Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ. Маснавӣ. Дафтари дуюм & Маснавии маънавӣ. 7-8. Audio

07 Мавлоно «ба забони муборак мефармуд: «Баъд аз мо «Маснавӣ» шайхӣ кунаду муршиди толибон гардаду соъиқ (раҳнамо)-и эшон бошад»: Бишнавед, эй дӯстон, ин достон, Худ ҳақиқат, нақди ҳоли мост он!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
МАСНАВЙ
Дафтари дуюм (1)
067

Ёфтани расули Рум амирулмӯъминин Умарро разийаллоҳу анҳу хуфта ба зери дарахт

Омад ӯ он ҷову аз дур истод,
Мар Умарро диду дар ларз уфтод.
Ҳайбате з-он хуфта омад бар расул,
Ҳолате хуш кард бар ҷонаш нузул.
Меҳру ҳайбат ҳаст зидди ҳамдигар,
Ин ду зидро дид ҷамъ андар ҷигар.
Гуфт бо худ: «Ман шаҳонро дидаам,
Пеши султонон меҳу бигзидаам.
Аз шаҳонам ҳайбату тарсе набуд,
Ҳайбати ин мард ҳушамро рабуд.
Рафтаам дар бешаи шеру паланг,
Рӯйи ман з-эшон нагардонид ранг.
Бас шудастам дар масофу корзор
Ҳамчу шер он дам, ки бошад кор зор.
Баски хӯрдам, бас задам захми гарон,
Дилқавитар будаам аз дигарон.
Бесилоҳ ин мард хуфта бар замин,
Ман ба ҳафт андом ларзон, чист ин?
Ҳайбати Ҳақ аст ин, аз халқ нест,
Ҳайбати ин марди соҳибдалқ нест.
Ҳар кӣ тарсид аз Ҳақу тақво гузид,
Тарсад аз вай ҷинну инсу ҳар кӣ дид».
Андар ин фикрат ба ҳурмат даст баст,
Баъди як соат Умар аз хоб ҷаст.
Кард хидмат мар Умаррову салом,
Гуфт пайғамбар: «Салом, он гаҳ калом».
Пас алайкаш гуфту ӯро пеш хонд,
Эминаш карду ба пеши худ нишонд.
«Ло тахофу» ҳаст нузли хоифон,
Ҳаст дархур аз барои хоиф он.
Ҳар кӣ тарсад, мар варо эмин кунанд,
Мар дили тарсидаро сокин кунанд.
Он кӣ хавфаш нест, чун гӯйӣ, матарс?
Дарс чӣ-дҳӣ? Нест ӯ мӯҳтоҷи дарс.
Он дилазҷорафтаро дилшод кард,
Хотири вайрон-шро обод кард.
Баъд аз он гуфташ суханҳои дақиқ
В-аз сифоти поки Ҳақ, неъму-р-рафиқ.
В-аз навозишҳои Ҳақ абдолро,
То бидонад ӯ мақому ҳолро.
Ҳол чун ҷилваст з-он зебо арӯс
В-ин мақом он хилват омад бо арӯс.
Ҷилва бинад шоҳу ғайри шоҳ низ,
Вақти хилват нест ҷуз шоҳи азиз.
Ҷилва карда хосу омонро арӯс,
Хилват — андар шоҳ бошад бо арӯс.
Ҳаст бисёр аҳли ҳол аз сӯфиён,
Нодир аст аҳли мақом андар миён.
Аз манозилҳои ҷонаш ёд дод
В-аз сафарҳои равонаш ёд дод,
В-аз замоне, к-аз замон холӣ будаст
В-аз мақоми қудс, к-иҷлоле будаст.
В-аз ҳавое, к-андар ӯ симурғи рӯҳ,
Пеш аз ин дидаст парвозу футӯҳ.
Ҳар яке парвозаш аз офоқ беш
В-аз умеду наҳмати муштоқ беш.
Чун Умар ағёррӯро ёр ёфт,
Ҷони ӯро толиби асрор ёфт.
Шайх комил буду толиб муштаҳӣ,
Мард чобук буду маркаб даргаҳӣ.
Дид он муршид, ки ӯ иршод дошт,
Тухми пок андар замини пок кошт.

Суол кардани расули Рум аз амирулмӯъминин Умар разийаллоҳу анҳу

Мард гуфташ, к-эй амирулмӯъминин!
Ҷон зи боло чун даромад дар замин?
Мурғи беандоза чун шуд дар қафас?
Гуфт: «Ҳақ бар ҷон фусун хонду қисас.
Бар адамҳо, к-он надорад чашму гӯш,
Чун фусун хонад, ҳаме ояд ба ҷӯш.
Аз фусуни ӯ адамҳо зуд-зуд,
Хуш муаллақ мезанад сӯйи вуҷуд.
Боз бар мавҷуд афсуне чу хонд,
З-ӯ дуасба дар адам мавҷуд ронд.
Гуфт дар гӯши гулу хандон-ш кард,
Гуфт бо сангу ақиқи кон-ш кард.
Гуфт бо ҷисм ояте, то ҷон шуд ӯ,
Гуфт бо хуршед, то рахшон шуд ӯ.
Боз дар гӯшаш дамад нуктай махуф,
Дар рухи хуршед афтад сад кусуф.
То ба гӯши абр, он гӯё чӣ хонд?
К-ӯ чу машк аз дидаи худ ашк ронд.
То ба гӯши хок Ҳақ чӣ хондааст?
К-ӯ муроқиб гашту хомуш мондааст.
Дар тараддуд ҳар кӣ ӯ ошуфта аст,
Ҳақ ба гӯши ӯ муаммо гуфтааст.
То кунад маҳбусаш андар ду гумон:
Он кунам, к-ӯ гуфт ё худ зидди он?
Ҳам зи Ҳақ тарҷеҳ ёбад як тараф,
З-он ду якро баргузинад з-он канаф.
Гар нахоҳӣ дар тараддуд ҳуши ҷон,
Кам фишор ин пунба андар гӯши ҷон.
То кунӣ фаҳм он муаммоҳошро,
То кунӣ идрок рамзу фошро.
Пас маҳалли ваҳй гардад гӯши ҷон,
Ваҳй чӣ бвад? Гуфтане аз ҳис ниҳон.
Гӯши ҷону чашми ҷон ҷуз ин ҳис аст,
Гӯши ақлу гӯши зан з-ин муфлис аст.
Лафзи ҷабрам ишқро бесабр кард
В-он кӣ ошиқ нест, ҳабси ҷабр кард.
Ин маъийят бо Ҳақ асту ҷабр нест,
Ин таҷаллии маҳ аст, ин абр нест.
В-ар бувад ин ҷабр, ҷабри ома нест,
Ҷабри он аммораи худкома нест.
Ҷабрро эшон шиносанд, эй писар!
Ки Худо бигшодашон дар дил басар.
Ғайбу оянда бар эшон гашт фош,
Зикри мозӣ пеши эшон гашт лош.
Ихтиёру ҷабри эшон дигар аст,
Қатраҳо андар садафҳо гавҳар аст.
Ҳаст берун қатраи хурду бузург,
Дар садаф он дурри хурд асту сутург.
Табъи нофи оҳу аст он қавмро,
Аз бурун хун в-аз даруншон мушкҳо.
Ту магӯ, к-ин моя берун хун бувад,
Чун равад дар ноф, мушке чун шавад?
Ту магӯ, к-ин мис бурун буд мустақар,
Дар дили иксир чун гирад гуҳар?
Ихтиёру ҷабр дар ту буд хаёл,
Чун дар эшон рафт, шуд нури ҷалол.
Нон чу дар суфра-ст, бошад он ҷамод,
Дар тани мардум шавад ӯ рӯҳи шод.
Дар дили суфра нагардад мустаҳил,
Мустаҳилаш ҷон канад аз салсабил.
Қуввати ҷон аст ин, эй ростхон,
То чӣ бошад қуввати он ҷони ҷон.
Гӯштпорай одамӣ, бо ақлу ҷон,
Мешикофад кӯҳро бо баҳру кон.
Зӯри ҷони кӯҳкан, шаққи ҳаҷар,
Зӯри ҷони ҷон дар «иншаққа-л-қамар».
Гар гушояд дил сари анбони роз,
Ҷон ба сӯйи арш созад турктоз.

Изофат кардани Одам он заллатро ба хештан, ки «раббано заламно» ва изофат кардани Иблис гуноҳи худро ба Худои таъоло, ки «бимо ағвайтанӣ»

Карди Ҳаққу карди мо, ҳар ду бибин,
Карди моро ҳаст дон, пайдост ин.
Гар набошад феъли халқ андар миён,
Пас магӯ касро: «Чаро кардӣ чунон?»
Халқи Ҳақ афъоли моро мӯҷид аст,
Феъли мо осори халқи Эзид аст.
Нотиқе ё ҳарф бинад ё ғараз,
Кай шавад як дам муҳити ду араз?
Гар ба маънӣ рафт, шуд ғофил зи ҳарф,
Пешу пас як дам набинад ҳеч тарф.
Он замон, ки пеш бинӣ, он замон
Ту паси худ кай бибинӣ? Ин бидон!
Чун муҳити ҳарфу маънӣ нест ҷон,
Чун бувад ҷон холиқи ин ҳардувон?
Ҳақ, муҳити ҷумла омад, эй писар!
Вонадорад кораш аз кори дигар.
Гуфт шайтон, ки «бимо ағвайтанӣ»,
Кард феъли худ ниҳон деви данӣ.
Гуфт Одам, ки «заламно нафсано»,
ӯ зи феъли Ҳақ набуд ғофил чу мо.
Дар гунаҳ ӯ аз адаб пинҳон-ш кард,
З-он гунаҳ бар худ задан ӯ бар бих(в)ард.
Баъди тавба гуфташ: «Эй Одам, на ман
Офаридам дар ту он ҷирму миҳан?
На ки тақдиру қазои ман буд он?
Чун ба вақти узр кардӣ он ниҳон?»
Гуфт: «Тарсидам. Адаб нагзоштам»,
Гуфт: «Ман ҳам поси онат доштам».
Ҳар кӣ орад ҳурмат, ӯ ҳурмат барад,
Ҳар кӣ орад қанд, лавзина х(в)арад.
Таййибот аз баҳри кӣ? Ли-т-таййибин,
Ёрро хуш кун, биранҷону бибин.
Як мисол, эй дил, пайи фарқе биёр,
То бидонӣ ҷабрро дар ихтиёр.
Даст, к-он ларзон бувад аз иртиъош
В-он ки дасте ту биларзонӣ зи ҷош.
Ҳар ду ҷунбиш офаридай Ҳақ шинос,
Лек натвон кард ин бо он қиёс.
З-он пушаймонӣ, ки ларзонидияш,
Муртаъишро кай пушаймон дидияш?
Баҳси ақл аст ин. Чӣ ақл? Он ҳилагар
То заифе раҳ барад он ҷо магар.
Баҳси ақлӣ гар дуру марҷон бувад,
Он дигар бошад, ки баҳси ҷон бувад.
Баҳси ҷон андар мақоме дигар аст,
Бодаи ҷонро қавоме дигар аст.
Он замон, ки баҳси ақлӣ соз буд,
Ин Умар бо булҳакам ҳамроз буд.
Чун Умар аз ақл омад сӯйи ҷон,
Булҳикам Бӯҷаҳл шуд дар ҳукми он.
Сӯйи ҳиссу сӯйи ақл ӯ комил аст,
Гарчи худ нисбат ба ҷон ӯ ҷоҳил аст.
Баҳси ақлу ҳис асар дон ё сабаб,
Баҳси ҷонӣ ё аҷаб ё булъаҷаб.
Завъи ҷон омад, намонд, эй мустазӣ!
Лозиму малзум. Нофӣ муқтазӣ.
З-он ки биноӣ, ки нураш бозиғ аст,
Аз далели чун асо бас фориғ аст.

Тафсири «Ва ҳува маъакум айнамо кунтум»

Бори дигар мо ба қисса омадем,
Мо аз он қисса бурун худ кай шудем?
Гар ба ҷаҳл оем, он зиндони ӯст
В-ар ба илм оем, он айвони ӯст.
В-ар ба хоб оем, мастони ваем
В-ар ба бедорӣ, ба дастони ваем.
В-ар бигирйем, абри пурзарқи ваем
В-ар бихандем, он замон барқи ваем.
В-ар ба хашму ҷанг, акси қаҳри ӯст
В-ар ба сулҳу узр, акси меҳри ӯст.
Мо кием андар ҷаҳони печ-печ?
Чун алиф. ӯ худ чӣ дорад? Ҳеч-ҳеч.

Суол кардани расул аз Умар разийаллоҳу анҳу аз сабаби ибтилои арвоҳ бо ин обу гили ҷисм

Гуфт: «Ё Уммар, чӣ ҳикмат буду сир,
Ҳабси он софӣ дар ин ҷойи кадир?
Оби софӣ дар гиле пинҳон шуда,
Ҷони софӣ бастаи абдон шуда».
Гуфт: «Ту баҳсе шигарфе мекунӣ,
Маъниеро банди ҳарфе мекунӣ.
Ҳабс кардӣ маънии озодро,
Банди ҳарфе кардаӣ ту ёдро.
Аз барои фоида ин кардаӣ?
Ту ки худ аз фоида дар пардаӣ.
Он кӣ аз вай фоида зоида шуд,
Чун набинад, он чӣ моро дида шуд?
Садҳазорон фоидасту ҳар яке,
Садҳазорон пеши он як андаке.
Он дами нутқат, ки ҷузви ҷузвҳост,
Фоида шуд, кулли кул холӣ чарост?
Ту ки ҷузвӣ, кори ту бо фоидаст,
Пас, чаро дар таъни кулл орӣ ту даст?
Гуфтро гар фоида набвад, магӯ
В-ар бувад, ҳил эътирозу шукр ҷӯ.
Шукри Яздон тавқи ҳар гардан бувад,
Не ҷидолу рӯ туруш кардан бувад.
Гар турушрӯ будан омад шукру бас
Пас чу сирка шукргӯе нест кас.
Сиркаро гар роҳ бояд дар ҷигар,
Гӯ, бишав сиркангубин, ӯ аз шакар.
Маънӣ андар шеър ҷуз бо хабт нест,
Чун қалосанг асту андар забт нест.

Дар маънии он ки «ман арода ан яҷлиса маъаллоҳи фалияҷлис маъа аҳли-т-тасаввуф»

Он расул аз худ бишуд з-ин як ду ҷом,
Не рисолат ёд мондаш, не паём.
Вола андар қудрати Аллоҳ шуд,
Он расул ин ҷо расиду шоҳ шуд.
Сел чун омад ба дарё, баҳр гашт,
Дона чун омад ба мазраъ, гашт кашт.
Чун тааллуқ ёфт нон бо булбашар,
Нони мурда зинда гашту бохабар.
Муму ҳезум чун фидои нор шуд,
Зоти зулмонии ӯ анвор шуд.
Санги сурма, чунки шуд дар дидагон,
Гашт биноӣ, шуд он ҷо дидбон.
Эй хунук он мард, к-аз худ раста шуд,
Дар вуҷуди зиндае пайваста шуд.
Войи он зинда, ки бо мурда нишаст,
Мурда гашту зиндагӣ аз вай биҷаст.
Чун ту дар Қуръони Ҳақ бигрехтӣ,
Бо равони анбиё омехтӣ.
Ҳаст Қуръон ҳолҳои анбиё,
Ҳомиёни баҳри поки кибриё.
В-ар бихониву найӣ Қуръонпазир,
Анбиёву авлиёро дида гир.
В-ар пазироӣ, чу бархонӣ қисас,
Мурғи ҷонат танг ояд дар қафас.
Мурғ, к-ӯ андар қафас зиндонӣ аст,
Менаҷӯяд растан, аз нодонӣ аст.
Рӯҳҳое, к-аз қафасҳо растаанд,
Анбиёи раҳбари шоистаанд.
Аз бурун овозашон ояд зи дин,
Ки раҳи растан туро ин аст, ин.
Мо ба дин растем з-ин тангин қафас,
Ҷуз ки ин раҳ нест чорай ин қафас:
Хешро ранҷур созӣ зор-зор,
То туро берун кунанд аз иштиҳор.
К-иштиҳори халқ банди муҳкам аст,
Дар раҳ ин аз банди оҳан кай кам аст?

Қиссаи бозаргон, ки тӯтии маҳбуси ӯ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат

Буд бозаргону ӯро тӯтие,
Дар қафас маҳбус, зебо тӯтие.
Чунки бозаргон сафарро соз кард,
Сӯйи Ҳиндустон шудан оғоз кард.
Ҳар ғулому ҳар канизакро зи ҷуд
Гуфт: «Баҳри ту чӣ орам? Гӯй зуд».
Ҳар яке аз вай муроде хост кард,
Ҷумларо ваъда бидод он некмард.
Гуфт тӯтиро: «Чӣ хоҳӣ армуғон,
К-орамат аз хиттаи Ҳиндустон?»
Гуфташ он тӯтӣ, ки он ҷо тӯтиён
Чун бибинӣ, кун зи ҳоли ман баён.
К-он фалон тӯтӣ, ки муштоқи шумост,
Аз қазои осмон дар ҳабси мост.
Бар шумо кард ӯ салому дод хост
В-аз шумо чора, раҳи иршод хост.
Гуфт: «Мешояд, ки ман дар иштиёқ,
Ҷон диҳам, ин ҷо бимирам дар фироқ?
Ин раво бошад, ки ман дар банди сахт,
Гаҳ шумо бар сабза, гоҳе бар дарахт?
Инчунин бошад вафои дӯстон?
Ман дар ин ҳабсу шумо дар гулситон?
Ёд оред, эй меҳон з-ин мурғи зор,
Як сабӯҳӣ дар миёни марғзор».
Ёди ёрон ёрро маймун бувад,
Хоса, к-он Лайливу ин Маҷнун бувад.
Эй ҳарифони бути мавзуни худ,
Ман қадаҳҳо мехурам пурхуни худ.
Як қадаҳ май нӯш кун бар ёди ман,
Гар намехоҳӣ, ки бидҳӣ доди ман.
Ё ба ёди ин фитодай хокбез,
Чунки хӯрдӣ, ҷуръае бар хок рез.
Эй аҷаб, он аҳду он савганд ку?
Ваъдаҳои он лаби чун қанд ку?
Гар фироқи банда аз бадбандагист,
Чун ту бо бад бад кунӣ, пас фарқ чист?
Эй баде, ки ту кунӣ дар хашму ҷанг,
Ботарабтар аз самоъу бонги чанг.
Эй ҷафои ту зи давлат хубтар
В-интиқоми ту зи ҷон маҳбубтар.
Нори ту ин аст, нурат чун бувад?
Мотам ин, то худ, ки сурат чун бувад?
Аз ҳаловатҳо, ки дорад ҷаври ту
В-аз латофат кас наёбад ғаври ту.
Ноламу тарсам, ки ӯ бовар кунад
В-аз карам он ҷаврро камтар кунад.
Ошиқам бар қаҳру бар лутфаш ба ҷид,
Булаҷаб, ман ошиқи ин ҳар ду зид.
Валлаҳ ар з-ин хор дар бустон шавам,
Ҳамчу булбул з-ин сабаб нолон шавам.
Ин аҷаб булбул, ки бигшояд даҳон,
То хурад ӯ хорро бо гулситон
Ин чӣ булбул? Ин наҳанги оташест,
Ҷумла нохушҳо зи ишқ ӯро х(в)ашист.
Ошиқи кулл асту худ кулл аст ӯ,
Ошиқи хеш асту ишқи хешҷӯ.

Сифати аҷниҳаи туюри уқули илоҳӣ

Қиссаи тӯтии ҷон з-ин сон бувад,
Ку касе, к-ӯ маҳрами мурғон бувад?
Ку яке мурғе, заифе, бегуноҳ
В-андаруни ӯ Сулаймон бо сипоҳ?
Чун бинолад зор бе шукру гила,
Афтад андар ҳафт гардун ғулғула.
Ҳар дамаш сад нома сад пайк аз Худо,
Ё рабе з-ӯ, шаст лаббайк аз Худо.
Заллати ӯ беҳ зи тоат назди Ҳақ,
Пеши куфраш ҷумла имонҳо халақ.
Ҳар даме ӯро яке меъроҷи хос,
Бар сари тоҷаш ниҳад сад тоҷи хос.
Сураташ бар хоку ҷон бар ломакон,
Ломаконе фавқи ваҳми соликон.
Бал макону ломакон дар ҳукми ӯ
Ҳамчу дар ҳукми биҳиште чор ҷӯ.
Шарҳи ин кӯтаҳ куну рух з-ин битоб,
Дам мазан, «валлоҳу аълам би-с-савоб».
Боз мегардем мо, эй дӯстон,
Сӯйи мурғу тоҷиру Ҳиндустон.
Марди бозаргон пазируфт ин паём,
К-ӯ расонад сӯйи ҷинс аз вай салом.

Дидани хоҷа тӯтиёни Ҳиндустонро дар дашт ва пайғом расонидан аз он тӯтӣ

Чунки то ақсои Ҳиндустон расид,
Дар биёбон тӯтии чанде бидид.
Маркаб истонид, пас овоз дод,
Он салому он амонат боздод.
Тӯтие, з-он тӯтиён ларзид бас,
Уфтоду мурду бугсасташ нафас.
Шуд пушаймон хоҷа аз гуфти хабар,
Гуфт: «Рафтам дар ҳалоки ҷонвар,
Ин магар хеш аст бо он тӯтияк?
Ин магар ду ҷисм буду рӯҳ як?
Ин чаро кардам? Чаро додам паём?
Сӯхтам бечораро з-он гуфти хом».
Ин забон чун сангу ҳам оҳанваш аст
В-он чӣ биҷҳад аз забон, чун оташ аст.
Сангу оҳанро мазан барҳам газоф
Гаҳ зи рӯйи нақлу гаҳ аз рӯйи лоф.
З-он ки торик асту ҳар сӯ пунбазор,
Дар миёни пунба чун бошад шарор?
Золим он қавме, ки чашмон дӯхтанд,
З-он суханҳо оламеро сӯхтанд.
Оламеро як сухан вайрон кунад,
Рӯбаҳони мурдаро шерон кунад.
Ҷонҳо дар асли худ исодаманд,
Як замон захманду гоҳе марҳаманд.
Гар ҳиҷоб аз ҷонҳо бархостӣ,
Гуфт ҳар ҷоне масеҳосостӣ.
Гар сухан хоҳӣ, ки гӯйӣ чун шакар,
Сабр кун, аз ҳирс ин ҳалво мах(в)ар.
Сабр бошад муштҳои зиракон,
Ҳаст ҳалво орзуи кӯдакон.
Ҳар кӣ сабр овард, гардун барравад,
Ҳар кӣ ҳалво х(в)ард, вопастар равад.

Тафсири қавли Фаридуддини Аттор қаддасаллоҳу рӯҳаҳу:

Ту соҳибнафсӣ, эй ғофил, миёни хок
хун мехур,
Ки соҳибдил агар заҳре хурад, он
ангубин бошад.
Соҳиби дилро надорад он зиён,
Гар хурад ӯ заҳри қотилро аён.
З-он ки сиҳҳат ёфт в-аз парҳез раст,
Толиби мискин миёни таб – дар аст.
Гуфт пайғамбар, ки эй марди ҷиро
Ҳон, макун бо ҳеч матлубе миро,
Дар ту Намрудест, оташ дармарав,
Рафт хоҳӣ, аввал Иброҳим шав.
Чун найӣ саббоҳу на дарёие,
Дар маяфган хеш аз худдорие.
ӯ зи оташ варди аҳмар оварад,
Аз зиёнҳо суд бар сар оварад.
Комиле гар хок гирад, зар шавад,
Ноқис ар зар бурд, хокистар шавад.
Чун қабули Ҳақ бувад он марди рост,
Дасти ӯ дар корҳо дасти Худост.
Дасти ноқис дасти шайтон асту дев,
З-он ки андар дом таклиф асту рев.
Ҷаҳл ояд пеши ӯ, дониш шавад,
Ҷаҳл шуд илме, ки дар мункир равад.
Ҳар чӣ гирад иллате, иллат шавад,
Куфр гирад комиле, миллат шавад.
Эй миро карда пиёда бо савор,
Сар нахоҳӣ бурд, акнун пой дор.

Таъзими соҳирон мар Мӯсоро алайҳиссалом, ки чӣ мефармоӣ: аввал ту андозӣ асо?

Соҳирон дар аҳди Фиръавни лаин,
Чун миро карданд бо Мӯсо ба кин.
Лек Мӯсоро муқаддам доштанд,
Соҳирон ӯро мукаррам доштанд.
З-он ки гуфтандаш, ки фармон они туст,
Гар ҳамехоҳӣ, асо ту-фган нахуст.
Гуфт: «Не, аввал шумо эй соҳирон!
Афганед он макрҳоро дар миён».
Ин қадар таъзим диншонро харид,
К-аз миро он дасту поҳошон бурид.
Соҳирон чун ҳаққи ӯ бишнохтанд,
Дасту по дар ҷурми он дарбохтанд.
Луқмаву нукта-ст комилро ҳалол,
Ту найӣ комил! Махур, мебош лол.
Чун ту гӯшӣ, ӯ забон, не ҷинси ту,
Гӯшҳоро Ҳақ бифармуд, «анситу».
Кӯдак аввал чун бизояд ширнӯш,
Муддате хомуш бувад ӯ ҷумла гӯш.
Муддате мебоядаш лаб дӯхтан
Аз сухан, то ӯ сухан омӯхтан.
В-ар надорад гӯшу тӣ-тӣ мекунад,
Хештанро гунги гетӣ мекунад.
Карри аслӣ, к-иш набуд з-оғоз гӯш,
Лол бошад, кай кунад дар нутқ ҷӯш?
З-он ки аввал самъ бояд нутқро,
Сӯйи мантиқ аз раҳи самъ андаро.
«Удхулу-л-абёта мин абвобиҳо,
Ва-т-лубу-л-ағроза фӣ асбобиҳо».
Нутқ, к-он мавқуфи роҳи самъ нест,
Ҷуз ки нутқи холиқи бетамъ нест.
Мубдеъ аст ӯ, тобеъи устод не,
Муснади ҷумла, варо иснод не.
Боқиён, ҳам дар ҳираф, ҳам дар мақол
Тобеъи устоду мӯҳтоҷи мисол.
З-ин сухан гар нестӣ бегонае,
Далқу ашке гир дар вайронае.
З-он ки Одам з-он итоб аз ашк раст,
Ашки тар бошад дами тавбапараст.
Баҳри гиря омад Одам бар замин,
То бувад гирёну нолону ҳазин.
Одам аз фирдавсу аз болои ҳафт
Поймочон аз барои узр рафт.
Гар зи пушти Одамӣ в-аз сулби ӯ,
Дар талаб мебош ҳам дар тулби ӯ.
З-оташи дил в-оби дида нуқл соз,
Бӯстон аз абру хуршед аст боз.
Ту чӣ донӣ завқи оби дидагон,
Ошиқи нонӣ ту чун нодидагон.
Гар ту ин анбон зи нон холӣ кунӣ,
Пур зи гавҳарҳои иҷлолӣ кунӣ.
Тифли ҷон аз шири шайтон боз кун,
Баъд аз онаш бо малак анбоз кун.
То ту торику малулу тираӣ,
Дон, ки бо деви лаъин ҳамшираӣ.
Луқмае, ки нур афзуду камол,
Он бувад оварда аз касби ҳалол.
Равғане, к-ояд, чароғи мо кушад,
Об хонаш, чун чароғеро кушад.
Илму ҳикмат зояд аз луқмай ҳалол,
Ишқу риққат ояд аз луқмай ҳалол.
Чун зи луқма ту ҳасад биниву дом,
Ҷаҳлу ғафлат зояд, онро дон ҳаром.
Ҳеч гандум кориву ҷав бар диҳад?
Дидаӣ асбе, ки куррай хар диҳад?
Луқма тухм асту бараш андешаҳо,
Луқма баҳру гавҳараш андешаҳо.
Зояд аз луқмай ҳалол андар даҳон,
Майли хидмат, азми рафтан он ҷаҳон.

Бозгуфтани бозаргон бо тӯтӣ он чӣ дид аз тӯтиёни Ҳиндустон

Кард бозаргон тиҷоратро тамом,
Бозомад сӯйи манзил дӯстком.
Ҳар ғуломеро биёвард армуғон,
Ҳар канизакро бибахшид ӯ нишон.
Гуфт тӯтӣ: «Армуғони банда ку?
Он чи дидӣ в-он чи гуфтӣ, боз гӯ».
Гуфт: «На. Ман худ пушаймонам аз он,
Дасти худ хоёну ангуштон газон.
Ман чаро пайғоми хоме аз газоф,
Бурдам аз бедонишиву аз нашоф?»
Гуфт: «Эй хоҷа, пушаймонӣ зи чист?
Чист он к-ин хашму ғамро муқтазист?»
Гуфт: «Гуфтам он шикоятҳои ту,
Бо гурӯҳе тӯтиён, ҳамтои ту.
Он яке тӯтӣ зи дардат бӯй бурд,
Заҳрааш бидриду ларзиду бимурд.
Ман пушаймон гаштам, ин гуфтан чӣ буд?
Лек чун гуфтам, пушаймонӣ чӣ суд?»
Нуктае, к-он ҷаст ногаҳ аз забон,
Ҳамчу тире дон, ки он ҷаст аз камон.
Вонагардад аз раҳ он тир, эй писар!
Банд бояд кард селеро зи сар,
Чун гузашт аз сар, ҷаҳонеро гирифт,
Гар ҷаҳон вайрон кунад, набвад шигифт.
Феълро дар ғайб асарҳо зоданист
В-он маволидаш ба ҳукми халқ нест.
Бе шарике, ҷумла махлуқи Худост,
Он маволид, арчи нисбатшон ба мост.
Зайд парронид тире сӯйи Амр,
Амрро бигрифт тираш ҳамчу намр.
Муддати соле ҳамезоид дард,
Дардҳоро офаринад Ҳақ, на мард.
Зайди ромӣ, он дам ар мурд аз ваҷал,
Дардҳо мезояд он ҷо то аҷал.
З-он маволиди ваҷаъ чун мурд ӯ,
Зайдро з-аввал сабаб қаттол гӯ.
Он ваҷаъҳоро бад-ӯ мансуб дор,
Гарчи ҳаст он ҷумла сунъи кирдгор.
Ҳамчунин кишту даму дому ҷимоъ,
Он маволид аст Ҳақро мустатоъ.
Авлиёро ҳаст қудрат аз Илоҳ,
Тири ҷаста боз орандаш зи роҳ.
Баста дарҳои маволид аз сабаб,
Чун пушаймон шуд валӣ з-он дасти раб.
Гуфта ногуфта кунад аз фатҳи боб,
То аз он на сих сӯзад, на кабоб.
Аз ҳама дилҳо, ки он нукта шунид,
Он суханро кард маҳву нопадид.
Гар-т бурҳон бояду ҳуҷҷат, миҳо!
Бозхон: «Мин оятин ав нунсиҳо».
Ояти «Ансавкуму зикри» бихон,
Қудрати нисён ниҳоданшон бидон.
Чун ба тазкиру ба нисён қодиранд,
Бар ҳама дилҳои халқон қоҳиранд.
Чун ба нисён баст ӯ роҳи назар,
Кор натвон кард в-ар бошад ҳунар.
«Хилтуму сухриййатан» аҳл-ас-суму,
Аз нубӣ хонед, то «ансавкуму».
Соҳиби деҳ подшоҳи ҷисмҳост,
Соҳиби дил шоҳи дилҳои шумост.
Фаръи дид омад амал бе ҳеч шак,
Пас набошад мардум илло мардумак.
Ман тамоми ин наёрам гуфт аз он,
Манъ меояд зи соҳибмарказон.
Чун фаромӯшии халқу ёдашон,
Бо вай асту ӯ расад фарёдашон.
Садҳазорон неку бадро он баҳӣ,
Мекунад ҳар шаб зи дилҳошон тиҳӣ.
Рӯз дилҳоро аз он пур мекунад,
Он садафҳоро пур аз дур мекунад.
Он ҳама андешаи пешонҳо,
Мешиносад аз ҳидоят ҷонҳо.
Пешаву фарҳанги ту ояд ба ту,
То дари асбоб бигшояд ба ту.
Пешаи заргар ба оҳангар нашуд,
Хӯйи ин хушхӯ ба он мункар нашуд.
Пешаҳову халқҳо ҳамчун ҷиҳез,
Сӯйи хасм оянд рӯзи растахез.
Пешаҳову халқҳо аз баъди хоб
Вопас ояд ҳам ба хасми худ шитоб.
Пешаву андешаҳо дар вақти субҳ,
Ҳам бад-он ҷо шуд, ки буд он ҳусну қубҳ.
Чун кабӯтарҳои пайк аз шаҳрҳо
Сӯйи шаҳри хеш орад баҳрҳо.

Шунидани он тӯтӣ, ҳаракати он тӯтиён ва мурдани он тӯтӣ дар қафас ва навҳаи хоҷа бар вай

Чун шунид он мурғ, к-он тӯтӣ чӣ кард,
Пас биларзид, уфтоду гашт сард.
Хоҷа чун дидаш фитода ҳамчунин
Барҷаҳиду зад кулаҳро бар замин.
Чун бад-ин рангу бад-ин ҳолаш бидид,
Хоҷа барҷасту гиребонро дарид.
Гуфт: «Эй тӯтии хуби хушҳанин,
Ин чӣ будат? Ин чаро гаштӣ чунин?
Эй дареғо, мурғи хушовози ман,
Эй дареғо, ҳамдаму ҳамрози ман.
Эй дареғо, мурғи хушалҳони ман,
Роҳи рӯҳу равзаву райҳони ман.
Гар Сулаймонро чунин мурғе будӣ,
Кай худ ӯ машғули он мурғон шудӣ?
Эй дареғо, мурғ, к-арзон ёфтам,
Зуд рӯй аз рӯйи ӯ бартофтам».
Эй забон, ту бас зиёнӣ бар варо,
Чун туӣ гӯё, чӣ гӯям ман туро?
Эй забон, ҳам оташу ҳам хирманӣ,
Чанд ин оташ дар ин хирман занӣ?
Дар ниҳон ҷон аз ту афғон мекунад,
Гарчи ҳар чӣ гӯияш, он мекунад.
Эй забон, ҳам ганҷи бепоён туӣ,
Эй забон, ҳам ранҷи бедармон туӣ.
Ҳам сафиру худъаи мурғон туӣ,
Ҳам аниси ваҳшати ҳиҷрон туӣ.
Чанд амонам медиҳӣ, эй беамон!
Эй ту зеҳ карда ба кини ман камон.
Нак, бипарронидаӣ мурғи маро,
Дар чарогоҳи ситам кам кун чаро.
Ё ҷавоби ман бигӯ ё дод деҳ,
Ё маро з-асбоби шодӣ ёд деҳ.
Эй дареғо, нури зулматсӯзи ман,
Эй дареғо, субҳи рӯзафрӯзи ман.
Эй дареғо, мурғи хушпарвози ман,
З-интиҳо паррида то оғози ман.
Ошиқи ранҷ аст нодон то абад,
Хез, «ло уқсим» бихон, то «фӣ кабад».
Аз кабад фориғ будам бо рӯйи ту
В-аз забад софӣ будам дар ҷӯйи ту.
Ин дареғоҳо хаёли дидан аст
В-аз вуҷуди нақди худ бубридан аст.
Ғайрати Ҳақ буду бо Ҳақ чора нест,
Ку диле, к-аз ишқи Ҳақ садпора нест?
Ғайрат он бошад, ки ӯ ғайри ҳама-ст,
Он кӣ афзун аз баёну дамдама-ст.
Эй дареғо, ашки ман, дарё будӣ,
То нисори дилбари зебо будӣ.
Тӯтии ман, мурғи зираксори ман,
Тарҷумони фикрату асрори ман.
Ҳар чӣ рӯзе доду нодод оядам,
ӯ зи аввал гуфта, то ёд оядам.
Тӯтие, к-ояд зи ваҳй овози ӯ,
Пеш аз оғози вуҷуд оғози ӯ.
Андаруни туст он тӯтӣ ниҳон,
Акси ӯро дида ту бар ину он.
Мебарад шодитро, ту шод аз ӯ,
Мепазирӣ зулмро чун дод аз ӯ.
Эй ки ҷонро баҳри тан месӯхтӣ,
Сӯхтӣ ҷонрову тан афрӯхтӣ.
Сӯхтам ман. Сӯхта хоҳад касе?
То зи ман оташ занад андар хасе?
Сӯхта чун қобили оташ бувад,
Сӯхта бистон, ки оташ каш бувад.
Эй дареғо, эй дареғо, эй дареғ!
К-он чунон моҳе ниҳон шуд зери меғ.
Чун занам дам? К-оташи дил тез шуд,
Шери ҳаҷр ошуфтаву хунрез шуд.
Он кӣ ӯ ҳушёр, худ тунд асту маст,
Чун бувад чун ӯ қадаҳ гирад ба даст?
Шери масте, к-аз сифат берун бувад,
Аз басити марғзор афзун бувад.
Қофия андешаму дилдори ман,
Гӯядам: «Мандеш ҷуз дидори ман.
Хуш нишин, эй қофияандеши ман,
Қофийай давлат туӣ дар пеши ман.
Ҳарф чӣ бвад, то ту андешӣ аз он,
Ҳарф чӣ бвад? Хори девори разон.
Ҳарфу савту гуфтро бар ҳам занам,
То ки бе ин ҳар се бо ту дам занам.
Он даме, к-аз Одамаш кардам ниҳон,
Бо ту гӯям, эй ту асрори ҷаҳон!
Он дамеро, ки нагуфтам бо Халил
В-он ғамеро, ки надонад Ҷабраил».
Он даме, к-аз вай Масеҳо дам назад,
Ҳақ зи ғайрат низ бе мо ҳам назад.
Мо чӣ бошад дар луғат? Исботу нафй,
Ман на исботам. Манам бе зоту нафй.
Ман касӣ дар нокасӣ дарёфтам,
Пас касӣ дар нокасӣ дарбофтам.
Ҷумла шоҳон бандаи бандай худанд,
Ҷумла халқон мурдаи мурдай худанд.
Ҷумла шоҳон паст пасти хешро,
Ҷумла халқон маст масти хешро.
Мешавад сайёд мурғонро шикор,
То кунад ногоҳ эшонро шикор.
Бедилонро дилбарон ҷуста ба ҷон,
Ҷумла маъшуқон шикори ошиқон.
Ҳар кӣ ошиқ дидияш, маъшуқ дон,
К-ӯ ба нисбат ҳаст ҳам ину ҳам он.
Ташнагон гар об ҷӯянд аз ҷаҳон,
Об ҷӯяд ҳам ба олам ташнагон.
Чунки ошиқ ӯст, ту хомӯш бош,
ӯ чу гӯшат мекашад, ту гӯш бош.
Банд кун, чун сел сайлоне кунад
В-арна расвоиву вайронӣ кунад.
Ман чӣ ғам дорам, ки вайронӣ бувад?
Зери вайрон ганҷи султонӣ бувад.
Ғарқи Ҳақ хоҳад, ки бошад ғарқтар,
Ҳамчу мавҷи баҳри ҷон зеру забар.
Зери дарё хуштар ояд ё забар?
Тири ӯ дилкаштар ояд ё сипар?
Поракардай васваса бошӣ дило!
Гар тарабро, боздонӣ аз бало.
Гар муродатро мазоқи шаккар аст,
Бемуродӣ на муроди дилбар аст?
Ҳар ситораш хунбаҳои сад ҳилол,
Хуни олам рехтан ӯро ҳалол.
Мо баҳову хунбаҳоро ёфтем,
Ҷониби ҷон бохтан биштофтем.
Эй ҳаёти ошиқон дар мурдагӣ!
Дил наёбӣ ҷуз ки дар дилбурдагӣ.
Ман дилаш ҷуста ба сад нозу далол,
ӯ баҳона карда бо ман аз малол.
Гуфтам охир ғарқи туст ин ақлу ҷон,
Гуфт: «рав, рав, бар ман ин афсун махон».
Ман надонам он чӣ андешидаӣ?
Эй ду дида, дӯстро чун дидаӣ?
Эй гаронҷон, хор дидастӣ варо,
З-он ки бас арзон харидастӣ варо.
Ҳар кӣ ӯ арзон харад, арзон диҳад,
Гавҳаре тифле ба қурсе нон диҳад.
Ғарқи ишқеам, ки ғарқ аст андар ин,
Ишқҳои аввалину охирин.
Муҷмалаш гуфтам, накардам з-он баён
В-арна ҳам афҳом сӯзад, ҳам забон.
Ман чу «лаб» гӯям, лаби дарё бувад,
Ман чу «ло» гӯям, мурод «илло» бувад.
Ман зи ширинӣ нишастам рӯтуруш,
Ман зи бисёрии гуфторам хамуш.
То ки ширинии мо аз ду ҷаҳон,
Дар ҳиҷоби рӯтуруш бошад ниҳон.
То ки дар ҳар гӯш н-ояд ин сухун,
Як ҳамегӯям зи сад сирри ладун.

Тафсири қавли ҳаким:
Ба ҳар-ч аз роҳ вомонӣ, чӣ куфр он  ҳарфу чӣ имон,
Ба ҳар-ч аз дӯст дур афтӣ, чӣ зишт он нақшу чӣ зебо.

Дар маънии қавлуҳу алайҳиссалом: «инна саъдан лағайурун ва ано ағйару мин саъдин валлоҳу ағйиру миннӣ ва мин ғайратиҳи ҳаррама-л-фавоҳиша, мо заҳара минҳо ва мо батана»

Ҷумла олам з-он ғаюр омад, ки Ҳақ
Бурд дар ғайрат бар ин олам сабақ.
ӯ чу ҷон асту ҷаҳон чун колбад,
Колбад аз ҷон пазирад неку бад.
Ҳар кӣ меҳроби намозаш гашт айн,
Сӯйи имон рафтанаш медон ту шайн.
Ҳар кӣ шуд мар шоҳро ӯ ҷомадор,
Ҳаст хусрон баҳри шоҳаш иттиҷор.
Ҳар кӣ бо султон шавад ӯ ҳамнишин,
Бар дараш шистан бувад ҳайфу ғабин.
Дастбӯсаш чун расид аз подшоҳ,
Гар гузинад бӯси по, бошад гуноҳ.
Гарчи сар бар по ниҳодан хидмат аст,
Пеши он хидмат хатову заллат аст.
Шоҳро ғайрат бувад, бар ҳар кӣ ӯ
Бу гузинад, баъд аз он ки дид рӯ.
Ғайрати Ҳақ, бар масал гандум бувад,
Коҳи хирман ғайрати мардум бувад.
Асли ғайратҳо бидонед аз Илоҳ,
Они халқон фаръи Ҳақ, беиштибоҳ.
Шарҳи ин бигзораму гирам гила
Аз ҷафои он нигори даҳдила.
Нолам, эро нолаҳо хуш оядаш,
Аз ду олам нолаву ғам боядаш.
Чун нанолам талх аз дастони ӯ?
Чун наям дар ҳалқаи мастони ӯ.
Чун набошам ҳамчу шаб бе рӯзи ӯ?
Бе висоли рӯйи рӯзафрӯзи ӯ.
Нохуши ӯ хуш бувад дар ҷони ман,
Ҷон фидои ёри дилранҷони ман.
Ошиқам бар ранҷи хешу дарди хеш,
Баҳри хушнудии шоҳи фарди хеш.
Хоки ғамро сурма созам баҳри чашм,
То зи гавҳар пур шавад ду баҳри чашм.
Ашк, к-он аз баҳри ӯ боранд халқ,
Гавҳар асту ашк пиндоранд халқ.
Ман зи ҷони ҷон шикоят мекунам,
Ман наям шокӣ, ривоят мекунам.
Дил ҳамегӯяд, к-аз ӯ ранҷидаам
В-аз нифоқи суст механдидаам.
Ростӣ кун, эй ту фахри ростон!
Эй ту садру ман даратро остон.
Остонав садр дар маънӣ куҷост?
Мову ман, к-ӯ он тараф, к-он ёри мост?
Эй раҳида ҷони ту аз мову ман,
Эй латифай рӯҳ андар марду зан.
Марду зан чун як шавад, он як туӣ,
Чунки якҳо маҳв шуд, онак туӣ.
Ин ману мо баҳри он барсохтӣ,
То ту бо худ нарди хидмат бохтӣ.
То ману туҳо ҳама якҷон шаванд,
Оқибат мустағриқи ҷонон шаванд.
Ин ҳама ҳасту биё, эй амри «кун»,
Эй муназзаҳ аз биёву аз сухун.
Ҷисм ҷисмона тавонад диданат,
Дар хаёл орад ғаму хандиданат.
Дил, ки ӯ бастай ғаму хандидан аст,
Ту магӯ, к-ӯ лоиқи он дидан аст.
Он кӣ ӯ бастай ғаму ханда бувад,
ӯ бад-ин ду орият зинда бувад.
Боғи сабзи ишқ, к-ӯ бемунтаҳост,
Ҷуз ғаму шодӣ дар ӯ бас меваҳост.
Ошиқӣ з-ин ҳар ду ҳолат бартар аст,
Бебаҳору бехазон сабзу тар аст.
Деҳ закоти рӯйи хуб, эй хубрӯ!
Шарҳи ҷони шарҳа-шарҳа боз гӯ.
К-аз карашми ғамзае ғаммозае
Бар дилам бинҳод доғи тозае.
Ман ҳалолаш кардам ар, хунам бирехт,
Ман ҳамегуфтам: «ҳалол», ӯ мегурехт.
Чун гурезонӣ зи нолай хокиён,
Ғам чӣ резӣ бар дили ғамнокиён?
Эй ки ҳар субҳе, ки аз Машриқ битофт,
Ҳамчу чашмай Мушриқат дар ҷӯш ёфт.
Чун баҳона додӣ ин шайдотро?
Эй баҳо на шаккари лабҳотро.
Эй ҷаҳони кӯҳнаро ту ҷони нав,
Аз тани беҷону дил афғон шунав.
Шарҳи гул бигзор аз баҳри Худо,
Шарҳи булбул гӯ, ки шуд аз гул ҷудо.
Аз ғаму шодӣ набошад ҷӯши мо,
Бо хаёлу ваҳм набвад ҳуши мо.
Ҳолате дигар бувад, к-он нодир аст,
Ту машав мункир, ки Ҳақ бас қодир аст.
Ту қиёс аз ҳолати инсон макун,
Манзил андар ҷавру дар эҳсон макун.
Ҷавру эҳсон, ранҷу шодӣ ҳодис аст,
Ҳодисон миранду Ҳақшон ворис аст.
Субҳ шуд, эй субҳро субҳу паноҳ!
Узри махдумий Ҳусомуддин бихоҳ.
Узрхоҳи ақли куллу ҷон туӣ,
Ҷони ҷону тобиши марҷон туӣ.
Тофт нури субҳу мо аз нури ту
Дар сабӯҳӣ бо майи Мансури ту.
Додаӣ ту, чун чунин дорад маро,
Бода, ки бвад, к-ӯ тараб орад маро?
Бода дар ҷӯшиш гадои ҷӯши мост,
Чарх дар гардун гадои ҳуши мост.
Бода аз мо маст шуд, на мо аз ӯ,
Қолаб аз мо ҳаст шуд, на мо аз ӯ.
Мо чу занбӯрему қолабҳо чу мум,
Хона-хона карда қолабро чу мум.

Руҷӯъ ба ҳикояти хоҷаи тоҷир

Бас дароз аст ин ҳадиси хоҷа, гӯ,
То чӣ шуд аҳволи он марди накӯ?
Хоҷа андар оташу дарду ҳанин
Сад пароганда ҳамегуфт инчунин.
Гаҳ таноқуз, гоҳ нозу гаҳ ниёз,
Гоҳ савдои ҳақиқат, гаҳ маҷоз.
Марди ғарқагашта ҷоне меканад,
Дастро дар ҳар гиёҳе мезанад.
То кадомаш даст гирад дар хатар,
Дасту пое мезанад аз бими сар.
Дӯст дорад ёр ин ошуфтагӣ,
Кӯшиши беҳуда беҳ аз хуфтагӣ.
Он кӣ ӯ шоҳ аст, ӯ бекор нест,
Нола аз вай турфа, к-ӯ бемор нест.
Баҳри ин фармуд раҳмон, эй писар!
«Кулла явмин ҳува фӣ шон», эй писар!
Андар ин раҳ метарошу мехарош,
То дами охир, даме фориғ мабош.
То дами охир, даме охир бувад,
Ки иноят бо ту соҳибсир бувад.
Ҳар чӣ мекӯшанд, агар марду зан аст,
Гӯшу чашми шоҳи ҷон бар равзан аст.

Бурун андохтани марди тоҷир тӯтиро аз қафас ва паридани тӯтии мурда
Баъд аз онаш аз қафас берун фиганд,
Тӯтияк паррид то шохи баланд.
Тӯтии мурда чунон парвоз кард,
К-офтоби Шарқ туркитоз кард.
Хоҷа ҳайрон гашт андар кори мурғ,
Бехабар, ногаҳ бидид асрори мурғ.
Рӯй боло карду гуфт: «Эй андалеб!
Аз баёни ҳоли худмон деҳ насиб.
ӯ чӣ кард он ҷо, ки ту омӯхтӣ?
Сохтӣ макреву моро сӯхтӣ».
Гуфт тӯтӣ, к-ӯ ба феълам панд дод,
Ки раҳо кун лутфи овозу видод.
З-он ки овозат туро дар банд кард,
Хештан мурда пайи ин панд кард.
Яъне, эй мутриб, шуда бо ому хос,
Мурда шав чун ман, ки то ёбӣ халос.
Дона бошӣ, мурғаконат барчинанд,
Ғунча бошӣ, кӯдаконат баркананд.
Дона пинҳон кун, ба куллӣ дом шав,
Ғунча пинҳон кун, гиёҳи бом шав.
Ҳар кӣ дод ӯ ҳусни худро дар мазод,
Сад қазои бад суйи ӯ рӯ ниҳод.
Чашмҳову хашмҳову рашкҳо
Бар сараш резад чу об аз машкҳо.
Душманон ӯро зи ғайрат медаранд,
Дӯстон ҳам рӯзгораш мебаранд.
Он кӣ ғофил буд аз кишту баҳор,
ӯ чӣ донад қимати ин рӯзгор?
Дар паноҳи лутфи Ҳақ бояд гурехт,
К-ӯ ҳазорон лутф бар арвоҳ рехт.
То паноҳе ёбӣ, он гаҳ чун паноҳ?
Обу оташ мар туро гардад сипоҳ.
Нӯҳу Мӯсоро на дарё ёр шуд,
На бар аъдошон ба кин қаҳҳор шуд,
Оташ Иброҳимро на қалъа буд,
То баровард аз дили Намруд дуд,
Кӯҳ Яҳёро на сӯйи хеш хонд?
Қосидонашро ба захми санг ронд.
Гуфт: «Эй Яҳё, биё, дар ман гурез
То паноҳат бошам аз шамшери тез».

Видоъ кардани тӯтӣ хоҷаро ва паридан

Як-ду пандаш дод тӯтӣ бе нифоқ,
Баъд аз он гуфташ: «саломун ал-фироқ».
Хоҷа гуфташ: «Фӣ амониллаҳ, бирав,
Мар маро акнун намудӣ роҳи нав».
Хоҷа бо худ гуфт, к-ин панди ман аст,
Роҳи ӯ гирам, ки ин раҳ равшан аст.
Ҷони ман камтар зи тӯтӣ кай бувад?
Ҷон чунин бояд, ки некӯпай бувад.

Мазаррати таъзими халқ ва ангуштнамой шудан

Тан қафасшакл аст, тан шуд хори ҷон
Дар фиреби дохилону хориҷон.
Ин-ш гӯяд: «Ман шавам ҳамрози ту»
В-он-ш гӯяд: «На, манам анбози ту».
Ин-ш гӯяд: «Нест чун ту дар вуҷуд,
Дар ҷамолу фазлу дар эҳсону ҷуд».
Он-ш гӯяд: «Ҳар ду олам они туст,
Ҷумла ҷонҳомон туфайли ҷони туст».
ӯ чу бинад халқро сармасти хеш,
Аз такаббур меравад аз дасти хеш.
ӯ надонад, ки ҳазоронро чу ӯ
Дев афгандаст андар оби ҷӯ.
Лутфу солуси ҷаҳон х(в)аш луқмаест,
Камтараш хур, к-он пуроташ луқмаест.
Оташаш пинҳону завқаш ошкор,
Дуди ӯ зоҳир шавад поёни кор.
Ту магӯ: «Он мадҳро ман кай х(в)арам?»
«Аз тамаъ» мегӯяд ӯ «пай мебарам».
Модеҳат гар ҳаҷв гӯяд бармало,
Рӯзҳо сӯзад дилат з-он сӯзҳо.
Гарчи донӣ, к-ӯ зи ҳирмон гуфт он,
К-он тамаъ, ки дошт аз ту, шуд зиён.
Он асар мемонадат дар андарун,
Дар мадеҳ ин ҳолатат ҳаст озмун.
Он асар ҳам рӯзҳо боқӣ бувад,
Мояи кибру хидоъи ҷон шавад.
Лек нанмояд, чу ширин аст мадҳ,
Бад намояд, з-он ки талх афтод қадҳ.
Ҳамчу матбух асту ҳаб, к-онро х(в)арӣ,
То ба дере шӯришу ранҷ андарӣ.
В-ар хурӣ ҳалво, бувад завқаш даме,
Ин асар чун он намепояд ҳаме.
Чун намепояд, ҳамепояд ниҳон,
Ҳар зидеро ту ба зидди ӯ бидон.
Чун шакар пояд ниҳон таъсири ӯ,
Баъди ҳине думмал орад нешҷӯ.
Нафс аз бас мадҳҳо Фиръавн шуд,
«Кун залила-н-нафси ҳавнан ло тасуд».
То тавонӣ банда шав, султон мабош,
Захмкаш чун гӯй шав, чавгон мабош.
В-арна чун лутфат намонад в-ин ҷамол
Аз ту ояд он ҳарифонро малол.
Он ҷамоат, к-ит ҳамедоданд рев,
Чун бибинандат, бигӯяндат, ки дев!
Ҷумла гӯяндат, чу бинандат ба дар:
«Мурдае аз гӯри худ баркард сар».
Ҳамчу амрад, ки Худо номаш кунанд,
То бад-ин солус дар домаш кунанд.
Чунки дар бадномӣ омад риши ӯ,
Девро нанг ояд аз тафтиши ӯ.
Дев сӯйи одамӣ шуд баҳри шар,
Сӯйи ту н-ояд, ки аз девӣ батар.
То ту будӣ одамӣ, дев аз паят
Медавиду мечашонид ӯ маят.
Чун шудӣ дар хӯйи девӣ устувор,
Мегурезад аз ту деви нобакор.
Он кӣ андар доманат овехт ӯ,
Чун чунин гаштӣ, зи ту бигрехт ӯ.

Тафсири «Мошоаллоҳу кона»

Ин ҳама гуфтем, лек андар басеч
Бе иноёти Худо ҳечем, ҳеч.
Бе иноёти Ҳақу хосони Ҳақ,
Гар малак бошад, сиёҳ асташ варақ.
Эй Худо! Эй фазли ту ҳоҷатраво,
Бо ту ёди ҳеч кас набвад раво.
Ин қадар иршод ту бахшидаӣ,
То бад-ин бас айби мо пӯшидаӣ.
Қатрае дониш, ки бихшидӣ зи пеш,
Муттасил гардон ба дарёҳои хеш.
Қатрае илм аст андар ҷони ман,
Вораҳонаш аз ҳаво в-аз хоки тан.
Пеш аз он к-ин хокҳо хасфаш кунанд,
Пеш аз он к-ин бодҳо нашфаш кунанд.
Гарчи чун нашфаш кунад, ту қодирӣ,
К-аш аз эшон воситонӣ вохарӣ.
Қатрае, к-ӯ дар ҳаво шуд ё ки рехт,
Аз хазинай қудрати ту кай гурехт?
Гар дарояд дар адам ё сад адам,
Чун бихониш, ӯ кунад аз сар қадам.
Садҳазорон зидд зидро мекушад,
Бозашон ҳукми ту берун мекашад.
Аз адамҳо сӯйи ҳастӣ ҳар замон,
Ҳаст, ё раб, корвон дар корвон.
Хоса ҳар шаб ҷумла афкору уқул
Нест гардад, ғарқ дар баҳри нуғул.
Боз вақти субҳ он аллоҳиён
Барзананд аз баҳр сар чун моҳиён.
Дар хазон он садҳазорон шоху барг
Аз ҳазимат рафта дар дарёи марг.
Зоғ пӯшида сияҳ чун навҳагар,
Дар гулистон навҳа карда бар хузар.
Боз фармон ояд аз солори деҳ,
Мар адамро, к-он чӣ хӯрдӣ, боздеҳ.
Он чӣ хӯрдӣ,+ водеҳ, эй марги сиёҳ!
Аз наботу доруву баргу гиёҳ.
Эй бародар, ақл як дам бо худ ор,
Дам ба дам дар ту хазон асту баҳор.
Боғи дилро сабзу тарру тоза бин,
Пур зи ғунча-в варду сарву ёсамин.
З-анбуҳии барг пинҳон гашта шох,
З-анбуҳии гул ниҳон саҳрову кох.
Ин суханҳое, ки аз ақли кул аст,
Бӯйи он гулзору сарву сунбул аст.
Бӯйи гул дидӣ, ки он ҷо гул набуд?
Ҷӯши мул дидӣ, ки он ҷо мул набуд?
Бӯ қаловуз асту раҳбар мар туро,
Мебарад то хулду кавсар мар туро.
Бӯ давои чашм бошад нурсоз,
Шуд зи бӯйе дидаи Яъқуб боз.
Бӯйи бад мар дидаро торӣ кунад,
Бӯйи Юсуф дидаро ёрӣ кунад.
Ту ки Юсуф нестӣ, Яъқуб бош,
Ҳамчу ӯ бо гиряву ошӯб бош.
Бишнав ин панд аз ҳакими ғазнавӣ,
То биёбӣ дар тани кӯҳна навӣ:
«Нозро рӯйе бибояд ҳамчу вард,
Чун надорӣ, гирди бадхӯӣ магард.
Зишт бошад рӯйи нозебову ноз,
Сахт бошад чашми нобинову дард».
Пеши Юсуф нозишу хубӣ макун,
Ҷуз ниёзу оҳ яъқубӣ макун.
Маънии мурдан зи тӯтӣ буд ниёз,
Дар ниёзу фақр худро мурда соз.
То дами Исо туро зинда кунад,
Ҳамчу хешат хубу фархунда кунад.
Аз баҳорон кай шавад сарсабз санг?
Хок шав, то гул намоӣ ранг-ранг.
Солҳо ту санг будӣ, дилхарош,
Озмунро як замоне хок бош.

Достони пири чангӣ, ки дар аҳди Умар разийаллоҳу анҳу баҳри Худо рӯзи бенавоӣ чанг зад миёни гӯристон

Он шунидастӣ, ки дар аҳди Умар
Буд чангӣ – мутрибе бо карру фар?
Булбул аз овози ӯ бех(в)ад шудӣ,
Як тараб з-овози хубаш сад шудӣ.
Маҷлису маҷмаъ дамаш оростӣ
В-аз навои ӯ қиёмат хостӣ.
Ҳамчу Исрофил, к-овозаш ба фан,
Мурдагонро ҷон дарорад дар бадан.
Ё расиле буд Исрофилро,
К-аз самоъаш пар бирустӣ филро.
Созад Исрофил рӯзе ноларо,
Ҷон диҳад пӯсидаи садсоларо.
Анбиёро дар дарун ҳам нағмаҳост,
Толибонро з-он ҳаёти бебаҳост.
Нашнавад он нағмаҳоро гӯши ҳис,
К-аз ситамҳо гӯши ҳис бошад наҷис.
Нашнавад нағмай париро одамӣ,
К-ӯ бувад з-асрори парён аъҷамӣ.
Гарчи ҳам нағмай парӣ з-ин олам аст,
Нағмаи дил бартар аз ҳар ду дам аст.
Ки париву одамӣ зиндонианд,
Ҳар ду дар зиндони ин нодонианд.
«Маъшаралҷин» сураи «Раҳмон» бихон,
«Тастатиъу танфузу»-ро боздон.
Нағмаҳои андаруни авлиё
Аввало гӯяд, ки эй аҷзои «ло»!
Ҳин, зи «ло»-и нафй сарҳо барзанед,
Ин хаёлу ваҳм як сӯ афганед.
Эй ҳама пӯсида дар кавну фасод,
Ҷони боқитон нарӯиду назод.
Гар бигӯям шаммае з-он нағмаҳо,
Ҷонҳо сар барзананд аз дахмаҳо.
Гӯшро наздик кун, к-он дур нест,
Лек нақли он ба ту дастур нест.
Ҳин, ки Исрофили вақтанд авлиё,
Мурдаро з-эшон ҳаёт асту намо.
Ҷони ҳар як мурдае аз гӯри тан,
Барҷаҳад з-овозашон андар кафан.
Гӯяд ин овоз з-овоҳо ҷудост,
Зинда кардан кори овози Худост.
Мо бимурдему ба куллӣ костем,
Бонги Ҳақ омад, ҳама бархостем.
Бонги Ҳақ андар ҳиҷобу беҳиҷеб,
Он диҳад, к-ӯ дод Марямро зи ҷеб.
Эй фанотон нест карда зери пӯст,
Бозгардед аз адам з-овози дӯст.
Мутлақ он овоз худ аз шаҳ бувад,
Гарчи аз ҳалқуми Абдуллаҳ бувад.
Гуфта ӯро: «Ман забону чашми ту,
Ман ҳавосу ман ризову хашми ту,
Рав, ки бе ясмаъ ва бе юбсир туӣ,
Сир туӣ, чӣ ҷойи соҳибсир туӣ.
Чун шудӣ «ман кона лиллаҳ» аз валаҳ,
Ман туро бошам, ки «коналлоҳу лаҳ».
Гаҳ «туӣ» гӯям туро, гоҳе «манам»,
Ҳар чӣ гӯям, офтоби равшанам.
Ҳар куҷо тобам зи мишкоти даме,
Ҳал шуд он ҷо мушкилоти оламе.
Зулматеро, к-офтобаш барнадошт,
Аз дами мо гардад он зулмат чу чошт»
Одамеро ӯ ба хеш асмо намуд,
Дигаронро з-Одам асмо мегушуд.
Хоҳ з-Одам гир нураш, хоҳ аз ӯ,
Хоҳ аз хум гир май, хоҳ аз каду.
К-ин каду бо хунб пайвастаст сахт,
Не чу ту шод он кадуи некбахт.
Гуфт: «Тӯбо ман раонӣ» Мустафо,
«Валлази юбсир лиман ваҷҳи раъо».
Чун чароғе нури шамъеро кашид,
Ҳар кӣ дид онро, яқин он шамъ дид.
Ҳамчунин то сад чароғ ар нақл шуд,
Дидани охир лиқои асл шуд.
Хоҳ аз нури пасин бистон тавон,
– Ҳеч фарқе нест, хоҳ аз шамъи ҷон.
Хоҳ бин нур аз чароғи охирин,
Хоҳ бин нураш зи шамъи ғобирин.

rumiy

(Tashriflar: umumiy 1 649, bugungi 1)

Izoh qoldiring