Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ. Маснавӣ. Дафтари якум & Маснавии маънавӣ. 3-audio

099     Мавлоно дар «Маснавӣ» ба баъзе нуктаҳои дини расмии ислом, сураву оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои набавӣ муроҷиат намуда, онҳоро ба тарзи «дигар», дар доираи фаҳми фалсафӣ ва сӯфиёнаи худ тафсиру тавзеҳ менамояд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
МАСНАВЙ
Дафтари якум (3)
067

Қиссаи дидани халифа Лайлиро

Гуфт Лайлиро халифа, к-он туӣ,
К-аз ту Маҷнун шуд парешону ғавӣ.
Аз дигар хубон ту афзун нестӣ!
Гуфт: «Хомӯш, чун ту Маҷнун нестӣ».
Ҳар кӣ бедор аст, ӯ дархобтар,
Ҳаст бедориш аз хобаш батар.
Чун ба Ҳақ бедор набвад ҷони мо,
Ҳаст бедорӣ чу дарбандони мо.
Ҷон ҳама рӯз аз лагадкӯби хаёл
В-аз зиёну суд в-аз хавфи завол.
Не сафо мемонадаш не лутфу фар,
Не ба сӯйи осмон роҳи сафар.
Хуфта он бошад, ки ӯ аз ҳар хаёл
Дорад уммеду кунад бо ӯ мақол.
Девро чун ҳур бинад ӯ ба хоб,
Пас зи шаҳват резад ӯ бо дев об.
Чунки тухми наслро дар шӯра рехт,
ӯ ба хеш омад, хаёл аз вай гурехт.
Заъфи сар бинад аз ону тан палид,
Оҳ аз он нақши падиди нопадид.
Мурғ бар болову зер он сояаш
Медавад бар хок паррон, мурғваш.
Аблаҳе сайёди он соя шавад,
Медавад чандон, ки бемоя шавад.
Бехабар, к-он акси он мурғи ҳавост,
Бехабар, ки асли он соя куҷост.
Тир андозад ба сӯйи соя ӯ,
Таркашаш холӣ шавад аз ҷустуҷӯ.
Таркаши умраш тиҳӣ шуд, умр рафт
Аз давидан дар шикори соя тафт.
Сояи Яздон чу бошад дояаш,
Вораҳонад аз хаёлу сояаш.
Сояи Яздон, бувад бандай Худо,
Мурда ӯ з-ин оламу зиндай Худо.
Домани ӯ гир зутар, бегумон,
То раҳӣ дар домани охирзамон.
«Кайфа маддаззилла», нақши авлиёст,
К-ӯ далели нури хуршеди Худост.
Андар ин водӣ марав бе ин далел,
«Ло уҳиббу-л-офилин» гӯ чун Халил.
Рав, зи соя офтоберо биёб,
Домани шаҳ Шамси Табрезӣ битоб.
Раҳ надонӣ ҷониби ин суру урс,
Аз Зиёулҳақ Ҳусомуддин бипурс.
В-ар ҳасад гирад туро дар раҳ гулӯ,
Дар ҳасад Иблисро бошад ғулӯ.
К-ӯ зи Одам нанг дорад аз ҳасад,
Бо саодат ҷанг дорад аз ҳасад.
Ақбае з-ин саъбтар дар роҳ нест,
Эй хунук он к-иш ҳасад ҳамроҳ нест.
Ин ҷасад, хони ҳасад омад, бад-он,
Аз ҳасад олуда бошад хонадон.
Гар ҷасад хонай ҳасад бошад, валек
Он ҷасадро пок кард Аллоҳ нек.
«Таҳҳиро байти» баёни покӣ аст,
Ганҷи нур аст, ар тилисмаш хокӣ аст.
Чун кунӣ бар беҳасад макру ҳасад,
З-он ҳасад дилро сиёҳиҳо расад.
Хок шав мардони Ҳақро зери по,
Хок бар сар кун ҳасадро ҳамчу мо.

 

Баёни ҳасади вазир

Он вазирак аз ҳасад будаш нажод,
То ба ботил гӯшу бинӣ бод дод.
Бар уммеди он ки аз неши ҳасад
Заҳри ӯ дар ҷони мискинон расад.
Ҳар касе, к-ӯ аз ҳасад бине кунад,
Хешро бегӯшу бебинӣ кунад.
Бинӣ он бошад, ки ӯ бӯе барад,
Бӯй ӯро ҷониби кӯйе барад.
Ҳар кӣ бӯяш нест, бебинӣ бувад,
Бӯй он бӯй аст, к-он динӣ бувад.
Чунки бӯйе бурду шукри он накард,
Куфри неъмат омаду биниш х(в)ард.
Шукр кун, мар шокиронро банда бош,
Пеши эшон мурда шав, поянда бош.
Чун вазир, аз раҳзанӣ моя масоз,
Халқро ту бармаёвар аз намоз.
Носеҳи дин гашта он кофир вазир,
Карда ӯ аз макр дар гавзина сир.

 

Фаҳм кардани ҳозиқони насоро макри вазирро

Ҳар кӣ соҳибзавқ буд, аз гуфти ӯ
Лаззате медиду талхӣ ҷуфти ӯ.
Нуктаҳо мегуфт ӯ омехта,
Дар ҷулоби қанд заҳре рехта.
Зоҳираш мегуфт: «Дар раҳ чуст шав»
В-аз асар мегуфт ҷонро: «Суст шав».
Зоҳири нуқра гар испед асту ну,
Дасту ҷома месияҳ гардад аз ӯ.
Оташ арчи сурхрӯй аст аз шарар,
Ту зи феъли ӯ сияҳкорӣ нигар.
Барқ агар нуре намояд дар назар,
Лек ҳаст аз хосият дузди басар.
Ҳар кӣ ҷуз огоҳу соҳибзавқ буд,
Гуфти ӯ дар гардани ӯ тавқ буд.
Мудатти шаш сол дар ҳиҷрони шоҳ
Шуд вазир атбоъи Исоро паноҳ.
Дину дилро, кул бад-ӯ биспурд халқ,
Пеши амру ҳукми ӯ мемурд халқ.

Пайғоми шоҳ пинҳон бо вазир

 

Дар миёни шоҳу ӯ пайғомҳо,
Шоҳро пинҳон бад-ӯ оромҳо.
Охируламр аз барои ин мурод,
То диҳад чун хок эшонро ба бод,
Пеши ӯ бинвишт шаҳ, к-эй муқбилам,
Вақт омад, зуд фориғ кун дилам.
Гуфт: «Инак андар он корам шаҳо,
К-афганам дар дини Исо фитнаҳо».

Баёни дувоздаҳ сибт аз насоро

Қавми Исоро буд андар дору гир,
Ҳокимоншон даҳ амиру ду амир.
Ҳар фариқе, мар амиреро табаъ
Банда гашта мири худро аз тамаъ.
Ин даҳу ин ду амиру қавмашон
Гашта банди он вазири баднишон.
Эътимоди ҷумла бар гуфтори ӯ,
Иқтидои ҷумла бар рафтори ӯ.
Пеши ӯ дар вақту соат ҳар амир,
Ҷон бидодӣ, гар бад-ӯ гуфтӣ: «Бимир».

 

Тахлити вазир дар аҳкоми Инҷил

Сохт тӯморе ба номи ҳар яке,
Нақши ҳар тӯмор дигар маслаке.
Ҳукмҳои ҳар яке навъе дигар,
Ин хилофи он, зи поён то ба сар.
Дар яке роҳи риёзатрову ҷӯъ,
Рукни тавба кардаву шарти руҷӯъ.
Дар яке гуфта: «Риёзат суд нест,
Андар ин раҳ мухлисе ҷуз ҷуд нест».
Дар яке гуфта, ки ҷӯъу ҷуди ту,
Ширк бошад аз ту бо маъбуди ту.
Ҷуз таваккул, ҷуз ки таслими тамом
Дар ғаму роҳат ҳама макр асту дом.
Дар яке гуфта, ки воҷиб хидмат аст
В-арна андешай таваккул тӯҳмат аст.
Дар яке гуфта, ки амру наҳйҳост,
Баҳри кардан нест, шарҳи аҷзи мост.
То ки аҷзи худ бибинем андар он,
Қудрати ӯро бидонем он замон.
Дар яке гуфта, ки аҷзи худ мабин,
Куфри неъмат кардан аст он аҷз, ҳин!
Қудрати худ бин, ки ин қудрат аз ӯст,
Қудрати ту, неъмати ӯ дон, ки ҳуст.
Дар яке гуфта, к-аз ин ду баргузар,
Бут бувад ҳар чӣ бигунҷад дар назар.
Дар яке гуфта: «Макуш ин шамъро,
К-ин назар чун шамъ омад ҷамъро.
Аз назар чун бигзариву аз хаёл,
Кушта бошӣ ними шаб шамъи висол».
Дар яке гуфта: «Бикуш, боке мадор,
То иваз бинӣ назарро сад ҳазор.
Ки зи куштан шамъи ҷон афзун шавад,
Лайлият аз сабри ту маҷнун шавад.
Тарки дунё ҳар кӣ кард аз зӯҳди хеш,
Беш ояд пеши ӯ дунёву пеш».
Дар яке гуфта, ки он чи-т дод Ҳақ,
Бар ту ширин кард дар эҷоди ҳақ.
Бар ту осон карду хуш, онро бигир,
Хештанро дармаяфган дар заҳир.
Дар яке гуфта, ки бигзор они хвад,
К-он қабули табъи ту, радд асту бад.
Роҳҳои мухталиф осон шудаст,
Ҳар якеро миллате чун ҷон шудаст.
Гар муяссар кардани Ҳақ раҳ будӣ,
Ҳар ҷуҳуду габр аз ӯ огаҳ будӣ.
Дар яке гуфта: «Муяссар он бувад,
Ки ҳаёти дил ғизои ҷон буд.
Ҳар чӣ завқи табъ бошад, чун гузашт,
Барнаёрад – ҳамчу шӯра – райъу кашт.
Ҷуз пушаймонӣ набошад райъи ӯ,
Ҷуз хисорат пеш норад байъи ӯ.
Он муяссар набвад андар оқибат,
Номи ӯ бошад муассар оқибат.
Ту муассар аз муяссар боздон,
Оқибат бингар ҷамоли ину он».
Дар яке гуфта, ки устодӣ талаб,
Оқибатбинӣ наёбӣ дар ҳасаб.
Оқибат диданд ҳаргун миллате,
Лоҷарам гаштанд асири заллате.
Оқибат дидан набошад дастбоф
В-арна кай будӣ зи динҳо ихтилоф?
Дар яке гуфта, ки усто ҳам туӣ,
З-он ки усторо шиносо ҳам туӣ.
Мард бошу сухраи мардон машав,
Рав, сари худ гиру саргардон машав.
Дар яке гуфта, ки ин ҷумла якест,
Ҳар кӣ ӯ ду бинад, аҳвал мардакест.
Дар яке гуфта, ки сад як чун бувад?
Ин ки андешад? Магар маҷнун бувад.
Ҳар яке қавлест, зидди ҳамдигар,
Чун яке бошад яке заҳру шакар?
То зи заҳру аз шакар дарнагзарӣ,
Кай ту аз гулзори ваҳдат бӯ барӣ?
Ин намат в-ин навъ даҳ тӯмору ду
Барнавишт он дини Исоро адӯ.

 

Дар баёни он ки ин ихтилофот дар сурати равиш аст, не дар ҳақиқати роҳ

ӯ зи якрангии Исо бӯ надошт
В-аз мизоҷи хумми Исо хӯ надошт.
Ҷомаи садранг аз он хумми сафо
Содаву якранг гаштӣ чун сабо.
Нест якрангӣ, к-аз ӯ хезад малол,
Бал мисоли моҳиву оби зулол.
Гарчи дар хушкӣ ҳазорон рангҳост,
Моҳиёнро бо юбусат ҷангҳост.
Кист моҳӣ? Чист дарё дар масал?
То бад-он монад малик азза ва ҷал.
Садҳазорон баҳру моҳӣ дар вуҷуд
Саҷда орад пеши он икрому ҷуд.
Чанд борони ато борон шуда,
То бад-он он баҳр дуррафшон шуда.
Чанд хуршеди карам афрӯхта,
То ки абру баҳр ҷуд омӯхта.
Партави дониш зада бар хоку тин,
То ки шуд донапазиранда замин.
Хок амину ҳар чӣ дар вай коштӣ
Бехиёнат ҷинси он бардоштӣ.
Ин амонат з-он амонат ёфтаст,
К-офтоби адл бар вай тофтаст.
То нишони Ҳақ наёрад навбаҳор,
Хок сирҳоро накарда ошкор.
Он ҷаводе, ки ҷамодеро бидод,
Ин хабарҳо в-ин амонат в-ин сидод.
Мар ҷамодеро кунад фазлаш хабир,
Оқилонро карда қаҳри ӯ зарир.
Ҷону дилро тоқати он ҷӯш нест,
Бо кӣ гӯям? Дар ҷаҳон як гӯш нест.
Ҳар куҷо гӯше буд, аз вай чашм гашт,
Ҳар куҷо санге буд, аз вай яшм гашт.
Кимиёсоз аст, чӣ бвад кимиё?
Мӯъҷизабахш аст, чӣ бвад симиё?
Ин сано гуфтан зи ман тарки саност,
К-ин далели ҳастиву ҳастӣ хатост.
Пеши ҳасти ӯ бибояд нест буд,
Чист ҳастӣ пеши ӯ? Кӯру кабуд.
Гар набудӣ кӯр, з-ӯ бигдохтӣ,
Гармии хуршедро бишнохтӣ.
В-ар набудӣ ӯ кабуд аз таъзият,
Кай фусурдӣ ҳамчу ях ин ноҳият?

 

Баёни хисорати вазир дар ин макр

Ҳамчу шаҳ нодону ғофил буд вазир,
Панҷа мезад бо қадими ногузир.
Бо чунон қодир Худое, к-аз адам
Сад чу олам ҳаст гардонад ба дам.
Сад чу олам дар назар пайдо кунад,
Чунки чашматро ба худ бино кунад.
Гар ҷаҳон пешат бузургу бебунест,
Пеши қудрат, заррае медон, ки нест.
Ин ҷаҳон худ ҳабси ҷонҳои шумост,
Ҳин! Равед он сӯ, ки саҳрои шумост.
Ин ҷаҳон маҳдуду он худ беҳад аст,
Нақшу сурат пеши он маънӣ сад аст.
Садҳазорон найзаи Фиръавнро
Даршикаст аз Мӯсие бо як асо.
Садҳазорон тибби Ҷолинус буд,
Пеши Исову дамаш афсӯс буд.
Садҳазорон дафтари ашъор буд,
Пеши ҳарфи уммийеаш ор буд.
Бо чунин ғолиб худованде касе
Чун намирад, гар набошад ӯ хасе?
Бас дили чун кӯҳро ангехт ӯ,
Мурғи зирак бо ду по овехт ӯ.
Фаҳму хотир тез кардан нест роҳ,
Ҷуз шикаста менагирад фазли шоҳ.
Эй басо ганҷоканони кунҷков,
К-он хаёландешро шуд риши гов.
Гов кӣ бвад, то ту риши ӯ шавӣ?
Хок чӣ бвад, то ҳашиши ӯ шавӣ?
Чун зане аз кори бад шуд рӯйзард,
Масх кард ӯро Худову зуҳра кард.
Авратеро зуҳра кардан масх буд,
Хоку гил гаштан на масх аст, эй ануд?
Рӯҳ мебурдат суйи чархи барин,
Сӯйи обу гил шудӣ дар асфалин.
Хештанро масх кардӣ з-ин суфул
З-он вуҷуде, ки буд он рашки уқул.
Пас бибин, к-ин масх кардан чун бувад?
Пеши он масх, ин ба ғоят дун бувад.
Аспи ҳиммат сӯйи ахтар тохтӣ,
Одами масҷудро нашнохтӣ.
Охир одамзодаӣ, эй нохалаф,
Чанд пиндорӣ ту пастиро шараф?
Чанд гӯйӣ: «Ман бигирам оламе,
Ин ҷаҳонро пур кунам аз худ ҳаме?
Гар ҷаҳон пурбарф гардад сар ба сар,
Тоби хур бигдозадаш бо як назар.
Визри ӯву сад вазиру сад ҳазор
Нест гардонад Худо аз як шарор.
Айни он тахйилро ҳикмат кунад,
Айни он заҳробро шарбат кунад.
Он гумонангезро созад яқин,
Меҳрҳо рӯёнад аз асбоби кин.
Парварад дар оташ Иброҳимро,
Эмании рӯҳ созад бимро».
Аз сабабсӯзиш ман савдоиям,
Дар хаёлоташ чу суфастоиям.

 

Макри дигар ангехтани вазир дар излоли қавм

Макри дигар он вазир аз худ бибаст,
Ваъзро бугзошт, дар хилват нишаст.
Дар муридон дарфиканд аз шавқ сӯз,
Буд дар хилват чиҳил-панҷоҳ рӯз.
Халқ девона шуданд аз шавқи ӯ,
Аз фироқи ҳолу қолу завқи ӯ.
Лобаву зорӣ ҳамекарданду ӯ
Аз риёзат гашта дар хилват дутӯ.
Гуфта эшон: «Нест моро бе ту нур,
Бе асокаш чун бувад аҳволи кӯр?
Аз сари икрому аз баҳри Худо,
Беш аз ин моро мадор аз худ ҷудо.
Мо чу тифлонему моро доя ту,
Бар сари мо густарон он соя ту».
Гуфт: «Ҷонам аз муҳиббон дур нест,
Лек берун омадан дастур нест».
Он амирон дар шафоат омаданд
В-он муридон дар шаноат омаданд.
К-ин чӣ бадбахтист моро, эй карим?
Аз дилу дин монда мо бе ту ятим.
Ту баҳона мекуниву мо зи дард
Мезанем аз сӯзи дил дамҳои сард.
Мо ба гуфтори хушат хӯ кардаем,
Мо зи шири ҳикмати ту х(в)ардаем.
Аллаҳ, Аллаҳ, ин ҷафо бо мо макун,
Хайр кун имрӯзро, фардо макун.
Медиҳад дил мар туро, к-ин бедилон
Бе ту, гарданд охир аз беҳосилон?
Ҷумла дар хушкӣ чу моҳӣ метапанд,
Обро бугшо, зи ҷӯ бардор банд.
Эй ки чун ту дар замона нест кас,
Аллаҳ, Аллаҳ, халқро фарёд рас.

 

Дафъ гуфтани вазир муридонро

Гуфт: «Хон эй сухрагони гуфтугӯ,
Ваъзу гуфтори забону гӯш ҷӯ.
Пунба андар гӯши ҳисси дун кунед,
Банди ҳис аз чашми худ берун кунед.
Пунбаи он гӯши сир гӯши сар аст,
То нагардад ин кар, он ботин кар аст.
Беҳису бегӯшу бефикрат шавед,
То хитоби «ирҷиъӣ»-ро бишнавед.
То ба гуфтугӯйи бедорӣ дарӣ,
Ту зи гуфти хоб бӯйе кай барӣ?
Сайри берунист қавлу феъли мо,
Сайри ботин ҳаст болои само.
Ҳисс хушкӣ дид, к-аз хушкӣ бизод,
Исии ҷон пой бар дарё ниҳод.
Сайри ҷисми хушк бар хушкӣ фитод,
Сайри ҷон по дар дили дарё ниҳод.
Чунки умр андар раҳи хушкӣ гузашт
Гоҳ кӯҳу гоҳ дарё, гоҳ дашт.
Оби ҳайвон аз куҷо хоҳӣ ту ёфт?
Мавҷи дарёро куҷо хоҳӣ шикофт?
Мавҷи хоке, ваҳму фаҳму фикри мост,
Мавҷи обе, маҳву сукр асту фаност.
То дар ин сукрӣ, аз он сукрӣ ту дур,
То аз ин мастӣ, аз он ҷомӣ ту кӯр.
Гуфтугӯйи зоҳир омад чун ғубор,
Муддате хомӯш хӯ кун, ҳуш дор.

 

Мукаррар кардани муридон, ки хилватро бишкан

Ҷумла гуфтанд: «Эй ҳакими рахнаҷӯ,
Ин фиребу ин ҷафо бо мо магӯ.
Чорпоро қадри тоқат бор неҳ,
Бар заъифон қадри қувват кор неҳ.
Донаи ҳар мурғ андозай вай аст,
Тӯъмаи ҳар мурғ анҷире кай аст?
Тифлро гар нон диҳӣ бар ҷойи шир,
Тифли маскинро аз он нон мурда гир.
Чунки дандонҳо барорад, баъд аз он
Ҳам ба худ гардад дилаш ҷӯёйи нон.
Мурғи парноруста чун паррон шавад,
Луқмаи ҳар гурбаи даррон шавад.
Чун барорад пар, бипаррад ӯ ба х(в)ад
Бетакаллуф, бе сафири неку бад.
Девро нутқи ту хомуш мекунад,
Гӯши моро гуфти ту ҳуш мекунад.
Гӯши мо ҳуш аст, чун гӯё туӣ,
Хушки мо баҳр аст, чун дарё туӣ.
Бо ту моро хок беҳтар аз фалак,
Эй симок аз ту мунаввар то самак.
Бе ту моро бар фалак торикӣ аст,
Бо ту, эй моҳ, ин фалак боре ки аст?
Сурати рифъат бувад афлокро
Маънии рифъат равони покро.
Сурати рифъат барои ҷисмҳост,
Ҷисмҳо дар пеши маънӣ исмҳост».

 

Ҷавоб гуфтани вазир, ки хилватро намешиканам

Гуфт: «Ҳуҷҷатҳои худ кӯтаҳ кунед,
Пандро дар ҷону дар дил раҳ кунед.
Гар аминам, муттаҳам набвад амин,
Гар бигӯям осмонро ман замин.
Гар камолам, бо камол инкор чист?
Вар наям, ин заҳмату озор чист?
Ман нахоҳам шуд аз ин хилват бурун,
З-он ки машғулам ба аҳволи дарун».

 

Эътирози муридон дар хилвати вазир

Ҷумла гуфтанд: «Эй вазир, инкор нест,
Гуфти мо чун гуфтани ағёр нест.
Ашки дида-ст аз фироқи ту давон,
Оҳ-оҳ аст аз миёни ҷон равон.
Тифл бо доя наистезад, валек
Гиряд ӯ, гарчи на бад донад, на нек.
Мо чу чангему ту захма мезанӣ,
Зорӣ аз мо на, ту зорӣ мекунӣ.
Мо чу ноему наво дар мо зи туст,
Мо чу кӯҳему садо дар мо зи туст.
Мо чу шатранҷем андар бурду мот,
Бурду моти мо зи туст, эй хушсифот.
Мо кӣ бошем – эй ту моро ҷони ҷон –
То ки мо бошем бо ту дар миён?
Мо адамҳоему ҳасти
Ту вуҷуди мутлақӣ фонинамо.
Мо ҳама шерон, вале шери алам,
Ҳамлашон аз бод бошад дам ба дам.
Ҳамлашон пайдову нопайдост бод,
Он кӣ нопайдост, ҳаргиз гум мабод.
Боди мову буди мо аз доди туст,
Ҳастии мо ҷумла аз эҷоди туст.
Лаззати ҳастӣ намудӣ нестро,
Ошиқи худ карда будӣ нестро.
Лаззати инъоми худро вомагир,
Нуқлу бода-в ҷоми худро вомагир.
В-ар бигирӣ кӣ-т ҷустуҷӯ кунад?
Нақш бо наққош чун нерӯ кунад?
Мангар андар мо, макун дар мо назар,
Андар икрому сахои худ нигар.
Мо набудему тақозомон набуд,
Лутфи ту ногуфтаи мо мешунуд.
Нақш бошад пеши наққошу қалам
Оҷизу баста чу кӯдак дар шикам.
Пеши қудрат халқи ҷумла боргаҳ
Оҷизон, чун пеши сӯзан коргаҳ.
Гоҳ нақши деву гаҳ Одам кунад,
Гоҳ нақши шодиву гаҳ ғам кунад.
Даст неҳ, то даст ҷунбонад ба дафъ,
Нутқ неҳ, то дам занад дар зарру нафъ.
Ту зи Қуръон бозхон тафсири байт,
Гуфт Эзид: «Мо рамайта из рамайт».
Гар бипарронем тир, он на зи мост,
Мо камону тирандозаш Худост.
Ин на ҷабр, ин маънии ҷабборӣ аст,
Зикри ҷабборӣ барои зорӣ аст.
Зории мо шуд далели изтирор,
Хиҷлати мо шуд далели ихтиёр.
Гар набудӣ ихтиёр, ин шарм чист?
В-ин дареғу хиҷлату озарм чист?
Заҷри шогирдону устодон чарост?
Хотир аз тадбирҳо гардон чарост?
В-ар ту гӯйӣ ғофил аст аз ҷабри ӯ,
Моҳ Ҳақ пинҳон кунад дар абри рӯ.
Ҳаст инро хуш ҷавоб, ар бишнавӣ,
Бигзарӣ аз куфру дар дин бигравӣ:
Ҳасрату зорӣ гаҳи беморӣ аст,
Вақти беморӣ ҳама бедорӣ аст.
Он замон, ки мешавӣ бемор ту,
Мекунӣ аз ҷурм истиғфор ту.
Менамояд бар ту зиштии гунаҳ,
Мекунӣ нийят, ки боз оям ба раҳ.
Аҳду паймон мекунӣ, ки баъд аз ин
Ҷуз ки тоат набвадам коре гузин.
Пас яқин гашт ин ки беморӣ туро
Мебибахшад ҳушу бедорӣ туро.
Пас бидон ин аслро, эй аслҷӯ,
Ҳар киро дард аст, ӯ бурдаст бӯ.
Ҳар кӣ ӯ бедортар, пурдардтар,
Ҳар кӣ ӯ огоҳтар, рухзардтар.
Гар зи ҷабраш огаҳӣ, зорит ку?
Биниши занҷири ҷабборит ку?
Баста дар занҷир чун шодӣ кунад?
Кай асири ҳабс озодӣ кунад?
В-ар ту мебинӣ, ки поят бастаанд,
Бар ту сарҳангони шаҳ биншастаанд.
Пас ту сарҳангӣ макун бо оҷизон,
З-он ки набвад табъу хӯйи оҷиз он.
Чун ту ҷабри ӯ намебинӣ, магӯ
В-ар ҳамебинӣ, нишони дид ку?
Дар ҳар он коре, ки майл астат бад-он,
Қудрати худро ҳамебинӣ аён.
В-андар он коре, ки майлат несту хост,
Хешро ҷабрӣ кунӣ, к-ин аз Худост.
Анбиё дар кори дунё ҷабрианд,
Кофирон дар кори уқбо ҷабрианд.
Анбиёро кори уқбо ихтиёр,
Ҷоҳилонро кори дунё ихтиёр.
З-он ки ҳар мурғе ба сӯйи ҷинси хеш
Мепарад ӯ дар пасу ҷон пеш-пеш.
Кофирон чун ҷинси сиҷҷин омаданд,
Сиҷни дунёро хушойин омаданд.
Анбиё чун ҷинси иллиййин буданд,
Сӯйи иллиййини ҷону дил шуданд.
Ин сухан поён надорад, лек мо
Бозгӯем он тамоми қиссаро. 

rumiy

(Tashriflar: umumiy 2 508, bugungi 1)

Izoh qoldiring