«Маснавӣ», ба хотири осонии кори тарғибу ташвиқи ғояҳои ирфонӣ, фаҳмишу омӯзиши пайравону муридони пири тариқат ва дарку маърифати асрори ҳақиқат, чунон равшану возеҳу фаҳмо ва хотирнишину мутасаввиру гӯё нигошта шудааст, ки ҳар касе метавонад ба қадри тавону имкони худ аз ҳар байту тамсилу ҳикояту ривояти он суду баҳрае бардорад..
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
МАСНАВЙ
Давоми дафтари дуюм
Муроот кардани зан шавҳарро ва истиғфор кардан аз гуфтаи хеш
Зан чу дид ӯро, ки тунду тавсан аст,
Гашт гирён. Гиря худ доми зан аст.
Гуфт: «Аз ту кай чунин пиндоштам?
Аз ту ман уммеди дигар доштам».
Зан даромад аз тариқи нестӣ,
Гуфт: «Ман хоки шумоам, не сатӣ.
Ҷисму ҷону ҳар чӣ ҳастам, они туст,
Ҳукму фармон ҷумлагӣ фармони туст.
Гар зи дарвешӣ дилам аз сабр ҷаст,
Баҳри хешам нест он, баҳри ту аст.
Ту маро дар дардҳо будӣ даво,
Ман намехоҳам, ки бошӣ бенаво.
Ҷони ту, к-аз баҳри хешам нест ин,
Аз барои тустам ин нола-в ҳанин.
Хеши ман валлаҳ, ки баҳри хеши ту,
Ҳар нафас хоҳад, ки мирад пеши ту.
Кош ҷонат, к-иш равони ман фидо,
Аз замири ҷони ман воқиф будо.
Чун ту бо ман инчунин будӣ ба занн,
Ҳам зи ҷон безор гаштам, ҳам зи тан.
Хокро бар симу зар кардем, чун
Ту чунинӣ бо ман, эй ҷонро сукун!
Ту ки дар ҷону дилам ҷо мекунӣ,
З-ин қадар, аз ман табарро мекунӣ?
Ту табарро кун, ки ҳастат дастгоҳ,
Эй табаррои туро ҷон узрхоҳ.
Ёд мекун он замонеро, ки ман
Чун санам будам, ту будӣ чун шаман.
Банда бар вифқи ту дил афрӯхтаст,
Ҳар чӣ гӯйӣ пухт, гӯяд сӯхтаст.
Ман сипонохи ту, бо ҳар чим пазӣ,
Ё турушбо ё ки ширин, месазӣ.
Куфр гуфтам, нак ба имон омадам,
Пеши ҳукмат аз сари ҷон омадам.
Хӯйи шоҳонай туро нашнохтам,
Пеши ту густох хар дартохтам.
Чун зи афви ту чароғе сохтам,
Тавба кардам, эътироз андохтам.
Мениҳам пеши ту шамшеру кафан,
Мекашам пеши ту гурдонро, бизан.
Аз фироқи талх мегӯйӣ сухун?
Ҳар чӣ хоҳӣ кун, валекин ин макун.
Дар ту аз ман узрхоҳе ҳаст сир,
Бо ту бе ман, ӯ шафеъ мустамир.
Узрхоҳам дар дарунат хулқи туст,
З-эътимоди ӯ дили ман ҷурмҷӯст.
Раҳм кун пинҳон зи худ, эй хашмгин,
Эй ки хулқат беҳ зи сад ман ангубин».
З-ин насақ мегуфт бо лутфу гушод,
Дар миёна гиряе бар вай фитод.
Гиря чун аз ҳад гузашту ҳой-ҳой
З-ӯ, ки бе гиря буд ӯ худ дилрабой.
Шуд аз он борон яке барқе падид,
Зад шароре дар дили марди ваҳид.
Он ки бандай рӯйи хубаш буд мард,
Чун бувад, чун бандагӣ оғоз кард?
Он ки аз кибраш дилат ларзон бувад,
Чун шавӣ, чун пеши ту гирён шавад?
Он ки аз нозаш дилу ҷон хун бувад,
Чунки ояд дар ниёз, ӯ чун бувад?
Он ки дар ҷавру ҷафояш доми мост,
Узри мо чӣ бвад, чу ӯ дар узр хост?
«Зуййина ли-н-нос», Ҳақ оростаст,
З-он чӣ Ҳақ орост, чун донанд ҷаст?
Чун пайи «яскун илайҳо»-ш офарид,
Кай тавонад Одам аз Ҳавво бурид?
Рустами Зол ар бувад в-аз Ҳамза беш,
Ҳаст дар фармон асири золи хеш.
Он ки олам масти гуфташ омадӣ,
«Каллиминӣ ё ҳумайро» мезадӣ.
Об ғолиб шуд бар оташ аз ниҳеб,
З-оташ ӯ ҷӯшад, чу бошад дар ҳиҷеб.
Чунки деге ҳойил омад ҳар дуро,
Нест кард он обро, кардаш ҳаво.
Зоҳиран бар зан чу об ар ғолибӣ,
Ботинан мағлубу занро толибӣ.
Инчунин хосиййате дар одамист,
Меҳр ҳайвонро кам аст, он аз камист.
Дар баёни ин хабар, ки «иннаҳунна яғлибна-л-оқила ва яғлибу ҳунна-л-ҷоҳилу»
Гуфт пайғамбар, ки зан бар оқилон
Ғолиб ояд сахту бар соҳибдилон.
Боз бар зан ҷоҳилон чира шаванд,
З-он ки эшон тунду бас хира раванд.
Кам бувадшон риққату лутфу видод,
З-он ки ҳайвонист ғолиб бар ниҳод.
Меҳру риққат васфи инсонӣ бувад,
Хашму шаҳват васфи ҳайвонӣ бувад.
Партави Ҳақ аст он, маъшуқ нест,
Холиқ аст он гӯиё, махлуқ нест.
Таслим кардани мард худро ба он чӣ илтимоси зан буд аз талаби маишат ва он эътирози занро ишорати Ҳақ донистан:
Ба назди ақл ҳар донандае ҳаст,
Ки бо гарданда гардонандае ҳаст.
Мард з-он гуфтан пушаймон шуд чунон,
К-аз авонӣ соати мурдан авон.
Гуфт: «Хасми ҷони ҷон, чун омадам?
Бар сари ҷон ман лагадҳо чун задам?»
Чун қазо ояд, фурӯ пӯшад басар,
То надонад ақли мо поро зи сар.
Чун қазо бигзашт, худро мех(в)арад,
Парда бидрида, гиребон медарад.
Мард гуфт: «Эй зан пушаймон мешавам,
Гар будам кофир, мусулмон мешавам.
Ман гунаҳкори туам, раҳме бикун,
Бармакан якборагим аз беху бун».
Кофири пир ар пушаймон мешавад,
Чунки узр орад, мусулмон мешавад.
Ҳазрати пурраҳмат асту пуркарам,
Ошиқи ӯ ҳам вуҷуду ҳам адам.
Куфру имон ошиқи он кибриё,
Миссу нуқра бандаи он кимиё.
Дар баёни он ки Мӯсо ва Фиръавн ҳар ду мусаххари машийятанд, чунонки заҳру позаҳру зулмоту нур ва муноҷот кардани Фиръавн ба хилват, то номус нашиканад
Мӯсиву Фиръавн маъниро раҳӣ,
Зоҳир он раҳ дораду он бераҳӣ.
Рӯз Мӯсо пеши Ҳақ нолон шуда,
Нимшаб Фиръавн ҳам гирён буда.
К-ин чӣ ғулл аст, эй Худо бар гарданам?
Вар на ғул бошад, ки гӯяд ман манам?
З-он ки Мӯсоро мунаввар кардаӣ,
Мар маро з-он ҳам мукаддар кардаӣ.
З-он ки Мӯсоро ту маҳрӯ кардаӣ,
Моҳи ҷонамро сияҳрӯ кардаӣ.
Беҳтар аз моҳе набуд истораам,
Чун хусуф омад, чӣ бошад чораам?
Навбатам гар раббу султон мезананд,
Маҳ гирифту халқ пангон мезананд.
Мезананд он тосу ғавғо мекунанд,
Моҳро з-он захма расво мекунанд.
Ман, ки Фиръавнам, зи халқ, эй войи ман!
Захми тос он раббиалаълойи ман.
Хоҷатошонем, аммо тешаат
Мешикофад шохро дар бешаат.
Боз шохеро мувассал мекунад,
Шохи дигарро муаттал мекунад.
Шохро бар теша дасте ҳаст? Не,
Ҳеч шох аз дасти теша ҷаст? Не.
Ҳаққи он қудрат ки он тешай турост,
Аз карам кун ин кажиҳоро ту рост.
Боз бо худ гуфта Фиръавн: «Эй аҷаб,
Ман на дар «ё раббано»-ам ҷумла шаб?
Дар ниҳон хокиву мавзун мешавам,
Чун ба Мӯсо мерасам, чун мешавам?
Ранги зарри қалб даҳтӯ мешавад,
Пеши оташ чун сияҳрӯ мешавад.
На, ки қалбу қолабам дар ҳукми ӯст,
Лаҳзае мағзам кунад, як лаҳза пӯст.
Сабз гардам, чунки гӯяд кишт бош,
Зард гардам, чунки гӯяд зишт бош.
Лаҳзае моҳам кунад як дам сиёҳ,
Худ чӣ бошад ғайри ин, кори Илоҳ?
Пеши чавгонҳои ҳукми «кунфакон»,
Медавем андар макону ломакон.
Чунки берангӣ асири ранг шуд,
Мӯсие бо Мӯсие дар ҷанг шуд.
Чун ба берангӣ расӣ, к-он доштӣ,
Мӯсиву Фиръавн доранд оштӣ.
Гар туро ояд бар ин нукта суол,
Ранг кай холӣ бувад аз қилу қол?
Ин аҷаб, к-ин ранг аз беранг хост,
Ранг бо беранг чун дар ҷанг хост?
Асли равған з-об афзун мешавад,
Оқибат бо об зид чун мешавад?
Чунки равғанро зи об исриштаанд,
Об бо равған чаро зид гаштаанд?
Чун гул аз хор асту хор аз гул, чаро
Ҳар ду дар ҷанганду андар моҷаро?
Ё на ҷанг аст ин, барои ҳикмат аст,
Ҳамчу ҷанги харфурӯшон санъат аст.
Ё на ин асту на он, ҳайронӣ аст,
Ганҷ бояд ҷуст, ин вайронӣ аст.
Он чӣ ту ганҷаш таваҳҳум мекунӣ,
З-он таваҳҳум ганҷро гум мекунӣ.
Чун иморат дон ту ваҳму ройҳо,
Ганҷ набвад дар иморатҷойҳо.
Дар иморат ҳастиву ҷанге бувад,
Нестро аз ҳастҳо нанге бувад.
На ки ҳаст аз нестӣ фарёд кард,
Балки нест он ҳастро водод кард.
Ту магӯ, ки ман гурезонам зи нест,
Балки ӯ аз ту гурезон аст, бист.
Зоҳиран мехонадат ӯ сӯйи х(в)ад
В-аз дарун меронадат бо чӯбрад.
Наълҳои божгуна-ст, эй салим,
Нафрати Фиръавн медон аз Калим.
Сабаби ҳирмони ашқиё аз ду ҷаҳон, ки «хасара-д-дунё ва-л-охират»
Чун ҳакимак эътиқоде кардааст,
К-осмон байза, замин чун зарда аст.
Гуфт соил: «Чун бимонд ин хокдон
Дар миёни ин муҳити осмон?
Ҳамчу қандиле муаллақ дар ҳаво,
На ба асфал меравад, на бар уло».
Он ҳакимаш гуфт, к-аз ҷазби само
Аз ҷиҳоти шаш бимонд андар ҳаво.
Чун зи миқнотиси қуббай рехта,
Дар миён монд оҳане овехта».
Он дигар гуфт: «Осмони босафо,
Кай кашад дар худ замини тираро?
Балки дафъаш мекунад аз шаш ҷиҳот,
З-он бимонд андар миёни осифот».
Пас зи дафъи хотири аҳли камол,
Ҷони фиръавнон бимонд андар залол.
Пас зи дафъи ин ҷаҳону он ҷаҳон
Мондаанд ин бераҳон бе ину он.
Саркашӣ аз бандагони зулҷалол,
Дон, ки доранд аз вуҷуди ту малол.
Каҳрабо доранд, чун пайдо кунанд,
Коҳи ҳастии туро шайдо кунанд.
Каҳрабои хеш чун пинҳон кунанд,
Зуд таслими туро туғён кунанд.
Ончунон ки мартабай ҳайвонӣ аст,
К-ӯ асиру суғбаи инсонӣ аст.
Мартабай инсон ба дасти авлиё,
Суғба чун ҳайвон шиносаш, эй киё!
Бандаи худ хонд Аҳмад дар ришод,
Ҷумла оламро, бихон «қул ё ибод».
Ақли ту ҳамчун шутурбон, ту шутур,
Мекашонад ҳар тараф дар ҳукми мур.
Ақли ақланд авлиёву ақлҳо
Бар мисоли уштурон то интиҳо.
Андар эшон бингар охир з-эътибор,
Як қаловуз аст ҷони сад ҳазор.
Чӣ қаловузу чӣ уштурбон? Биёб,
Дидаӣ, к-он дида бинад офтоб.
Як ҷаҳон дар шаб бимонда мехдӯз,
Мунтазир, мавқуфи хуршед асту рӯз.
Ин-т хуршеде ниҳон дар заррае,
Шери нар дар пӯстини баррае.
Ин-т дарёе ниҳон дар зери коҳ,
По бар ин каҳ, ҳин, манеҳ бо иштибоҳ.
Иштибоҳеву гумонеро дарун,
Раҳмати Ҳақ аст баҳри раҳнамун.
Ҳар паямбар фард омад дар ҷаҳон,
Фард буд он раҳнамояш дар ниҳон.
Оламе кубро ба қудрат сеҳр кард,
Кард худро дар кеҳин нақши навард.
Аблаҳонаш фард диданду заиф,
Кай заиф аст он ки бо шаҳ шуд ҳариф?
Аблаҳон гуфтанд: «Марде беш нест»,
Войи он к-ӯ оқибатандеш нест.
Ҳақиру бехасм дидани дидаҳои ҳис Солеҳ ва ноқаи Солеҳро. Чун хоҳад, ки Ҳақ лашкареро ҳалок кунад, дар назари эшон ҳақир намояд хасмонро ва андак, агарчи ғолиб бошад он хасм. Ва «юқалликум фӣ аъюуниҳим лияқзиаллоҳу амран кона мафъулан»
Ноқаи Солеҳ ба сурат буд шутур,
Пай буридандаш зи ҷаҳл он қавми мур.
Аз барои об чун хасмаш шуданд,
Нонкӯру обкӯр эшон буданд.
Ноқатуллоҳ об хӯрд аз ҷӯю меғ,
Оби Ҳақро доштанд аз ҳақ дареғ.
Ноқаи Солеҳ чу ҷисми солеҳон,
Шуд камине дар ҳалоки толеҳон.
То бар он уммат зи ҳукми маргу дард,
«Ноқаталлоҳиву суқёҳо» чӣ кард:
Шаҳнаи қаҳри Худо з-эшон биҷуст,
Хунбаҳои уштуре, шаҳре дуруст.
Рӯҳ ҳамчун Солеҳу тан ноқа аст,
Рӯҳ андар васлу тан дар фоқа аст.
Рӯҳи Солеҳ қобили офот нест,
Захм бар ноқа бувад, бар зот нест.
Рӯҳи Солеҳ қобили озор нест,
Нури Яздон суғбаи куффор нест.
Ҳақ аз он пайваст бо ҷисме ниҳон,
То-ш озоранду бинанд имтиҳон.
Бехабар, к-озори ин озори ӯст
Оби ин хум муттасил бо оби ҷӯст.
З-он тааллуқ кард бо ҷисме, Илоҳ,
То ки гардад ҷумла оламро паноҳ.
Ноқаи ҷисми валиро банда бош,
То шавӣ бо рӯҳи Солеҳ хоҷатош.
Гуфт Солеҳ: «Чунки кардед ин ҳасад,
Баъди се рӯз аз Худо ниқмат расад.
Баъди се рӯзи дигар аз ҷонситон
Офате ояд, ки дорад се нишон:
Ранги рӯйи ҷумлатон гардад дигар,
Ранг ранги мухталиф андар назар.
Рӯзи аввал рӯятон чун заъфарон,
Дар дувум рӯ сурх, ҳамчун арғувон.
Дар севум гардад ҳама рӯҳо сиёҳ,
Баъд аз он андар расад қаҳри Илоҳ.
Гар нишон хоҳед аз ман з-ин ваъид:
Курраи ноқа ба сӯйи кӯҳ давид,
Гар тавонедаш гирифтан, чора ҳаст,
В-арна худ мурғи умед аз дом ҷаст».
Кас натонист андар он курра расид,
Рафт дар кӯҳсорҳо, шуд нопадид.
Ҳамчу рӯҳи пок, к-ӯ аз нанги тан
Мегурезад ҷониби раббулминан.
Гуфт: «Дидет он қазо муълан шудаст,
Сурати уммедро гардан задаст?
Курраи ноқа, чӣ бошад хотираш,
Ки ба ҷо оред з-эҳсону бираш?
Гар ба ҷо ояд дилаш, растед аз он
В-арна навмедету соидро газон».
Чун шуниданд он ваъиди мункадир,
Чашм бинҳоданду онро мунтазир.
Рӯзи аввал рӯйи худ диданд зард,
Мезаданд аз ноумедӣ оҳи сард.
Сурх шуд рӯйи ҳама рӯзи дувум,
Навбати уммеду тавба гашт гум.
Шуд сияҳ рӯзи сеюм рӯйи ҳама,
Ҳукми Солеҳ рост шуд бе малҳама.
Чун ҳама дар ноумедӣ сар заданд,
Ҳамчу мурғон дар ду зону омаданд.
Дар нубӣ овард Ҷабрили амин
Шарҳи ин зону заданро ҷосимин.
Зону он дам зан, ки таълимат кунанд
В-аз чунин зону задан бимат кунанд.
Мунтазир гаштанд захми қаҳрро,
Қаҳр омад, нест кард он шаҳрро.
Солеҳ аз хилват ба сӯйи шаҳр рафт,
Шаҳр дид андар миёни дуду нафт.
Нола аз аҷзои эшон мешунид,
Навҳа пайдо, навҳагӯён нопадид.
З-устухонҳошон шунид ӯ нолаҳо,
Ашкрезон ҷонашон чун жолаҳо.
Солеҳ он бишниду гиря соз кард,
Навҳа бар навҳагарон оғоз кард.
Гуфт: «Эй қавме ба ботил зиста
В-аз шумо ман пеши Ҳақ бигриста.
Ҳақ бигуфта сабр кун бар ҷаврашон,
Пандашон деҳ, пас намонд аз даврашон.
Ман бигуфта панд, шуд банд аз ҷафо,
Шири панд аз меҳр ҷӯшад в-аз сафо.
Баски кардед аз ҷафо бар ҷойи ман,
Шири панд афсурд дар рагҳои ман.
Ҳақ маро гуфта туро лутфе диҳам,
Бар сари он захмҳо марҳам ниҳам.
Соф карда Ҳақ диламро чун само,
Рӯфта аз хотирам ҷаври шумо.
Дар насиҳат ман шуда бори дигар,
Гуфта амсолу суханҳо чун шакар.
Шири тоза аз шакар ангехта,
Ширу шаҳде бо сухан омехта.
Дар шумо чун заҳр гашта он сухун,
З-он ки заҳристон будед аз беху бун.
Чун шавам ғамгин? Ки ғам шуд сарнигун,
Ғам, шумо будет, эй қавми ҳарун.
Ҳеч кас бар марги ғам навҳа кунад?
Реши сар чун шуд, касе мӯ барканад?»
Рӯ ба худ карду бигуфт: «Эй навҳагар,
Навҳаатро менаярзанд он нуфар.
Каж махон, эй ростхонандай мубин,
«Кайфа осо халфа қавмин золимин».
Боз андар чашму дил ӯ гиря ёфт,
Раҳмате бе иллате дар вай битофт.
Қатра мебориду ҳайрон гашта буд
Қатраи беиллат аз дарёи ҷуд.
Ақли ӯ мегуфт, к-ин гиря зи чист?
Бар чунон афсӯсиён шояд гирист?
Бар чӣ мегирйӣ? Бигӯ, бар феълашон?
Бар сипоҳи кинатӯзи баднишон?
Бар дили торику пурзангорашон?
Бар забони заҳри ҳамчун морашон?
Бар даму дандони сагсоронашон?
Бар даҳону чашми каждумхонашон?
Бар ситезу тасхуру афсӯсашон?
Шукр кун, чун кард Ҳақ маҳбусашон!
Дасташон каж, пояшон каж, чашм каж,
Меҳрашон каж, сулҳашон каж, хашм каж.
Аз пайи тақлиду маъқулоти нақл
По ниҳода бар сари ин пири ақл.
Пирхир на, ҷумла гашта пирхар,
Аз риёи чашму гӯши ҳамдигар.
Аз биҳишт овард Яздон бандагон,
То намоядшон сақарпарвардагон.
Дар маънии он ки «мараҷа-л-баҳрайни ялтақиёни байнаҳумо барзахун ло ябғиён»
Аҳли нору хулдро бин ҳамдукон,
Дар миёншон «барзахун ло ябғиён».
Аҳли нору аҳли нур омехта,
Дар миёншон кӯҳи Қоф ангехта.
Ҳамчу дар кон хоку зар кард ихтилот,
Дар миёншон сад биёбону работ.
Ҳамчунон ки иқд дар дурру шаба
Мухталиф, чун меҳмони якшаба.
Баҳрро нимеш ширин чун шакар,
Таъм ширин, ранг равшан чун қамар.
Ними дигар талх ҳамчун заҳри мор,
Таъм талху ранг музлим ҳамчу қор.
Ҳар ду бар ҳам мезананд аз таҳту авҷ,
Бар мисоли оби дарё мавҷ-мавҷ.
Сурати барҳам задан аз ҷисми танг,
Ихтилоти ҷонҳо дар сулҳу ҷанг.
Мавҷҳои сулҳ бар ҳам мезанад,
Кинаҳо аз синаҳо бармеканад.
Мавҷҳои ҷанг бар шакли дигар
Меҳрҳоро мекунад зеру забар.
Меҳр талхонро ба ширин мекашад,
З-он ки асли меҳрҳо бошад рашад.
Қаҳр ширинро ба талхӣ мебарад,
Талх бо ширин куҷо андарх(в)арад?
Талху ширин з-ин назар н-ояд падид,
Аз дарича оқибат донанд дид.
Чашми охирбин тавонад дид рост,
Чашми охурбин ғурур асту хатост.
Эй басо ширин, ки чун шаккар бувад,
Лек заҳр андар шакар музмар бувад.
Он кӣ зирактар, ба бӯ бишносадаш
В-он дигар чун бар лабу дандон задаш.
Пас лабаш раддаш кунад пеш аз гулӯ,
Гарчи наъра мезанад шайтон: «Кулу».
В-он дигарро дар гулӯ пайдо кунад
В-он дигарро дар бадан расво кунад.
В-он дигарро дар ҳадас сӯзаш диҳад,
Завқи он захми ҷигардӯзаш диҳад.
В-он дигарро баъди айёму шуҳур
В-он дигарро баъди марг аз қаъри гӯр.
В-ар диҳандаш мӯҳлат андар қаъри гӯр,
Лобуд он пайдо шавад явманнушур.
Ҳар наботу шаккареро дар ҷаҳон
Мӯҳлате пайдост аз даври замон.
Солҳо бояд ки андар офтоб,
Лаъл ёбад рангу рахшониву тоб.
Боз тарра дар ду моҳ андаррасад,
Боз то соле гули аҳмар расад.
Баҳри ин фармуд Ҳақ, азза ва ҷал,
«Сурат-ул-анъом» дар зикри аҷал.
Ин шунидӣ, мӯ ба мӯят гӯш бод,
Оби ҳайвон аст, хӯрдӣ, нӯш бод.
Оби ҳайвон хон, махон инро сухан,
Рӯҳи нав бин дар тани ҳарфи куҳан.
Нуктаи дигар ту бишнав, эй рафиқ!
Ҳамчу ҷон ӯ сахт пайдову дақиқ.
Дар мақоме ҳаст ҳам, ин заҳри мор,
Аз тасорифи худойӣ хушгувор.
Дар мақоме заҳру дар ҷойе даво,
Дар мақоме куфру дар ҷойе раво.
Гарчи он ҷо ӯ газанди ҷон бувад,
Чун бад-ин ҷо даррасад, дармон бувад.
Об дар ғӯра туруш бошад, валек
Чун ба ангурӣ расад, ширину нек.
Боз дар хум ӯ шавад талху ҳаром,
Дар мақоми сиркагӣ неъма-л-адом.
Дар маънии он ки он чӣ валӣ кунад, муридро нашояд густохӣ кардан ва ҳамон феъл кардан, ки ҳалво табибро зиён надорад, аммо беморонро зиён дорад ва сармову барф ангурро зиён надорад, аммо ғӯраро зиён дорад, ки дар раҳ аст, ки «лияғфира лакаллоҳу мо тақаддама мин занбика ва мо таъаххар»
Гар валӣ заҳре хурад, нӯше шавад
В-ар хурад толиб, сияҳҳуше шавад.
«Рабби ҳиб лӣ» аз Сулаймон омадаст,
Ки мадеҳ ғайри маро ин мулку даст.
«Ту макун бо ғайри ман ин лутфу ҷуд»,
Ин ҳасадро монад, аммо он набуд.
Нуктаи «ло янбағӣ» мехон ба ҷон,
Сирри «мин баъдӣ» зи бухли ӯ мадон.
Балки андар мулк дид ӯ сад хатар,
Мӯ ба мӯ мулки ҷаҳон буд бими сар.
Бими сар бо бими сир бо бими дин,
Имтиҳоне нест моро мисли ин.
Пас сулаймонҳиммате бояд, ки ӯ
Бигзарад з-ин садҳазорон рангу бӯ.
Бо чунон қувват, ки ӯро буд, ҳам
Мавҷи он мулкаш фурӯ мебаст дам.
Чун бар ӯ биншаст з-ин андӯҳ гард,
Бар ҳама шоҳони олам раҳм кард,
Шуд шафеъу гуфт: «Ин мулку ливо
Бо камоле деҳ, ки додӣ мар маро.
Ҳар киро бидҳиву бикнӣ он карам,
ӯ Сулаймон асту он кас ҳам манам.
ӯ набошад баъдӣ, ӯ бошад маъӣ,
Худ маъӣ чӣ бвад? Манам бе муддаъӣ».
Шарҳи ин фарз аст гуфтан, лек ман
Боз мегардам ба қиссай марду зан.
Махласи моҷарои араб ва ҷуфти ӯ
Моҷарои марду занро махласе,
Бозмеҷӯяд даруни мухлисе.
Моҷарои марду зан афтод нақл,
Он мисоли нафси худ медону ақл.
Ин зану марде, ки нафс асту хирад,
Нек боистаст баҳри неку бад.
В-ин ду боиста дар ин хокисаро
Рӯзу шаб дар ҷангу андар моҷаро.
Зан ҳамехоҳад ҳавиҷи хонгоҳ,
Яъне оби рӯву нону хону ҷоҳ.
Нафс ҳамчун зан пайи чорагарӣ
Гоҳ хокӣ, гоҳ ҷӯяд сарварӣ.
Ақл худ з-ин фикрҳо огоҳ нест,
Дар димоғаш ҷуз ғами Аллоҳ нест.
Гарчи сирри қисса ин дон асту дом.
Сурати қисса шунав акнун тамом.
Гар баёни маънавӣ кофӣ шудӣ,
Халқи олам отилу ботил будӣ.
Гар муҳаббат фикрату маънистӣ,
Сурати рӯза-в намозат нестӣ.
Ҳадяҳои дӯстон бо ҳамдигар
Нест андар дӯстӣ илло сувар.
То гувоҳӣ дода бошад ҳадяҳо
Бар муҳаббатҳои музмар дар хафо.
З-он ки эҳсонҳои зоҳир шоҳиданд,
Бар муҳаббатҳои сирр, эй арҷманд.
Шоҳидат гаҳ рост бошад, гаҳ дурӯғ,
Маст гоҳе аз маю гоҳе зи дӯғ.
Дӯғ хӯрда мастие пайдо кунад,
Ҳойҳую саргарониҳо кунад.
Он муроъӣ дар сиёму дар салост,
То гумон ояд, ки ӯ масти валост.
Ҳосил афъоли бурунӣ дигар аст,
То нишон бошад, бар он чӣ музмар аст.
Ё раб, ин тамйиз деҳ моро ба хост,
То шиносем он нишони каж зи рост.
Ҳиссро тамйиз донӣ, чун шавад?
Он кӣ ҳис «янзур бинуриллаҳ» бувад.
В-ар асар набвад, сабаб ҳам музҳир аст,
Ҳамчу хеше, к-аз маҳаббат мухбир аст.
Набвад он ки нури Ҳаққаш шуд имом
Мар асарро ё сабабҳоро ғулом.
Ё маҳаббат дар дарун шӯъла занад,
Зафт гардад в-аз асар фориғ кунад.
Ҳоҷаташ набвад пайи эъломи меҳр,
Чун маҳаббат нури худ зад бар сипеҳр.
Ҳаст тафсилот то гардад тамом,
Ин сухан лекин биҷӯ ту, вассалом.
Гарчи шуд маънӣ дар ин сурат падид,
Сурат аз маънӣ фиреб асту баъид.
Дар далолат ҳамчу обанду дарахт,
Чун ба моҳийят равӣ, дуранд сахт.
Тарки моҳийёту хосийёт гӯ
Шарҳ кун аҳволи он ду моҳрӯ.
Дил ниҳодани араб бар илтимоси дилбари хеш ва савганд хӯрдан, ки дар ин таслим маро ҳилате ва имтиҳоне нест
Мард гуфт: «Акнун гузаштам аз хилоф,
Ҳукм дорӣ, теғ баркаш аз ғилоф.
Ҳар чӣ гӯйӣ, ман туро фармон барам,
Дар баду некомади он нангарам.
Дар вуҷуди ту шавам ман мунъадим,
Чун муҳиббам, ҳуббу юъмӣ ва юсим».
Гуфт зан: «Оҳанги биррам мекунӣ,
Ё ба ҳилат кашфи сиррам мекунӣ?»
Гуфт: «Валлаҳ олими-с-сирри-л-хафӣ,
К-офарид аз хок Одамро сафӣ.
Дар се газ қолаб, ки додаш вонамуд
Ҳар чӣ дар алвоҳу дар арвоҳ буд.
То абад ҳар чӣ бувад ӯ пеш-пеш
Дарс кард аз аллама-л-асмои хеш.
То малак бехуд шуд аз тадриси ӯ,
Қудси дигар ёфт аз тақдиси ӯ.
Он гушодишон, к-аз Одам рӯ намуд,
Дар гушоди осмонҳошон набуд.
Дар фарохӣ арсаи он покҷон
Танг омад арсаи ҳафт осмон».
Гуфт пайғамбар, ки Ҳақ фармудааст:
Ман нагунҷам ҳеч дар болову паст.
Дар замину осмону арш низ,
Ман нагунҷам, ин яқин дор, эй азиз!
Дар дили мӯъмин бигунҷам, эй аҷаб!
Гар маро ҷӯйӣ, дар он дилҳо талаб.
Гуфт: «Удхул фӣ ибоди, талтақӣ,
Ҷаннатан мин руъяти ё муттақӣ».
Арш бо он нури бопаҳнои хеш
Чун бидид онро, бирафт аз ҷойи хеш.
Худ бузургий арш бошад бас мадид,
Лек сурат кист, чун маънӣ расид?
Ҳар малак мегуфт моро пеш аз ин,
Улфате мебуд бар рӯйи замин.
Тухми хидмат бар замин мекоштем,
З-он тааллуқ мо аҷаб медоштем.
К-ин тааллуқ чист бо ин хокамон?
Чун сиришти мо будаст аз осмон.
Улфи мо анвор бо зулмот чист?
Чун тавонад нур бо зулмот зист?
Одамо! Он улф аз бӯйи ту буд,
З-он ки ҷисматро замин буд тору пуд.
Ҷисми хокатро аз ин ҷо бофтанд,
Нури покатро дар ин ҷо ёфтанд.
Ин ки ҷони мо зи рӯҳат ёфтаст,
Пеш-пеш аз хок он метофтаст.
Дар замин будему ғофил аз замин,
Ғофил аз ганҷе, ки дар вай буд дафин,
Чун сафар фармуд моро з-он мақом,
Талх шуд моро аз он таҳвил ком.
То ки ҳуҷҷатҳо ҳамегуфтем мо,
Ки ба ҷойи мо кӣ ояд, эй Худо?
Нури ин тасбеҳ в-ин таҳлилро
Мефурӯшӣ баҳри қолу қилро?
Ҳукми Ҳақ густард баҳри мо бисот,
Ки бигӯед аз тариқи инбисот.
Ҳар чӣ ояд бар забонтон беҳазар
Ҳамчу тифлони ягона бо падар.
З-он ки ин дамҳо чӣ гар нолоиқ аст,
Раҳмати ман бар ғазаб ҳам соиқ аст.
Аз пайи изҳори ин сабқ, эй малак,
Дар ту бинҳам доъийай ишколу шак.
То бигӯйиву нагирам бар ту ман,
Мункири ҳилмам наёрад дам задан.
Сад падар, сад модар андар ҳилми мо
Ҳар нафас зояд, дарафтад дар фано.
Ҳилми эшон каффи баҳри ҳилми мост,
Каф равад, ояд, вале дарё баҷост.
Худ чӣ гӯям? Пеши он дурр ин садаф
Нест илло каффи каффи каффи каф.
Ҳаққи он каф, ҳаққи он дарёи соф,
К-имтиҳоне нест ин гуфту на лоф.
Аз сари меҳру сафо асту хузӯъ,
Ҳаққи он кас, ки бад-ӯ дорам руҷӯъ.
Гар ба пешат имтиҳон аст ин ҳавас,
Имтиҳонро имтиҳон кун як нафас.
Сир мапӯшон, то падид ояд сирам,
Амр кун ту, ҳар чӣ бар вай қодирам.
Дил мапӯшон, то падид ояд дилам,
То қабул орам ҳар он чӣ қобилам.
Чун кунам? Дар дасти ман чӣ чора аст?
Дарнигар, то ҷони ман чикора аст?
Таъйин кардани зан тариқи талаби рӯзӣ кадхудои худро ва қабул кардани ӯ
Гуфт зан: «Як офтобе тофтаст,
Оламе з-ӯ рӯшноӣ ёфтаст.
Ноиби раҳмон, халифай кирдгор,
Шаҳри Бағдод аст аз вай чун баҳор.
Гар бипайвандӣ бад-он шаҳ, шаҳ шавӣ,
Сӯйи ҳар идбир то кай меравӣ?
Ҳамнишинӣ бо шаҳон чун кимиёст,
Чун назаршон кимиёе худ куҷост?
Чашми Аҳмад бар Абӯбакре зада,
ӯ зи як тасдиқ сиддиқ омада».
Гуфт: «Ман шаҳро пазиро чун шавам?
Бе баҳона сӯйи ӯ ман чун равам?
Нисбате бояд маро ё ҳилате,
Ҳеч пеша рост шуд бе олате?»
Ҳамчу Маҷнуне, ки бишнид аз яке,
Ки мараз омад ба Лайлӣ андаке.
Гуфт: «О ваҳ, бе баҳона чун равам?
В-ар бимонам аз ибодат, чун шавам?
«Лайтанӣ кунту табибан ҳозиқан,
Кунту амшӣ наҳва лайло собиқан».
«Қул таъолав» гуфт Ҳақ моро бад-он,
То бувад шармишкане моро нишон.
Шабпаронро гар назар в-олат будӣ,
Рӯзашон ҷавлону хушҳолат будӣ.
Гуфт: «Чун шоҳи карам майдон равад,
Айни ҳар беолате олат шавад.
З-он ки олат даъвӣ асту ҳастӣ аст,
Кор дар беолативу пастӣ аст».
Гуфт: «Кай беолатӣ савдо кунам,
То на ман беолате пайдо кунам?
Пас гувоҳӣ боядам бар муфлисе,
То шаҳе раҳмам кунад бо мӯнисе.
Ту гувоҳе ғайри гуфтугӯву ранг
Вонамо, то раҳм орад шоҳи шанг.
К-ин гувоҳӣ, ки зи гуфту ранг буд,
Назди он қозилқузот он ҷарҳ шуд.
Сидқ мехоҳад гувоҳи ҳоли ӯ,
То битобад нури ӯ бе қоли ӯ».
Ҳадя бурдани араб сабӯи оби борон аз миёни бодия сӯйи Бағдод ба амирулмӯъминин бар пиндошти он ки он ҷо ҳам қаҳти об аст
Гуфт зан: «Сидқ он бувад, к-аз буди хеш,
Пок бархезӣ ту аз маҷҳуди хеш.
Оби борон аст моро дар сабӯ,
Мулкату сармояву асбоби ту.
Ин сабӯи обро бардору рав,
Ҳадя созу пеши шоҳаншоҳ шав.
Гӯ, ки моро ғайри ин асбоб нест,
Дар мафоза ҳеч беҳ з-ин об нест.
Гар хазинаш пур матоъи фохир аст,
Инчунин обаш набошад, нодир аст».
Чист он кӯза? Тани маҳсури мо,
Андар он оби ҳавоси шӯри мо.
Эй Худованд, ин хуму кӯзай маро
Дарпазир аз фазли «Аллаҳ аштаро».
Кӯзае бо панҷ лӯлай панҷ ҳис,
Пок дор ин обро аз ҳар наҷис.
То шавад з-ин кӯза манфаз сӯйи баҳр,
То бигирад кӯзаи ман хӯйи баҳр.
То чу ҳадя пеши султонаш барӣ,
Пок бинад, бошадаш шаҳ муштарӣ.
Бениҳоят гардад обаш баъд аз он,
Пур шавад аз кӯзаи ман сад ҷаҳон.
Лӯлаҳо барбанду пур дораш зи хум,
Гуфт: «Ғуззу ъан ҳаво абсоракум».
Риши ӯ пур бод, к-ин ҳадя кирост?
Лоиқи чун ӯ шаҳе, ин аст рост.
Зан намедонист, к-он ҷо бар гузар,
Ҳаст ҷорӣ Даҷлае ҳамчун шакар.
Дар миёни шаҳр чун дарё равон,
Пур зи киштиҳову шасти моҳиён.
Рав бари султону кору бор бин,
Ҳисси «таҷрӣ таҳтаҳа-л-анҳор» бин.
Инчунин ҳисҳову идрокоти мо
Қатрае бошад дар он наҳри сафо.
Дар намад дӯхтани зани араб сабӯи оби боронро ва мӯҳр ниҳодан бар вай аз ғояти эътиқоди араб
Мард гуфт: «Оре, сабӯро сар бибанд,
Ҳин, ки ин ҳадяст моро судманд.
Дар намад дардӯз ту ин кӯзаро,
То гушояд шаҳ, ба ҳадя рӯзаро.
К-ин чунин андар ҳама офоқ нест,
Ҷуз раҳиқу мояи азвоқ нест.
З-он ки эшон з-обҳои талху шӯр
Доимо пуриллатанду нимкӯр».
Мурғ, к-оби шӯр бошад масканаш,
ӯ чӣ донад ҷойи оби рӯшанаш?
Эй ки андар чашмаи шӯр аст ҷот,
Ту чӣ донӣ Шатту Ҷайҳуну Фурот?
Эй ту нораста аз ин фонӣ работ,
Ту чӣ донӣ маҳву сукру инбисот?
В-ар бидонӣ, нақлат аз аббу ҷад аст,
Пеши ту ин номҳо чун абҷад аст.
«Абҷаду ҳавваз» чӣ фош асту падид
Бар ҳама тифлону маънӣ бас баъид.
Пас сабӯ бардошт он марди араб,
Дар сафар шуд, мекашидаш рӯзу шаб.
Бар сабӯ ларзон буд аз офоти даҳр,
Ҳам кашидаш аз биёбон то ба шаҳр.
Зан мусалло боз карда аз ниёз,
«Рабби саллим» вирд карда дар намоз.
Ки нигаҳ дор оби моро аз хасон,
Ё раб, он гавҳар бад-он дарё расон.
Гарчи шӯям огаҳ асту пурфан аст,
Лек гавҳарро ҳазорон душман аст.
Худ чӣ бошад гавҳар, оби Кавсар аст,
Қатрае з-ин аст, к-асли гавҳар аст.
Аз дуъоҳои зану зории ӯ
В-аз ғами марду гаронбории ӯ
Солим аз дуздону аз осеби санг
Бурд то дорулхилофа бедиранг.
Дид даргоҳе пур аз инъомҳо,
Аҳли ҳоҷат густарида домҳо.
Дам ба дам ҳар сӯй соҳибҳоҷате,
Ёфта з-он дар атову хилъате.
Баҳри габру мӯъмину зебову зишт,
Ҳамчу хуршеду матар, не чун биҳишт.
Дид қавме дар назар ороста,
Қавми дигар мунтазир бархоста.
Хосу ома аз Сулаймон то ба мӯр
Зинда гашта чун ҷаҳон аз нафхи сур.
Аҳли сурат дар ҷавоҳир бофта,
Аҳли маънӣ баҳри маънӣ ёфта.
Он ки беҳиммат, чӣ боҳиммат шуда
В-он ки боҳиммат, чӣ бонеъмат шуда.
Дар баёни он ки чунон ки гадо ошиқи карам аст ва ошиқи карим, карами карим ҳам ошиқи гадост. Агар гадоро сабр беш бувад, карим бари ӯ ояд. Аммо сабри гадо камоли гадост ва сабри карим нуқсони ӯ
Бонг меомад, ки эй толиб, биё,
Ҷуди мӯҳтоҷи гадоён чун гадо.
Ҷуд меҷӯяд гадоёну зиъоф,
Ҳамчу хубон, к-оина ҷӯянд соф.
Рӯйи хубон з-оина зебо шавад,
Рӯйи эҳсон аз гадо пайдо шавад.
Пас аз ин фармуд Ҳақ дар «ва-з-зуҳо»:
Бонг кам зан, эй Муҳаммад бар гадо.
Чун гадо ойинаи ҷуд аст, ҳон!
Дам бувад бар рӯйи ойина зиён.
Он яке ҷудаш гадо орад падид
В-он дигар бахшад гадоёнро мазид.
Пас гадоён оинай ҷуди ҳақанд
В-он ки бо ҳаққанд, ҷуди мутлақанд.
В-он ки ҷуз ин дӯст, ӯ худ мурдаест,
ӯ бар ин дар нест, нақши пардаест.
Фарқ миёни он ки дарвеш аст ба Худо ва ташнаи Худо ва миёни он ки дарвеш аст аз Худо ва ташнаи ғайр аст
Нақши дарвеш аст ӯ, на аҳли нон,
Нақши сагро ту маяндоз устухон.
Фақри луқма дорад ӯ, на фақри Ҳақ,
Пеши нақши мурдае кам неҳ табақ.
Моҳии хокӣ бувад дарвеши нон,
Шакл моҳӣ, лек аз дарё рамон.
Мурғи хона-ст ӯ, на симурғи ҳаво,
Лут нӯшад ӯ, нанӯшад аз Худо.
Ошиқи Ҳаққ аст ӯ баҳри навол,
Нест ҷонаш ошиқи ҳусну ҷамол.
Гар таваҳҳум мекунад ӯ ишқи зот,
Зот набвад ваҳми асмову сифот.
Ваҳм махлуқ асту мавлуд омадаст,
Ҳақ назойидаст, ӯ «лам юлад» аст.
Ошиқи тасвиру ваҳми хештан,
Кай бувад аз ошиқони зулминан?
Ошиқи он ваҳм агар содиқ бувад,
Он маҷози ӯ ҳақиқаткаш шавад.
Шарҳ мехоҳад баёни ин сухан,
Лек метарсам зи афҳоми куҳан.
Фаҳмҳои кӯҳнаи кӯтаҳназар
Сад хаёли бад дарорад дар фикар.
Бар самоъи рост ҳар кас чир нест,
Луқмаи ҳар мурғаке анҷир нест.
Хоса мурғе, мурдае, пӯсидае,
Пурхаёле, аъмие, бедидае.
Нақши моҳиро чи дарёву чи хок,
Ранги ҳиндуро чи собуну чи зок.
Нақш агар ғамгин нигорӣ бар варақ,
ӯ надорад аз ғаму шодӣ сабақ.
Сураташ ғамгину ӯ фориғ аз он,
Сураташ хандону ӯ з-он бенишон.
В-ин ғаму шодӣ, ки андар дил хатест,
Пеши он шодиву ғам ҷуз нақш нест.
Сурати хандони нақш аз баҳри туст,
То аз он сурат шавад маънӣ дуруст.
Нақшҳое, к-андар ин ҳаммомҳост,
Аз буруни ҷома кун чун ҷомаҳост.
То бурунӣ, ҷомаҳо биниву бас,
Ҷома берун кун, даро, эй ҳамнафас.
З-он ки бо ҷома дарунсӯ роҳ нест,
Тан зи ҷон, ҷома зи тан огоҳ нест.
Пеш омадани нақибон ва дарбонони халифа аз баҳри икроми аъробӣ ва пазируфтан ҳадяи ӯро
Он аробӣ аз биёбони баъид
Бар дари дорулхилофа чун расид,
Пас нақибон пеши ӯ бозомаданд,
Бас гулоби лутф бар ҷайбаш заданд.
Ҳоҷати ӯ фаҳмашон шуд бе мақол,
Кори эшон буд ато пеш аз суол.
Пас бад-ӯ гуфтанд: «Ё ваҷҳа-л-араб!
Аз куҷоӣ? Чунӣ аз роҳу таъаб?»
Гуфт: «Ваҷҳам, гар маро ваҷҳе диҳед,
Бевуҷуҳам, чун паси пуштам ниҳед.
Эй ки дар рӯтон нишони меҳтарӣ,
Фарратон хуштар зи зарри ҷаъфарӣ.
Эй ки як дидоратон дидорҳо,
Эй нисори динатон динорҳо.
Эй ҳама «янзур бинуриллаҳ» шуда,
Баҳри бахшиш аз бари шаҳ омада.
То занед он кимиёҳои назар
Бар сари мисҳои ашхоси башар.
Ман ғарибам, аз биёбон омадам,
Бар умеди лутфи султон омадам.
Бӯйи лутфи ӯ биёбонҳо гирифт,
Зарраҳои рег ҳам ҷонҳо гирифт.
То бад-ин ҷо баҳри динор омадам,
Чун расидам, масти дидор омадам».
Баҳри нон шахсе суйи нонбо давид,
Дод ҷон, чун ҳусни нонборо бидид.
Баҳри фурҷа шуд яке то гулситон,
Фурҷаи ӯ шуд ҷамоли боғбон.
Ҳамчу аъробӣ, ки об аз чаҳ кашид,
Оби ҳайвон аз рухи Юсуф чашид.
Рафт Мӯсо, к-оташ орад ӯ ба даст,
Оташе дид ӯ, ки аз оташ бираст.
Ҷаст Исо, то раҳад аз душманон,
Бурдаш он ҷастан ба чорум осмон.
Доми Одам хӯшаи гандум шуда,
То вуҷудаш хӯшаи мардум шуда.
Боз ояд сӯйи дом аз баҳри х(в)ар,
Соиди шаҳ ёбаду иқболу фар.
Тифл шуд мактаб пайи касби ҳунар,
Бар умеди мурғи болутфи падар.
Пас зи мактаб он яке садре шуда,
Моҳгона додаву бадре шуда.
Омада Аббос ҳарб аз баҳри кин,
Баҳри қамъи Аҳмаду истези дин.
Гашта динро то қиёмат пушту рӯ
Дар хилофат ӯву фарзандони ӯ.
Ман бар ин дар толиби чиз омадам,
Садр гаштам, чун ба даҳлез омадам.
Об овардам ба тӯҳфа баҳри нон,
Бӯйи нонам бурд то садри ҷинон.
Нон бурун бурд одамиро аз биҳишт,
Нон маро андар биҳиште дарсиришт.
Растам аз обу зи нон ҳамчун малак,
Беғараз гардам бар ин дар чун фалак.
Беғараз набвад ба гардиш дар ҷаҳон,
Ғайри ҷисму ғайри ҷони ошиқон.
Дар баёни он ки ошиқи дунё бар мисоли ошиқи деворест, ки бар ӯ тоби офтоб занад ва ҷаҳду ҷиҳод накард, то фаҳм кунад, ки он тобу равнақ аз девор нест, аз қурси офтоб аст дар осмони чаҳорум. Лоҷарам куллӣ дил бар девор ниҳод, чун партави офтоб ба офтоб пайваст, ӯ маҳрум монд абадан ва «ҳила байнаҳум байна мо яштаҳуна»
Ошиқони кулл, на ушшоқи ҷузв,
Монд аз кулл, он ки шуд муштоқи ҷузв.
Чунки ҷузве ошиқи ҷузве шавад,
Зуд маъшуқаш ба кулли худ равад.
Риши гови бандаи ғайр омад ӯ,
Ғарқа шуд, каф дар заъифӣ дарзад ӯ.
Нест ҳоким то кунад тимори ӯ,
Кори хоҷай худ кунад ё кори ӯ?
Масали араб: «Изо занайта фазни би-л-ҳуррати ва изо сарақта фасриқи-д-дуррата»
«Фазни билҳурра» пайи ин шуд масал,
«Фасриқи-д-дурра» бад-ин шуд мунтақал.
Банда сӯйи хоҷа шуд, ӯ монд зор,
Бӯйи гул шуд сӯйи гул, ӯ монд хор.
ӯ бимонда дур аз матлуби хеш,
Саъй зоеъ, ранҷ ботил, пой реш.
Ҳамчу сайёде, ки гирад сояе,
Соя кай гардад варо сармояе?
Сояи мурғе гирифта мард сахт,
Мурғ ҳайрон гашта бар шохи дарахт.
К-ин мудаммағ бар кӣ механдад аҷаб?
Ин-т ботил, ин-т пӯсида сабаб.
В-ар ту гӯйӣ, ҷузв пайвастай кул аст,
Хор мехур, хор мақруни гул аст.
Ҷуз зи як рӯ нест пайваста ба кул
В-арна худ ботил будӣ баъси русул.
Чун расулон аз пайи пайвастананд,
Пас чӣ пайвандандашон? Чун як тананд.
Ин сухан поён надорад, эй ғулом,
Рӯз бегаҳ шуд, ҳикоят кун тамом.
Супурдани араб ҳадяро, яъне сабӯро ба ғуломони халифа
Он сабӯи обро дар пеш дошт,
Тухми хидматро дар он ҳазрат бикошт.
Гуфт: «Ин ҳадя бад-он султон баред,
Соили шаҳро зи ҳоҷат вохаред.
Оби ширину сабӯи сабзу нав,
З-оби бороне, ки ҷамъ омад ба гав».
Ханда меомад нақибонро аз он,
Лек пазруфтанд онро ҳамчу ҷон.
З-он ки лутфи шоҳи хуби бохабар
Карда буд андар ҳама аркон асар.
Хӯйи шоҳон дар раъият ҷо кунад,
Чархи ахзар хокро хазро кунад.
Шаҳ чу ҳавзе дон, ҳашам чун лӯлаҳо,
Об аз лӯла равон дар гӯлаҳо.
Чунки оби ҷумла аз ҳавзест пок,
Ҳар яке обе диҳад хуш, завқнок.
В-ар дар он ҳавз оби шӯр асту палид,
Ҳар яке лӯла ҳамон орад падид.
З-он ки пайвастаст ҳар лӯла ба ҳавз,
Хавз кун дар маънии ин ҳарф, хавз.
Лутфи шоҳаншоҳи ҷони беватан,
Чун асар кардаст андар кулли тан?
Лутфи ақли хушниҳоди хушнасаб
Чун ҳама танро дарорад дар адаб?
Ишқи шанги беқарори бесукун
Чун дарорад кулли танро дар ҷунун?
Лутфи оби баҳр, к-ӯ чун Кавсар аст,
Сангрезаш ҷумла дурру гавҳар аст.
Ҳар ҳунар, к-усто бад-он маъруф шуд,
Ҷони шогирдон бад-он мавсуф шуд.
Пеши устоди усулӣ ҳам усул
Хонад он шогирди чусти боҳусул.
Пеши устоди фақеҳ, он фиқҳхон
Фиқҳ хонад, на усул андар баён.
Пеши устоде, ки ӯ наҳвӣ бувад,
Ҷони шогирдаш аз ӯ наҳвӣ шавад.
Боз устоде, ки ӯ маҳви раҳ аст,
Ҷони шогирдаш аз ӯ маҳви шаҳ аст.
З-ин ҳама анвоъи дониш рӯзи марг,
Дониши фақр аст сози роҳу барг.
Ҳикояти моҷарои наҳвӣ ва киштибон
Он яке наҳвӣ ба киштӣ дарнишаст,
Рӯ ба киштибон ниҳод он худпараст.
Гуфт: «Ҳеч аз наҳв хондӣ?» Гуфт: «Ло»,
Гуфт: «Ними умри ту шуд дар фано».
Дилшикаста гашт киштибон зи тоб,
Лек он дам кард хомуш аз ҷавоб.
Бод киштиро ба гирдобе фиканд,
Гуфт киштибон бад-он наҳвӣ баланд:
«Ҳеч донӣ ошино кардан? Бигӯ»,
Гуфт: «Не, эй хушҷавоби хубрӯ!»
Гуфт: «Кулли умрат, эй наҳвӣ фаност,
З-он ки киштӣ ғарқи ин гирдобҳост».
Маҳв мебояд, на наҳв ин ҷо, бидон,
Гар ту маҳвӣ, бехатар дар об рон.
Оби дарё мурдаро бар сар ниҳад
В-ар бувад зинда, зи дарё кай раҳад?
Чун бимурдӣ ту зи авсофи башар,
Баҳри асрорат ниҳад бар фарқи сар.
Эй ки халқонро ту хар мехондаӣ!
Ин замон чун хар бар ин ях мондаӣ.
Гар ту алломай замонӣ дар ҷаҳон,
Нак фанои ин ҷаҳон бин в-ин замон.
Марди наҳвиро аз он дардӯхтем,
То шуморо наҳви маҳв омӯхтем.
Фиқҳи фиқҳу наҳви наҳву сарфи сарф
Дар камомад ёбӣ, эй ёри шигарф.
Он сабӯи об донишҳои мост
В-ин халифа Даҷлаи илми Худост.
Мо сабӯҳо пур ба Даҷла мебарем,
Гар на хар донем худро, мо харем.
Бори аъробӣ бад-он маъзур буд,
К-ӯ зи Даҷла ғофилу бас дур буд.
Гар зи Даҷла бохабар будӣ чу мо,
ӯ набурдӣ он сабӯро ҷо ба ҷо.
Балки аз Даҷла чу воқиф омадӣ,
Он сабӯро бар сари санге задӣ.