Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ. Маснавӣ. Дафтари якум & Маснавии маънавӣ. 4-audio

07     Мавлоно дар «Маснавӣ» ба баъзе нуктаҳои дини расмии ислом, сураву оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои набавӣ муроҷиат намуда, онҳоро ба тарзи «дигар», дар доираи фаҳми фалсафӣ ва сӯфиёнаи худ тафсиру тавзеҳ менамояд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
МАСНАВЙ
Дафтари якум (4)
067

Навмед кардани вазир муридонро аз рафзи хилват

Он вазир аз андарун овоз дод,
К-эй муридон, аз ман ин маълум бод.
Ки маро Исо чунин пайғом кард,
К-аз ҳама ёрону хешон бош фард.
Рӯй дар девор кун, танҳо нишин
В-аз вуҷуди хеш ҳам хилват гузин.
Баъд аз ин дастурии гуфтор нест,
Баъд аз ин бо гуфтугӯям кор нест.
Алвидоъ, эй дӯстон, ман мурдаам,
Рахт бар чорум фалак барбурдаам.
То ба зери чархи норӣ чун ҳатаб,
Ман насӯзам дар анову дар атаб.
Паҳлуйи Исо нишинам баъд аз ин
Бар фарози осмони чорумин.

Валиаҳд сохтани вазир ҳар як амирро ҷудо-ҷудо

В-онгаҳоне он амиронро бихонд,
Як ба як, танҳо ба ҳар як ҳарф ронд.
Гуфт ҳар якро: «Ба дини исавӣ
Ноиби ҳаққу халифай ман тувӣ.
В-он амирони дигар атбоъи ту
Кард Исо ҷумларо ашёъи ту.
Ҳар амире, к-ӯ кашад гардан, бигир,
Ё бикуш ё худ ҳамедораш асир.
Лек то ман зиндаам, ин вомагӯ,
То намирам, ин раёсатро маҷӯ.
То намирам ман, ту ин пайдо макун,
Даъвии шоҳиву истило макун.
Инак ин тӯмору аҳкоми Масеҳ,
Як ба як бархон ту бар уммат фасеҳ.
Ҳар амиреро чунин гуфт ӯ ҷудо:
«Нест ноиб ҷуз ту дар дини Худо».
Ҳар якеро кард ӯ як-як азиз,
Ҳар чӣ онро гуфт, инро гуфт низ.
Ҳар якеро ӯ яке тӯмор дод,
Ҳар яке зидди дигар буд, ал-мурод.
Матни он тӯморҳо буд мухталиф,
Чун ҳуруф он ҷумла то «ё» аз «алиф».
Ҳукми ин тӯмор зидди ҳукми он,
Пеш аз ин кардем ин зидро баён.

Куштани вазир хештанро дар хилват

Баъд аз он чил рӯзи дигар дар бибаст,
Хеш кушту аз вуҷуди худ бираст.
Чунки халқ аз марги ӯ огоҳ шуд,
Бар сари гӯраш қиёматгоҳ шуд.
Халқ чандон ҷамъ шуд бар гӯри ӯ,
Мӯканон, ҷомадарон дар шӯри ӯ.
К-он ададро ҳам Худо донад шумурд,
Аз араб в-аз турку аз румиву курд.
Хоки ӯ карданд бар сарҳои хеш,
Дарди ӯ диданд дармонҷои хеш.
Он халоиқ бар сари гӯраш маҳе
Карда хунро аз ду чашми худ раҳӣ.

Талаб кардани уммати Исо – алайҳиссалом – аз умаро, ки валиаҳд аз шумо кадом аст?

Баъди моҳе, халқ гуфтанд: «Эй меҳон!
Аз амирон кист бар ҷояш нишон?
То ба ҷойи ӯ шиносемаш имем,
Дасту доманро ба дасти ӯ диҳем».
Чунки шуд хуршеду моро кард доғ,
Чора набвад бар мақомаш аз чароғ.
Чунки шуд аз пеши дида васли ёр,
Ноибе бояд аз ӯмон ёдгор.
Чунки гул бигзашу гулшан шуд хароб,
Бӯйи гулро аз кӣ ёбем? Аз гулоб.
Чун Худо андар наёяд дар аён,
Ноиби ҳаққанд ин пайғамбарон.
На, ғалат гуфтам, ки ноиб бо мануб,
Гар ду пиндорӣ, қабеҳ ояд, на хуб.
На, ду бошад то туӣ суратпараст,
Пеши ӯ як гашт, к-аз сурат бираст.
Чун ба сурат бингарӣ, чашми ту дуст,
Ту ба нураш дарнигар, к-аз чашм руст.
Нури ҳар ду чашм натвон фарқ кард,
Чунки дар нураш назар андохт мард.
Даҳ чароғ ар ҳозир ояд дар макон,
Ҳар яке бошад ба сурат ғайри он.
Фарқ натвон кард нури ҳар яке,
Чун ба нураш рӯй орӣ бе шаке.
Гар ту сад себу сад обе бишмурӣ,
Сад намонад, як шавад чун бифшурӣ.
Дар маъонӣ қисмату аъдод нест,
Дар маъонӣ таҷзия вафрод нест.
Иттиҳоди ёр бо ёрон х(в)аш аст,
Пойи маънӣ гир, сурат саркаш аст.
Сурати саркаш гудозон кун ба ранҷ,
То бибинӣ зери ӯ ваҳдат чу ганҷ.
В-ар ту нагдозӣ иноятҳои ӯ,
Худ гудозад, эй дилам мавлои ӯ.
ӯ намояд ҳам ба дилҳо хешро,
ӯ бидӯзад хирқаи дарвешро.
Мунбасит будему якҷавҳар ҳама,
Бесару бепо будем он сар ҳама.
Як гуҳар будем ҳамчун офтоб,
Бегиреҳ будему софӣ ҳамчу об.
Чун ба сурат омад он нури сара,
Шуд адад, чун сояҳои кунгура.
Кунгура вайрон кунед аз манҷаниқ,
То равад фарқ аз миёни ин фариқ.
Шарҳи инро гуфтаме манн, аз марӣ,
Лек тарсам, то налағзад хотире,
Нуктаҳо чун теғи пӯлод аст тез,
Гар надорӣ ту сипар, вопас гурез.
Пеши ин алмос беиспар маё,
К-аз буридан теғро набвад ҳаё.
З-ин сабаб ман теғ кардам дар ғилоф,
То ки кажхоне нахонад бар хилоф.
Омадем андар тамомий достон
В-аз вафодории ҷамъи ростон.
К-аз паси ин пешво бархостанд,
Бар мақомаш ноибе мехостанд.

Мунозиати умаро дар валиаҳдӣ

Як амире з-он амирон пеш рафт,
Пеши он қавми вафоандеш рафт.
Гуфт: «Инак, ноиби он мард ман,
Ноиби Исо манам андар заман.
Инак, ин тӯмор бурҳони ман аст,
К-ин ниёбат баъд аз ӯ они ман аст.
Он амири дигар омад аз камин,
Даъвии ӯ дар хилофат буд ҳамин.
Аз бағал ӯ низ тӯморе намуд,
То баромад ҳар дуро хашми ҷуҳуд.
Он амирони дигар як-як қатор,
Баркашида теғҳои обдор.
Ҳар якеро теғу тӯморе ба даст,
Дар ҳам афтоданд чун пилони маст.
Садҳазорон марди тарсо кушта шуд,
То зи сарҳои бурида пушта шуд.
Хун равон шуд ҳамчу сел аз чаппу рост,
Кӯҳ-кӯҳ андар ҳаво з-ин гард хост.
Тухмҳои фитнаҳо, к-ӯ кишта буд,
Офати сарҳои эшон гашта буд.
Ҷавзҳо бишкаст в-он к-он мағз дошт,
Баъди куштан рӯҳи поки нағз дошт.
Куштану мурдан, ки бар нақши тан аст,
Чун анору себро бишкастан аст.
Он чӣ ширин аст, он шуд нордонг
В-он ки пӯсидаст, набвад ғайри бонг.
Он чи бомаънист, худ пайдо шавад
В-он чи пӯсидаст, он расво шавад.
Рав, ба маънӣ кӯш, эй суратпараст!
З-он ки маънӣ бар тани сурат пар аст.
Ҳамнишини аҳли маънӣ бош, то
Ҳам ато ёбиву ҳам бошӣ фато.
Ҷони бемаънӣ дар ин тан бехилоф,
Ҳаст ҳамчун теғи чӯбин дар ғилоф.
То ғилоф андар бувад, боқимат аст,
Чун бурун шуд, сӯхтанро олат аст.
Теғи чӯбинро мабар дар корзор,
Бингар аввал, то нагардад кор зор.
Гар бувад чӯбин, бирав дигар талаб
В-ар бувад алмос, пеш о бо тараб.
Теғ дар зарродхонай авлиёст,
Дидани эшон шуморо кимиёст.
Ҷумла доноён ҳамин гуфта, ҳамин,
Ҳаст доно раҳматан лил-оламин.
Гар аноре мехарӣ, хандон бихар,
То диҳад ханда зи донай ӯ хабар.
Эй муборак хандааш, к-ӯ аз даҳон,
Менамояд дил, чу дурр аз дурҷи ҷон.
Номуборак хандаи он лола буд,
К-аз даҳони ӯ сиёҳӣ дил намуд.
Нори хандон боғро хандон кунад,
Сӯҳбати мардонат аз мардон кунад.
Гар ту санги сахраву мармар шавӣ,
Чун ба соҳибдил расӣ, гавҳар шавӣ.
Меҳри покон дар миёни ҷон нишон,
Дил мадеҳ илло ба меҳри дилхушон.
Кӯйи навмедӣ марав, уммедҳост,
Сӯйи торикӣ марав, хуршедҳост.
Дил туро дар кӯйи аҳли дил кашад,
Тан туро бар ҳабси обу гил кашад.
Ҳин, ғизои дил бидеҳ аз ҳамдилӣ,
Рав, биҷӯ иқболро аз муқбиле.

Таъзими наъти Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки мазкур бувад дар Инҷил

Буд дар Инҷил номи Мустафо,
Он сари пайғамбарон баҳри сафо.
Буд зикри ҳиляҳову шакли ӯ,
Буд зикри ғазву савму акли ӯ.
Тоифай насрониён баҳри савоб
Чун расидандӣ бад-он ному хитоб,
Бӯса додандӣ бар он номи шариф,
Рӯ ниҳодандӣ бар он васфи латиф.
Андар ин фитна, ки гуфтем, он гурӯҳ
Эмин аз фитна буданду аз шикӯҳ.
Эмин аз шарри амирону вазир,
Дар паноҳи номи Аҳмад мустаҷир.
Насли эшон низ ҳам бисёр шуд,
Нури Аҳмад носир омад, ёр шуд.
В-он гурӯҳи дигар аз насрониён
Номи Аҳмад доштандӣ мустаҳон.
Мустаҳону хор гаштанд аз фитан
Аз вазири шумройи шумфан.
Ҳам мухаббат динашону ҳукмашон
Аз пайи тӯморҳои кажбаён.
Номи Аҳмад инчунин ёрӣ кунад,
То ки нураш, чун нигаҳдорӣ кунад?
Номи Аҳмад чун ҳисоре шуд ҳасин,
То чӣ бошад зоти он Рӯҳуламин?

Ҳикояти подшоҳи ҷуҳуди дигар, ки дар ҳалоки дини Исо саъй намуд

Баъд аз ин хунрези дармоннопазир,
К-андар афтод аз балои он вазир.
Як шаҳи дигар зи насли он ҷуҳуд
Дар ҳалоки қавми Исо рӯ намуд.
Гар хабар хоҳӣ аз ин дигар хуруҷ,
Сура бархон: «Ва-с-само зоти-л-буруҷ».
Суннати бад, к-аз шаҳи аввал бизод,
Ин шаҳи дигар қадам бар вай ниҳод.
Ҳар кӣ ӯ бинҳод нохуш суннате,
Сӯйи ӯ нафрин равад ҳар соате.
Некувон рафтанду суннатҳо бимонд
В-аз лаъимон зулму лаънатҳо бимонд.
То қиёмат ҳар кӣ ҷинси он бадон
Дар вуҷуд ояд, бувад рӯяш бад-он.
Раг-раг аст ин оби ширин в-оби шӯр
Дар халоиқ меравад то нафхи сур.
Некувонро ҳаст мерос аз хушоб,
Он чӣ мерос аст? «Аврасна-л-китоб».
Шуд ниёзи толибон, ар бингарӣ,
Шӯълаҳо аз гавҳари пайғамбарӣ.
Шӯълаҳо бо гавҳарон гардон бувад,
Шӯъла он ҷониб равад ҳам, к-он бувад.
Нури равзан гирди хона медавад,
З-он ки хур бурҷе ба бурҷе меравад.
Ҳар киро бо ахтаре пайвастагист,
Мар варо бо ахтари худ ҳамтагист.
Толеаш гар зуҳра бошад дар тараб,
Майли куллӣ дораду ишқу талаб.
В-ар бувад миррихии хунрезхӯ,
Ҷангу бӯҳтону хусумат ҷӯяд ӯ.
Ахтаронанд аз варои ахтарон,
К-эҳтироқу наҳс набвад андар он.
Соирон дар осмонҳои дигар,
Ғайри ин ҳафт осмони мӯътабар.
Росихон дар тоби анвори Худо,
На ба ҳам пайваста, на аз ҳам ҷудо.
Ҳар кӣ бошад толеъи ӯ з-он нуҷум,
Нафси ӯ куффор сӯзад дар руҷум.
Хашми миррихӣ набошад хашми ӯ,
Мунқалибрав, ғолибу мағлубхӯ.
Нури ғолиб, эмин аз нақсу ғасақ,
Дар миёни исбаъайни нури Ҳақ.
Ҳақ фишонд он нурро бар ҷонҳо,
Муқбилон бардошта домонҳо.
В-он нисори нурро воёфта,
Рӯй аз ғайри Худо бартофта.
Ҳар киро домони ишқе нобуда,
З-он нисори нур бебаҳра шуда.
Ҷузвҳоро рӯйҳо сӯйи кул аст,
Булбулонро ишқ бо рӯйи гул аст.
Говро ранг аз буруну мардро
Аз дарун ҷӯ ранги сурху зардро.
Рангҳои нек аз хумми сафост,
Ранги зиштон аз сиёҳобай ҷафост.
Сибғатуллаҳ номи он ранги латиф,
Лаънатуллаҳ бӯйи ин ранги касиф.
Он чӣ аз дарё ба дарё меравад,
Аз ҳамон ҷо, к-омад, он ҷо меравад.
Аз сари кӯҳ селҳои тезрав
В-аз тани мо, ҷони ишқомез, рав.

Оташ кардани подшоҳи ҷуҳуд ва бут ниҳодан паҳлӯйи оташ, ки ҳар кӣ бутро суҷуд кунад, аз оташ бираст

Он ҷуҳуди саг бибин, чӣ рой кард:
«Паҳлуйи оташ буте барпой кард.
К-он ки ин бутро суҷуд орад, бираст
В-ар наёрад, дар дили оташ нишаст».
Чун сазои ин бути нафс ӯ надод,
Аз бути нафсаш буте дигар бизод.
Модари бутҳо бути нафси шумост,
З-он ки он бут мору ин бут аждаҳост.
Оҳану санг аст нафсу бут шарор,
Он шарор аз об мегирад қарор.
Сангу оҳан з-об кай сокин шавад?
Одамӣ бо ин ду кай эмин бувад?
Бут сиёҳоба-ст дар кӯза ниҳон,
Нафс мар оби сияҳро чашма дон.
Он бути манҳут чун сели сиёҳ,
Нафси бутгар чашмае бар оброҳ.
Сад сабӯро бишканад як пора санг
В-об чашма мезаҳонад бедиранг.
Бут шикастан саҳл бошад, нек саҳл,
Саҳл дидан нафсро ҷаҳл аст, ҷаҳл.
Сурати нафс ар биҷӯйӣ, эй писар,
Қиссаи дӯзах бихон бо ҳафт дар.
Ҳар нафас макреву дар ҳар макр з-он
Ғарқа сад Фиръавн бо фиръавниён.
Дар Худои Мӯсиву Мӯсо гурез,
Оби имонро зи фиръавнӣ марез.
Дастро андар аҳад в-Аҳмад бизан,
Эй бародар, вораҳ аз Бӯҷаҳли тан.

Ба сухан омадани тифл дар миёни оташ ва таҳриз кардан халқро дар афтодан ба оташ

Як зане бо тифл овард он ҷуҳуд,
Пеши оташ в-оташ андар шӯъла буд.
Тифл аз ӯ бистад, дар оташ дарфиганд,
Зан битарсиду дил аз имон биканд.
Хост то ӯ саҷда орад пеши бут,
Бонг зад он тифл: «инни лам амут».
Андаро, эй модар, ин ҷо ман х(в)ашам,
Гарчи дар сурат миёни оташам.
Чашмбанд аст оташ аз баҳри ҳиҷеб,
Раҳмат аст ин сар бароварда зи ҷеб.
Андаро модар, бибин бурҳони Ҳақ,
То бибинӣ ишрати хосони Ҳақ.
Андарову об бин оташмисол,
Аз ҷаҳоне, к-оташ аст, обаш мисол.
Андаро, асрори Иброҳим бин,
К-ӯ дар оташ ёфт сарву ёсамин.
Марг медидам гаҳи зодан зи ту,
Сахт хавфам буд афтодан зи ту.
Чун бизодам, растам аз зиндони танг,
Дар ҷаҳони хушҳавои хубранг.
Ман ҷаҳонро чун раҳим дидам кунун,
Чун дар ин оташ бидидам ин сукун.
Андар ин оташ бидидам оламе,
Зарра-зарра андар ӯ исодаме.
Нак, ҷаҳони нестшакли ҳастзот
В-он ҷаҳони ҳастшакли бесубот.
Андаро модар, ба ҳаққи модарӣ,
Бин, ки ин озар надорад озарӣ.
Андаро модар, ки иқбол омадаст,
Андаро модар, мадеҳ давлат зи даст.
Қудрати он саг бидидӣ, андаро,
То бибинӣ қудрату лутфи Худо.
Ман зи раҳмат мекашонам пойи ту,
К-аз тараб худ нестам парвойи ту.
Андарову дигаронро ҳам бихон,
К-андар оташ шоҳ бинҳодаст хон.
Андароед, эй мусулмонон ҳама,
Ғайри азби дин азоб аст он ҳама.
Андароед, эй ҳама парвонавор
Андар ин баҳра, ки дорад сад баҳор.
Бонг мезад дар миёни он гурӯҳ,
Пур ҳамешуд ҷони халқон аз шикӯҳ.
Халқ худро баъд аз он бехештан
Мефиганданд андар оташ марду зан.
Бе муваккил, бе кашиш аз ишқи дӯст,
З-он ки ширин кардани ҳар талх аз ӯст.
То чунон шуд, к-он авонон халқро
Манъ мекарданд, к-оташ дармаё.
Он яҳудӣ шуд сияҳрӯву хиҷил,
Шуд пушаймон з-ин сабаб бемордил.
К-андар имон, халқ ошиқтар шуданд,
Дар фанои ҷисм содиқтар шуданд.
Макри шайтон ҳам дар ӯ печид, шукр,
Дев ҳам худро сияҳрӯ дид, шукр.
Он чӣ мемолид дар рӯйи касон,
Ҷамъ шуд дар чеҳраи он нокас он.
Он кӣ медаррид ҷомай халқ чуст,
Шуд дарида они ӯ, эшон дуруст.

Каж мондани даҳони он мард, ки номи Муҳаммадро саллалоҳу алайҳи ва саллам ба тасаххур хонд

Он даҳон каж карду аз тасхур бихонд
Мар Муҳаммадро, даҳонаш каж бимонд.
Боз омад, к-эй Муҳаммад, афв кун,
Эй туро алтофу илми «мин ладун».
Ман туро афсӯс мекардам зи ҷаҳл,
Ман будам афсӯсро мансубу аҳл.
Чун Худо хоҳад, ки пардай кас дарад,
Майлаш андар таънаи покон барад.
В-ар Худо хоҳад, ки пӯшад айби кас,
Кам занад дар айби маъюбон нафас».
Чун Худо хоҳад, кимон ёрӣ кунад,
Майли моро ҷониби зорӣ кунад.
Эй хунук чашме, ки он гирёни ӯст
В-эй ҳумоюн дил, ки он бирёни ӯст.
Охири ҳар гиря охир хандаест,
Марди охирбин муборак бандаест.
Ҳар куҷо оби равон, сабза бувад,
Ҳар куҷо ашке равон, раҳмат шавад.
Бош чун дӯлоб нолон, чашмтар,
То зи саҳни ҷон-т баррӯяд хузар.
Ашк хоҳӣ, раҳм кун бар ашкбор,
Раҳм хоҳӣ, бар заифон раҳм ор.

Итоб кардан оташро он подшоҳи ҷуҳуд

Рӯ ба оташ кард шаҳ, к-эй тундхӯ,
Он ҷаҳонсӯзи табиихӯт ку?
Чун намесӯзӣ? Чӣ шуд хосийятат?
Ё зи бахти мо дигар шуд нийятат?
Менабахшоӣ ту бар оташпараст,
Он кӣ напрастад туро, ӯ чун бираст?
Ҳаргиз, эй оташ, ту собир нестӣ,
Чун насӯзӣ? Чист қодир нестӣ?
Чашмбанд аст ин аҷаб! Ё ҳушбанд?
Чун насӯзонад чунин шӯълай баланд?
Ҷодуӣ кардат касе? Ё симиёст?
Ё хилофи табъи ту аз бахти мост?»
Гуфт оташ: «Ман ҳамонам, эй шаман,
Андаро, то ту бибинӣ тоби ман.
Табъи ман дигар нагашту унсурам,
Теғи ҳаққам, ҳам ба дастуре бурам.
Бар дари хиргаҳ сагони туркамон
Чоплусӣ карда пеши меҳмон.
В-ар ба хиргаҳ бигзарад бегонарӯ,
Ҳамла бинад аз сагон шерона ӯ.
Ман зи саг кам нестам дар бандагӣ,
Кам зи турке нест Ҳақ дар зиндагӣ.
Оташи табъат агар ғамгин кунад,
Сӯзиш аз амри малики дин кунад.
Оташи табъат агар шодӣ диҳад,
Андар ӯ шодӣ малики дин ниҳад.
Чунки ғамгинӣ, ту истиғфор кун,
Ғам ба амри холиқ омад, кор кун.
Чун бихоҳад, айни ғам шодӣ шавад,
Айни банди пойи озоде шавад.
Боду хоку обу оташ бандаанд,
Бо ману ту мурда, бо Ҳақ зиндаанд.
Пеши Ҳақ оташ ҳамеша дар қиём,
Ҳамчу ошиқ рӯзу шаб печон мудом.
Санг бар оҳан занӣ, берун ҷаҳад,
Ҳам ба амри Ҳақ қадам берун ниҳад.
Оҳану санги ситам бар ҳам мазан,
К-ин ду мезоянд ҳамчун марду зан.
Сангу оҳан худ сабаб омад, валек
Ту ба боло барнигар, эй марди нек!
К-ин сабабро он сабаб овард пеш,
Бесабаб кай шуд сабаб ҳаргиз зи хеш?
В-он сабабҳо, к-анбиёро раҳбаранд,
Он сабабҳо з-ин сабабҳо бартаранд.
Ин сабабро он сабаб омил кунад,
Боз гоҳе бебару отил кунад.
Ин сабабро маҳрам омад ақлҳо
В-он сабабҳорост маҳрам анбиё.
Ин сабаб чӣ бвад? Ба тозӣ, гӯ, расан,
Андар ин чӣ, ин расан омад ба фан.
Гардиши чарха расанро иллат аст,
Чархагардонро надидан заллат аст.
Ин расанҳои сабабҳо дар ҷаҳон,
Ҳону ҳон! З-ин чархи саргардон мадон.
То намонӣ сифру саргардон чу чарх,
То насӯзӣ ту зи бемағзӣ чу марх.
Бод оташ мехурад аз амри Ҳақ,
Ҳар ду сармаст омаданд аз хамри Ҳақ.
Оби ҳилму оташи хашм, эй писар,
Ҳам зи Ҳақ бинӣ, чу бигшоӣ басар.
Гар набудӣ воқиф аз Ҳақ ҷони бод,
Фарқ кай кардӣ миёни қавми Од?
Ҳуд гирди мӯъминон хатте кашид,
Нарм мешуд бод, к-он ҷо мерасид.
Ҳар кӣ берун буд з-он хат ҷумларо,
Пора-пора мегусаст андар ҳаво.
Ҳамчунин Шайбони роъӣ мекашид
Гирд бар гирди рама хатте падид.
Чун ба ҷумъа мешуд ӯ вақти намоз,
То наёрад гург он ҷо турктоз.
Ҳеҷ гурге дарнарафтӣ андар он,
Гӯсфанде ҳам нагаштӣ з-он нишон.
Боди ҳирси гургу ҳирси гӯсфанд
Доирай марди Худоро буд банд.
Ҳамчунин боди аҷал бо орифон
Нарму хуш ҳамчун насими юсуфон.
Оташ Иброҳимро дандон назад,
Чун гузидай Ҳақ бувад, чунаш газад?
З-оташи шаҳват насӯзад аҳли дин,
Боқиёнро бурда то қаъри замин.
Мавҷи дарё чун ба амри Ҳақ битохт,
Аҳли Мӯсоро зи қибтӣ вошинохт.
Хок Қорунро чу фармон даррасид,
Бо зару тахташ ба қаъри худ кашид.
Обу гил чун аз дами Исо чарид,
Болу пар бикшод, мурғе шуд, парид,
Ҳаст тасбеҳат бухори обу гил,
Мурғи ҷаннат шуд зи нафхи сидқи дил.
Кӯҳи Тур аз нури Мӯсо шуд ба рақс,
Сӯфии комил шуду раст ӯ зи нақс.
Чӣ аҷаб, гар кӯҳ сӯфӣ шуд азиз,
Ҷисми Мӯсо аз кулӯхе буд низ.

Танзу инкор кардани подшоҳи ҷуҳуд ва қабул нокардани насиҳати хосони хеш

Ин аҷоиб дид он шоҳи ҷуҳуд,
Ҷуз ки танзу ҷуз ки инкораш набуд.
Носеҳон гуфтанд: «Аз ҳад магзарон,
Маркаби истезаро чандин марон».
Носеҳонро даст басту банд кард,
Зулмро пайванд дар пайванд кард.
Бонг омад кор чун ин ҷо расид:
«Пой дор, эй саг, ки қаҳри мо расид».
Баъд аз он оташ чиҳил газ барфурӯхт,
Ҳалқа гашту он ҷуҳудонро бисӯхт.
Асли эшон буд оташ з-ибтидо,
Сӯйи асли хеш рафтанд интиҳо.
Ҳам зи оташ зода буданд он фариқ,
Ҷузвҳоро сӯйи кул бошад тариқ.
Оташе буданд мӯъминсӯзу бас,
Сӯхт худро оташи эшон чу хас.
Он кӣ будаст уммуҳу алҳовия,
Ҳовия омад мар-ӯро зовия.
Модари фарзанд ҷӯёни вай аст,
Аслҳо мар фаръҳоро дар пай аст.
Обҳо дар ҳавз агар зиндонӣ аст,
Бод нашфаш мекунад, к-арконӣ аст.
Мераҳонад, мебарад то маъданаш
Андак-андак, то набинӣ бурданаш.
В-ин нафас ҷонҳои моро ҳамчунон
Андак-андак дуздад аз ҳабси ҷаҳон.
То «илайҳи ясъад атёбу-л-калим,
Соидан минно ило ҳайсу алим.
Тартақи анфосуно билмунтақо,
Мутҳафан минно ило дорилбақо.
Сумма таътино мукофоту-л-мақол,
Зиъфа зока раҳматан мин зилҷалол.
Сумма юлҷино ило амсолиҳо,
Кай янолу-л-абду миммо нолаҳо.
Ҳоказо таъруҷ ва танзил доимо,
Зо фало зилта алайҳи қоимо».
Порсӣ гӯем, яъне ин кашиш
З-он тараф ояд, ки омад он чашиш.
Чашми ҳар қавме ба сӯйе мондааст,
К-он тараф як рӯз завқе рондааст.
Завқи ҷинс аз ҷинси худ бошад яқин,
Завқи ҷузв аз кулли худ бошад, бибин.
Ё магар он қобили ҷинсе бувад,
Чун бад-ӯ пайваст, ҷинси ӯ шавад.
Ҳамчу обу нон, ки ҷинси мо набуд,
Гашт ҷинси мову андар мо фузуд.
Нақши ҷинсийят надорад обу нон,
З-эътибори охир онро ҷинс дон.
В-ар зи ғайри ҷинс бошад завқи мо,
Он магар монанд бошад ҷинсро.
Он кӣ монанд аст, бошад орият,
Орият боқӣ намонад оқибат.
Мурғро гар завқ ояд аз сафир,
Чунки ҷинси худ наёбад, шуд нафир.
Ташнаро гар завқ ояд аз сароб,
Чун расад дар вай, гурезад, ҷӯяд об.
Муфлисон ҳам хуш шаванд аз зарри қалб,
Лек он расво шавад дар дори зарб.
То зарандудит аз раҳ нафганад,
То хаёли каж туро чаҳ нафганад.
Аз Калила бозҷӯ он қиссаро
В-андар он қисса талаб кун ҳиссаро.

52

(Tashriflar: umumiy 109, bugungi 1)

Izoh qoldiring