Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ. Маснавӣ. Дафтари якум & Маснавии маънавӣ. 5-6-audio

     56«Маснавии маънавӣ» аз бузургтарин осори адабиёти форсу тоҷик ба ҳисоб рафта, андешаҳои фалсафиву ирфонии Мавлавиро фаро мегирад. Аз оғоз то анҷоми маснавӣ, ҳам ҳикмат, ҳам сужет ва ҳам образҳои бадеи ба ҳамдигар иртибот дошта, дар маҷмӯъ як кохи бузурги маърифатро таҷассум мекунад.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
МАСНАВЙ
Дафтари якум (5-6)
067


Баёни таваккул ва тарки ҷаҳд гуфтани нахҷирон ба шер

Тоифай нахҷир дар водии х(в)аш,
Будашон аз шер доим кашмакаш.
Бас ки он шер аз камин медаррабуд,
Он чаро бар ҷумла нохуш гашта буд.
Ҳила карданд, омаданд эшон ба шер,
К-аз вазифа мо туро дорем сер.
Баъд аз ин андар пайи сайде маё,
То нагардад талх бар мо ин гиё.

Ҷавоб гуфтани шер нахҷиронро ва фоидаи ҷаҳд гуфтан

Гуфт: «Оре. Гар вафо бинам, на макр,
Макрҳо бас дидаам аз Зайду Бакр.
Ман ҳалоки феълу макри мардумам,
Ман газидай захми мору каждумам.
Мардуми нафс аз дарунам дар камин,
Аз ҳама мардум батар дар макру кин.
Гӯши ман «ло юлдағу-л-мӯъмин» шунид.
Қавли пайғамбар ба ҷону дил гузид».

Тарҷеҳ ниҳодани нахҷирон таваккулро бар ҷаҳду иктисоб

Ҷумла гуфтанд: «Эй ҳакими бохабар,
Алҳазар, даъ лайса юғно ъан қадар.
Дар ҳазар шӯридани шӯру шар аст,
Рав, таваккул кун, таваккул беҳтар аст.
Бо қазо панҷа мазан, эй тунду тез,
То нагирад ҳам қазо бо ту ситез.
Мурда бояд буд пеши ҳукми Ҳақ,
То наёяд захм аз раббулфалақ».

Тарҷеҳ ниҳодани шер ҷаҳду иктисобро бар таваккулу таслим

Гуфт: «Оре, гар таваккул раҳбар аст,
Ин сабаб ҳам суннати пайғамбар аст».
Гуфт пайғамбар ба овози баланд:
«Бо таваккул зонуи уштур бибанд».
Рамзи «ал-косиб ҳабибуллаҳ» шунав,
Аз таваккул дар сабаб коҳил машав.

Тарҷеҳ ниҳодани нахҷирон таваккулро ба иҷтиҳод

Қавм гуфтандаш ки касб, аз заъфи халқ,
Луқмаи тазвир дон бар қадри ҳалқ.
Нест касбе аз таваккул хубтар,
Чист аз таслим худ маҳбубтар?
Бас гурезанд аз бало сӯйи бало,
Бас ҷаҳанд аз мор сӯйи аждаҳо.
Ҳила кард инсону ҳила-ш дом буд,
Он кӣ ҷон пиндошт, хуношом буд.
Дар бибасту душман андар хона буд,
Ҳилаи Фиръавн з-ин афсона буд.
Садҳазорон тифл кушт он кинакаш
В-он ки ӯ меҷуст андар хонааш.
Дидаи мо чун басе иллат дар ӯст,
Рав, фано кун диди худ дар диди дӯст.
Диди моро диди ӯ ниъм-ал-иваз,
Ёбӣ андар диди ӯ кулли ғараз.
Тифл то гирову то пӯё набуд,
Маркабаш ҷуз гардани бобо набуд.
Чун фузуле гашту дасту по намуд,
Дар ано афтоду дар кӯру кабуд.
Ҷонҳои халқ пеш аз дасту по,
Мепариданд аз вафо андар сафо.
Чун ба амри «иҳбиту» бандӣ шуданд,
Ҳабси хашму ҳирсу хурсандӣ шуданд.
Мо иёли ҳазратему шерхоҳ,
Гуфт: «Ал-халқу иёлун ли-л-илоҳ».
Он кӣ ӯ аз осмон борон диҳад,
Ҳам тавонад, к-ӯ зи раҳмат нон диҳад.

Тарҷеҳ ниҳодани шер ҷаҳдро бар таваккул

Гуфт шер: «Оре, вале рабб-ул-ибод
Нардбоне пеши пойи мо ниҳод.
Поя — поя рафт бояд сӯйи бом,
Ҳаст ҷабрӣ будан ин ҷо тамъи хом.
Пой дорӣ, чун кунӣ худро ту ланг?
Даст дорӣ, чун кунӣ пинҳон ту чанг?»
Хоҷа чун беле ба дасти банда дод,
Безабон маълум шуд ӯро мурод.
Даст ҳамчун бел ишоратҳои ӯст,
Охирандешӣ иборатҳои ӯст.
Чун ишоратҳошро бар ҷон ниҳӣ,
Дар вафои он ишорат ҷон диҳӣ.
Пас ишоратҳои асрорат диҳад,
Бор бардорад зи ту, корат диҳад.
Ҳомилӣ, маҳмул гардонад туро,
Қобилӣ, мақбул гардонад туро.
Қобили амри вайӣ, қобил шавӣ,
Васл ҷӯйӣ, баъд аз он восил шавӣ.
Саъй шукри неъмати қудрат бувад,
Ҷабри ту инкори он неъмат бувад.
Шукри қудрат қудратат афзун кунад,
Ҷабр неъмат аз кафат берун кунад.
Ҷабри ту хуфтан бувад, дар раҳ махусб,
То набинӣ он дару даргаҳ, махусб.
Ҳон, махусб, эй коҳили беэътибор,
Ҷуз ба зери он дарахти мевадор.
То ки шох афшон кунад ҳар лаҳза бод,
Бар сари хуфта бирезад нуқлу зод.
Ҷабру хуфтан дар миёни раҳзанон,
Мурғи беҳангом кай ёбад амон?
В-ар ишоратҳошро бинӣ занӣ,
Марди пиндориву чун бинӣ, занӣ.
Ин қадар ақле, ки дорӣ, гум шавад,
Сар, ки ақл аз вай бипаррад, дум шавад.
З-он ки бешукрӣ бувад шуму шанор,
Мебарад бешукрро дар қаъри нор.
Гар таваккул мекунӣ, дар кор кун,
Кишт кун, пас такя бар ҷаббор кун.

Боз тарҷеҳ ниҳодани нахҷирон таваккулро бар ҷаҳд

Ҷумла бо вай бонгҳо бардоштанд,
К-он ҳарисон, ки сабабҳо коштанд.
Сад ҳазор андар ҳазор аз марду зан,
Пас чаро маҳрум монданд аз заман?
Садҳазорон қарн з-оғози ҷаҳон,
Ҳамчу аждарҳо гушода сад даҳон.
Макрҳо карданд он доногурӯҳ,
Ки зи бун барканда шуд з-он макр кӯҳ.
Кард васфи макрҳошон зулҷалол,
«Литазула минҳу ақлолу-л-ҷибол».
Ҷуз ки он қисмат, ки рафт андар азал,
Рӯй нанмуд аз шикору аз амал.
Ҷумла афтоданд аз тадбиру кор,
Монд кору ҳукмҳои кирдгор.
Касб ҷуз номе мадон, эй номдор,
Ҷаҳд ҷуз ваҳме мапиндор, эй аёр.

Нигаристани Азроил бар марде ва гурехтани он мард дар сарои Сулаймон алайҳиссалом ва тақрири тарҷеҳи таваккул бар ҷаҳд ва қиллати фоидаи ҷаҳд

Родмарде чоштгоҳе даррасид,
Дар сароадли Сулаймон дардавид.
Рӯяш аз ғам зарду ҳар ду лаб кабуд,
Пас Сулаймон гуфт: «Эй хоҷа, чӣ буд?»
Гуфт: «Азроил дар ман инчунин
Як назар андохт пур аз хашму кин».
Гуфт: «Ҳин, акнун чӣ мехоҳӣ, бихоҳ.»
Гуфт: «Фармо бодро, эй ҷонпаноҳ!
То маро з-ин ҷо ба Ҳиндустон барад,
Бу, ки банда, к-он тараф шуд, ҷон барад».
Нак зи дарвешӣ гурезонанд халқ,
Луқмаи ҳирсу амал з-онанд халқ.
Тарси дарвешӣ мисоли он ҳарос,
Ҳирсу кӯшишро ту Ҳиндустон шинос.
Бодро фармуд, то ӯро шитоб
Бурд сӯйи қаъри Ҳиндустон бар об.
Рӯзи дигар вақти девону лиқо,
Пас Сулаймон гуфт Азроилро,
К-он мусулмонро ба хашм аз баҳри он
Бингаридӣ, то шуд овора зи хон?»
Гуфт: «Ман аз хашм кай кардам назар?
Аз тааҷҷуб, дидамаш дар раҳгузар.
Ки маро фармуд Ҳақ, к-имрӯз ҳон!
Ҷони ӯро ту ба Ҳиндустон ситон.
Аз аҷаб гуфтам: «Гар ӯро сад пар аст,
ӯ ба Ҳиндустон шудан дур андар аст».
Ту ҳама кори ҷаҳонро ҳамчунин
Кун қиёсу чашм бигшову бибин.
Аз кӣ бигрезем? Аз худ? Эй муҳол!
Аз кӣ бар бобем? Аз Ҳақ? Эй вабол!

Боз тарҷеҳ ниҳодани шер ҷаҳдро бар таваккул ва фавоиди ҷаҳдро баён кардан

Шер гуфт: «Оре, валекин ҳам бибин,
Ҷаҳдҳои анбиёву мӯъминин.
Ҳақ таъоло ҷаҳдашонро рост кард,
Он чӣ диданд аз ҷафову гарму сард.
Ҳилаҳошон ҷумла ҳол омад, латиф,
«Куллу шайъин мин зарифин ҳу зариф».
Домҳошон мурғи гардунӣ гирифт,
Нақсҳошон ҷумла афзунӣ гирифт.
Ҷаҳд мекун, то тавонӣ, эй киё!
Дар тариқи анбиёву авлиё.
Бо қазо панҷа задан набвад ҷиҳод,
З-он ки инро ҳам қазо бар мо ниҳод.
Кофирам ман, гар зиён кардаст кас
Дар раҳи имону тоат як нафас.
Сар шикаста нест, ин сарро мабанд,
Як-ду рӯзак ҷаҳд кун, боқӣ биханд.
Бадмуҳолӣ ҷуст, к-ӯ дунё биҷуст,
Некҳолӣ ҷуст, к-ӯ уқбо биҷуст.
Макрҳо дар касби дунё борид аст,
Макрҳо дар тарки дунё ворид аст.
Макр он бошад, ки зиндон ҳуфра кард,
Он кӣ ҳуфра баст, он макрест сард.
Ин ҷаҳон зиндону мо зиндониён,
Ҳуфра кун зиндону худро вораҳон.
Чист дунё? Аз Худо ғофил будан
Бе қумошу нақдаву мизону зан.
Молро, к-аз баҳри дин бошӣ ҳамул,
«Неъма молун солеҳун» хондаш расул.
Об дар киштӣ ҳалоки киштӣ аст,
Об андар зери киштӣ пуштӣ аст.
Чунки молу мулкро аз дил биронд,
З-он Сулаймон хеш ҷуз мискин нахонд.
Кӯзаи сарбаста андар оби зафт,
Аз дили пурбод фавқи об рафт.
Боди дарвешӣ чу дар ботин бувад,
Бар сари оби ҷаҳон сокин бувад.
Гарчи ҷумла ин ҷаҳон мулки вай аст,
Мулк дар чашми дили ӯ лошай аст.
Пас даҳони дил бибанду мӯҳр кун,
Пур кунаш аз боди кибри «мин ладун».
Ҷаҳд Ҳақ асту даво Ҳақ асту дард,
Мункир андар нафйи ҷаҳдаш ҷаҳд кард.

Муқаррар шудани тарҷеҳи ҷаҳд бар таваккул

З-ин намат бисёр бурҳон гуфт шер,
К-аз ҷавоб он ҷабриён гаштанд сер.
Рӯбаҳу оҳуву харгӯшу шағол
Ҷабрро бигзоштанду қилу қол.
Аҳдҳо карданд бо шери жаён,
К-андар ин байъат наяфтад — дар зиён.
Қисми ҳаррӯзаш биёбад беҷигар,
Ҳоҷаташ набвад тақозои дигар.
Қуръа бар ҳар кӣ фитодӣ рӯз-рӯз,
Сӯйи он шер ӯ давидӣ ҳамчу юз.
Чун ба харгӯш омад ин соғар ба давр,
Бонг зад харгӯш, к-охир чанд ҷавр?

Инкор кардани нахҷирон бар харгӯш дар таъхири рафтан бари шер

Қавм гуфтандаш, ки чандин гоҳ мо
Ҷон фидо кардем дар аҳду вафо.
Ту маҷӯ бадномии мо, эй ануд,
То наранҷад шер, рав, рав, зуд, зуд.
Ҷавоб гуфтани харгӯш эшонро
Гуфт: «Эй ёрон маро мӯҳлат диҳед,
То ба макрам аз бало берун ҷаҳед.
То амон ёбад ба макрам ҷонатон,
Монад ин мероси фарзандонатон».
Ҳар паямбар умматонро дар ҷаҳон
Ҳамчунин то мухлисе мехондашон.
Гар фалак роҳи буруншав дида буд,
Дар назар чун мардумак печида буд.
Мардумаш чун мардумак диданд хурд,
Дар бузургӣй мардумак кас раҳ набурд.

Эътирози нахҷирон бар сухани харгӯш

Қавм гуфтандаш, ки эй хар, гӯш дор,
Хешро андозаи харгӯш дор.
Ҳин! Чӣ лоф аст ин, ки аз ту беҳтарон
Дарнаёварданд андар хотир он?
Мӯъҷибе ё худ қазомон дар пай аст
В-арна ин дам лоиқи чун ту кай аст?

Ҷавоби харгӯш нахҷиронро

Гуфт: «Эй ёрон, ҳақам илҳом дод,
Мар заиферо қавӣ ройе фитод.
Он чӣ Ҳақ омӯхт мар занбӯрро,
Он набошад шеррову гӯрро.
Хонаҳо созад пур аз ҳалвои тар,
Ҳақ бар ӯ он илмро бигшод дар.
Он чӣ Ҳақ омӯхт кирми пиларо,
Ҳеҷ пиле донад он гун ҳиларо?
Одами хокӣ зи Ҳақ омӯхт илм,
То ба ҳафтум осмон афрӯхт илм.
Ному номуси малакро даршикаст,
Кӯрии он кас, ки дар Ҳақ, дар шак аст,
Зоҳиди шашсадҳазоронсоларо,
Пӯзбанде сохт он гӯсоларо.
То натонад шири илми дин кашид,
То нагардад гирди он қасри машид.
Илмҳои аҳли ҳис шуд пӯзбанд,
То нагирад шир аз он илми баланд.
Қатраи дилро яке гавҳар фитод,
К-он ба дарёҳову гардунҳо надод.
Чанд сурат охир, эй суратпараст!
Ҷони бемаънит аз сурат нараст?
Гар ба сурат одамӣ инсон будӣ,
Аҳмаду Бӯҷаҳл худ яксон будӣ.
Нақш бар девор мисли Одам аст,
Бингар, аз сурат чӣ чизи ӯ кам аст?
Ҷон кам аст он сурати ботобро,
Рав, биҷӯ он гавҳари камёбро.
Шуд сари шерони олам ҷумла паст,
Чун саги асҳобро доданд даст.
Чӣ зиён асташ аз он нақши нуфур?
Чунки ҷонаш ғарқ шуд дар баҳри нур.
Васфу сурат нест андар хомаҳо,
Олиму одил бувад дар номаҳо.
Олиму одил, ҳама маънист бас,
К-иш наёбӣ дар макону пешу пас.
Мезанад бар тан зи сӯйи ломакон,
Менагунҷад дар фалак хуршеди ҷон.

Зикри дониши харгӯш ва баёни фазилату манофеъи донистан

Ин сухан поён надорад, ҳуш дор,
Ҳуш сӯйи қиссаи харгӯш дор.
Гӯши хар бифрӯшу дигар гӯш хар,
К-ин суханро дарнаёбад гӯши хар.
Рав, ту рӯбаҳбозии харгӯш бин,
Макру шерандозии харгӯш бин.
Хотами мулки Сулаймон аст илм,
Ҷумла олам сурату ҷон аст илм.
Одамиро з-ин ҳунар бечора гашт
Халқи дарёҳову халқи кӯҳу дашт.
З-ӯ палангу шер тарсон ҳамчу муш,
З-ӯ наҳангу баҳр дар сафрову ҷӯш.
З-ӯ париву дев соҳилҳо гирифт,
Ҳар яке дар ҷойи пинҳон ҷо гирифт.
Одамиро душмани пинҳон басест,
Одамии боҳазар оқил касест.
Халқ пинҳон зишташону хубашон,
Мезанад дар дил ба ҳар дам кӯбашон.
Баҳри ғусл ар дарравӣ дар ҷӯйбор,
Бар ту осебе занад дар обхор.
Гарчи пинҳон хор дар об аст паст,
Чунки дар ту мехалад, донӣ, ки ҳаст.
Хорхори ваҳйҳову васваса,
Аз ҳазорон кас бувад, на як каса.
Бош, то ҳисҳои ту мубдал шавад,
То бибинишону мушкил ҳал шавад.
То суханҳои киён рад кардаӣ?
То киёнро сарвари х(в)ад кардаӣ?

Бозталабидани нахҷирон аз харгӯш сирри андешаи ӯро

Баъд аз он гуфтанд, к-эй харгӯш, чуст,
Дар миён ор, он чӣ дар идроки туст.
Эй ки бо шере ту дарпечидаӣ,
Бозгӯ ройе, ки андешидаӣ.
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,
Ақлҳо мар ақлро ёрӣ диҳад.
Гуфт пайғамбар: «Бикун, эй ройзан!
Машварат, калмусташору мӯътаман».

Манъ кардани харгӯш он рози эшонро

Гуфт: «Ҳар розе нашояд бозгуфт,
Ҷуфт тоқ ояд гаҳе, гаҳ тоқ ҷуфт.
Аз сафо гар дам занӣ бо ойина,
Тира гардад зуд бо мо ойина.
Дар баёни ин се кам ҷунбон лабат,
Аз заҳобу аз заҳаб в-аз мазҳабат.
К-ин серо хасм аст бисёру адӯ,
Дар каминат истад, чун донад ӯ.
В-ар бигӯйӣ бо яке ду алвадоъ,
«Куллу сиррин ҷоваза-л-иснайни шоъ».
Гар ду-се паррандаро бандӣ ба ҳам,
Бар замин монанд маҳбус аз алам.
Машварат доранд сарпӯшида хуб,
Дар киноят бо ғалатафган машуб.
Машварат кардӣ паямбар баста сар,
Гуфта эшонаш ҷавобу бехабар.
Дар мисоле баста гуфтӣ ройро,
То надонад хасм аз сар пойро.
ӯ ҷавоби хеш бигрифтӣ аз ӯ
В-аз суолаш менабурдӣ ғайр бӯ.

Қиссаи макри харгӯш

Соате таъхир кард андар шудан,
Баъд аз он шуд пеши шери панҷазан.
З-он сабаб, к-андар шудан ӯ монд дер,
Хокро меканду меғуррид шер.
Гуфт: «Ман гуфтам, ки аҳди он хасон
Хом бошад хому сусту норасон.
Дамдамай эшон маро аз хар фиканд,
Чанд бифребад маро ин даҳр, чанд?
Сахт дармонад амири сустриш,
Чун на пас бинад, на пеш аз аҳмақиш».
Роҳ ҳамвор аст, зераш домҳо,
Қаҳти маънӣ дар миёни номҳо.
Лафзҳову номҳо чун домҳост,
Лафзи ширин реги оби умри мост.
Он яке реге, ки ҷӯшад об аз ӯ,
Сахт камёб аст, рав, онро биҷӯ.
Ҳаст он рег, эй писар, марди Худо,
К-ӯ ба Ҳақ пайваст в-аз худ шуд ҷудо.
Оби азби дин ҳамеҷӯшад аз ӯ,
Толибонро з-он ҳаёт асту нумӯ.
Ғайри марди Ҳақ чу реги хушк дон,
К-оби умратро хурад ӯ ҳар замон.
Толиби ҳикмат шав аз марди ҳаким,
То аз ӯ гардӣ ту бинову алим.
Манбаи ҳикмат шавад ҳикматталаб,
Фориғ ояд ӯ зи таҳсилу сабаб.
Лавҳи ҳофиз лавҳи маҳфузе шавад,
Ақли ӯ аз рӯҳ маҳзузе шавад.
Чун муаллим буд ақлаш з-ибтидо,
Баъд аз ин шуд ақл шогирде варо.
Ақл чун Ҷабрил гӯяд: «Аҳмадо!
Гар яке гоме ниҳам, сӯзад маро.
Ту маро бигзор, з-ин пас пеш рон,
Ҳадди ман ин буд, эй султони ҷон».
Ҳар кӣ монд аз коҳилӣ бе шукру сабр,
ӯ ҳамин донад, ки гирад пойи ҷабр.
Ҳар кӣ ҷабр овард, худ ранҷур кард,
То ҳамон ранҷурияш дар гӯр кард.
Гуфт пайғамбар, ки ранҷурӣ ба лоғ,
Ранҷ орад, то бимирад чун чароғ.
Ҷабр чӣ бвад? Бастани ишкастаро,
Ё бипайвастан раге бигсастаро.
Чун дар ин раҳ, пойи худ нашкастаӣ,
Бар кӣ механдӣ? Чӣ поро бастаӣ?
В-он ки пояш дар раҳи кӯшиш шикаст,
Даррасид ӯро буроқу барнишаст.
Ҳомили дин буд ӯ, маҳмул шуд,
Қобили фармон буд ӯ, мақбул шуд.
То кунун фармон пазируфтӣ зи шоҳ,
Баъд аз ин фармон расонад бар сипоҳ.
То кунун ахтар асар кардӣ дар ӯ,
Баъд аз ин бошад амири ахтар ӯ.
Гар туро ашкол ояд дар назар,
Пас ту шак дорӣ дар «иншаққа-л-қамар».
Тоза кун имон, на аз гуфти забон,
Эй ҳаворо тоза карда дар ниҳон.
То ҳаво тоза-ст, имон тоза нест,
К-ин ҳаво ҷуз қуфли он дарвоза нест.
Кардаӣ таъвил ҳарфи бикрро,
Хешро таъвил кун, на зикрро.
Бар ҳаво таъвили Қуръон мекунӣ,
Пасту каж шуд аз ту маънии санӣ.

Зиёфати таъвили ракики магас

Он магас бар барги коҳу бавли хар
Ҳамчу киштибон ҳамеафрошт сар.
Гуфт: «Ман дарёву киштӣ хондаам,
Муддате дар фикри он мемондаам.
Инак, ин дарёву ин киштиву ман,
Марди киштибону аҳли ройзан.
Бар сари дарё ҳамеронд ӯ амад,
Менамудаш он қадар берун зи ҳад.
Буд беҳад он чамин, нисбат бад-ӯ,
Он назар, ки бинад онро рост, ку?
Оламаш чандон бувад, к-аш биниш аст,
Чашм чандин, баҳр ҳам чандинаш аст.
Соҳиби таъвили ботил чун магас,
Ваҳми ӯ бавли хару тасвири хас.
Гар магас таъвил бигзорад ба рой,
Он магасро бахт гардонад ҳумой.
Он магас набвад, к-аш ин ибрат бувад,
Рӯҳи ӯ на дархури сурат бувад.

Тӯлидани шер аз дер омадани харгӯш

Ҳамчу он харгӯш, к-ӯ бар шер зад,
Рӯҳи ӯ, кай буд андар хурди қад?
Шер мегуфт аз сари тезиву хашм,
К-аз раҳи гӯшам адӯ барбаст чашм.
Макрҳои ҷабриёнам баста кард,
Теғи чӯбиншон танамро хаста кард.
З-ин сипас ман нашнавам он дамдама,
Бонги девон асту ғулон он ҳама.
Бардарон, эй дил, ту эшонро, маист,
Пӯстшон баркан, к-ишон ҷуз пӯст нест.
Пӯст чӣ бвад? Гуфтаҳои ранг-ранг,
Чун зиреҳ бар об, к-аш набвад диранг.
Ин сухан чун пӯсту маънӣ мағз дон,
Ин сухан чун нақшу маънӣ ҳамчу ҷон.
Пӯст бошад мағзи бадро айбпӯш,
Мағзи некӯро зи ғайрат ғайбпӯш.
Чун қалам аз об буд, дафтар зи об,
Ҳар чӣ бинвисӣ, фано гардад шитоб.
Нақши об аст, ар вафо ҷӯйӣ аз он,
Бозгардӣ дастҳои худ газон.
Бод дар мардум ҳавову орзуст,
Чун ҳаво бигзоштӣ, пайғом ҳуст.
Хуш бувад пайғомҳои кирдгор,
К-ӯ зи сар то пой бошад пойдор.
Хутбаи шоҳон бигардад в-он киё
Ҷуз киёву хутбаҳои анбиё.
З-он ки бавши подшоҳон аз ҳавост,
Борномай анбиё аз кибриёст.
Аз дирамҳо номи шоҳон баркананд,
Номи Аҳмад то абад бармезананд.
Номи Аҳмад номи ҷумлай анбиёст,
Чунки сад омад, навад ҳам пеши мост.

Ҳам дар баёни макри харгӯш

Дар шудан харгӯш бас таъхир кард,
Макрро бо хештан тақрир кард.
Дар раҳ омад баъди таъхири дароз,
То ба гӯши шер гӯяд як-ду роз.
То чӣ оламҳост дар савдои ақл,
То чӣ бопаҳност ин дарёи ақл.
Сурати мо андар ин баҳри азоб,
Медавад чун косаҳо бар рӯйи об.
То нашуд пур бар сари дарё чу ташт,
Чунки пур шуд ташт, дар вай ғарқ гашт.
Ақл пинҳон асту зоҳир оламе,
Сурати мо мавҷ ё аз вай наме.
Ҳар чӣ сурат ме-василат созадаш,
З-он василат баҳр дур андозадаш.
То набинад дил диҳандай розро,
То набинад тир дурандозро.
Асби худро ёва донад в-аз ситез
Медавонад асби худ дар роҳ тез.
Асби худро ёва донад он ҷавод
В-асб худ ӯро кашон карда чу бод.
Дар фиғону ҷустуҷӯ он хирасар,
Ҳар тараф пурсону ҷӯён дар ба дар.
К-он ки дуздид асби моро, куву кист?
Ин ки зери рони туст, эй хоҷа чист?
Оре ин асб аст, лек ин асб ку?
Бо худ ой, эй шаҳсавори асбҷӯ.
Ҷон зи пайдоиву наздикист гум,
Чун шикам пуробу лабхушкӣ чу хум.
Кай бибинӣ сурху сабзу фурро,
То набинӣ пеш аз ин се нурро.
Лек чун дар ранг гум шуд ҳуши ту,
Шуд зи нур он рангҳо рӯпӯши ту.
Чунки шаб он рангҳо мастур буд,
Пас бидидӣ диди ранг аз нур буд.
Нест диди ранг бенури бурун,
Ҳамчунин ранги хаёли андарун.
Ин бурун аз офтобу аз суҳо
В-андарун аз акси анвори уло.
Нури нури чашм, худ нури дил аст,
Нури чашм аз нури дилҳо ҳосил аст.
Боз нури нури дил нури Худост,
К-ӯ зи нури ақлу ҳис поку ҷудост.
Шаб набуд нуру надидӣ рангҳо,
Пас ба зидди нур пайдо шуд туро.
Дидани нур аст, он гаҳ диди ранг
В-ин ба зидди нур донӣ бедиранг.
Ранҷу ғамро Ҳақ пайи он офарид,
То бад-ин зид хушдилӣ ояд падид.
Пас, ниҳониҳо ба зид пайдо шавад,
Чунки Ҳақро нест зид, пинҳон бувад.
Ки назар бар нур буд, он гаҳ ба ранг,
Зид ба зид пайдо бувад чун руму занг.
Пас ба зидди нур донистӣ ту нур,
Зидзидро менамояд дар судур.
Нури Ҳақро нест зидде дар вуҷуд,
То ба зид ӯро тавон пайдо намуд.
Лоҷарам абсори мо «ло тудрикуҳ,
Ва-ҳва юдрик», бин ту аз Мӯсову кӯҳ.
Сурат аз маънӣ, чу шер аз беша дон,
Ё чу овозу сухан з-андеша дон.
Ин сухан в-овоз аз андеша хост,
Ту надонӣ баҳри андеша куҷост.
Лек чун мавҷи сухан дидӣ латиф,
Баҳри он донӣ, ки бошад ҳам шариф.
Чун зи дониш мавҷи андеша битохт,
Аз сухан в-овози ӯ сурат бисохт.
Аз сухан сурат бизоду боз мурд,
Мавҷ худро боз андар баҳр бурд.
Сурат аз бесуратӣ омад бурун,
Боз шуд, к- «инно илайҳи роҷиъун».
Пас туро ҳар лаҳза маргу раҷъатест,
Мустафо фармуд: «Дунё соатест».
Фикри мо тирест аз ҳу дар ҳаво,
Дар ҳаво кай пояд? Ояд то Худо.
Ҳар нафас нав мешавад дунёву мо,
Бехабар аз нав шудан андар бақо.
Умр ҳамчун ҷӯй нав-нав мерасад,
Мустамирре менамояд дар ҷасад.
Он зи тезӣ мустамаршакл омадаст,
Чун шарар, к-аш тез ҷунбонӣ ба даст.
Шохи оташро биҷунбонӣ ба соз,
Дар назар оташ намояд бас дароз.
Ин дарозимуддат аз тезии сунъ,
Менамояд суръатангезии сунъ.
Толиби ин сирр агар алломаест,
Нак Ҳусомуддин, ки соминомаест.

Расидани харгӯш ба шер

Шер андар оташу дар хашму шӯр,
Дид, к-он харгӯш меояд зи дур.
Медавад бедаҳшату густох ӯ,
Хашмгину тунду тезу туршрӯ.
К-аз шикаста омадан тӯҳмат бувад
В-аз далерӣ дафъи ҳар райбат бувад.
Чун расид ӯ пештар наздики саф,
Бонг барзад шер: «Ҳон, эй нохалаф.
Ман, ки пилонро зи ҳам бидридаам,
Ман, ки гӯши шери нар молидаам.
Нимхаргӯше кӣ бошад, ки чунин
Амри моро афганад ӯ бар замин?
Тарки хоби ғафлати харгӯш кун,
Ғурраи ин шер – эй хар, гӯш кун».

Узр гуфтани харгӯш

Гуфт харгӯш: «Ал-амон, узрем ҳаст,
Гар диҳад афви худовандит даст».
Гуфт: «Чӣ узр, эй қусури аблаҳон?
Ин замон оянд дар пеши шаҳон?
Мурғи бевақтӣ, сарат бояд бурид,
Узри аҳмақро намешояд шунид.
Узри аҳмақ бадтар аз ҷурмаш бувад,
Узри нодон заҳри ҳар дониш бувад.
Узрат, эй харгӯши аз дониш тиҳӣ,
Ман на харгӯшам, ки дар гӯшам ниҳӣ».
Гуфт: «Эй шаҳ, нокасеро кас шумор,
Узри истамдидаеро гӯш дор.
Хос аз баҳри закоти ҷоҳи худ,
Гумраҳеро ту марон аз роҳи худ.
Баҳр, к-ӯ обе ба ҳар ҷӯ медиҳад,
Ҳар хасеро бар сару рӯ мениҳад.
Кам нахоҳад гашт дарё з-ин карам,
Аз карам дарё нагардад бешу кам».
Гуфт: «Дорам ман карам бар ҷойи ӯ,
Ҷомаи ҳар кас бурам болойи ӯ».
Гуфт: «Бишнав, гар набошам ҷойи лутф,
Сар ниҳодам пеши аждарҳои унф.
Ман ба вақти чошт дар роҳ омадам,
Бо рафиқи худ суйи шоҳ омадам.
Бо ман аз баҳри ту харгӯше дигар
Ҷуфту ҳамраҳ карда буданд он нуфар.
Шере андар роҳ қасди банда кард,
Қасди ҳар ду ҳамраҳи оянда кард.
Гуфтамаш: «Мо бандаи шоҳаншаҳем,
Хоҷатошони кеҳи он даргаҳем».
Гуфт: «Шоҳаншаҳ кӣ бошад? Шарм дор,
Пеши ман ту ёди ҳар нокас маёр.
Ҳам турову ҳам шаҳатро бардарам,
Гар туву ёрат бигардед аз дарам».
Гуфтамаш: «Бигзор то бори дигар,
Рӯйи шаҳ бинам, барам аз ту хабар».
Гуфт: «Ҳамраҳро гарав неҳ пеши ман
В-арна қурбонӣ ту андар кеши ман».
Лоба кардемаш басе, суде накард,
Ёри ман бистад, маро бигзошт фард.
Ёрам аз зафтӣ дучандон буд, ки ман
Ҳам ба лутфу ҳам ба хубӣ, ҳам ба тан.
Баъд аз ин, з-он шер ин раҳ баста шуд,
Ҳоли ман ин буду бо ту гуфта шуд.
Аз вазифа баъд аз ин уммед бур,
Ҳақ ҳамегӯям туро «ва-л-ҳаққу мур».
Гар вазифа боядат, раҳ пок кун,
Ҳин биёву дафъи он бебок кун.

Ҷавоб гуфтани шер харгӯшро ва равон шудан бо ӯ

Гуфт: «Бисмиллаҳ, биё, то ӯ куҷост?
Пеш даршав, гар ҳамегӯйӣ ту рост.
То сазои ӯву сад чун ӯ диҳам
В-ар дурӯғ аст ин, сазои ту диҳам».
Андар омад чун қаловузе ба пеш,
То барад ӯро ба сӯйи доми хеш.
Сӯйи чоҳе, ки нишонаш карда буд,
Чоҳи мағро доми ҷонаш карда буд.
Мешуданд ин ҳар ду то наздики чоҳ,
Ин-т харгӯше чу обе зери коҳ.
Об коҳеро ба ҳомун мебарад,
Об кӯҳеро – аҷаб! – Чун мебарад?
Доми макри ӯ каманди шер буд,
Турфа харгӯше, ки шере мерабуд.
Мӯсие Фиръавнро бо рӯди Нил
Мекушад бо лашкару ҷамъи сақил.
Пашшае Намрудро бо ним пар
Мешикофад бемуҳобо дарзи сар.
Ҳоли он к-ӯ қавли душманро шунуд,
Бин ҷазои он ки шуд ёри ҳасуд.
Ҳоли Фиръавне, ки Ҳомонро шунуд,
Ҳоли Намруде, ки шайтонро шунуд.
Душман арчи дӯстона гӯядат,
Дом дон, гарчи зи дона гӯядат.
Гар туро қанде диҳад, он заҳр дон,
Гар ба тан лутфе кунад, он қаҳр дон.
Чун қазо ояд, набинӣ ғайри пӯст,
Душманонро бознашносӣ зи дӯст.
Чун чунин шуд, ибтиҳол оғоз кун,
Нолаву тасбеҳу рӯза соз кун.
Нола мекун, к-эй ту «аллому-л-ғуюб»,
Зери санги макри бад моро макӯб.
Гар сагӣ кардем, эй шер, офарин!
Шерро магмор бар мо з-ин камин.
Оби хушро сурати оташ мадеҳ,
Андар оташ сурати обе манеҳ.
Аз шароби қаҳр чун мастӣ диҳӣ,
Нестҳоро сурати ҳастӣ диҳӣ.
Чист мастӣ? Банди чашм аз диди чашм,
То намояд санг гавҳар, пашм яшм.
Чист мастӣ? Ҳиссҳо мубдал шудан,
Чӯби газ андар назар сандал шудан.

Қиссаи ҳудҳуд ва Сулаймон алайҳиссалом дар баёни он ки чун қазо ояд, чашмҳои равшан баста шавад

Чун Сулаймонро саропарда заданд,
Ҷумла мурғонаш ба хидмат омаданд.
Ҳамзабону маҳрами худ ёфтанд,
Пеши ӯ як-як ба ҷон биштофтанд.
Ҷумла мурғон тарк карда чик-чик,
Бо Сулаймон гашта «афсаҳ мин ахик».
Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст,
Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.
Эй басо ҳиндуву турки ҳамзабон,
Эй басо ду турк чун бегонагон.
Пас, забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.
Ғайри нутқу ғайри имову сиҷил
Садҳазорон тарҷумон хезад зи дил.
Ҷамла мурғон ҳар яке асрори худ
Аз ҳунар в-аз донишу аз кори худ
Бо Сулаймон як ба як воменамуд,
Аз барои арза худро меситуд.
Аз такаббур неву аз ҳастии хеш,
Баҳри он то раҳ диҳад ӯро ба пеш.
Чун бибояд бардаро аз хоҷае,
Арза дорад аз ҳунар дебочае.
Чунки дорад аз харидориш нанг,
Хун кунад бемору карру шаллу ланг.
Навбати ҳудҳуд расиду пешааш
В-он баёни санъату андешааш.
Гуфт: «Эй шаҳ, як ҳунар, к-он кеҳтар аст,
Бозгӯям, гуфт кӯтаҳ беҳтар аст».
Гуфт: «Баргӯ, то кадом аст он ҳунар?»
Гуфт: «Ман он гаҳ ки бошам авҷ — бар.
Бингарам аз авҷ бо чашми яқин,
Ман бибинам об дар қаъри замин.
То куҷо асту чӣ умқ асташ, чӣ ранг?
Аз чӣ меҷӯшад? Зи хоке ё зи санг?
Эй Сулаймон, баҳри лашкаргоҳро
Дар сафар медор ин огоҳро».
Пас Сулаймон гуфт: «Эй некӯрафиқ!
Дар биёбонҳои беоби амиқ
То биёбӣ баҳри лашкар обро,
Дар сафар саққо шавӣ асҳобро».

Таънаи зоғ дар даъвои ҳудҳуд

Зоғ чун бишнуд, омад аз ҳасад,
Бо Сулаймон гуфт, к-ӯ каж гуфту бад.
Аз адаб набвад ба пеши шаҳ мақол,
Хоса, худ лофи дурӯғину муҳол.
Гар мар-ӯро ин назар будӣ мудом,
Чун надидӣ зери муште хок дом?
Чун гирифтор омадӣ дар доми ӯ?
Чун қафас андаршудӣ нокоми ӯ?
Пас Сулаймон гуфт: «Эй ҳудҳуд, равост,
К-аз ту дар аввалқадаҳ ин дурд хост?
Чун намоӣ мастӣ, эй хӯрда ту дӯғ?
Пеши ман лофе занӣ, он гаҳ дурӯғ?»

Ҷавоб гуфтани ҳудҳуд таънаи зоғро

Гуфт: «Эй шаҳ, бар мани ури гадой
Қавли душман машнав аз баҳри Худой.
Гар ба бутлон аст даъво карданам,
Ман ниҳодам сар, бибур ин гарданам.
Зоғ, к-ӯ ҳукми қазоро мункир аст,
Гар ҳазорон ақл дорад, кофир аст.
Дар ту, то кофӣ бувад аз кофирон,
Ҷойи ганду шаҳватӣ чун кофи рон.
Ман бибинам домро андар ҳаво,
Гар напӯшад чашми ақламро қазо.
Чун қазо ояд, шавад дониш ба хоб,
Маҳ сияҳ гардад, бигирад офтоб.
Аз қазо ин таъбия кай нодир аст?
Аз қазо дон, к-ӯ қазоро мункир аст».

Қиссаи Одам алайҳиссалом ва бастани қазо назари ӯро аз мурооти сареҳи наҳй ва тарки таъвил

Булбашар, к-ӯ «Аллама-л-асмо – баг» аст,
Садҳазорон илмаш андар ҳар раг аст.
Исми ҳар чизе, чунон к-он чиз ҳаст,
То ба поён ҷони ӯро дод даст.
Ҳар лақаб, к-ӯ дод, он мубдал нашуд,
Он кӣ чусташ хонд, ӯ коҳил нашуд.
Ҳар кӣ охир мӯъмин аст, аввал бидид,
Ҳар кӣ охир кофир, ӯро шуд падид.
Исми ҳар чизе ту аз доно шунав,
Сирри рамзи аллама-л-асмо шунав.
Исми ҳар чизе бари мо зоҳираш,
Исми ҳар чизе бари холиқ сираш.
Назди Мӯсо номи чӯбаш буд асо,
Назди холиқ буд номаш аждаҳо.
Буд Умарро ном ин ҷо бутпараст,
Лек мӯъмин буд номаш дар аласт.
Он кӣ буд наздики мо номаш манӣ,
Пеши Ҳақ ин нақш буд, ки бо манӣ.
Сурате буд ин манӣ андар адам,
Пеши Ҳақ мавҷуд, на бешу на кам.
Ҳосил он омад ҳақиқат номи мо
Пеши ҳазрат, к-он бувад анҷоми мо.
Мардро бар оқибат номе ниҳад,
На бар он к-ӯ орият, номе ниҳад.
Чашми Одам, чун ба нури пок дид,
Ҷону сирри номҳо гашташ падид.
Чун малак анвори Ҳақ дар вай биёфт,
Дар суҷуд афтоду дар хидмат шитофт.
Мадҳи ин Одам, ки номаш мебарам,
Қосирам, гар то қиёмат бишмарам.
Ин ҳама донисту чун омад қазо,
Дониши як наҳй шуд бар вай хато.
К-эй аҷаб, наҳй аз пайи таҳрим буд,
Ё ба таъвиле буду тавҳим буд.
Дар дилаш таъвил чун тарҷеҳ ёфт,
Табъ дар ҳайрат сӯйи гандум шитофт.
Боғбонро хор чун дар пой рафт,
Дузд фурсат ёфт, коло бурд тафт.
Чун зи ҳайрат раст, бозомад ба роҳ,
Дид бурда дузд рахт аз коргоҳ.
«Раббано инно заламно» гуфту оҳ,
Яъне омад зулмату гум гашт роҳ.
Пас, қазо абре бувад хуршедпӯш,
Шеру аждарҳо шавад з-ӯ ҳамчу муш.
Ман агар доме набинам гоҳи ҳукм,
Ман на танҳо ҷоҳилам дар роҳи ҳукм.
Эй хунук он к-ӯ накӯкорӣ гирифт,
Зӯрро бигзошт ӯ, зорӣ гирифт.
Гар қазо пӯшад сияҳ ҳамчун шабат,
Ҳам қазо дастат бигирад оқибат.
Гар қазо сад бор қасди ҷон кунад,
Ҳам қазо ҷонат диҳад, дармон кунад.
Ин қазо сад бор агар роҳат занад,
Бар фарози чарх хиргоҳат занад.
Аз карам дон, ин ки метарсонадат,
То ба мулки эминӣ биншонадат.
Ин сухан поён надорад, гашт дер,
Гӯш кун ту қиссаи харгӯшу шер.

По вопас кашидани харгӯш аз шер чун наздики чоҳ расид

Чунки назди чоҳ омад шер, дид,
К-аз раҳ он харгӯш монду по кашид.
Гуфт: «По вопас кашидӣ ту чаро?
Пойро вопас макаш, пеш андаро».
Гуфт: «Ку поям? Ки дасту пой рафт,
Ҷони ман ларзиду дил аз ҷой рафт.
Ранги рӯямро намебинӣ чу зар?
З-андарун худ медиҳад рангам хабар».
Ҳақ чу симоро муарриф хондааст,
Чашми ориф сӯйи симо мондааст.
Рангу бӯ ғаммоз омад чун ҷарас,
Аз фарас огаҳ кунад бонги фарас.
Бонги ҳар чизе расонад з-ӯ хабар,
То бидонӣ бонги хар аз бонги дар.
Гуфт пайғамбар: «Ба тамйизи касон
Маръу махфиййун ладай таййа-л-лисон».
Ранги рӯ аз ҳоли дил дорад нишон,
Раҳматам кун, меҳри ман дар дил нишон.
Ранги рӯйи сурх дорад бонги шукр,
Бонги рӯйи зард дорад сабру нукр.
Дар ман омад он ки дасту по барад,
Ранги рӯву қуввату симо барад.
Он кӣ дар ҳар чӣ дарояд, бишканад,
Ҳар дарахт аз беху бун ӯ барканад.
Дар ман омад он ки аз вай гашт мот
Одамиву ҷонвар, ҷомид, набот.
Ин худ аҷзоанд, куллиёт аз ӯ,
Зард карда рангу фосид карда бӯ.
То ҷаҳон гаҳ собир асту гаҳ шакур,
Бӯстон гаҳ ҳулла пӯшад, гоҳ ур.
Офтобе, к-ӯ барояд норгун,
Соате дигар шавад ӯ сарнигун.
Ахтарони тофта бар чор тоқ
Лаҳза-лаҳза мубталои эҳтироқ.
Моҳ, к-ӯ афзуд з-ахтар дар ҷамол,
Шуд зи ранҷи диққ ӯ ҳамчун хаёл.
Ин замини босукуни боадаб
Андарорад зилзилаш дар ларзу таб.
Эй басо кӯҳ, з-ин балои мурдарег
Гаштааст андар ҷаҳон ӯ хурду рег.
Ин ҳаво бо рӯҳ омад муқтарин,
Чун қазо ояд, вабо гашту афин.
Оби хуш, к-ӯ рӯҳро ҳамшира шуд,
Дар ғадире зарду талху тира шуд.
Оташе, к-ӯ бод дорад дар бурут,
Ҳам яке боде бар ӯ хонад ямут.
Ҳоли дарё, з-изтиробу ҷӯши ӯ
Фаҳм кун табдилҳои ҳуши ӯ.
Чархи саргардон, ки андар ҷустуҷӯст,
Ҳоли ӯ чун ҳоли фарзандони ӯст.
Гаҳ ҳазизу гаҳ миёна, гоҳ авҷ,
Андар ӯ аз саъду наҳсе фавҷ-фавҷ.
Аз худ, эй ҷузве зи куллҳо мухталит!
Фаҳм мекун ҳолати ҳар мунбасит.
Чунки куллиётро ранҷ асту дард,
Ҷузви эшон чун набошад рӯйзард?
Хоса ҷузве, к-ӯ зи аздод аст ҷамъ,
З-обу хоку оташу бод аст ҷамъ.
Ин аҷаб набвад, ки меш аз гург ҷаст,
Ин аҷаб, к-ин меш дил дар гург баст.
Зиндагонӣ оштии зиддҳост,
Марг он к-андар миёнаш ҷанг хост.
Лутфи Ҳақ ин шеррову гӯрро
Илф додаст ин ду зидди дурро.
Чун ҷаҳон ранҷуру зиндонӣ бувад,
Чӣ аҷаб ранҷур, агар фонӣ бувад.
Хонд бар шер ӯ аз ин рӯ пандҳо,
Гуфт: «Ман пас мондаам з-ин бандҳо».

Пурсидани шер аз сабаби пой вопас кашидани харгӯш

Шер гуфташ: «Ту зи асбоби мараз
Ин сабаб гӯ хос, к-инастам ғараз».
Гуфт: «Он шер андар ин чаҳ сокин аст,
Андар ин қалъа зи офот эмин аст».
Қаъри чаҳ бигзид, ҳар кӣ оқил аст,
З-он ки дар хилват сафоҳои дил аст.
Зулмати чаҳ беҳ, ки зулматҳои халқ,
Сар набурд он кас, ки гирад пойи халқ.
Гуфт: «Пеш о, захмам ӯро қоҳир аст,
Ту бибин, к-он шер дар чаҳ ҳозир аст?»
Гуфт: «Ман сӯзидаам з-он оташе,
Ту магар андар бари хешам кашӣ.
То ба пушти ту ман, эй кони карам,
Чашм бигшоям, ба чаҳ дарбингарам».

Назар кардани шер дар чоҳ ва дидан акси худро ва он харгӯшро

Чунки шер андар бари хешаш кашид,
Дар паноҳи шер то чаҳ медавид.
То ки дар чаҳ бингариданд андар об,
Андар об аз шеру ӯ дартофт тоб.
Шер акси хеш дид аз об тафт,
Шакли шере, дар бараш харгӯши зафт.
Чунки хасми хешро дар об дид,
Мар варо бигзоште андар чаҳ ҷаҳид.
Дарфитод андар чаҳе, к-ӯ канда буд,
З-он ки зулмаш дар сараш оянда буд.
Чоҳи музлим гашт зулми золимон,
Инчунин гуфтанд ҷумлай олимон:
«Ҳар кӣ золимтар, чаҳаш боҳавлтар,
Адл фармудаст бадтарро батар».
Эй ки ту аз чоҳ зулме мекунӣ,
Дон, ки баҳри хеш чоҳе меканӣ.
Гирди худ чун кирм пила барматан,
Баҳри худ чаҳ меканӣ, андоза кан.
Мар заъифонро ту бехасме мадон,
Аз нубӣ «зоҷоа насруллоҳ» хон.
Гар ту пилӣ, хасми ту аз ту рамид,
Нак ҷазо, «тайран абобил»-ат расид.
Гар заъифе дар замин хоҳад амон,
Ғул-ғул афтад дар сипоҳи осмон.
Гар ба дандонаш газӣ, пурхун кунӣ,
Дарди дандонат бигирад, чун кунӣ?
Шер худро дид дар чаҳ в-аз ғулӯ
Хешро нашнохт он дам аз адӯ.
Акси худро ӯ адӯи хеш дид,
Лоҷарам бар хеш шамшере кашид.
Эй басо зулме, ки бинӣ дар касон,
Хӯйи ту бошад дар эшон, эй фалон.
Андар эшон тофта ҳастии ту,
Аз нифоқу зулму бадмастии ту.
Он туӣ в-он захм бар худ мезанӣ,
Бар худ он дам тори лаънат метанӣ.
Дар худ он бадро намебинӣ аён
В-арна душман будаӣ худро ба ҷон.
Ҳамла бар худ мекунӣ, эй содамард!
Ҳамчу он шере, ки бар худ ҳамла кард.
Чун ба қаъри хӯйи худ андаррасӣ,
Пас бидонӣ, к-аз ту буд он нокасӣ.
Шерро дар қаър пайдо шуд, ки буд,
Нақши ӯ, он к-аш дигар кас менамуд.
Ҳар кӣ дандони заъифе меканад,
Кори он шери ғалатбин мекунад.
Эй бидида акси бад бар рӯйи ам,
Бад на амм аст, он туӣ, аз худ марам.
Мӯъминон ойинаи ҳамдигаранд,
Ин хабар ме аз паямбар оваранд.
Пеши чашмат доштӣ шишай кабуд,
З-он сабаб олам кабудат менамуд.
Гар на кӯрӣ, ин кабудӣ дон зи хеш,
Хешро бад гӯ, магӯ касро ту беш.
Мӯъмин аз «янзур бинуриллаҳ» набуд,
Ғайб мӯъминро бараҳна чун намуд?
Чунки ту «янзур бинориллаҳ» будӣ,
Дар бадӣ аз некуӣ ғофил шудӣ.
Андак-андак об бар оташ бизан,
То шавад нори ту нур, эй булҳазан.
Ту бизан ё раббано! Оби таҳур,
То шавад ин нори олам ҷумла нур.
Оби дарё ҷумла дар фармони туст,
Обу оташ, эй Худованд, они туст.
Гар ту хоҳӣ, оташ оби х(в)аш шавад
В-ар нахоҳӣ, об ҳам оташ шавад.
Ин талаб дар мо ҳам аз эҷоди туст,
Растан аз бедод, ё раб, доди туст.
Беталаб, ту ин талабмон додаӣ,
Ганҷи эҳсон бар ҳама бигшодаӣ.

Мужда бурдани харгӯш сӯйи нахҷирон, ки шер дар чоҳ фитод

Чунки харгӯш аз раҳоӣ шод гашт,
Сӯйи нахҷирон давон шуд то ба дашт.
Шерро чун дид дар чаҳ, кушта зор,
Чарх мезад шодмон то марғзор.
Даст мезад, чун раҳид аз дасти марг,
Сабзу рақсон дар ҳаво чун шоху барг.
Шоху барг аз ҳабси хок озод шуд,
Сар бароварду ҳарифи бод шуд.
Баргҳо чун шохро бишкофтанд,
То ба болои дарахт иштофтанд.
Бо забони «шатъуҳу» шукри Худо
Месарояд ҳар бару барге ҷудо,
Ки бипарвард асли моро зулато,
То дарахт истағлаз омад в-иставо.
Ҷонҳои баста андар обу гил,
Чун раҳанд аз обу гилҳо шоддил.
Дар ҳавои ишқи Ҳақ рақсон шаванд,
Ҳамчу қурси бадр бенуқсон шаванд.
Ҷисмашон дар рақсу ҷонҳо, худ мапурс
В-он ки гирди ҷон, аз онҳо худ мапурс.
Шерро харгӯш дар зиндон нишонд,
Нанги шере, к-ӯ зи харгӯше бимонд.
Дар чунон нангеву он гаҳ ин аҷаб,
«Фахри дин» хоҳад, ки гӯяндаш лақаб.
Эй ту шерӣ дар таги ин чоҳ фард,
Нафс чун харгӯш хунат рехту х(в)ард.
Нафси харгӯшат ба саҳро дар чаро,
Ту ба қаъри ин чаҳи чуну чаро.
Сӯйи нахҷирон давид он шергир,
К- «ибширу ё қавму из ҷоа-л-башир».
Мужда-мужда, эй гурӯҳи айшсоз,
К-он саги дӯзах ба дӯзах рафт боз.
Мужда-мужда, к-он адувви ҷонҳо,
Канд қаҳри холиқаш дандонҳо.
Он кӣ аз панҷа басе саҳро бикӯфт,
Ҳамчу хас ҷорӯби маргаш ҳам бирӯфт.

Ҷамъ шудани нахҷирон гирди харгӯш ва сано гуфтан ӯро

Ҷамъ гаштанд он замон ҷумла вуҳуш,
Шоду хандон, аз тараб дар завқу ҷӯш.
Ҳалқа карданд, ӯ чу шамъе дар миён,
Саҷда оварданду гуфтандаш, ки ҳон!
Ту фариштай осмонӣ ё парӣ?
Не, ту Азроили шерони нарӣ.
Ҳар чӣ ҳастӣ, ҷонӣ мо қурбони туст,
Даст бурдӣ, дасту бозуят дуруст.
Ронд Ҳақ ин обро дар ҷӯйи ту,
Офарин бар дасту бар бозуи ту.
Бозгӯ, то чун сиголидӣ ба макр?
Он авонро чун бимолидӣ ба макр?
Бозгӯ, то қисса дармонҳо шавад,
Бозгӯ, то марҳами ҷонҳо шавад.
Бозгӯ, к-аз зулми он истамнамо
Садҳазорон захм дорад ҷони мо.
Гуфт: «Таъйиди Худо буд, эй меҳон!
В-арна харгӯше кӣ бошад дар ҷаҳон?
Қувватам бахшиду дилро нур дод,
Нури дил мар дасту поро зӯр дод».
Аз бари Ҳақ мерасад тафзилҳо,
Боз ҳам аз Ҳақ расад табдилҳо.
Ҳақ ба давру навбат ин таъйидро
Менамояд аҳли занну дидро.

Панд додани харгӯш нахҷиронро, ки бад-ин шод машавед

Ҳин, ба мулки навбатӣ шодӣ макун,
Эй ту баста навбат, озодӣ макун.
Он кӣ мулкаш бартар аз навбат тананд,
Бартар аз ҳафт анҷумаш навбат зананд.
Бартар аз навбат мулуки боқианд,
Даври доим рӯҳҳо бо соқианд.
Тарки ин шурб ар бигӯйӣ як-ду рӯз,
Дар кунӣ андар шароби хулд пӯз.

Тафсири «Раҷаъно мин-ал-ҷиҳоди-л-асғари ила-л-ҷиҳоди-л-акбар»

Эй шаҳон, куштем мо хасми бурун,
Монд хасме з-ӯ батар дар андарун.
Куштани ин кори ақлу ҳуш нест,
Шери ботин сухраи харгӯш нест.
Дӯзах аст ин нафсу дӯзах аждаҳост,
К-ӯ ба дарёҳо нагардад камму кост.
Ҳафт дарёро дарошомад, ҳанӯз
Кам нагардад сӯзиши он халқсӯз.
Сангҳову кофирони сангдил
Андар оянд андар ӯ зору хиҷил.
Ҳам нагардад сокин аз чандин ғизо,
То зи Ҳақ ояд мар ӯро ин нидо:
Сер гаштӣ? Сер гӯяд: «На ҳанӯз!»
Ин-т оташ, ин-т тобиш, ин-т сӯз.
Оламеро луқма карду даркашид,
Меъдааш наъразанон: «Ҳал мин мазид?»
Ҳақ қадам бар вай ниҳад аз ломакон,
Он гаҳ ӯ сокин шавад аз «кун факон».
Чунки ҷузви дӯзах аст ин нафси мо,
Табъи кул дорад ҳамеша ҷузвҳо.
Ин қадам Ҳақро бувад, к-ӯро кушад,
Ғайри Ҳақ худ кӣ камони ӯ кашад?
Дар камон нанҳанд илло тири рост,
Ин камонро божгун каж тирҳост.
Рост шав чун тиру вораҳ аз камон,
К-аз камон ҳар рост биҷҳад бегумон.
Чунки вогаштам зи пайкори бурун,
Рӯй овардам ба пайкори дарун.
«Қад раҷаъно мин ҷиҳоди-л-асғар» -ем,
Бо набӣ андар ҷиҳоди акбарем.
Қувват аз Ҳақ хоҳаму тавфиқу лоф,
То ба сӯзан барканам ин кӯҳи Қоф.
Саҳл шере дон, ки сафҳо бишканад,
Шер он аст, он ки худро бишканад.

Омадани расули Рум то амирулмӯъминин Умар разийаллоҳу анҳу ва дидани ӯ каромоти Умарро разийаллоҳу анҳу

Дар баёни ин шунав як қиссае,
То барӣ аз сирри гуфтам ҳиссае.
То Умар омад зи Қайсар як расул
Дар Мадина аз биёбони нуғул.
Гуфт: «Ку қасри халифа, эй ҳашам!
То ман асбу рахтро он ҷо кашам?»
Қавм гуфтандаш, ки ӯро қаср нест,
Мар Умарро қаср ҷони рӯшанест.
Гарчи аз мирӣ варо овозаест,
Ҳамчу дарвешон мар ӯро козаест.
Эй бародар, чун бибинӣ қасри ӯ?
Чунки дар чашми дилат рустаст мӯ.
Чашми дил аз мӯву иллат пок ор
В-он гаҳ он дидори қасраш чашм дор.
Ҳар киро ҳаст аз ҳавасҳо ҷони пок,
Зуд бинад ҳазрату айвони пок.
Чун Муҳаммад пок шуд з-ин нору дуд,
Ҳар куҷо рӯ кард, ваҷҳуллоҳ буд.
Чун рафиқӣ васвасай бадхоҳро,
Кай бидонӣ «самма ваҷҳуллоҳ» -ро?
Ҳар киро бошад зи сина фатҳи боб,
ӯ зи ҳар шаҳре бибинад офтоб.
Ҳақ падид аст аз миёни дигарон
Ҳамчу моҳ андар миёни ахтарон.
Ду сари ангушт бар ду чашм неҳ,
Ҳеч бинӣ аз ҷаҳон? Инсоф деҳ.
Гар набинӣ, ин ҷаҳон маъдум нест,
Айб ҷуз з-ангушти нафси шум нест.
Ту зи чашм ангуштро бардор, ҳин,
Он гаҳоне, ҳар чӣ мехоҳӣ, бибин.
Нӯҳро гуфтанд умматд; ку савоб?
Гуфт ӯ: «З-он сӯйи вастағшаф сибоб».
Рӯву сар дар ҷомаҳо печидаед,
Лоҷарам бо дидаву нодидаед.
Одамӣ дид асту боқӣ пӯст аст,
Дид он аст, он кӣ диди дӯст аст.
Чунки диди дӯст набвад, кӯр беҳ,
Дӯст, к-ӯ боқӣ набошад, дур беҳ.
Чун расули Рум ин алфози тар
Дар самоъ овард, шуд муштоқтар.
Дидаро бар ҷустани Уммар гумошт,
Рахтрову асбро зоеъ гузошт.
Ҳар тараф андар пайи он марди кор
Мешудӣ пурсони ӯ девонавор,
К-ин чунин марде бувад андар ҷаҳон
В-аз ҷаҳон монанди ҷон бошад ниҳон?
Ҷуст ӯро, то-ш чун банда бувад,
Лоҷарам ҷӯянда ёбанда бувад.
Дид аъробизане ӯро дахил,
Гуфт: «Уммар, нак ба зери он нахил.
Зери хурмобун зи халқон ӯ ҷудо,
Зери соя хуфта бин сояй Худо».

rumi-1

(Tashriflar: umumiy 2 191, bugungi 1)

Izoh qoldiring