Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ. Маснавӣ. Дафтари якум & Маснавии маънавӣ. 2-Audio

75Бидуни шакку шубҳа, «Маснавии маънавӣ» қомуси ҷомеи мақолу зарбулмасал, суханҳои ҳикматомез ва пандҳову мавъизаҳои рехтаву пухтаи мутафаккир мебошад. Ӯ дар ин асари худ аз ҳикоятҳои халқии мардуми форсизабону туркилисон, аз тамсилоти халқу қавмҳои ғайримусулмон, ки сокини Осиёи Сағир буданд, хеле фаровон истифода кардааст…

مولوی جلال‌الدین محمد.مثنوی معنوی
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
МАСНАВЙ
Идомаи дафтари якум


Дарёфтани он валӣ ранҷро ва арз кардани ранҷи ӯ пеши подшоҳ

Баъд аз он бархост, азми шоҳ кард,
Шоҳро з-он шаммае огоҳ кард.
Гуфт: «Тадбир он бувад, к-он мардро
Ҳозир орем аз пайи ин дардро.
Марди заргарро бихон з-он шаҳри дур,
Бо зару хилъат бидеҳ ӯро ғурур».
Чунки султон аз ҳаким онро шунид,
Панди ӯро аз дилу ҷон баргузид.

Фиристодани подшоҳ расулон ба Самарқанд ба овардани заргар

Шаҳ фиристод он тараф як-ду расул,
Ҳозиқону кофиёни бас адул.
То Самарқанд омаданд он ду амир
Пеши он заргар зи шоҳаншаҳ башир,
К-эй латифустоди комилмаърифат!
Фош андар шаҳрҳо аз ту сифат.
Нак, фалон шаҳ аз барои заргарӣ
Ихтиёрат кард, зеро меҳтарӣ.
Инак ин хилъат бигиру зарру сим,
Чун биёӣ, хос бошиву надим.
Мард молу хилъати бисёр дид,
Ғурра шуд, аз шаҳру фарзандон бурид.
Андар омад шодмон дар роҳ мард,
Бехабар, к-он шоҳ қасди ҷон-ш кард.
Аспи тозӣ барнишасту шод тохт,
Хунбаҳои хешро хилъат шинохт.
Эй шуда андар сафар бо сад ризо
Худ ба пойи хеш то сӯу-л-қазо.
Дар хаёлаш мулку иззу меҳтарӣ,
Гуфт Азроил: «Рав, оре, барӣ».
Чун расид аз роҳ он марди ғариб,
Андар овардаш ба пеши шаҳ табиб.
Сӯйи шоҳаншоҳ бурдандаш ба ноз,
То бисӯзад бар сари шамъи Тироз.
Шоҳ дид ӯро, басе таъзим кард,
Махзани зарро бад-ӯ таслим кард.
Пас ҳакимаш гуфт, к-эй султони меҳ,
Он канизакро бад-ин хоҷа бидеҳ.
То канизак дар висолаш х(в)аш шавад,
Оби васлаш дафъи он оташ шавад.
Шаҳ бад-ӯ бахшид он маҳрӯйро,
Ҷуфт кард он ҳар ду сӯҳбатҷӯйро.
Муддати шаш моҳ меронданд ком,
То ба сиҳҳат омад он духтар тамом.
Баъд аз он аз баҳри ӯ шарбат бисохт,
То бихӯрду пеши духтар мегудохт.
Чун зи ранҷурӣ ҷамоли ӯ намонд,
Ҷони духтар дар вуболи ӯ намонд.
Чунки зишту нохушу рухзард шуд,
Андак-андак дар дили ӯ сард шуд.
Ишқҳое, к-аз пайи ранге бувад,
Ишқ набвад, оқибат нанге бувад.
Кош, к-он ҳам нанг будӣ яксарӣ,
То нарафтӣ бар вай он баддоварӣ.
Хун давид аз чашми ҳамчун ҷӯйи ӯ,
Душмани ҷони вай омад рӯйи ӯ.
Душмани товус омад парри ӯ,
Эй басе шаҳро бикушта фарри ӯ.
Гуфт: «Ман он оҳуям, к-аз нофи ман
Рехт ин сайёд хуни софи ман.
Эй ман он рӯбоҳи саҳро, к-аз камин
Сар буридандам барои пӯстин.
Эй ман он пиле, ки захми пилбон
Рехт хунам аз барои устухон.
Он кӣ куштастам пайи модуни ман,
Менадонад, ки нахуспад хуни ман.
Бар ман аст имрӯзу фардо бар вай аст,
Хуни чун ман кас чунин зоеъ кай аст?
Гарчи девор афганад сояй дароз,
Бозгардад сӯйи ӯ он соя боз.
Ин ҷаҳон кӯҳ асту феъли мо нидо,
Сӯйи мо ояд нидоҳоро садо».
Ин бигуфту рафт дар дам зери хок,
Он канизак шуд зи ишқу ранҷ пок.
З-он ки ишқи мурдагон поянда нест,
З-он ки мурда сӯйи мо оянда нест.
Ишқи зинда дар равону дар басар
Ҳар даме бошад зи ғунча тозатар.
Ишқи он зинда гузин, к-ӯ боқӣ аст,
К-аз шароби ҷонфизоят соқӣ аст.
Ишқи он бигзин, ки ҷумлай анбиё
Ёфтанд аз ишқи ӯ кору киё.
Ту магӯ: «Моро бад-он шаҳ бор нест»,
Бо каримон корҳо душвор нест.

Баёни он ки куштан ва заҳр додани марди заргар ба ишорати илоҳӣ буд, на ба ҳавои нафс ва тааммули фосид

Куштани он мард бар дасти ҳаким
На пайи уммед буду на зи бим.
ӯ накушташ аз барои табъи шоҳ,
То наёмад амру илҳоми Илоҳ.
Он писарро к-иш Хизир бубрид ҳалқ,
Сирри онро дарнаёбад оми халқ.
Он кӣ аз Ҳақ ёбад ӯ ваҳю ҷавоб,
Ҳар чӣ фармояд, бувад айни савоб.
Он кӣ ҷон бахшад, агар букшад равост,
Ноиб асту дасти ӯ дасти Худост.
Ҳамчу Исмоил пешаш сар бинеҳ,
Шоду хандон пеши теғаш ҷон бидеҳ.
То бимонад ҷон-т хандон то абад,
Ҳамчу ҷони поки Аҳмад бо аҳад.
Ошиқон он гаҳ шароби ҷон кашанд,
Ки ба дасти хеш хубоншон кушанд.
Шоҳ он хун аз пайи шаҳват накард,
Ту раҳо кун бадгумониву набард.
Ту гумон бурдӣ, ки кард олудагӣ,
Дар сафо ғиш кай ҳилад полудагӣ?
Баҳри он аст ин риёзат в-ин ҷафо,
То барорад кӯра аз нуқра ҷуфо.
Баҳри он аст имтиҳони неку бад,
То биҷӯшад, бар сар орад зар зи бад.
Гар набудӣ кораш илҳоми Илоҳ,
ӯ саге будӣ даронанда, на шоҳ.
Пок буд аз шаҳвату ҳирсу ҳаво,
Нек кард ӯ, лек неки баднамо.
Гар Хизир дар баҳр киштиро шикаст,
Сад дурустӣ дар шикасти Хизр ҳаст.
Ваҳми Мӯсо бо ҳама нуру ҳунар
Шуд аз он маҳҷуб, ту бепар мапар.
Он гули сурх аст, ту хунаш махон,
Масти ақл аст ӯ, ту маҷнунаш махон.
Гар будӣ хуни мусулмон коми ӯ,
Кофирам, гар бурдаме ман номи ӯ.
Мебиларзад арш аз мадҳи шақӣ,
Бадгумон гардад зи мадҳаш муттақӣ.
Шоҳ буду шоҳи бас огоҳ буд,
Хос буду хосаи Аллоҳ буд.
Он касеро, к-аш чунин шоҳе кушад,
Сӯйи бахту беҳтарин ҷоҳе кашад.
Гар надидӣ суди ӯ дар қаҳри ӯ,
Кай шудӣ он лутфи мутлақ қаҳрҷӯ?
Бачча меларзад аз он неши ҳаҷом,
Модари мушфиқ дар он дам шодком.
Ними ҷон бистонаду сад ҷон диҳад,
Ончӣ дар ваҳмат наёяд, он диҳад.
Ту қиёс аз хеш мегирӣ, валек
Дури дур афтодаӣ, бингар ту нек.

Ҳикояти баққолу тӯтӣ ва равған рехтани тӯтӣ дар дуккон

Буд баққолеву вайро тӯтие,
Хушнавое, сабз, гӯё тӯтие.
Бар дукон будӣ нигаҳбони дукон,
Нукта гуфтӣ бо ҳама савдогарон.
Дар хитоби одамӣ нотиқ будӣ,
Дар навои тӯтиён ҳозиқ будӣ.
Ҷаст, аз сӯйи дукон, сӯйе гурехт,
Шишаҳои равғани гулро бирехт.
Аз сӯйи хона биёмад хоҷааш,
Бар дукон биншаст фориғ, хоҷаваш.
Дид пурравған дукону ҷома чарб,
Бар сараш зад, гашт тӯтӣ кал зи зарб.
Рӯзаке чанде сухан кӯтоҳ кард,
Марди баққол аз надомат оҳ кард.
Риш бармеканду мегуфт: «Эй дареғ,
К-офтоби неъматам шуд зери меғ.
Дасти ман бишкаста будӣ он замон,
Ки задам ман бар сари он хушзабон».
Ҳадяҳо медод ҳар дарвешро,
То биёбад нутқи мурғи хешро.
Баъди се рӯзу се шаб ҳайрону зор
Бар дукон биншаста буд навмедвор.
Менамуд он мурғро ҳар гун ниҳуфт,
То ки бошад, андар ояд ӯ ба гуфт.
Ҷавлақие сарбараҳна мегузашт,
Бо сари бемӯ, чу пушти тосу ташт.
Омад андар гуфт тӯтӣ он замон,
Бонг бар дарвеш зад чун оқилон.
К-аз чӣ, эй кал бо калон омехтӣ?
Ту магар аз шиша равған рехтӣ?
Аз қиёсаш ханда омад халқро,
К-ӯ чу худ пиндошт соҳибдалқро.
Кори поконро қиёс аз худ магир,
Гарчи монад дар набиштан шеру шир.
Ҷумла олам з-ин сабаб гумроҳ шуд,
Кам касе з-абдоли Ҳақ огоҳ шуд.
Ҳамсарӣ бо анбиё бардоштанд,
Авлиёро ҳамчу худ пиндоштанд.
Гуфта: «Инак мо башар, эшон башар,
Мову эшон бастаи хобему х(в)ар».
Ин надонистанд эшон аз амо,
Ҳаст фарқе дар миён бемунтаҳо.
Ҳар ду гун занбӯр хӯрданд аз маҳал,
Лек шуд з-он нешу з-ин дигар асал.
Ҳар ду гун оҳу гиё хӯрданду об,
З-ин яке саргин шуду з-он мушки ноб.
Ҳар ду най хӯрданд аз як обх(в)ар,
Ин яке холиву он пур аз шакар.
Садҳазорон инчунин ашбоҳ бин,
Фарқашон ҳафтодсола роҳ бин.
Ин хурад, гардад палидӣ з-ӯ ҷудо,
Он хурад, гардад ҳама нури Худо.
Ин хурад, зояд ҳама бухлу ҳасад
В-он хурад, зояд ҳама нури аҳад.
Ин замини поку он шӯр асту бад,
Ин фариштай поку он дев асту дад.
Ҳар ду сурат гар ба ҳам монад, равост,
Оби талху оби ширинро сафост.
Ҷуз ки соҳибзавқ, кӣ шносад? Биёб,
ӯ шиносад оби хуш аз шӯраоб.
Сеҳрро бо мӯъҷиза карда қиёс,
Ҳар дуро бар макр пиндорад асос.
Соҳирони Мӯсӣ аз истезаро
Баргирифта чун асои ӯ асо.
З-ин асо то он асо фарқест жарф,
З-ин амал то он амал роҳе шигарф.
Лаънатуллаҳ ин амалро дар қафо,
Раҳматуллаҳ он амалро дар вафо.
Кофирон андар миро бӯзинатабъ,
Офате омад даруни сина, табъ.
Ҳар чӣ мардум мекунад, бӯзина ҳам
Он кунад, к-аз мард бинад дам ба дам.
ӯ гумон бурда, ки ман кардам чу ӯ,
Фарқро кай донад он истезарӯ?
Ин кунад аз амр в-ӯ баҳри ситез,
Бар сари истезарӯён хок рез.
Он мунофиқ бо мувофиқ дар намоз,
Аз пайи истеза ояд, на ниёз.
Дар намозу рӯзаву ҳаҷҷу закот
Бо мунофиқ мӯъминон дар бурду мот.
Мӯъминонро бурд бошад оқибат,
Бар мунофиқ мот, андар охират.
Гарчи ҳар ду бар сари як бозиянд,
Ҳар ду бо ҳам марвазиву розиянд.
Ҳар яке сӯйи мақоми худ равад,
Ҳар яке бар вифқи номи худ равад.
Мӯъминаш хонанд, ҷонаш х(в)аш шавад
В-ар мунофиқ, тезу пуроташ шавад.
Номи ӯ маҳбуб аз зоти вай аст,
Номи ин мабғуз аз офоти вай аст.
«Мим»-у «вов»-у «мим»-у «нун» ташриф нест,
Лафзи «мӯъмин» ҷуз пайи таъриф нест.
Гар мунофиқ хонияш, ин номи дун
Ҳамчу каждум мехалад дар андарун.
Гар на ин ном иштиқоқи дӯзах аст,
Пас чаро дар вай мазоқи дӯзах аст.
Зиштии он номи бад аз ҳарф нест,
Талхии он оби баҳр аз зарф нест.
Ҳарф зарф омад, дар ӯ маънӣ чу об,
Баҳри маънӣ, индаҳу Уммулкитоб.
Баҳри талху баҳри ширин дар ҷаҳон
Дар миёншон «барзахун ло ябғиён».
В-он гаҳ ин ҳар ду зи як асле равон,
Баргузар з-ин ҳар ду, рав то асли он.
Зарри қалбу зарри некӯ дар иёр,
Бемиҳак ҳаргиз надонӣ з-эътибор.
Ҳар киро дар ҷон Худо бинҳад миҳак,
Ҳар яқинро боздонад ӯ зи шак.
Дар даҳони зинда хошоке ҷаҳад,
Он гаҳ оромад, ки берунаш ниҳад.
Дар ҳазорон луқма як хошоки хурд
Чун даромад, ҳисси зинда пай бибурд.
Ҳисси дунё нардбони ин ҷаҳон,
Ҳисси динӣ нардбони осмон.
Сиҳҳати ин ҳис биҷӯед аз табиб,
Сиҳҳати он ҳис биҷӯед аз ҳабиб.
Сиҳҳати ин ҳис зи маъмурии тан,
Сиҳҳати он ҳис зи тахриби бадан.
Роҳи ҷон мар ҷисмро вайрон кунад,
Баъд аз он вайронӣ ободон кунад.
Кард вайрон хона баҳри ганҷи зар
В-аз ҳамон ганҷаш кунад маъмуртар.
Обро бибриду ҷӯро пок кард,
Баъд аз он дар ҷӯ равон кард оби х(в)ард.
Пӯстро бишкофт, пайконро кашид,
Пӯст тоза баъд аз онаш бардамид.
Қалъа вайрон карду аз кофир ситад,
Баъд аз он барсохташ сад бурҷу сад.
Кори бечунро кӣ кайфият ниҳад?
Ин ки гуфтам, ин зарурат медиҳад.
Гаҳ чунин бинмояду гаҳ зидди ин,
Ҷуз ки ҳайронӣ набошад кори дин.
На чунон ҳайрон, ки пушташ сӯйи ӯст,
Бал чунон ҳайрону ғарқу масти дӯст.
Он якеро рӯйи ӯ шуд сӯйи дӯст
В-он якеро рӯйи ӯ худ рӯйи ӯст.
Рӯйи ҳар як менигар, медор пос,
Бу, ки гардӣ ту зи хидмат рӯшинос.
Чун басе Иблиси одамрӯй ҳаст,
Пас ба ҳар дасте нашояд дод даст.
З-он ки сайёд оварад бонги сафир,
То фиребад мурғро он мурғгир.
Бишнавад он мурғ бонги ҷинси хеш,
Аз ҳаво ояд, биёбад дому неш.
Ҳарфи дарвешон бидуздад марди дун,
То бихонад бар салиме з-он фусун.
Кори мардон рӯшаниву гармӣ аст,
Кори дунон ҳилаву бешармӣ аст.
Шери пашмин аз барои гад кунанд,
Бӯмусайлимро лақаб Аҳмад кунанд.
Бӯмусайлимро лақаб «каззоб» монд,
Мар Муҳаммадро «улув албоб» монд.
Он шароби Ҳақ хитомаш мушки ноб,
Бодаро хатмаш бувад ганду азоб.

Донистани он подшоҳи ҷуҳуд, ки насрониёнро мекушт аз баҳри таассуб

Буд шоҳе дар ҷуҳудон зулмсоз,
Душмани Исову насронигудоз.
Аҳди Исо буду навбат они ӯ,
Ҷони Мӯсо ӯву Мӯсо ҷони ӯ.
Шоҳи аҳвал кард дар роҳи Худо
Он ду дамсози худоиро ҷудо.
Гуфт устод аҳвалеро, к-андаро
Рав, бурун ор аз вусоқ он шишаро.
Гуфт аҳвал: «З-он ду шиша ман кадом
Пеши ту орам? Бикун шарҳи тамом».
Гуфт устод: «Он, ду шиша нест, рав,
Аҳвалӣ бигзору афзунбин машав».
Гуфт: «Эй усто, маро таъна мазан»,
Гуфт усто: «З-он ду якро даршикан».
Чун яке бишкаст, ҳар ду шуд зи чашм,
Мард аҳвал гардад аз майлону хашм.
Шиша як буду ба чашмаш ду намуд,
Чун шикаст ӯ шишаро, дигар набуд.
Хашму шаҳват мардро аҳвал кунад,
З-истиқомат рӯҳро мубдал кунад.
Чун ғараз омад, ҳунар пӯшида шуд,
Сад ҳиҷоб аз дил ба сӯйи дида шуд.
Чун диҳад қозӣ ба дил ришват қарор,
Кай шиносад золим аз мазлуми зор?
Шоҳ аз ҳиқди ҷуҳудона чунон,
Гашт аҳвал, к-ал-амон, ё раб, амон.
Садҳазорон мӯъмини мазлум кушт,
Ки паноҳам дини Мӯсорову пушт.

Омӯхтани вазир макр подшоҳро

ӯ вазире дошт, габру ишвадеҳ,
К-ӯ бар об аз макр барбастӣ гиреҳ.
Гуфт: «Тарсоён паноҳи ҷон кунанд,
Дини худро аз малик пинҳон кунанд.
Кам куш эшонро, ки куштан суд нест,
Дин надорад бӯй, мушку уд нест.
Сирр пинҳон аст андар сад ғилоф,
Зоҳираш бо тусту ботин бар хилоф».
Шоҳ гуфташ: «Пас бигӯ, тадбир чист?
Чораи он макру он тазвир чист?
То намонад дар ҷаҳон насроние,
Не ҳувайдо дину на пинҳоние».
Гуфт: «Эй шаҳ, гӯшу дастамро бибур,
Биниям бишкофу лаб дар ҳукми мур.
Баъд аз он дар зери дор овар маро,
То бихоҳад як шафоатгар маро.
Бар мунодигоҳ кун ин кор ту,
Бар сари роҳе, ки бошад чорсӯ.
Он гаҳам аз худ бирон то шаҳри дур,
То дарандозам дар эшон шарру шӯр».

Талбиси вазир бо насоро

Пас бигӯям ман ба сир, насрониям,
Эй Худои роздон, медониям.
Шоҳ воқиф гашт аз имони ман
В-аз таассуб кард қасди ҷони ман.
Хостам, то дин зи шаҳ пинҳон кунам,
Он кӣ дини ӯст, зоҳир он кунам.
Шоҳ бӯе бурд аз асрори ман,
Муттаҳам шуд пеши шаҳ гуфтори ман.
Гуфт: «Гуфти ту, чу дар нон сӯзан аст,
Аз дили ман то дили ту равзан аст.
Ман аз он равзан бидидам ҳоли ту,
Ҳоли ту дидам, нанӯшам қоли ту.
Гар набудӣ ҷони Исо чораам,
ӯ ҷуҳудона бикардӣ пораам.
Баҳри Исо ҷон супорам, сар диҳам,
Садҳазорон миннаташ бар худ ниҳам.
Ҷон дареғам нест аз Исо, валек
Воқифам бар илми динаш нек-нек.
Ҳайф меомад маро, к-он дини пок
Дар миёни ҷоҳилон гардад ҳалок.
Шукр Эзидрову Исоро, ки мо
Гаштаем он кеши Ҳақро раҳнамо.
Аз ҷуҳуду аз ҷуҳудӣ растаем,
То ба зунноре миёнро бастаем.
Давр даври Исӣ аст, эй мардумон,
Бишнавед асрори кеши ӯ ба ҷон».
Кард бо вай шоҳ он коре, ки гуфт,
Халқ ҳайрон монда з-он макри ниҳуфт.
Ронд ӯро ҷониби насрониён,
Кард дар даъват шурӯъ ӯ баъд аз он.

Қабул кардани насоро макри вазирро

Садҳазорон марди тарсо сӯйи ӯ,
Андак-андак ҷамъ шуд дар кӯйи ӯ.
ӯ баён мекард бо эшон ба роз,
Сирри Ангалюну зуннору намоз.
ӯ ба зоҳир воизи аҳком буд,
Лек дар ботин сафиру дом буд.
Баҳри ин баъзе саҳоба аз расул
Мултамис буданд макри нафси ғул,
К-ӯ чӣ омезад зи ағрози ниҳон
Дар ибодатҳову дар ихлоси ҷон?
Фазли тоатро наҷустандӣ аз ӯ,
Айби зоҳирро биҷустандӣ, ки ку?
Мӯ ба мӯву зарра зарра макри нафс,
Мешиносиданд чун гул аз карафс.
Мӯшикофони саҳоба ҳам дар он
Ваъзи эшон хира гаштандӣ ба ҷон.

Мутобиати насоро вазирро

Дил бад-ӯ доданд тарсоён тамом,
Худ чӣ бошад қуввати тақлиди ом!
Дар даруни сина меҳраш коштанд,
Ноиби Исо-ш мепиндоштанд.
ӯ ба сир даҷҷоли якчашми лаъин,
Эй Худо, фарёдрас, ниъмулмуъин!
Садҳазорон дому дона-ст, эй Худо,
Мо чу мурғони ҳариси бенаво.
Дам ба дам мо бастаи доми навем,
Ҳар яке, гар бозу симурғе шавем.
Мераҳонӣ ҳар даме морову боз,
Сӯйи доме меравем, эй бениёз.
Мо дар ин анбор гандум мекунем,
Гандуми ҷамъомада гум мекунем.
Менаяндешем охир мо ба ҳуш,
К-ин халал дар гандум аст аз макри муш.
Муш то анбори мо ҳуфра задаст
В-аз фанаш анбори мо вайрон шудаст.
Аввал, эй ҷон, дафъи шарри муш кун
В-онгаҳон дар ҷамъи гандум ҷӯш кун.
Бишнав аз ахбори он садруссудур:
«Ло салота тамма илло билҳузур».
Гар на муше дузд дар анбори мост,
Гандуми аъмоли чилсола куҷост?
Реза-реза сидқи ҳаррӯза чаро
Ҷамъ менояд дар ин анбори мо?
Бас ситорай оташ аз оҳан ҷаҳид
В-он дили сӯзида пазруфту кашид.
Лек дар зулмат яке дузде ниҳон,
Мениҳад ангушт бар исторагон.
Мекушад исторагонро як ба як,
То ки нафрӯзад чароғе аз фалак.
Гар ҳазорон дом бошад дар қадам,
Чун ту бо мойӣ, набошад ҳеҷ ғам.
Чун иноётат бувад бо мо муқим,
Кай бувад биме аз он дузди лаъим?
Ҳар шабе аз доми тан арвоҳро
Мераҳонӣ, меканӣ алвоҳро.
Мераҳанд арвоҳ ҳар шаб з-ин қафас,
Фориғон, на ҳокиму маҳкуми кас.
Шаб зи зиндон бехабар зиндониён,
Шаб зи давлат бехабар султониён.
На ғаму андешаи суду зиён,
На хаёли ин фалону он фалон.
Ҳоли ориф ин бувад бехоб ҳам,
Гуфт Эзид: «ҳум руқудун» з-ин марам.
Хуфта аз аҳволи дунё рӯзу шаб
Чун қалам дар панҷаи тақлиби раб.
Он кӣ ӯ панҷа набинад дар рақам,
Феъл пиндорад ба ҷунбиш аз қалам.
Шаммае з-ин ҳол ориф вонамуд,
Ақлро ҳам хоби ҳиссӣ даррабуд.
Рафта дар саҳрои бечун ҷонашон,
Рӯҳашон осудаву абдонашон.
В-аз сафире боз дом андаркашӣ,
Ҷумларо дар доду дар довар кашӣ.
Чунки нури субҳдам сар барзанад,
Каркаси заррини гардун пар занад.
Фолиқуласбоҳ, исрофилвор
Ҷумларо дар сурат орад з-он диёр.
Рӯҳҳои мунбаситро тан кунад,
Ҳар танеро боз обистан кунад.
Аспи ҷонро мекунад орӣ зи зин,
Сирри «аннавму аху-л-мавт» аст ин.
Лек баҳри он ки рӯз оянд боз,
Барниҳад бар пояшон банди дароз.
То ки рӯзаш вокашад з-он марғзор
В-аз чарогоҳ орадаш дар зери бор.
Кош чун асҳоби Каҳф ин рӯҳро
Ҳифз кардӣ ё чу киштӣ Нӯҳро.
То аз ин тӯфони бедориву ҳуш,
Вораҳидӣ ин замиру чашму гӯш.
Эй басе асҳоби Каҳф андар ҷаҳон
Паҳлуи ту, пеши ту ҳаст ин замон.
Ёр бо ӯ, ғор бо ӯ дар суруд,
Мӯҳр бар чашм асту бар гӯшат, чӣ суд!

034

(Tashriflar: umumiy 89, bugungi 1)

Izoh qoldiring