Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ. Маснавӣ. Дафтари дуюм & Маснавии маънавӣ. 9-10. Audio

07 Мавлоно «ба забони муборак мефармуд: «Баъд аз мо «Маснавӣ» шайхӣ кунаду муршиди толибон гардаду соъиқ (раҳнамо)-и эшон бошад»: Бишнавед, эй дӯстон, ин достон, Худ ҳақиқат, нақди ҳоли мост он!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
МАСНАВЙ
Давоми дафтари дуюм 
067

Дар баёни ин ҳадис, ки «инна лираббикум фӣ айёми даҳрикум нафаҳотун, ало фатаъарраззу лаҳо»

Гуфт пайғамбар, ки нафҳатҳои Ҳақ
Андар ин айём меорад сабақ.
Гӯшу ҳуш доред ин авқотро,
Даррабоед инчунин нафҳотро.
Нафҳа омад, мар шуморо диду рафт,
Ҳар киро мехост, ҷон бахшиду рафт.
Нафҳаи дигар расид, огоҳ бош,
То аз ин ҳам вонамонӣ, хоҷатош!
Ҷони оташ ёфт з-ӯ оташкаше,
Ҷони мурда ёфт дар худ ҷунбише.
Ҷони норӣ ёфт аз вай интифо,
Мурда пӯшид аз бақои ӯ қабо.
Тозагиву ҷунбиши тӯбист ин,
Ҳамчу ҷунбишҳои ҳайвон нест ин.
Гар дарафтад дар замину осмон,
Заҳраҳошон об гардад дарзамон.
Худ зи бими ин дами бемунтаҳо,
Бозхон: «фаъбайна ан яҳмилнаҳо».
В-арна худ ашфақна минҳо чун будӣ?
Гар на аз бимаш дили кӯҳ хун шудӣ.
Дӯш дигар лавн ин медод даст,
Луқмаи чанде даромад, раҳ бибаст.
Баҳри луқма, гашта Луқмоне гарав,
Вақт Луқмон аст, эй луқма, бирав.
Аз ҳавои луқмае ин хорхор?
Аз кафи Луқмон ҳамеҷӯед хор.
Дар кафи ӯ хору соя-ш низ нест,
Лекатон аз ҳирс ин тамйиз нест.
Хор дон онро, ки хурмо дидаӣ,
З-он ки бас нонкӯру бас нодидаӣ.
Ҷони Луқмон, ки гулистони Худост,
Пойи ҷонаш хастаи хоре чарост?
Уштур омад ин вуҷуди хорхор,
Мустафо зодӣ бар ин уштур савор.
Уштуро! Танги гуле бар пушти туст,
К-аз насимаш дар ту сад гулзор руст.
Майли ту сӯйи муғилон асту рег,
То чӣ гул чинӣ зи хори мурдарег?
Эй бигашта з-ин талаб аз кӯ ба кӯ,
Чанд гӯйӣ, к-ин гулистон куву ку?
Пеш аз он к-ин хори по берун кунӣ,
Чашм торик аст, ҷавлон чун кунӣ?
Одаме, к-ӯ менагунҷад дар ҷаҳон,
Дар сари хоре ҳамегардад ниҳон.
Мустафо омад, ки созад ҳамдаме:
«Каллиминӣ ё ҳумайро, каллимӣ».
Эй ҳумайро, оташ андар неҳ ту наъл,
То зи наъли ту шавад ин кӯҳ лаъл.
Ин ҳумайро лафзи таънис асту ҷон,
Ном таънисаш ниҳанд ин тозиён.
Лек аз таънис ҷонро бок нест,
Рӯҳро бо марду зан ишрок нест.
Аз муаннас в-аз музаккар бартар аст,
Ин на он ҷон аст, к-аз хушку тар аст.
Ин на он ҷон аст, к-афзояд зи нон,
Ё гаҳе бошад чунин, гоҳе чунон.
Хушкунандасту хушу айни хушӣ,
Бехушӣ набвад хушӣ, эй мурташӣ!
Чун ту ширин аз шакар бошӣ, бувад,
К-он шакар гоҳе зи ту ғоиб шавад.
Чун шакар гардӣ зи таъсири вафо,
Пас шакар кай аз шакар бошад ҷудо?
Ошиқ аз худ чун ғизо ёбад раҳиқ,
Ақл он ҷо гум шавад, гум, эй рафиқ!
Ақли ҷузвӣ, ишқро мункир бувад,
Гарчи бинмояд, ки соҳибсир бувад.
Зираку доност, аммо «нест» нест,
То фаришта «ло» нашуд, оҳарманест.
ӯ ба қавлу феъл, ёри мо бувад,
Чун ба ҳукми ҳол оӣ, «ло» бувад.
«Ло» бувад, чун ӯ нашуд аз ҳаст нест,
Чунки тавъан «ло» нашуд, курҳан басест.
Ҷон камол асту нидои ӯ камол,
Мустафо гӯён: «ариҳно ё Балол!»
Эй Балол, афроз бонги силсилат,
З-он даме, к-андар дамидам дар дилат.
З-он даме, к-Одам аз он мадҳуш гашт,
Ҳуши аҳли осмон беҳуш гашт.
Мустафо бехеш шуд з-он хубсавт,
Шуд намозаш аз шаби таърис фавт.
Сар аз он хоби муборак барнадошт,
То намози субҳдам омад ба чошт.
Дар шаби таърис пеши он арӯс
Ёфт ҷони поки эшон дастбӯс.
Ишқу ҷон ҳар ду ниҳоданду сатир,
Гар арӯсаш хондаам, айбе магир.
Аз малулий ёр хомуш кардаме,
Гар ҳам ӯ мӯҳлат бидодӣ як даме.
Лек мегӯяд: «Бигӯ, ҳин, айб нест,
Ҷуз тақозои қазои ғайб нест».
Айб бошад, к-ӯ набинад ҷуз ки айб,
Айб кай бинад равони поки ғайб?
Айб шуд нисбат ба махлуқи ҷаҳул,
Не ба нисбат бо Худованди қабул.
Куфр ҳам нисбат ба холиқ ҳикмат аст,
Чун ба мо нисбат кунӣ, куфр офат аст.
В-ар яке айбе бувад бо сад ҳаёт,
Бар мисоли чӯб бошад дар набот.
Дар тарозу ҳар дуро яксон кашанд,
З-он ки он ҳар ду чу ҷисму ҷон х(в)ашанд.
Пас бузургон ин нагуфтанд аз газоф:
Ҷисми покон айни ҷон афтод соф.
Гуфташону нафсашону нақшашон
Ҷумла ҷони мутлақ омад бенишон.
Ҷони душмандорашон ҷисм аст сирф,
Чун зиёд аз нард, ӯ исм аст сирф.
Он ба хок андар шуду кул хок шуд
В-ин намак андар шуду кул пок шуд.
Он намак, к-аз вай Муҳаммад амлаҳ аст,
З-он ҳадиси бонамак ӯ афсаҳ аст.
Ин намак боқист аз мероси ӯ,
Бо туанд он ворисони ӯ, биҷӯ.
Пеши ту шиста, туро худ пеш ку?
Пеш ҳастат, ҷони пешандеш ку?
Гар ту худро пешу пас дорӣ гумон,
Бастаи ҷисмиву маҳрумӣ зи ҷон.
Зеру боло, пешу пас васфи тан аст,
Беҷиҳатҳо зоти ҷони равшан аст.
Баргушо аз нури поки шаҳ назар,
То напиндорӣ ту чун кӯтаҳназар,
Ки ҳаминӣ дар ғаму шодиву бас,
Эй адам, ку мар адамро пешу пас?
Рӯзи борон аст, мерав то ба шаб,
На аз ин борон, аз он борони раб.

Қиссаи суол кардани Ойиша разийаллоҳу анҳо аз Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки имрӯз борон борид, чун ту сӯйи гӯристон рафтӣ, ҷомаҳои ту чун тар нест?

Мустафо рӯзе ба гӯристон бирафт,
Бо ҷанозай марде аз ёрон бирафт.
Хокро дар гӯри ӯ оганда кард,
Зери хок он донаашро зинда кард.
Ин дарахтонанд ҳамчун хокиён,
Дастҳо баркардаанд аз хокдон.
Сӯйи халқон сад ишорат мекунанд
В-он ки гӯш асташ, иборат мекунанд.
Бо забони сабзу бо дасти дароз,
Аз замири хок мегӯянд роз.
Ҳамчу баттон сар фурӯ бурда ба об,
Гашта товуссону буда чун ғуроб.
Дар зимистоншон агар маҳбус кард,
Он ғуробонро Худо товус кард.
Дар зимистоншон агарчи дод марг,
Зиндашон кард аз баҳору дод барг.
Мункирон гӯянд: «Худ ҳаст ин қадим,
Ин чаро бандем бар рабби карим?»
Кӯрии эшон даруни дӯстон,
Ҳақ бирӯёнид боғу бӯстон.
Ҳар гуле, к-андар дарун бӯё бувад,
Он гул аз асрори кул гӯё бувад.
Бӯйи эшон рағми анфи мункирон,
Гирди олам меравад пардадарон.
Мункирон ҳамчун ҷуъал з-он бӯйи гул,
Ё чу нозукмағз дар бонги дуҳул.
Хештан машғул месозанду ғарқ,
Чашм медузданд аз ин ламъони барқ.
Чашм медузданду он ҷо чашм не,
Чашм он бошад, ки бинад маъмане.
Чун зи гӯристон паямбар бозгашт,
Сӯйи Сиддиқа шуду ҳамроз гашт.
Чашми Сиддиқа чу бар рӯяш фитод,
Пеш омад, даст бар вай мениҳод.
Бар имома-в рӯйи ӯву мӯйи ӯ,
Бар гиребону бару бозӯйи ӯ.
Гуфт пайғамбар: «Чӣ меҷӯйӣ, шитоб?»
Гуфт: «Борон омад имрӯз аз саҳоб.
Ҷомаҳоят мебиҷӯям дар талаб,
Тар намеёбам зи борон, эй аҷаб!»
Гуфт: «Чӣ бар сар фигандӣ аз изор?»
Гуфт: «Кардам он ридои ту химор».
Гуфт: «Баҳри он намуд, эй покҷайб!
Чашми покатро Худо борони ғайб.
Нест он борон аз ин абри шумо,
Ҳаст абре дигару дигар само».

Тафсири байти Ҳаким разийаллоҳу анҳу:
Осмонҳост дар вилояти ҷон
Корфармои осмони ҷаҳон.
Дар раҳи рӯҳ пасту болоҳост,
Кӯҳҳои баланду дарёҳост.
Ғайбро абреву обе дигар аст,
Осмону офтобе дигар аст.
Н-ояд он илло, ки бар хосон падид,
Боқиён «фӣ лабси мин халқин ҷадид».
Ҳаст борон аз пайи парвардагӣ,
Ҳаст борон аз пайи пажмурдагӣ.
Нафъи борони баҳорон булаҷаб!
Боғро борони пойизӣ чу таб!
Он баҳоре нозпарвардаш кунад,
Ин хазоне нохушу зардаш кунад.
Ҳамчунин сармову боду офтоб,
Бар тафовут дону сарришта биёб.
Ҳамчунин дар ғайби анвоъ аст ин,
Дар зиёну суду дар рибҳу ғабин.
Ин дами абдол бошад з-он баҳор,
Дар дилу ҷон рӯяд аз вай сабзазор.
Феъли борони баҳорӣ бо дарахт,
Ояд аз анфосашон дар некбахт.
Гар дарахти хушк бошад дар макон,
Айби он аз боди ҷонафзо мадон.
Бод кори хеш карду барвазид,
Он кӣ ҷоне дошт, бар ҷонаш гузид.

Дар маънии ин ҳадис, ки «иғтаниму барда-р-рабеъи …» ило охириҳи

Гуфт пайғамбар: «Зи сармои баҳор
Тан мапӯшонед, ёрон, зинҳор.
З-он ки бо ҷони шумо он мекунад,
К-он баҳорон бо дарахтон мекунад.
Лек бигрезед аз сарди хазон,
К-он кунад, к-ӯ кард бо боғу разон».
Ровиён инро ба зоҳир бурдаанд,
Ҳам бар он сурат, қаноат кардаанд.
Бехабар буданд аз ҷон он гурӯҳ,
Кӯҳро дида, надида кон ба кӯҳ.
Он хазон назди Худо нафсу ҳавост,
Ақлу ҷон айни баҳор асту бақост.
Мар туро ақлест ҷузвӣ дар ниҳон,
Комилулақле биҷӯ андар ҷаҳон.
Ҷузви ту аз кулли ӯ куллӣ шавад,
Ақли кулл бар нафс чун ғулле шавад.
Пас ба таъвил ин бувад, к-анфоси пок
Чун баҳор асту ҳаёти баргу ток.
Аз ҳадиси авлиё – нарму дурушт –
Тан мапӯшон, з-он ки динатрост пушт.
Гарм гӯяд, сард гӯяд, хуш бигир,
То зи гарму сард биҷҳӣ в-аз саъир.
Гарму сардаш навбаҳори зиндагист,
Мояи сидқу яқину бандагист.
З-он к-аз ӯ бустони ҷонҳо зинда аст,
З-ин ҷавоҳир баҳри дил оганда аст.
Бар дили оқил ҳазорон ғам бувад,
Гар зи боғи дил хилоле кам шавад.

Пурсидани Сиддиқа разийаллоҳу анҳо, аз Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки сирри борони имрӯзина чӣ буд?
Гуфт Сиддиқа, ки «эй зубдай вуҷуд!
Ҳикмати борони имрӯзин чӣ буд?
Ин зи боронҳои раҳмат буд, ё
Баҳри таҳдид асту адли кибриё?
Ин аз он лутфи баҳориййот буд,
Ё зи пойизии пурофот буд?»
Гуфт: «Ин аз баҳри таскини ғам аст,
К-аз мусибат бар нажоди Одам аст.
Гар бар он оташ бимондӣ одамӣ,
Бас харобӣ дарфитодиву камӣ.
Ин ҷаҳон вайрон шудӣ андар замон,
Ҳирсҳо берун шудӣ аз мардумон».
Устуни ин олам, эй ҷон, ғафлат аст,
Ҳушёрӣ ин ҷаҳонро офат аст.
Ҳушёрӣ з-он ҷаҳон асту чу он
Ғолиб ояд, паст гардад ин ҷаҳон.
Ҳушёрӣ офтобу ҳирс ях,
Ҳушёрӣ обу ин олам васах.
З-он ҷаҳон андар тарашшӯҳ мерасад,
То нағуррад дар ҷаҳон ҳирсу ҳасад.
Гар тарашшӯҳ бештар гардад зи ғайб,
На ҳунар монад дар ин олам, на айб.
Ин надорад ҳад, суйи оғоз рав,
Сӯйи қиссай марди мутриб бозрав.

Бақияи қиссаи пири чангӣ ва баёни махласи он

Мутрибе, к-аз вай ҷаҳон шуд пуртараб,
Руста з-овозаш хаёлоти аҷаб.
Аз навояш мурғи дил паррон шудӣ
В-аз садояш ҳуши ҷон ҳайрон шудӣ.
Чун баромад рӯзгору пир шуд,
Боз ҷон-ш аз аҷз пашшагир шуд.
Пушти ӯ хам гашт ҳамчун пушти хум,
Абрувон бар чашм ҳамчун полдум.
Гашт овози латифи ҷонфизош
Зишту назди кас наярзидӣ ба лош.
Он навои рашки зӯҳра омада,
Ҳамчу овози хари пире шуда.
Худ кадомин хуш, ки ӯ нох(в)аш нашуд?
Ё кадомин сақф, к-он мафраш нашуд?
Ғайри овози азизон дар судур,
Ки бувад аз акси дамшон нафхи сур.
Андаруне, к-андарунҳо маст аз ӯст,
Нестӣ, к-ин ҳастҳомон ҳаст аз ӯст.
Каҳрабои фикру ҳар овоз ӯ,
Лаззати илҳому ваҳйу роз ӯ.
Чунки мутриб пиртар гашту заъиф,
Шуд зи бекасбӣ раҳини як рағиф.
Гуфт: «Умру мӯҳлатам додӣ басе,
Лутфҳо кардӣ, Худоё, бо хасе.
Маъсият варзидаам ҳафтод сол,
Бознагрифтӣ зи ман рӯзе навол.
Нест касб, имрӯз меҳмони туам,
Чанг баҳри ту занам, к-они туам».
Чангро бардошт, шуд аллоҳҷӯ,
Сӯйи гӯристони Ясриб оҳгӯ.
Гуфт: «Хоҳам аз Ҳақ абрешим баҳо,
К-ӯ ба некӯӣ пазирад қалбҳо».
Чунки зад бисёру гирён сар ниҳод,
Чанг болин карду бар гӯре фитод.
Хоб бурдаш, мурғи ҷон-ш аз ҳабс раст,
Чангу чангиро раҳо карду биҷаст.
Гашт озод аз тану ранҷи ҷаҳон,
Дар ҷаҳони содаву саҳрои ҷон.
Ҷони ӯ он ҷо сароён моҷаро,
К-андар ин ҷо гар бимондандӣ маро.
Хуш будӣ ҷонам дар ин боғу баҳор,
Масти ин саҳрову ғайбе лолазор.
Бе пару бе по сафар мекардаме,
Бе лабу дандон шакар мех(в)ардаме.
Зикру фикре, фориғ аз ранҷи димоғ,
Кардаме бо сокинони чарх лоғ.
Чашмбаста оламе медидаме,
Варду райҳон бе кафе мечидаме.
Мурғи обӣ ғарқи дарёи асал,
Айни Айюбӣ, шаробу муғтасал,
Ки буд ӯ Айюб аз по то ба фарқ,
Пок шуд аз ранҷҳо чун нури Шарқ».
Маснавӣ дар ҳаҷм гар будӣ чу чарх,
Дарнагунҷидӣ дар ӯ з-ин ним барх.
К-он замину осмони бас фарох
Кард аз тангӣ диламро шох-шох.
В-ин ҷаҳоне, к-андар ин хобам намуд,
Аз гушоиш парру боламро гушуд.
Ин ҷаҳону роҳаш ар пайдо будӣ,
Кам касе як лаҳзае он ҷо будӣ.
Амр меомад, ки на, томеъ машав,
Чун зи поят хор берун шуд, бирав.
Мул-муле мезад он ҷо ҷони ӯ
Дар фазои раҳмату эҳсони ӯ.

Дар хоб гуфтани ҳотиф мар Умарро разийаллоҳу анҳу, ки чандин зар аз байтулмуол ба он мард деҳ, ки дар гӯристон хуфтааст

Он замон Ҳақ бар Умар хобе гумошт,
То ки хеш аз хоб натвонист дошт.
Дар аҷаб афтод, к-ин маъҳуд нест,
Ин зи ғайб афтод, бемақсуд нест.
Сар ниҳоду хоб бурдаш, хоб дид,
К-омадаш аз Ҳақ нидо, ҷонаш шунид.
Он нидое, к-асли ҳар бонгу навост,
Худ нидо он аст в-ин боқӣ садост.
Турку курду порсигӯву араб
Фаҳм карда он нидо бе гӯшу лаб.
Худ чӣ ҷойи турку тоҷик асту занг?
Фаҳм кардаст он нидоро чӯбу санг.
Ҳар даме аз вай ҳамеояд «аласт»,
Ҷавҳару аъроз мегарданд ҳаст.
Гар намеояд «бало» з-эшон, вале,
Омаданшон аз адам бошад, бале.
З-он чӣ гуфтам ман зи фаҳми сангу чӯб,
Дар баёнаш қиссае ҳуш дор хуб:

Нолидани сутуни ҳаннона, чун барои пайғомбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам минбар сохтанд, ки ҷамоат анбӯҳ шуд, гуфтанд: мо рӯйи мубораки туро ба ҳангоми ваъз намебинем ва шунидани расулу саҳоба он ноларо ва суолу ҷавоби Мустафо саллалоҳу алайҳи ва саллам бо сутуни сареҳ

Устуни ҳаннона аз ҳаҷри расул
Нола мезад ҳамчу арбоби уқул.
Гуфт пайғамбар: «Чӣ хоҳӣ, эй сутун!»
Гуфт: «Ҷонам аз фироқат гашт хун.
Маснадат ман будам, аз ман тохтӣ,
Бар сари минбар ту маснад сохтӣ?»
Гуфт: «Хоҳӣ, ки туро нахле кунанд,
Шарқиву ғарбӣ зи ту мева чинанд?
Ё дар он олам Ҳақат сарве кунад,
То тару тоза бимонӣ то абад?»
Гуфт: «Он хоҳам, ки доим шуд бақош»,
Бишнав, эй ғофил, кам аз чӯбе мабош.
Он сутунро дафн кард андар замин,
То чу мардум ҳашр гардад явми дин.
То бидонӣ ҳар киро Яздон бихонд,
Аз ҳама кори ҷаҳон бекор монд.
Ҳар киро бошад зи Яздон кору бор,
Ёфт бор он ҷову берун шуд зи кор.
Он кӣ ӯро набвад аз асрор дод,
Кай кунад тасдиқ ӯ нола ҷамод?
Гӯяд: «Оре», на зи дил, баҳри вифоқ,
То нагӯяндаш, ки ҳаст аҳли нифоқ.
Гар наяндӣ воқифони амри «кун»,
Дар ҷаҳон рад гашта будӣ ин сухун.
Садҳазорон з-аҳли тақлиду нишон,
Афганадшон ним ваҳме дар гумон,
Ки ба зан тақлиду истидлолашон,
Қоим асту ҷумла парру болашон.
Шубҳае ангезад он шайтони дун,
Дарфитанд ин ҷумла кӯрон сарнигун.
Пойи истидлолиён чӯбин бувад,
Пойи чӯбин сахт бетамкин бувад.
Ғайри он қутби замони дидавар,
К-аз суботаш кӯҳ гардад хирасар.
Пойи нобино асо бошад, асо,
То наяфтад сарнигун ӯ бар ҳасо.
Он саворе, к-ӯ сипаҳро шуд зафар,
Аҳли динро кист? Султони басар.
Бо асо кӯрон агар раҳ дидаанд,
Дар паноҳи халқ рӯшандидаанд.
Гар на биноён будандиву шаҳон,
Ҷумла кӯрон мурдаандӣ дар ҷаҳон.
На зи кӯрон кишт ояд, на дуруд,
На иморат, на тиҷоратҳову суд.
Гар накардӣ раҳмату ифзолатон,
Даршикастӣ чӯби истидлолатон.
Ин асо чӣ бвад? Қиёсоту далел,
Он асо кӣ додашон? Бино ҷалил!
Чун асо, шуд олати ҷангу нафир,
Он асоро хурд бишкан, эй зарир!
ӯ асотон дод, то пеш омадет,
Он асо аз хашм ҳам бар вай задет?
Ҳалқаи кӯрон! Ба чӣ кор андаред?
Дидбонро дар миёна оваред.
Домани ӯ гир, к-ӯ додат асо,
Дарнигар, к-Одам чиҳо дид аз «асо».
Мӯъҷизай Мӯсову Аҳмадро нигар:
Чун асо шуд мору устун бохабар.
Аз асо мореву аз устун ҳанин
Панҷ навбат мезананд аз баҳри дин.
Гар на номаъқул будӣ ин маза,
Кай будӣ ҳоҷат ба чандин мӯъҷиза?
Ҳар чӣ маъқул аст, ақлаш мехурад,
Бе баёни мӯъҷиза, бе ҷарру мад.
Ин тариқи бикри номаъқул бин,
Дар дили ҳар муқбиле мақбул бин.
Ҳамчунон к-аз бими Одам деву дад,
Дар ҷазоир даррамиданд аз ҳасад.
Ҳам зи бими мӯъҷизоти анбиё
Сар кашида мункарон зери гиё.
То ба номуси мусулмонӣ зиянд,
Дар тасаллус то надонӣ, ки кианд.
Ҳамчу қуллобон бар он нақди табоҳ
Нуқра мемоланду номи подшоҳ.
Зоҳири алфозашон тавҳиду шаръ,
Ботини он ҳамчу дар нон тухми саръ.
Филсафиро заҳра на то дам занад,
Дам занад, дини Ҳақаш барҳам занад.
Дасту пойи ӯ ҷамоду ҷони ӯ,
Ҳар чӣ гӯяд, он ду дар фармони ӯ.
Бо забон гарчи ба тӯҳмат мениҳанд,
Дасту поҳошон гувоҳӣ медиҳанд.

Изҳори мӯъҷизаи пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ба сухан омадани сангреза дар дасти Абӯҷаҳл алайҳилаъна ва гувоҳӣ додани сангреза бар ҳақиқати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба рисолати ӯ

Сангҳо андар кафи Бӯҷаҳл буд,
Гуфт: «Эй Аҳмад, бигӯ ин чист? Зуд!
Гар расулӣ, чист дар муштам ниҳон?
Чун хабар дорӣ зи рози осмон».
Гуфт: «Чун хоҳӣ? Бигӯям он чиҳост?
Ё бигӯянд он ки мо ҳаққему рост?»
Гуфт Бӯҷаҳл: «Ин дувум нодиртар аст»,
Гуфт: «Оре. Ҳақ аз он қодиртар аст».
Аз миёни мушти ӯ ҳар пора санг,
Дар шаҳодат гуфтан омад бедиранг:
«Ло илоҳа» гуфту «иллаллоҳ» гуфт,
Гавҳари «Аҳмад расулуллоҳ» суфт.
Чун шунид аз сангҳо Бӯҷаҳл ин,
Зад зи хашм он сангҳоро бар замин.

Бақияи қиссаи мутриб ва пайғом расонидани амирулмӯъминин Умар разийаллоҳу анҳу ба ӯ он чӣ ҳотиф овоз дод

Бозгарду ҳоли мутриб гӯш дор,
З-он ки оҷиз гашт мутриб з-интизор.
Бонг омад мар Умарро, к-эй Умар!
Бандаи моро зи ҳоҷат бозхар.
Бандае дорем хосу мӯҳтарам,
Сӯйи гӯристон ту ранҷа кун қадам.
Эй Умар, барҷаҳ, зи байтулмоли ом,
Ҳафтсад динор дар каф неҳ тамом.
Пеши ӯ бар, к-эй ту моро ихтиёр,
Ин қадар бистон, кунун маъзур дор.
Ин қадар аз баҳри абрешим баҳо,
Харҷ кун, чун харҷ шуд, ин ҷо биё».
Пас Умар з-он ҳайбати овоз ҷаст,
То миёнро баҳри ин хидмат бибаст.
Сӯйи гӯристон Умар бинҳод рӯ,
Дар бағал ҳамён, давон дар ҷустуҷӯ.
Гирди гӯристон давона шуд басе,
Ғайри он пир ӯ надид он ҷо касе.
Гуфт: «Ин набвад!» дигарбора давид,
Монда гашту ғайри он пир ӯ надид.
Гуфт: «Ҳақ фармуд моро бандаест,
Софиву шоиставу фархундаест.
Пири чангӣ кай бувад хоси Худо?»
Ҳаббазо, эй сирри пинҳон, ҳаббазо!
Бори дигар гирди гӯристон бигашт
Ҳамчу он шери шикорӣ гирди дашт.
Чун яқин гашташ, ки ғайри пир нест,
Гуфт: «Дар зулмат дили равшан басест».
Омад ӯ, бо сад адаб он ҷо нишаст,
Бар Умар атса фитоду пир ҷаст.
Мар Умарро дид, монд андар шигифт,
Азми рафтан карду ларзидан гирифт.
Гуфт дар ботин: «Худоё аз ту дод,
Мӯҳтасиб бар пираке чангӣ фитод!»
Чун назар андар рухи он пир кард,
Дид ӯро шармсору рӯйзард.
Пас Умар гуфташ: «Матарс, аз ман марам,
К-ит башоратҳо зи Ҳақ овардаам.
Чанд Яздон мидҳати хӯйи ту кард,ҷ
То Умарро ошиқи рӯйи ту кард.
Пеши ман биншину маҳҷурӣ масоз,
То ба гӯшат гӯям аз иқбол роз.
Ҳақ саломат мекунад, мепурсадат:
Чунӣ аз ранҷу ғамони беҳадат?
«Нак қурозай чанд абрешимбаҳо,
Харҷ кун инрову боз ин ҷо биё».
Пир ларзон гашт, чун онро шунид,
Даст мехойиду бар худ метапид.
Бонг мезад, к-эй Худои беназир!
Бас, ки аз шарм об шуд бечора пир.
Чун басе бигрист в-аз ҳад рафт дард,
Чангро зад бар замину хурд кард.
Гуфт: «Эй буда ҳиҷобам аз Илоҳ!
Эй маро ту роҳзан аз шоҳроҳ!
Эй бихӯрда хуни ман ҳафтод сол!
Эй зи ту рӯям сияҳ пеши камол!
Эй Худои боатои бовафо,
Раҳм кун бар умри рафта дар ҷафо.
Дод Ҳақ умре, ки ҳар рӯзе аз он
Кас надонад қимати он дар ҷаҳон.
Харҷ кардам умри худро дам ба дам,
Дардамидам ҷумларо дар зеру бам.
Оҳ, к-аз ёди раҳу пардай «Ироқ»
Рафт аз ёдам дами талхи фироқ.
Вой, к-аз таррии зерафганди хурд,
Хушк шуд кишти дили ман, дил бимурд.
Вой, к-аз овози ин бисту чаҳор
Корвон бигзашту бегаҳ шуд наҳор.
Эй Худо, фарёд з-ин фарёдхоҳ,
Дод хоҳам, на зи кас, з-ин додхоҳ.
Доди худ аз кас наёбам, ҷуз магар
З-он ки ӯ аз ман ба ман наздиктар.
К-ин мане аз вай расад дам-дам маро,
Пас варо бинам, чу ин шуд кам маро.
Ҳамчу он к-ӯ бо ту бошад заршумар,
Сӯйи ӯ дорӣ, на сӯйи худ назар».


Гардонидани Умар разийаллоҳу анҳу назари ӯро аз мақоми гиря, ки ҳастӣ аст ба мақоми истиғроқ

Пас Умар гуфташ, ки ин зории ту
Ҳаст ҳам осори ҳушёрии ту.
Роҳи фонигашта роҳи дигар аст,
З-он ки ҳушёрӣ гуноҳе дигар аст.
Ҳаст ҳушёрӣ зи ёди момазо,
Мозиву мустақбалат пардай Худо.
Оташ андарзан ба ҳар ду, то ба кай
Пургиреҳ бошӣ аз ин ҳар ду чу най?
То гиреҳ бо най бувад, ҳамроз нест,
Ҳамнишини он лабу овоз нест.
Чун ба тавфӣ, худ ба тавфе муртадӣ,
Чун ба хона омадӣ, ҳам бо х(в)адӣ.
Эй хабарҳот аз хабардеҳ бехабар,
Тавбаи ту аз гуноҳи ту батар.
Эй ту аз ҳоли гузашта тавбаҷӯ,
Кай кунӣ тавба аз ин тавба? Бигӯ!
Гоҳ бонги зерро қибла кунӣ,
Гоҳ гирйаяй зорро қубла занӣ.
Чунки Форуқ оинай асрор шуд,
Ҷони пир аз андарун бедор шуд,
Ҳамчу ҷон бегиряву беханда шуд,
Ҷон-ш рафту ҷони дигар зинда шуд.
Ҳайрате омад дарунаш он замон,
Ки бурун шуд аз замину осмон.
Ҷустуҷӯе аз варои ҷустуҷӯ
Ман намедонам. Ту медонӣ, бигӯ!
Ҳолу қоле аз варои ҳолу қол
Ғарқа гашта дар ҷамоли зулҷалол.
Ғарқае на, ки халосӣ бошадаш,
Ё ба ҷуз дарё касе бишносадаш.
Ақли ҷузв аз кулл гӯё нестӣ,
Гар тақозо бар тақозо нестӣ.
Чун тақозо бар тақозо мерасад,
Мавҷи он дарё бад-ин ҷо мерасад.
Чунки қиссай ҳоли пир ин ҷо расид,
Пиру ҳолаш рӯй дар парда кашид.
Пир доманро зи гуфтугӯ фишонд,
Нимгуфта дар даҳони мо бимонд.
Аз пайи ин айшу ишрат сохтан
Садҳазорон ҷон бишояд бохтан.
Дар шикори бешаи ҷон боз бош,
Ҳамчу хуршеди ҷаҳон ҷонбоз бош.
Ҷонфишон афтод хуршеди баланд,
Ҳар даме тай мешавад, пур мекунанд.
Ҷон фишон, эй офтоби маънавӣ!
Мар ҷаҳони кӯҳнаро бинмо навӣ.
Дар вуҷуди одамӣ ҷону равон
Мерасад аз ғайб чун оби равон.

Тафсири дуъои он ду фаришта, ки ҳар рӯз бар сари ҳар бозоре мунодӣ мекунанд, ки «аллоҳумма аъти кулла мунфиқин халафан, аллоҳумма аъти кулла мумсикин талафан» ва баён кардан, ки он мунфиқ муҷоҳиди роҳи Ҳақ аст, на мусрифи роҳи ҳаво

Гуфт пайғамбар, ки доим баҳри панд
Ду фаришта хуш мунодӣ мекунанд.
К-эй Худоё, мунфиқонро сер дор,
Ҳар дирамшонро иваз деҳ сад ҳазор.
Эй Худоё, мумсиконро дар ҷаҳон
Ту мадеҳ илло зиён андар зиён.
Эй басо имсок, к-аз инфоқ беҳ,
Моли Ҳақро ҷуз ба амри Ҳақ мадеҳ.
То иваз ёбӣ ту ганҷи бекарон,
То набошӣ аз адоди кофирон.
Амри Ҳақро бозҷӯ аз восиле,
Амри Ҳақро дарнаёбад ҳар диле.
Дар нубӣ инзори аҳли ғафлат аст,
К-он ҳама инфоқҳошон ҳасрат аст.
Сарварони Макка дар ҳарби расул
Будашон қурбон ба уммеди қабул.
К-уштурон қурбон ҳамекарданд, то
Чира гардад теғашон бар Мустафо.
Чу ғуломи ёғие, к-ӯ адл кард,
Моли шаҳ бар ёғиён ӯ базл кард.
Адли ин ёғиву додаш назди шоҳ
Чӣ физояд? Дуриву рӯйи сиёҳ.
Баҳри ин мӯъмин ҳамегӯяд зи бим,
Дар намоз «иҳӣ сирота-л-мустақим».
Он дирам додан сахиро лоиқ аст,
Ҷон супурдан худ сахои ошиқ аст.
Нон диҳӣ аз баҳри Ҳақ, нонат диҳанд,
Ҷон диҳӣ аз баҳри Ҳақ, ҷонат диҳанд.
Гар бирезад баргҳои ин чинор,
Барги бебаргиш бахшад кирдгор.
Гар намонд аз ҷуд дар дасти ту мол,
Кай кунад фазли илоҳат поймол?
Ҳар кӣ корад, гардад анбораш тиҳӣ,
Лекаш андар мазраъа бошад беҳӣ.
В-он ки дар анбор монду сарфа кард,
Ишпушу муши ҳаводис пок х(в)ард.
Ин ҷаҳон нафй аст, дар исбот ҷӯ,
Суратат сифр аст, дар маънот ҷӯ.
Ҷони шӯри талх пеши теғ бар,
Ҷони чун дарёи ширинро бихар.
В-ар намедонӣ шудан з-ин остон,
Боре аз ман гӯш кун ин достон:

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт

Як халифа буд дар айёми пеш,
Карда Ҳотамро ғуломи ҷуди хеш.
Рояти икрому дод афрошта,
Фақру ҳоҷат аз ҷаҳон бардошта.
Баҳру дар аз бахшишаш соф омада,
Доди ӯ аз Қоф то Қоф омада.
Дар ҷаҳони хок абру об буд,
Мазҳари бахшоиши ваҳҳоб буд.
Аз атояш баҳру кон дар зилзила,
Сӯйи ҷудаш қофила бар қофила.
Қиблаи ҳоҷат дару дарвозааш,
Рафта дар олам ба ҷуд овозааш.
Ҳам Аҷам, ҳам Рум, ҳам Турку Араб,
Монда аз ҷуду сахояш дар аҷаб.
Оби ҳайвон буду дарёи карам,
Зинда гашта ҳам Араб з-ӯ, ҳам Аҷам.

Қиссаи аъробии дарвеш ва моҷарои зани ӯ бо ӯ ба сабаби қиллату дарвешӣ
Як шаб аъробизане мар шӯйро
Гуфту аз ҳад бурд гуфтугӯйро,
К-ин ҳама фақру ҷафо мо мекашем,
Ҷумла олам дар хушӣ, мо нох(в)ашем.
Нонамон на, нонхуришмон дарду рашк,
Кӯзамон на, обамон аз дида ашк.
Ҷомаи мо рӯз тоби офтоб,
Шаб ниҳолину лиҳоф аз моҳтоб.
Қурси маҳро қурси нон пиндошта,
Даст сӯйи осмон бардошта.
Нанги дарвешон зи дарвешии мо,
Рӯзу шаб аз рӯзиандешии мо.
Хешу бегона шуда аз мо рамон,
Бар мисоли Сомирӣ аз мардумон.
Гар бихоҳам аз касе як мушт наск,
Мар маро гӯяд хамуш кун маргу ҷаск.
Мар Арабро фахр ғазв асту ато,
Дар Араб ту, ҳамчу андар хат хато.
Чӣ ғазо? Мо бе ғазо худ куштаем,
Мо ба теғи фақр бесар гаштаем.
Чӣ ато? Мо бар гадоӣ метанем,
Мар магасро дар ҳаво раг мезанем.
Гар касе меҳмон расад, гар ман манам,
Шаб бихусбад, далқаш аз тан барканам.

Мағрур шудани муридони мӯҳтоҷ ба муддаиёни музаввар ва эшонро шайх ва мӯҳташаму восил пиндоштан ва нақлро аз нақд фарқ нодонистан ва барбастаро аз барруста

Баҳри ин гуфтанд доноён ба фан:
«Меҳмони мӯҳсинон бояд шудан».
Ту муриду меҳмони он касе,
К-ӯ ситонад ҳосилатро аз хасе.
Нест чира, чун туро чира кунад?
Нур надҳад, мар туро тира кунад.
Чун варо нуре набуд андар қирон,
Нур кай ёбанд аз вай дигарон?
Ҳамчу аъмаш, к-ӯ кунад доруи чашм,
Чӣ кашад дар чашмҳо, илло, ки пашм?
Ҳоли мо ин аст дар фақру ано,
Ҳеч меҳмоне мабо мағрури мо.
Қаҳти даҳ сол ар надидӣ дар сувар,
Чашмҳо бигшову андар мо нигар.
Зоҳири мо чун даруни муддаӣ,
Дар дилаш зулмат, забонаш шаъшаъӣ.
Аз Худо бӯйе на ӯро, на асар,
Даъвияш афзун зи Шису Булбашар.
Дев нанмуда варо ҳам нақши хеш,
ӯ ҳамегӯяд: «Зи абдолем беш».
Ҳарфи дарвешон бидуздида басе,
То гумон ояд, ки ҳаст ӯ худ касе.
Хурда гирад дар сухан бар Боязид,
Нанг дорад аз даруни ӯ Язид.
Бенаво аз нону хони осмон,
Пеши ӯ нандохт Ҳақ як устухон.
ӯ нидо карда, ки хон бинҳодаам,
Ноиби Ҳаққам, халифазодаам.
Ас-сало, содадилони печ-печ,
То хуред аз хони ҷудам сер ҳеч.
Солҳо бар ваъдаи фардо касон,
Гирди он дар гашта фардо норасон.
Дер бояд то, ки сирри одамӣ
Ошкоро гардад аз бешу камӣ:
Зери девори бадан ганҷ аст ё
Хонаи мор асту мӯру аждаҳо?
Чунки пайдо гашт, к-ӯ чизе набуд,
Умри толиб рафт, огоҳӣ чӣ суд?

Дар баёни он ки нодир афтад, ки муриде дар муддаии музаввар эътиқод ба сидқ бибандад, ки ӯ касе аст ва бад-ин эътиқод ба мақоме бирасад, ки шайхаш дар хоб надида бошад ва обу оташ ӯро газанд накунад ва шайхашро газанд кунад, валекин ба нодири нодир

Лек нодир толиб ояд, к-аз фурӯғ
Дар ҳақи ӯ нофеъ ояд он дурӯғ.
ӯ ба қасди неки худ ҷойе расад,
Гарчи ҷон пиндошт в-он омад ҷасад.
Чун таҳаррӣ дар дили шаб қибларо,
Қибла неву он намози ӯ раво.
Муддаиро қаҳти ҷон андар сир аст,
Лек моро қаҳти нон бар зоҳир аст.
Мо чаро чун муддаӣ пинҳон кунем?
Баҳри номуси музаввар ҷон канем?

Сабр фармудани аъробӣ зани худро ва фазилати сабру фақр баён кардан бо зан

Шӯй гуфташ: «Чанд ҷӯйӣ дахлу кашт?
Худ чӣ монд аз умр? Афзунтар гузашт.
Оқил андар бешу нуқсон нангарад,
З-он ки ҳар ду ҳамчу селе бигзарад.
Хоҳ софу хоҳ сели тирарӯ,
Чун намепояд даме, аз вай магӯ.
Андар ин олам ҳазорон ҷонвар,
Мезияд хушайш бе зеру забар.
Шукр мегӯяд Худоро фохта,
Бар дарахту барги шаб носохта.
Ҳамд мегӯяд Худоро андалеб,
К-эътимоди ризқ бар туст, эй муҷиб!
Боз дасти шоҳро карда навид,
Аз ҳама мурдор бубрида умед.
Ҳамчунин аз пашша гирӣ то ба пил,
Шуд «иёлуллоҳу ҳақ неъма-л-муъил».
Ин ҳама ғамҳо, ки андар синаҳост,
Аз бухору гарди боду буди мост.
Ин ғамони бехкан чун доси мост,
«Инчунин шуд в-ончунон» васвоси мост.
Дон, ки ҳар ранҷе, зи мурдан пораест,
Ҷузви марг аз худ бирон, гар чораест
Чун зи ҷузви марг натвонӣ гурехт,
Дон, ки куллаш бар сарат хоҳанд рехт.
Ҷузви марг ар гашт ширин мар туро,
Дон, ки ширин мекунад кулро Худо.
Дардҳо аз марг меояд расул,
Аз расулаш рӯ магардон, эй фазул!
Ҳар кӣ ширин мезияд, ӯ талх мурд,
Ҳар кӣ ӯ танро парастад, ҷон набурд.
Гӯсфандонро зи саҳро мекашанд,
Он кӣ фарбеҳтар, мар онро мекушанд.
Шаб гузашту субҳ омад, эй Тамар!
Чанд гирӣ ин фасонай зар зи сар?
Ту ҷавон будиву қонеътар будӣ,
Зарталаб гаштӣ, худ аввал зар будӣ.
Зар будӣ пурмева, чун косид шудӣ?
Вақти мева пухтанат фосид шудӣ?
Меваат бояд, ки ширинтар шавад,
Чун расан тобон на вопастар равад.
Ҷуфти мойӣ, ҷуфт бояд ҳамсифат,
То барояд корҳо бо маслиҳат.
Ҷуфт бояд бар мисоли ҳамдигар,
Дар ду ҷуфти кафшу мӯза дарнигар.
Гар яке кафш аз ду танг ояд ба по,
Ҳар ду ҷуфташ кор н-ояд мар туро.
Ҷуфти дар як хурду он дигар бузург?
Ҷуфти шери беша дидӣ ҳеҷ гург?
Рост н-ояд бар шутур ҷуфти ҷувол,
Он яке холиву ин пур мол-мол.
Ман равам сӯйи қаноат дилқавӣ,
Ту чаро сӯйи шаноат меравӣ?»
Мард қонеъ аз сари ихлосу сӯз
З-ин насақ мегуфт бо зан то ба рӯз.

Насиҳат кардани зан мар шӯйро, ки сухани афзун аз қадам ва аз мақоми худ магӯ, «лима тақулуна мо ло тафъалуна», ки ин суханҳо агарчи рост аст, он мақоми таваккул туро нест ва ин сухан гуфтан фавқи мақому муомилаи худ зиён дорад ва «кабура мақтан индаллоҳ» бошад

Зан бар ӯ зад бонг, к-эй номускеш!
Ман фусуни ту нахоҳам хӯрд беш.
Турраҳот аз даъвиву даъват магӯ,
Рав, сухан аз кибру аз нахват магӯ.
Чанд ҳарфи тумтароқу кору бор?
Кору ҳоли худ бибину шарм дор.
Кибр зишту аз гадоён зишттар,
Рӯз сарду барфу он гаҳ ҷома тар!
Чанд даъвову даму боду бурут?
Эй туро хона чу байтуланкабут.
Аз қаноат кай ту ҷон афрӯхтӣ?
Аз қаноатҳо ту ном омӯхтӣ.
Гуфт пайғамбар: «Қаноат чист? Ганҷ»,
Ганҷро ту вонамедонӣ зи ранҷ.
Ин қаноат нест ҷуз ганҷи равон,
Ту мазан лоф, эй ғаму ранҷи равон!
Ту махонам ҷуфт, камтар зан бағал,
Ҷуфти инсофам, наям ҷуфти дағал.
Чун қадам бо миру бо баг мезанӣ,
Чун малахро дар ҳаво раг мезанӣ?
Бо сагон з-ин устухон дар чолишӣ,
Чун найи ишкамтиҳӣ дар нолишӣ.
Сӯйи ман мангар ба хорӣ суст-суст,
То нагӯям ончӣ дар рагҳои туст.
Ақли худро аз ман афзун дидаӣ?
Мар мани камақлро чун дидаӣ?
Ҳамчу гурги ғофил андар мо маҷеҳ,
Эй зи нанги ақли ту беақл беҳ.
Чунки ақли ту ақилай мардум аст,
Он на ақл аст, он ки мору каждум аст.
Хасми зулму макри ту Аллоҳ бод,
Фазлу ақли ту, зи мо кӯтоҳ бод.
Ҳам ту морӣ, ҳам фусунгар, ин аҷаб!
Моргиру морӣ, эй нанги араб!
Зоғ агар зиштии худ бишнохтӣ,
Ҳамчу барф аз дарду ғам бигдохтӣ.
Марди афсунгар бихонад чун адӯ,
ӯ фусун бар мору мор афсун бар ӯ.
Гар набудӣ доми ӯ афсуни мор,
Кай фусуни морро гаштӣ шикор?
Марди афсунгар зи ҳирси касбу кор
Дарнаёбад он замон афсуни мор.
Мор гӯяд: «Эй фусунгар ҳину ҳин!
Они худ дидӣ? Фусуни ман бибин.
Ту ба номи Ҳақ фиребӣ мар маро,
То кунӣ расвои шӯру шар маро.
Номи Ҳаққам баст, не он ройи ту,
Номи Ҳақро дом кардӣ, войи ту!
Номи Ҳақ бистонад аз ту доди ман,
Ман ба номи Ҳақ супурдам ҷону тан.
Ё ба захми ман раги ҷонат бурад,
Ё ки ҳамчун ман ба зиндонат барад».
Зан аз ин гуна хашин гуфторҳо
Хонд бар шӯйи ҷавон тӯморҳо.

Насиҳат кардани мард мар занро, ки дар фақирон ба хорӣ манигар ва дар кори Ҳақ ба гумони камол нигар ва таъна мазан дар фақру фақирон ба хаёл ва гумони бенавоии хештан

Гуфт: «Эй зан, ту занӣ ё булҳазан?
Фақр фахр омад, маро бар сар мазан.
Молу зар сарро бувад ҳамчун кулоҳ,
Кал бувад ӯ, к-аз кулаҳ созад паноҳ.
Он кӣ зулфи ҷаъду раъно бошадаш,
Чун кулоҳаш рафт, хуштар оядаш.
Марди Ҳақ бошад ба монанди басар,
Пас бараҳна беҳ, ки пӯшида назар.
Вақти арза кардан он бардафурӯш
Барканад аз банда ҷомай айбпӯш.
В-ар бувад айбе, бараҳнаш кай кунад?
Бал ба ҷома худъае бо вай кунад:
Гӯяд ин шарманда аст аз неку бад,
Аз бараҳна кардан ӯ аз ту рамад.
Хоҷа дар айб аст ғарқа то ба гӯш,
Хоҷаро мол асту молаш айбпӯш.
К-аз тамаъ, айбаш набинад томеъе,
Гашт дилҳоро тамаъҳо ҷомеъе
В-ар гадо гӯяд сухан чун зарри кон,
Раҳ наёбад колаи ӯ дар дукон.
Кори дарвешӣ варои фаҳми туст,
Сӯйи дарвеше бимангар суст-суст.
З-он ки дарвешон варои милку мол
Рӯзие доранд, жарф аз зулҷалол.
Ҳақ таъоло одил асту одилон,
Кай кунанд истамгарӣ бар бедилон?
Он якеро неъмату коло диҳанд
В-ин дигарро бар сари оташ ниҳанд.
Оташаш сӯзад, ки дорад ин гумон,
Бар Худову холиқи ҳар ду ҷаҳон.
«Фақру фахре» аз газоф асту маҷоз?
На ҳазорон иззи пинҳон асту ноз.
Аз ғазаб бар ман лақабҳо рондӣ,
Ёргиру моргирам хондӣ.
Гар бигирам, барканам дандони мор,
То-ш аз сар кӯфтан набвад зирор.
З-он ки он дандон адувви ҷони ӯст,
Ман адӯро мекунам з-ин илм дӯст.
Аз тамаъ ҳаргиз нахоҳам ман фусун,
Ин тамаъро кардаам ман сарнигун.
Ҳошалиллаҳ, тамъи ман аз халқ нест,
Аз қаноат дар дили ман оламест.
Бар сари амрудбун бинӣ чунон,
З-он фуруд о, то намонад он гумон.
Чунки баргардӣ ту, саргашта шавӣ,
Хонаро гарданда бинӣ в-он тувӣ».

Дар баёни он ки ҷунбидани ҳар касе аз он ҷо ки вай аст, ҳар касро аз чанбараи вуҷуди худ бинад. Тобаи кабуд офтобро кабуд намояд ва сурх сурх намояд. Чун тобаҳо аз рангҳо берун ояд, сапед шавад. Аз ҳамаи тобаҳои дигар ӯ ростгӯтар бошад ва имом бошад

Дид Аҳмадро Абӯҷаҳлу бигуфт:
«Зишт нақше, к-аз бани Ҳошим шукуфт».
Гуфт Аҳмад мар варо, ки ростӣ,
Рост гуфтӣ, гарчи корафзостӣ.
Дид Сиддиқаш, бигуфт: «Эй офтоб!
Не зи Шарқӣ, не зи Ғарбӣ, хуш битоб».
Гуфт Аҳмад: «Рост гуфтӣ, эй азиз!
Эй раҳида ту зи дунёи начиз».
Ҳозирон гуфтанд: «Эй садрулваро,
Ростгӯ гуфтӣ ду зидгӯро чаро?»
Гуфт: «Ман ойинаам, масқули даст,
Турку ҳинду дар ман он бинад, ки ҳаст».
«Эй зан, ар таммоъ мебинӣ маро,
З-ин таҳаррии занона бартар о.
Он тамаъро монаду раҳмат бувад,
Ку тамаъ, он ҷо ки он неъмат бувад?
Имтиҳон кун фақрро рӯзе ду ту,
То ба фақр андар ғано бинӣ дутӯ.
Сабр кун бо фақру бигзор ин малол,
З-он ки дар фақр аст иззи зулҷалол.
Сирка мафрӯшу ҳазорон ҷон бибин,
Аз қаноат ғарқи баҳри ангубин.
Садҳазорон ҷони талхе, к-аш нигар,
Ҳамчу гул оғушта андар гулшакар.
Эй дареғо, мар туро гунҷо будӣ,
То зи ҷонам шарҳи дил пайдо шудӣ.
Ин сухан шир аст дар пистони ҷон,
Бекашанда хуш намегардад равон.
Мустамеъ чун ташнаву ҷӯянда шуд,
Воиз ар мурда бувад, гӯянда шуд.
Мустамеъ чун тоза омад бемалол,
Сад забон гардад ба гуфтан гунгу лол.
Чунки номаҳрам дарояд аз дарам,
Парда — дар пинҳон шаванд аҳли ҳарам.
В-ар дарояд маҳраме дур аз газанд,
Баргушоянд он сатирон рӯйбанд.
Ҳар чиро хубу хушу зебо кунанд,
Аз барои дидаи бино кунанд.
Кай бувад овози чангу зеру бам
Аз барои гӯши беҳисси асам?
Мушкро беҳуда Ҳақ хушдам накард,
Баҳри ҳис карду пайи ахшам накард.
Ҳақ замину осмон барсохтаст,
Дар миён бас нору нур афрохтаст.
Ин заминро аз барои хокиён,
Осмонро маскани афлокиён.
Марди суфло душмани боло бувад,
Муштарии ҳар макон пайдо бувад.
Эй сатира, ҳеч ту бархостӣ?
Хештанро баҳри кӯр оростӣ?
Гар ҷаҳонро пурдури макнун кунам,
Рӯзии ту чун набошад, чун кунам?
Тарки ҷангу раҳзанӣ, эй зан бигӯ
В-ар намегӯйӣ, ба тарки ман бигӯ.
Мар маро чӣ ҷойи ҷанги неку бад?
К-ин дилам аз сулҳҳо ҳам мерамад.
Гар хамуш гардӣ вагарна он кунам,
Ки ҳамин дам тарки хону мон кунам.

rumiy

(Tashriflar: umumiy 1 050, bugungi 1)

Izoh qoldiring