи наҳсӣ сӯйи саъдӣ нақб зад.
З-он ҳаме гардонадат ҳоле ба ҳол,
Зид ба зид пайдокунон дар интиқол.
То ки хавфат зояд аз зотушшимол,
Лаззати зотулямин, «юрҷи-р-риҷол».
То дупар бошӣ, ки мурғи якпара,
Оҷиз ояд аз паридан, эй сара!
Ё раҳо кун, то наёям дар калом,
Ё бидеҳ дастур, то гӯям тамом.
В-арна ин хоҳӣ, на он, фармон турост,
Кас чӣ донад, мар туро мақсад куҷост?
Ҷони Иброҳим бояд, то ба нур
Бинад андар нор фирдавсу қусур.
Поя-поя бар равад бар моҳу х(в)ар,
То бимонад ҳамчу ҳалқа банди дар.
Чун Халил аз осмони ҳафтумин
Бигзарад, ки «ло уҳиббу-л-офилин».
Ин ҷаҳони тан ғалатандоз шуд,
Ҷуз мар онро, к-ӯ зи шаҳват боз шуд.

Татиммаи ҳасади он ҳашам бар он ғуломи хосс

Қиссаи шоҳу амирону ҳасад
Бар ғуломи хосу султони хирад
Дур монд аз ҷарри ҷаррори калом,
Боз бояд гашту кард онро тамом.
Боғбони мулки боиқболу бахт
Чун дарахтеро надонад аз дарахт?
Он дарахтеро, ки талху рад бувад
В-он дарахте, ки якаш ҳафсад бувад.
Кай баробар дорад андар тарбият?
Чун бибинадшон ба чашми оқибат:
К-он дарахтонро ниҳоят чист бар?
Гарчи яксонанд ин дам дар назар.
Шайх, к-ӯ «янзур бинуриллоҳ» шуд,
Аз ниҳоят в-аз нахуст огоҳ шуд.
Чашми охурбин бибаст аз баҳри Ҳақ,
Чашми охирбин гушод андар сабақ.
Он ҳасудон бад дарахтон будаанд,
Талхгавҳар, шӯрбахтон будаанд.
Аз ҳасад ҷӯшону каф мерехтанд,
Дар ниҳонӣ макр меангехтанд.
То ғуломи хосро гардан зананд,
Бехи ӯро аз замона баркананд.
Чун шавад фонӣ? Чу ҷонаш шоҳ буд,
Бехи ӯ дар исмати Аллоҳ буд.
Шоҳ аз он асрор воқиф омада,
Ҳамчу Бӯбакри рубобӣ тан зада.
Дар тамошои дили бадгавҳарон
Мезадӣ хунбак бар он кӯзагарон.
Макр месозанд қавме ҳиламанд,
То ки шаҳро дар фуқоъе дар кунанд.
Подшоҳе, бас азиме, бекарон,.
Дар фуқоъе кай бигунҷад, эй харон?
Аз барои шоҳ доме дӯхтанд,
Охир ин тадбир аз ӯ омӯхтанд.
Наҳс шогирде, ки бо устоди хеш
Ҳамсарӣ оғозаду ояд ба пеш.
Бо кадом устод? Устоди ҷаҳон,
Пеши ӯ яксон ҳувайдову ниҳон.
Чашми ӯ «янзур бинуриллаҳ» шуда,
Пардаҳои ҷаҳлро хориқ буда.
Аз дили сӯрох чун кӯҳнагилем
Пардае бандад ба пеши он ҳаким.
Парда механдад бар ӯ бо сад даҳон,
Ҳар даҳоне гашта ишкофе бар он.
Гӯяд он устод мар шогирдро:
«Эй кам аз саг, нестат бо ман вафо?
Худ маро усто магир, оҳангусил,
Ҳамчу худ шогирд гиру кӯрдил.
Н-аз манат ёрист дар ҷону равон?
Бе манат обе намегардад равон.
Пас дили ман коргоҳи бахти туст,
Чӣ шканӣ ин коргоҳ, эй нодуруст!
Гӯияш пинҳон занам оташзана,
Не ба қалб, аз қалб бошад равзана?
Охир аз равзан бибинад фикри ту,
Дил гувоҳие диҳад з-ин зикри ту.
Гир, дар рӯят намолад аз карам,
Ҳар чӣ гӯйӣ, хандаду гӯяд: наъам.
ӯ намехандад зи завқи молишат,
ӯ ҳамехандад ҳар он исголишат.
Пас хидоъеро хидоъе шуд ҷазо,
Коса зан, кӯза бихур. Инак сазо.
Гар будӣ бо ту варо хандай ризо,
Садҳазорон гул шукуфтӣ мар туро.
Чун дили ӯ дар ризо орад амал,
Офтобе дон, ки ояд дар ҳамал.
З-ӯ бихандад ҳам наҳору ҳам баҳор,
Дарҳам омезад шукуфа-в сабзазор.
Садҳазорон булбулу қумрӣ наво
Афгананд андар ҷаҳони бенаво.
Чунки барги рӯҳи худ зарду сиёҳ
Мебибинӣ, чун надонӣ хашми шоҳ?
Офтоби шоҳ дар бурҷи итоб
Мекунад рӯҳо сияҳ ҳамчун Кӣтоб.
Он Уторидро варақҳо ҷони мост,
Он сапедӣ в-он сияҳ мизони мост.
Боз маншуре нависад сурху сабз,
То раҳанд арвоҳ аз савдову аҷз.
Сурху сабз афтод насхи навбаҳор,
Чун хати қавсу қузаҳ дар эътибор.

Акси таъзими пайғоми Сулаймон дар дили Балқис, аз сурати ҳақири ҳудҳуд

Раҳмати садтӯ бар он Балқис бод,
Ки Худояш ақли садмарда бидод.
Ҳудҳуде нома биёварду нишон
Аз Сулаймон, чанд ҳарфе бо баён.
Хонд ӯ он нуктаҳои бошумул,
Бо ҳақорат нангарид андар расул.
Ҷисм ҳудҳуд диду ҷон анқо-ш дид,
Ҳис чу каффе диду дил дарё-ш дид.
Ақли боҳис з-ин тилисмоти дуранг
Чун Муҳаммад бо абӯҷаҳлон ба ҷанг.
Кофирон диданд Аҳмадро башар,
Чун надиданд аз вай «иншаққа-л-қамар».
Хок зан дар дидаи ҳисбини хеш,
Дидаи ҳис душмани ақл асту кеш.
Дидаи ҳисро Худо аъмо-ш хонд,
Бутпарасташ гуфту зидди мо-ш хонд.
З-он ки ӯ каф диду дарёро надид,
З-он ки ҳолӣ диду фардоро надид.
Хоҷаи фардову ҳолӣ пеши ӯ,
ӯ намебинад зи ганҷе ҷуз тасу.
Заррае з-он офтоб орад паём,
Офтоб он зарраро гардад ғулом.
Қатрае, к-аз баҳри ваҳдат шуд сафир,
Ҳафт баҳр он қатраро бошад асир.
Гар кафи хоке шавад чолоки ӯ,
Пеши хокаш сар ниҳад афлоки ӯ.
Хоки Одам чунки шуд чолоки Ҳақ,
Пеши хокаш сар ниҳад амлоки Ҳақ.
«Ас-самоъу-ншаққат», охир аз чӣ буд?
Аз яке чашме, ки хокие гушуд.
Хок аз дурдӣ нишинад зери об,
Хок бин, к-аз арш бигзашт аз шитоб.
Он латофат, пас бидон, к-аз об нест,
Ҷуз атои мубдеъи ваҳҳоб нест.
Гар кунад суфлӣ ҳавову норро
В-ар зи гул ӯ бигзаронад хорро.
Ҳоким асту «яфъалуллаҳ мояшо»,
К-ӯ зи айни дард ангезад даво.
Гар ҳавову норро суфлӣ кунад,
Тирагиву дурдиву сиқлӣ кунад.
В-ар замину обро улвӣ кунад,
Роҳи гардунро ба по матвӣ кунад.
Пас яқин шуд, ки «туъиззу ман ташо»,
Хокиеро гуфт: «Парҳо баргушо».
Оташеро гуфт: «Рав, Иблис шав,
Зери ҳафтум хок бо талбис шав.
Одами хокӣ, бирав ту бар суҳо,
Эй Билиси оташӣ, рав то саро!
Чор табъу иллати увло наям,
Дар тасарруф доимо ман боқиям.
Кори ман беиллат асту мустақим,
Ҳаст тақдирам на иллат, эй сақим!
Одати худро бигардонам ба вақт,
Ин ғубор аз пеш биншонам ба вақт.
Баҳрро гӯям, ки ҳин, пурнор шав,
Гӯям оташро: «Бирав гулзор шав».
Кӯҳро гӯям: «Сабук шав ҳамчу пашм»,
Чархро гӯям: «Фурӯ дар пеши чашм».
Гӯям: «Эй хуршед, мақрун шав ба моҳ,
Ҳар дуро созам чу ду абри сиёҳ».
Чашмаи хуршедро созем хушк,
Чашмаи хунро ба фан созем мушк.
Офтобу маҳ чу ду гови сиёҳ,
Юғ бар гардан бибандадшон Илоҳ.

Инкори фалсафӣ бар қироати «ин асбаҳа моъу кум ғавран»

Муқрие мехонд аз рӯйи китоб:
«Моъукум ғавран». Зи чашма бандам об.
Обро дар ғаврҳо пинҳон кунам,
Чашмаҳоро хушку хушкистон кунам.
Обро дар чашма кӣ орад дигар
Ҷуз мани бемисли бофазлу хатар?
Фалсафии мантиқийи мустаҳон
Мегузашт аз сӯйи мактаб он замон.
Чунки бишнид оят, ӯ аз нописанд,
Гуфт: «Орем обро мо бо каланд.
Мо ба захми белу тезии табар,
Обро орем аз пастӣ забар».
Шаб бихуфту дид ӯ як шермард,
Зад тапонча, ҳар ду чашмаш кӯр кард.
Гуфт: «З-ин ду чашмаи чашм, эй шақӣ!
Бо табар нуре барор, ар содиқӣ».
Рӯз барҷасту ду чашми кӯр дид,
Нури фойиз аз ду чашмаш нопадид.
Гар бинолидиву мустағфир шудӣ,
Нури рафта аз карам зоҳир шудӣ.
Лек истиғфор ҳам дар даст нест,
Завқи тавба нуқли ҳар сармаст нест.
Зиштии аъмолу шумии ҷуҳуд,
Роҳи тавба бар дили ӯ баста буд.
Дил ба сахтӣ ҳамчу рӯйи санг гашт,
Чун шикофад тавба онро баҳри кашт?
Чун Шуъайбе ку, ки то ӯ аз дуъо
Баҳри куштан хок созад кӯҳро?
Аз ниёзу эътиқоди он халил,
Гашт мумкин амри саъбу мустаҳил.
Ё ба дарюзай муқавқис аз расул,
Санглохе мазраъе шуд бо усул.
Ҳамчунин баръакс он инкори мард,
Мис кунад заррову сулҳеро набард.
Каҳрабои масх омад ин дағо,
Хоки қобилро кунад сангу ҳасо.
Мар дилеро саҷда ҳам дастур нест,
Музди раҳмат қисми ҳар муздур нест.
Ҳин, ба пушти он макун ҷурму гуноҳ,
Ки кунам тавба, дароям дар паноҳ.
Мебибояд тобу обе тавбаро,
Шарт шуд барқу саҳобе тавбаро.
Оташу обе бибояд меваро,
Воҷиб ояд абру барқ ин шеваро.
То набошад барқи дил в-абри ду чашм,
Кай нашинад оташи таҳдиду хашм?
Кай бирӯяд сабзаи завқи висол?
Кай биҷӯшад чашмаҳо з-оби зулол?
Кай гулистон роз гӯяд бо чаман?
Кай бунафша аҳд бандад бо саман?
Кай чиноре каф гушояд дар дуъо?
Кай дарахте сар фишонад дар ҳаво?
Кай шукуфа остини пурнисор
Барфишондан гирад айёми баҳор?
Кай фурӯзад лоларо рух ҳамчу хун?
Кай гул аз киса барорад зар бурун?
Кай биёяд булбулу гул бӯ кунад?
Кай чу толиб фохта ку-ку кунад?
Кай бигӯяд лаклак он «лак, лак» ба ҷон?
«Лак» чӣ бошад? Мулки туст, эй мустаъон!
Кай намояд хок асрори замир?
Кай шавад беосмон бустон мунир?
Аз куҷо овардаанд он ҳуллаҳо,
Мин каримин, мин раҳимин, куллаҳо!
Он латофатҳо нишони шоҳидест,
Он нишони пойи марди обидест.
Он шавад шод аз нишон, к-ӯ дида шоҳ,
Чун надид ӯро набошад интибоҳ.
Рӯҳи он кас, к-ӯ ба ҳангоми аласт
Дид рабби хешу шуд бехешу маст.
ӯ шиносад бӯйи май, к-ӯ май бихвард,
Чун нахӯрд ӯ май, чӣ донад бӯй кард?
З-он ки ҳикмат ҳамчу ноқай зола аст,
Ҳамчу даллола шаҳонро дола аст.
Ту бибинӣ хоб – дар як хушлиқо,
К-ӯ диҳад ваъда-в нишоне мар туро.
Ки муроди ту шавад в-инак нишон,
Ки ба пеш ояд туро фардо фалон.
Як нишоне он ки ӯ бошад савор,
Як нишоне, ки туро гирад канор.
Як нишоне, ки бихандад пеши ту,
Як нишон, ки даст бандад пеши ту.
Як нишоне он ки ин хоб аз ҳавас
Чун шавад фардо, нагӯйӣ пеши кас.
З-он нишон ҳам Заккариёро бигуфт,
Ки наёӣ то се рӯз асло ба гуфт.
То се шаб хомуш кун аз неку бадат,
Ин нишон бошад, ки Яҳё оядат.
Дам мазан се рӯз андар гуфтугӯ,
К-ин сукут аст ояти мақсуди ту.
Ҳин, маёвар ин нишонро ту ба гуфт
В-ин суханро дор андар дил ниҳуфт.
Ин нишонҳо гӯядаш ҳамчун шакар,
Ин чӣ бошад? Сад нишонии дигар.
Ин нишони он бувад, к-он мулку ҷоҳ,
Ки ҳамеҷӯйӣ, биёбӣ аз Илоҳ.
Он ки мегирйӣ ба шабҳои дароз,
В-он ки месӯзӣ саҳаргаҳ дар ниёз.
Он ки бе он рӯзи ту торик шуд,
Ҳамчу дуке гарданат борик шуд.
В-он чӣ додӣ ҳар чӣ дорӣ дар закот,
Чун закоти покбозон рахтҳот.
Рахтҳо додиву хобу ранги рӯ,
Сар фидо кардиву гаштӣ ҳамчу мӯ.
Чанд дар оташ нишастӣ ҳамчу уд,
Чанд пеши теғ рафтӣ ҳамчу хӯд.
З-ин чунин бечорагиҳо сад ҳазор,
Хӯйи ушшоқ асту н-ояд дар шумор.
Чунки шаб ин хоб дидӣ рӯз шуд,
Аз умедаш рӯзи ту пирӯз шуд.
Чашм гардон кардаӣ бар чаппу рост,
К-он нишону он аломатҳо куҷост?
Бар мисоли барг меларзӣ, ки вой,
Гар равад рӯзу нишон н-ояд ба ҷой.
Медавӣ дар кӯю бозору саро,
Чун касе, к-ӯ гум кунад гӯсоларо.
«Хоҷа, хайр аст, ин даводав чистат?
Гумшуда ин ҷо кӣ дорӣ? Кистат?»
Гӯияш: «Хайр аст, лекин хайри ман,
Кас нашояд, ки бидонад ғайри ман.
Гар бигӯям, нак нишонам фавт шуд,
Чун нишон шуд фавт, вақти мавт шуд».
Бингарӣ дар рӯйи ҳар марди савор,
Гӯядат: «Мангар маро девонавор».
Гӯияш: «Ман соҳибе гум кардаам,
Рӯ ба ҷустуҷӯйи ӯ овардаам.
Давлатат поянда бодо, эй савор,
Раҳм кун бар ошиқон, маъзур дор».
Чун талаб кардӣ ба ҷид, омад назар,
Ҷид хато накнад, чунин омад хабар.
Ногаҳон омад саворе некбахт,
Пас гирифт андар канорат сахт-сахт.
Ту шудӣ беҳушу афтодӣ ба тоқ,
Бехабар гуфт: «Ин-т солусу нифоқ.
ӯ чӣ мебинад? Дар ӯ ин шӯр чист?»
ӯ надонад, к-он нишони васли кист?
Ин нишон дар ҳаққи ӯ бошад, ки дид,
Он дигарро кай нишон ояд падид?
Ҳар замон, к-аз вай нишоне мерасид,
Шахсро ҷоне ба ҷоне мерасид.
Моҳии бечораро пеш омад об,
Ин нишонҳо «тилка оёту-л-китоб».
Пас нишониҳо, ки андар анбиёст,
Хос он ҷонро бувад, к-ӯ ошност.
Ин сухан ноқис бимонду беқарор,
Дил надорам, бедилам, маъзур дор.
Зарраҳоро кай тавонад кас шумурд?
Хоса он к-ӯ ишқ аз вай ақл бурд.
Мешуморам баргҳои боғро,
Мешуморам бонги кабку зоғро.
Дар шумор андарнаёяд, лек ман
Мешуморам баҳри рушди мумтаҳан.
Наҳси Кайвон ё ки саъди Муштарӣ
Н-ояд андар ҳаср, гарчи бишмарӣ.
Лек ҳам баъзе аз ин ҳар ду асар
Шарҳ бояд кард, яъне нафъу зар.
То шавад маълум осори қазо
Шаммае мар аҳли саъду наҳсро.
Толеъи он кас, ки бошад Муштарӣ
Шод гардад аз нишоту сарварӣ.
В-он киро толеъ Зуҳал, аз ҳар шурур
Эҳтиёташ лозим ояд дар умур.
Гар нагӯям он Зуҳал истораро,
З-оташаш сӯзад мар он бечораро.
«Узкуруллаҳ» шоҳи мо дастур дод,
Андар оташ дид моро, нур дод.
Гуфт: «Агарчи покам аз зикри шумо,
Нест лоиқ мар маро тасвирҳо.
Лек ҳаргиз масти тасвиру хаёл,
Дарнаёбад зоти моро бемисол».
Зикри ҷисмона хаёли ноқис аст,
Васфи шоҳона аз онҳо холис аст.
Шоҳро гӯяд касе: «Ҷулоҳ нест?»
Ин чӣ мадҳ аст? Ин магар огоҳ нест?

Инкор кардани Мӯсо алайҳиссалом бар муноҷоти шубон

Дид Мӯсо як шубонеро ба роҳ,
К-ӯ ҳамегуфт: «Эй Худову эй Илоҳ!
Ту куҷоӣ, то шавам ман чокарат,
Чоруқат дӯзам, кунам шона сарат.
Ҷомаат шӯям, шапушҳоят кушам,
Шир пешат оварам, эй мӯҳташам!
Дастакат бӯсам, бимолам поякат,
Вақти хоб ояд, бирӯбам ҷоякат.
Эй фидои ту ҳама бузҳои ман,
Эй ба ёдат ҳай-ҳаю ҳайҳои ман».
Ин намат беҳуда мегуфт он шубон,
Гуфт Мӯсо: «Бо кӣ аст ин, эй фалон?»
Гуфт: «Бо он кас, ки моро офарид,
Ин замину чарх аз ӯ омад падид».
Гуфт Мӯсо: «Ҳой, бас мудбир шудӣ,
Худ мусулмон ношуда, кофир шудӣ.
Ин чӣ жож аст? Ин чӣ куфр асту фушор?
Пунбае андар даҳони худ фашор.
Ганди куфри ту ҷаҳонро ганда кард,
Куфри ту дунёи динро жанда кард.
Чоруқу потоба лоиқ мар турост,
Офтоберо чунинҳо кай равост?
Гар набандӣ з-ин сухан ту ҳалқро,
Оташе ояд, бисӯзад халқро».
Оташе гар н-омадааст, ин дуд чист?
Ҷон сияҳ гашта, равон мардуд чист?
Гар ҳамедонӣ, ки Яздон довар аст,
Жожу густохий туро чун бовар аст?
Дӯстии бехирад худ душманист,
Ҳақ таъоло з-ин чунин хидмат ғанист.
Бо кӣ мегӯйӣ ту ин? Бо амму хол?
Ҷисму ҳоҷат дар сифоти зулҷалол?!
Шир ӯ нӯшад, ки дар нашву намост,
Чоруқ ӯ пӯшад, ки ӯ мӯҳтоҷи пост.
В-аз барои банда-ш аст ин гуфтугӯ,
Он ки Ҳақ гуфт: «ӯ ман асту ман худ ӯ».
Он ки гуфт: «Иннӣ маризту лам таъуд,
Ман шудам ранҷур, ӯ танҳо нашуд».
Он ки бе «ясмаъ» ва бе «юбсир» шудаст,
Дар ҳақи он банда ин ҳам беҳудаст.
Беадаб гуфтан сухан бо хоси Ҳақ,
Дил бимиронад, сияҳ дорад варақ.
Гар ту мардеро бихонӣ Фотима,
Гарчи як ҷинсанд марду зан ҳама.
Қасди хуни ту кунад то мумкин аст,
Гарчи хушхӯву ҳалиму сокин аст.
Фотима мадҳ аст дар ҳаққи занон,
Мардро гӯйӣ, бувад захми синон.
Дасту по дар ҳаққи мо истоиш аст,
Дар ҳақи покии Ҳақ олоиш аст.
«Лам ялид лам юлад» ӯро лоиқ аст,
Волиду мавлудро ӯ холиқ аст.
Ҳар чӣ ҷисм омад, валодат васфи ӯст,
Ҳар чӣ мавлуд аст, ӯ з-ин сӯй ҷуст.
З-он ки аз кавну фасод асту маҳин,
Ҳодис асту мӯҳдисе хоҳад яқин.
Гуфт: «Эй Мӯсо, даҳонам дӯхтӣ,
Аз пушаймонӣ ту ҷонам сӯхтӣ».
Ҷомаро бидриду оҳе кард тафт,
Сар ниҳон андар биёбону бирафт.

Итоб кардани Ҳақ таъоло Мӯсоро алайҳиссалом аз баҳри шубон

Ваҳй омад сӯйи Мӯсо аз Худо:
«Бандаи моро зи мо кардӣ ҷудо.
Ту барои васл кардан омадӣ,
Ё барои фасл кардан омадӣ?
То тавонӣ по манеҳ андар фироқ,
«Абғазу-л-ашёи инди ат-талоқ».
Ҳар касеро сирате бинҳодаам,
Ҳар касеро истилоҳе додаам.
Дар ҳақи ӯ мадҳу дар ҳаққи ту зам,
Дар ҳақи ӯ шаҳду дар ҳаққи ту сам.
Мо барӣ аз поку нопокӣ ҳама,
Аз гаронҷониву чолокӣ ҳама.
Ман накардам амр, то суде кунам,
Балки то бар бандагон ҷуде кунам.
Ҳиндувонро истилоҳи ҳинд мадҳ,
Синдиёнро истилоҳи синд мадҳ.
Ман нагардам пок аз тасбеҳашон,
Пок ҳам эшон шаванду дурфишон.
Мо забонро нангарему қолро,
Мо равонро бингарему ҳолро.
Нозири қалбем, агар хошеъ бувад,
Гарчи гуфти лафзи нохозеъ равад».
З-он ки дил ҷавҳар бувад, гуфтан араз,
Пас туфайл омад араз, ҷавҳар ғараз.
Чанд аз ин алфозу измору маҷоз?
Сӯз хоҳам сӯз, бо он сӯз соз.
Оташе аз ишқ дар ҷон барфурӯз,
Сар ба сар фикру иборатро бисӯз.
Мӯсиё, одобдонон дигаранд,
Сӯхтаҷону равонон дигаранд.
Ошиқонро ҳар нафас сӯзиданист,
Бар деҳи вайрон хироҷу ушр нест.
Гар хато гӯяд, варо хотӣ магӯ,
Гар бувад пурхун шаҳид, ӯро машӯ.
Хун шаҳидонро зи об авлотар аст,
Ин хато аз сад савоб авлотар аст.
Дар даруни Каъба расми қибла нест,
Чӣ ғам, ар ғаввосро почила нест.
Ту зи сармастон қаловузӣ маҷӯ,
Ҷомачоконро чӣ фармоӣ руфӯ?
Миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудост,
Ошиқонро миллату мазҳаб Худост.
Лаълро гар мӯҳр набвад, бок нест,
Ишқ дар дарёи ғам ғамнок нест.

Ваҳй омадан Мӯсоро алайҳиссалом дар узри он шубон

Баъд аз он дар сирри Мӯсо Ҳақ ниҳуфт,
Розҳое гуфт, к-он н-ояд ба гуфт.
Бар дили Мӯсо суханҳо рехтанд,
Дидану гуфтан ба ҳам омехтанд.
Чанд бехуд гашту чанд омад ба х(в)ад,
Чанд паррид аз азал сӯйи абад.
Баъд аз ин гар шарҳ гӯям, аблаҳист,
З-он ки шарҳи ин варои огаҳист.
В-ар бигӯям, ақлҳоро барканад
В-ар нависам, бас қаламҳо бишканад.
Чунки Мӯсо ин итоб аз Ҳақ шунид,
Дар биёбон дар пайи чӯпон давид.
Бар нишони пойи он саргашта ронд,
Гард аз паррай биёбон барфишонд.
Гоми пойи мардуми шӯрида х(в)ад
Ҳам зи гоми дигарон пайдо бувад.
Як қадам чун рух зи боло то нишеб,
Як қадам чун пил рафта бар вуреб.
Гоҳ чун мавҷе барафрозон алам,
Гоҳ чун моҳӣ равона бар шикам.
Гоҳ бар хоке набишта ҳоли х(в)ад,
Ҳамчу раммоле, ки рамле барзанад.
Оқибат дарёфт ӯрову бидид,
Гуфт: «Мужда деҳ, ки дастуре расид:
Ҳеч одобеву тартибе маҷӯ,
Ҳар чӣ мехоҳад дили тангат, бигӯ.
Куфри ту дин асту динат нури ҷон,
Эминӣ в-аз ту ҷаҳоне дар амон.
Эй муъофи яфъалуллаҳ мояшо,
Бемуҳобо рав, забонро баргушо».
Гуфт: «Эй Мӯсо, аз он бигзаштаам,
Ман кунун дар хуни дил оғаштаам.
Ман зи сидрай мунтаҳо бигзаштаам,
Садҳазоронсола з-он сӯ рафтаам.
Тозиёна барзадӣ, аспам бигашт,
Гунбаде карду зи гардун баргузашт.
Маҳрами носути мо лоҳут бод,
Офарин бар дасту бар бозут бод.
Ҳоли ман акнун бурун аз гуфтан аст,
Ин чӣ мегӯям, на аҳволи ман аст».
Нақш мебинӣ, ки дар ойинаест,
Нақши туст он, нақши он ойина нест.
Дам, ки марди нойӣ андар ной кард,
Дархури ной аст, на дархурди мард.
Ҳону ҳон, гар ҳамд гӯйӣ, гар сипос,
Ҳамчу нофарҷоми он чӯпон шинос.
Ҳамди ту нисбат бад-он гар беҳтар аст,
Лек он нисбат ба Ҳақ ҳам абтар аст.
Чанд гӯйӣ, чун ғито бардоштанд,
К-ин набудаст, он ки мепиндоштанд.
Ин қабули зикри ту аз раҳмат аст,
Чун намози мустаҳоза рухсат аст.
Бо намози ӯ биёлудаст хун,
Зикри ту олудаи ташбеҳу чун.
Хун палид асту ба обе меравад,
Лек ботинро наҷосатҳо бувад.
К-он ба ғайри оби лутфи кирдгор
Кам нагардад аз даруни мардикор.
Дар суҷудат кош рӯ гардоние,
Маънии «субҳона раббӣ» доние.
К-эй суҷудам чун вуҷудам носазо,
Мар бадиро ту накӯӣ деҳ ҷазо.
Ин замин аз ҳилми Ҳақ дорад асар,
То наҷосат бурду гулҳо дод бар.
То бипӯшад ӯ палидиҳои мо,
Дар иваз баррӯяд аз вай ғунчаҳо.
Пас чу кофир дид, к-ӯ дар доду ҷуд
Камтару бемоятар аз хок буд.
Аз вуҷуди ӯ гулу мева наруст,
Ҷуз фасоди ҷумла покиҳо наҷуст.
Гуфт: «Вопас рафтаам ман дар заҳоб,
Ҳасрато! «Ё лайтани кунту туроб».
Кош аз хоке сафар нагзидаме,
Ҳамчу хоке донае мечидаме.
Чун сафар кардам, маро роҳ озмуд,
З-ин сафар кардан раҳовардам чӣ буд?»
З-он ҳама майлаш суйи хок аст, к-ӯ
Дар сафар суде набинад пеши рӯ.
Рӯй вопас карданаш, он ҳирсу оз,
Рӯй дар раҳ карданаш, сидқу ниёз.
Ҳар гиёро, к-аш бувад майли уло,
Дар мазид асту ҳаёту дар намо.
Чунки гардонид сар сӯйи замин,
Дар камиву хушкиву нақсу ғабин.
Майли рӯҳат чун сӯйи боло бувад,
Дар тазоюд марҷаъат он ҷо бувад.
В-ар нигунсорӣ, сарат сӯйи замин,
Офилӣ. «Ҳақ ло юҳиббу-л-офилин».

Пурсидани Мӯсо аз Ҳақ сирри ғалабаи золимонро

Гуфт Мӯсо: «Эй карими корсоз,
Эй ки як дам зикри ту умри дароз.
Нақши каж-маж дидам андар обу гил,
Чун малоик эътирозе кард дил,
Ки чӣ мақсуд аст нақше сохтан?
В-андар ӯ тухми фасод андохтан.
Оташи зулму фасод афрӯхтан,
Масҷиду саҷдакунонро сӯхтан.
Мояи хунобаву зардобаро,
Ҷӯш додан аз барои лобаро
Ман яқин донам, ки айни ҳикмат аст,
Лек мақсудам аёну рӯъят аст.
Он яқин мегӯядам хомӯш кун,
Ҳирси рӯъят гӯядам на, ҷӯш кун.
Мар малоикро намудӣ сирри хеш,
К-ин чунин нӯше ҳамеарзад ба неш.
Арза кардӣ нури Одамро аён,
Бар малоик гашт мушкилҳо баён.
Ҳашри ту гӯяд, ки сирри марг чист,
Меваҳо гӯянд сирри барг чист.
Сирри хуну нутфа ҳисси одамист,
Собиқи ҳар бешие охир камист.
Лавҳро аввал бишӯяд бевуқуф,
Он гаҳе бар вай нависад ӯ ҳуруф.
Хун кунад дилрову ашки мустаҳон,
Барнависад бар вай асрор он гаҳон.
Вақти шустан лавҳро бояд шинохт,
Ки мар онро дафтаре хоҳанд сохт.
Чун асоси хонае меафгананд,
Аввалин бунёдро бармекананд,
Гил бароранд аввал аз қаъри замин,
То ба охир баркашӣ моъи маъин.
Аз ҳаҷомат кӯдакон гирянд зор,
Ки намедонанд эшон сирри кор.
Мард худ зар медиҳад ҳаҷҷомро,
Менавозад неши хуношомро,
Медавад ҳаммол зӣ бори гарон,
Мерабояд борро аз дигарон.
Ҷанги ҳаммолон барои бор бин,
Инчунин аст иҷтиҳоди кор, бин.
Чун гарониҳо асоси роҳат аст,
Талхҳо ҳам пешвои неъмат аст.
«Ҳуффати-л-ҷанна бимакруҳотино,
Ҳуффати-н-нирону мин шаҳвотино».
Тухммойай оташат шохи тар аст,
Сӯхтай оташ қарини Кавсар аст.
Ҳар кӣ дар зиндон қарини меҳнатест,
Он ҷазои луқмаеву шаҳватест.
Ҳар кӣ дар қасре қарини давлатест,
Он ҷазои корзору меҳнатест.
Ҳар киро дидӣ ба зарру сим фард,
Дон, ки андар касб кардан сабр кард.
Бесабаб бинад, чу дида шуд гузор,
Ту ки дар ҳиссӣ, сабабро гӯш дор.
Он ки берун аз табоеъ ҷони ӯст,
Мансаби харқи сабабҳо они ӯст.
Бесабаб бинад на аз обу гиё,
Чашм чашмай мӯъҷизоти анбиё.
Ин сабаб ҳамчун табиб асту алил,
Ин сабаб ҳамчун чароғ асту фатил,
Шабчароғатро фатили нав битоб,
Пок дон з-инҳо чароғи офтоб.
Рав ту каҳгил соз баҳри сақфи хон,
Сақфи гардунро зи каҳгил пок дон.
Аҳ, ки чун дилдори мо ғамсӯз шуд,
Хилвати шаб даргузашту рӯз шуд.
Ҷуз ба шаб ҷилва набошад моҳро,
Ҷуз ба дарди дил маҷӯ дилхоҳро.
Тарки Исо карда хар парвардаӣ,
Лоҷарам чун хар буруни пардаӣ.
Толеъи Исост илму маърифат,
Толеъи хар нест, эй ту харсифат.
Нолаи хар бишнавӣ, раҳм оядат,
Пас надонӣ хар харӣ фармоядат.
Раҳм бар Исо куну бар хар макун,
Табъро бар ақли худ сарвар макун.
Табъро ҳил, то бигиряд зор-зор,
Ту аз ӯ бистону воми ҷон гузор.
Солҳо харбанда будӣ, бас бувад,
З-он ки харбанда зи хар вопас бувад.
З- «аххиру ҳунна» муродаш нафси туст,
К-ӯ ба охир бояду ақлаш нахуст.
Ҳам мизоҷи хар шудаст ин ақли паст,
Фикраш ин ки чун алаф орам ба даст?
Он хари Исо мизоҷи дил гирифт,
Дар мақоми оқилон манзил гирифт.
З-он ки ғолиб ақл буду хар заиф
Аз савори зафт гардад хар наҳиф.
В-аз заифӣ ақли ту, эй харбаҳо!
Ин хари пажмурда гаштаст аждаҳо.
Гар зи Исо гаштаӣ ранҷурдил,
Ҳам аз ӯ сиҳҳат расад, ӯро маҳил.
Чунӣ, эй Исои исодам, зи ранҷ?
Ки набуд андар ҷаҳон бе мор ганҷ.
Чунӣ, эй Исо, зи дидори ҷуҳуд?
Чунӣ, эй Юсуф, зи маккору ҳасуд?
Ту шабу рӯз аз пайи ин қавми ғумр
Чун шабу рӯзӣ мададбахшои умр.
Чунӣ аз сафроиёни беҳунар?
Чӣ ҳунар зояд зи сафро? Дарди сар.
Ту ҳамон кун, ки кунад хуршеди Шарқ,
Мо нифоқу ҳилаву дуздиву зарқ.
Ту асал, мо сирка дар дунёву дин,
Дафъи ин сафро бувад сиркангубин.
Сирка афзудем мо қавми заҳир,
Ту асал бифзо, карамро вомагир.
Ин сазид аз мо, чунон омад зи мо,
Рег андар чашм чӣ-фзояд? Амо.
Он сазад аз ту аё кӯҳли азиз,
Ки биёбад аз ту ҳар ночиз чиз.
З-оташи ин золимонат дил кабоб,
Аз ту ҷумла «иҳди қавмӣ» буд хитоб.
Кони удӣ, дар ту гар оташ зананд
Ин ҷаҳон аз атру райҳон огананд.
Ту на он удӣ, к-аз оташ кам шавад,
Ту на он рӯҳӣ, к-асири ғам шавад.
Уд сӯзад, кони уд аз сӯз дур,
Бод кай ҳамла барад бар асли нур.
Эй зи ту мар осмонҳоро сафо,
Эй ҷафои ту накӯтар аз вафо.
З-он ки аз оқил ҷафое гар равад,
Аз вафои ҷоҳилон он беҳ бувад.
Гуфт пайғамбар: «Адоват аз хирад
Беҳтар аз меҳре, ки аз ҷоҳил расад».

Ранҷонидани амире хуфтаеро, ки мор дар даҳонаш рафта буд

Оқиле бар асп меомад савор,
Дар даҳони хуфтае мерафт мор.
Он савор онро бидиду мешитофт,
То рамонад морро, фурсат наёфт.
Чунки аз ақлаш фаровон буд мадад,
Чанд даббусе қавӣ бар хуфта зад.
Бурд ӯро захми он даббуси сахт
З-ӯ гурезон, то ба зери як дарахт.
Себи пӯсида басе буд рехта,
Гуфт: «Аз ин хур, эй ба дард овехта!»
Себ чандон мар варо дархурд дод,
К-аз даҳонаш боз берун мефитод.
Бонг мезад, к-эй амир, охир чаро,
Қасди ман кардӣ ту нодида ҷафо?
Гар туро з-асл аст бо ҷонам ситез,
Теғ зан, якборагӣ ҷонам бирез.
Шум соат, ки шудам бар ту падид,
Эй хунук онро, ки рӯйи ту надид.
Беҷиноят, бегунаҳ, бе бешу кам,
Мулҳидон ҷоиз надоранд ин ситам.
Меҷаҳад хун аз даҳонам бо сухун,
Эй Худо, охир мукофоташ ту кун».
Ҳар замон мегуфт ӯ нафрини нав,
ӯ-ш мезад, к-андар ин саҳро бидав!
Захми даббусу савори ҳамчу бод,
Медавиду боз дар рав мефитод.
Мумталиву хобноку суст буд,
Пову рӯяш садҳазорон захм шуд.
То шабонгаҳ мекашиду мегушод,
То зи сафро қай шудан бар вай фитод.
З-ӯ баромад хурдаҳо зишту накӯ,
Мор бо он хурда берун ҷаст аз ӯ.
Чун бидид аз худ бурун он морро,
Саҷда овард он накӯкирдорро.
Саҳми он мори сиёҳи зишти зафт
Чун бидид, он дардҳо аз вай бирафт.
Гуфт: «Худ ту Ҷабраили раҳматӣ?
Ё худоӣ, ки валии неъматӣ?
Эй муборак соате, ки дидиям,
Мурда будам, ҷони нав бахшидиям.
Ту маро ҷӯён мисоли модарон,
Ман гурезон аз ту монанди харон.
Хар гурезад аз худованд аз харӣ,
Соҳибаш дар пай зи некӯгаҳварӣ.
Н-аз пайи суду зиён меҷӯядаш,
Лек то гургаш надаррад ё дадаш.
Эй хунук онро, ки бинад рӯйи ту,
Ё дарафтад ногаҳон дар кӯйи ту.
Эй равони пок бистуда туро,
Чанд гуфтам жожу беҳуда туро.
Эй Худованду шаҳаншоҳу амир!
Ман нагуфтам; ҷаҳли ман гуфт; он магир.
Шаммае з-ин ҳол агар донистаме,
Гуфтани беҳуда кай тонистаме?
Бас саноят гуфтаме, эй хушхисол,
Гар маро як рамз мегуфтӣ зи ҳол.
Лек хомуш карда меошуфтӣ,
Хомушона бар сарам мекӯфтӣ.
Шуд сарам колива, ақл аз сар биҷаст,
Хоса ин сарро ки мағзаш камтар аст.
Афв кун, эй хубрӯи хубкор,
Он чӣ гуфтам аз ҷунун, андаргузор».
Гуфт: «Агар ман гуфтаме рамзе аз он,
Заҳраи ту об гаштӣ он замон.
Гар туро ман гуфтаме авсофи мор,
Тарс аз ҷонат баровардӣ димор».
Мустафо фармуд: Агар гӯям ба рост,
Шарҳи он душман, ки дар ҷони шумост,
Заҳраҳои пурдилон ҳам бардарад,
Не равад раҳ, не ғами коре х(в)арад.
На дилашро тоб монад дар ниёз,
На танашро қуввати рӯза-в намоз.
Ҳамчу муше пеши гурба ло шавад,
Ҳамчу барра пеши гург аз ҷо равад.
Андар ӯ на ҳила монад, на равиш,
Пас кунам ногуфтатон ман парвариш.
Ҳамчу Бӯбакри рубобӣ тан занам,
Даст чун Довуд дар оҳан занам.
То муҳол аз дасти ман ҳоле шавад,
Мурғи парбаркандаро боле шавад.
Чун «ядуллаҳ фавқа айдиҳим» бувад,
Дасти моро дасти худ фармуд аҳад.
Пас маро дасти дароз омад яқин,
Баргузашта з-осмони ҳафтумин.
Дасти ман бинмуд бар гардун ҳунар,
Муқрибо, бархон ки «иншаққа-л-қамар».
Ин сифат ҳам баҳри заъфи ақлҳост,
Бо заифон шарҳи қудрат кай равост?
Худ бидонӣ, чун барорӣ сар зи хоб,
Хатм шуд, «валлоҳу аълам би-с-савоб».
«Мар туро на қуввати хӯ(в)ардан будӣ,
На раҳу парвои қай кардан будӣ.
Мешунидам фаҳшу хар мерондам,
«Рабби яссир» зери лаб мехондам.
Аз сабаб гуфтам маро дастур не,
Тарки ту гуфтан маро мақдур не.
Ҳар замон мегуфтам аз дарди дарун
«Иҳди қавми, иннаҳум ло яъламун».
Саҷдаҳо мекард он раста зи ранҷ,
К-эй саодат, эй маро иқболу ганҷ.
Аз Худо ёбӣ ҷазоҳо, эй шариф!
Қуввати шукрат надорад ин заиф.
Шукр Ҳақ гӯяд туро, эй пешво!
Он лабу чона надорам в-он наво».
Душмании оқилон з-ин сон бувад,
Заҳри эшон ибтиҳоҷи ҷон бувад.
Дӯстий аблаҳ бувад ранҷу залол,
Ин ҳикоят бишнав аз баҳри мисол.

Эътимод кардан бар тамаллуқ ва вафои хирс

Аждаҳое хирсро дармекашид,
Шермарде рафту фарёдаш расид.
Шермардонанд дар олам мадад,
Он замон, к-афғони мазлумон расад.
Бонги мазлумон зи ҳар ҷо бишнаванд,
Он тараф чун раҳмати Ҳақ медаванд.
Он сутунҳои халалҳои ҷаҳон,
Он табибони маразҳои ниҳон.
Маҳзи меҳру довариву раҳматанд,
Ҳамчу Ҳақ беиллату беришватанд.
«Ин чӣ ёрӣ мекунӣ якборагиш?»
Гӯяд: «Аз баҳри ғаму бечорагиш».
Меҳрубонӣ шуд шикори шермард,
Дар ҷаҳон дору наҷӯяд ғайри дард.
Ҳар куҷо дарде, даво он ҷо равад,
Ҳар куҷо пастист, об он ҷо давад.
Оби раҳмат боядат, рав паст шав
В-онгаҳон хур хамри раҳмат, маст шав.
Раҳмат андар раҳмат омад то ба сар,
Бар яке раҳмат фурӯ м-ой, эй писар!
Чархро дар зери по ор, эй шуҷоъ!
Бишнав аз фавқи фалак бонги самоъ.
Пунбаи васвос берун кун зи гӯш,
То ба гӯшат ояд аз гардун хурӯш.
Пок кун ду чашмро аз мӯю айб,
То бибинӣ боғу сарвистони ғайб.
Дафъ кун аз мағзу аз бинӣ зуком,
То ки риҳуллаҳ дарояд дар машом.
Ҳеч магзор аз табу сафро асар,
То биёбӣ аз ҷаҳон таъми шакар.
Доруи мардӣ куну иннин мапӯй,
То бурун оянд сад гун хубрӯй.
Кундаи танро зи пойи ҷон бикан,
То кунад ҷавлон ба гирди анҷуман.
Ғулли бухл аз дасту гардан дур кун,
Бахти нав дарёб дар чархи куҳун.
В-ар наметонӣ, ба каъбай лутф – бар,
Арза кун бечорагӣ бар чорагар.
Зориву гиря қавӣ сармояест,
Раҳмати куллӣ қавитар дояест.
Дояву модар баҳонаҷӯ бувад,
То ки кай он тифли ӯ гирён шавад?
Тифли ҳоҷоти шуморо офарид,
То биноледу шавад шираш падид.
Гуфт: «Удъуллоҳ» бе зорӣ мабош,
То биҷӯшад ширҳои меҳрҳош.
Ҳуй-ҳуйи боду ширафшони абр,
Дар ғами моанд. Як соат ту сабр.
«Фи-с-самоъи ризқукум» бишнидаӣ,
Андар ин пастӣ чӣ барчафсидаӣ?
Тарсу навмедит дон овози ғул,
Мекашад гӯши ту то қаъри суфул.
Ҳар нидое, ки туро боло кашид,
Он нидо медон, ки аз боло расид.
Ҳар нидое, ки туро ҳирс оварад,
Бонги гурге дон, ки ӯ мардум дарад.
Ин баландӣ нест аз рӯйи макон,
Ин баландиҳост сӯйи ақлу ҷон.
Ҳар сабаб болотар омад аз асар,
Сангу оҳан фоиқ омад бар шарар.
Он фалонӣ фавқи он саркаш нишаст,
Гарчи дар сурат ба паҳлӯяш нишаст.
Фавқии он ҷост аз рӯйи шараф,
Ҷойи дур аз садр бошад мустахаф.
Сангу оҳан з-ин ҷиҳат, ки собиқ аст,
Дар амал фавқии ин ду лоиқ аст.
В-он шарар аз рӯйи мақсудии хеш
З-оҳану санг аст, з-ин рӯ пешу пеш.
Сангу оҳан аввалу поён шарар,
Лек ин ҳар ду тананду ҷон шарар.
К-он шарар гар дар замон вопастар аст,
Дар сифат аз сангу оҳан бартар аст.
Дар замон шох аз самар собиқтар аст,
Дар ҳунар аз шох ӯ фоиқтар аст.
Чунки мақсуд аз шаҷар омад самар,
Пас самар аввал бувад в-охир шаҷар.
Хирс чун фарёд кард аз аждаҳо,
Шермарде кард аз чангаш раҳо.
Ҳилату мардӣ ба ҳам доданд пушт,
Аждаҳоро ӯ бад-ин қувват бикушт.
Аждаҳоро ҳаст қувват, ҳила нест,
Низ фавқи ҳилаи ту ҳилаест.
Ҳилаи худро чу дидӣ, бозрав,
К-аз куҷо омад? Суйи оғоз рав.
Ҳар чӣ дар пастист, омад аз уло,
Чашмро сӯйи баландӣ неҳ, ҳило!
Рӯшанӣ бахшад назар андар улӣ,
Гарчи аввал хирагӣ орад, бале.
Чашмро дар рӯшноӣ хӯй кун,
Гар на хуффошӣ, назар он сӯй кун.
Оқибатбинӣ нишони нури туст,
Шаҳвати ҳолӣ, ҳақиқат гӯри туст.
Оқибатбине, ки сад бозӣ бидид,
Мисли он набвад, ки як бозӣ шунид.
З-он яке бозӣ чунон мағрур шуд,
К-аз такаббур з-устодон дур шуд.
Сомиривор он ҳунар дар худ чу дид,
ӯ зи Мӯсо аз такаббур сар кашид.
ӯ зи Мӯсо он ҳунар омӯхта
В-аз муаллим чашмро бардӯхта.
Лоҷарам Мӯсо дигар бозӣ намуд,
То ки он бозиву ҷонашро рабуд.
Эй басо дониш, ки андар сар давад,
То шавад сарвар, бад-он худ сар равад.
Сар нахоҳӣ, ки равад, ту пой бош,
Дар паноҳи қутби соҳиброй бош.
Гарчи шоҳӣ, хеш фавқи ӯ мабин,
Гарчи шаҳдӣ, ҷуз наботи ӯ мачин.
Фикри ту нақш асту фикри ӯст ҷон,
Нақди ту қалб асту нақди ӯст кон.
ӯ туӣ, худро биҷӯ дар ӯйи ӯ,
Куву ку гӯ, фохта шав сӯйи ӯ.
В-ар нахоҳӣ хидмати абнои ҷинс,
Дар даҳони аждаҳое ҳамчу хирс.
Бу, ки устоде раҳонад мар туро
В-аз хатар берун кашонад мар туро.
Зорие мекун, чу зӯрат нест, ҳин!
Чунки кӯрӣ, сар макаш аз роҳбин.
Ту кам аз хирсӣ? Наменолӣ зи дард?
Хирс раст аз дард, чун фарёд кард.
Эй Худо, ин санги дилро мум кун,
Нолаашро ту хушу марҳум кун.

Гуфтани нобинои соил, ки ду кӯрӣ дорам

Буд кӯре, к-ӯ ҳамегуфт: «Ал-амон,
Ман ду кӯрӣ дорам, эй аҳли замон.
Пас дубора раҳматам оред, ҳон,
Чун ду кӯрӣ дораму ман дар миён».
Гуфт: «Як кӯрит мебинем мо,
Он дигар кӯрӣ чӣ бошад? Вонамо».
Гуфт: «Зиштовозаму нохушнаво,
Зиштовозиву кӯрӣ шуд дуто.
Бонги зиштам мояи ғам мешавад,
Меҳри халқ аз бонги ман кам мешавад.
Зишт овозам ба ҳар ҷо, ки равад,
Мояи хашму ғаму кин мешавад.
Бар ду кӯрӣ раҳмро дуто кунед,
Инчунин ногунҷро гунҷо кунед».
Зиштии овоз кам шуд з-ин гила,
Халқ шуд бар вай ба раҳмат якдила.
Кард некӯ – чун бигуфт ӯ розро –
Лутфи овози дилаш, овозро.
В-он ки овози дилаш ҳам бад бувад,
Он се кӯрӣ дурии сармад бувад.
Лек ваҳҳобон, ки беиллат диҳанд,
Бу, ки дасте бар сари зишташ ниҳанд.
Чунки овозаш хушу мазлум шуд,
З-ӯ дили сангиндилон чун мум шуд.
Нолаи кофир чу зишт асту шаҳиқ,
З-он намегардад иҷобатро рафиқ.
«Ихсаъу» бар зишти овоз омадаст,
К-ӯ зи хуни халқ чун саг буд маст.
Чунки нолай хирс раҳматкаш бувад,
Нолаат набвад чунин, нох(в)аш бувад.
Дон, ки бо Юсуф ту гургӣ кардаӣ,
Ё зи хуни бегуноҳе х(в)ардаӣ.
Тавба кун в-аз хӯрда истифроғ кун,
В-ар ҷароҳат кӯҳна шуд, рав, доғ кун.

Татиммаи ҳикояти хирс ва он аблаҳ, ки бар вафои ӯ эътимод карда буд

Хирс ҳам аз аждаҳо чун вораҳид,
В-он карам з-он мард мардона бидид.
Чун саги асҳоби Каҳф он хирси зор,
Шуд мулозим дар пайи он бурдбор.
Он мусулмон сар ниҳод аз хастагӣ,
Хирс ҳорис гашт аз дилбастагӣ.
Он яке бигзашту гуфташ: «Ҳол чист?
Эй бародар, мар туро ин хирс кист?»
Қисса вогуфту ҳадиси аждаҳо,
Гуфт: «Бар хирсе манеҳ дил, аблаҳо!
Дӯстий аблаҳ батар аз душманист,
ӯ ба ҳар ҳила, ки донӣ, ронданист».
Гуфт: «Валлоҳ, аз ҳасудӣ гуфт ин,
В-арна хирсе чӣ-нгарӣ? Ин меҳр бин».
Гуфт: «Меҳри аблаҳон ишвадеҳ аст,
Ин ҳасудии ман аз меҳраш беҳ аст.
Ҳай, биё бо ман, бирон ин хирсро,
Хирсро магзин, маҳил ҳамҷинсро».
Гуфт: «Рав, рав кори худ кун, эй ҳасуд!»
Гуфт: «Корам ин буду ризқат набуд.
Ман кам аз хирсе набошам, эй шариф,
Тарки ӯ кун, то манат бошам ҳариф.
Бар ту дил меларзадам з-андешае,
Бо чунин хирсе марав дар бешае.
Ин дилам ҳаргиз наларзид аз газоф,
Нури Ҳаққ аст ин, на даъвиву на лоф.
Мӯъминам, «янзур бинуриллаҳ» шуда,
Ҳону ҳон, бигрез аз ин оташкада».
Ин ҳама гуфту ба гӯшаш дарнарафт,
Бадгумонӣ мардро саддест зафт.
Дасти ӯ бигрифту даст аз вай кашид,
Гуфт: «Рафтам, чун найӣ ёри рашид».
Гуфт: «Рав, бар ман ту ғамхора мабош,
Булфузуло, маърифат камтар тарош».
Боз гуфташ: «Ман адувви ту наям,
Лутф бошад, гар биёӣ дар паям».
Гуфт: «Хобастам, маро бигзору рав»,
Гуфт: «Охир ёрро мунқод шав.
То бихуспӣ дар паноҳи оқиле,
Дар ҷавори дӯсте, соҳибдиле».
Дар хаёл афтод мард аз ҳадди ӯ,
Хашмгин шуд зуд гардонид рӯ.
К-ин магар қасди ман омад, хунӣ аст,
Ё тамаъ дорад, гадову тунӣ аст.
Ё гарав бастаст бо ёрон бад-ин,
Ки битарсонад маро з-ин ҳамнишин.
Худ наёмад ҳеч аз хубси сираш,
Як гумони нек андар хотираш.
Занни некаш ҷумлагӣ бар хирс буд,
ӯ магар мар хирсро ҳамҷинс буд.
Оқилеро аз сагӣ тӯҳмат ниҳод,
Хирсро донист аҳли меҳру дод.

Гуфтани Мӯсо алайҳиссалом гӯсолапарастро, ки он хаёландешиву ҳазми ту куҷост?

Гуфт Мӯсо бо яке масти хаёл,
К-эй бадандеш аз шақоват в-аз залол.
Сад гумонат буд дар пайғамбарим
Бо чунин бурҳону ин хулқи карим.
Садҳазорон мӯъҷиза дидӣ зи ман,
Сад хаёлат мефузуду шакку зан.
Аз хаёлу васваса танг омадӣ,
Таън бар пайғамбариям мезадӣ.
Гард аз дарё баровардам аён,
То раҳидет аз шари фиръавниён.
З-осмон чил сол коса-в хон расид
В-аз дуъоям ҷӯй аз санге давид.
Ину садчандину чандин гарму сард
Аз ту, эй сард, он таваҳҳум кам накард?
Бонг зад гӯсолае аз ҷодуӣ,
Саҷда кардӣ, ки Худои ман туӣ.
Он таваҳҳумҳотро селоб бурд,
Зиракии боридатро хоб бурд.
Чун набудӣ бадгумон дар ҳаққи ӯ?
Чун ниҳодӣ сар чунон, эй зиштхӯ?
Чун хаёлат н-омад аз тазвири ӯ?
В-аз фасоди сеҳри аҳмақгири ӯ?
Сомирие худ кӣ бошад, эй сагон,
Ки Худое бартарошад дар ҷаҳон?
Чун дар ин тазвири ӯ якдил шудӣ?
В-аз ҳама ишколҳо отил шудӣ?
Гов мешояд худоиро ба лоф?
Дар расулиям ту чун кардӣ хилоф?
Пеши гове саҷда кардӣ аз харӣ,
Гашт ақлат сайди сеҳри Сомирӣ.
Чашм дуздидӣ зи нури зулҷалол,
Ин-т ҷаҳли вофирe айни залол.
Шуҳ бар он ақлу гузиниш, ки турост,
Чун ту кони ҷаҳлро куштан сазост.
Гови заррин бонг кард, охир чӣ гуфт?
К-аҳмақонро ин ҳама рағбат шукуфт.
З-он аҷабтар дидает аз ман басе,
Лек Ҳақро кай пазирад ҳар хасе?
Ботилонро чӣ рабояд? Ботилӣ,
Отилонро чӣ хуш ояд? Отилӣ.
З-он ки ҳар ҷинсе рабояд ҷинси х(в)ад,
Гов сӯйи шери нар кай рӯ ниҳад?
Гург бар Юсуф куҷо ишқ оварад?
Ҷуз магар аз макр, то ӯро х(в)рад.
Чун зи гурге вораҳад, маҳрам шавад,
Чун саги Каҳф аз банӣ-Одам шавад.
Чун Абӯбакр аз Муҳаммад бурд бӯ,
Гуфт: «Ҳозо лайса ваҷҳун козибу».
Чун набуд Бӯҷаҳл аз асҳоби дард,
Дид сад шаққи қамар, бовар накард.
Дардманде, к-аш зи бом афтод ташт,
З-ӯ ниҳон кардем ҳақ, пинҳон нагашт.
В-он ки ӯ ҷоҳил буд аз дардаш баъид,
Чанд бинмуданду ӯ онро надид.
Ойинай дил соф бояд, то дар ӯ
Вошиносӣ сурати зишт аз накӯ.

Тарк кардани он марди носеҳ баъд аз муболиғаи панд мағрури хирсро

Он мусулмон тарки аблаҳ карду тафт
Зери лаб «ло ҳавл»-гӯён бозрафт.
Гуфт: «Чун аз ҷидду пандам в-аз ҷидол
Дар дили ӯ беш мезояд хаёл,
Пас сари панду насиҳат баста шуд,
Амри «аъриз анҳуму» пайваста шуд».
Чун давоят мефизояд дард, пас
Қисса бо толиб бигӯ, бархон абас.
Чунки аъмо толиби Ҳақ омадаст,
Баҳри фақри ӯ нашояд сина хаст.
Ту ҳарисӣ бар ришоди меҳтарон,
То биёмӯзанд ом аз сарварон.
Аҳмадо, дидӣ, ки қавме аз мулук
Мустамеъ гаштанд, гаштӣ хуш, ки бук.
Ин райисон ёри дин гарданд х(в)аш,
Бар Араб инҳо саранду бар Ҳабаш.
Бигзарад ин сит аз Басра-в Табук,
З-он ки «ан-носу ало дини-л-мулук».
З-ин сабаб ту аз зарири муҳтадӣ
Рӯ бигардонидиву танг омадӣ.
К-андар ин фурсат кам афтад он мунох,
Ту зи ёрониву вақти ту фарох.
Муздаҳим мегардиам дар вақти танг,
Ин насиҳат мекунам н-аз хашму ҷанг.
Аҳмадо, назди Худо ин як зарир
Беҳтар аз сад қайсар асту сад вазир.
Ёди «ан-носу маъодин» ҳин биёр,
Маъдане бошад фузун аз сад ҳазор.
Маъдани лаълу ақиқи муктанис
Беҳтар аст аз садҳазорон кони мис.
Аҳмадо, ин ҷо надорад мол суд,
Сина бояд пур зи ишқу дарду дуд.
Аъмие рӯшандил омад, дар мабанд,
Панд ӯро деҳ, ки ҳаққи ӯст панд.
Гар ду-се аблаҳ туро мункар шуданд,
Талх кай гардӣ? Чу ҳастӣ кони қанд.
Гар ду-се аблаҳ туро тӯҳмат ниҳад,
Ҳақ барои ту гувоҳӣ медиҳад.
Гуфт: «Аз иқрори олам фориғам»,
Он ки Ҳақ бошад гувоҳ ӯро, чӣ ғам?
Гар хуфошеро зи хуршеде хурест,
Он далел омад, ки он хуршед нест.
Нафрати хуффошакон бошад далел,
Ки манам хуршеди тобони ҷалил.
Гар гулоберо ҷуъал роғиб шавад,
Он далели ногулобӣ мекунад.
Гар шавад қалбе харидори миҳак,
Дар миҳаккеаш дарояд нақсу шак.
Дузд шаб хоҳад на рӯз, инро бидон,
Шаб наям, рӯзам, ки тобам дар ҷаҳон.
Фориқам, форуқаму ғалбервор,
То ки коҳ аз ман намеёбад гузор.
Ордро пайдо кунам ман аз сабус,
То намоям, к-ин нуқуш аст, он нуфус.
Ман чи мизони Худоям дар ҷаҳон,
Вонамоям ҳар сабукро аз гарон.
Говро донад Худо гӯсолае,
Хар харидориву дархур колае.
Ман на говам, то ки гӯсола-м харад,
Ман на хорам, к-уштуре аз ман чарад.
ӯ гумон дорад, ки бо ман ҷавр кард?
Балки аз ойинаи ман рӯфт гард.

Тамаллуқ кардани девона Ҷолинусро ва тарсидани Ҷолинус

Гуфт Ҷолинус бо асҳоби х(в)ад,
«Мар маро то он фалон дору диҳад».
Пас бад-ӯ гуфт он яке: «Эй зуфунун,
Ин даво хоҳанд аз баҳри ҷунун.
Дур аз ақлӣ ту, ин дигар магӯ»,
Гуфт: «Дар ман кард як девона рӯ.
Соате дар рӯйи ман хуш бингарид,
Чашмакам зад, остини ман дарид.
Гар на ҷинсиййат будӣ дар ман аз ӯ,
Кай рух овардӣ ба ман он зиштрӯ?
Гар надидӣ ҷинси худ, кай омадӣ?
Кай ба ғайри ҷинси худро барзадӣ?
Чун ду кас бар ҳам занад, бе ҳеч шак
Дар миёншон ҳаст қадри муштарак.
Кай парад мурғе магар бо ҷинси х(в)ад?
Сӯҳбати ноҷинс гӯр асту лаҳад.

Сабаби паридан ва чаридани мурғе бо мурғе, ки ҷинси ӯ набуд

Он ҳакиме гуфт: «Дидам ҳамтакӣ
Дар биёбон зоғро бо лаклаке.
Дар аҷаб мондам, биҷустам ҳолашон,
То чӣ қадри муштарак ёбам нишон.
Чун шудам наздик ман ҳайрону данг,
Худ бидидам, ҳардувон буданд ланг».
Хоса шаҳбозе, ки ӯ аршӣ бувад,
Бо яке ҷуғде, ки ӯ фаршӣ бувад.
Он яке хуршеди иллиййин бувад
В-ин дигар хуффош, к-аз сиҷҷин бувад.
Он яке нуре, зи ҳар айбе барӣ
В-ин яке кӯре, гадои ҳар даре.
Он яке моҳе, ки бар парвин занад
В-ин яке кирме, ки дар саргин зийад.
Он яке юсуфрухе, исонафас
В-ин яке гурге ва ё хар бо ҷарас.
Он яке паррон шуда дар ломакон
В-ин яке дар коҳдон ҳамчун сагон.
Бо забони маънавӣ, гул бо ҷуъал
Ин ҳамегӯяд, ки эй гандабағал!
Гар гурезонӣ зи гулшан бегумон,
Ҳаст он нафрат камоли гулситон.
Ғайрати ман бар сари ту дурбош
Мезанад, к-эй хас, аз ин ҷо дур бош.
В-ар биёмезӣ ту бо ман, эй данӣ,
Ин гумон ояд, ки аз кони манӣ.
Булбулонро ҷой мезебад чаман,
Мар ҷуъалро дар чаман хуштар ватан.
Ҳақ маро чун аз палидӣ пок дошт,
Чун сазад бар ман палидиро гумошт?
Як рагам з-эшон буду онро бурид,
Дар ман он бадраг куҷо хоҳад расид?
Як нишони Одам он буд аз азал,
Ки малоик сар ниҳандаш аз маҳал.
Як нишони дигар он ки он Билис
Нанҳадаш сар, ки манам шоҳу райис.
Пас агар Иблис ҳам соҷид шудӣ,
ӯ набудӣ Одам, ӯ ғайре будӣ.
Ҳам суҷуди ҳар малак мизони ӯст,
Ҳам суҷуди он адӯ бурҳони ӯст.
Ҳам гувоҳи ӯст иқрори малак,
Ҳам гувоҳи ӯст куфрони сагак.
Ин сухан поён надорад, бозгард,
То чӣ кард он хирс бо он некмард.

Татиммаи эътимоди он мағрур бар тамаллуқи хирс

Шахс хуфту хирс мерондаш магас
В-аз ситез омад магас з-ӯ бозпас.
Чанд бораш ронд аз рӯйи ҷавон,
Он магас з-ӯ боз меомад давон.
Хашмгин шуд бо магас хирсу бирафт,
Баргирифт аз кӯҳ санге сахт зафт
Санг оварду магасро дид боз,
Бар рухи хуфта гирифта ҷою соз.
Баргирифт он осиёсангу бизад,
Бар магас, то он магас вопас хазад.
Санг рӯйи хуфтаро хашхош кард,
Ин масал бар ҷумла олам фош кард:
Меҳри аблаҳ, меҳри хирс омад яқин,
Кини ӯ меҳр асту меҳри ӯст кин.
Аҳди ӯ суст асту вайрону заиф,
Гуфти ӯ зафту вафои ӯ наҳиф.
Гар хурад савганд ҳам бовар макун,
Бишканад савганд марди кажсухун.
Чун ба бесавганд гуфташ буд дурӯғ,
Ту маюфт аз макру савгандаш ба дӯғ.
Нафси ӯ мир асту ақли ӯ асир,
Садҳазорон мусҳафаш худ хурда гир.
Чунки бесавганд паймон бишканад,
Гар хурад савганд ҳам, он бишканад.
З-он ки нафс ошуфтатар гардад аз он,
Ки кунӣ бандаш ба савганди гарон.
Чун асире банд бар ҳоким ниҳад,
Ҳоким онро бардарад, берун ҷаҳад.
Бар сараш кӯбад зи хашм он бандро,
Мезанад бар рӯйи ӯ савгандро.
Ту зи «уфу билуқуд»-аш даст шӯ,
«Иҳфазу аймонакум» бо ӯ магӯ.
В-он ки Ҳақро сохт дар паймон санад,
Тан кунад чун тору гирди ӯ танад.

Рафтани Мустафо алайҳиссалом ба иёдати саҳобӣ ва баёни фоидаи иёдат

Аз саҳоба хоҷае бемор шуд
В-андар он бемориаш чун тор шуд.
Мустафо омад иёдат сӯйи ӯ,
Чун ҳама лутфу карам буд хӯйи ӯ.
Дар иёдат рафтани ту фоида-ст,
Фоидай он боз бо ту ойида-ст.
Фоидай аввал, ки он шахси алил,
Бу, ки қутбе бошаду шоҳе ҷалил.
Чун ду чашми дил надорӣ, эй ануд?
Ки намедонӣ ту ҳезумро зи уд.
Чунки ганҷе ҳаст дар олам, маранҷ,
Ҳеч вайронро мадон холӣ зи ганҷ.
Қасди ҳар дарвеш мекун аз газоф,
Чун нишон ёбӣ, ба ҷид мекун тавоф.
Чун туро он чашми ботинбин набуд,
Ганҷ мепиндор андар ҳар вуҷуд.
В-ар набошад қутб, ёри раҳ бувад,
Шаҳ набошад, фориси испаҳ бувад.
Пас силай ёрони раҳ лозим шумор,
Ҳар кӣ бошад, гар пиёда, гар савор.
В-ар адӯ бошад, ҳамин эҳсон накӯст,
Ки ба эҳсон бас адӯ гаштаст дӯст.
В-ар нагардад дӯст, кинаш кам шавад,
З-он ки эҳсон кинаро марҳам шавад.
Бас фавоид ҳаст ғайри ин, валек
Аз дарозӣ хоифам, эй ёри нек.
Ҳосил ин омад, ки ёри ҷамъ бош,
Ҳамчу бутгар аз ҳаҷар ёре тарош.
З-он ки анбӯҳеву ҷамъи корвон
Раҳзанонро бишканад пушту синон.

Ваҳй кардани Ҳақ таъоло ба Мӯсо алайҳиссалом, ки чаро ба иёдати ман наёмадӣ?

Омад аз Ҳақ сӯйи Мӯсо ин итеб,
К-эй тулӯъи моҳ дида ту зи ҷеб.
Мушриқат кардам зи нури эзадӣ,
Ман Ҳақам. Ранҷур гаштам, н-омадӣ?»
Гуфт: «Субҳоно, ту покӣ аз зиён,
Ин чӣ рамз аст? Ин бикун, ё раб, баён».
Боз фармудаш, ки дар ранҷуриам,
Чун напурсидӣ ту аз рӯйи карам?
Гуфт: «Ё раб, нест нуқсоне туро,
Ақл гум шуд, ин суханро баргушо».
Гуфт: «Оре. Бандаи хоси гузин,
Гашт ранҷур, ӯ манам, некӯ бибин.
Ҳаст маъзуриш маъзурии ман,
Ҳаст ранҷуриш ранҷурии ман».
Ҳар кӣ хоҳад ҳамнишинии Худо,
То нишинад дар ҳузури авлиё.
Аз ҳузури авлиё гар бискулӣ
Ту ҳалокӣ, з-он ки ҷузве бекулӣ.
Ҳар киро дев аз каримон вобурад,
Бекасаш бояд сарашро ӯ хурад.
Як бад аст аз ҷамъ рафтан як замон,
Макри дев аст, бишнаву некӯ бидон.

Танҳо кардани боғбон сӯфиву фақеҳ ва алавиро аз ҳамдигар

Боғбоне чун назар дар боғ кард,
Дид чун дуздон ба боғи худ се мард.
Як фақеҳу як шарифу сӯфие,
Ҳар яке шӯхе, баде, лоюфие.
Гуфт: «Бо инҳо маро сад ҳуҷҷат аст,
Лек ҷамъанду ҷамоат қувват аст.
Барнаёям як тана бо се нафар,
Пас, бибуррамшон нахуст аз ҳамдигар.
Ҳар якеро ман ба сӯйе афганам,
Чунки танҳо шуд, сабилаш барканам».
Ҳила карду кард сӯфиро ба роҳ,
То кунад ёрон-шро бо ӯ табоҳ.
Гуфт сӯфиро: «Бирав сӯйи висоқ,
Як гилем овар барои ин рифоқ».
Рафт сӯфӣ. Гуфт хилват бо ду ёр:
«Ту фақеҳӣ в-ин шарифи номдор.
Мо ба фатвои ту ноне мех(в)арем,
Мо ба парри дониши ту мепарем.
В-ин дигар шаҳзодаву султони мост,
Саййид аст, аз хонадони Мустафост.
Кист он сӯфӣ, шикамхори хасис,
То бувад бо чун шумо шоҳон ҷалис?
Чун биёяд, мар варо пунба кунед,
Ҳафтае бар боғу роғи ман занед.
Боғ чӣ бвад? Ҷони ман они шумост,
Эй шумо буда маро чун чашми рост».
Васваса карду мар эшонро фирефт,
Оҳ, к-аз ёрон намебояд шикефт.
Чун ба раҳ карданд сӯфирову рафт,
Хасм шуд андар паяш бо чӯби зафт.
Гуфт: «Эй саг, сӯфие бошад, ки тез
Андароӣ боғи мо ту аз ситез?
Ин Ҷунайдат раҳнамуду Боязид?
Аз кадомин шайху пират ин расид?»
Кӯфт сӯфиро, чу танҳо ёфташ,
Нимкушташ карду сар бишкофташ.
Гуфт сӯфӣ: «Они ман бигзашт, лек
Эй рафиқон, поси худ доред нек.
Мар маро ағёр донистед, ҳон?
Нестам ағёртар з-ин қалтабон.
Ин чӣ ман хӯрдам, шуморо хӯрданист
В-ин чунин шарбат ҷазои ҳар данист.
Ин ҷаҳон кӯҳ асту гуфтугӯйи ту
Аз садо ҳам бозояд сӯйи ту».
Чун зи сӯфӣ гашт фориғ боғбон,
Як баҳона кард з-он пас ҷинси он.
К-эй шарифи ман, бирав сӯйи висоқ,
Ки зи баҳри чошт пухтам ман руқоқ.
Бар дари хона бигӯ қаймозро,
То биёрад он руқоқу қозро».
Чун ба раҳ кардаш, бигуфт: «Эй тезбин,
Ту фақеҳӣ, зоҳир аст ину яқин.
ӯ шарифӣ мекунад даъвои сард,
Модари ӯро кӣ донад то кӣ кард?
Бар зану бар феъли зан дил мениҳед?
Ақли ноқис в-онгаҳоне эътимед?
Хештанро бар Аливу бар набӣ
Бастааст андар замона бас ғабӣ».
Ҳар кӣ бошад аз зинову зониён,
Ин барад зан(н) дар ҳақи раббониён.
Ҳар кӣ баргардад сараш аз чархҳо,
Ҳамчу худ гарданда бинад хонаро.
Он чӣ гуфт он боғбони булфузул,
Ҳоли ӯ буд, дур аз авлоди расул.
Гар набудӣ ӯ натиҷай муртадон,
Кай чунин гуфтӣ барои хонадон?
Хонд афсунҳо, шунид онро фақеҳ,
Дар паяш рафт он ситамкори сафеҳ.
Гуфт: «Эй хар, андар ин боғат кӣ хонд?
Дуздӣ аз пайғамбарат мерос монд?
Шерро бачча ҳамемонад бад-ӯ,
Ту ба пайғамбар ба чӣ монӣ? Бигӯ».
Бо шариф он кард марди мултаҷӣ,
Кӣ кунад бо Оли Ёсин хориҷӣ.
То чӣ кин доранд доим деву ғул
Чун Язиду Шамр бо оли расул?
Шуд шариф аз захми он золим хароб,
Бо фақеҳ ӯ гуфт: «Мо ҷастем аз об.
Пой дор, акнун ки мондӣ фарду кам,
Чун дуҳул шав, захм мехур дар шикам.
Гар шарифу лоиқу ҳамдам наям,
Аз чунин золим туро ман кам наям.
Мар маро додӣ бад-ин соҳибғараз,
Аҳмақе кардӣ, туро биъса-л-иваз».
Шуд аз ӯ фориғ, биёмад, к-эй фақеҳ!
Чӣ фақеҳӣ? Эй ту нанги ҳар сафеҳ.
Фатвият ин аст, эй бубридадаст,
К-андаройиву нагӯйӣ амр ҳаст?
Инчунин рухсат бихондӣ дар Васит?
Ё будаст ин масъала андар Муҳит».
Гуфт: «Ҳаққ астат, бизан, дастат расид,
Ин сазои он ки аз ёрон бурид».

Риҷъат ба қиссаи мариз ва иёдати пайғамбар алайҳиссалом

Ин иёдат аз барои ин сила-ст
В-ин сила аз сад муҳаббат ҳомила-ст.
Дар иёдат шуд русули бенадид,
Он саҳобиро ба ҳоли назъ дид.
Чун шавӣ дур аз ҳузури авлиё,
Дар ҳақиқат гаштаӣ дур аз Худо.
Чун натиҷай ҳаҷри ҳамроҳон ғам аст,
Кай фироқи рӯйи шоҳон з-он кам аст?
Сояи шоҳон талаб, ҳар дам шитоб,
То шавӣ з-он соя беҳтар з-офтоб.
Гар сафар дорӣ, бад-ин ниййат бирав
В-ар ҳазар бошад аз ин ғофил машав.

Гуфтани шайхе Абӯязидро, ки Каъба манам, гирди ман тавофе мекун

Сӯйи Макка шайхи уммат Боязид
Аз барои ҳаҷҷу умра медавид.
ӯ ба ҳар шаҳре, ки рафтӣ аз нахуст
Мар азизонро бикардӣ бозҷуст.
Гирд мегаштӣ, ки андар шаҳр кист,
К-ӯ бар аркони басират муттакист?
Гуфт Ҳақ: «Андар сафар ҳар ҷо равӣ,
Бояд аввал толиби марде шавӣ.
Қасди ганҷе кун, ки ин суду зиён,
Дар табаъ ояд. Ту онро фаръ дон».
Ҳар кӣ корад, қасди гандум бошадаш,
Коҳ худ андар табаъ меоядаш.
Каҳ бикорӣ, барнаёяд гандуме,
Мардумӣ ҷӯ, мардумӣ ҷӯ, мардумӣ.
Қасди Каъба кун чу вақти ҳаҷ бувад,
Чунки рафтӣ, Макка ҳам дида шавад.
Қасд дар меъроҷ диди дӯст буд,
Дар табаъ аршу малоик ҳам намуд.

Ҳикоят

Хонае нав сохт рӯзе навмурид,
Пир омад, хонаи ӯро бидид.
Гуфт шайх он навмуриди хешро,
Имтиҳон кард он накӯандешро:
«Равзан аз баҳри чӣ кардӣ, эй рафиқ?»
Гуфт: «То нур андар ояд з-ин тариқ».
Гуфт: «Он фаръ аст. Ин бояд ниёз,
То аз ин раҳ бишнавӣ бонги намоз».
Боязид андар сафар ҷустӣ басе,
То биёбад Хизри вақти худ касе.
Дид пире бо қаде ҳамчун ҳилол,
Дид дар вай фарру гуфтори риҷол.
Дида нобинову дил чун офтоб,
Ҳамчу пиле дида Ҳиндустон ба хоб.
Чашмбаста хуфта бинад сад тараб,
Чун гушояд, он набинад, эй аҷаб!
Бас аҷаб дар хоб рӯшан мешавад,
Дил даруни хоб равзан мешавад.
Он кӣ бедор асту бинад хоби х(в)аш
Ориф аст ӯ, хоки ӯ дар дида каш.
Пеши ӯ биншасту мепурсид ҳол,
Ёфташ дарвешу ҳам соҳибиёл.
Гуфт: «Азми ту куҷо, эй Боязид?
Рахти ғурбатро куҷо хоҳӣ кашид?»
Гуфт: «Қасди Каъба дорам аз пагаҳ»,
Гуфт: «Ҳин, бо худ чӣ дорӣ зоди раҳ?»
Гуфт: «Дорам аз дирам нуқра дувист,
Нак бибаста сахт дар гӯшай ридист».
Гуфт: «Тавфе кун ба гирдам ҳафт бор
В-ин накӯтар аз тавофи ҳаҷ шумор.
В-он дирамҳо пеши ман неҳ, эй ҷавод!
Дон, ки ҳаҷ кардиву ҳосил шуд мурод.
Умра кардӣ, умри боқӣ ёфтӣ,
Соф гаштӣ, бар Сафо биштофтӣ.
Ҳаққи он ҳаққе, ки ҷонат дидааст,
Ки маро бар байти худ бигзидааст.
Каъба ҳарчанде, ки хонай бирри ӯст,
Хилқати ман низ хонай сирри ӯст.
То бикард он хонаро, дар вай нарафт
В-андар ин хона, ба ҷуз он ҳай нарафт.
Чун маро дидӣ, Худоро дидаӣ,
Гирди Каъбай сидқ баргардидаӣ.
Хидмати ман, тоату ҳамди Худост,
То напиндорӣ, ки Ҳаққ аз ман ҷудост.
Чашм некӯ боз кун, дар ман нигар,
То бибинӣ нури Ҳаққ андар башар».
Боязид он нуктаҳоро ҳуш дошт,
Ҳамчу заррин ҳалқааш дар гӯш дошт.
Омад аз вай Боязид андар мазид,
Мунтаҳӣ дар мунтаҳо охир расид.

Донистани пайғамбар алайҳиссалом, ки сабаби ранҷурии он шахс густохӣ будааст дар дуъо

Чун паямбар дид он беморро,
Хуш навозиш кард ёри ғорро.
Зинда шуд ӯ, чун паямбарро бидид,
Гӯиё он дам мар ӯро офарид.
Гуфт: «Беморӣ маро ин бахт дод,
К-омад ин султон бари ман бомдод.
То маро сиҳҳат расиду офият
Аз қудуми ин шаҳи беҳошият.
Эй хуҷаста ранҷу бемориву таб,
Эй муборак дарду бедории шаб.
Нак маро дар пирӣ аз лутфу карам
Ҳақ чунин ранҷурие доду сақам.
Дарди пуштам дод ҳам, то ман зи хоб
Барҷаҳам ҳар нимшаб лобуд шитоб.
То нахуспам ҷумла шаб чун говмеш,
Дардҳо бахшид Ҳақ аз лутфи хеш.
З-ин шикаст он раҳми шоҳон ҷӯш кард,
Дӯзах аз таҳдиди ман хомӯш кард».
Ранҷ ганҷ омад, ки раҳматҳо дар ӯст,
Мағз тоза шуд, чу бихрошид пӯст.
Эй бародар, мавзеъи торику сард,
Сабр кардан бар ғаму сустиву дард.
Чашмаи ҳайвону ҷоми мастӣ аст,
К-он баландиҳо ҳама дар пастӣ аст.
Он баҳорон музмар аст андар хазон,
Дар баҳор аст он хазон, магрез аз он.
Ҳамраҳи ғам бошу бо ваҳшат бисоз,
Металаб дар марги худ умри дароз.
Он чи гӯяд нафси ту, к-ин ҷо бад аст,
Машнаваш чун кори ӯ зид(д) омадаст.
Ту хилофаш кун, ки аз пайғамбарон
Инчунин омад васият дар ҷаҳор:
Машварат дар корҳо воҷиб шавад,
То пушаймонӣ дар охир кам бувад.
Ҳилаҳо карданд бисёр анбиё,
То ки гардон шуд бар ин санг осиё.
Нафс мехоҳад, ки то вайрон кунад,
Халқро гумроҳу саргардон кунад.
Гуфт уммат: «Машварат бо кӣ кунем?»
Анбиё гуфтанд: «Бо ақли имем».
Гуфт: «Гар кӯдак дарояд ё зане,
К-ӯ надорад ақлу рои равшане».
Гуфт: «Бо ӯ машварат кун в-он чӣ гуфт,
Ту хилофи он куну дар роҳ уфт».
Нафси худро зан шинос, аз зан батар,
З-он ки зан ҷузвест, нафсат кулли шар.
Машварат бо нафси худ гар мекунӣ,
Ҳар чи гӯяд, кун хилофи он данӣ.
Гар намозу рӯза мефармоядат,
Нафс маккор аст, макре зоядат.
Машварат бо нафси хеш андар фиъол,
Ҳар чи гӯяд, акси он бошад камол.
Барнаёӣ бо ваю истези ӯ,
Рав бари ёре, бигир омези ӯ.
Ақл қувват гирад аз ақли дигар,
Найшакар комил шавад аз найшакар?
Ман зи макри нафс дидам чизҳо,
К-ӯ барад аз сеҳри худ тамйизҳо.
Ваъдаҳо бидҳад туро тоза ба даст,
Ки ҳазорон бор онҳоро шикаст.
Умр агар сад сол худ мӯҳлат диҳад,
ӯт ҳар рӯзе баҳонай нав ниҳад.
Гарм гӯяд ваъдаҳои сардро,
Ҷодуи мардӣ бибандад мардро.
Эй Зиёулҳақ Ҳусомуддин биё,
Ки нарӯяд бе ту аз шӯра гиё.
Аз фалак овехта шуд пардае,
Аз пайи нафрини дилозурдае.
Ин қазоро ҳам қазо донад илеҷ,
Ақли халқон дар қазо гиҷ асту гиҷ.
Аждаҳо гаштаст он мори сиёҳ,
Он ки кирме буд афтода ба роҳ.
Аждаҳову мор андар дасти ту,
Шуд асо, эй ҷони Мӯсо масти ту.
Ҳукми «хузҳо ло тахаф» додат Худо,
То ба дастат аждаҳо гардад асо.
Ҳин яди байзо намо, эй подшоҳ,
Субҳи нав бигшо зи шабҳои сиёҳ.
Дӯзахе афрӯхт, бар вай дам фусун,
Эй дами ту аз дами дарё фузун.
Баҳр маккор аст, бинмуда кафе,
Дӯзах аст, аз макр бинмуда тафе.
З-он намояд мухтасар дар чашми ту,
То забун биниш, ҷунбад хашми ту.
Ҳамчунон ки лашкари анбӯҳ буд,
Мар паямбарро ба чашм андак намуд.
То бар эшон зад паямбар бехатар
В-ар фузун дидӣ аз он кардӣ ҳазар.
Он иноят буду аҳли он будӣ,
Аҳмадо в-арна ту баддил мешудӣ.
Кам намуд ӯрову асҳоби варо
Он ҷиҳоди зоҳиру ботин Худо.
То муяссар кард «юсро»-ро бар ӯ,
То зи «усро» ӯ бигардонид рӯ.
Кам намудан мар варо пирӯз буд,
Ки Ҳақаш ёру тариқомӯз буд.
Он ки Ҳақ пушташ набошад аз зафар,
Вой агар гурба-ш намояд шери нар.
Вой агар садро яке бинад зи дур,
То ба чолиш андарояд аз ғурур.
З-он намояд зулфиқори ҳарбае,
З-он намояд шери нар чун гурбае.
То далер андарфитад аҳмақ ба ҷанг,
В-андар орадшон бад-ин ҳилат ба чанг.
То ба пойи хеш бошанд омада
Он филивон ҷониби оташкада.
Коҳбарге менамояд, то ту зуд
Пуф кунӣ, к-ӯро биронӣ аз вуҷуд.
Ҳин, ки он каҳ кӯҳҳо баркандааст,
З-ӯ ҷаҳон гирёну ӯ дар ханда аст.
Менамояд то ба каъб ин оби ҷӯ,
Сад чу Оҷ ибни Анақ шуд ғарқи ӯ.
Менамояд мавҷи хунаш талли мушк,
Менамояд қаъри дарё хоки хушк.
Хушк дид он баҳрро Фиръавни кӯр,
То дар ӯ ронд аз сари мардиву зӯр.
Чун дарояд, дар тани дарё бувад,
Дидаи Фиръавн кай бино бувад?
Дида бино аз лиқои Ҳақ шавад,
Ҳақ куҷо ҳамрози ҳар аҳмақ шавад?
Қанд бинад, худ бувад заҳри қутул,
Роҳ бинад, худ бувад он бонги ғул.
Эй фалак, дар фитнаи охирзамон,
Тез мегардӣ, бидеҳ охир замон.
Ханҷари тезӣ ту андар қасди мо,
Неши заҳролудаӣ дар фасди мо.
Эй фалак, аз раҳми Ҳақ омӯз раҳм,
Бар дили мӯрон мазан чун мор захм.
Ҳаққи он ки чархаи чархи туро
Кард гардон бар фарози ин саро.
Ки дигаргун гардиву раҳмат кунӣ,
Пеш аз он ки бехи моро барканӣ.
Ҳаққи он ки доягӣ кардӣ нахуст,
То ниҳоли мо зи обу хок руст.
Ҳаққи он шаҳ, ки туро соф офарид,
Кард чандон машъала дар ту падид.
Ончунон маъмуру боқӣ доштат,
То ки даҳрӣ аз азал пиндоштат.
Шукр донистем оғози туро,
Анбиё гуфтанд он рози туро.
Одамӣ донад, ки хона ҳодис аст,
Анкабуте на, ки дар вай обис аст.
Пашша кай донад, ки ин боғ аз кай аст?
К-ӯ баҳорон зоду маргаш дар дай аст.
Кирм, к-андар чӯб зояд сустҳол,
Кай бидонад чӯбро вақти ниҳол?
В-ар бидонад кирм аз моҳийяташ,
Ақл бошад, кирм бошад сураташ.
Ақл худро менамояд рангҳо,
Чун парӣ дур аст аз он фарсангҳо.
Аз малак болост, чӣ ҷойи парӣ?
Ту магаспаррӣ, ба пастӣ мепарӣ.
Гарчи ақлат сӯйи боло мепарад,
Мурғи тақлидат ба пастӣ мечарад.
Илми тақлидӣ вуболи ҷони мост,
Ориясту мо нишаста, к-они мост.
З-ин хирад ҷоҳил ҳамебояд шудан,
Даст дар девонагӣ бояд задан.
Ҳар чӣ бинӣ суди худ, з-он мегурез,
Заҳр нӯшу оби ҳайвонро бирез.
Ҳар кӣ бистояд туро, дашном деҳ,
Суду сармоя ба муфлис вом деҳ.
Эминӣ бигзору ҷойи хавф бош,
Бигзар аз номусу расво бошу фош.
Озмудам ақли дурандешро,
Баъд аз ин девона созам хешро.

Узр гуфтани Далқак бо Саййиди аҷал, ки чаро фоҳишаро никоҳ кард

Гуфт бо Далқак шабе Саййид аҷал:
«Қаҳбаеро хостӣ ту аз аҷал?»
Бо ман инро бозмебоист гуфт,
То яке мастур кардемет ҷуфт».
Гуфт: «Нӯҳ мастури Солеҳ хостам,
Қаҳба гаштанду зи ғам ман костам.
Хостам ин қаҳбаро бемаърифат,
То бибинам чун шавад ин оқибат.
Ақлро ман озмудам ҳам басе,
З-ин сипас ҷӯям ҷунунро мағрасе».

Ба ҳилат дар сухан овардани соил он зиракро, ки худро девона сохта буд

Он яке мегуфт: «Хоҳам оқиле,
Машварат орам бад-ӯ дар мушкиле».
Он яке гуфташ, ки андар шаҳри мо
Нест оқил, ҷуз ки он маҷнуннамо.
Бар найе гашта савора, нак фалон,
Медавонад дар миёни кӯдакон.
Соҳиби рой асту оташпорае,
Осмонқадр асту ахтарборае.
Фарри ӯ каррубиёнро ҷон шудаст,
ӯ дар ин девонагӣ пинҳон шудаст.
Лек ҳар девонаро ҷон нашмарӣ,
Сар манеҳ гӯсоларо чун Сомирӣ.
Чун валие ошкоро бо ту гуфт
Садҳазорон ғайбу асрори ниҳуфт,
Мар туро он фаҳму он дониш набуд,
Вонадонистӣ ту саргинро зи уд.
Аз ҷунун худро валӣ чун парда сохт,
Мар варо, эй кӯр, кай хоҳӣ шинохт?
Гар туро боз аст он дидай яқин,
Зери ҳар санге яке сарҳанг бин.
Пеши он чашме, ки бозу раҳбар аст,
Ҳар гилемеро Қалиме дар бар аст.
Мар валиро ҳам валӣ шӯҳра кунад,
Ҳар киро ӯ хост, бобаҳра кунад.
Кас надонад аз хирад ӯро шинохт,
Чунки ӯ мар хешро девона сохт.
Чун бидуздад дузд биноӣ зи кӯр,
Ҳеч ёбад дуздро ӯ дар убур?
Кӯр нашносад, ки дузди ӯ кӣ буд,
Гарчи худ бар вай занад дузди ануд.
Чун газад саг кӯри соҳибжандаро,
Кай шиносад он саги даррандаро?

Ҳамла бурдани саг бар кӯри гадо

Як саге дар кӯй бар кӯри гадо
Ҳамла меовард чун шери вағо.
Саг кунад оҳанги дарвешон ба хашм,
Даркашад маҳ хоки дарвешон ба чашм.
Кӯр оҷиз шуд зи бонгу бими саг,
Андаромад кӯр дар таъзими саг.
К-эй амири сайду эй шери шикор,
Даст дасти туст, даст аз ман бидор.
К-аз зарурат думми харро он ҳаким
Кард таъзиму лақаб додаш карим.
Гуфт ӯ ҳам аз зарурат, к-эй асад!
Аз чу ман лоғаршикорат чӣ расад?
Гӯр мегиранд ёронат ба дашт,
Кӯр мегирӣ ту дар кӯй? Ин бад аст?
Гӯр меҷӯянд ёронат ба сайд,
Кӯр меҷӯйӣ ту дар кӯча ба кайд?
Он саги олим шикори гӯр кард
В-ин саги бемоя қасди кӯр кард.
Илм чун омӯхт саг, раст аз залол,
Мекунад дар бешаҳо сайди ҳалол.
Саг чу олим гашт, шуд чолоки заҳф,
Саг чу ориф гашт, шуд асҳоби Каҳф.
Саг шиносо шуд, ки мири сайд кист,
Эй Худо, он нури ишносанда чист?
Кӯр нашносад, на аз бечашмӣ аст,
Балки аз ҷаҳл асту тирахашмӣ аст.
Нест худ бечашмтар кӯр аз замин,
Ин замин аз фазли Ҳақ шуд хасмбин.
Нури Мӯсо диду Мӯсоро навохт,
Хасфи Қорун карду Қорунро шинохт.
Раҷф кард андар ҳалоки ҳар даъӣ,
Фаҳм кард аз Ҳақ, ки «ё арзу-блаъӣ».
Хоку обу боду нори пуршарар
Бехабар бо мову бо Ҳақ бохабар.
Мо ба акси он, зи ғайри Ҳақ хабир,
Бехабар аз Ҳаққу аз чандин назир.
Лоҷарам «ашфақна минҳо» ҷумлашон,
Кунд шуд з-омези ҳайвон ҳамлашон.
Гуфт: «Безорем ҷумла з-ин ҳаёт,
К-ӯ бувад бо халқ ҳай, бо Ҳақ мавот».
Чун бимонд аз халқ, ӯ бошад ятим,
Унси Ҳақро қалб мебояд салим.
Чун зи кӯре дузд дуздад колае,
Мекунад он кӯри аъмо нолае.
То бигӯяд дузд ӯро, к-он манам,
К-аз ту дуздидам, ки дузди пурфанам.
Кай шиносад кӯр дузди хешро?
Чун надорад нури чашму он зиё.
Чун бигӯяд ҳам бигир ӯро ту сахт,
То бигӯяд ӯ аломатҳои рахт.
Пас ҷиҳоди акбар омад асри дузд,
То бигӯяд, ки чӣ дуздиду чӣ бурд.
Аввало дуздид кӯҳли дидаат,
Чун ситонӣ, бозёбӣ табсират.
Колаи ҳикмат, ки гум кардӣ, дил аст,
Пеши аҳли дил яқин он ҳосил аст.
Кӯрдил бо ҷону бо самъу басар
Менадонад дузди шайтонро з-асар.
З-аҳли дил ҷӯ, аз ҷимод онро маҷӯ,
Ки ҷимод омад халоиқ пеши ӯ.
Машварат ҷӯянда омад назди ӯ,
К-эй аби кӯдакшуда, розе бигӯ.
Гуфт: «Рав з-ин ҳалқа, к-ин дар боз нест,
Бозгард, имрӯз рӯзи роз нест.
Гар маконро раҳ будӣ дар ломакон,
Ҳамчу шайхон будаме ман бар дукон.

Хондани мӯҳтасиб масти харобафтодаро ба зиндон

Мӯҳтасиб дар нимшаб ҷойе расид,
Дар буни девор масте хуфта дид.
Гуфт: «Ҳай, мастӣ, чӣ хӯрдастӣ? Бигӯ»,
Гуфт: «Аз ин хӯрдам, ки ҳаст андар сабӯ».
Гуфт: «Охир дар сабӯ вогӯ, ки чист?»
Гуфт: «Аз он ки хӯрдаам». Гуфт: «Ин хафист».
Гуфт: «Он чӣ хӯрдаӣ, он чист он?»
Гуфт: «Он кӣ дар сабӯ махфист он».
Давр мешуд ин суолу ин ҷавоб,
Монд чун хар мӯҳтасиб андар халоб.
Гуфт ӯро мӯҳтасиб: «Ҳин, оҳ кун»,
Маст ҳу-ҳу кард ҳангоми сухун.
Гуфт: «Гуфтам, оҳ кун, ҳу мекунӣ»
Гуфт: «Ман шоду ту аз ғам мунҳанӣ.
Оҳ, аз дарду ғаму бедодӣ аст,
Ҳуй-ҳуйи майхурон аз шодӣ аст».
Мӯҳтасиб гуфт: «Ин надонам, хез, хез,
Маърифат матрошу бигзор ин ситез».
Гуфт: «Рав, ту аз куҷо, ман аз куҷо?»
Гуфт: «Мастӣ, хез то зиндон биё».
Гуфт маст: «Эй мӯҳтасиб, бигзору рав,
Аз бараҳна кай тавон бурдан гарав?
Гар маро худ қуввати рафтан будӣ,
Хонаи худ рафтаме в-ин кай шудӣ?
Ман агар боақлу боимконаме,
Ҳамчу шайхон бар сари дукконаме».

Дувум бор дар сухан кашидани соил он зиракро то ҳоли ӯ маълумтар гардад

Гуфт он толиб, ки охир як нафас
Эй савора бар най, ин сӯ рон фарас.
Ронд сӯйи ӯ ки ҳин, зудтар бигӯ,
К-аспи ман бас тавсан асту тундхӯ.
То лагад бар ту накӯбад, зуд бош,
Аз чӣ мепурсӣ? Баёнаш кун ту фош.
ӯ маҷоли рози дил гуфтан надид,
З-ӯ буруншав карду дар лоғаш кашид.
Гуфт: «Мехоҳам дар ин кӯча зане,
Дар биёбонмон амони ҷон шудӣ?
Бал ба ҷойи хон худ оташ омадӣ,
Андар ин манзил лаҳаб бар мо задӣ.
Чун дудил шуд Мӯсӣ андар кори мо,
Гоҳ хасми мосту гоҳе ёри мо.
Хашмаш оташ мезанад дар рахти мо,
Ҳилми ӯ рад мекунад тири бало.
Кай бувад, ки ҳилм гардад хашм низ?
Нест ин нодир зи лутфат, эй азиз!
Мадҳи ҳозир ваҳшат аст, аз баҳри ин
Номи Мӯсо мебарам қосид чунин.
В-арна Мӯсо кай раво дорад, ки ман
Пеши ту ёд оварам аз ҳеч тан?
Аҳди мо бишкаст сад бору ҳазор,
Аҳди ту чун кӯҳ собит, барқарор.
Аҳди мо коҳу ба ҳар боде забун,
Аҳди ту кӯҳу зи сад кӯҳ ҳам фузун.
Ҳаққи он қувват, ки бар талвини мо
Раҳмате кун, эй амири лавнҳо!
Хешро дидему расвоии хеш,
Имтиҳони мо макун, эй шоҳ, беш.
То фазиҳатҳои дигарро ниҳон
Карда бошӣ, эй карими мустаъон!
Беҳадӣ ту дар ҷамолу дар камол,
Дар кажӣ мо беҳадему дар залол.
Беҳадии хеш бигмор, эй карим,
Бар кажии беҳади муште лаъим.
Ҳин, ки аз тақтеъи мо як тор монд,
Миср будему яке девор монд.
«Ал-бақиййа ал-бақиййа», эй хидев!
То нагардад шод куллӣ ҷони дев.
Баҳри мо не, баҳри он лутфи нахуст,
Ки ту кардӣ гумраҳонро бозҷуст.
Чун намудӣ қудратат, бинмой раҳм,
Эй ниҳода раҳмҳо дар лаҳму шаҳм.
Ин дуъо гар хашм афзояд туро,
Ту дуъо таълим фармо, меҳтаро!
Ончунон к-Одам бияфтод аз биҳишт,
Раҷъаташ додӣ, ки раст аз деви зишт.
Дев кӣ бвад, к-ӯ зи Одам бигзарад?
Бар чунин натъе аз ӯ бозӣ барад?
Дар ҳақиқат нафъи Одам шуд ҳама,
Лаънати ҳосид шуда он дамдама.
Бозие диду дусад бозӣ надид,
Пас сутуни хонаи худро бурид.
Оташе зад шаб ба кишти дигарон,
Бод, оташро ба кишти ӯ бирон.
Чашмбандӣ буд лаънат девро,
То зиёни хасм дид он ревро.
Худ зиёни ҷони ӯ шуд реви ӯ,
Гӯйӣ Одам буд деви деви ӯ.
Лаънат ин бошад, ки кажбинаш кунад,
Ҳосиду худбину пуркинаш кунад.
То надонад, ки ҳар он кӣ кард бад,
Оқибат бозояду бар вай занад.
Ҷумла фарзин бандҳо бинад ба акс,
Мот бар вай гардаду нуқсону вакс.
З-он ки гар ӯ ҳеч бинад хешро,
Муҳлику носур бинад решро.
Дард хезад з-ин чунин дидан дарун,
Дард ӯро аз ҳиҷоб орад бурун.
То нагирад модаронро дарди заҳ,
Тифл дар зодан наёбад ҳеч раҳ.
Ин амонат дар дилу дил ҳомиласт,
Ин насиҳатҳо мисоли қобиласт.
Қобила гӯяд, ки занро дард нест,
Дард бояд, дард кӯдакро раҳест.
Он кӣ ӯ бедард бошад, раҳзан аст,
З-он ки бедардӣ «аналҳақ» гуфтан аст.
Он «ана» бевақт гуфтан лаънат аст,
Он «ана» дар вақт гуфтан раҳмат аст.
Он «ана»-й Мансур раҳмат шуд яқин,
Он «ана»-й Фиръавн лаънат шуд, бибин.
Лоҷарам ҳар мурғи беҳангомро,
Сар буридан воҷиб аст эъломро.
Сар буридан чист? Куштан нафсро
Дар ҷиҳоду тарк гуфтан нафсро.
Ончунон ки неши каждум барканӣ,
То ки ёбад ӯ зи куштан эминӣ.
Барканӣ дандони пурзаҳре зи мор,
То раҳад мор аз балои сангсор.
Ҳеч накшад нафсро ҷуз зилли пир,
Домани он нафскушро сахт гир.
Чун бигирӣ сахт, он тавфиқи ҳуст,
Дар ту ҳар қувват ки ояд, ҷазби ӯст.
«Мо рамайта из рамайта» рост дон,
Ҳар чӣ к-орад ҷон, бувад аз ҷони ҷон.
Дастгиранда вай асту бурдбор,
Дам ба дам он дам аз ӯ уммедвор.
Нест ғам, гар дер бе ӯ мондаӣ,
Дергиру сахтгираш хондаӣ.
Дер гирад, сахт гирад раҳматаш,
Як дамат ғоиб надорад ҳазраташ.
В-ар ту хоҳӣ шарҳи ин васлу вало,
Аз сари андеша бархон «ва-з-зуҳо».
В-ар ту гӯйӣ ҳам бадиҳо аз вай аст,
Лек он нуқсони фазли ӯ кай аст?
Он бадӣ додан камоли ӯст ҳам,
Ман мисоле гӯямат, эй мӯҳташам!
Кард наққоше дугуна нақшҳо,
Нақшҳои софу нақше бесафо.
Нақши Юсуф карду ҳури хушсиришт,
Нақши ифритону иблисони зишт.
Ҳар ду гуна нақш устодии ӯст,
Зиштии ӯ нест он, родии ӯст.
Зиштро дар ғояти зиштӣ кунад,
Ҷумла зиштиҳо ба гирдаш бартанад.
То камоли донишаш пайдо шавад,
Мункари устодияш расво шавад.
В-ар надонад зишт кардан, ноқис аст,
З-ин сабаб халлоқи габру мухлис аст.
Пас аз ин рӯ куфру имон шоҳиданд
Бар худовандишу ҳар ду соҷиданд.
Лек мӯъмин дон, ки тавъан соҷид аст,
З-он ки ҷӯёйи ризову қосид аст.
Ҳаст курҳан габр ҳам яздонпараст,
Лек қасди ӯ муроде дигар аст.
Қалъаи султон иморат мекунад,
Лек даъвии аморат мекунад.
Гашта ёғӣ, то ки мулки ӯ бувад,
Оқибат худ қалъасултоне шавад.
Мӯъмин он қалъа барои подшоҳ
Мекунад маъмур, на аз баҳри ҷоҳ.
Зишт гӯяд: «Эй шаҳи зиштофарин,
Қодирӣ бар хубу бар зишту маҳин».
Хуб гӯяд: «Эй шаҳи ҳусну баҳо,
Пок гардонидиам аз айбҳо».

Татиммаи насиҳати расул алайҳиссалом беморро

Гуфт пайғамбар мар он беморро,
Ин бигӯ, к-эй саҳл кун душворро!
«Отино фӣ дори дунёно ҳасан,
Отино фӣ дори уқбоно ҳасан».
Роҳро бар мо чу бустон кун латиф,
Манзили мо худ ту бошӣ, эй шариф».
Мӯъминон дар ҳашр гӯянд: «Эй малак!
Не ки дӯзах буд роҳи муштарак?
Мӯъмину кофир бар ӯ ёбад гузор,
Мо надидем андар ин раҳ дуду нор.
Нак биҳишту боргоҳи эманӣ,
Пас куҷо буд он гузаргоҳи данӣ?»
Пас малак гӯяд, ки он равзай хузар,
Ки фалон ҷо дидаед андар гузар,
Дӯзах он буду сиёсатгоҳи сахт,
Бар шумо шуд боғу бустону дарахт.
Чун шумо ин нафси дӯзаххӯйро,
Оташии габри фитнаҷӯйро
Ҷаҳдҳо кардеду он шуд пурсафо,
Норро куштед аз баҳри Худо.
Оташи шаҳват, ки шӯъла мезадӣ,
Сабзаи тақво шуду нури ҳудӣ.
Оташи хашм аз шумо ҳам ҳилм шуд,
Зулмати ҷаҳл аз шумо ҳам илм шуд.
Оташи ҳирс аз шумо исор шуд
В-он ҳасад чун хорбун гулзор шуд.
Чун шумо ин ҷумла оташҳои хеш
Баҳри Ҳақ куштед ҷумла пеш-пеш,
Нафси нориро чу боғе сохтед,
Андар ӯ тухми вафо андохтед.
Булбулони зикру тасбеҳ андар ӯ,
Хушсароён дар чаман бар тарфи ҷӯ.
Доии Ҳақро иҷобат кардаед,
Дар ҷаҳими нафс об овардаед.
Дӯзахи мо низ дар ҳаққи шумо
Сабза гашту гулшану баргу наво».
Чист эҳсонро мукофот, эй писар?
Лутфу эҳсону савоби мӯътабар.
Кист лоиқ аз барои чун мане?»
Гуфт: «Се гуна зананд андар ҷаҳон,
Он ду ранҷу в-ин яке ганҷи равон.
Он якеро чун бихоҳӣ, кул турост,
В-он дигар ниме туро, ниме ҷудост.
В-он сеюм ҳеч ӯ туро набвад, бидон,
Ин шунудӣ? Дур шав! Рафтам равон.
То туро аспам напарронад лагад,
Ки бияфтӣ, барнахезӣ то абад».
Шайх ронд андар миёни кӯдакон,
Бонг зад бори дигар ӯро ҷавон.
Ки биё, охир бигӯ тафсири ин,
Ин занон се навъ гуфтӣ, баргузин.
Ронд сӯйи ӯву гуфташ: «Бикри хос
Кул туро бошад, зи ғам ёбӣ халос.
В-он ки ниме они ту, бева бувад,
В-он ки ҳеч аст он иёли бовалад.
Чун зи шӯйи аввалаш кӯдак бувад,
Меҳру кулли хотираш он сӯ равад.
Дур шав, то асп нандозад лагад,
Сумми аспи тавсанам бар ту расад».
Ҳой-ҳуе кард шайху бозронд,
Кӯдаконро боз сӯйи хеш хонд.
Боз бонгаш кард он соил: «Биё,
Як суолам монд, эй шоҳи киё!»
Боз ронд ин сӯ: «Бигӯ зудтар, чӣ буд?
Ки зи майдон он бача гӯям рабуд».
Гуфт: «Эй шаҳ, бо чунин ақлу адаб
Ин чӣ шайд аст? Ин чӣ феъл аст? Эй аҷаб!
Ту варои ақли куллӣ дар баён
Офтобӣ. Дар ҷунун чунӣ ниҳон?»
Гуфт: «Ин авбош ройе мезаданд,
То дар ин шаҳри худам қозӣ кунанд.
Дафъ мегуфтам. Маро гуфтанд: «Не,
Нест чун ту олиме, соҳибфане.
Бо вуҷуди ту ҳаром асту хабис,
Ки кам аз ту дар қазо гӯяд ҳадис.
Дар шариат нест дастуре, ки мо
Камтар аз ту шаҳ кунему пешво.
З-ин зарурат гиҷу девона шудам,
Лек дар ботин ҳамонам, ки будам.
Ақли ман ганҷ асту ман вайронаам,
Ганҷ агар пайдо кунам, девонаам.
ӯст девона, ки девона нашуд,
Ин асасро диду дар хона нашуд.
Дониши ман ҷавҳар омад, на араз,
Ин баҳое нест баҳри ҳар ғараз.
Кони қандам, найситони шаккарам
Ҳам зи ман мерӯяду ман мех(в)арам.
Илми тақлидиву таълимист он,
К-аз нуфури мустамеъ дорад фиғон.
Чун пайи дона, на баҳри равшанист,
Ҳамчу толибилми дунёи данист.
Толиби илм аст баҳри ому хос,
На ки то ёбад аз ин олам халос.
Ҳамчу муше ҳар тараф сӯрох кард,
Чунки нураш ронд аз дар, гуфт бард.
Чунки сӯйи дашту нураш раҳ набуд,
Ҳам дар он зулмот ҷаҳде менамуд.
Гар Худояш пар диҳад, парри хирад,
Бирҳад аз мушиву чун мурғон парад.
В-ар наҷӯяд пар, бимонад зери хок
Ноумед аз рафтани роҳи симок.
Илм гуфторе, ки он беҷон бувад,
Ошиқи рӯйи харидорон бувад.
Гарчи бошад вақти баҳси илми зафт,
Чун харидораш набошад, мурду рафт.
Муштарии ман Худой аст, ӯ маро,
Мекашад боло, ки «Аллоҳа-штаро».
Хунбаҳои ман ҷамоли зулҷалол,
Хунбаҳои худ хурам, касби ҳалол.
Ин харидорони муфлисро биҳил,
Чӣ харидорӣ кунад як мушти гил?
Гил махур, гилро махар, гилро маҷӯ.
З-он ки гилхор аст доим зардрӯ.
Дил бихур, то доимо бошӣ ҷавон,
Аз таҷаллӣ чеҳраат чун арғавон.
Ё раб, ин бахшиш на ҳадди кори мост,
Лутфи ту лутфи хафиро худ сазост.
Даст гир аз дасти мо, моро бихар,
Пардаро бардору пардай мо мадар.
Бозхар моро аз ин нафси палид,
Кордаш то устухони мо расид.
Аз чу мо бечорагон ин банди сахт
Кай гушояд, эй шаҳи бетоҷу тахт?
Инчунин қуфли гаронро, эй вадуд!
Кай тавонад ҷуз ки фазли ту гушуд?
Мо зи худ сӯйи ту гардонем сар,
Чун туӣ аз мо ба мо наздиктар.
Ин дуъо ҳам бахшишу таълими туст,
Гарна дар гулхан гулистон аз чӣ руст?
Дар миёни хуну рӯда, фаҳму ақл,
Ҷуз зи икроми ту натвон кард нақл.
Аз ду пора пиҳ ин нури равон,
Мавҷи нураш мезанад бар осмон.
Гӯштпора, ки забон омад аз ӯ,
Меравад селоби ҳикмат ҳамчу ҷӯ.
Сӯйи сӯрохе, ки номаш гӯшҳост,
То ба боғи ҷон, ки мева-ш ҳушҳост.
Шоҳроҳи боғи ҷонҳо шарҳи ӯст,
Боғу бустонҳои олам фаръи ӯст.
Аслу сарчашмай хушӣ он аст, он,
Зуд «таҷрӣ таҳтаҳа-л-анаҳор» хон.

Васият кардани пайғамбар алайҳиссалом он беморро ва дуъо омӯзониданаш

Гуфт пайғамбар мар он беморро,
Чун иёдат кард ёри зорро.
Ки магар навъе дуъое кардаӣ?
Аз ҷаҳолат заҳрбое х(в)ардаӣ?
Ёд овар чӣ дуъо мегуфтаӣ?
Чун зи макри нафс меошуфтаӣ.
Гуфт: «Ёдам нест. Илло ҳиммате
Дор бо ман, ёдам ояд соате».
Аз ҳузури нурбахши Мустафо
Пеши хотир омад онро он дуъо.
Тофт з-он равзан, ки аз дил то дил аст
Равшанӣ, ки фарқи ҳаққу ботил аст.
Гуфт: «Инак ёдам омад, эй расул!
Он дуъо, ки гуфтаам ман булфузул.
Чун гирифтори гунаҳ меомадам,
Ғарқа даст андар хашоиш мезадам.
Аз ту таҳдиду ваъиде мерасид
Муҷримонро аз азоби бас шадид.
Музтариб мегаштаму чора набуд,
Банди мӯҳкам буду қуфли ногушуд.
Не мақоми сабру не роҳи гурез,
Не умеди тавба, не ҷойи ситез.
Ман чу Ҳоруту чу Морут аз ҳазан
Оҳ мекардам, ки эй халлоқи ман!
Аз хатар Ҳоруту Морут ошкор
Чоҳи Бобулро бикарданд ихтиёр.
То азоби охират ин ҷо кашанд,
Гурбузанду оқилу соҳирвашанд.
Нек карданду ба ҷойи хеш буд,
Саҳлтар бошад зи оташ ранҷи дуд.
Ҳад надорад васфи ранҷи он ҷаҳон,
Саҳл бошад ранҷи дунё пеши он.
Эй хунук он к-ӯ ҷиҳоде мекунад,
Бар бадан заҷреву доде мекунад.
То зи ранҷи онҷаҳонӣ вораҳад,
Бар худ ин ранҷи ибодат мениҳад.
Ман ҳамегуфтам, ки ё раб он азоб
Ҳам дар ин олам бирон бар ман шитоб.
То дар он олам фароғат бошадам,
Дар чунин дар хост ҳалқа мезадам.
Инчунин ранҷурие пайдом шуд,
Ҷони ман аз ранҷ беором шуд.
Мондаам аз зикру аз авроди х(в)ад,
Бехабар гаштам зи хешу неку бад.
Гар намедидам кунун ман рӯйи ту,
Эй хуҷаста в-эй муборак бӯйи ту,
Мешудам аз банд ман якборагӣ,
Кардиам шоҳона ин ғамхорагӣ.
Гуфт: «Ҳай-ҳай, ин дуъо дигар макун,
Бармакан ту хешро аз беху бун.
Ту чӣ тоқат дорӣ, эй мӯри нажанд,
Ки ниҳад бар ту чунон кӯҳи баланд?»
Гуфт: «Тавба кардам, эй султон, ки ман
Аз сари ҷалдӣ налофам ҳеч фан.
Ин ҷаҳон тиҳ асту ту Мӯсову мо,
Аз гунаҳ дар тиҳ монда мубтало.
Қавми Мӯсо роҳ мепаймудаанд,
Охир андар гоми аввал будаанд.
Солҳо раҳ меравему дар ахир
Ҳамчунон дар манзили аввал асир.
Гар дили Мӯсо зи мо розӣ будӣ,
Тиҳро роҳу карон пайдо шудӣ.
В-ар ба кул безор будӣ ӯ зи мо,
Кай расидӣ хонамон ҳеч аз само?
Кай зи санге чашмаҳо ҷӯшон шудӣ?
Не шумо гуфтед: «Мо қурбонием?
Пеши авсофи бақо мо фонием?
Мо агар қаллошу гар девонаем,
Масти он соқиву он паймонаем.
Бар хату фармони ӯ сар мениҳем,
Ҷони ширинро гаравгон медиҳем.
То хаёли дӯст дар асрори мост,
Чокариву ҷонсупорӣ кори мост.
Ҳар куҷо шамъи бало афрӯхтанд,
Садҳазорон ҷони ошиқ сӯхтанд.
Ошиқоне, к-аз даруни хонаанд,
Шамъи рӯйи ёрро парвонаанд».
Эй дил, он ҷо рав, ки бо ту равшананд,
В-аз балоҳо мар туро чун ҷавшананд.
Бар ҷиноётат мувосо мекунанд,
Дар миёни ҷон туро ҷо мекунанд.
З-он миёни ҷон туро ҷо мекунанд,
То туро пурбода чун ҷоме кунанд.
Дар миёни ҷони эшон хона гир,
Дар фалак хона кун, эй бадри мунир!
Чун Аторуд дафтари дил во кунанд,
То ки бар ту сиррҳо пайдо кунанд.
Пеши хешон бош, чун овораӣ,
Бар маҳи комил зан, ар маҳпораӣ.
Ҷузвро аз кулли худ парҳез чист?
Бо мухолиф ин ҳама омез чист?
Ҷинсро бин, навъ гашта дар равиш,
Ғайбҳо бин, айн гашта дар раҳиш.
То чу зан ишвахарӣ, эй бехирад!
Аз дурӯғу ишва кай ёбӣ мадад?
Чоплусу лафзи ширину фиреб
Меситонӣ, мениҳӣ чун зан ба ҷеб.
Мар туро дашному силии шаҳон
Беҳтар ояд аз санои гумраҳон.
Сафъи шоҳон хур, махур шаҳди хасон,
То касе гардӣ зи иқболи касон.
З-он к-аз эшон хилъату давлат расад,
Дар паноҳи рӯҳ ҷон гардад ҷасад.
Ҳар куҷо бинӣ бараҳна-в бенаво,
Дон, ки ӯ бигрехтаст аз усто.
То чунон гардад, ки мехоҳад дилаш,
Он дили кӯри бади беҳосилаш.
Гар чунон гаштӣ, ки усто хостӣ,
Хешрову хешро оростӣ.
Ҳар кӣ аз усто гурезад дар ҷаҳон,
ӯ зи давлат мегурезад, ин бидон.
Пешае омӯхтӣ дар касби тан,
Чанг андар пешайи динӣ бизан.
Дар ҷаҳон пӯшида гаштиву ғанӣ,
Чун бурун ойӣ аз ин ҷо, чун кунӣ?
Пешае омӯз, к-андар охират
Андар ояд дахли касби мағфират.
Он ҷаҳон шаҳрест пурбозору касб,
То напиндорӣ, ки касб ин ҷост ҳасб.
Ҳақ таъоло гуфт, к-ин касби ҷаҳон
Пеши он касб аст лаъби кӯдакон.
Ҳамчу он тифле, ки бар тифле танад,
Шакли сӯҳбат кун масосе мекунад.
Кӯдакон созанд дар бозӣ дукон,
Суд набвад ҷуз ки таъбири замон.
Шаб шавад, дар хона ояд гурсуна,
Кӯдакон рафта, бимонда яктана.
Ин ҷаҳон бозигаҳ асту марг шаб,
Бозгардӣ кисахолӣ, пуртаъаб.
Касби дин ишқ асту ҷазби андарун,
Қобилият нури Ҳақро, эй ҳарун!
Касби фонӣ хоҳадат ин нафси хас,
Чанд касби хас кунӣ? Бигзору бас.
Нафси хас гар ҷӯядат касби шариф,
Ҳилаву макре бувад онро радиф.

ДАВОМ ДОРАД

rumiy

(Tashriflar: umumiy 204, bugungi 1)

Izoh qoldiring